Бизнеси рӯзнома аз кист?

Баъзе волидайн аз мактаби рақами 54 ноҳияи Рӯдакӣ шикоят аз он доранд, ки масъулини ин даргоҳи илм аз моҳи апрел ба хонандагон рӯзнома (дневник)  барои моҳи сентябри соли 2019- ро ба таври маҷбурӣ оҷилан ба фурӯш баровардаанд.

Падару модар иброз медоранд, ки онҳо маблағ надоранд ва воқеан ҳастанд оилаҳое, ки 4 — 5 хонанда доранд ва супоридани маблағ барояшон хеле  мушкил аст. Эшон бештар аз он тааҷҷуб мекунанд, ки ҳоло соли таҳсил анҷом нашуда, пас сабаби ин қадар даводаву фурӯши якбораи рӯзнома чаро авҷ гирифтааст?

Ин рӯзномаҳо аслан дар бозори яклухт, ки аслан тамоми оилаҳо моҳи август аз бозори «Корвон» харидорӣ мекунанд, 3-4 сомонӣ нарх доранд. Вале дар мактаби рақами 54 онро 8- 9 сомонӣ нархгузорӣ кардаанд. Ва волидайне, ки бар зидди ин «бизнес» садо баланд мекунанду ҳақиқати ҳолро фаҳмидан мехоҳанд, ба ғазаби корчаллон – масъулини ин муассисаи таълимӣ гирифтор мегарданд ва ба бечоранолӣ муттаҳам ҳам мешаванд: «Як ҳаёт шумо пул надоред» ва бе гуфтугӯ фарзандонашон дар « рӯйхати сиёҳ» ворид карда мешаванд. Ва албатта дар рафти хонишу имтиҳонҳо онҳоро хоҳ нохоҳ «чап» мегиранд. Ин сабаб мегардад, ки хонандагон албатта аз ҷониби ҳамсабақони худ мавриди масхара қарор бигиранд.

Мактаби мазкур хонандагонро аз синфи 1-ум то 11- ум фаро мегирад. Ва аз сабаби надоштани ҷой дар як синф то 41 хонанда «рӯиҳам» таҳсил мекунанд.

Ба ҷуз чунин шакли «хизматрасонӣ» ба хонандагон, волидайн ибрози норозигӣ аз он мекунанд, ки ҳамеша пули ободониву қаравули мактаб ва таъмираш албатта аз ҳисоби волидайн сурат мегирад, вале дар тӯли чанд сол муҳимтарин проблемааш ҳалли худро наёфтааст, яъне «боми мактаб мечакад». Ҳарчанд дар чор фасли сол маблағ танҳо барои он ҷамъоварӣ мегардад, ки… «криша начакад», вале…

«Муаллимаҳо агар аз ҳамин ноҳия бошанд, бароямон осон аст. Зеро сатҳи зиндагонии мардумро мефаҳманд. Вале вақте аз шаҳр миёёянд, ростӣ, «нафси бад» доранд ва зӯрамон ба онҳо намерасад, иброз дошт яке аз волидон бо нигаронӣ.

Мутмаинам, имрӯз аксари муаллимон дар сатҳи синфҳои ибтидоӣ то болоиву олӣ «ставка»-и муайяни худро доранд, ки корафтодаҳо медонанд, вале ба даҳон об гирифта хомӯширо авло медонанд. Боре дар як нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи тиббӣ ба Қуръони шариф қасам хӯрда буд, ки «Мо пораро намедонем, мӯҳтарам рӯзноманигорон, пора чист?». Албатта, ки мо онро  ҷиддӣ қабул накардем, ҳарчанд  шӯхӣ пиндошта ҳам ку намешуд!

Ёд дорем, замоне  мудири анбори мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятимро барои додани хӯроки пастсифат боздошт карданд ва ӯ қасам хӯрд: «Ман ба кӯдакон ҳамеша «варенье» медодам,..»

Ҳамчунин замоне раиси собиқи Рӯдакиро, ки бо гирифтани пора дастгир карда буданд, гуфта буд, ки: «Чизе дорам, аз ҳисоби меҳнатам ба даст овардаам. Бахилӣ даркор нест».  Хуллас, ҳама гап доранд. Оҳ, дигар намедонӣ ба кӣ бовар кунӣ? Даромади муфтро ҳама мехоҳанд.

Ҷабран фурӯхтани ҳама гуна китобу лавозимоти дарсӣ албатта масъалаест, ки намешавад онро сарфи назар кард. Иҷбор дуруст нест, вале агар ҳонандагон ҳамаи орзуҳои  «муаллимаи азиз»- ро амалӣ кунанд, беҳтараш он аст, ки тамоман дар мактабҳо нахонанд.

Ва фурӯши бармаҳали рӯзнома корест, ки комилан қобили пазириш нест. Ва аз чунин рафтор ягон муаллим савоб ҳам намегирад, бовар кунед! Чунин рафтор як худсарӣ ва аз худ рафтани баъзе муаллимон асту халос. Вале суоли муҳим он аст, ки бизнеси тамоми лавозимоти дарсӣ ба кӣ тааллуқ дорад, ки то имрӯз касе пишаки ӯро пишт гуфта наметавонад?

 

Ҷамила Мирбозхонова  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here