Чаро маҳз дар фасли сармо нархи орд ва дигар маҳсулоти хӯрокии аввалия баланд мегардад?

— Э Худое! Боз нархи ордро аз 165 то ба 210 ва 220 сомонӣ баланд кардаанд. Магар аз рӯйи виҷдон аст, ки махсус дар арафаи фасли зимистон нархи ордро ба осмон мебардоранд соҳибкорон? Инҳо аз Худо наметарсида бошанд? Хуб медонанд, ки зимистон дар пеш аст, писарони мо ҳама дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар Русия ҳам на кор аст, на аз осмон пул меборад. Ақаллан дар ин зимистонҳо гуфтем камтар бачаҳо истироҳат кунанд, миёнашон шикаст, «отдих мурд»…

Чунин буд шикваи як модари тоҷик миёни мардум, дар дохили нақлиёти мусофирбар.

Вале соҳибкорони мо чун анъана гарон шудани нархи ордро ба баланд шудани қурби доллар рабт медиҳанд. Мардуми кишвари мо аз ҳама бештар нон истеъмол мекунанд ва навъҳои гуногуни шириниҳоро ҳам маҳз аз орд омода месозанд, ки байни мардум хеле серхаридор аст.

Шамшер — сокини ноҳияи Шуғнони ВМКБ мегӯяд, ки «агар дар пойтахт нархи орд тоза аз 200 сомонӣ гузашта бошад, дар ноҳияҳои дурдаст ҳамеша ордро бо нархи гарон мехарем. Дар мо дар фасли тобистон ҳам нархҳо дардоншикананд. Чӣ кор кунем? Ба кӣ арз кунем? Магар касе моро гӯш мекунад? Ё касе омада нархҳоро пасттар мекунад? Пештар дар бозори муштарки Тем — Хоруғ ва ё Афғонистон — Ишкошим хариду фурӯш ва ё дигар маҳсулоти хӯрокаро тариқи иваз ё «бартер» анҷом медодем».

Қисми дигари фурӯшандаҳо нархи гарони ордро ба зиммаи корхонаҳои истеҳсоли орд бор мекунанд. Гуруҳе бошанд, ба фурӯш набаровардани гандумро аз ҷониби қирғизҳо ва қазоқҳо баҳона пеш меоранд. Масъулини корхонаҳои ордбарорӣ аз супоридани андози баланд ва боҷи гумрукӣ меноланд. Аммо «шеф»-ҳои ин тиҷорат иброз медоранд, ки «мо барои мардум кор кунем-мӣ? Нахоҳанд, нахаранд. Мо зарар намебинем. Аммо нархро фароварданӣ нестем. Як рӯз аз субҳ то шом болои семент истанд, баъд мефаҳманд…».

Вале мардум дар ин раванд бештар деҳқононро айбдор мекунанд. Ба қавли онҳо, то ба кай Тоҷикистон дастнигари дигар давлатҳо боқӣ мемонад? Деҳқонон ҳосили ғалларо хуб мегиранд, вале барои фурӯш ва кишти он ҳамеша беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистонро макони ғалла, тарбуз ва харбуза медонанд. Аммо кишварҳои Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамеша дар содироти ғаллаву орд пештозанд.

Саида — сокини шаҳри Ваҳдат мегӯяд, ки «барои мо 1 халта орд дар як моҳ намерасад, танҳо 2 ё 3 халта кифоя аст. Боз вақти тӯйҳои арӯсӣ аст, ки кулчаву нонро барои ҳамсоя бояд пазем. Айб аст, ки гӯем орд биёред. Дар қишлоқҳо агар чунин гӯӣ, дигар ягон кас ба маъракаат намеояд».

Мамлакат, як зани дигари тоҷик, ки зиндагиашро аз ҳисоби момодоягӣ мегузаронад, мегӯяд, ки ҳар рӯз 30 сомонӣ пул кор мекунад: «Агар 8 сомониашро барои роҳкиро масраф намоям, 22 сомониро барои  картошкаву пиёз ва чою шакар сарф мекунам. Дар зиндагӣ танҳо бо харидани орд мушкил ҳал намешавад. Боз либосу пули барқу об… Эҳ, проблема бисёр. Наметавонам харидан…».

Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин рӯзҳои барои мардум мушкил бояд интервенсияи мудохилаи молиро роҳандозӣ кунад ва ордро арзонтар фурӯшанд. Ва деҳқонон фақат барои пур кардани кисаи худ дар заминҳояшон пахтаи сафед накоранд, балки ниёзи аҳолиро низ бояд ба назар гиранд.

Ё не!?

 

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Добавить комментарий