Монолог

Ноумедӣ ҳиссиёти даҳшатнок аст. Агар сад бор ҳам таъкидамон кунанд, ки “фикри беҳуда накун ва ноумед нашав”, аммо наметавонем филфавру осон аз ин моваро берун равем.

Воқеан, наметавон дар ин дунё зиндагӣ кард ва аз ноумедӣ эмин буд, ҷаноби Хоҷаев. Ҳар вақте, ҳадди ақал як замоне ноумедӣ инсонро фарогир мешавад. Худ тасаввур намо, вақте нафаре, ки дӯсташ медориву эҳтиромаш мекунӣ, бо ҳар нағмаву усул, ҳатто бо танзи нозебе, ки гӯё туро фирефтанӣ аст, ба ҷои нозукат – ба эҳсосат зарба мезанад, баъди ин кӣ хоҳӣ буд? Танҳо як аблаҳ! Аблаҳе, ки аз умедворӣ канда шудаву аз ноумедӣ қадам ба қадам мемирӣ ва шояд хокистаратро ҳам бод бараду аз он нишоне боқӣ намонад. Ҳамин гуна аст таъсири ноумедие, ки аз амалкарди шахси наздик хондаат бар дӯшат бор мешавад! Ва ҳамин лаҳза дарк мекунӣ, вақте ноумедӣ рӯ ба рӯят меояд, ё таҳмилат мешавад, ту фақат як ҷои холӣ ҳастӣ. Дигар ҳеҷ. Чӣ гуна метавон чунин ҷои холиро пур кард? Чӣ гуна метавон ноумедиро фирефта намуд ва аз доми он худро берун кашид? Хеле мушкил, ҳатто камаршикан аст. Хусусан барои фарде, ки пайваста дар фикри каму ғаму хушбахтиву хурсандии шахси наздикаш аст. Мисли он, ки нависандаи фаронсавӣ Милан Кундера гуфтааст: “Агар аз даст додани ишқе бодалел бошад, мо таслим мешавем. Аммо агар ишқеро бидуни далел аз даст бидиҳем, ҳаргиз худро нахоҳем бахшид”. Яъне, ноумедие, ки моломол аз шубҳа ба миён омадааст, метавонад қазияро печидаву давомдор созад…

Дар майдони ҷавлони ноумедӣ андеша ронда, ба як панди актрисаи кинову театри рус Фаина Раневская муҳаббат мебандам. Ӯ кушоду равшан ва бепарда чунин фармудааст: “Агар ногаҳон барои касе одами бад шудед, чунин маъно дорад, ки барои он нафар корҳои хуби зиёде кардаед”. Ва ин гуфта чунин маъно дорад, ки “рӯйи худӣ ба худӣ сиёҳ”. Яъне, тартиботи дунё ба тавре сохта шудааст, ки ҳарчанд барои як нафар маҳбуби дилат зиёд заҳматталошӣ мекунӣ, аммо аз назари эътибор дур меафтӣ. Аҷаб хуб мебуд, агар дар миёна муаллақ мемондӣ. Мисли ин ишораи мардумӣ, ки “дур нарав, гург мехӯрад, наздик наё, чашми дидан надорам”. Дар ин сурат, ба ҳар ҳол, кӯшиши аз вартаи ноумедӣ берун ҷастан созгортар меафтод…

Бе муҳобо, инсон ба амалҳои бузург қодир аст, дӯстам Хоҷаев. Соҳибкори амрикоӣ Томас Алва Эдисон мегӯяд: “Ман ба ҳеҷ ваҷҳ иҷозат намедиҳам, ки шароит маро ноумед кунад. Се чиз лозим аст барои расидан ба як ҳадаф, бо арзише иборат аз кор, истиқомат ва ақли солим”. Дар ин замина, ҳикояти “Қурбоққаҳо”-ро мисол меорам, ки бо ишора ба ҳаёти одамон ташбеҳ шудааст:

Чанд қурбоққа аз ҷангале убур мекарданд, ки ногаҳон дуто аз онҳо ба дохили гудол (чуқурӣ)-и амиқе афтоданд. Бақияи қурбоққаҳо дар канори гудол ҷамъ шуданд ва вақте диданд, ки гудол чӣ қадр амиқ аст, ба ду қурбоққаи дигар гуфтанд:

– Дигар чорае нест, шумо ба тақдиратон тан диҳед, ба зудӣ хоҳед мурд!

Ду қурбоққа ин ҳарфҳоро нашунида гирифтанд ва бо тамоми тавоноияшон кӯшиданд, ки аз гудол берун бипаранд. Аммо қурбоққаҳои дигар мудом мегуфтанд:

– Даст аз талоши беҳуда бардоред! Наметавонед аз ин гудол хориҷ шавед ва хеле зуд хоҳед мурд!

Билохира, яке аз ду қурбоққа таслими гуфтаҳои дигар қурбоққаҳо шуд, даст аз талош бардошт ва саранҷом ба дохили гудол парт шуду мурд.

Аммо қурбоққаи дигар бо тамоми тавон барои берун омадан аз гудол талош мекард. Ҳарчӣ бақияи қурбоққаҳо фарёд мезаданд, ки талоши бештар фоидае надорад, аммо ӯ мусаммамтар мешуд, то ин ки билохира аз гудол хориҷ шуд. Бо берун омадани вай, ин бовар пеши дигар қурбоққаҳо ҳам падид омад, ки пас, мешудааст!

Маълум аст, ки ин намуна ифодагари талошмандӣ дар айни ноумедист, рафиқ Хоҷаев. Аммо реша дар ҳолату вазъият дорад. Яъне, он чизест, ки ба муқобили ҳодиса ва ё ашёе моро таҳрик медиҳад, то муқобала намоему пирӯз шавем. Вале одам ашё нест!

Вақте аз ноумедӣ нисбати инсоне хаста мешавӣ, дигар бароят бетафовут аст, ки ӯ дар куҷо, бо кист ва дар бораи ту фикр мекунад ё не. Ва мехоҳӣ “атояшро ба лиқояш бубахшӣ”, то хастагӣ маҷруҳат насозад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here