Журналистон аз аввалин нишастҳои матбуотӣ бо роҳбарони вазорату сохторҳои муҳимтарин чӣ бардошт карданд?

Одатан, нишастҳои матбуотӣ бо норозигии ҳарду ҷониб тамом мешаванд. Ҳамкасбони мо шикоят аз он мекунанд, ки масъулин бештари вақти ҷудошударо ба хондани ҳисоботи худ сарф мекунанду ба саволҳои асосиашон посух намегиранд. Роҳбарон бошанд, дар суҳбатҳои байни ҳам гила менамоянд, ки журналистон ба онҳо саволҳои “провакатсионӣ” медиҳанд, ё чизҳоеро мепурсанд, ки ба ваколати онҳо дохил намешавад. Чашм нарасад, ҳафтаи аввали нишастҳои матбуотӣ ин гуна нашуд. Асосан дар вазорату сохторҳои хеле ҷиддӣ.

Прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба нишаст ин дафъа пас аз он ҳозир шуд, ки навакак Маҷлиси миллӣ ӯро барои 5 сол дигарбора дар симматаш тасдиқ намуд. Журналистон ӯро ба ин муносибат табрик карданд ва ӯ низ самимона изҳори миннатдорӣ кард. Ҳамчунин, ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев барои бовариашон ташаккур гуфт.

Мавзӯи аввали ҷиддӣ, ки мавриди муҳокима қарор дошт, дубора барқарор кардан ё накардани ҳукми қатл дар Тоҷикистон буд. Прокурори генералӣ гуфт, назараш дар ин бора бетағйир аст ва ӯ ҳамоно ҷонибдори он аст, ки ҷинояткорони махсусан вазнин, ки ислоҳпазир нестанд, ба ин ҷазо сазовор бошанд.

Юсуф Раҳмон аз журналистон ҳам даъват ба амал овард, ки дар маълум кардани ҷинояткорон ба онҳо кӯмак намоянд ва ӯ журналистони ҳақиқатгӯро ҳатман ҷонибдорӣ мекунад: “Журналистоне, ки ҳақиқат менависанд, ман онҳоро эҳтиром мекунам”. Ин гуфтаҳои Прокурори генералӣ ҳамкасбони моро, тавре мегӯянд, “шерак кард” ва ошкоро гуфтанд, ки дар бораи Юсуф Раҳмон, сарвату дороиҳои ӯ, “қаҳрамонӣ”-и фарзандон ва хешу табораш маълумот надоранд. Прокурори генералӣ ба ин гуна масъалагузорӣ бо табассум посух дод ва ҳеҷ гуна таҳдид накард.

Воқеан, ин камтарин ҳолате буд, ки хабарнигорон дар чеҳраи ҳамеша ҷиддии Прокурори генералӣ табассум бинанд.

Нишаст бо иштироки раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён ҳам барои журналистон пурбор ба ҳисоб мерафт. Ӯро ҳамчунин ҳамаи муовинон, раисони коллегияи судӣ ва дигар масъулон ҳамроҳӣ мекарданд ва чунин маъниеро ба бор меовард, ки раиси Суди Олӣ ягон саволро беҷавоб монданӣ нест. Ду армуғони ҷолиб нисбати журналистон ҳам дар ин нишаст пайдо шуд. Аввалаш, вобаста ба журналисти аштӣ Маҳмадюсуф Исмоилов, ки бо иттиҳоми 400 сомонӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст ва Шоҳиён ваъда дод, ки ин мавзӯро рӯзҳои наздик баррасӣ хоҳад кард. Ҷомеаи журналистии тоҷик умед доранд, ки дар нишасти матбуотии ояндаи Суди Олӣ Маҳмадюсуф Исмоиловро дар толор ҳамроҳи худ хоҳанд диду ин марди солдида ба ҷаноби Шоҳиён барои баррасии одилона изҳори миннатдорӣ мекунад.

Қазияи хонаводагии журналист Рамзия Мирзобекова ва ҳукми ноодилонаи судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур ҳам эҳтимолан рӯзҳои наздик аз нав баррасӣ гардаду ҳақ ахиран ҷониби ӯву фарзанди ноболиғаш меояд, ки айни ҳол қонун онҳоро дар кӯча партофтааст.

Шикояти сокини 85-солаи шаҳри Ваҳдат Диловаршо Кучакшоев, ки бо шикояти келинаш Cуди ноҳияи Ваҳдат ҳуқуқҳояшро ҳамчун соҳибмулк вайрон карда, парвандаи судӣ кушодааст ва ҳоло ӯ бо ҳамсари 81-солааш Анор Раҳмонқулова, ки сактаи майна гирифтааст, дар даҳлези хонаи ҳақи ҳалолашон зиндагӣ доранд (келин ҳамаи хонаҳоро қулф задааст), ба самъи раиси Суди Олӣ расонида шуд ва Шоҳиён ваъда дод, ки қазияро зери назорати худ мегирад.

Вобаста ба баҳсҳои зиёд аз ҳукмҳои ноодилонаи судяҳо раиси Суди Олӣ ба журналистон гуфт, ки барои пешгирӣ ва маълумоти воқеӣ, аз ин пас ҷараёни мурофиаҳо тариқи навор дар сомонаи Суди Олӣ ҷой дода мешаванд ва бигзор мардум баҳогузорӣ намоянд, ки ҳақ бо кист.

Раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чилазода гуфт, новобаста аз он, ки гирифтори зуком аст, ба нишасти хабарӣ ҳозир шуд, то журналистон даъво накунанд, ки ӯ аз саволи онҳо гурехтааст.

Раиси Кумитаи рушди маҳал Қодири Қосим бошад, шояд “ғами” журналистонро хӯрд ва барои сироят накардани зукомаш ба онҳо ба нишасти матбуотӣ наомад. Муовинаш бошад, ки шояд зукоми раисаш ба ӯ таъсир карда бошад, хеле асабонӣ ба назар мерасид ва ба саволҳо хастаҳолона ҷавоб медод.

Вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода, ки соли гузашта ба яке аз қаҳрамонҳои матолиби расонаҳо қарор ёфта буд, гиламандии худро ошкор кард: “Шумо журналистон ҳамеша пеш аз пода чанг меандозед. Тоқат кунед, аввал роҳи Душанбе-Бохтарро ба анҷом расонем ва баъд пулакӣ шудану нашуданашро муайян мекунем. Ба шумо ҳама чиз осон метобад”.

Ва воқеан, вақте гап дар бораи пул рафт, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода ҳам иқрор шуд, ки мардум ба назди онҳо на барои ҳимояи ҳуқуқи худ, балки бештар барои пул ва пурсидани кӯмак меоянд. Ӯ гуфт: “Мо пул надорем, тавре медонед, бо маош зиндагӣ мекунем. Вале баъзан маҷбур мешавем корафтодагонро ба назди соҳибкорони саховатпеша равон кунем, то ҷои имкон кӯмакашон намоянд”.

Нишастҳои матбуотӣ давом доранд. Идомаашро низ пайгирӣ хоҳем кард ва умедворем, ки шасти иштироки масъулин дар нишастҳо паст нашаваду мавзуҳои мубрамро баҳсу баррасӣ намоянд…

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

2 ШАРҲҲОИ

Добавить комментарий