Ҳафтаи сипаригашта ҳам нишастҳои матбуотӣ бо дебютҳои хеле хуб ба анҷом расиданд.

Вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода фурӯхтани пойафзол ба хонандагони мактабро вазифаи на Вазорати маориф ва илм, балки Вазорати саноат донист. Ба таъкиди ӯ: “Ман устод ҳастам, ман муаллимам ва ба ман суол дар бораи касбияти худам диҳед. Дар масъалаи пойафзол Вазорати саноат ва дигар сохторҳо ҳастанд, ки аз онҳо пурсед. Агар масъаларо вазири пешин баррасӣ карда бошад, рафта аз ӯ пурсед, хоҳиш мекунам».

Нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг мисли нишастҳои собиқ вазири маориф ва илм Нуриддин Саид баҳсҳои зиёдеро дар Интернет ба вуҷуд овард. Рӯзноманигорон шеваи ҷалби донишҷӯён ҳангоми дарс ба «маршировка»-ро ғайриқонунӣ арзёбӣ карданд. Вале Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанг ба гуфтаи онҳо розӣ нашуд ва андешаашро дар ин робита чунин маънидод кард: “Ман аз таҷрибаи худам мегӯям, ки бо донишҷӯён ҳамроҳ дар ин маршировкаҳо иштирок мекунам, то ҳол, ман аз ягон ҷавон ҳеҷ як калимаи қабеҳ ё норозигӣ нисбати давлат, миллат ва чунин чорабинӣ нафаҳмидаам. Баръакс, ҷавонон ба наздам меоянду мепурсанд кай маршировкаҳо шуруъ мешаванд, то ки иштирок намоем. Бовар мекунед, ҳатто ду ҷавон ба ман сидқан арзи сипос карданд, ки онҳо маҳз якдигарро дар ҳамин «маршировка» вохӯрдаанд ва ишқи худро пайдо кардаанд. Сахт аз ман миннатдоранд!».

Абдулло Раҳмонзода, раиси тозатаъини Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон баръакси баъзе мансабдорон аввалин нишасташро худаш гузаронида, аз саволҳо нагурехт. Ба гуфтаи Раҳмонзода, гарчанде ин аввалин мансаби давлатии ӯст, вале касеро аз ҲХДТ ба ин ҷо оварданӣ нест ва касеро аз кор ҳам пеш карданӣ нест: «Командаи худро надорам, ба маънои ин ки ба кадом идорае, ки рафтам, ҳамроҳи худам касеро набурдам ва касеро аз он идораҳо ба ин ҷой кашиданӣ нестам. Ҳама дар ҷояш. Беташвиш бошед. Акнун барои як корманди дигарро овардану дар қолаби кори Кумита ворид кардан вақт даркор аст, ки ин дигар хиёнат ба кор ва соҳа мешавад. Сеюм, ин ҳеҷ барои ман ҳамчун инсон, ки маънавиётро дар ҷойи аввал мегузорам, қобили қабул нест». Ӯ ҳатто мисол овард, ки «замоне, ки ман роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Хатлон будам, ягон нафар аз хешовандонамро сӯйистифода аз мансаб гуфта, ба корхона наовардам. Бовар мекунед, чанд бародари бекор доштам ва ҳоло низ бекоранд, равед, пурсед…».

Рӯзноманигорон ҳамчунин ба Абдуллозода расониданд, ки баъзе нафароне, ки дар сатҳи роҳбарикунанда дар Кумита фаъолият мекунанд, ҳангоми ёфтани «як луқма нони ҳалол»-и баъзе ҷавонон ва пирони кор садди роҳашон мешаванд ва иллатро бе чуну чаро ба маҳал рабт медиҳанд. Оё ин мушкилро аз байн мебарад? Ӯ гуфт: «Албатта, вазифаи ҷонии мост, ки чунин маҳалбозиро аз байн бубарем. Барои маҳалбозон дар Кумита ҷой нест!».

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Султонзода Сулаймон доштани марди 2-занаро дар Агентӣ куллан рад кард. Вале ӯ аз боздошти Шокиров Сабзаалӣ, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод, ки ният доштааст 2 га заминро ба 90 ҳазор доллар фурӯшад.

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон чун ҳамеша бо «армуғон» ба нишаст меояд. Ин дафъа ӯ аз таҷлили иди нави «Тиргон» хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, «дар фасли чиллаи тобистон ҷашни Тиргон ё даъвати борон баргузор карда шавад». Мардум барои пешниҳоди чунин як ҷашни нав дар Интернет изҳори норозигӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо, «мардуми тоҷик мушкили зиёд дорад, вале Фарҳод Раҳимӣ бо чунин пешниҳодҳояш ҳамеша мехоҳад мушкилро як тараф монаду барои таҷлили идҳои «Тиргон» ва ғайра онҳоро овораву саргардон намояд».

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

1 бинависед

  1. Аз нишастан дар ин шаҳраки пурнақшу нигор, Хез аз ин шаҳр бурун ову сухан ҳеҷ магӯ….

Добавить комментарий