Ба тағйироти нави Қонун имзо мегузоранд, ё онро барои баррасӣ дубора ба парлумон бармегардонанд?

Ҳафтаи гузашта вазири адлияи Тоҷикистон Музаффари Ашӯриён ва вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз намуданд, ки барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ ҷазои маъмурӣ пурзӯр гардида, барои қоидаҳои мубориза бо эпидемия ва бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, интернет ё дигар шабакаҳои алоқаи барқӣ паҳн намудани маълумоти барқӣ, паҳн намудани маълумоти бараъло бардурӯғ дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ ва ё дар бораи тарзу усулҳои ҳифз ва дигар чораҳои вобаста ба таъмини амнияти аҳолӣ андешидашаванда, ки дар онҳо иттилооти аз ҳақиқат дур ҷой дорад, ҷавобгарӣ пешбинӣ карда мешавад.

Дар асоси лоиҳаи мазкур моддаҳои 112 ва 113-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ва ба он моддаи 374, эзоҳи 1 илова гардида, дар маҷмуъ бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, равона карда шудааст.

Тағйироти нав саволҳои зиёдеро ба бор овардааст. Қабули ин лоиҳа шояд зарурати замон бошад. Зеро, “Ковид-19” хеле зуд паҳн гашта истодааст ва ҳоло тавре мебинем, аллакай дар кишварҳое мисли Чин аз мавҷи дубораи он дар шаҳри Пекин мегӯянд.

Аз ин ҷост, ки вақте дар кӯчаҳои Тоҷикистон мардумро хеле бепарво мебинем, ки на ниқоб доранду на масофаро риоя мекунанд, албатта ҷои ташвиш дорад.

Кошонаҳои ҳусн дар замони пандемия ба таври аввал пиҳонӣ ва баъдан ошкоро бе тарс аз Қонун, аз муҳри кормандони мақомот ба дари худ кору фаъолият мекарданд. Аз чӣ сабаб бошад, ки бо омадани кормандони ҳифзи ҳуқуқ дубора дарашонро намебастанд…

Шояд ба ин бепарвоии мардум изҳори назари вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода сабаб гардид, ки гуфт: “Дар мо “пик” ба охир расид”. Ҳоло боз чӣ мегӯяд, намедонам. Аммо дар бораи бархӯрд ва саволҳои пешовардаи тағйироти нав бояд ҷиддӣ андешид. Масалан, агар шаҳрванд ба 5 сомонӣ ниқоби тиббӣ харидорӣ кунаду онро тасодуфан напӯшад, пас 290 сомонӣ месупорад? Оё ин бисёр нест? Барои мардуме, ки тақрибан ду моҳ бекор ва шояд бепул ҳам шуданд…

Ҳоло ҳатто кишварҳои мутараққии ҷаҳон, ба мисли Анлия ва Америка аз муфлис шудани корхонаҳояшон дар давраи карантин хабар доданд. Бештари мардуми мо низ бекор шуданд, баъзе камбизоатҳо тамоман шароити бади молӣ доранд. Пас, то куҷо тавони пардохти ин маблағро доранд?

Барои ҳамин, бо қабул шудани ин меъёрҳои нав бархеҳо гуфтанд, ки қонун боз ҳам барои камбизоатҳост. Ҷарима, вале маблағи камтар? Ё Не?!

Тибқи муқаррароти нав ҳамчунин барои паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ аз 2 то 5 сол, дар сурати такрор аз 5 то 10 сол ҳабс дар пай аст. Ин банди қонун низ суолҳои худро дорад. Яъне, агар дониставу надониста ҳам ба ин кор даст занад, на камтар аз 1 сол бояд зиндон кунанд? Яъне нафари беморро ба ҷойи муолиҷа бояд ба маҳбас равон кард?

Вале нафарони зиёд ҳам ҳастанд, ки маҳз дар ҳамин шабу рӯз меҳмони хешу табор мешаванд, хабаргирӣ маҳз дар ҳамин шабу рӯз, мулоқот маҳз дар замони вирус, албатта хатарнок аст. Як қисми дигари бепарвоён ҳастанд, ки ҳатто зодрӯзашонро низ ҷашн мегиранд. Ин тоифа мардум на парвои коронавирус доранду на фикри атрофиёнро мекунанд ва билохира, на андешаи саломатии худро.

Бар илова, мегӯянд, ки “Ковид-19” дар бисёрии одамон бе маълум шудани ягон аломат (симптом) пайдо мешавад. Пас, тибқи тағйироти нави Қонун, одаме, ки худаш аз бемориаш дарак надошт ва боис ба сирояти дигарон гашт, бояд муҷозот шавад?

Ин тағйирот ба Қонун ба фаъолияти журналистон ҳам рабт гирифт. Акнун барои пахши ахбори ғалат дар бораи короновирус шахсони алоҳидаро аз 580 то 1160 сомонӣ ва расонаҳоро аз 8700 то 11600 сомонӣ ҷарима мекунанд. Ин тағйирот дар ҷомеаи журналистӣ вокуниши манфиро ба бор овард. Зеро журналистон ҳанӯз пеш аз эълони расмии пайдоиши коронавирус дар Тоҷикистон маълумот ва хабарҳо нашр карда буданд ва баъд маълум шуд, ки онҳо ҳақ ҳам будаанд. Пас барои гуфтани ҳақиқат онҳо бояд ҷазо гиранд?

Сардабири “Азия плюс” Умед Бобохонов дар вокуниш ба ин тағйироти Қонун навишт, ки “ному насаби 50 нафареро, ки аз “Ковид-19” даргузаштанд, ба мо пешниҳод кунед, то донем онҳо киҳо ҳастанд ва мо аллакай дарк хоҳем кард, ки ин қонун чаро қабул гардидааст”. Шояд манзури эшон ин аст, ки аз ин пас танҳо маълумоти пешниҳодкардаи Вазорати тандурустиро бояд дуруст шумурд? Маълумотеро, ки хелеҳо ба воқеияташ шубҳа доранд…

Пас, агар касе омори алтернативӣ пешниҳод кунад, мавриди ҷазо қарор мегирад? Барои чӣ? Чаро дар кишварҳои дигари пешрафта, ки маълумоти расмӣ хеле боваркарданист, ҳамчунин омори ғайрирасмӣ пайдо шуду мақомот онҳоро ҷазо надоданд, балки ташаккур гуфтанд?

Саволҳо зиёд ва мантиқианд. Аммо баъзеҳо бовар ва умед доранд, ки лоиҳаи Қонун барои баррасии дубора баргардонида мешавад. Зеро интиқоди созмонҳои байналмилалӣ барои касе лозим нест ва пайдоиши чунин тағйирот ба Қонун низ ба манфиати касе нест.

Интизор мешавем…

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here