Чаро дар кишвари мо таҷлили иду ҷашнҳо ҳамеша баҳсҳоро ба вуҷуд меорад?

 

Соли нави мелодӣ. Бархе ҳарчанд соли навро як анаъанаи замони шӯравӣ ҳисоб кунанд ҳам, онро бодабдаба пешвоз мегиранд ва ҳатто нафаронеро медонам, ки ба хонадони мансабдорон туҳфаҳои гаронарзиш мефиристоданду мефиристанд ва хоҳанд фиристод. Қисми дигар бошад, онро хилофи арзишҳои исломӣ ҳисоб карда, исбот карданӣ мешаванд, ки ҳеҷ бастагие ба дину мазҳаби мо надорад. Гуруҳи саввум, ки дар фикри ёфтани қутти лоямуташон ҳастанд, аз «мегузаронанду намегузаронанд» аслан парво надоранд.

14-уми феврал — «Рӯзи ошиқон». Маҳз дар арафаи ин сана байни мардум баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук” то ба дашном ва гапҳои пасту баланд мепечад. Ҳатто баъзе мардон занонро ба «ринг» даъват мекунанд. Суоли нафарони пурғазаб ин аст, ки «ин иди мо нест, чаро онро таҷлил мекунед?». Гуруҳи дигар онро вақти мувофиқ барои пайдо намудани ошиқу маъшуқаашон медонанд ва маҳз дар ин рӯз мехоҳанд якҷоя бошанд, туҳфаҳои хуб гиранд ва ҳадя кунанд.

23-юми феврал. Баҳс аз «бобои ту дар куҷо хизмат кард, дар таги дарахт ё шаҳри ором худашро 3 сол пинҳон карду ҳоло худро иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ медонад?” сар шуда, ба шакли хандаовар идома меёбад. Ҳарчанд 23-юми феврал аслан рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ аст, аммо дар байни мардум он “рӯзи мардон” қабул шудааст ва ҳатто онҳоеро ҳам, ки як рӯз дар артиш хизмат накардаанд, бо ид табрик мегӯянд.

8-уми март. Қаблан он Рӯзи байналмилалии озодии занҳо ном дошту “иди занона” буд. Беш аз 10 сол аст, ки дар Тоҷикистон “Иди Модарон” номаш доданд. Дар бораи он ҳам назари мардум якхела нест. Одамони “мазҳабӣ” онро иди “кофирон” мехонанд, ки пас аз омаданаш он бонувони мусулмонро ба “бараҳнагӣ” роҳнамоӣ кард. Пас аз “Иди Модарон” номгузорӣ шуданаш баҳси дигар пайдо шуд: агар ин идро, ки пештар иди ҳамаи зану духтарон буд, танҳо ба модарон нисбат диҳанд, онҳое, ки Худованд барояшон фарзанд намедиҳад, магар ҳаққи таҷлили ин идро надоранд?

Наврӯз. Барои баъзеҳо ҳатто ибораи “Наврӯз муборак!” чун дашном маънидод мешавад. Шакли дурусташ барои онҳо“Наврӯз пирӯз!” аст. Яъне пирӯзии рӯшноӣ ба торикӣ. Ин ид ҳарчанд дар замони шӯравӣ бо баҳонаи мазҳабӣ буданаш расман таҷлил намешуд, мардум онро ҳамчун “Иди сари сол” хеле самимӣ ҷашн мегирифтанд. “Одамони мазҳабӣ” ҳамоно онро муқобили арзишҳои худ ҳисоб мекунанд ва таҷлилашро “куфр” меҳисобанд.

Иди Ҳэллоуин. Он аслан моли тозаи Ғарб аст ва бархе ҷавонони Тоҷикистон чанд сол аст, ки онро ҷашн мегиранд. Ду сол қабл як гуруҳи ҷавонон барои “таҷлили пуршукуҳ”-и ин ҷашн баҳсҳоеро ба миён оварда буданд. Гуфтан мумкин нест, ки ин ид хусусияти оммавӣ касб кардааст, аммо баъзеҳо чунин мешуморанд, ки агар таҷлили он пешгирӣ нашавад, чанд сол пас метавонад ба иди умумӣ табдил ёбад. Муқобилҳо гапҳои гуфтании худро борҳо гуфтаанд.

Хуллас, дар Тоҷикистон қариб тамоми идҳо баҳсҳои мухталифро ба миён меоранд. Ҳатто даъвоҳое ҳам пеш оварда мешавад, ки ин қадар иди бисёр ба кӣ даркор ва чаро аз буҷаи мамлакат ва тоҷирон барои ин идҳо маблағи зиёд сарф мешавад? “Ба ҷои идҳо мардумро бо ҷои кор таъмин кунанд”,- мешунавему мехонем аз забони баъзеҳо дар шабакаҳои интернетӣ.

Пас суол ин аст, ки чӣ бояд кард, то чунин баҳсҳо пеш наоянд? Фикр мекунам, роҳбарияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим бояд андешаи мардумро дар робита ба гузаронидани ҷашну маросимҳо пурсанд. Шояд пас аз ин баҳсҳо камтар шаванд.

Шумо чӣ фикр доред?

 

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

2 ШАРҲҲОИ

  1. Хонум, чашмони барроқ доранд, вале нигоҳҳои сард. Лабони моил ба табассум доранд, вале гунаҳои карахт. Муйиҳои қирагун доранд, аммо мафтулҳои номуназзам. Ранги рухсор испед, лекин бо сурхи номутаносиб. Нигоҳи кунҷкобонамоёна доранд, бал кунҷкобби сохтакорона….Хулоса, худатон қазоват диҳед. Меҷмекери хуб намерасад, ё машшотаи нағзи таҷамуллгаро.

    • Рут сиех шоир. Часорати навиштани уро надориву шоириат ба кас чи лозим. Хамин 3- 4 кас хайрият хастанд, ки мо Фаражро мехарем ва мехонем

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here