Вакилони маҳаллие ҳастанд, ки ба назди интихобкунанда мераванд. Маҷлиси намояндагон чӣ?

Буҳрони коронавирус мушкил ва масъалаҳои зиёдеро маълум кард. Дар ҳама бахшҳо ва тамоми дунё.

Аммо вақте раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода гуфт, ки дар ин давра дар паҳлуи мардум буданд, тоҷикистониён ин гуфтаро ҳархела қабул карданд. Яке бо ҳайронӣ, дигарӣ бо табассуму тамасхур… Аксарият вокуниши манфӣ нишон доданд ва ҳатто дар баҳсҳои интернетӣ гуфта шуд, ки наход як масъули давлатӣ то ин ҳад дурӯғ гуфта тавонад?

Мардум барои ин гуна бархӯрд дар ҳақиқат сабабҳо доштанд. Ёдамон ҳаст, ки замони аввали эълони расмии пайдоиши ин бемории ҳамагир чӣ ҳолате доштем. Ҳама дар талвоса будем ва ҳарос доштем, ки мемурем, ҷон ширин будааст. Албатта фикри фарзандҳоро аксарият мекардем ва ҳоло бошад, ба қадри неъматҳои худованд хеле расидем. Ҳатто дарёфти ниқобҳои оддӣ осон набуд. Ё ман дурӯғ мегӯям?

Бозори ниқобфурӯшон ва дорухонаҳо «гарм» шуд. Як ниқоб, ки замоне 1 ё 2 сомонӣ арзиш дошт, ба 5 — 10 ва ҳатто «хосҳояш» ба 70 — 100 сомонӣ қиммат пайдо кард. Ҳоло ниқоби бренди Louis Vuitton дар аксарияти мағозаҳои шаҳр, махсусан маркази савдои “Садбарг”дар фурӯш аст, ки нархаш 300 сомонӣ аст. Онҳое, ки ҳамеша аз бренд мепӯшанд, албатта инро низ бе чуну чаро мехаранд, вале барои оилаҳои камбизот 300 сомонӣ як моҳ харҷи нону авқоти як оила ба шумор меравад.

Вале шукр бояд кард, ки мисли Ҳиндустон дар мо касе барои худ ниқоби тиллоӣ бо арзиши 4 000 доллар фармоиш надод. Аммо Академияи илмҳо гуфт ниқоб бо оби нуқра истеҳсол мекунанд. Надидем. Коргоҳи он дар Панҷакент будааст.

Воқеан, сӯйистифода аз вазъ танҳо хос ба мо набуд. Аммо дигар давлатҳо бархӯрди ҷиддӣ доштанд. Дар Русия барои гаронфурӯшӣ ҷазо муқаррар карданд ва фурӯши ниқобҳоро дар дорухонаҳо бо маҳдудиятҳо дар як муддат ба роҳ монданд. Ҳукумати Туркия ниқобро комилан бепул кард ва гуфт, ки касе онро мефурӯшад, ҷазо мебинад.

Дар мо милисаи Душанбе, ки дар ҳақиқат бо мардум наздик аст ва қонуншиканҳоро ҳатто тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мекунаду ҷазо медиҳад, ба муқобили гаронфурӯшон муборизаро оғоз намуд. Чандин дорухонаҳоро тафтиш ва қимматфурӯшонро ошкор карданду парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуданд.

Ин беназмиҳо то ҷое хатм шу два корхонаҳо бо даъвати Ҳукумати кишварамон ба истеҳсоли ниқобу лавозимот сар карданд. Нархи «Арбидол», ки 20 сомонӣ буд пештару ба 300 сомонӣ баланд шуда буд, поинтар омад. Дирӯз, ки барои яке аз наздиконам “Арбидол” харидорӣ кардам, 120 сомонӣ нарх дошт ва фурӯшанда гуфт: “Апа, арзон шудай уже”. Вале вақте талош барои табобат ва зинда мондани касе мекунем, дигар нарх арзиш надорад, мехарему давида ба табобатхона мебарем. Илоҷ аст магар, ки баҳс кунем? НЕ!

Инро барои он мегӯям, ки мардум дар лаҳзаҳои душвор кадоме аз вакилони Маҷлиси намояндагонро дар паҳлуяшон надид. Истисно Рустам Латифзода аст, ки ҳамроҳи «Авангард» ба ноҳияи Восеъ кӯмакҳое расониданд. Аммо вакилони маҷлисҳои шаҳриро дар Душанбе медидем, ки дар кӯчаву маҳаллаҳо ба интихобкунандаи худ ниқобу антисептик тақсим мекарданд. Хабаргузориҳо аз Дилшод Саидов — вакили шаҳри Душанбе ҳам, ки чунин иқдомҳо дошт, маълумот пахш карданд. Офаринашон!

Як масъалаи дигар, ки дар ин давра хеле равшан шуд, ба қавле тайёрахӯрии мардум аст. Одамон ҳоло ҳам умед доранд, ки ба онҳо касе бояд ниқобу лавозимот оварда, бе пул тақсим мекунад.

Инҷониб боре шоҳиди ҳодисае шудам. Вақте вакили ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зарнигори Сорбон ниқоб тақсим мекард, 4 ниқоб ройгон гирифтам. Ман тасодуфан аз паҳлуи онҳо мегузаштам ва зане маро даъват кард, ки “биёед, ҳоло маҷлис мешавад, яке ягон чӣ бепул медиҳанд ё мушкилоти моро гӯш мекунанд”.

Ҳарчанд вакил ба назди онҳо омада, мехост аз мушкилоту пешниҳодҳояшон пурсон шавад. Зане гуфт, ки шавҳараш дар оғози пайдоиши Ковид-19 фавтидааст ва ҳоло 5 фарзанд дар хона, ӯ бекор асту намедонад зиндагиашро чӣ гуна пеш барад. Вакил то ҷои имкон ба ӯ кӯмаки молӣ кард ва ваъда дод, ки барои омода намудани аснодаш баҳри ворид намудан ба рӯйхати камбизоатҳо кӯмак хоҳад кард. Дигарон ҳам мушкилоти худро мегуфтанду ӯ роҳи ҳал пешниҳод мекард.

Дар масъалаи тозагиву равшандиҳӣ мардум баъзе эродҳо гирифтанд, ки дар шаҳр зиндагонӣ мекунанд, вале барқ дар кӯчаҳо нест. Вакил бо оромӣ мардумро гӯш кард ва пешниҳод намуд, ки ҳамкорӣ бояд дуҷониба бошад. Аз ҷумла, хуб мебуд, то шанбегиҳо ташкил кунанду дар тозагии атроф мусоидат, бахусус дар ин шабу рӯзе, ки вирус фарогири ҷаҳон аст.

Зимни сӯҳбат ҳамчунин фаҳмидам, ки ин вакил маротибаи 3-юм аст бо интихобкунандаҳо вомехӯрад ва барои камбизотҳо маводи ғизоӣ ройгон тақсим кардааст.

Мардум ошкоро мегуфтанд, ки бори аввал аст, чеҳраи вакилро мебинем. Ман ҳам ҳамчун интихобкунанда бори нахуст.

Акнун тасаввур кунед, ки вакили Маҷлиси намояндагон аз ин ҳавза Рустам Шоҳмурод Рустам ба назди мардум меомад, мардум чӣ қадар хурсанд ва фаҳмишашон дар бораи намояндаҳо бештар мешуд. Ақаллан мефаҳмиданд, ки вазифаи вакил тақсими ройгони кӯмакҳо не, таҳияи қонунҳоест, ки мушкили одамонро осон намояд.

Воқеан, пас аз суҳбат бо ин вакилбону сокинон бо қаноатмандӣ гуфтанд, ки чӣ хуб мебуд ҳамаи вакилонро худи мардум интихоб мекард, на кадом «раисеро» вазифаи нав медоданд.

Ба таври дигар, маҳз вакиле дар паҳлуи мардум хоҳад буд, ки мандатро аз мардум гирифтааст. Маҳз ин гуна намоянда аз мулоқот бо мардум тарс надорад, худро намо мекунад, дар паҳлуи интихобкунандааш хоҳад буд. Одамон ба воситаи ин гуна вакилон рисолати намояндаи худро дарк мекунанд, мушкилашонро мегӯянд, ба ӯ бовар мекунанд.

Яке аз ин гуна вакилони маҳаллиро сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрданд.

Шумо чӣ?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here