Агар корҳои рӯзмарра анҷом медодаамонро ба чашми одӣ нигарем, агар фикрҳои доштаамонро аз чашми якдигар бихонем, агар даводаву такопӯи ҳамдигарро мушоҳида кунем, агар хостаҳои атрофиёнро бифаҳмем ва агар аз орзуву ҳавасҳои нафасгирандагони нафарони наздикамон воқиф гардем, бешубҳа мегӯем: мо аҷоибем!

Мо аҷоибем. Аз беҳуда гузаштани рӯзҳои қиммати умрамон воқифем, ба болои ин ҳар замон беҳудаву бефоида гузаронидани вақтамонро ба ҳар нафари пеш омада мегӯем ва гӯё афсӯс ҳам мехӯрем, вале боре кӯшиши бо варақи сафед ё оина танҳо, рӯ ба рӯ нишастану бо худ маслиҳат карданро намекунем. Танҳо вақт мегузаронем, пургӯӣ мекунем, афсӯс мехӯрем ва дақиқаву соат мешуморем. Зеро мо аҷоибем.

Мо аҷоибем. Қарз карда, маблағи шартномаи духтарамонро медиҳем. Қарз карда, либосаш мехарем. Қарз карда, мехӯронемаш. Қарз карда, хонаи иҷорааш мегирем. Вале дар баробари ин ҳама боз медонем, ки он мактаби олӣ, факулта, ихтисос, гуруҳ, фазо, муҳит, атрофиён… ба вай созгор нестанд. Яъне медонем, ки ин ҳама барои гапи мардум ва “ради галочка” аст, аммо корамонро давом медиҳем. Зеро мо аҷоибем.

Мо аҷоибем. Бачаҳои зангир ҳамроҳи волидону хешу таборашон моҳҳои дароз дар ҷустуҷӯи духтари маълумоти олидор мешаванд. Аммо хуб медонанд, ки духтари интихоб кардаашон маҳз барои ба “савдо” рафтан, ё мулоимтар гӯем, барои ба чашми аксарият хок пошидан ва дар ниқоби соҳибкасбе пинҳон шудан пой дохили мактаби олӣ мондааст. Яъне медонем, ки ин ҳама “ради галочка” аст, аммо боз корамонро давом медиҳем. Зеро мо аҷоибем.

Мо аҷоибем. Тариқи восоити ахбори омма “бале” мегӯем. Гӯё бо ин “бале”-гӯиямон нафарони махсусро васфу ситоиш карда, назари мардуми одиро дар нисбати шахсияти онҳо тағйир дода, коре мекунем, ки дӯстдорашон бошанд. Вале боз медонем, ки бо ин гуна аъмоламон вақти эфир, вақти бинандаву шунавандаро беҳуда гирифта, варақҳои сафеди чопхонаҳо ва пули хонандагони матбуотро беҳуда сарф мекунем. Медонем, ки “бале”-гӯиямон реклама не, балки антиреклама аст, аммо боз корамонро давом медиҳем. Зеро мо аҷоибем.

Мо аҷоибем. Аксари қаламкашони мо доимо аз минбарҳои баланд маҳалгароиро маҳкум мекунанд, вале агар хубтар диққат диҳем, аз нӯги қалами аксарият бӯйи маҳал ба машом мерасад. Ва ин аҷоибии моро нишон медиҳад: худамон маҳкум мекунем ва боз бо саволи “аз куҷо мешавӣ?” коргар қабул мекунем.

Мо аҷоибем. Ҳамагӣ медонем, ки бо маоши ночизамон дар 25-30 сол наметавонем соҳиби хона шавем, вале боз ҳар нафари аз пешамон баромадаро мепурсем: ҷӯра, хона харидӣ?

Мо аҷоибем. Дар “караоке”-и “Pride” ду нафарро рӯ ба рӯ карда, забонҷанг ташкил мекунем. Ҳар кадоме, ки зиёдтар нафраташро нисбати рақибаш баён кард, ӯ ғолиб аст. Яъне рӯирост ду нафарро бо ҳам душман мекунем, вале дар навор мегӯем: инҳо танҳо дар реп “комфликт” доранд, вагарна дар ҳаёт саломуалеку дӯст ҳастанд. Саволи мантиқии “дар ин ҷумла мантиқ куҷо мешавад?” беҷавоб мемонад, ки ин далели аҷоиб будани мост.

Ва дар охир, ҳар нафаре, ки далелҳои раднашавандаи болоро дар хусуси аҷоиб буданамон рад мекунад, бояд бидонад, ки ӯ аҷоиб дар “квадрат” аст, зеро бо вуҷуди ин қадар аъмоли аҷоиб доштан, боз аҷоиб буданро қабул надорад.

Худо кунад, ки аҷоибии мо рӯзе ба охир бирасад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here