Салом Хуршед!

Мактубатонро гирифтам, гирифтаму ҳамон замон хондам. Яъне чун мактуби аввала ба баъд намондам. Охир ин мавзӯ мавзӯи рӯз аст! Аммо нахуст аз аҳволатон хабардор гардем.

Умедворам, ки дар ин дору мадори як ҳафтаи гузашта, ҳолатон хуб бошад!

Ҳолатон хуб бошаду таб накарда бошеду гулӯятон дард накарда бошаду сулфаи хушк надошта бошеду шикамрав нашуда бошеду ва аз ҳама асосӣ танҳо намонда бошед!

Чаро “танҳо”-ро аз ҳама асосӣ навиштам? Чунки агар ун нишонаҳоро дошта бошед, вируси куруно асту пандемия аст ва аз рӯи баромади докторон ва мутахассисони соҳаи тиб, ҳарчанд мушкил аст, вале табобатшаванда аст , аммо агар танҳо монда бошед ин танҳоӣ аст, ин аз пандемияю мандемия ваҳшатноктар аст ва ҳиҷ докторе ва ҳиҷ доруе ба дарди шумо намехурад. Фикр мекунам, ки ин дарди танҳоӣ ҳам ду намуд доштааст. Танҳоии хубу бад. Танҳоии хуб барои худро ором намудану дар танҳоӣ фикр кардану илоҷи корро ёфтан ва ин танҳоӣ ба одам руҳу равонбахш будааст, танҳоии бадаш аз одамон , аз ёру дӯстон дурӣ ҷустану хаёлу андешаҳои хомро дар дил овардан будааст ва танҳоии хоҳишмандию ғайрихоҳишӣ ҳам метавонем бигӯем, ки “чилланишинӣ”-и Шумо мегуфта ба навъи хоҳишмандияш дохил мешавад. Бояд бигӯям, ки чилланишинӣ танҳоии мутлақ нест ва иҷборӣ ҳам нест, чунки одами чилланишин бо Худои худ менишинад ва ҳиҷ гоҳ танҳо набудааст! Ва аз ҳама асосӣ танҳоӣ ин “карантин” нест. Чунки карантинро эълон мекунанду танҳоӣ бе ягон эълону реклама аз тарафи табиат ба аҳли башар ройгон дода мешавад. Аммо ман аз танҳоӣ метарсам!

Барои чӣ ман аз танҳоӣ метарсам? Барои он, ки ин як падидаи касифест, ки аввал наметавонӣ пешгӯӣ кунӣ, ки кай танҳо мемонӣ, дуюм ин ки дар вақти танҳоӣ ба сари одам фикрҳои гуногун пайдо мешавад, аз қабили худкушию худсӯзию заҳрхурию доркашию паррондану сар ба дарё задану дил аз дунё шустану ва ғайраю ва ҳоказо. Баъд ин танҳоӣ касеро аз банди фикру хайолоти мармузу саргиҷкунанда намераҳонад, яъне ҳалли мушкилот нест. Баръакс аст.

Ман намедонам Шумо аз танҳоии дар назар доштаи ман чиро мефаҳмед, аммо ҳаминро медонам, ки одами мисли Шумо, яъне як рӯзноманигори ҳирфаӣ метавонад дар баробари ду-се нашрия доштану даҳҳо корманд доштану садҳо рафиқи ҳамқадаҳу ҳамқадам доштану ҳар ҳафта ё ҳар моҳ як миқдор маблағ доштанаш танҳоиро ҳис кунад ва ҳатто дар байни ҳазорҳо нафар, ки дар гирду бараш мегарданд, худро танҳо бинад.

Фақат ин танҳоии мегуфтаи ман ба он маъно нест, ки худро яккаву ягонаи даврон бинад. Аминам, ки маро дарк кардед. Бобои ману Шумо ҳазору анд сол пеш гуфтаанд, ки:

Бо сад ҳазор мардум танҳоӣ,

Бе сад ҳазор мардум танҳоӣ!

Акнун биёем ба сари он ки чӣ тавр аз қабзаи танҳоӣ ё аз қафаси танҳоӣ ё аз дарди танҳоӣ бираҳем?! Шумо фикр мекунед, ки кори мушкиле нест, аммо ин қадар осон нагиред, ҷони бародар! Ин ҳам яке аз мушкилиҳои аҳли башар аст! Вақте танҳо мешавед ҷонатон дард мекунад, мефаҳмед? Вақте танҳо мешавед дунё дар назаратон сиёҳу сафед метобад дӯстам!

Дарди ҷонро фақат Худованди азза ва ҷалл табобат мекунад Хуршед, ҳиҷ каси дигар қодир нест, ки ба дарди шумо дармон шавад ва дардатонро қисмат кунад ё сабук кунад, чун танҳоӣ ин дарди ҷон аст ва ноаён аст ва ташхиснашаванда аст.

Абдувоҳиди ЗЕВАР

Добавить комментарий