Онро кӣ чӣ тавр «обу лой» мекунад?

Тақрибан ҳар рӯз мешунавем, ки аз чандин лоиҳаҳои бузург, масалан аз 150 лоиҳа ба маблағи 300 миллион сомонӣ ҳамагӣ 40 миллион сомонӣ азхуд карда шудаасту боқимонда бо сабабҳои «бӯҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ» иҷро нашудааст. То куҷо ин бӯҳронҳо воқеиянд ва чаро фақат ба лоиҳаҳои мо таъсир мегузоранд?

Ё Палатаи ҳисоб дар соли 2018 дар шаҳри Турсунзода пас аз тафтиши 40 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба маблағи 50 миллион сомонӣ фақат маблағи буҷет камбудӣ ошкор кардааст. Оқибат он гуна баргардонда шуд ё не, бароямон номаълум боқӣ мемонад.

Ва ҳангоми гирифтани лоиҳа ҳама табли шодӣ мезананд, ки ҳатман ҳоло мавзеъҳои ба нақшагирифташудаи вайрону валангор «тиллоӣ» мегарданд, аммо баръакс, мисли кирми лойхӯрак онро обу лой мекунанд. Ва ҷолиб он аст, ки аз ҷониби ягон мақомоти дахлдор, мисли Прокуратураи генералӣ, Оҷонсии зидди коррупсия, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон камбудиҳои ҷойдошта пурра ошкор намешаванд ва ё шаванд ҳам, расонаӣ намегарданд, кӣ айби кӣ буду кӣ ҷазо гирифт.

Чанд сол пеш Палатаи ҳисоб дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гум шудани грантҳои президентӣ хабар дода буд. Сенсасия шуд.  Он замон раисии Кумитаро Мағфират Хидирова бар ӯҳда дошт. Дигар ҳама гӯш ба қимор буданд, ки ҳоло ин ё он масъул ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Баръакси ҳол раиси Кумита ба симмати муовини раиси вилояти Хатлон расид, яъне болотар рафт, аз грантҳои президентиро кӣ «хӯрд» ва ё кӣ гирифту ба кӣ дод, дигар чизе аълум нагардид!

Мусалламан маблағҳои калони грантӣ бештар барои таҷдиди роҳҳо ҷудо мегарданд ва ҳатман аз ҷониби муассисаҳои бузурги молиявии ҷаҳонӣ. Боре як тарҷумон, ки бевосита роҳбари ин муассисаи бузурги молиро ҳамеша ҳамроҳӣ мекард, нақл кард, ки «роҳбари лоиҳаи таҷдиди роҳҳои вазорати нақлиёт моро ба меҳмонӣ даъват кард. Бо араб ба хонааш рафтем. Аз ворид шудан ба ҳавлии он ҷаноб ҳуши араб, ки ин қадар дорову бой буд, парид. Хона неву албатта қаср. То ҳоҷатхонаву телевизионҳои замонавӣ ҳама «тиллоӣ». Фақат барои 2 кас 11 намуди ҳӯрокро, бо беш аз 20 намуд хӯришу шириниҳои истеҳсоли Дубаю Туркия ва нӯшокиҳои гаронарзиш баромшон пешкаш кард.  Дастархони пурхарҷаш бошад, пули як тӯйи дакаданг. Аммо пас аз муддате ҳамсару духтарон ва келинҳо ба истиқболи мо омаданд. Гардандбандҳои тиллоиашон  аз худашон бузургтар буданд. Араб пас аз рафтанашон ба сӯям табассумкунон оҳиста гуфт: «Барои тарҷума нест, Раис ҳеҷ гоҳ роҳҳои бо сифати ба мо лозимро  намесозад. Мебинам хароҷоти хонааш зиёд аст». Ва зиёд мехостем дар ин дастархони пурнозу неъмат ва «аз машаққат»- и зиёд ба даст омада, селфи кунем, аммо натавонистем,чун болои дастархонамон ҳам камераи назоратӣ буд!»

Эҳтимол чунин нафси бад сабаб шуда бошад, ки сарвазири мамлакат бо чанд тан аз намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомоти марбута, ки ба комиссия шомил шуда буданд, дар роҳи Турсунзода-Ҳисор 3 маротиба тафтиш гузаронданд ва хулосаи ин ҳайати баландпоя низ он буд, ки роҳ ба талаботи ҷаҳонӣ, гарчанд миллиардҳо ҳам ҷудо шуда бошад, ҷавобгӯй нест.

Келинии раиси собиқи як бонк аз хусураш таърифу тавсиф кард. Мегӯяд, ки 4 писар ва 2 духтарро дар Душанбе соҳиби хонаву дар кардааст. Тӯй кардааст. Ба ҳама мошин тӯҳфа кардааст. Бе ягон озмун ва гапу калочаи зиёдатӣ ҳам онҳоро бо ҷои кор таъмин намуда, «ҷо ба ҷо» кард… «Инчунин, тамоми авлодаша дар қишлоқ нигоҳ мекунад бечораи хусурам», — афзуд ӯ ва хеле таассуф ҳам хӯрд, ки хусурашро «подстава» кардаанд. Ба суоли кӣ ва чаро хусурашро «подстава» кард, ӯ сардакак посух гардонд: «Душманҳо, албатта, охир хусури ман ҳамқа одами честный буд, тоза кор кард. пули мардуму буҷети давлата нахурда бошад, фақат даводав мекард, ки ягон лоиҳа биёбад. Лекин ҳозирашда ҳам шукр, 7 пуштамонда мерасад. Бекор ҳам ки бошад…»

Агар ҳама раисҳо чунин «поку бегуноҳ» ва 7 пушташонро аз ҳисоби лоиҳа таъмину сер кунанд, мо мардум дигар ба кадом пул умед бандем? Оё роҳҳову вазъи иҷтимоии мо беҳтар мегардад? Сифат чӣ?

Пас, мо ба умеди кӣ бошем: лоиҳа ё раиси лоиҳа?

Ҷамила Мирбозхонова

2 ШАРҲҲОИ

  1. Хамон хайати пештараи Палатаи ҳисоб Кучакбеков Акрам ва амсолихумро черо истинток накарданд пулхои хангуфтро ба чайбашон отступной зада аз кор рафтанд. Холо ба тичорати хусуси машгуланд….

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here