Баъзан мешавад, ки бо гузашти солҳо мо ҳанӯз ҳам кӯдак мемонем

 

Дар мавриди кӯдаконе, ки феълу рафтори калонсолонро дар худ доранд, дар бораи наврасоне, ки бори вазнини рӯзгорро дар баробари калонсолон мекашанд ва маишати оила ё оилаҳоро таъмин мекунанд, бисёр хондаву шунидаву дидаем. Вале бисёр кам вохӯрдаем ба маҳсули эҷоде, ки хати сужаашон дар бораи калонсолони ҳанӯз кӯдак сохта шуда бошад. Бисёр кам аст нафареро пайдо кардан, ки дар ин бора забон кушода, чизе нависаду бигӯяд. Ин дар ҳолест, ки калосолони то ҳол кӯдак дар ҷомеаи мо хеле зиёданд. Ин ҳолат ба он монанд аст, ки ҳар нафар кори худ ва зиндагии худро бояд донаду бас ва касе ба касе кор нагирад. Эй кош ҳамин тавр бошад, вале тавре ҳамарӯза мебинем, мо ба дигар корҳои атрофиёнамон кордор мешавем, аммо ба ин гуна проблема наздик шудан намехоҳем.

Ин баҳор Бахтовару рафиқаш Алӣ ба синни 28 даромаданд. Аввалӣ рӯзу рӯзгори хуб ва намунавӣ дорад. Аммо дуввумӣ ба ҷуз аз тарс, стресс, танҳоӣ,  ғам, ноумедӣ… дигар соҳиби чизе нест. Бахтовар тиҷорати худро рӯз аз рӯзу моҳ аз моҳу сол аз сол васеъ мекунад. Дар ҷаҳони бесадоӣ садои худро баланд карда истодааст. Дар ин талотуми муборизаҳои худхоҳиву худнамоӣ кӯшиши аз худ ному нишоне монданро дорад. Дар фазое, ки корат бо дурӯғ иҷро мешавад, ӯ бо сухани рост амал дорад. Вале Алӣ ҳанӯз ҳам бо фикру андешаҳое мезияд, ки 12-15 сол пеш, замони кӯдакию наврасияш ба сар дошт. Ӯ наметавонад бар дӯши худ бореро бигирад. Ӯ наметавонад кореро бе роҳбарӣ ва сарпарастии волидон ё аъзои оилааш анҷом диҳад. Ӯ ҳарос дорад аз он ки ба ӯ вазифаеро вогузор мекунанд. Ӯ ба синну соли худ наомадааст. Ӯ ҳанӯз ҳам кӯдак аст. Яъне калонсоле, ки то ҳол кӯдак мондааст.

Аслан, ин хел одамон дар ҷомеаи мо хеле зиёданд, ҳатто зиёдтар аз он, ки мо тасаввур мекунем. Ва ин ҷо саволи маъмулии “Чаро як нафар бо гузаштани синну солаш кӯдак мемонад?” ё “Чаро дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки бо гузашти солҳо калон намешаванд?” ҷавоб мехоҳад.

Якум. Айб ё гуноҳи аввал аз волидон сар мезанад. Медонам, баромади ин ҷумла барои нафароне, ки волидон барои онҳо ҳама чиз ҳастанд, шояд каме сахт расад, аммо бояд қабул кард, ки сабаби аввали кӯдак мондани фарзандон маҳз ғамхории аз ҳад зиёд ё ба таври дигар гӯем, аз меъёр зиёд дӯст доштани фарзанд аз ҷониби волидон аст. Чӣ хел? Волидони мо аз дилсӯзӣ ва дӯстдории зиёд намегузоранд, ки кор ё корҳоеро, ки ҳамсолони мо бояд иҷро кунанд, бикунем. Ба қавле моро эрка калон мекунанд. Ин боис мешавад, ки тамбал шавем. Ноуҳдабаро шавем. Ба худ бовар намекардагӣ шавем. Беҳунар шавем. Тарсу шавем. Ҳеҷ кор аз дастамон намеомадагӣ шавем…

Дуюм. Атрофиён ба ин гуна одамон на ҳамчун рафиқ ё ҳамсабақ, балки мисли аз худ чандсолаҳо хурд муносибат мекунанд. Ин аз он ҷое пайдо мешавад, ки муносибати мо бо онҳо кӯдакона аст. Яъне моро ҳамон тавре калон кардан мехоҳанд, ки аслан он роҳи калоншавӣ нест.

Сеюм. Боварӣ нисбат ба чунин нафарон решакан аст. Касе ба онҳо бовар накарда, иҷрои кореро талаб намекунад. Ҳатто ба чунин нафарон ҳар вақте ки дар мактаб муаллим вазифаи хонагӣ медиҳад, ҳатман аз ҳампартааш хоҳиш мекунад, ки барои иҷро кардани супориши хонагӣ ба ӯ кӯмак кунад, вагарна вай худаш аз уҳдаи вазифаи додашуда баромада наметавонад.

Ин ҳама сабаб мешавад, ки чунин нафарон дар зиндагӣ худро гум кунанд. Ҷойгоҳ ва мақоми худро ёфта натавонанд. Руҳан инкишоф наёбанд. Фикран калон нашаванд.

Ягона омили раҳоӣ бахшидан ба чунин нафарон, ба онҳо бовар кардан аст, ки ҳама корро карда метавонанд. Мо бояд ба худ иҷозат диҳем, ки иҷрои корҳои масъулиятноку муҳимро ба чунин тоифа одамон вогузор намоем.

Боварӣ, боварӣ ва боз ҳам боварӣ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here