Кош ба рӯзҳое бирасем, ки Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошимро ҳар кас ба тарафи худ «накашад»?

Даҳ сол пеш дар Тоҷикистон аввалин минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) ташкил шуда бошанд ҳам, то ҳанӯз мушкилот барои фаъолияти муваффақонаи онҳо боқӣ мондааст.

Дар маҳфили иқтисодии “Тавозун”-и ташкилоти ҷамъиятии “Хома” ин мавзуъ мавриди баррасии масъулин, коршиносон ва журналистон қарор гирифт. Ҷовид Ҳусейнов — масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар иттилоъ дод, ки феълан дар Тоҷикистон 5 минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият мекунанд ва онҳо ба хотири рушд додани иқтисодиёти кишвар ташкил шудаанд.

Аз ҷумла, МОИ-и Ишкошим аз соли 2009 таъсис ёфтаву барои шаклгирии инфрасохтораш аз буҷаи мамлакат маблағи зиёде сарф гардида бошад ҳам, ба гуфтаи мақомот, бо сабабҳои “вазъи амниятӣ”, “вайронии роҳҳо” ва ҳатто “борону барф”-и бечора ҳам дар бало, наметавонад фаъол бошад.

Пурсида мешавад, ки агар ин мушкилот вуҷуд доштанд, пас чаро аз ибтидо тасмими таъсиси ин МОИ маҳз дар ин минтақа гирифта шуд? Оё вазъи Афғонистон, ки бо минтақа ҳамсарҳад аст, нав ноамн гардид? Магар 40 сол боз ин ҳамсоякишвари мо ба буҳрони амиқ ва даргириҳо гирифтор нест? Вайронии роҳҳои на танҳо Ишкошим, балки тамоми ВМКБ ба ҳамагон маълум.

Аз ҳамин ҷост, ки назаргуфтаҳо дар бораи сабабҳои фаъол набудани МОИ-и Ишкошим ҷиддӣ қабул намегарданд.

Дар маҳфили “Тавозун” намояндаи тиҷоратии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон Наҷибулло Сафарзода изҳор намуд, ки ноамнии ватани онҳоро пеш овардан баҳонае беш нест. Ӯ мисол овард, ки агарчи дар Афғонистон муддати тӯлонӣ ҷангу хунрезӣ давом дорад, аммо ҳеҷ сармоягузор аз он роҳи гурез наҷустааст, балки зиёд мегардад. Ва 90 дарсади сармоя ҳам дар Афгонистон маҳз сармояи хориҷист.

Суоле пеш меояд, ки агар МОИ-и Ишкошим бо ҳамин сабабҳое, ки мегӯянд, рушд накарда бошад, пас ҳолати минтақаҳои дигари иқтисодӣ, аз ҷумла Суғд, Данғара ва Панҷ чи гуна аст? Пас, Панҷ магар бо Афғонистон ҳамсарҳад нест? Чаро ҳеҷ кас Панҷро “намеҷунбонад”? Дар бораи МОИ-и Кӯлоб, ки ҳамагӣ чанд моҳ пеш ташкил шуд, ҳоло ҳоҷати гап нест. Масъулин танҳо ду минтақа — Суғд ва Данғараро дар ин бахш муваффақ меҳисобанд. Ҳол он ки, аз рӯи таҳлилҳо, дар ин манотиқ низ мушкилоти хос ҷо дорад… Ва он ҳам бештар аз тафтишҳои ноҷои мақомоти назоратӣ.

Ин ҳама баҳсу баррасиҳо метавонист ба дигар маънӣ хатм шавад, агар ҳамин сол муҳокимаи ҷиддие пеш намеомад, ки МОИ-и Ишкошимро ба Хоруғ кӯчониданианд. Масъулин мегӯянд масъаларо нодуруст фаҳмидаанд ва аслан гап сари кӯчонидан нест, балки мехоҳанд филиали Ишкошимро дар Хоруғ кушоянд. Ин як муаммои дигарест. Ёбу гир! Филиал дар Хоруғу маркази корхона дар ноҳия? Аҷаб мантиқе!

Хоса дар Ишкошим ба ин назаранд, ки МОИ-и ин минтақа ба он хотир рушди зарурӣ надорад, ки мудираш аз ноҳияи Ишкошим таъин нашуда, маҳз аз Хоруғ аст? Агар МОИ ба Хоруғ ҳамчун “субзон” кӯчонида шавад, пас зиёд кардани ҷойи корӣ, ки яке аз ҳадафҳои асосии минтақаҳои озоди иқтисодӣ арзёбӣ мешуд ва он ҳам бо таъкидҳои пай дар пайи Пешвои миллат садо медиҳад, чӣ мешавад?

Баҳона пеш меоранд, ки дар Ишкошим роҳҳо баста мешаванду бо ин сабаб. Аммо магар дар шаҳри Хоруғ роҳҳо баста намешаванд? Агар роҳҳои Ишкошим бад ва хатарнок бошанд, пас роҳҳои Хоруғ магар хубанд? Кадом роҳи Хоруғ таъмир гардидааст? Масъалаи барқ низ…

Баъзе аз сокинони ноҳияи Ишкошим мегӯянд, “фақат мудир ва кормандоне, ки кор мекунанд, ҳамеша чунин баҳонаҳоро пеш меоранд, зеро онҳо аз ноҳия нестанд ва албатта дур аз хонавода барояшон мушкил аст ва намехоҳанд барои мо кор кунанд. Ва муоширату муносибати онҳо бо мо хеле бад аст. Ҳамеша мегӯянд, ки “чаро дар Интернет шикоят менависед? Ба Ҳукумати ҷумҳурӣ чаро мактуб менависед? Шумо мардуме ҳастед, ки доимо мактуббозиро дӯст медоред. Ба минтақаи шумо ҳеҷ кас намеояд”. Вале ҳар сайёҳе, ки аввал вориди Бадахшон мегардад, зуд ба ноҳияи Ишкошим меёяд, зеро тамоми ҷойҳои таърихиву сайёҳӣ маҳз дар ҳамин минтақаанд”.

Пас, шояд масъулин баҳонаи наве ҷустуҷӯ кунанд, ё асоснокии минтақаи озоди иқтисодиро, ки афзалиятҳои зиёде дорад, ҷиддитар бигиранд?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

1 бинависед

  1. Кулли мух,таво ва мундарич,аи гузориши тах,лили дуруст ва дархури ростиозмои нест. Х,амаи саволх,ои матрах,гардида бояд ч,авоби худро аз ч,ониби мак,омоти масьул ва ч,омеаи шах,рванди пайдо кунанд. То ба кай аз ч,абру ч,афои чанд мах,аллбоз рушди устувори ик,тисодии ВМКБ ак,иб уфтад.

Добавить комментарий