Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии худкушии бонувон чӣ кор карда метавонад ва чӣ кор мекунад?

 

Қариб ҳар ҳафта дар расонаҳои кишвар хабарҳое нашр мешаванд, ки дар Тоҷикистон одамон, асосан занон даст ба худкушӣ задаанд. Сабабҳо гуногун шарҳ дода мешаванд: нодорӣ, надоштани манзили зист, муросо накардан бо хушдоману хусуру хеши шавҳар, зани дуввум гирифтани падари фарзандон ва ғайра.

Гуфтем, ки аксари худкуштаҳо бонувонанд, ҳарчанд мардон ҳам дар байнашон ҳастанд. Аксари занҳо бошанд, бештари вақт маҳз ба хотири мардон даст ба худкушӣ мезананд. Аммо оё мардеро вохӯрдаед, ки ба хотири занаш ба ҷони худ қасд кунад?

Баръакс, мо мисолҳоеро шоҳидем, ки мард ҳатто пас аз куштори ҳамсараш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуду дар дохили маҳбас зан гирифт.

Лаҳзаҳои хеле ҳузнангези дигар, ки хусур келинро зинда ба гӯр кардааст, шавҳар занашро бо рӯймоли сараш ба дор овехтааст ва модар бо фарзандони ноболиғ худро ба дарё андохтааст, кам нестанд.

Тавре аз хабарҳо бармеояд, аксари ҳодисаҳои худкушӣ ё ба мард рабт мегиранд, ё ба наздике аз ӯ. Ҳатто вақте мардон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, масъалаи вобаста ба онҳо ва дар натиҷа худкушӣ кардани занҳо кам намешавад. Махсусан вақте онҳо дар Русия зани рус  мегиранд, ё кадом як муҳоҷирзани ҳаммиллати худро, занҳои ҳалолу никоҳиашон инро таҳаммул карда наметавонанду аз ғояти рашк даст ба худкушӣ мезананд.

Ҳодисаи ба бадани кӯдаки 1-солаву 8-моҳа халонидани 16 сӯзан дар ноҳияи Рӯдакӣ маҳз аз он сабаб сар зад, ки мард ба занаш таваҷҷуҳ надошт ва ба ӯ ҳамчун “предмет” муносибат мекард.

Чанд рӯз пеш хабари ба худкушӣ даст задани хоҳари хурдии раиси Кумитаи занони вилояти Суғд Нигора Ғаффорзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид. Хоҳараш Мубина, ки як зани муваффақу таҳсилдида будааст, ба фишору таънаҳои пай дар пайи шавҳараш тоқат накарда, ахиран худро ба дор овехтааст. Аз ӯ ду фарзанди хурдсол ятим монд.

Аҷиб аст, ки хабарҳо дар бораи худкушии занҳо бештар мешавад, аммо ягон иқдоми амалии самаровар аз ҷониби ягона кумитаи занона — Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистонро намебинем. Оре, хабарҳоеро мешунавем, ки дар назди ин кумита бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ гуруҳи боварӣ ташкил шудаасту занҳои ба ҳолати буҳронӣ гирифтор метавонанд ба он муроҷиат кунанд. Оё ин ягона роҳест, ки ин кумита метавонад анҷом диҳад? Оё як зани зери буҳрон қарордошта имкони моливу равонии ба Душанбе аз кадом як ноҳия омаданро дорад? Ва даҳҳо «оё»-и дигар…

Ман боре надидаам, ки масъулини Кумитаи занон лоақал як маротиба дар кӯчаҳову маҳаллаҳои пойтахт бо сокинон дар мавриди пешгирии худкушӣ вохӯриву суҳбатҳо гузаронанд. Фақат куртаи адласу адрас пӯшидану худро дар телевизион «реклама» кардан вазифаи масъулини Кумитаи занон нест ба фикрам.

Идигул Қосимзода — раиси Кумитаи занони кишвар бояд роҳи ҳалли масъаларо пайдо кунад, чунки вазифаи ҷонии онҳост. Вагарна, мушкили мавҷуда рӯ ба афзоиш мениҳад. Магар барои мо лозим аст, ки фарзандон бе модар ба воя расанд? Магар лозим аст, ки фарзандони тоҷик ба ҷойи тарбияи дуруст гирифтан дар кӯча пакетфурӯшу семечкафурӯш боқӣ монанд?

Ё дар ин кумита бовар доранд, ки ба воситаи либоси миллӣ онҳо ба занон фаҳмонида метавонанд, ки худкушӣ ҳам хусусияти миллӣ надораду бояд аз баҳри он гузашт?

Мантиқи дигареро ман наёфтам ба ҳар ҳол…

Аммо гуфтаниам, ки занони тоҷик, барои мардон ҳеҷ гоҳ худкушӣ накунед, зеро ин «худӣ»-ҳо баъди 40-и шуморо гузаронидан ҳатман дар фикри зангирӣ хоҳанд шуд!

 

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Добавить комментарий