Монолог

“Хастагии қавӣ – вақте ҳатто дар хоб мебинӣ, ки хобӣ”.

ТИМ

Барои возеҳ намудани он, ки ин гуфта ба кадом Тим тааллуқ дорад, дар шабакаи ҷаҳонии интернет зиёд таҳаффус кардам, рафиқ Хоҷаев. Аммо аз ҳама намунаи муътамад номи теннисбози австриягӣ Доминик Тим баромад. Намедонам то куҷо гуфтаи болозикр ба ҷаноби Доминик наздик аст, аммо муҳим ин нест. Муҳим он аст, ки мувофиқи табъи ман гуфта шудааст. Зеро, борҳо иттифоқ афтода, ки чунин хобҳои мағшуш маро ғофилгир намуда ва баъди хоб соатҳои дароз худро бесаранҷом эҳсос кардаам.

Вале боз як нуктаи дигар ба ин ақида меафзоям. Хобҳои аёнан нохуш низ, ки бар мо чирра мешаванд ва гӯё ҳодисаҳо дар бедориамон рух дода истодаанд, хастагии бузургеро пеш меоранд. Намуна меорам. Дӯсте дорам, ки аҳли оилаашон бо азоби алиме барои оиладоршавӣ моилаш карданд. Ҳатто аз банда маслиҳат пурсида буданд ва бо дӯстам ҳамчун миёнарав суҳбати тӯлонӣ доштам. Дар суҳбати аввал гуфт, ки “зиёд хоб мебинам. Қариб як ё ду рӯз пас дар миён. Хоб мебинам, ки аз миёни мӯрчамиёне доштаву лабонашро мебӯсам. Аз хоб мехезам. Хоби дидаам ким-чӣ гуна шабаҳ дорад, яъне ошкорову мушаххас нест. Тамоми рӯз, то бегоҳ он эҳсос аз хоб маро тарк намекунад, ки ӯ кӣ буд ва чӣ мехост? Хаста мешавам. Аз ғояти фикр, аз он мӯрчамиён ва аз бӯсаи ситонида хаста мешавам. Боз, як ё ду рӯз баъд хоб мебинам. Хоб мебинам, ки аз миёни мӯрчамиёне доштаву лабонашро мебӯсам. Аммо ӯ ба ман ошност. Ӯ ҳамон нафарест, ки орзуи бӯсиданашро ҳатто дар хоб доштам. Баъди ин хоб тамоми рӯз маро хушҳолии гӯшношунид фаро мегирад. Хаста намешавам, балки истироҳат мекунам”. Баъди шунидани матлабаш, маслиҳат додам, ки бештар атрофи саҳнаи дуввуми нақлкардааш андешад. Яъне, бояд ба он хобҳое бартарӣ диҳад, ки омили истироҳаташ мегарданд. Дақиқан, маслиҳат додам, то нафареро, ки волидонаш барои ӯ хостгор шудаанд, дар ҷойи қаҳрамони ошнои хобҳои мусбаташ тасаввур намояд…

Аммо агар аз саҳнаи руъёӣ бигзарем ва ба олами воқеӣ рӯй орем, ростӣ як паҳлуро мехоҳам гӯшрас намоям, ҷаноби Хоҷаев. Ин нуктаро, ки воқеан, аз хастагии ҷисмонӣ дида хастагии равонӣ қавитар аст. Ба он ҳад, ки моро аз худ бехуд мекунад. Аммо, оё заминаи хастагии равонӣ хастагии ҷисмонӣ нест?

Тӯли соатҳову рӯзҳо, моҳҳову солҳо аз бешумор ҳамсуҳбатон иддаоҳои “аз табассумҳои сохта хаста шудам”, “аз дарду хатоҳо хаста шудам”, “аз ашк ва ҷуброни ҷазои ишқ хаста шудам”, “аз иваз шудани чеҳраҳои ошно хаста шудам”, “аз зиндагӣ хаста шудам”, “аз ҳама чизу ҳама кас хаста шудам”-ро мешунавам. Агар рӯйирост бигӯям, ман низ аз ин пандҳои зиндагӣ бештари вақт хаста мешавам. Вале набояд сар фуруд оварду таслим шуд! Ман кӯшиш мекунам, ки хатоҳоро ислоҳ намоям, ашкро ба нишот ва ишқро ба висол пайвандам, чеҳраҳои ошноро гӯшрас созам, ки онҳо кистанд, зиндагиро бо ҳама пастиву баландиаш дӯст дорам ва бо ҳама он чӣ, ки ба мо дода шуда ва бо ҳама он кас, ки дар ҳисса кардани луқмаи додашуда ба мо шариканд, муросо намоям. Умуман, ман мегӯям, ки набояд хусусан ба хастагиҳои равонӣ аз ҳад зиёд ғарра шуд!

Доиман ҳам аз хастагиҳои ҷисмонӣ ва ҳам аз равонӣ хавф дорам, дӯстам Хоҷаев. Аммо, бояд иқрор шуд, ки барои як нафар махлуқи бошуури заминӣ дучор шудан бо хастагиҳои ҷисмониву равонӣ ногузир аст. Роҳи гурез нест аз ҳар ду фирқаи хастагӣ. Далел мехоҳӣ? Мегӯям. Баъзан, барои он ки шабона осуда бихобам, кӯшиш мекунам рӯзона кори бештар, ҳатто берун аз меъёрро ба сомон расонам. Зеро, фикр мекунам, ки чун аз кори давомдори рӯзона хаста шавам, шабона мисли “барра” хоб меравам ва ҳатто мӯям намеҷунбад. Аммо дар амал чӣ? Чун шаб ва вақти хоб фаро мерасад, дар дидаҳо хоб нест. То саҳар аз ин паҳлу ба он паҳлу мегардам ва субҳидам хобам мебараду баъди ним ё як соат бо табъи хираву хастаҳол бедор мешавам. Ин ҳангом дарк мекунам, ки воқеан, ҳама хаста мешаванд, ҳатто нафарони аз ҳама пурқувват ҳам.

Танҳо як роҳи раҳоӣ аз хастагиро мебинам, ҷаноби Хоҷаев. Ин роҳ, ки сарфи назар аз дарду ранҷҳои заҳматовар, дандон ба дандон монем ва аз хастагиҳои ҷисмониамон сӯйи хастагиҳои равонӣ роҳ накушоем. Вагарна, ҳатто аз худ хаста мешавем. Чун аз хештан хаста шудем, фаромӯш мекунем, ки кӣ ҳастем ва рисолатамон чист…

Добавить комментарий