Одатан, дар маҳаллаи мо рӯзҳои истироҳатӣ ҳамсояҳо аснои хӯроки нисфирӯзӣ дарҳояшонро мебанданд. На ба он хотир, ки ҳаво гарм асту мехоҳанд истироҳат кунанд, балки ба он хотир, ки аз талху пичинги ҷӯгиҳои мисли «тарошаи аз бом афтида» ё худ «тангеми яке пайдошуда» раҳо ёбанд.

Бале, бале ҳайрон нашавед, аз таънаю талху пичингҳои ҷӯгиҳо. Мепурсед чӣ тавр? Каме сабр кунед, ҳамаашро мефаҳмед.
Вақте мо хурд будем, дар кӯчаи бибиям як мӯйсафеди ҷӯгӣ зиёд меомад. Ростӣ, аҳли қишлоқ ӯро эҳтиром мекарданд, зеро марди хело дурандешу шикастанафс буд. Ҳатто нақл мекарданд, ки солҳои ҷанги бародаркуш вақте мӯйсафед ба ин деҳа меомад ва медид, ки хонае нон надорад, аз кулвораш агар меёфт, нони сиҳат ва агар намеёфт, пораҳои нисбатан мулоимтарро бароварда ба соҳибони хона медод ва аҷибаш он аст, ки ягон нафар аз аҳли деҳ аз нони додаи мӯйсафед ор намекарду онро мегирифт. Ҳарчанд он замон хурд будам, аммо хуб ёд дорам, ки кӯдакони деҳ омадани ӯро бесаброна интизор мешуданд ва ҳангоми аз дур диданаш «ана, бобои ҷӯгӣ омад» гӯён, ба пешвозаш метохтанд. Ӯ низ бо кӯдакон басо меҳрубон буд, афсона мегуфт ва ҳатто ба хурдтаракон ҳар хел қанду шириниҳо медод.
Имрӯзҳо вақте «ҷӯгиҳои замонавӣ»-ро бо он мӯйсафед қиёс мекунам, сари калобаам гум мешавад, зеро ин ҷӯгиҳо аз «бобои ҷӯгӣ»-и ман мешинохта аз замин то осмон фарқ доранд. Ҷӯгиҳои имрӯза, агар нон диҳӣ, ҷанҷолро мебардоранд ва медонед чӣ мегӯянд: «Ман ба шумо гадо, ки нон медиҳӣ» ё «ман саг не, ки нони қоқ диҳӣ»… Бовар намекунед? Набошад, таваҷҷӯҳ диҳед:
Як рӯзи ҷумъа шоҳиди ҷанги марди ҷӯгие бо ҳамсояамон шудам. Апаи Наргис бо се фарзандаш дар ҳолати на он қадар хуби маишӣ рӯз мебаранд. Аниқтараш, шавҳараш муҳоҷир асту дар чанд моҳ як-ду маротиба пул мефиристад. Бечора зан худ дар заминҳои мардум картошкачинию ҷорӯбдаравӣ карда, нони ҳаррӯзаашро бо азобе меёбад, то кӯдаконаш гурусна намонанд. Аммо новобаста аз шароити танги маишӣ то ин воқеа ягон ҷӯгӣ ё гадоро аз дараш ноумед накардааст. Он рӯз низ ду ҷӯгимарди тақрибан 45-50-сола ба дари ӯ барои гирифтани «ризқ»-ашон омада буданд. Бечора Наргис кисаҳои писари хурдиашро тагурӯ карда, ду сомонӣ дар шакли танга бароварда, бо дасти писараш равон карду дар бало монд.
— Э, чӣ мора масхара мекунӣ?! Мо туба гадо-мӣ?! Танга дода, моя масхара мекунӣ?! Тангаҳота гирифта қати кӯдакот тангабозӣ кун! Ёфтӣ гадота, бефаросати беақл! Ҳамин қадар ки рӯзи муборак аст, набошад як шатта мезадам, ҷо ба ҷо мемурдӣ.
Бечора апаи Наргис аз тарс пахта барин сап-сафед шуда, лабҳояш ба пар-пар даромаданд. Аз тарс ҳатто наметавонист гиря кунад. Танҳо як сухан мегуфт:
— Буду шуди пулам ҳамин қадар.
— Дамата гир, шумо пулатон бисёру худатонро ба мурдагӣ меандозед! Пулат сарата хӯрад! Пошёл…
Ман худро дошта натавонистам ва сӯйи он марди ҷӯгӣ дод задам:
— Ҳа, худаш чӣ гап?! Чӣ ин занро дар хонаи худаш таҳдид дорӣ?! Аз худо наметарсӣ, ки ба сӯйи зани танҳо дод мезанӣ? Ӯ пул медошт, медод.
Ҷӯгӣ паст намеомад:
— Рӯша сиёҳ мекунад, пул дораду моро масхара мекунад. Мо барои вая гадои талбанда не!
— Пас шумо кӣ ҳастед? Аз гадо чӣ фарқ доред?
— Гапатро дониста зан! Гадо ба буридаи нон зор аст, авлоди мо бошад, аз қадим омадагӣ.
— Аз қадим шоҳзода будед?!,- гуфтам ман ҳам паст наомада.
Гадои дигар чун дид, ки ман ба қавли худаш «аноӣ» нестам, ҳамроҳашро «бас кун» гӯён, кашола карда бо худ бурд.
Азбаски аз ҷанҷоли мо аллакай ҳамсояҳо огоҳ шудаву аз дарвозаҳояшон берун баромада буданд, шояд он ҷӯгӣ тарсид, ки «лом» нагуфта, тез-тез қадам монда, ба роҳи калон баромаданд. Наргисапа бошад, каме ба худ омада, инони гиряро сар дод:
— Ин бори аввал нест, ки ҷӯгиҳо бо мо ҷанҷол мекунанд, Фарангис. Рӯзи гузашта як занак хонаи очаи Меҳрӣ даромад, вақте ҳамсоя нони нав аз танӯр кандаро бароварда дод, он зан чунон мағал бардошт, ки «мо шумоба гадо-мӣ, саг-мӣ, ки нон метиед. Нонатон саратона хӯрад! Як каф ордба миёни шут мешиканад? Э илоҳим карсонат хамира набинад!». Боз ким-чӣ балои дигар гуфта, дуокунон баромада рафт. О, наход одам аз нон ор кунад!? Мардум баъзеҳояш ҳатто нон намеёбанду инҳо бошанд, дар хонаи худамон омада ба сарамон зӯрӣ мекунанд.
Воқеан, суханони апаи Наргис ҷон доранд. Зеро имрӯзҳо ягон ҷӯгӣ нон намегирад, талаб (!) мекунанд, ки ё пул бароварда деҳ ё орд. Боз ордро ба навъ (!) ҷудо мекунанд. Агар орди гандумӣ диҳӣ, «ду коса деҳ, ин ордат арзон» мегӯянд. Ё талаб мекунанд, ки «як коса орд деҳу як кило картошка». Акнун ёбеду гиред!
Суоле ба миён меояд, ки ин аҳвол то кай давом мекунад? Ин суолест, ки аз ҳамон рӯз ба ин ҷониб ҳамвора маро азоб медиҳад. Шояд ягон кас ҷавоби аниқ ба ин суол дошта бошад?!

Фарангиси ФАРМОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here