Дар талоқи зиёди “домодҳои хориҷӣ” танҳо духтарони тоҷик гунаҳгоранд?

Хашму ғазаби мардони тоҷикро ог гаҳ эҳсос мекунед, вақте мебинанд, ки духтарони тоҷик барпо кардани оиларо бо хориҷиҳо авлотар медонанд. Аслан ягон хориҷӣ ба духтарони тоҷик 5 — 10 ҳазор доллар қалин намеорад. 10 гову буққа аз “шодии беандоза”- аш намекушад. Тӯяшон низ бодабдаву серхарҷ намегузарад. Маросими хеле муқаррарӣ ва оддӣ. Албатта, дар муқоиса бо занони ҳамватани худ. Ҳатто баъзан мо аз суханони бархеи онҳо ба ғазаб меоем, ки мегӯянд, «зан дар шумо қадр надорад» ва ё «зан дар Тоҷикистон гирифтан хеле арзон аст». Номуси мо инро намебардорад. Вале зиндагии аксарияти онҳо дер давом намекунад, пас аз 1 ё 2 соли ба хориҷа рафтан аз ҳамдигар ҷудо мешаванд. Ва бозгашт ба Ватан бо қӯдаки ноболиғ, вале бе хонаву ду даст дар бинӣ.

Чун теъдоди чунин занон зиёд шуд, парлумони кишвар дар Кодекси оилаи Тоҷикистон тағйирот ворид намуд. Тибқи қонуни мазкур акнун хориҷиҳое, ки бо занони тоҷик издивоҷ мекунанд, бояд лоақал 1 сол дар Тоҷикистон бо ҳамсарашон зиндагӣ кунанд. Инчунин, барои ӯ манзили зист харидорӣ намоянд. Шарти дигари муҳим бастани шартномаи ақди никоҳ аст. Ба фикрам, иқдоми хеле таъсирбахш аст, зеро нафаре, ки пули зиёд харҷ кардаву хона харидорӣ мекунад, пеш аз ақди никоҳ хеле ҷиддӣ фикр хоҳад кард.

Аммо инҷониб нафарони зиёдеро медонам, ки ин талаботи қонунро риоя намекунанд. Дар Кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлия бояд рӯйхати он хориҷиҳое бошад, ки ҳарчанд духтарони тоҷикро ҳамсар интихоб кардаанд, вале ақди никоҳ набастаанд.  То имрӯз чанд хориҷӣ ба ҳамсари тоҷикистонияш хона харидааст? Ва оё ҳамаи онҳо ақди никоҳ доранд?  Ва аҷиб он аст, ки занони тоҷики мо барои онҳо роҳнамоӣ мекунанд: “Дар Туркия ё Португалия ақди никоҳ мебандем”. Ва маҳз боз ҳамин гурӯҳи занон аз гулӯи раиси Парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров  қапиданӣ мешаванд: “ВОЙ ДОД,  шумо фақат барои худатон қонун қабул мекунед, мо хато кардем, вале чаро Шумо пешгирӣ намекунед”. Мисле, ки баъзеҳо ҳатто мехоҳанд раиси Парлумон худаш дар ақди никоҳ ҳам иштирок намояду домодро насиҳати падарона  кунад. Вале сабаби асосии набастани ақди никоҳ он аст, ки хориҷиён хона харидан намехоҳанд ва ҳамин тавр, бисёр ҳушёрона аз масъулият мегурезанд!

Ҳоло аз  усули хориҷиҳо баъзе мардони тоҷик низ хуб истифода карда истодаанд, намехоҳанд боз ҳам намехоҳанд аз ЗАГС  гузаранд, “мабодо талоқ кунаму хонаамро бигирад”. Ва имрӯз мо шоҳиди чунин ҳодиса мешавем, ки зан пас маскуният дар хонаи шавҳар на тариқи дар, балки тиреза ворид мешавад. Ё  ҳатто ҳодисае низ буд, ки занро бо 2 фарзандаш дар балкони хона маскун карда буданд.  Ин мушкилест, ки Ҳукумат то имрӯз ягон роҳи ҳалро барои баррасӣ пешниҳод накардааст.

Хориҷиҳо, ки шаҳрванди кишварҳои қонунманданд, медонанд, ки риоя накардани бандҳои қонун ҷиноят буда, барои ин муҷозот мешаванд. Аммо инро дар мо гӯё намебинанд.

Парлумони мамлакат, Вазорати адлия ва Прокуратураи генералӣ, ки назорати қонунҳои кишварро ба уҳда дорад, чаро ин мавзӯъро ҷиддӣ баррасӣ намекунад?

Вазифаи мақомот танҳо қабули қонун нест. Назорат ва таъмини иҷрои он ҳам вазифаи онҳост. Фарз кардем, духтарони зудбовари тоҷик бо ҳаваси дидани Фаронса ё Амрико ба хориҷиён ба шавҳар баромаданд, вале чаро намеандешанд, ки “арӯси арзон” бе қадр ҳам ҳаст. Аз ин хотир, агар духтари тоҷик зуду сабук бо мушкилоти зиёди руҳиву равонӣ ба ватан ҳамчун “бева” баргашт, бояд мақомоти кишвар низ худро гунаҳкор бинанд, ки назорати талаботи қонунро риоя накардаанд.

Бисёр хуб мебуд, агар он нафароне, ки худашон  ба ҳар роҳу восита шавҳарҳои ояндаашонро аз талаботи қонунҳои амалкунандаи кишварамон “мегурезонанд”, ҷазо диҳанд!

Манзури ман ин аст, ки то қадру манзалати зани тоҷик баланд бардошта нашавад, обрӯяш низ баланд намешавад ва теъдоди талоқ, аз ҷумла, бо хориҷиҳо низ кам намегардад.

Ҷамила Мирбозхонова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here