«Иқтидор дар худ сабр ҳам дорад. Дар бетоқатӣ заифӣ намудор мешавад».

Герхарт Гауптман

 

Фикр мекунам, ки истилоҳи бетоқатӣ ниёз ба шарҳу тафсири бардавому васеъ надорад. Дар худи ҳамин иқтибос аз драматурги олмонӣ Герхарт Гауптман маҳаки асосии амалу дар асл кӣ будани шахсони бетоқат инъикос ёфтааст. Барои ҳамин, шаф-шаф накардаву шафтолуи гапро мегӯям, ҷаноби Хоҷаев. Воқеаеро қисса мекунам, ки хаёлӣ не, ҳаётӣ, дақиқан, аз таҷрибаи зиндагии худи ман аст.

Духтарчаву ду писарам дар ноҳияи Ҷайҳун, дар хонаи бибиашон буданд. Чун зиёд ба танг меоянду бетоқатӣ мекунанд, рафтам, то онҳоро биёраму ба ноҳияи Файзобод бубарам, то шамолак сару рӯю мӯяшонро лесаду ҳаловат баранд. Аммо вақте ба деҳаи Мискинобод расидем, беист барф меборид. Мошине лозим буд, то ин ки тахминан ду километр роҳро тай карда, ба хона, ба деҳаи худамон расем. Вале таксиҳо дар гардиш набуданд, зеро роҳи валангори деҳаи мо ҳама таксиронҳоро гурезонида буд. Бо кӯдакону ҳамсарам худро дохили бинои мағозае аз фурӯшгоҳҳои бозор гирифтем. Духтарчаам ҳунгос зада гиря мекард. Зане чун вазъияти душворамонро дид, дилаш сӯхту ӯро наздаш хонд ва даруни палтояш ҷой дод. Писари хурдӣ, ки ҳанӯз роҳгардон набуд, дар оғӯши модараш нола дошт. Аммо писари калонӣ аз ҳама зиёд бетоқатӣ мекард, пой ба замин мекӯфт ва бо лафзи кӯдакона мегуфт: «Хунук хӯлдам, хунук хӯлдам…».

Онҳоро дар он сармои сахт ба ҳоли худ гузоштам ва аз пайи ҷустуҷӯи таксӣ шудам. Ҳатто ронандаҳое, ки аз деҳаи худамон буданд, сокинони дигар деҳотро мизоҷ интихоб мекарданд. Касе роҳи пурбарфу каҷукилеб ва пастобаландро чашми дидан надошт. Бо мушкилии зиёд, баъди давутозҳои ногуфтанӣ ва зориву илтиҷо ронандаеро розӣ кунонидам, ки бо нархи як баробар зиёд моро ба деҳа расонад. Аммо, «луқмаи нонро аз даҳонамон канда гирифтанд».

Ронанда мошинро канори роҳ, дар рӯ ба рӯи мағозаҳо нигоҳ дошт ва осемасар ҷониби кӯдакон давидам. Аммо чун якҷоя баргаштем, чӣ дидем? Ту напурсу ман нагӯям, дӯстам Хоҷаев! Бинем, таксӣ аллакай пур аст. Чор нафар ҷавони шаш кас медидагӣ — се ҳамсоя ва як нафар меҳмон сикка зада нишаста буданд ва аз ронанда бетоқатона хоҳиш мекарданд, ки зуд муҳаррикро ба кор дарорад. Ҳарчанд гуфтам, ки «таксиро ман фармоиш додам», аз ҳаво акси садо меомаду аз онҳо ово не. Худро ба кариву кӯриву гунгӣ зада буданд. Гӯё модарзод маъюбу маслуқ ба дунё омада бошанд.

Вақте дарк кардам, ки «бар мардуми бенанг сухан ҳайф аст», танҳо як хоҳиш намудам. Хоҳиш ин ки, кӯдаконро дар бағал бигиранд ва дар назди хонаамон мошинро қарор додаву онҳоро ба ягон узви оилаамон супоранд. Даҳон инҷу бинӣ ҷинҷ карданд, аммо чун лаҳза лаҳзаи ҳассос ва замони нишон додани мардонагӣ буд, андаке шарм доштаву розӣ шуданд.

Худоро шукр гуфтам ва бо ҳамсарам пойи пиёда ҷониби деҳа раҳсипор шудем.

Ростӣ, он доғ, ки ҳамдеҳагони «азиз» дар дилу дидаву шуурам гузоштанд, ҳанӯз ҳам пок нашудааст. Вале, гузашта гузашт. Шояд рӯзе сари ақл биёянд ва амали худро бо ихтиёри худ болои паллаи тарозу гузоранд. Ман бошам, ҳоло дар боби ҳолате мегӯям, ки омили беқарории худам ва боиси зарар дидани оилаамон шуд.

Хурд будам. Тақрибан синфи се. Дар замини саҳроиямон, ки дар поёни деҳа воқеъ аст, картошка шинонида будем. Масъалаи обмонӣ ба полез мисли он буд, ки куҳро бо каланд талқон кунӣ. Барои як ҷӯйча об одамон занозанӣ, ҳатто белшапӣ мекарданд. Танҳо шабонгаҳ метавонистӣ ба зироатат об монӣ ва то рӯз шудан поида истӣ. Ҳамин тавр, шабе падарам ба картошкаамон об монд. Нисфи шаб маро аз хоб бедор кард ва барои хабар гирифтан аз ҳоли ҷӯяҳо ба замини картошка рафтем. Шаби беҳад хунук буд. Аз сардӣ ларза дар баданам афтод. Зорӣ кардам, ки «ота, биё равем, хунук хӯрдам». Падарам нею нестон накард. Баргаштем. Хоби мастона бурдам. Пагоҳаш чӣ рух дод? Падарам меравад ва мебинад, ки аз 40-50 ҷӯяи картошка қариб нисфашро об шуста бурдааст. Хушбахтона, сарзаниш нашунидам. Ягона сухане, ки гуфт, ин буд: «Ҳеҷ гап не, ҷони одам нест…».

Куҷое хонда будам, ки инсон ҳама корашро баръакс анҷом медиҳад. Барои ба камол расидан саросема мешавад, аммо баъд ёди кӯдакӣ мекунад. Саломатиашро барои пул сарф мекунад, вале барои барқарор намудани саломатиаш маблағи зиёд харҷ мешавад. Дар бораи оянда чунон бо бетоқатӣ фикр мекунад, ки дар натиҷа на ҳозираро молик буда метавонад, на ба оянда даст меёбад. Тавре зиндагӣ мекунад, ки гӯё ҳеҷ гоҳ намемирад, аммо тавре мемирад, ки гӯё ҳеҷ гоҳ зиндагӣ накарда буд.

Дар хулосаи ин ҳама намунаҳо ба сари ман танҳо як фикр меояд, рафиқ Хоҷаев: сабаби бетоқатиҳо танҳову танҳо манфиат ҷустан аст.

Бало занад ин манфиату манфиатҷӯиро!

 

Фазлиддин АСОЗОДА, «ФАРАЖ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here