Чаро дар Тоҷикистон баъзеҳо метавонанд дар 4 ҷой кор кунанду бархе ҳатто қутти лоямуташонро пайдо карда наметавонанд?

Бе гуфтугӯ, мушкили рақами 1 дар кишварамон бекорист. Ва пайдо кардани 1 луқма нони даҳони муҳоҷирон дар Русия вирди забони ҳамагон аст. Албатта, кӯшишҳои Президенти кишвар дар мавриди ҳалли ин мушкил зиёд эҳсосшаванда мебошад. Шояд Пешвои миллат ҳам дар бораи масъалаҳои вуҷуддошта барои қабул ба кор дар корхонаҳои давлатӣ медонанд ва бархе мансабдорон чи гуна ва бо кадом роҳ “устод”-ҳояшонро ба кор ҷалб мекунанд, эҳтимол ба роҳбарияти давлат мерасонанд. Аз ин хотир, ҳар дафъа роҳбарони идораву корхонаҳоро ҳушдор медиҳанд, махсусан барои ба кор гирифтани занону духтарон.

Вале “нағмаҳои” роҳбарони корхонаҳо барои қабул ба кор кам намешавад ва ҳар дафъа “нав” ҳам мегарданд. Барои ҳамин дар Тоҷикистон ҳамеша бовар доранд, ки барои ба “кори равғанӣ” соҳиб шудан, бояд ё хеши роҳбаре бошӣ, ё ҳаммаҳалаш, ё ақаллан “хизмат”-е “сари вақт” карда тавонӣ. “Хизмат” маънои гуногун пайдо кардааст. Бахусус барои бонувон…

Аммо ин албатта маънои онро надорад, ки барои мардон дарёфти кор осон бошад. Мешунавем, ки дар ин бора зиёд мегӯянд: “Ҳоло маошатро нагирифта, бояд як «некӣ» кунӣ”, “Маҷбур мешавӣ дар тамоми маъракаҳои раис  ӯро ҳамроҳ бошӣ”, “Модари раис бемор шуд, ту ҳам бояд бемор бошӣ”… Ҳатто агар модари худро хабаргирӣ наравӣ, медонем, модар мебахшад, вале модари раисро хабар нагирӣ, ҷазо мегирӣ. Шакли ҷазо — аз боло поёнтар меравӣ!

Бо фармони ҷои кор гирифтан ҳамаи мушкилат ҳал нашудааст. Ҳарчанд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойивазкунии кадрҳо (ротатсия)-ро дар чанд сол (барои пешгирӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ) муқаррар кардааст, ҳоло ҳам дар идораҳо “пирони кор” кам нестанд. Албатта, агар онҳо ба ҷавонони навкор кӯмаке мекарданд, ё таҷрибаи кор меомӯзонданд, ягон гап набуд, ки боз ҳам супоришҳои Пешвои миллатро дар мавриди дастгирии ҷавонон иҷро мекарданд. Вале, вою дод, чӣ мегӯед, ки онҳо на танҳо кор кардан, балки нафаскашӣ ҳам намемонанд! Зеро дар симои ҷавони навкор ҳатман “рақиби” худро мебинанд ва гумон доранд, ки онҳо намирандаанду корхонаи давлатӣ аз падару бобояшон мерос мондааст.

Пас, чаро тааҷҷуб кунем, ки имрӯз дар кишвар баъзе нафарон як ҷойи корӣ пайдо карда наметавонанд, вале қисми дигар метавонанд ҳамзамон дар 4 корхона кор кунанд?

Ротатсия ҳам дар мо хеле ҷолиб сурат мегирад баъзан. Масалан, имрӯз фотомодел — фардо духтур, ё имрӯз наттоқи ТВ — фардо муовини директори як идораи муҳим, ё имрӯз продюссер — фардо сухангӯи фалон идораву вазорат, имрӯз бухгалтер — фардо роҳбари бухгалтерҳо, имрӯз кормандони “Тоҷикстандарт” ва фардо тандурустӣ ва… Имрӯз корманди оддӣ — пагоҳ роҳбари як корхона… Ва барои баъзеҳо намедонам аз “ширинӣ” ё “зебоӣ”- боз тақрибан 9 ё 11-то вазифаҳои ғайриштатӣ ҳам медиҳанд. Пас, ба 1 кас чанд ҷойи кор дода шуд?

Ба фикрам, вақти таъинот набояд мантиқро фаромӯш кард. Ё то кай байни бархе роҳбарон латифаву хушгӯиҳо давом мекунад, ки “сардори Раёсат мондамаш” ё “арӯсамро муовини фалонӣ мондам”? Оё ин гуна ҳолатро амали коррупсионӣ номидан мумкин нест?

Андешаи шахсии ман ин аст, ки барои аз байн бурдани бекорӣ роҳбари ҷавони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Сулаймон Султонзода бояд санҷиш гузаронида, маълум намоянд, ки чанд нафар ҳамзамон дар чанд идораи давлатӣ кор мекунанд, маош мегиранд ва боз дар чанд корхона нафари гиромианд! Чун роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи кадр таҷриба доранд ва чунин “нағмасароён”-ро хуб медонанд, ки бо кадом роҳ сари дигаронро “гаранг” мекунанд. Султонзода метавонад!

Ё шумо бовар доред, ки ин кадрҳо “осмонӣ” буда, қувваи корӣ, вақт ва нерӯи ақливу зеҳниашон барои кор дар чанд идораи давлатӣ ва тамоми соҳаҳо мерасад?

Ман тамоман ба ин бовар надорам!

Ҷамила Мирбозхонова

Добавить комментарий