Метавон баҳонаҷӯёнро бад дид, вале ба ҳеҷ ваҷҳ набояд баҳонаҳоро сарфи назар кард.

Аслан, вақте ки баҳона мегӯем, пешорӯямон дарҳол баҳона барои корҳои баду нохуб ва амалҳои анҷом надода меояд, вале бояд донист, ки баҳона ба ҷуз маънои манфӣ доштан инчунин маънои мусбат ҳам дорад, ки мисоли равшани он ибораи маъмуливу зери лабҳо бисёр талафузшавандаи “баҳонаи зистан” аст. Ин аст, ки суханварони мумтоз дар асарҳояшон сабаби куштани ин ё он прототипро “баҳонае барои зистан надошт” мегӯянд. Ва аз ҷониби дигар, агар баҳонаҳо танҳо барои корҳои нохуб ё ноуҳдабароиҳое истифода мешуданд, пас ҳатман дар ҷойи баҳонаҳои хуб чизи дигаре кор бурда мешуд.

Ба ҳамин минвол, барои корҳои хуб ҳам, ки мо мехоҳем онҳоро анҷом бидиҳем ва баъзан вақт ба иҷрои онҳо маҷбур ҳам ҳастем, баҳона ёфтан лозим аст. Ин ба монандест, ки умре дар талоши пайдо кардан, дӯст доштан ва ҳифз кардани баҳонаи аслии зиндагиамон ҳастем. Ин ба монандест, ки умре бо баҳонаҳои ширин, ки охири ҳамаи онҳо ба қуллаи мақсуд мебарад, зистан аст. Ин ба монандест, ки умре баҳона надоштагонро дида, баҳонаҳои зиндагиамонро зиёду кам мекунем.

Дар ин росто, мавриди зикр аст, ки аз ҳама муҳим ва зарурӣ барои мардуми мо, хусусан насли нав баҳонае намерасад бо номи “баҳонаи китобхонӣ”.

Пӯшида нест, ки дар мо қариб ҳамагон тавсиядиҳанда ва талқинкунандаи китобу китобхонӣ ҳастанд. Ҳатто ҳамонҳое, ки ба солаш китобро дар даст намегиранд. Ҳатто ҳамонҳое, ки бо китоб тамоман сарукор надоранд. Ҳатто ҳамонҳое, ки баъзан вақт фаромӯш мекунанд, ки дар дунё китоб гуфтанӣ неъмати бузург вуҷуд дорад. Ҳамагӣ хостгори китобдору китобхон шудани насли нав ҳастанд ва ин хуб аст. Вале оё боре шудааст, ки нафарони тавсиядиҳандаву талқинкунандаи китобхонӣ барои ба даст гирифтани китоб ё ба ҷойи талқину таъкидҳояшон баҳонае, сабабе пеш оранд, ки мухотаб бе ягон фикри дигар ба ҷустуҷӯйи китоб равад? Не, албатта! Медонед барои чӣ? Барои он ки онҳо худашон баҳонае барои китоб хондан надоранд, вагарна худашон китобхон мебуданд. Ва ин ҳолатеро мемонад, ки мо маҳсулоти харидаамонро дар як тарафи тарозу монда, интизори баробар шудани тарафҳои тарозу мешавем.

Хатои аввалиндараҷаи мо ҳамин аст, ки ба ҳар нафар талқини китобхонӣ мекунем, вале намегӯем барои чӣ бояд вай ин корро анҷом диҳад. Мо иҷрои кореро талаб мекунем, ки ягон сабаб ва баҳона пеш намеорем, танҳо хостгори амал карданему халос. Мо мехоҳем атрофиёнамон кореро сомон диҳанд, ки барои анҷом додани он худамон баҳона надорем. Ин насиҳатҳо, ки бӯйи қиссаҳои бобокалонҳоямон мекунанд, барои насиҳатшунавандагон ба ҷуз гапи холӣ ва пук дигар чизе нестанд.

Пеш аз хондани китобе бояд ба миқдори шумораи саҳифаҳояш баҳона ёфт. Баҳона ин “ман аз ин китоб чӣ мегирам?”, “ин китоб ба ман чӣ медиҳад?”, “фоидаҳои китоби мазкур бисёранд ё кам?”, “пас аз хондан дар ман чӣ навгонӣ мешавад?” нест, балки бо китоб рӯ ба рӯ истода, ба саволи “Чаро бояд ман маҳз китоб хонам ва боз чаро маҳз ҳамин китобро?” аст. Ба ин савол сад ҷавоби гуногун додан мумкин, вале муҳим он аст, ки ҷавобдиҳанда худи китобхон бошад.

 

Сино ТОҲИРӢ

 

P.S. 4-уми сентябр рӯзи китоб аст ва Худо кунад, ки ҳамаи мо аз имрӯз сар карда баҳонаи китобхонӣ дошта бошем.

Добавить комментарий