Монолог

Баҳона дар ҳар давру замон буду ҳаст ва натиҷаҳояш ба ду навъ — манфиву мусбат.

Воқеан, чунин аст, ҷаноби Хоҷаев! Ман сад дар сад бовар дорам, ки ягон нафар бидуни боре баҳона пеш овардан мӯйи сари худ сафед накардааст. Баҳона барои кулли башар як чизи маъмулӣ, дар баъзе ҳолат баҳри аз бори гарон гурехтан, гоҳи дигар баҳри ҳимояи арзиши инсонӣ аст.

Сухан ба дарозо намекашам, кундаланг пеш мегузорам он чиро, ки дар майнаам мечархад. Аммо қабл аз ҳама он чиро мегӯям, ки куҷое хонда будам ва яқинан, медонам, ба дарку диди ту ва дигарон таъсири амиқ мегузорад:

Марде бо духтари зебое оиладор мешавад. Муҳаббати ӯ нисбати зан беҳудуд аст. Вақте мерасад, ки дар зан бемории пӯстро мушоҳида мекунанд. Зебоияш мекоҳад. Ҳамон лаҳзаҳо шавҳар дар сафар будааст ва чун бармегардад, ба назари одамон чунин менамояд, ки вай биноияшро аз даст додааст. Вале сарфи назар аз ин ҳама, онҳо чун пештара умр ба сар мебаранд. Баъди муддате зебоии зан батамом фано мешавад, аммо ҳамсар инро надидаву ӯро қатъӣ, ҳамон тавр, ки зан шавҳарро дӯст медорад, дӯст доштан мегирад. Ниҳоят, рӯзе зан мефавтад. Фавти ӯ шавҳарро андуҳгин месозад. Пас аз гузаронидани маросимҳои зарурӣ, мард қарор медиҳад, ки шаҳрро тарк намояд.

— Ту чӣ тавр метавонӣ бе кӯмаки нафари дигар роҳ гардӣ? Охир, то ин вақт ба ту ҳамсарат кӯмак мерасонд барои роҳ рафтан,- баланд мешавад садои роҳгузаре.

— Ман нобино нестам. Ин танҳо баҳона буд. Агар ӯ медонист, ки ман аз бадрӯияш огоҳам, ин аз дард зиёдтар захминаш мекард. Ӯ зани хуб буд. Ман танҳо хостам хушбахтии ӯро ҳифз кунам,- посух медиҳад мард.

Бовар намо, дӯстам Хоҷаев, вақте ман аз ин қиссаи кӯтоҳ ва бамаънӣ огаҳ шудам, бовар дорам, дигар ҳеҷ як шарҳу тавзеҳи хасакиву каҳакӣ наметавонист садди искандарӣ сари роҳи эътимодам ба баҳонаҳои манфиатовар гардад. Ва беихтиёр, бидуни он, ки дар боби паҳлуҳои манфию хисоротовари баҳонаҳо андеша кунам, дилам ба баҳонаи он шермард нарм шуд. Ҳатто гиристам, ниҳонӣ, пинҳон аз дӯсту душман, то як марди заиф ва худбохта нахонандам. Дар ситоиши он марди нек ба худ гуфтам, ки “ҳошо, ай марди накӯ, кош ҳама мисли ту шери нар мебуданд, то оҳувони забун бари бинӣ ба сум месоиданд дар шигифтӣ аз мардонагиат”.

Ҳоло аз баҳри суханҳои болохонадор мегузарам, дӯстам Хоҷаев. Мехоҳам камакак заминӣ, ба андозаи тафаккури мардуми ин замона ба доираи баҳс ворид созамат. Медонам, ки мисли бисёриҳо як сухан сари забон меорӣ: “… Ман ҳама чиро мефаҳмам… Ман нафарони азизе зиёд дорам, ки ҳамеша бо онҳо бандам…”. Аммо… Фикр мекунӣ, ки ман азизон надорам!? Ман ҳам дорам. Ҳатто аз ту бештар! Вале ниҳояти мардонагӣ ин аст, ки гоҳо ба хотири судманд омадани баҳонаҳо аз баҳри хеш ва хешони хеш бигзарӣ, рафиқ Хоҷаев. Ростӣ, ман борҳо, дар ҳолатҳои вазнинтарин, хешро хеш нагуфтам ва кӯшидам, то ниёзи мустамандеро бароварда созам. Миннат намекунам.

Ба ҳар сурат, дилам аз баҳона сард аст, дӯстам Хоҷаев. На ба он ҳад, ки аз лиҳози сардӣ ях бандад. Аммо, воқеан, баҳонаро дӯст намедорам.

Худ ҳам баҳонаҳои фаровон пеш овардаам тӯли ҳаёт. Инкор намекунам. Вале як “баҳона”, ки дар асл, баҳонааш ҳам гуфта наметавонам, то ҳол азиятам медиҳад. Нафаре мақолае парешу гумдаргум ба идораи нашрия овард ва хоҳиш кард, то онро дар шумораи навбатӣ ба нашр расонем. Қоил мешавам, фурсат тангӣ кард, вақт нарасид ва он мақола, ба қавли журналистон, “намак хӯрда”, чанд рӯз дар коғаздони мизи кориам хобид. Муаллиф дигарбора занг зад. Нахостам бигӯям, ки навиштааш тӯлониву дилбазан ва аз лиҳози забониву услубӣ хароб асту коркарди ҷиддӣ мехоҳад, то ошуфта нашавад. Ваъда додам, ки мақола дар шумораи навбатӣ ба нашр мерасад. Аммо “барф болои борон” омад. Таҳрири мақола анҷом ёфт, вале бо сабаби зиёд ворид гардидани матолибе, ки мо — журналистон онҳоро “мақолаҳои куҳнашав” меномем, чоп нашуд. Ин ҳолат ба оташи қаҳру ғазаби муаллиф равған рехт, ки ба идораи нашрия омад ва бидуни салому аҳволпурсӣ барошуфт:

— Мақола кай чоп мешавад? Соли дигар!?

Гуфтам:

— Дар шумораи навбатӣ як илоҷ мекунем.

Бештар ба ғазаб омад ва “имкон надорӣ, ваъда надеҳ ва баҳона накун” гуфту дарро башиддат пӯшида рафт.

Дар шумораи навбатӣ мақола ба нашр расид. Гумон надоштам, ки муаллиф баъд аз он гуна ранҷиши сахт дубора ба коргоҳи мо ояд. Вале омад. Худи як рӯз пас аз нашри матлабаш. Ин дафъа бо чеҳраи болида омад ва ҳатто узр пурсиду гуфт, ки “мақола аз навиштаи худам беҳтар баромадааст”.

Ҳамин тавр, мо дӯст шудем. Аммо баъди рафтани дӯсти навам боз ғарқи андеша шудам, ки калимаи “баҳона” (хусусан агар натиҷааш манфӣ бошад) аҷаб истилоҳи мураккабест. Зеро, бе огоҳӣ, ба таври иҷборӣ пеш меояд ва дар тасаввури одамон ваъдахилоф ҷилваат медиҳад.

Кош натиҷаи ҳама баҳонаҳо мусбат мебуданд ва ягон баҳонаи манфӣ барои ваъда додан намедоштем!

Добавить комментарий