Аз танҳоӣ мегӯям!?

Боз худамро гӯл мезанам, ки танҳоӣ бекасиву беёрист.

На! Танҳоӣ ин набуда, ки ту гумон дорӣ, киё Авҳадӣ!

Биё суроғи танҳоӣ меравем, ба он чӣ дар гузашта ту сареҳан танҳоияш мехондӣ, мурур мекунем.

Ёд дорӣ, ки кай худро танҳо дида будӣ?

Медонам, бисёр дидаӣ, аммо танҳоии ту ҳамон ифодаи машкук аст, ки онро наметавон танҳоӣ донист.

Барои мисол, боре ту сахт ранҷур шудиву аз ғояти шадиди дард фарёд задӣ ва гуфтӣ, ки “ана ин аст танҳоӣ”. Аммо надонистӣ, ки ҳамдами ту, ёри ту, по ба пои ту пайваста ҳамсафари ту, ин ҳамон дарду ранҷат буд, ки боре туро нагузошт дарди танҳоӣ чашида бошӣ. Лек ту боз аз танҳоӣ мегуфтӣ ва мисли ҳайвонҳои дар паси панҷара зиндонӣ, худро ин сӯву он сӯ мезадӣ, ҳатто ҷисми худро ҷароҳатдор ҳам менамудӣ. Чунон нисбати худ бераҳмиҳоро раво медидӣ, ки кинаварзе бар кинаварзи дигар онро раво намедид.

Ҳамаи ин як сабаб дошт, ки онро танҳоӣ ном буд.

Пасон, гӯё ҳамдаму ҳамдил пайдо кардӣ, хеле шод шудӣ, ки дигар суруди танҳоиро нахоҳӣ хонд ва он сурудро барои ҳамеша ба гӯшаи фаромӯшӣ меафканӣ. Воқеан чунин ҳам кардӣ.

Лек суруди танҳоии туро суруди зиндагӣ дар ҳайрат гузошт, интизорашро надоштӣ, ки аз бад бадтар ҳам будааст.

Як лаҳза аз танҳоӣ канор рафтиву барои ҳамеша зори танҳоӣ гардидӣ, ки туро аз танҳоӣ бадтар бо номи нокомӣ оғӯш намуд.

Акнун, рӯзгори пурфоҷиа шуруъ гардид.

Бисёр касон буданд, ки дар ин гирдоби ҳодиса туро хомталошӣ намуданд, лек ту бо тани афсурда, зарбаҳои равонӣ, аз худу бехудиҳо сӯи он, ки туро аз чанголи танҳоӣ раҳонда буд, раҳ мегирифтӣ.

Рост гӯям, як муддат ӯ ҳам туро ишора мекард, дасти мадад дароз менамуд, то ту охирин маҷоли худро сари даст гириву назди ӯ худро расонӣ.

Бале, туро мисли меше дар инҳисори гургон уфтода, ҳаёҳу, садоҳои даҳшатовар, таҳқиру тавҳин, таҳдид ба виҷдону разилӣ… зери фишори худ гирифта буд, аммо ягона умеде, ки туро аз марг наҷот медод, тан надодан дар баробари ин ҳама фишорҳои равонӣ буду халос.

Дигар умедат ҳамоно оне буд, ки туро аз дасти танҳоӣ ғофилгир кардааст. Сахт такя мекардӣ, бовар доштӣ ба ҳар қиммате, ки набошад, туро ба дасти ину он нахоҳад дод, ҳеч не, бовар доштӣ, туро меоварад дубора ба дасти танҳоӣ, ки замоне аз дасти танҳоӣ дуздида буд, месупорад, аммо…

Даҳшати нокомӣ туро рӯз аз рӯз ба коми худ мекашад, ноумедӣ туро ба вартаи марг наздик мекунад, аммо таслим нашудан бо баҳои марг ҳам бошад, ниҳояти кори туст. Ман ҳам аз ин тасмимат истиқбол мекунам. Аммо ту иштибоҳи худро дарк кун, ки аз ҳеч чиз ва аз ҳеч кас такя ё умеде макуну маҷӯ!

Агар хотири қавӣ дорӣ, ёдат бошад, дар оғоз илтиҷо кардамат, ки эй киё Авҳадӣ, аз пайванду васл, аз табору нотабор дасти дил бишуву сӯйи ҳамон танҳоӣ, ки аз аввал қадрашро надонистӣ, биштоб, бидуни таъхир биштоб! Ба қадри кофӣ аз дасти одамакҳои одамхор улфату кулфате бурдӣ, кунун нуктаро нуқта бигзор, чун барои оне шабу рӯз ранҷ мебарӣ, ки имрӯз подош туф ба ту гуфта, ба бозор баромада, мехоҳад савдои виҷдону номус ва ниҳоят инсониро дар миён гузорад. Акнун, киё Авҳадӣ, донистӣ чӣ касоне, дар либоси қарину ҳамдилу ҳамроз бо ту дар набардгоҳи виҷдони инсонӣ дастбагиребонанд?

Вале ёдат наравад, ҳеч гоҳе дурушт магӯ аз оне, ки туро боре аз дасти танҳоӣ раҳо кардааст, зеро ӯ сабаб шуд, то ту донӣ аслан танҳоӣ чист ва ниҳоят ба қадраш бирасӣ.

Лек аз табору нотабор канортар бирав. Касе барои касе коре ё дасте намегирад, агар дар куҷое ин афсонаро бишнидӣ, бар даҳани афсонагӯ ду муште бизан. Дигар ҳеч азизе ғайр аз танҳоӣ дар ин дунё надорӣ, зеро туро танҳоӣ ба чӣ шакле наоӣ ё набошӣ, танҳо нагузоштааст. Барои танҳоӣ сӯхтан авлотар аз он, ки… танҳоӣ туро интизор асту оғӯш бароят боз карда, то туро оғӯш гирад ва бо ҳам суруди “Ман ошиқи танҳоиям…”-ро ово дардиҳеду гӯши фалакро зи наъраи худ кар кунед ва ту аз он ки танҳоиро як бор танҳо гузошта, фиребашро хӯрдӣ, хиҷолат бикаш…

Зоҳири САЙФУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here