Гумроҳие, ки аксарияти гумроҳонро ба доми худ мекашад

Агар дар зиндагӣ камбудиву номуваффақӣ намебуд, ҷомеа бо муваффақиятҳояш ҳеҷ маъние намедошт. Маҳз мушкилиҳо ҳастанд, ки оламро рангинтару ҷолибтар сохта, онро аз якрангӣ наҷот медиҳанд.
Дар ҳақиқат, ҷомеаи имрӯз тараққикардаистода дар вазъиятест, ки ҳама бояд мустақилона фаъолият намуда, мақсадҳои мехостаи худро амалӣ созанд. Яке дар орзуи журналист шудан, дигаре орзуи вазир шудан, дигаре хоҳиши соҳибкор будану нафари дигар завқи сарояндагиро ба худ лоиқ мешуморад. Бо ҳамин мақсад одамон дар роҳҳои гуногуни зиндагӣ ҳаракат намуда, ҳаёти худро сипарӣ карда истодаанд.
Дар ёдам ҳаст, ки рӯзҳои аввалини дар шаҳр истиқомат доштанам бо чӣ гуна гумроҳиҳо рӯ ба рӯ шудам. Рӯзҳо ниҳоят вазнин мегузаштанд. Бо мақсади таҳсил кардан ҳар рӯзро ним дар донишгоҳу ним дар китобхонаву ним дар кӯчаву ним дар хобгоҳ сипарӣ менамудам. Як рӯз аз назди бозори “Саховат” мегузаштам, ки чашмам ба гуруҳи одамоне афтод, ки яке дигареро тела дода, бодиққат банди тамошо буданд. Банда «бенасиб намонам» гуфта, ба назди он гуруҳи одамон рафта, чанд лаҳза тамошо кардаму мақсади асосиро фаҳмидам. Алик — малик. Як нафар дар даст се қуттичаву як тӯбча дорад ва бо ҳиллаву найранг мардумро гумроҳ намуда, аз сустии онҳо истифода бурда, маблағҳои онҳоро гирифта истодааст. Худ ба худ фикр карда гуфтам, ки «наход одамон то ин дараҷа гумроҳ бошанд, ки бо фикру хаёли маблағи муфт ба даст овардан маблағҳои бо заҳмат ба даст овардаи худро аз даст диҳанд?».
Дар ҳақиқат беинсофӣ то он дараҷа тараққӣ кардааст, ки агар ба тудаи чунин одамон афтӣ, ҳатто “маҷбурӣ ” аз боигарии кисаат халос шуда, бо даст холӣ ба хона бармегардӣ.
Дар минтақаҳои сераҳолии шаҳр як миқдори одамон бо истифода аз бозии «алик — малик» зиндагии худро пеш бурда истодаанд. Аслан, он бозиро танҳо як нафар пеш бурда наметавонад, чунки худ гумроҳ мешавад. Ба ҳамин хотир, масъули бозӣ ду-се нафарро ҳамчун бозингар ва ё “шпаргалка” барои гумроҳ кардани дигарон истифода мебарад. Тасаввур кунед, як донишҷӯйе, ки аз деҳа бо мақсади таҳсил ба шаҳр омадааст, чи тавр гумроҳ мешавад? Нохост ба ин гуруҳи одамон рӯ ба рӯ шуда, мебинад, ки якчанд нафар дар як дақиқа соҳиби 20, 50, ҳатто 100-у 200 сомонӣ шуда истодаанд. Ба хотири маблағи иловагӣ ба даст овардан ба бозӣ шомил шуда, аз маблағҳои дар даст доштааш бенасиб мемонад. Ҳол он ки, намедонад он одамоне, ки пул ба даст меоварданд, ҷӯраҳои шахси масъул ҳастанд.
Инсон вақте дар зиндагӣ як бор пешпо хӯрд, кӯшиш мекунад бори дигар пешпо нахӯрад, чунки афтоданаш мумкин. Вақте сахттар афтод, боз бархестанаш мушкил. Ба ҳамин хотир, ҳар як нафаре, ки аз деҳа ба шаҳр меояд, ҳатман бо ин хел гумроҳиҳо рӯ ба рӯ мешавад. Дар он ҳолат бояд кӯшиш намояд, ки ба доми ин гуна найрангбозон наафтад.
Ҳукумат ҳамеша барои ободониву орому осуда зиндагӣ кардани аҳолӣ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад. Хуб мешавад, ки нисбати ин масъала аз тарафи намояндагони дахлдор чораҳои зарурӣ андешида шаваду ин камбудиҳову найрангбозиҳое, ки ҷомеаро халалдор мекунанд, роҳҳои ҳалли худро ёбанд. Дар ин ҳолат на дигар он найрангбозон мардумро фиреб карда дар номаи аъмоли худ гуноҳ сабт менамоянду на дигар мардуми зудгумроҳшаванда ба ин найрангбозон рӯ ба рӯ шуда, гумроҳ мегарданд.
Умуман, ислоҳи ин камбудӣ дар ҳама ҳолат ба манфиати ҳамагон аст.

Мунавваршо ПИРОВ,
Мактаби рӯзноманигории назди МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here