Рӯзҳои аввали хониш, ки ба худ як дунёи дигаре дорад, барои донишҷӯйи нав — ин талош баҳри дарёфти дӯсту рафиқ мегардад, аммо ногаҳ бо каме нофаҳмияшон ё иштибоҳи ночиз эшонро толибилмони болоӣ “абугаранг” гӯён таъна мезананду масхара мекунанд, ки ин амал боиси нороҳатии навомадаҳо мегардад.

Ҳайрон машав, хонандаи азиз, яқин, агар ту донишҷӯ бошӣ ё дар гузашта будӣ, вале на дар оянда хоҳӣ шуд, албатта ин калимаро бисёр шунидӣ ва мешунавӣ. Зеро аллакай ин арфаизм дар мағзи сари мардум ҷой шудааст ва онро баровардан ғайри имкон аст. Мутаасифона, шахсе, ки маҳз ана ҳамин калимаро истифода мебарад, як бор фикр намекунад, ки дар гузашта худ низ мисли ана ҳамун “абугаранг” буд.
Бечора донишҷӯйи навомада дар ҷустуҷӯи синфноха мушкилӣ мекашад, дар аввалҳои лексияҳо аз таъсири зиёд навиштан қалам аз дасташ меафтад, забони муаллимонро намедонад, аз таҳдидҳои бардурӯғу бемаънӣ метарсад, эстетикаи либоспӯширо намедонад, ҳатто нақлиёти мусофирбари самти муассисаи таҳсил мекадаашро ёфта наметавонад. Ин чанд ноҳамвориҳое буд, ки номбар кадем ва навомадаҳо бояд инҳоро тай кунанд. Ҳоло барои хонандаи азиз саргузашти як “абугаранг”-еро пеш меорам, ки хело ҷолибу хандаовар аст:
Донишҷӯйдухтар ҳамроҳи модараш рӯзи аввали таҳсил ба донишгоҳ меоянд. Пас аз шиносоӣ устод духтарро ба як синфхона мебарад ва “анна, инҳо ҳамкурсони ту ҳастанд, минбаъд бо ҳаминҳо таҳсил мекунӣ” мегӯяду баромада меравад. Духтар мизеро ба худ ихтиёр карда, менишинад. Вақти танаффус ҳама ҳамкурсонаш бо ҷузвдонҳояшон баромада мераванд. Аммо донишҷӯйдухтар бошад, синфхонаро тарк накарда менишинад ва толибилмони дигар гуруҳ омадаву соати дарсиашонро хонда рафтан мегиранд. Ҳамин ҳол ду-се рӯз давом мекунад ва модар аз духтар чӣ тавр будани таҳсил дар донишгоҳро пурсон мешавад. Дар ҷавоб духтар “ҳамааш хуб аст, аммо инҷо ҳамкурсҳоят дар ҳар танаффус иваз мешудаанд” мегӯяд. Модар ин ҳолро фаҳмида, ба муаллими дарсдиҳанда вазъиятро мефаҳмонад ва устод минбаъд ҳамроҳи ин донишҷӯй як духтареро мутасаддӣ мекунад, ки “ту ҳаминро ҳамроҳат гирифта гард”.
Шояд бисёре аз шумо бовар накунед, аммо ҳақиқати ҳол аст. Дар ин давраи гузариш ба сари донишҷӯён ҳама кор меояд, аммо баъди “хар аз об гузаштан” олами зоҳириву ботинии ин шахсон ба куллӣ тағйир меёбад. Дарсгурезӣ, бетарбиягӣ, арӯсбозӣ, сигоркашӣ, бадахлоқиро гуруҳе аз ин “абугаранг”-ҳое, ки ҳатто раҳи ҳоҷатхонаи факултаро намедонистанд, ихтиёр мекунанд. Дигар барои ин гуруҳ на хондан қадр дораду на муассисаи таълим мегирифтаашон, зеро инҳо худро “гурги борондида” меҳисобанд. Ҳеҷ боке надорад, “ҷангал бе хуку хирс намешавад” мегӯянд, бигзор бошанд, аммо аз набудану будани ин қабилҳо ягон нафъе ба ҷомеа нест. Пас, чаро касе даҳон боз намекунад ва аз пайи ислоҳсозии ин гуруҳи донишҷӯён намеафтад, то ба дигар толибилмон сабақ шавад? “Харбуза аз харбуза ранг мегирад” гуфтаанд. Албатта, ин дарсгурез рӯзе рафиқе ба худ меёбад ва ин рафиқ боз бо дигаре риштаи дӯстӣ мепайвандад ва оқибат мебинед, ки донишгоҳро ҳама дарсгузезу сигоркашу бесаводон иҳота кардаанд.
Агар “гурги борондида шудан” ҳамин бошад, пас ман аз ҳамин гург он “абугаранг”-и аввалро авло медонам.

Нуралӣ КАРИМ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here