.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Нигоҳи хос

Шумо дар Нигоҳи хос

Ҳақиқат

Март 03, 2018 Диданд: 501
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Монолог

«Ҳақиқат қат мешавад, аммо намешиканад».

Ҷумъаи Толиб

Яке аз беҳтарин ва арзишмандтарин нукоте, ки дар боби ҳақиқат шунида будам ва онро ба воқеият наздик дарёфтам, ҳамин гуфтаи такрор ба такрори устодам Ҷумъаи Толиб (равонаш шод бод!), як нафар ҳуқуқшинос ва рӯзноманигори тоҷики пуртаҷриба, заҳматкашида, ранҷдида, аммо заминиву зиндадил, хоксору раҳмдил, ватандӯсту мулоҳизакору оянданигар буд, ҷаноби Хоҷаев. Ӯ ҳамеша ба одамгарӣ таъкид мекард, дурӯягиро дӯст намедошт, мехост, ки ҳангоми баррасии мавзуҳои нозуки журналистӣ ҳамеша бо ҷиддият ва таҳлили амиқ, бо факт сарукор гирем.

Бале, бо гузашти рӯзу моҳу солҳо, насӯхтем, аммо пухтатар шудем. Донистем, ки зери мафҳуми «қат нашудани ҳақиқат» ҳикмате нуҳуфтааст. Фаҳмидем, ки ҳар як шахс дар ҳолатҳои баҳснок ҳақиқати худро пеш мегузорад ва худро ҳақ мешуморад. Ба қавле, касе намехоҳад дӯғи худро турш гӯяд. Аммо, хоҳу нохоҳ ҳақиқат рӯзе ба суроғи нафари ҳақпараст меояд.
Аслан, ҷое, ки баҳс ба миён меояд ва ҳангома бармехезад, билфосила ҳақиқату дурӯғ ба ҳамдигар дармеафтанд. Воқеан, дар ин сурат ташхис кардани вазъият мушкил аст. Аммо, бояд донист, ки вақте баҳс барпо мешавад, норушаниҳо равшанӣ ва ноадолатиҳо адл дармеёбанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «ҳақиқат зодаи баҳс аст». Ва ҳам ин нуқтаи назари рӯзноманигори украинӣ Леонид Сухоруков, ки «вақте ҳар як нафар ҳақиқати худро дорад, аз куҷо сар задани дурӯғ маълум мешавад» мавқеъ пайдо мекунад.
Вале ҳоло нигаронии ман аз дигар чиз аст, дӯстам Хоҷаев! Масалан, ман, ту, ӯ, онҳо, ҳама хатоҳои худро медонем. Касе гуноҳи моро аз мо пештар ва бештар ошкор карда наметавонад. Барои мо чун рӯз равшан аст, ки чӣ гуноҳе содир кардаем ва пайомади он чист. Пас, беҳтар нест, ки сари вақт, пеш аз он, ки моҷароҳо бармехезанду миёни талотумҳо мо бо онҳо (шахсоне, ки ноҳақ мешуморем) даргири муҷодала мешавем, айби худро иқрор намоем? Ин хуб аст. Аммо ҳақиқат ин аст, ки ҳар яке аз мо ба худ якравии хос дорем ва то охир бояд якравӣ кунем. То он вақте, ки ё пирӯз шавем ва ё мағлуб гардему сарафганда ва биниамон хоки рӯи роҳро харошад.
Падари бузургворам як одати наҷиб дорад, рафиқ Хоҷаев. Дар ҳолатҳое, ки нофаҳмие пеш меояду гунаҳгори қазия маълум нест, дархост мекунад, то нафари гунаҳгор ба айбаш иқрор шавад. Вақте шахси гунаҳгор ба айбаш иқрор шуд, мегӯяд: «Дигар ин корро накун». Тамом. Ба ҷуз ин нутқ, дигар гуфтумоне дар миён намемонад.
Аслан, ман ҷонибдори шаффофияти виҷдони ҳар як нафарам. Яъне, мехоҳам азоби виҷдон ҳамаро азоб диҳад. Касе, ки азоби виҷдон намекашад, наметавонад аз виҷдони дигарон ва амали фитрии онҳо ёдрас шавад. Зиёд мехоҳам, ки ҳар касе гуноҳе содир кардааст, назди виҷдонаш ба андеша фурӯ равад. Андешад, ки оё воқеан ба ҷои ӯ бори гуноҳ кашидани шахси бегуноҳе шоиста аст? Масалан, ман инро намехоҳам. Намехоҳам, ки вақте амале ноҷо ва гуноҳе содир кардаам, ба ҷои ман як нафари бегуноҳ ҷазо бигирад, ё ҳадди ақал гӯшона шунавад. Ман аз ин тарз ранг гирифтани вазъият дар хиҷолат мемонам. Мисле, ки донишманди забардаст Унсурулмаолии Кайковус гуфтааст: «Ҳақиқат ангоштани дурӯғе, ки маълум аст, аз беҳаёӣ бадтар аст». Ва ҳам, он илтифоту тавсифи дурӯғин, ки нисбатам садо медиҳад, маро хиҷил мекунаду нохушоянд аст. Аммо, вақте дар нисбати худ тавсифи ҳақиқиву ростинро мешунавам ва медонам, ки он воқеист, илҳом мегирам. Ҳар як инсон чунин кайфиятро қоил аст. Ин ҳақиқати бебаҳс аст.
Фикр мекунам, ки аз ту бештар ҳам набошад, баробар таҷрибаи зиндагиро омӯхтаам ва ба неку бади зиндагӣ то ҷое сарфаҳм меравам, ҷаноби Хоҷаев. Ҳам медонам, ки зиёд нафарони ростгӯ дар зиндагӣ ба мушкилот дучор меоянд. Аммо ин маъноеро надорад, ки аз тарс дурӯғу чоплусиро ҷойгузини ҳақиқат намоем ва худро хандасор созем.

Фазлиддин АСОЗОДА, «ФАРАЖ»

Тағйироти охир Шанбе, 03 Март 2018 17:25
Хонданд 501
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.