.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Нигоҳи хос

Шумо дар Нигоҳи хос

МӮЙбизнес

Нояб 18, 2017 Хонданд: 357
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Ҳамарӯза дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи он занҳо, аксаран аз табақаи лӯлиҳо, бо карсончаю кафгир, табақу коса ва дигар ашёи аввалиндараҷаи рӯзгор бо овози баланду гиро «мӯйи сар мехарем» гӯён, мегарданд. 

Барои аксарият ин кори онҳо ҳайратовар ва ҳатто ғазабовар аст, аммо барои бархеҳо ин як намуди «даромади бе дарди миён» дар хона аст. Ё ба қавли ҳамсоязанамон, «бе ваям ҳамон мӯйҳои рехтаамонро дар замин гӯр мекунем. Магар хуб нест, ки онҳоро диҳему як ҷиҳози рӯзгорамон шавад?». Шояд ин гапи зан рост бошад. Чун шароити имрӯз ба ҳама маълум аст. Хусусан дар фасли сармо вақте «сезон»-и кори мардикорони тоҷик дар Федератсияи Русия ба поён мерасад, аксаран ба хонаҳояшон бармегарданд ва то фасли гармо бекоранд. Аммо оиларо бояд хӯронду пӯшонд, зеро занҳо низ дар фасли сармо бекоранд. Дар ин сурат ҳар даромади ночиз барои оила ҳатто ба евро баробар аст.
Аммо чизе, ки шояд дар назари аввал ночизу назарногир менамояд, ин асрор ё худ талаботи аҷиби мӯйхарон дар рафти харидуфурӯш аст. Инак, диққат кунед:
1. Мӯй бояд буридагӣ набошад.
2. Мӯй бояд тарошидагӣ набошад.
3. Мӯй фақат ва фақат дар рафти шона кардан рехта бошад.
4. Мӯй аз 20 см кӯтоҳ набошад.
5. Мӯй рангкардагӣ набошад (ба истиснои ҳино).
6. Мӯйи ҳар кас дар алоҳидагӣ ҷамъ шуда бошад.
7. Мӯйи мард қатъиян қабул карда намешавад.
Ин шарту шароит одамро ба шубҳа меандозад, зеро агар онҳо мӯй мехаранд, фарқ дар чист, ки онро бо қайчӣ буридаанд ё бо поку тарошида? Дар бораи мӯйи рангкардашуда бошад, хомӯширо авло медонам.
Аммо ин аввалин шубҳа вобаста ба «мӯйбизнес» нест. Ҷиҳати аз ҳама шубҳаноктарини ин тиҷорат дар он аст, ки мӯйфурӯшон мегӯянд, ки аз мӯй дар Хуҷанд жемпиру рӯймол мебофанд. Вале дар натиҷаи кунҷковии мо маълум гардид, ки дар Хуҷанд ягон хел корхонае нест, ки аз мӯйи сар (?!) рӯймол ё жемпир бофад. Болотар аз ин, коршиносони ин соҳа моро бовар кунониданд, ки ин сухани мӯйхарон ягон асоси воқеӣ надорад, зеро аз мӯйи сари инсон дар соҳаи бофандагӣ ягон кор карда намешавад, на жемпир бофтан, на рӯймол ё чизи дигар. Зеро андозаи мӯйи инсон хеле борик ва барои дастгоҳи бофандагӣ хатарнок аст.
Як ҷиҳати муҳими дигар дар дурӯғ будани жемпиру рӯймолбофӣ дар Хуҷанд он аст, ки дилхоҳ масолеҳи пӯшиш аз мӯйи сари инсон одами аз ин маҳсулот истифода намударо ба касалиҳои пӯст ва ҳатто ба песӣ мерасонад.
Бофандаҳои дастӣ низ мегӯянд, ки ин кор ношуданист, зеро чандин тори мӯй даркор аст, то ба як тори риштаи бофандагӣ баробар шавад. Болои ин, мӯйи инсон хеле нозук аст ва он наметавонад барои бофтани чизе тобовар бошад. Боз мӯе, ки дар вақти шона кардан мерезад (ба гуфти бибиҳои солхӯрда), «он мӯйи аз амал мондаи мурда ва нолозим аст».
Пас суоле ба миён меояд, ки барои «мӯйбизнес» «мӯйи мурда» чӣ лозим аст?
Бархе шубҳа доранд, ки он мӯйҳоро парик мекунанд. Шояд, аммо барои парик кардан, баръакс, мӯйи буридаи ба танзим овардашуда ё мӯйи тарошидашуда лозим аст. Зеро, масалан дар Чин дар буткадаҳо аснои маросими динӣ мӯйҳои соҳибдинҳоро ё бурида, ё тарошида, ба корхонаҳои париксозӣ мефиристанд ва маблағи ҷамъшударо барои осебдидагони ин ё он ҳодисаи фоҷеавии табиӣ интиқол медиҳанд. Аммо дар коргоҳҳои париксозӣ ҳеҷ гоҳ мӯйи аз зарби шона рехтаро роҳ намедиҳанд.
Охирин ақидае, ки дар зеҳни «занакҳои лаби об» давр мезанад, ин аст, ки лӯлиҳо аксаран ба дари мардум омада, «фол мебинам, бахт мекушоям, гармию хунукӣ мекунам» мегӯянд, шояд барои ҷоду истифода кунанд? Мо ин ақидаро низ таҳлил намудем, аммо мутаассифона бошад ё хушбахтона, ин ақида низ ғалат баромад. Ҳайрон нашавед, танҳо пурсед, ки чӣ тавр? Ҳамин хел. Аввал ин ки, барои ҷоду мӯйи сар танҳо дар се ҳолат ба кор бурда мешавад: (Аз рӯйи маълумотҳои бобати ҷоду дар шабакаи умумиҷаҳонии Интернет овардашуда):
1. Барои касалиро аз як кас ба каси дигар гузаронидан.
2. Барои соҳиби мӯйро ба каси дигар «гарм» кардан.
3. Барои ба ҳалокат расонидани соҳиби мӯй.
Аммо дар ҳар се ҳолат ҳам донистани номи соҳиби мӯй ҳатмист ва тоҷирлӯлизанҳои соҳаи «мӯйбизнес» номи ин қадар одамро намедонанд ва донистан ҳам намехоҳанд. Барои онҳо муҳим ҳарчи зиёдтар ба даст овардани мӯйи сари дар вақти шона кардан рехташуда аст.
Пас, мӯйи сари «мурда»-и табиии рангнакардаи занҳои тоҷик барои кӣ ва чӣ лозим аст? Ин суолест, ки сари он бояд ҷиддан андешид.

Фарангиси ФАРМОН

Тағйироти охир Шанбе, 18 Ноябр 2017 13:15
Хонданд 357
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.