.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Нигоҳи хос

Шумо дар Нигоҳи хос

МАСЛИҲАТ

Янв 05, 2019 Хонданд: 237
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
МАСЛИҲАТ

Аз дидаву шунида

 

Салом, хонандагони гиромии ҳафтаномаи «Фараж»!

Мо аз ин лутфи Худованд, ки насиби бо ҳам дар иртибот буданро ба мову шумо ато кард, бениҳоят хурсанд ва сипосгузор ҳастем. Дар ин ҷо, ки шумораи нахустини “Фараж” дар соли 2019 аст, тасмим гирифтем дар бораи як иқдоми нави ҳафтаномаи “Фараж” бо шумо маслиҳат кунем.

Новобаста аз он, ки ба ҷомеаи насиҳаткуну насиҳатшунави мо ҳамарӯза шамолу борони насиҳатномаҳо мерасаду аз бародари хурдӣ сар карда, то бибиву бибикалонамон бо андарзномаҳояшон кӯшиши моро ба роҳи рост ҳидоят карданро доранд, боз агар шумо маводи яксола нашркардаи матбуоти давриро варақгардон кунед, дармеёбед, ки чандин маротиба “Гулистон”-у “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ, “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковус, “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайраҳову ҳоказо нашр шудаанд.

Ин чи хел? Бисёр сода ва осон. Ҷиҳати ба панду андарз гӯш додани ҷомеаи моро эҷодкорон ба назар гирифта, дар аксар маводи нашр кардаашон барои обдор гаштани матлабашон ҳатман иқтибосе аз андарзномаҳои мутафаккирони бузургамон меоранд ва ба ин васила тафреҳияти матлабашонро зиёд мегардонанд. Яъне, бе муҳобот, матбуоти мо соле чанд маротиба насиҳатномаҳои зиёд нашр мекунад. Аммо тавре мушоҳидаҳо нишон доданд, насли ҷавони мо, хусусан нафароне, ки таҳсил кардан мехоҳанд ё таҳсил карда истодаанд ва ё таҳсилро тамом кардаанд, чи кор кардану ба куҷо рафтанашонро намедонанд. Ин аз он сарчашма мегирад, ки аз куҷо оғоз кардани зиндагии навро намедонанд.

Инро мо ба назар гирифта, мехоҳем аз ин ба баъд зери рубрикае, ки айни ҳол ин матлабро хонда истодаед, матолиберо нашр кунем, ки сода, равон, фаҳмо, шаффоф, рӯзмарра бошад ва то андозае барои дарёфти мақсаду баҳонаи аслии зиндагии ҷавонон мусоидат кунад.

Сараввал бояд тазаккур диҳем, ки мо ба воситаи матолибамон касеро насиҳат карданӣ нестем ва ҳар чизе, ки нашр мешавад, хосияту оҳанги маслиҳатӣ дорад. Ҳамчуноне, ки ҳоло бо шумо маслиҳат дорем. Қабул кардану накардан - ин кори шумост. Ҳатто мо бисёр хурсанд шуда, худамонро муваффақ меҳисобем, агар калима, ибора ё ҷумлаи матолиби минбаъдаи рубрикаи мазкур ба мушкилию нофаҳмии шумо ёрӣ расонида тавонад. Мақсад якест, ки он ҳам бошад, руҳу ҷон ва забону дилро як кардан аст.

Ин рубрика хусусан барои нафароне пешбинӣ шудааст, ки барои нафасҳои боқимондаашон баҳонаи зиндагӣ мекобанд, худашонро ба нақшаву нақшаро ба худашон мутобиқ кардан мехоҳанд, кӯшиши идора кардани нафс ва иродаи худро доранд, ба технологияи муосир аз равзанаи дигар, ки танҳо фоидаовар аст, назар кардан мехоҳанд, тақдирро аз интихобу интихоби нодурусташонро аз тақдири рост ҷудо карданиянд ва мехоҳанд худро шиносанду ба дигарон кӯмак кунанд. 

Ба гуфтан ҳама чизу ҳама кор сода ва осон менамояд, аммо дар амалия онро татбиқ гардонидан корест басо мушкил. Мо танҳо ба он умед мебандем, ки Худованд амонати додаашро тӯли соли ҷорӣ пас намегирад ва заррае ҳам бошад, барои ташаккул ва инкишофи руҳии ҳамдигар кӯмак хоҳем кард.

Ҳеҷ гоҳ барои аз варақи сафед оғоз кардани зиндагӣ ва умре, ки дар пеш доред, дер намешавад. Танҳо ғурурро, ки аввалин ва манфуртарин душмани мост, як сӯ гузошта, варақи нав гирифта, аз соли нав кору пайкори навро оғоз кардан лозим меояд. Ҳеҷ гоҳ дер намешавад, агар лаҷоми нафс ва ирода дар дастамон бошад. Ҳеҷ гоҳ дер нашудааст, агар ки ҳоло синну соли шумо ба 20, 30, 40 ё 50 ҳам расида бошад. Ҳеҷ гоҳ дер намешавад, агар дар қалб шуълаяке барои фардои беҳтар дошта бошем. Ҳеҷ гоҳ дер шуданаш мумкин нест, агар худро махлуқи Худо мешуморем...

Умед мебандем, ки имсол моро ҳамроҳӣ мекунед.

Сино ТОҲИРОВ

Тағйироти охир Шанбе, 05 Январ 2019 16:09
Хонданд 237
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

1 Назар

  • Санг Пушт Паём аз Санг Пушт Сешанбе, 08 Январ 2019 10:07

    “Гулистон”-у “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ, “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковус, “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайраҳову ҳоказо ба хайр, баъзехо сафсатахои дархам бархами худро бо суханони Макиавелли, Вебер, Моска, Элгози, Платон, Эйнштейн, Шекспир, Свифт оро дода буданд. Хатто як нафараш васиятномаи худро бо суханони Стив Ҷобс, миллиардер сар кардааст.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.