.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Нигоҳи хос

Шумо дар Нигоҳи хос

«ОРЗУИ МУШКИЛ»-И ЖУРНАЛИСТОН

Нояб 10, 2018 Хонданд: 180
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
«ОРЗУИ МУШКИЛ»-И ЖУРНАЛИСТОН

Чунин ба назар мерасад, ки бо вуҷуди ифшокунандаи камбудиҳо ва мушкилкушои аҳли ҷомеа буданашон журналистони тоҷик (онҳое, ки маскуни пойтахтанд) дар мавриди насби чароғак ва ё кашидани аломати пиёдагузар дар рӯ ба рӯи нашриёти «Шарқи озод» (макони асосии фаъолияташон) оҷиз мондаанд. Журналистонро аҳли ҷомеа аксар маврид чун такягоҳ эътироф намудаву муътақиданд, ки эшон дар ҳалли кулли мушкилот «дасти дароз» доранд. Далели возеҳи ин гуфта муроҷиатҳои зиёди шаҳрвандон ба идораи рӯзномаву ҳафтаномаҳо буда метавонад. Ағлаб вақт охирин умеди мардум дар ҳалли ин ё он мушкилот низ журналистон маҳсуб мешаванд. Набудани чароғаки роҳнамо ва ё аққалан аломати пиёдагузар (зебра) дар рӯ ба рӯи нашриёти «Шарқи озод» ба хотирам мақоли русии «музадӯз бо пойи бараҳна»-ро меорад. Шояд баъзе «ҳамадон»-ҳо баъд аз мутолиаи матлаби мазкур иддао намоянд, ки набудани чароғаки роҳнамо ва ё аломати пиёдагузар дар аксар гӯшаҳои пойтахт падидаи маъмулӣ буда, аз он «фоҷиа сохтан» чандон дуруст нест. Ба «хотири муборак»-и чунин нафарон мерасонем, ки ин мушкил воқеан ҳам ҷиддӣ маҳсуб шуда, ин мавзеъ махсусиятҳои худро дорад. Аввалан, роҳи мазкур аз масире мебошад, ки шиддати ҳаракати воситаҳои нақлиёт хеле баланд буда, маҳз ҳамин омил сабаби ба мушкил мувоҷеҳ гардидани шаҳрвандон ҳангоми гузариш аз ин тарафи роҳ ба он ҷониб гардидааст. Аз ҷониби дигар, эътироф бояд кард, ки фарҳанги ронандагии баъзе «чобуксаворон»-и мо «ба ҳар ду по мелангад» ва онҳо шояд «муътақиданд», ки дар сурати роҳ доданашон ба пиёдагардон аз ҷониби онҳо «замин омада ба осмон мечапад». Ин аст, ки кормандону корафтодагони «Шарқи озод» барои аз роҳ гузаштан хеле мунтазирӣ мекашанду ҳангоми гузариш медонанд, ки «дар сари мижгон чу ашк истодаанд». Мутассифона, ин вазъият касеро ба ташвиш наовардаву шояд дар гӯшаи хаёли касе аз масъулин ҳам нест. Борҳо шоҳиди он будам, ки журналистони ба истилоҳ «саршинос» низ бо мушкилӣ роҳро убур менамуданд ва интизор мешудам, ки ҳатман ҳафтаи оянда оид ба ин мушкил «нигаронӣ» менамоянд. Аммо афсус… Тибқи маълумоти расмӣ, дар мамлакат теъдоди нақлиёти шахсӣ зиёда аз 500000 ададро ташкил дода, ин нишондиҳанда мунтазам рӯ ба афзоиш аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасии кулли қишрҳои ҷомеа ба воситаҳои нақлиёт тамоми шароит, аз ҷумла заминаи қонуниро фароҳам овардааст ва маҳз ин омил боиси тамоюли афзоишро касб намудани шумораи автомобилҳо дар кишвар гардид. Дар ҳоле ки аксари кишварҳо барои воридоти воситаҳои нақлиёт, вобаста ба соли истеҳсолашон, як силсила маҳдудият ҷорӣ намудаанд, Роҳбари давлат бо такя ба арзишҳои раиятпарварӣ ин пешниҳодро, ки аз ҷониби як идда, зимни мулоқот бо соҳибкорон садо дода буд, рад намуд. Табиист, ки дар ин замина, яъне афзоиши бесобиқаи теъдоди воситаҳои нақлиёт масъулият ва вазифаҳои кормандони Бозрасиии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии мамлакат зиёд гардида, аз онҳо тақозо мешавад, ки фаъолияташонро дар сатҳи хуб, сифати баланд ва ҷавобгӯйи талаботи ҷаҳони муосир роҳандозӣ намоянд. Масъулини соҳаро лозим намеояд, ки барои ҳалли ин мушкил, яъне насби чароғаки роҳнамо ва ё кашидани аломати пиёдароҳ «Амрикои нав кашф намоянд». Муътақидам, ки амалӣ намудани иқдоми мазкур барои мақомоти фавқуззикр ягон мушкилӣ нахоҳад дошт, зеро шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки рӯз то рӯз иқтидор ва имконоти молиявии кишвар, аз ҷумла ҳаҷми маблағгузории сохторҳои фавқ афзуда, масъулин вазифадоранд, ки онро мақсаднок истифода намоянд. Итминонам комил аст, ки масъулин барои ибтикореро дар робита ба масъалаи мавриди назар амалӣ накардан баҳонаҳои зиёд, амсоли дар наздикӣ воқеъ будани роҳи зеризаминӣ, дар ин мавзеъ пешбинӣ нашудани чароғаки роҳнамо ва ё кашидани аломати пиёдароҳ пеш меоранд. Вале ҳама хуб медонем, ки ба ғайр аз марг ҳама мушкилро илоҷ аст, ба шарте завқ бошаду рисолату ваколат дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро гардад. Чанде пеш дар рӯбарӯи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 –и шаҳри Душанбе бинобар мавҷуд набудани чароғаки роҳнамо ронандаи худхоҳе, ки бо суръати баланд ҳаракат дошт, се нафарро пахш намуд. Дар натиҷа, хонандаи муассисаи зикршуда Карима Қурбонова дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ду нафар ҳамсабақаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Нуктаи муҳим ва ҷолиб он аст баъд аз ин ҳодиса филфавр масъулин пайи насби чароғаки роҳнамо шуда, дар як муддати кутоҳ ин масъала роҳи ҳалли худро ёфт. Худо накунад, ки масъулин дар мавриди чароғаки роҳнамо ва ё кашидани пиёдароҳ дар рӯ ба рӯи «Шарқи озод» низ мунтазири чунин паёмад бошанд. Вагарна… 

Далер Мерганов, журналист

Тағйироти охир Шанбе, 10 Ноябр 2018 17:00
Хонданд 180
Баҳо диҳед
(1 _)

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.