.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Нигоҳи хос

Шумо дар Нигоҳи хос

МАНСАБ ВА ШАХСИЯТ

Окт 22, 2018 Хонданд: 441
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
МАНСАБ ВА ШАХСИЯТ

Имрӯз тасодуфан бо мансабдоре вохӯрдам. Дурусттараш, ӯ ба ҳуҷрае, ки ман корафтода будам, ворид шуд. Ӯро солҳои тӯлонӣ мешинохтам ва вай низ бо ман салому алейк буд ва то ин вақт эҳтиромам мекард. Ман аз ҷой бархоста, бо ӯ дастакӣ салом кардам. Ӯ хомӯшона ба ман даст дод, ки гӯё намешиносадам. Ман ҳам сир бой надодам, гӯё ки бори аввал медидамаш. Ӯ ҳамагӣ чанд моҳ қабл дар вазифадорӣ як зина болотар рафта буд. Шояд ҳоло ӯ осмонро зери по медид, ки одоби эҳтироми шахсро аллакай фаромӯш карда буд. Маълум шуд, ки вай ҳам ба мисли ман ба маҷаллаи илмӣ мақола овардааст. Барои мансабдор буданаш ҳурматашро ба ҷо оварда, аввал кори вайро иҷро карданд. Шояд ӯ акнун «одами калон» шуда буд, ки хайру хушро насия карда,  баромада рафт.

Ман аслан чун шиносону дӯстон мансаб гирифтанд, ба табрикашон намеравам. Агарчӣ баъзеҳо хафа ҳам мешаванд. Бинобар ин, дӯстони бисёр наздикро занг зада, табрик мегӯям. Дар кӯча мансабдори шинос тасодуфан вохӯрад ҳам, ба пешвозаш ё дастбӯсиаш намедавам, то гумон накунад, ки коре дораму манфиатҷӯӣ мекунам. Чун аз мансаб рафтанд, боз ба мисли қаблӣ муносибат мекунам. Зеро акнун онҳо медонанд, ки аз дасташон дигар «хизмат»-е намеояд ва муоширати мо воқеан ҳам, самимӣ аст. 

Афсӯс, ки бо баъзеҳо як пуд намак хӯрӣ ҳам, боз симои аслиашонро намедонӣ. Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки «агар шахсро донистан хоҳӣ, ба ӯ сарват бидеҳ ё мансаб». Воқеан ҳам, сарвату мансаб симои ҳақиқии шахсро ошкор мекунад. 

Баъзеҳо чун ба курсии мансаб нишастанд, дигар одаму оламро фаромӯш мекунанд ва то тавонанд аз ҳамкороне, ки ӯро хуб мешиносанд ва кӣ буданашу ба вазифа мувофиқат накарданашро медонанд, бо ҳар баҳона халос мешаванд. Ин нафарон ҳамин тавр дар байни коллективе, ки онҳоро хуб намешиносанд, «шахси бузург» мешаванд. 

Тоифаи дигар чун соҳибмансаб шуд, худро пайғамбар метарошад ва агар эҳтиромаш накунӣ, ҷонаш аз бадан мебарояд. Ин гуна ашхос «худро шоҳу табъашро вазир» медонад ва дашному таҳқири зердастонашро сармашқи кор мекунад. Имрӯз, ки ҷои кор ёфтан мушкил аст, зердастон лаб зери дандон мегазанд ва чизе намегӯянд. Агарчӣ дар дил садҳо маротиба дашномашон медиҳанд.  

Аксари мансабдорон эҳтироми шахсро чун инсон фаромӯш мекунанд. Синну сол, хизмати шахсро пеши ҷомеа нодида мегиранд. Онҳо гумон мекунанд, ки ин мансаб якумрӣ ба онҳо дода шудааст. Табиӣ аст, ки агар имрӯз сари вазифа ҳастӣ, пагоҳ нафари дигар ба ҷои ту меояд. Воқеан, касе дар ин дунёи фонӣ сутун нашудааст. «Боз оянду раванд», гуфтаанд.  

Ман даҳҳо мансабдори ҷоҳилу золимро медонам, ки чун аз вазифа рафтанд, дигар касе эҳтиромашон намекард, чорқат шуда салом намедод ва онҳо, ки ба хушомаду тамаллуқ одат карда буданд, ба бетаваҷҷуҳии атрофиён тоқат накарда, сактаи қалб мешуданд, ё сактаи мағз. 

Дар ҳамин ҳол, медонам собиқ мансабдоронеро, ки аз вазифа рафта бошанд ҳам, эҳтиром мекунанд ва дӯсташон медоранд. Зеро онҳо вақти сари мансаб будан, мағрурӣ намекарданд, касеро намеранҷонданд, агар некӣ карда натавонанд, бадӣ ҳам намекарданд. Яъне, хислатҳои хуби инсониро ҳамеша дар мадди назар доштанд ва риоя мекарданд.  

Ҷовид Муқим

Тағйироти охир Душанбе, 22 Октябр 2018 16:18
Хонданд 441
Баҳо диҳед
(4 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.