.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Нигоҳи хос

Шумо дар Нигоҳи хос

ХОСта

Авг 20, 2018 Диданд: 138
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Ба дилхоҳ савол ҷавоб додан мумкин аст, агар дуруст саволгузорӣ шуда бошад.

(Платон)

Гоҳо шабу рӯзро ба як савол паси сар кардан мумкин аст. Бисёр вақт ҷавоби ин саволро ба қавле “чала-пала” меёбем, аммо на ҳамеша аз ин посух қаноатманд ҳастем. 

Сухан аз он саволҳое меравад, ки барои посух ёфтан шахс ба худ меояд, ба қавле такон мехӯрад ва иҷборан худро ба кашидани нақшае, иҷрои коре водор месозад. 

Рафту имрӯз охирин рӯзи ҳаёти ман бошад?

Ин аз зумари он саволҳест, ки шояд сари ҳар як фард чарх занад. Шояд нафароне аз он биандешанд, ки ин тарз саволгузорӣ нодуруст аст, зеро ин савол оҳанги ноумедӣ ва шикастаҳолиро дорад. Аммо ман мегӯям, ки ин фикр хатост, зеро ҳар нафари имондор бояд ҳамеша дар ҳолати “омода бош” қарор дошта бошад. Ҳамеша барои сафари охираташ тӯшаи худро дар бағал дошта бошад. 

Аксарият қабл аз дохилшавияшон ба донишгоҳу донишкадаҳои дохилу хориҷи кишвар назди худ чунин саволгузорӣ мекунанд: “чаро ман бояд панҷ-шаш соли ҳаётамро сарф карда маълумоти олӣ гирам?”

Шояд дар назари аввал ин савол сода намояд, аммо вақте  ба андеша фурӯ меравед, дарк хоҳед кард, ки воқеан ин саволи мубрам барои ҳар як донишҷӯ аст. 

Донишкада ё донишгоҳ ба мо чӣ медиҳад? Диплом барои сандуқ, дониш барои таксиронӣ, забондонӣ барои миёнарав  шудан? Агар чунин бошад, пас таҳсил ва сарфи вақти беҳуда ва банд кардани партаву мизи мактаби олӣ чӣ лозим аст? 

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола нафарони зиёде барои ба даст оварадани унвони донишҷӯӣ  кушиши зиёд ба харҷ медиҳанд ва дар сурати ноумед шудан ашки шашқатор мерезанд. 

Ҳамеша бояд як саворл мавриди назар қарор гирад: оё касбе, ки ман интихоб кардаам дар ҷомеа миранда нест ва ин касб рӯзгори маро таъмин мекунад?

Ҳар як фард бояд нотарсона ихтисоси мехостаашро интихоб кунад. Роҳбарият низ бояд ба инобат гиранд, ки кадом касбҳо мирандаанд. Дар сурате, ки як ихтисос тӯли 2-3 сол “ҷонибдор” наёфт бояд аз миён бардошта шавад. Ин ҳолат метавонад ба манфиати кор бошад. 

Касбе, ки имрӯз машғулаш ҳастам, метавонад, ки пас аз 5-10 соли дигар маро соҳиби нон гардонад? 

Саволи аҷиб. Пӯшида нест, ки имрӯз аксарият бо маоши паст кору фаъолият доранд. Бояд аз он анедешид, ки кадом касбу кор метавонад сатҳи зиндагии мардумро баланд бардорад. 

Дар охир бояд аз худ пурсид, ки оё ҳамон тавре, ки мехостам бошам, ҳозир ҳамон тавр ҳастам? Масалан, ман 5 сол пеш мехостам, ки дар як ҷо не, балки дар чанд ҷо кор кунам. Боз мехостам, ки на ман пулро, балки пул маро ёбад. Ва боз мехостам, ки дар телевизион як - ду лоиҳаи худро амалӣ гардонам.  Мутаассифона ба аксари ин саволҳо ҷавоби манфӣ меёбам. Шояд, тӯли ин муддат кам  сари ин мавзӯъ андешидаам?

Аммо нарасидан ба мақсади худ, маънои ба пуррагӣ аз ҳама чиз даст кашиданро надорад. Бояд кӯшиш кард ва ба худ боварӣ дошт, ки имсол нашуд, пас соли дигар ҳатман мешавад. 

Андеша кунед ва ба ҳар саволе, ки дар зеҳнатон пайдо мешавад посух ҷӯед!

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Тағйироти охир Душанбе, 20 Август 2018 13:54
Хонданд 138
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.