.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Нигоҳи хос

"НЕ!"

Авг 25, 2018
Хонданд: 223
"НЕ!"

"Не" - намегӯяд нафаре, ки кори мекарда надорад! Мегӯянд, шахсони хушхулқ дар зиндагӣ ҳиссачаи инкории "не"-ро истифода намекунанд. Замоне ба ин фикр розӣ будам, ҳоло қатъиян мухолифам. Зеро агар ҳамин шабу рӯз дар ҷомеаи мо "не"-ро истифода набарӣ, мисли лухтак истифодаат мекунанд!

 Ҳамарӯза метавон бо одамони зиёде дучор омад, ки танҳо аз манфиати худу хостаҳои бемавриду бамавриди худ фикр мекунанд. Ин гуна афрод одами гапгираку "хуб"-гӯякро ки ёфтанд, мисли абри сиёҳи тирамоҳӣ, беист ба сару рӯяшон хостаҳову эҳтиёҷоти худро борони "раҳмат" унвон карда, мерезанд. Дар ин росто аксарияти ҳоҷатбаророн аз овардани ҳиссачаи воқеан ҳам марҳами дардҳо - "не", ба забон шарм дошта, фикр мекунанд, ки бо рад кардани сухани мухотаб дунё барояшон дарҳояшро пӯшида, ба хоҳиши "иҷозат диҳед дароям", ҷавоби "не" медиҳад. Дар баробари таклифоту пешниҳодоти тамаъҷӯёна боз ба суроғи мо даъватҳои холисона ва меҳрубонона ҳам меоянд. Мо аз хусуси чӣ тавр ба рӯи ҳамсуҳбат нигариста, хоҳишашро рад кардан ва боз болои ин амал ӯро наранҷонидан мегӯем. Бовар дорам, аз чанд варианти зер ҳадди ақал як ё дутои он ба дарди Шумо мехӯрад. 

Аз аввали сенария оғоз мекунем. Нахуст бояд гуфтани "не"-ро хуб омӯзем. Биёед, пеш аз рад кардани хоҳиши нолозими нафаре аз эҳтиёҷҳои нодаркори худ даст бикашем. Оё метавонем, ки ба хостаҳои аз ақл беруни худ "не"-ро истифода кунем? Бояд аввал аз А то Я-и зиндагиамонро омӯзем ва аз баҳри партовҳояш бигзарем. Гузашт маънои аз нав беҳтарашро хостан аст. Муҳимият. Агар корҳои болоро ба анҷом расонем, ҳамин мафҳуми дар аввали сархат истода, тавлид мешавад. Ҳар вақте ки ба суроғи Шумо даъвате меояд то кадом андоза муҳим будани онро дар муддати то се дақиқа фикр кунед ва хулосаатонро дар мавриди қабул ё рад карданаш бароред. 

Олимон исбот кардаанд, ки агар беаҳамияту нолозим будани кори нафареро исбот карда тавонед, пас ба он нафар ҷавоби кӯтоҳи "не"-ро додаед. Коре, ки ба назаратон нодуруст аст кӯшиш кунед, нодуруст буданашро исбот созед. Шумо то ин ҷо агар қудрати ба хоҳиши худ "не" гуфтанро пайдо карда бошед ва боз балои ин аз уҳдаи муайян кардани навъу сифати хостаҳои дигарон мебаромада бошед, пас бояд қадами саввумро - "ба худ иҷозати дигаронро рад карданро диҳед», монед. Ба худ иҷозати рад кардани дигаронро додан, мисли ҳамон қадами аввалест, ки барои тай кардани роҳи дароз монда мешавад. Кӯшиш кунед, ин иҷозатро ба худатон диҳед. "Ман болои ин сухани Шумо фикр мекунам". Ин аст яке аз ҷавобҳое, ки "не"-и моро ифода мекунад. Дар аксар маврид ин ҷавоб ҳам мухотаби моро ранҷондан намемонад ва ҳам дурушт нест. 

Пеш аз "ҳа" ё "не" гуфтан, бояд ба саволе, ки «оё дахолат кардани Шумо бар зарари кор нест?», ҷавоб дошта бошед. Ҷавоби аниқ ва боваркунанда. Масалан, агар волидоне, ки худ донишгоҳ хондаанд ва ҳоло ҳам бо дафтару қалам ошноӣ доранд, дар курси якум ба таклифи фарзандашон аз "не" гуфтан гурезанду рефератҳои писарашонро ба ҷояш иҷро кунанд, яқинан, ки фарзанди "донишҷӯ"-яшон дар курси дувуму саввум хоҳиши навиштани кори курсиашро мекунад ва боз мутмаинам, ки чунин фарзанд дар курси чаҳорум рисолаи хатмашро ҳам аз сари худ соқит мекунад. Дар ин маврид метавон дилхоҳ мавзӯи муносибати волидон бо фарзандро мисол овард. 

Вале пеш аз нуқтаи охир метавон гуфт, ки дар баъзе маврид истифода накардани ҳиссачаи "не" мушкилиҳои зиёд меорад. Бо меҳрубонӣ  рад кардан беҳтар аст аз қабул кардан бо дуруштӣ. Барои фаҳмо шудани ин вариант мисоли сода овардан қулайтар аст. Дар деҳа ҳамсояи Шумо ба муддати якчанд рӯз азми сафар мекунад ва аз Шумо хоҳиш дорад, ки то омаданаш мурғҳояшро нигоҳ кунед ва бар ивазаш тухмҳои онҳоро барои худ истифода баред. Шумо агар дарҳол "не" гӯед, яқин ҳамсояатон меранҷад. Пас бояд бо меҳрубонӣ рад кард: "Раҳмат, ки ба мо бовар мекунед, вале мутаассифона қабул карда наметавонам. Бовар кунед, қудрати бардошти амонататонро надорам". Пасон, хам ба мурғхо нигохкунандаи нав меёбанд ва ҳам беранҷиш "не"-и Шумо корашро мекунад. Аз "не"-ро калону равшан истифода кардан, умуман ғамгин ё ноҳинҷор нашавед, зеро дар муқобили коре, ки охираш "туман" асту атрофиён Шуморо ба он сӯ бурданианд, беҳтарин хубӣ аст барои худи Шумо.

 Интиҳо. Дар вақту замоне, ки бояд нуқтаи охирро мемондам, як чизи дигар ҳам ба хотир омад. Бисёр хуб аст агар ҳар нафар барои худаш сарҳаде бунёд кунад ва атрофиёнаш бо назардошти он сарҳад муносибат кунанд. Сарҳади худ ва дигаронро нагзаред!

 P.S: Пас аз хондани ин матлаб мушоҳида кунед, ки вақти рад кардани хоҳиши атрофиён онхо ба Шумо чӣ аксуламале нишон медиҳанд. Агар тавонистед - хуб, вагарна Шуморо лозим аст бори дигар ин навиштаро бодиққат хонед. 

Худо нигаҳбон! 

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Хонданд 223

Сафар

Авг 25, 2018
Хонданд: 182

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Туркманистон сафар кард.

Хонданд 182

ХОСта

Авг 20, 2018
Хонданд: 226

Ба дилхоҳ савол ҷавоб додан мумкин аст, агар дуруст саволгузорӣ шуда бошад.

(Платон)

Гоҳо шабу рӯзро ба як савол паси сар кардан мумкин аст. Бисёр вақт ҷавоби ин саволро ба қавле “чала-пала” меёбем, аммо на ҳамеша аз ин посух қаноатманд ҳастем. 

Сухан аз он саволҳое меравад, ки барои посух ёфтан шахс ба худ меояд, ба қавле такон мехӯрад ва иҷборан худро ба кашидани нақшае, иҷрои коре водор месозад. 

Рафту имрӯз охирин рӯзи ҳаёти ман бошад?

Хонданд 226

Хоҳиш ва ҳадаф

Авг 11, 2018
Хонданд: 252

«Агар Шумо хоҳед, ки ҳаёти хушбахтона дошта бошед, бояд алоқаманд бо мақсадатон бошед,на ин ки бо одамон ё ашё».

Алберт Эйнштейн

Пикей (қаҳрамони асосии филми «Пикей») аз дигар Сайёра ба замин меояд. Баробари расидан ба замин аз таҷҳизоте, ки имкони ба сайёраи худ бурданашро дошт, маҳрум мешавад, аниқтараш онро мӯйсафеде медуздад. Ин замон чӣ кор кардан, куҷо рафтан, чӣ хӯрдан, чӣ пӯшидан, дар куҷо хоб кардан, бо кӣ суҳбат кардан, роҳи ҳалли мушкилашро намедонад. Ҳамин тавр, чанде дар кӯчаҳо сарсону саргардон мегардад. Барои ба сайёраи худ рафтан ба ҳама дар сар мехалонад. Аз динҳои зиёд пайравӣ мекунад. Масҷиду калисоро хона ихтиёр менамояд. Шӯъбаи милисаро ҳам чанд маротиба хабар мегирад, аммо бефоида. Илоҷи кораш нопайдо мемонад ва миёни хотирҷамъӣ ва дилозурдагияш «ҷарии бетаге» ҳосил мешавад.

Чаро инҷо Пикейро мисол овардам? Хоҳиши зиёд доштам, ки дар бораи филми «Пикей» ва қаҳрамонаш чизе бигӯям. Мехостам одами бехоҳиш ва беҳадафро нишон диҳам. Дар зиндагӣ ҳадаф муҳимтарин чизест, ки барои давоми роҳро тай намудан, бояд ҳар нафар дошта бошад. Барои мақсади худро муайян кардан беҳтарин кор ҷаҳд аст. Метавон гуфт доштани ҳадаф баҳонаест барои зистан.

Инсон хоҳишҳои зиёд дорад. Мехоҳад донишманд бошад, кору вазифаи хубро соҳиб шавад, машҳуру соҳибэҳтиром гардад, оилаи хубу солим дошта бошад... (хайрият, ки ҳамин аломати се нуқта ҳаст, вагарна чанд саҳифа хоҳиши инсонҳоро менавиштам).

Нафарони зиёд хоҳишро бо ҳадаф омехта мекунанд. Бояд донист, ки хоҳишро аз ҳадаф як савол ҷудо мекунад: «Барои чӣ?»

Як нафар мехоҳад маълумоти олӣ дошта бошад. Аммо барои чӣ? Барои илм андӯхтан ва донишманд шудан. Донишмандӣ барои чӣ? Тавассути дониш, истеъдод, малака, маҳорат ва таҷрибаатро равнақ дода, мехоҳем кори хубе пайдо намоем ва ба вазифаҳои баланд бирасем. Кор ва вазифа барои чӣ? Барои он ки соҳибэҳтирому машҳур шуда, доимо дар маркази диққат бошем. Соҳибэҳтиром будан барои чӣ? Соҳибэҳтиромӣ дар ҷомеа барои ҳар нафар имконияти бунёди зиндагии идеалиро фароҳам меорад.

Бубинед, шахс маълумоти олӣ гирифт, донишманд гардид, вазифа гирифт ва ба шахсият табдил ёфт. Дар охир ҷавҳари аслияш пайдо шуд, яъне оилаи ободу солим бунёд кард. Маълум шуд, ки мақсади зиндагии он нафар на сарвату шӯҳрат, балки оилаи солим доштан будааст. Ҳадаф аз зистан ҳамин аст ва бояд инро донисту барои амалӣ гаштани он кӯшиш кард.

Баъзан барои дарки моҳияти масъалаи кӯчаке душворӣ мекашем. Дар ин ҳолат бояд як лаҳза таваққуф кард ва андеша намуд. Ва барои худ мушаххас намуд, ки ҳадафи аслӣ ва ниҳоӣ чӣ аст. Хулосаи ниҳоӣ ҳамин аст, ки мо бояд донем, барои кӣ ва чӣ зиндагӣ мекунем. Нафароне, ки бо нақшаи мушаххас ва ҳадафи муайян зиндагӣ мекунанд, ба қуллаҳои баланд расида, муваффақ гардидаанд.

Пас кӯшиш бояд кард, то «кӣ» ва «чӣ»-и худро пайдо намуд.

Ва ё нодуруст мегӯям?

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Хонданд 252

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.