.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Нигоҳи хос

ҶАНГ

Янв 13, 2018
Диданд: 564

Мо аз ахбори вақтӣ ҳадди ақал дар як соат як ҳодисаи маргборро ба чашми худ мебинему мешунавем ва ангушти ҳайрат газида, шукр мегӯем, ки «дар ин задухӯрд, дар ин тирпарронӣ ва ё дар ин таркиш ман набудам». Алҳазар аз ин хел ҷангу ҷидолҳо, аммо ҷанги имрӯзаи байни мо ба куҷо мерасонида бошад?...

Ҳайрон машав, хонанда, ман хитоб ба ҷангу ҷидолу муноқишаву дастбагиребон шудани ҷавонону ашхоси алоҳидаи ҷомеаи кунунӣ карданиам, ки корашон аз ҳамин иборат аст. Бовар мекунед, рӯзе нест, ки худи шумо шоҳиди ягон муноқиша нашуда бошед. Албатта, бовар мекунед, зеро дидаед ва мебинед ва дар оянда низ хоҳед дид. Аммо ин ҷангҳо то кай идома меёбанд, мисли муаммост. Дар ҳамон ҳолате, ки ду дӯст, ду ҳамсинф ва ё ду ҳамдеҳа бо ҳам дастбагиребон мешаванду аз очаву апа сар карда, то хурду калони аъзои хонаводаашон ҳақорату дашномро оғоз карда, оқибаташон ба хун кардану кабуду сурх кардани аъзояшон ба охир мерасад, ягон душман ба Ватан ҳамла кунад, боварии комил дорам, ки ҷумла ҳарду мегурезанд. “Гурбаи хонашин, шери кӯча шуд” гуфтагӣ барин, зӯрии ҷавонмардони мо низ дар ҳамин роҳҳо сарф мешавад. Аммо боз афсус мехӯрему ба рӯйи якдигар менигарему ангушти ҳайрат газида, “айби ту шуд” гӯён, шахси муқобил будаамонро гунаҳкор мекунем, ки аз ин аблаҳиву номардии зиёд дигар дар ҳеҷ ҷой дида намешавад.
Имрӯз анъана шудааст байни хонандагони мактабҳо, донишҷӯёни донишгоҳҳо, бачаҳои маҳаллаҳову кӯчаҳо ва сокинони минтақаи кишвар бо минтақаи дигар ҷанг кардан. Мегӯед, ки надидаам? Албатта дидаед, пӯшида нест.
Дар ёд дорам, боре дар минтақаи наздик ба зодгоҳам муноқишаи байни мардуми ду ҳамсоядеҳамон дар рӯзи чоршанбе - бозор ба вуқуъ пайваста буд. Даҳҳо нафар маҷруҳ шуданду даҳҳо каси дигар ба ҷавобгарӣ кашида шуданду даҳҳо автомобили мавзеи задухӯрд харобу қисми зиёдашон корношоям. Сабаби ин муноқиша маросими ба истилоҳи мардуми маҳал “арӯсбиёрон” буд, ки ба гуфти сокинони ин деҳа, набояд аз байни қишлоқашон домоду арӯсро карнаю дойразанон гузаронанд. Оқибаташро ҳам дидем...
Аммо ба назар чунин менамояд, ки эътирофкунандагону тарафдорони ин гуна муноқишаву задудухӯрдҳо зиёданд. Ҳақиқати ҳол, “кӯшиш кун дар ҷанг якум шуда мушт зан, ки дуюмаш бефоида аст” гуфтани дӯстон ва наздиконамро беҳисоб шунидаам. Яъне, ин ҷангҳо барои баъзе ҷавонони як-ду рӯз дар “фитнес-клубҳо” машқ кардаву бо қувваи “протаин” соҳиби мушту бозуи боқуввати муфт шуда мӯд шудааст. Аммо ин ҳама аз аблаҳиву нодонии шахс дигар чизи беш нест, зеро ҷавонмард қувваашро на барои худнишондиҳӣ, балки барои муҳофизати модар-Ватан истифода мебарад. Боз дар байни мо гуруҳи ба истилоҳи худашон “проблемасоздаваткунҳо” зиёд шудаанд, ки эшон барои бозуи худро санҷидан як бечораи “лоғари заиф”-ро аз роҳ қапида, бо ягон баҳонае “ҷанг мехарад” ва оқибат ӯро ҳамроҳи “табоқлесонаш” латукӯб карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Ё ин ки ин қабилҳо дар назди маъшуқаашон худро “гарени” гирифта, як нафари дигарро бар ивази як муаммои ночиз зада сару рӯяшро захмӣ мекунанд. Дӯстон, боз аз ин дида аблаҳиву ноҷавонмардии беш мешавад? Не албатта, намешавад. Пас бояд чӣ кор кард, то пеши роҳи ин гуруҳро гирифт?
Як пешниҳоди олиҷаноб (ба фикри худам) дорам: “Як гуруҳи ин қабилҳоро дастгир карда, ҷумла ҳамаро ба мошин бор карда, ба “чӯли Дилварзин” бурда партоед. Як-ду-се рӯз аз дур истода, ба чӣ ҳол гирифтор шуданашонро наворбардорӣ карда, пасон ба шабакаи Интернет пахш кунед. Ана баъд минбаъд мисли “муши мурда” мешаванд”.
Мумкин ин маслиҳати “пучу лоқ” бошад, аммо гумонам хато набарояд, албатта натиҷаи дилхоҳ медиҳад.

Нуралӣ КАРИМ,
Мактаби рӯзноманигории назди МТЖТ

Хонданд 564

ОЗМУН

Янв 06, 2018
Диданд: 1733

Соле, ки дар Тоҷикистони азиз гузашт, ин “Соли ҷавонон” буд. Воқеан ҳам соле буд, ки бидуни “тағо” ё ба истилоҳи роиҷи имрӯза, “таға”, тасаввур кардан ғайри имкон буд.

Як чашмаку ду чашмак, “Соли ҷавонон”-ро ҳам падруд гуфтем. Суоли ман ин аст, ки соли 2017 дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” буд, аммо барои кӣ соли пур аз барор буду барои кӣ соли пур аз мушкилот?!
Қабл аз ин ки бигӯем аз “Соли ҷавонон” чӣ гирифтем, бояд ин нуктаро қайд кунам, ки “ҷавонон шоҳсутун ё пояҳои асосии ҷомеа ва давлату миллат ба ҳисоб мераванд”. Ин қишр аз ҳама ҷиҳат осебпазир аст ва бесабаб нест, ки соли 2017-ро дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон карданд.
Бардошти мо ин аст, ки дар ин сол ҳатто қонунҳоро тағйир доданд, то пеши роҳи ҷавонон барои курсии “раис ё вазир” шудану вазифа гирифтан ҳамвор шавад. Яъне, дар ин сол ҳукумат заминаи қонуниро барои ҷавонон фароҳам овард, то дар ҳукумат саҳм дошта бошанд.
Аз рӯйи хабарҳо, метавонем гӯем, ки аллакай сафи ҷавонон дар сатҳи роҳбарӣ бештар шуда истодааст. Назари ман ин аст, ки ин сол баъзе аз ҷавонон дар доираи “Соли ҷавонон” ба имкониятҳои хуб расиданд, аммо қишри дигар ҳам ҳаст, ки онҳо ба сабаби надоштани имконият аз ин барнома берун мемонанд ва мушкилоташон ҳал намешавад. Умед мекунем, ки ин мушкили ҷавонон ҳал бишавад.
Имрӯз, ки бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми вазоратҳо, кумитаҳо ва муассисаву корхонаҳои давлатӣ озмун барои ҷойи кори холӣ эълон карда истодаанд, камина дар “чор” ҷой ҳуҷҷат супоридам. Мутаассифона, намедонам бо кадом сабаб аз озмун нагузаштам. Шояд мавқеи географиям дуруст нагирифта бошад!
Суҳбате доштам бо чанд тан корҷӯён, ки солҳои пешин соҳиби диплом шудаанд ва гувоҳ аст, ки ҳанӯз роҳхат ба ҷойи кор нагирифта, билотаклиф мондаанд. Як корҷӯе, ки “чор” сол пеш донишгоҳро хатм кардаасту аз гуфтани номаш худдорӣ намуд, иброз дошт, ки дар “Соли ҷавонон” ба “се” корхона ҳуҷҷат супоридааст, аммо то ҳол ӯро ба кор даъват накардаанд. Корҷӯи дигаре мегӯяд, ки «дар “Соли ҷавонон” ба “панҷ” муассиса ва корхона барои озмун ҳуҷҷат супоридам, намедонам бо надоштани “тағо” ё чизи дигар, мутаассифона аз озмун нагузаштам». Як ҷавони корҷӯе мегӯяд, ки «ман дар “бист” озмун иштирок кардам, баъзеашон “табрик, Шумо аз озмун гузаштед, баъдан мо бо Шумо дар тамос хоҳем шуд. Мунтазири занги телефонии мо бошед”,- гуфта, на аз худашон дарак ҳасту на аз занги телефонашон».
Бубинед, ҷойҳои кори холии озмунҳо танҳо барои саргардонию сарсонии мардуми камбағали бечора аст. Ишками сер кай парвои ишками гушнаро дорад!?
Як қисми иштироккунандагони озмун бо “шиносбозиву тағобозӣ” ва ё бо роҳи дигар вориди вазорату кумита ё муассисаҳо шуданду ба ҷойи кор таъмин гардиданд, аммо қисми зиёди иштирокдорони озмун дар нимараҳ умедвор мемонанд. Ба назари ман, иштирокдорони озмун, бо вуҷуди доштани “дониш ва маҳорати хуб”, то ягон “тақдирҷунбон” дар озмун пайдо нашавад, барои соҳиби ҷойи кори хуб шудан хеле мушкилӣ мекашанд. Мушкили иштироккунандагони озмун дар надоштани “тағо” танҳо ба ҷойи кор аст.
Яъне, кулли корҷӯёне, ки дар пайи ҷустуҷӯйи кор дар вазоратҳо, кумитаҳо, ширкатҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ мешаванд, тақдир ба рӯйи на ҳамаи онҳо механдад. Ин корҷӯён бошанд, мехоҳанд дар ягон ҷойи хуб кор кунанд, аммо афсӯс, ки кори дилхоҳ ёфтанашон мушкил аст, на ҳар кас метавонад ба кор дарояд. Қисми зиёди корҷӯён ноумедворона ба ин қазия нигоҳ мекунанд ва таъкид менамоянд, ки пайдо кардани ҷойи кори хуб хеле мушкил аст дар ҷомеаи Тоҷикистон. Ин талабот дар давлати иҷтимоӣ то куҷо риоят мешавад ва то кадом андоза хатмкунандагоне, ки донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳуриро хатм кардаанд, бо ҷойи кор таъмин мешаванд?
Озмунҳо на барои “камбағалу деҳотӣ”, балки барои “бою шаҳрӣ” будааст, ки бо воситаи “тағо” ва ё “через” ба кор роҳ меёбанд. То ба кай “через”, то ба кай “тағо”, то ба кай “камбағалу деҳотӣ”, то ба кай “бою шаҳрӣ”?! Ку виҷдон, ку адолат, ку шаффофият?!
Хуб мешуд, ки се - чорнафарӣ намоядагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Оҷонсии зидди коррупсия дар рафти озмунҳои сатҳи давлатӣ иштирок намуда, шаффофияти озмунро назорат кунанд. Он гоҳ мутахассис бемонеа соҳиби ҷойи кор хоҳад шуд.
Гарчанде ман дар “Соли ҷавонон” аз тарафи як гуруҳ тоифаҳо аз кор ронда шуда бошам ҳам, лекин аз ин хафа нестам. Баръакс, хушҳолам, ки ман аз кор рафтам. Дар “Соли ҷавонон” бекор ҳам бошам, ғамгин нестам, баръакс, хурсандам. Муҳим саломатӣ, кор пайдо мешавад. Муҳим ин ки, дар Ватани азиз аз ҳавои софу беғубори он нафас кашида, озодона умр ба сар мебарам.
Мо ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо ва ба қадри ҳар зарра хок ва ҳар катра обе, ки Худованди бузург ба мо ато фармудааст, бирасем ва Ватани азизамон - Тоҷикистонро дӯст дорем.

Шервони УМРИДДИН

Хонданд 1733

итТИФОҚ

Янв 06, 2018
Диданд: 318

Давоми чанд соли охир мавзуи ба ниҳодҳои эҷодии кишвар аъзо шудани афроди тасодуфӣ баҳси гарми равшанфикрони тоҷик ба шумор меравад.

Масалан, агар иддае масъулини чунин ниҳодҳои эҷодиро барои ба аъзогӣ қабул намудани ашхоси тасодуфӣ айбдор намоянд, қисми дигар аз он шикоят мекунанд, ки бархе нафароне, ки ба узвияти чунин ниҳодҳо пазируфта мешаванд, тамоман ба талабот ҷавобгӯ нестанд: агар яке бо ихтисоси ғайр ба узвияти чунин ниҳодҳои эҷодӣ шомил шуда бошад, нафари дигар аз рӯйи истеъдод ва маҳсули эҷод ба талаботи аъзо будан ба ин ё он муассиса, ташкилот ё иттиҳодяи эҷодӣ ҷавобгӯ нест. Ва гӯё аъзо шудан ба ниҳодҳои эҷодии кишвар ба дараҷае соддаву осон бошад, ки ҳар кас новобаста аз ихтисос ва ҳунару истеъдод тавонад унвони ифтихории «Узви Иттифоқи…»-ро соҳиб бишавад.
Ҳарчанд то имрӯз чандин ниҳоди хурду бузурги эҷодии кишвар аз афроди тасодуфӣ лабрезанду аммо роҳбарияташон дар масъалаи мазкур ҳеҷ тадбире наандешидаанд, нахустин шуда Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо роҳбарии Низом Қосим ба чунин як баҳси чандинсола вокуниш нишон дод. Соли 2016 ин иттиҳодяи эҷодӣ масъалаи аз сафи аъзои ин созмон ихроҷ намудани адибони тасодуфиро шуруъ кард. Он замон бо ин мақсад як комиссияи корӣ дар чаҳорчӯбаи стратегияи «Омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои ИНТ» таъсис дода шуд ва барои арзиши бадеии асарҳо ва сатҳи касбии адибонро мавриди баррасӣ қарор додан ба фаъолият оғоз намуд. Ҳамин тавр, то кунун бештар аз 40 нафар адиб бо сабаби он, ки маҳсули эҷодашон ба талаботи замон ҷавобгӯ нест, аз сафи аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.
Воқеан, агар аз рӯйи адолат бигӯем, аксари адибонеро, ки аз сафи аъзои Иттифоқи нависандагони кишвар хориҷ шуданд, ҳамчун шоир ё нависанда қариб касе намешинохт. Ҳатто банда борҳо шоҳид будам, ки вақте дар ин ё он нишасту суҳбатҳо атрофи ин мавзуъ сухан мерафт, бисёриҳо иқрор мешуданд, ки чунин адибонро намешиносанд ва танҳо вақте номашон пас аз хориҷ шудан аз узвияти Иттифоқи нависандагон дар матбуот ва сомонаҳои интернетӣ нашр шуд, фаҳмиданд, ки чунин шоиру нависанда дар кишвар будааст. Пас, саволе ба миён меояд, ки вақте адибе эҷодиёташ хонанда надорад ва аз сад ҳатто ду-се нафар ӯро ҳамчун шоир ё нависанда намешиносанд, чӣ гуна метавонад узви як иттиҳодяи эҷодии давлатӣ бошад?! Ин дар ҳолест, ки вақте адибе узви чунин як ниҳоди бузурги эҷодӣ аст, бояд маҳсули эҷодаш бурун аз доираи дӯсту шиносу маҳал маҳбубият дошта бошад. Ҳоло дар бораи он намегӯем, ки агар мабодо миёни хонандагону донишҷӯёни макотиби оливу миёна ва муштариёни китобхонаҳо назарсанҷӣ гузаронида шавад, чанд нафар бо ашъори адибони аз узвияти Иттифоқи нависандагон хориҷгашта шиносоӣ дошта ва ё ҳадди ақал эшонро ҳамчун шоир ё нависанда мешинохта бошанд?!
Боиси хушнудист, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар соли 2017 якчанд иқдоми хуберо рӯйи кор гирифт. Аз ҷумла, ба ҷойи адибони ихроҷшуда дар ин сол низ якчанд ҷавонони эҷодкорро ба узвият пазируфт. Адибони ҷавоне, ки воқеан истеъдоди хуб доранд ва умед аст, ки ояндаи адабиёти кишварро гулгулшукуфон хоҳанд кард. Чун пас аз ба курсии раҳбарии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нишастани Низом Қосим махсусан адибони ҷавони кишвар умед бар он баста буданд, ки бигзор акнун роҳи онҳо барои ворид шудан ба адабиёт кушода бишавад, бо боварӣ метавон гуфт, ки ин умеди онҳо аллакай бароварда шуд. Имрӯз чандин нафар адибони ҷавони кишвар узви Иттифоқи нависандагон, соҳиби китоб ва дорои сабку услуби хосаи худанд, ки ин худ дастоварди ин насли умедбахш ба шумор меравад.
Чун сарвари давлат дар ҳама баромадҳояш аз дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон таъкид мекунад, имрӯз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои фаъоли мамлакат дар самти амалигардонии супориш ва таъкидҳои президент дар соҳаи ҷавонон ба шумор меравад.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон зери роҳбарии шоир ва мунаққиди шинохта Низом Қосим ояндаҳои наздик ба муваффақиятҳои аз ин ҳам бештар хоҳад расид.
Умедворем, ки ҷалби адибони ҷавон ва дастгириву ҳавасмандгардонии эшон низ ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Иттифоқи нависандагон қарор хоҳад гирифт.

Хусрав ШОҲСАИДОВ 

Хонданд 318

Алик - малик

Янв 06, 2018
Диданд: 279

Гумроҳие, ки аксарияти гумроҳонро ба доми худ мекашад

Агар дар зиндагӣ камбудиву номуваффақӣ намебуд, ҷомеа бо муваффақиятҳояш ҳеҷ маъние намедошт. Маҳз мушкилиҳо ҳастанд, ки оламро рангинтару ҷолибтар сохта, онро аз якрангӣ наҷот медиҳанд.
Дар ҳақиқат, ҷомеаи имрӯз тараққикардаистода дар вазъиятест, ки ҳама бояд мустақилона фаъолият намуда, мақсадҳои мехостаи худро амалӣ созанд. Яке дар орзуи журналист шудан, дигаре орзуи вазир шудан, дигаре хоҳиши соҳибкор будану нафари дигар завқи сарояндагиро ба худ лоиқ мешуморад. Бо ҳамин мақсад одамон дар роҳҳои гуногуни зиндагӣ ҳаракат намуда, ҳаёти худро сипарӣ карда истодаанд.
Дар ёдам ҳаст, ки рӯзҳои аввалини дар шаҳр истиқомат доштанам бо чӣ гуна гумроҳиҳо рӯ ба рӯ шудам. Рӯзҳо ниҳоят вазнин мегузаштанд. Бо мақсади таҳсил кардан ҳар рӯзро ним дар донишгоҳу ним дар китобхонаву ним дар кӯчаву ним дар хобгоҳ сипарӣ менамудам. Як рӯз аз назди бозори “Саховат” мегузаштам, ки чашмам ба гуруҳи одамоне афтод, ки яке дигареро тела дода, бодиққат банди тамошо буданд. Банда «бенасиб намонам» гуфта, ба назди он гуруҳи одамон рафта, чанд лаҳза тамошо кардаму мақсади асосиро фаҳмидам. Алик - малик. Як нафар дар даст се қуттичаву як тӯбча дорад ва бо ҳиллаву найранг мардумро гумроҳ намуда, аз сустии онҳо истифода бурда, маблағҳои онҳоро гирифта истодааст. Худ ба худ фикр карда гуфтам, ки «наход одамон то ин дараҷа гумроҳ бошанд, ки бо фикру хаёли маблағи муфт ба даст овардан маблағҳои бо заҳмат ба даст овардаи худро аз даст диҳанд?».
Дар ҳақиқат беинсофӣ то он дараҷа тараққӣ кардааст, ки агар ба тудаи чунин одамон афтӣ, ҳатто “маҷбурӣ ” аз боигарии кисаат халос шуда, бо даст холӣ ба хона бармегардӣ.
Дар минтақаҳои сераҳолии шаҳр як миқдори одамон бо истифода аз бозии «алик - малик» зиндагии худро пеш бурда истодаанд. Аслан, он бозиро танҳо як нафар пеш бурда наметавонад, чунки худ гумроҳ мешавад. Ба ҳамин хотир, масъули бозӣ ду-се нафарро ҳамчун бозингар ва ё “шпаргалка” барои гумроҳ кардани дигарон истифода мебарад. Тасаввур кунед, як донишҷӯйе, ки аз деҳа бо мақсади таҳсил ба шаҳр омадааст, чи тавр гумроҳ мешавад? Нохост ба ин гуруҳи одамон рӯ ба рӯ шуда, мебинад, ки якчанд нафар дар як дақиқа соҳиби 20, 50, ҳатто 100-у 200 сомонӣ шуда истодаанд. Ба хотири маблағи иловагӣ ба даст овардан ба бозӣ шомил шуда, аз маблағҳои дар даст доштааш бенасиб мемонад. Ҳол он ки, намедонад он одамоне, ки пул ба даст меоварданд, ҷӯраҳои шахси масъул ҳастанд.
Инсон вақте дар зиндагӣ як бор пешпо хӯрд, кӯшиш мекунад бори дигар пешпо нахӯрад, чунки афтоданаш мумкин. Вақте сахттар афтод, боз бархестанаш мушкил. Ба ҳамин хотир, ҳар як нафаре, ки аз деҳа ба шаҳр меояд, ҳатман бо ин хел гумроҳиҳо рӯ ба рӯ мешавад. Дар он ҳолат бояд кӯшиш намояд, ки ба доми ин гуна найрангбозон наафтад.
Ҳукумат ҳамеша барои ободониву орому осуда зиндагӣ кардани аҳолӣ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад. Хуб мешавад, ки нисбати ин масъала аз тарафи намояндагони дахлдор чораҳои зарурӣ андешида шаваду ин камбудиҳову найрангбозиҳое, ки ҷомеаро халалдор мекунанд, роҳҳои ҳалли худро ёбанд. Дар ин ҳолат на дигар он найрангбозон мардумро фиреб карда дар номаи аъмоли худ гуноҳ сабт менамоянду на дигар мардуми зудгумроҳшаванда ба ин найрангбозон рӯ ба рӯ шуда, гумроҳ мегарданд.
Умуман, ислоҳи ин камбудӣ дар ҳама ҳолат ба манфиати ҳамагон аст.

Мунавваршо ПИРОВ,
Мактаби рӯзноманигории назди МТЖТ

Хонданд 279

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.