.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Нигоҳи хос

«ОРЗУИ МУШКИЛ»-И ЖУРНАЛИСТОН

Нояб 10, 2018
Хонданд: 94
«ОРЗУИ МУШКИЛ»-И ЖУРНАЛИСТОН

Чунин ба назар мерасад, ки бо вуҷуди ифшокунандаи камбудиҳо ва мушкилкушои аҳли ҷомеа буданашон журналистони тоҷик (онҳое, ки маскуни пойтахтанд) дар мавриди насби чароғак ва ё кашидани аломати пиёдагузар дар рӯ ба рӯи нашриёти «Шарқи озод» (макони асосии фаъолияташон) оҷиз мондаанд. Журналистонро аҳли ҷомеа аксар маврид чун такягоҳ эътироф намудаву муътақиданд, ки эшон дар ҳалли кулли мушкилот «дасти дароз» доранд. Далели возеҳи ин гуфта муроҷиатҳои зиёди шаҳрвандон ба идораи рӯзномаву ҳафтаномаҳо буда метавонад. Ағлаб вақт охирин умеди мардум дар ҳалли ин ё он мушкилот низ журналистон маҳсуб мешаванд. Набудани чароғаки роҳнамо ва ё аққалан аломати пиёдагузар (зебра) дар рӯ ба рӯи нашриёти «Шарқи озод» ба хотирам мақоли русии «музадӯз бо пойи бараҳна»-ро меорад. Шояд баъзе «ҳамадон»-ҳо баъд аз мутолиаи матлаби мазкур иддао намоянд, ки набудани чароғаки роҳнамо ва ё аломати пиёдагузар дар аксар гӯшаҳои пойтахт падидаи маъмулӣ буда, аз он «фоҷиа сохтан» чандон дуруст нест. Ба «хотири муборак»-и чунин нафарон мерасонем, ки ин мушкил воқеан ҳам ҷиддӣ маҳсуб шуда, ин мавзеъ махсусиятҳои худро дорад. Аввалан, роҳи мазкур аз масире мебошад, ки шиддати ҳаракати воситаҳои нақлиёт хеле баланд буда, маҳз ҳамин омил сабаби ба мушкил мувоҷеҳ гардидани шаҳрвандон ҳангоми гузариш аз ин тарафи роҳ ба он ҷониб гардидааст. Аз ҷониби дигар, эътироф бояд кард, ки фарҳанги ронандагии баъзе «чобуксаворон»-и мо «ба ҳар ду по мелангад» ва онҳо шояд «муътақиданд», ки дар сурати роҳ доданашон ба пиёдагардон аз ҷониби онҳо «замин омада ба осмон мечапад». Ин аст, ки кормандону корафтодагони «Шарқи озод» барои аз роҳ гузаштан хеле мунтазирӣ мекашанду ҳангоми гузариш медонанд, ки «дар сари мижгон чу ашк истодаанд». Мутассифона, ин вазъият касеро ба ташвиш наовардаву шояд дар гӯшаи хаёли касе аз масъулин ҳам нест. Борҳо шоҳиди он будам, ки журналистони ба истилоҳ «саршинос» низ бо мушкилӣ роҳро убур менамуданд ва интизор мешудам, ки ҳатман ҳафтаи оянда оид ба ин мушкил «нигаронӣ» менамоянд. Аммо афсус… Тибқи маълумоти расмӣ, дар мамлакат теъдоди нақлиёти шахсӣ зиёда аз 500000 ададро ташкил дода, ин нишондиҳанда мунтазам рӯ ба афзоиш аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасии кулли қишрҳои ҷомеа ба воситаҳои нақлиёт тамоми шароит, аз ҷумла заминаи қонуниро фароҳам овардааст ва маҳз ин омил боиси тамоюли афзоишро касб намудани шумораи автомобилҳо дар кишвар гардид. Дар ҳоле ки аксари кишварҳо барои воридоти воситаҳои нақлиёт, вобаста ба соли истеҳсолашон, як силсила маҳдудият ҷорӣ намудаанд, Роҳбари давлат бо такя ба арзишҳои раиятпарварӣ ин пешниҳодро, ки аз ҷониби як идда, зимни мулоқот бо соҳибкорон садо дода буд, рад намуд. Табиист, ки дар ин замина, яъне афзоиши бесобиқаи теъдоди воситаҳои нақлиёт масъулият ва вазифаҳои кормандони Бозрасиии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии мамлакат зиёд гардида, аз онҳо тақозо мешавад, ки фаъолияташонро дар сатҳи хуб, сифати баланд ва ҷавобгӯйи талаботи ҷаҳони муосир роҳандозӣ намоянд. Масъулини соҳаро лозим намеояд, ки барои ҳалли ин мушкил, яъне насби чароғаки роҳнамо ва ё кашидани аломати пиёдароҳ «Амрикои нав кашф намоянд». Муътақидам, ки амалӣ намудани иқдоми мазкур барои мақомоти фавқуззикр ягон мушкилӣ нахоҳад дошт, зеро шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки рӯз то рӯз иқтидор ва имконоти молиявии кишвар, аз ҷумла ҳаҷми маблағгузории сохторҳои фавқ афзуда, масъулин вазифадоранд, ки онро мақсаднок истифода намоянд. Итминонам комил аст, ки масъулин барои ибтикореро дар робита ба масъалаи мавриди назар амалӣ накардан баҳонаҳои зиёд, амсоли дар наздикӣ воқеъ будани роҳи зеризаминӣ, дар ин мавзеъ пешбинӣ нашудани чароғаки роҳнамо ва ё кашидани аломати пиёдароҳ пеш меоранд. Вале ҳама хуб медонем, ки ба ғайр аз марг ҳама мушкилро илоҷ аст, ба шарте завқ бошаду рисолату ваколат дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро гардад. Чанде пеш дар рӯбарӯи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 –и шаҳри Душанбе бинобар мавҷуд набудани чароғаки роҳнамо ронандаи худхоҳе, ки бо суръати баланд ҳаракат дошт, се нафарро пахш намуд. Дар натиҷа, хонандаи муассисаи зикршуда Карима Қурбонова дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ду нафар ҳамсабақаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Нуктаи муҳим ва ҷолиб он аст баъд аз ин ҳодиса филфавр масъулин пайи насби чароғаки роҳнамо шуда, дар як муддати кутоҳ ин масъала роҳи ҳалли худро ёфт. Худо накунад, ки масъулин дар мавриди чароғаки роҳнамо ва ё кашидани пиёдароҳ дар рӯ ба рӯи «Шарқи озод» низ мунтазири чунин паёмад бошанд. Вагарна… 

Далер Мерганов, журналист

Хонданд 94

МАНСАБ ВА ШАХСИЯТ

Окт 22, 2018
Хонданд: 429
МАНСАБ ВА ШАХСИЯТ

Имрӯз тасодуфан бо мансабдоре вохӯрдам. Дурусттараш, ӯ ба ҳуҷрае, ки ман корафтода будам, ворид шуд. Ӯро солҳои тӯлонӣ мешинохтам ва вай низ бо ман салому алейк буд ва то ин вақт эҳтиромам мекард. Ман аз ҷой бархоста, бо ӯ дастакӣ салом кардам. Ӯ хомӯшона ба ман даст дод, ки гӯё намешиносадам. Ман ҳам сир бой надодам, гӯё ки бори аввал медидамаш. Ӯ ҳамагӣ чанд моҳ қабл дар вазифадорӣ як зина болотар рафта буд. Шояд ҳоло ӯ осмонро зери по медид, ки одоби эҳтироми шахсро аллакай фаромӯш карда буд. Маълум шуд, ки вай ҳам ба мисли ман ба маҷаллаи илмӣ мақола овардааст. Барои мансабдор буданаш ҳурматашро ба ҷо оварда, аввал кори вайро иҷро карданд. Шояд ӯ акнун «одами калон» шуда буд, ки хайру хушро насия карда,  баромада рафт.

Ман аслан чун шиносону дӯстон мансаб гирифтанд, ба табрикашон намеравам. Агарчӣ баъзеҳо хафа ҳам мешаванд. Бинобар ин, дӯстони бисёр наздикро занг зада, табрик мегӯям. Дар кӯча мансабдори шинос тасодуфан вохӯрад ҳам, ба пешвозаш ё дастбӯсиаш намедавам, то гумон накунад, ки коре дораму манфиатҷӯӣ мекунам. Чун аз мансаб рафтанд, боз ба мисли қаблӣ муносибат мекунам. Зеро акнун онҳо медонанд, ки аз дасташон дигар «хизмат»-е намеояд ва муоширати мо воқеан ҳам, самимӣ аст. 

Афсӯс, ки бо баъзеҳо як пуд намак хӯрӣ ҳам, боз симои аслиашонро намедонӣ. Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки «агар шахсро донистан хоҳӣ, ба ӯ сарват бидеҳ ё мансаб». Воқеан ҳам, сарвату мансаб симои ҳақиқии шахсро ошкор мекунад. 

Баъзеҳо чун ба курсии мансаб нишастанд, дигар одаму оламро фаромӯш мекунанд ва то тавонанд аз ҳамкороне, ки ӯро хуб мешиносанд ва кӣ буданашу ба вазифа мувофиқат накарданашро медонанд, бо ҳар баҳона халос мешаванд. Ин нафарон ҳамин тавр дар байни коллективе, ки онҳоро хуб намешиносанд, «шахси бузург» мешаванд. 

Тоифаи дигар чун соҳибмансаб шуд, худро пайғамбар метарошад ва агар эҳтиромаш накунӣ, ҷонаш аз бадан мебарояд. Ин гуна ашхос «худро шоҳу табъашро вазир» медонад ва дашному таҳқири зердастонашро сармашқи кор мекунад. Имрӯз, ки ҷои кор ёфтан мушкил аст, зердастон лаб зери дандон мегазанд ва чизе намегӯянд. Агарчӣ дар дил садҳо маротиба дашномашон медиҳанд.  

Аксари мансабдорон эҳтироми шахсро чун инсон фаромӯш мекунанд. Синну сол, хизмати шахсро пеши ҷомеа нодида мегиранд. Онҳо гумон мекунанд, ки ин мансаб якумрӣ ба онҳо дода шудааст. Табиӣ аст, ки агар имрӯз сари вазифа ҳастӣ, пагоҳ нафари дигар ба ҷои ту меояд. Воқеан, касе дар ин дунёи фонӣ сутун нашудааст. «Боз оянду раванд», гуфтаанд.  

Ман даҳҳо мансабдори ҷоҳилу золимро медонам, ки чун аз вазифа рафтанд, дигар касе эҳтиромашон намекард, чорқат шуда салом намедод ва онҳо, ки ба хушомаду тамаллуқ одат карда буданд, ба бетаваҷҷуҳии атрофиён тоқат накарда, сактаи қалб мешуданд, ё сактаи мағз. 

Дар ҳамин ҳол, медонам собиқ мансабдоронеро, ки аз вазифа рафта бошанд ҳам, эҳтиром мекунанд ва дӯсташон медоранд. Зеро онҳо вақти сари мансаб будан, мағрурӣ намекарданд, касеро намеранҷонданд, агар некӣ карда натавонанд, бадӣ ҳам намекарданд. Яъне, хислатҳои хуби инсониро ҳамеша дар мадди назар доштанд ва риоя мекарданд.  

Ҷовид Муқим

Хонданд 429

«РИСК»

Сен 22, 2018
Хонданд: 534
«РИСК»

Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ» гирифтор шудаанд ва аз риск кардан, ҳарос доранд.

На ҳар нафар ҷуръати риск карданро дорад. Мардуми рус як мақол доранд, ки «Кто не рискует, тот не пьёт шампанского».

Агар ин вожаро ба таври дигар шарҳ диҳем, шояд дар худ маънии «худқурбониро» ғунҷонад. Аслан, ин тоифа нафароне ҳастанд, ки миёни тоҷикон «говҷигар» мегӯянд. На аз чизе тарс ва на аз касе ҳарос доранд. Кистанд онҳо?

Сиёсатшиноси олмонӣ М. Вебер мегӯяд, ки онҳо нафароне ҳастанд, ки аз одамони оддӣ бо рафтору гуфтор, иродаву иқдоми худ ба куллӣ фарқ мекунанд. Ҷои дигар менависад, ки ин тоифа нафаронеанд, ки характери харизматикӣ доранд. Ҳам Макиавеллӣ ҳам М. Вебер ва ҳам Г. Моска дар эҷодиёти худ аз онҳое таҳсин кардаанд, ки соҳиби иродаанд ва риск карда метавонад. 

Агар ба таърих назар афканем, ҳар ки «риск» карда чизе гуфт, ҳар ки «риск» карда дигаргуние дар ҷомеа ба вуҷуд овард,  номаш дар таърих монд. Оне ки ҷомеа замоне ба онҳо санг зад, онҳоро радди маърака карданд, аз онҳо ба нафрат ёд карданд, мавзӯи дигар аст. 

Сабаби ба ин мавзӯъ даст заданам дигар аст. Тахмин 7 рӯз қабл пурсиданд, ки «чаро Айнӣ зиёд навишт вале нависандагони замони муосири мо кам менависанд?». 

Касе ҳам посухи дуруст надод. На ман ва на худи саволдиҳанда. Вале суол воқеан бамаврид буд. Чаро Айнӣ бузург шуд? Шояд Айнӣ ба он хотир бузург шуд, ки ба таваккал даст заду ҷонашро зери хатар гузошт. Сино барои он Сино шуд, ки вақти дар зиндон қарор доштанаш, миёни хатҳои «Қуръон» боби нави китобашро навишт. Достоевский ба он хотир бузург шуд, ки дар зиндон аллакай хаёлан китоби «Преступление и наказание» - ашро навишт. 

«Риск» кардан бояд дар вуҷуди нависанда, журналист ва адиб ҷӯш занад. Расул Ғамзатов китоби «Доғистони ман»-ро замоне навишт, ки болои сараш панҷаи оҳанини ҳукумат соягӣ мекард. Ҷумъа Одина «Гузашти айём»-ро навишту дилкаф шуд. Вақте фарзанди Сотим Улуғзода, Азиз ба хориҷа рафт, китобҳои нависандаро аз фурӯш гирифтанд, ӯро радди маърака карданд. Вале номаш боқӣ монд. Яъне онҳое, ки «риск» карда, зиндагӣ карданд, дар хотир монданд. 

Як сухани Шери Панҷшер, Аҳмадшоҳи Масъуд ба хотирам расид. Вақте аз ӯ суол мекунанд, ки инсон чӣ тавр бояд зиндагӣ кунад, ки номаш ҷовидон монад, гуфт «ҳамон тавре, ки иродааш мехоҳад. Муҳим нест, ки чанд сол умр мебинед, муҳим он ки чӣ тавр зиндагӣ мекунед, пушти парда ва ё миёни майдони ҷавонмардӣ». Як саҳобаи пайғомбар, ки номаш дар хотирам нест, рӯи бистари беморӣ гириста, гуфта буд, ки «ҳайфо, ки дар майдони ҷанг мурдан, насиби ман нашуд». 

Ирода муҳимтарин аслиҳа барои ҳар нафарест, ки бо қалам сару кор мегирад. Агар ирода намешуд, Чингиз Айтматов ва Максим Горкий барин нависандагон сиёсати замонаро ба тавре, ки пай бурданаш душвор аст, ба риштаи тасмахур намекашиданд. 

Айнӣ чӣ?

Айнӣ ҳам «риск» кард. Ҳамон тавре, ки гуфтам, ҷонашро зери хатар гузошт. Ҳар касе, ки «Ёддоштҳо», «Марги Судхур», «Мактаби кӯҳна», «Ғуломон» барин асарҳои Айниро хондааст, ба хубӣ дарк мекунад, ки чӣ тавр ва чаро Айнӣ «риск» кард. Шояд «риск» кардани Айнӣ маҷбурӣ буд ва шояд баракс. Шояд ин аз сари шавқу завқи худи нависанда буд, шояд ин тақдир буд. Вале агар иродаи ӯ намебуд, Айнӣ бузург намешуд. 

Устод Айнӣ ба як сабаб зиёд навишт: 

Омили таҳриккунанда дар ин моваро насле буд, ки кӯшиши мутолиа карданро дошт, як чӣ омӯхтан мехост, як кас шудан мехост, аз ҳодисоти замона огоҳ шудан мехост. 

Вакте Айнӣ романи «Ғуломон»-ро навишт, дар яке аз рӯзномахои маҳаллӣ бо унвони «Ленин Уйли» дар хусуси ин роман маколаи чоп шуд. Муаллифи мақола кӯшиш кард, то «исбот» кунад, ки романи мазкур характери зиддихалқӣ ва зиддисотсиалистӣ дорад. Соли 2005 академик Ҳамид Мансуров  навишта буд, ки «ин замон хонаводаи Айнӣ мотам гирифтанд, худи нависанда дар коргохаш пардахои тирезаро пӯшонида менишаст ва ҳар лаҳза омадани одамони НКВД-ро интизор буд. Дар мактаб муаллимаи забони узбекӣ ба мо пешниҳод кард, ки болои сурати Айнӣ дар саҳифахо китоби дарсӣ хат кашем. Ман рӯирост гунаҳкор будани нависандаро дурӯғ гуфтам. Муаллима аз дасти ман гирифта, барои суҳбат назди мудири қисми таълимии мактаб бурд. Он рӯзҳо аз ҳар тарафи шаҳр ҷилдҳои романро ба фойтунҳо бор карда оварда, дар майдони Регистон оташ мезанданд…».  Аммо ҳамагӣ пас аз як сол, онҳое, ки ба ин амал даст зада буданд, аз Айнӣ узр пурсиданд. 

….Пас аз пош хӯрдани ҳукумати Шӯравӣ нависандагони мо низ муҳри хомушӣ ба лаб заданд. Гуноҳ аст вақте хизмати Саттор Турсун, Сорбон, Баҳманёр барин нависандагонро нодида мегирем. Вале бо як гул баҳор шудан амрест маҳол. 

Шояд як омили дигар дигар дар он бошад, ки мо хонанда надорем. На мо китоб хондан мехоҳем, на нависандагон асаре меоваранд, ки ҷомеи моро таккон диҳад. 

Шояд на нависандагон «риск»  карда, асар менависанд ва на мо «риск» карда пайрави ӯ мешавем. 

Намедонам… 

 Диловар Салимов 

Хонданд 534

Чаро бояд китоб хонд?

Сен 08, 2018
Хонданд: 291
Чаро бояд китоб хонд?

Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ, ки моро ба китоб пайваст ва телевизион, ки моро аз китоб дур кард.

(Ҷорҷ Элгози) 

Дар ҳоли ҳозир барои ҷавонони мо мутолиаи китоб амалест сангин. Тамоми умр дар дар азоб зиндагӣ кардан гуё болотар аз хондани китоб аст. Филм тамошо мекунему китоб намехонем. Воқеан бисёр мушкил аст ба даст гирифтани китоб, вақте дар ҷомеаи мо техникаву технология ҳукмрон аст. Ҳар моҳ як шабакаи иҷтимоӣ ва мессенҷери нав ихтироъ мешавад ва даъватномаҳои бешуморе ба суроғи мо меоянд. Ҳар ҳафта филму консертҳои нав ба нав рӯйи экран меоянд, онҳоро диданамон лозим. Ҳар рӯз садҳо нома аз ҳамсинф, ҳамкурс, ҳамсоя, ҳамкор, шинос ва ношинос ба номамон меояд. Ҳар соат навигарие, беҳбудие, таззоде ва мушкилие моро водор месозанд, ки аз телефон, планшет ё ноутбук истифода барем. Имрӯз китобҳо дар китобхонаҳо зери чангу хок хобидаанд. Китоб беқадр шуд ва ҳама аз китоб дур мондаанд. 

Китоб дар худ ҳама чизро дорад. Ҳама чизе, ки дар ақл меғунҷад, аз китоб ёфтан мумкин аст. Мушкилӣ танҳо дар мост, ки онро истифода карда наметавонем ва ба атрофиёнамон мегӯем: “Китоби фач будааст”. Китоб не, мо фач ҳастем. Дар зер чанд омиле, ки ба фоидаи мо ҳастанд меорам ва ба он умед мебандам, ки барои мутолиаи китоб ба Шумо кӯмак мекунанд. 

Яке аз омилҳои мусоидаткунанда ин аст, ки  ҳар рӯз дар вақти муайян китоб бояд хонд. Ҳамчуноне барои тамошои силсилафилмҳо вақти муайяне ҷудо мекунем. Худро одат кунондан беҳтарин роҳ ва қадами аввалин аст барои расидан ба маърифат. Беҳтар аст ба худ қавл диҳем, ки ҳар рӯз китоб мехонем. Ваъдахилофтарин нафар ҳам ба ба ваъдаи худ вафо мекунад.

Роҳи дигар, ин тайёрӣ дидан аст. Оддатан, мо барои кореро анҷом додан, ба хомӯшӣ риоя мекунем. Дар вақти китобхонӣ ҳам бояд ҳадди ақал 50% тайёрии пешакӣ бинем: макони мувофиқ, фозои ором, ноутбуки хомӯш, берун аз интернет, дурӣ ҷӯстан аз Viber, Whatsapp ва ғайраҳо.  Дар ин миён аз фикрҳои беҳуда сарро тоза бояд кард.  Бояд барои аз маълумотҳои куҳна раҳо шудану барои маълумоти нав ҷой омода кардан омодагӣ бинем. Дар вақти хондани китоб бояд меъёрро риоя кунем. Дар ҳар нишастан 10 -25 дақиқа бояд китоб хонд. Пас аз хондан ҳар чизе, ки дар мағз монд, рӯи коғаз бояд овард ва ё онро ба касе нақл бояд кард. Ҳамеша пеш аз хондан, бояд ба саволҳои зерин ҷавоб бояд ҷӯем: ин китоб ба ман чӣ дода метавонад? Оё барои сарф кардани вақтам меарзад? Дар пайравӣ бо он чи ки мутолиа шуд, чӣ нависам?  

Дар интихоби китоб аҳамият бояд дод. Ҳамеша муҳимиятро дар мадди аввал гузоред ва беҳтарин китобҳоро бихонед, зеро китобҳо зиёданд, аммо умр кутоҳ аст.  

Андешаи  “китоби бад умри дароз намебинад” далели хато будани ақидаи нафаронест, ки зидди хондани китобҳои классикӣ ҳастанд. Зиёд мешунавем, ки мегӯянд “ба мо китобҳои классикӣ чизе дода наметавонанд”, “онҳо ба ҳаёти имрӯзаи мо тамоман рост намеоянд”, “вақти онҳо гузашта аст”.

 Гумонам ин гуфтаҳо хатои маҳзанд. Зеро то кунун аз Президент сар карда, то муаллиму домулло аз китоби “Қуръон” иқтибос меоранд, дар рӯйи мизи ҳар як табиб китобҳои Абӯалӣ Ибни Сино хобидааст, ошиқони зиёд бо рубоиҳои Хайём ба висоли ҳам мерасанд, навиштаҳои Айнию Улуғзода, Икромиву Муҳаммадиев ба дилҳо фараҳ мебахшанд.  Пас классикаро бояд хонд, зеро ҳар нафаре, ки таърихро намедонад, ояндаашро омӯхта наметавонад.

Ҳар қадар, китоб хонем, ҳамон қадар ба дунё бо чашми дигар менигарем. Китоб ба инсон дониш ва хотираи қавӣ дода, мушоҳидакор буданро меомӯзонад. 

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Хонданд 291
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.