Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов 24 декабр 77 — сола мешавад.

Тайи чанд соли охир агар сухан атрофи ҳунарпешаҳо равад, вожаи ситораро ба онҳо нисбат медиҳанд, яъне ҳунару эҷоди онҳоро ба ахтарони осмон ташбеҳ медиҳанд, ки нурбахш ва дар айни замон дастнорасанд. Ин «қоида» анъана шуд ва ҳар як ҳунарманди ҷавонро ҳам ситора номидагӣ шудем. Боре дар як суҳбат ҳунарпешаи номиамон Файзалӣ Ҳасанов ба тарзи кинояомез гуфтанд: «Ман аз «ситораҳо» хоҳиш менамоям, ки андаке поёнтар фуроянд».

Оре, ҳақ ба ҷониби ӯст. Мутаассифона, дар ин кор «саҳм»- и мо, журналистон ҳам ҳаст. Магар басанда нест, ки танҳо исми ҳунармандро ба забон биорему воқеиятро ба хонандаю тамошобин ва ё шунаванда гӯем? Халқ худаш довар аст. Медонад, ки кадом ҳофиз, овозхон ба чӣ қадар таърифу тавсиф арзанда асту кадомаш чӣ қадар имконияти овозию иҷрокунандагӣ дорад. Мақоли халқӣ ҳам таъкид менамояд: «Мушк он аст, ки худ бибӯяд, на ин ки аттор бигӯяд».

Ҷӯрабек Муродов. Метавон ӯро ҳунарпешаи асил, хонандаи хуби сурудҳои халқӣ, классикӣ ва муосир номид. Албатта, мақсади мо таҳлили имкониятҳои эҷодӣ ва қобилияти овозхонии эшон нест, балки ӯ ба муаррифӣ ҳам эҳтиёҷ  надорад, зеро зиёда аз панҷоҳ сол аст, ки болои саҳна аст, ба таъбири худаш «бо халқ ва дар хизмати халқ» мебошад.

Беҳтар аз ҳама он аст, ки ба суҳбати мову устод Ҷӯрабек Муродов мутаваҷҷеҳ бошед ва аз дунёи рангини ин шаҳсутуни санъати касбии тоҷик хабардор гардед.

 — Бисёре аз ҳунармандони соҳаи мусиқии тоҷик Шуморо бо меҳр устод мегӯянд. Пас аз ин худро чӣ гуна эҳсос менамоед?

— (Механдад). Ҷойе хонда будам, ки фарқ надорад, дар ҳар масъалае, ки бошад, касе аз каси дигар андак чизеро ёд гирифт, шахси аввала ҳаққи устодӣ дорад. Агар маро ҳам касе  устод гуфт ва садояш наларзаду самимона бошад, худро хушҳол меҳисобам. Баъд ин ки, (худситоӣ нашавад), дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон муддати мадиде фаъолият намудаам ва чандин нафарро таълими ҳунари мусиқӣ додаам. Шояд устод гуфтани ҳамон ҳофизон воқеият дошта бошад?

— Шумо айни ҳол дар Хуҷанд зиндагӣ доред, гоҳ — гоҳ ба Душанбе ҳам омадурафт менамоед. Зуд — зуд коратон дар пойтахт меафтад…    

— Душанберо мисли Модар дӯст медорам, он бароям Ватан аст. То имрӯз ҳар кӣ шудаам, парвардаи ин мулкам ва фахр дорам, ки тоҷикам. Ҳар кӯчаю паскӯча, обу хоки ин диёр маро шиносу азиз аст. Қисми зиёди умрам дар сафарҳои эҷодӣ гузаштааст. Ба хориҷи кишвар низ аз Душанбе гом бардоштаам.

— Аз рӯи мушоҳидаҳо аксари барномаҳои консертиатон дар толори Театри академии давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мегузаранд, чаро? Ин магар ягон ҳикмате дорад?  

— Даргоҳи муқаддас аст. Шахсиятҳои шинохтаи олами санъати тоҷик, ки бо шарофати онҳо минбаъд санъати касбиамон шуҳрат ёфт, дар ҳамин даргоҳ кору эҷод кардаанд. Баъдан, он шароитҳои хуб ҳам дорад, ҳам барои ҳунармандону ҳам тамошобинон. Имкониятҳои акс кунондани овоз (акустика) -аш бештар аст.

— Барномаи эҷодиатон хеле ғанист. Ягон маротиба теъдоди сурудҳоятонро шумурдаед?

— Нашумурдаам, вале на танҳо худам, балки аксар мухлисонам медонанд, ки хеле зиёданд. Асосаш он аст, ки ман ҳамеша онҳоро бо шавқ такрору замзама менамоям, месароям. Ҳар кадоми онҳо ба худ таърихе доранд.

— Дар васфи падару модар шеъру сурудҳои зиёде ҳаст. Аммо ба назари инҷониб суруди «Падарҷон» — и Шумо бар матни Абулқосим Лоҳутӣ аз ҳама беҳтар аст. Он ягон таърихе дорад, тавлиди ин суруд умуман чӣ гуна аст?

— Дар ёдам ҳаст, ки соли 1976 ҳангоми сафари ҳунарӣ меҳмони бургомистри шаҳри Клагенфурти Австрия, ҷаноби Леопад Гугенберг будем. Ҳунарпешаҳои халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Малика Қаландарова, Аҳмад Бобоқулову Малика Собирова низ бо ман ҳамроҳ буданд. Ҷаноби Гугенберг (ҳамсараш ба наздикӣ вафот карда буд ва ҳашт нафар фарзанд бо ӯ монда) маро то беморхона бурд. Дарди кӯррӯда хурӯҷ кардааст, фавран ҷарроҳӣ намудан лозим омад. Ҳамон лаҳзае, ки маро бо аробачаи махсус сӯйи хонаи ҷарроҳӣ мебурданд, аз пеши назарам зебоиҳои табиати Ватанам, модарам, падарам, Душанбеи азизам, чун навори кино мегузаштанд. Шеъри Лоҳутӣ — «Падарҷонро»-ро, ки азбар менамудам, зери лаб замзама кардам. Ана ҳамон вақт қадри Ватан қимати гарони хешро муайян карда буд. Аз тарафи дигар, тавассути радио фаҳмидам, ки ҳаммеҳани мо Зебунисо Рустамова чемпиони ҷаҳон шудааст. Ин хушхабар ҳам дилро қувват бахшид. Баъди ҷарроҳӣ ба шеъри «Падарҷон»-и устод Лоҳутӣ оҳанг бастам.

— Сурудҳои зиёдатон дар васфи Ватан, модар, сулҳ, ҳурмату эҳтироми волидон мебошад. Мафҳуми меҳанпарастӣ аз нигоҳи Шумо чӣ гуна аст?

— Устоди бузурги назми тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода (ҷояшон ҷаннат бод!) нисфи дунёро гашта, сулҳу дӯстии байни миллатҳоро тарғиб мекарданд. Банда низ аз ашъори эшон, ки зиёдаш дар васфи сулҳу дӯстист, фаровон сароидаам. Ман бар онам, ки агар инсон ҳарчӣ дуртар аз Ватан биравад, ҳамон қадар ёди онро мекунад. Банда ҳам сафарҳои зиёде доштам ва боз ҳамон қадар дур аз Ватан буданро бештар эҳсос менамудам. Инсон боя пеш аз ҳама ватандӯст бошад, ба қадри боигариҳои миллати хеш бирасад. Охир, ватандорӣ ҳам аз гӯшаи имондорист гуфтаанд — ку?

— Ба наздикӣ як суруд хондед: «Рӯзе, ки кард Маҷнун, ҷонро фидои Лайлӣ». Сароидани сурудҳои куҳнаатонро дӯст медоред?

— (Механдад). Суруду шеър, ишқи дар саҳнаи театру кино офаридашуда, ба намоиш гузоштани спектакл барои муаллифи он чун фарзандаш азиз аст. Ин гуна маҳсули эҷодӣ дар як вақту фазои муайян эҷод шудааст ва аз ин рӯ, таърихӣ ҳам ҳаст. Банда аз ин лиҳоз фикр мекунам, мисли он ки моли хуб ҳамеша харидори хешро дорад, суруди дилнишин ҳам шунавандаи худро дорад.

— Баъзан ба мушоҳида мерасад, ки дар услуби сарояндагии Шумо қариб, ки ягон тағйирот ворид нагардид, вобаста ба ҳодисаҳои маъмулии давр, чаро?

— Халқи тоҷик аз қадим сулҳхоҳу сулҳпарвар буд ва иншоАллоҳ ҳамин тавр мемонад. Ҳодисаҳои нангине, ки аз сари мову шумо гузашт, (Илоҳо, ба сари ҳеҷ бандаи муъмин дигар наояд) ҳодисаи тақдир будааст. Албатта, дар қатори дигарон банда низ азият дидам. Дар Самарқанду Бухоро  ҳафт моҳ таъқибам менамуданд. Бо мадади дӯстон дар Амрикову Исроил ва соири мамолики хориҷӣ зиндагии иҷборӣ доштам. Он ҳунармандони номиамон, ки бо аксарияташон дар ин ҷо ҳамкор будам, маро хуб истиқбол намуданд. Аз чунин ранг гирифтани ҳодисаҳо хеле афсӯс мехӯрданд. Вале чун санъаткор, фарзанди миллати тоҷик ғами Ватанро мехӯрам. Якчанд суруд ҳам тайёр намудаам, аз ҷумла, суруди «Тоҷикон» маҳсули ҳамон солҳост. Хуллас, бекор нанишаста будам.

— Як муддат вакили мардумӣ ҳам будед, пушаймон нестед, ки ба сиёсат ҳамроҳ шудед?

— Не, асло пушаймон нестам, зеро дар ин соҳа ҳам каму беш худамро санҷидам ва бисёр масъалаҳои ба худам норавшанро низ аниқ намудам. Сиёсат ҳам мактабест, ки инсон пеш аз ҳама, аввал худашро кашф мекунад, баъд дигаронро. Солҳост, ки дар ансамбли «Нури Хуҷанд» фаъолият дорам, ки онро ҳамроҳи устоди зиндаёд Боймуҳаммад Ниёзов ташкил карда будем.

— Воқеан ҳам, нақши устод Боймуҳаммад Ниёзов дар тарбияи шогирдон калон аст…

Бениҳоят… эшон то рӯзи вафоташон ҳамроҳи шогирдон буданд, аз «Шашмақом» дарс  гуфтанд. Он кас мисли дарёе буданд, ки дигаронро бо заҳмати хеш рӯйи об мебароварданд, соҳибҳунар ва соҳибэҳтиром буданд. Он кас умри бобаракат (82 сол) диданд. Оромгоҳашон дар мазори «Гунбази қошуқ» — и шаҳри Хуҷанд аст. Илоҳо, ҷояшон ҷаннат бошад. Акнун мо, шогирдон, бояд кори эшонро идома диҳем, ин вазифаи аслии мо, санъаткорон аст.

— Биёед, боз атрофи ҳунари Шумо ҳарф занем. Сурудҳоятон дар барномаҳои консертӣ ва маҳфилҳои гуногун қариб, ки ҳамеша бидуни фонограмма садо медиҳанд, душвор нест ин кор?

— Ин одати ман аст. Ҳеҷ гоҳ ба оши тайёр бакавул нашудаам. Санъат заҳматро меписандад. Мухлисро фиреб додан ба қадри истеъдоди худ нарасидан аст. Шукри Худо, ба ин синну сол расидам, мехоҳам то ҳастам, ҳамеша бо садои табиии худам сароям.

— Дар ин чанд соли охир фарзандатон — Ҷонибек роҳи Шуморо пеш гирифтааст. Ояндаи ӯро дар ин роҳ чӣ гуна баҳо медиҳед?

— Шодам ва мефахрам, ки санъатам ворис пайдо намудааст. Ба ҷавонҳо имкон додан даркор, ки сабзанд, мустақил бошанд. Ҷонибек сабку услуби худро дорад. Ба ӯ бовар дорам, ки дар роҳи санъат комёб мешавад.

Ва дар охир…

Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ҳанӯз соли 1979 (дар 37 — солагиаш) ин унвонро сазовор гардида буд. Вай дорандаи Ҷоизаи ба номи устод Рӯдакӣ ҳам ҳаст. Алҳол зиёда аз панҷоҳ сол аст, ки ба мардуми Тоҷикистон  ва хориҷ аз он тавассути сурудҳои дилнишин ғизои маънавӣ мебахшад. Гоҳи шунидани садояш дилҳои сомеон ба ҷӯш меояд, қалби онон моломоли шодию фараҳ, хотирашон осуда, руҳашон болида мегардад.

Оре, садои вай дар ҳама ҳолат шунавандаро ба худ ҷалб карда метавонад. Пас, зиҳӣ соҳиби чунин овози хуш, ки табъи ҳаводорони суруду таронаҳои гуногунмавзӯю мухталифоҳангро хуш гардонда метавонад. Ҷашни 77 — солагӣ муборак, устоди бузурги мусиқӣ!

 Суҳбаторо Ҳотами Ҳомид

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here