Боби I

Гуфтор андар боби худ

Кӯдакиям бекасу танҳо гузашт,
Бо дарав, бо хӯ
шачиниҳо гузашт.
Лоиқ

Устод, кӯдакии хешро чи гуна арзёбӣ мекунед?

Кӯдакии ман ба замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъд аз он рост меояд, якуним сола будам, ки ҷанг оғоз гардид ва ҳамаи он азобҳое, ки дар ақибгоҳ буд, бар сари мо омад. Кӯдакии оддӣ набуд, ҳануз дар синни ҳаштсолагӣ ончи бузургон мекарданд, мо ҳам мекардем. Масалан, он замон падару модарон дар колхоз кор мекарданд ва баъзан ягон воқеа ё сабабе ба миён меомад, ки онҳо ба кор рафтан наметавонистанд ва албатта, мо кӯдакони норасида, ба ҷои онҳо ба кор мерафтем, ҳама коре, ки дар колхозу куҳистон ва деҳот буд, ман аз сар гузаронидам. Зиндагии он давра баробари мо рушд мекард ва мо, ки баъди харобаҳои зиёд дунёи нав месохтем дар баробари он бузург шудем.

Наврасӣ ва ҷавонии Шумо чи бурдҳо ва чи бохтҳоро дорад?

Дар айёми ҷавонӣ мо як гуруҳ ҳамсолон аз деҳот ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент барои таҳсил омадем ва дар ҳамонҷо бо Лоиқ, Абдунабӣ Сатторзода ва дигарон шинос шудем, якҷоя таҳсил кардем ва якҷоя ба Душанбе барои идомаи таҳсил дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, дохил гардидем ва баъд аз хатм, ҳар кас ба таври худ кор ёфт ва ҳамон корро иҷро мекард, лекин мо то имрӯз агар Лоиқро талаф додем, ҳоло ҳам ҳамроҳи Абдунабӣ Сатторзода ва баъзе рафиқону дӯстони ба гуфти Лоиқ “ҷамолакӣ”, яъне хурдсолӣ ҳастем. Ғайр аз хондани дарс, дар якҷоягӣ дарси адаб ҳам меомӯхтем ва ба якдигар тавсия мекардем, ки китобҳои ноёбро ёфта хонем, агар яке аз мо дастрас мекард, албатта, ба дигаре низ тавсия мекард, ки ин китобро бояд хонем. Ҳамин гуна ҷавониамон бо мурури замон сипарӣ шуд, вале имрӯз ба синни 80 расидам ва шукри Худо Абдунабӣ дар ҳама кор ва ҳама ҳолатҳо ҳамроҳ аст, лекин як талафоти хеле бузург бароямон ин аст, ки мо Лоиқро аз даст додем.

Устод, агар ба Шумо суол диҳанд, ки зиндагиномаи хешро дар чанд ҷумла тасвир бикун, Шумо чи менавиштед?

Ман он чизе, ки камтар пеш гуфтам, оғози зиндагинома буд ва идомаи он ин аст, ки “Ёдномаи Лоиқ” ва дигар чизҳоро навиштам, барои ман “Лоиқнома” навиштан хеле азиз аст ва орзу дорам, ки асарҳои навиштаамро чоп карда, ба мардум пешкаш кунам ва дар оянда низ дар баробари лаёқатам эҷодиётҳои нав ва тозаро меофарам.

Боби II

Сухане чанд дар хусуси эҷодиёт ва адабиёт

Бесаводам аз савод омӯхтан,
Бефурӯғам аз ҷаҳон афрӯхтан.

…Бо ҳама ин каҷҳисобиҳои давр
Сармадам аз хешро нафрӯхтан…

Лоиқ

Чаро Шумо шоир неву нависандагиро интихоб кардед? Бар илова, фарқ миёни нависанда ва шоир аз дидгоҳи Шумо дар чи аст?

Ҳар кас аз таҷриба ва омӯзиши зиндагӣ дарк мекунад ва мефаҳмад, ки ба чи чизҳо лаёқат дорад. Ман гумон мекунам, ки шоирона фикр мекунам, шеърро дӯст медорам ва бисёр шеърҳоро медонам, “Шоҳнома”-ро бо овоз мехонам, лекин шеърнависӣ кори ман нест, чунки ман худамро дар насрнависӣ дарёфтам ва дар ҳамин насрнависӣ ба ман баъзе чизҳо даст дод, якум зиндагии мардум, дуюм адабиёти классикии мо, сеюм адабиёти ҷаҳонӣ, зеро вақте ки ин чизҳоро мехондам, дарёфтам, ки ба насрнависӣ лаёқат дорам. Барои насрнавис будан зиндагиро хеле хуб донистан зарур аст ва ҳама обу ранги ҳаётро дониста, дарк карда тавонистан даркор, забони халқ, музофот, классикӣ ва забони адабиётро низ хуб аз худ кардан лозим мебошад.

Устод, ҷойгоҳи офаридаҳои худро дар баробари адабиёти ҷаҳон, чи гуна баҳо дода метавонед?

Ин саволи хеле мушкил аст, чунки ман ҷойгоҳи худро аниқ муайян кардан наметавонам, инро халқ, хонанда, олимон ва адабиётшиносон бояд муайян созанд, лекин ҳар шаб, ки пеш аз хоб насли мо ва мардуми мо мегӯянд, ки “хоб кардан ба дасти рост, хестан ба пойи рост, фариштаҳои дасти чап ба дасти рост”, яъне ҳама чиз бояд ростӣ хоҳад, рост бошад ва ба Худованд пеш аз хоб ниёиш мекунам, ки ҷойи маро дар адабиёт худаш муайян созад,зеро душворӣ ҳам дорад ва душвориаш дар он аст, ки мо аз ҷойгоҳи худ берун баромадан наметавонем, бисёр мушкил аст, агар адабиёти Аврупо, Амрико, Форсӣ ва Арабӣ ба олами Ғарб осонтар муаррифӣ гардад, аммо мо то ба онҳо расидан ба бисёр душворӣ дучор мегардем, чунки тарҷумони хуб надорем ва тарҷума кардан ҳам наметавонем ва ба як кас пешкаш кардан наметавонем. Ин бисёр мушкил аст ва ба ҳамин хотир мо дар деги худ меҷӯшем.

Вазъи насри имрӯзаи тоҷик дар кадом поя аст?

Гумон мекунам, ки пешравӣ нест, агар мо аз Айнӣ ин ҷониб гирем, Айнӣ Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев барин нависандагон имрӯз қариб, ки нестанд. Нависандагоне ҳастанд, ки бо як-ду асар навиштан иктифо мекунанд. Нависандаҳои бисёре ҳастанд, ки адабиётро бозича донистанд. Адабиёт чизи бузург аст, адабиёт зиндагист ва шохаҳои зиндагист. Агар рӯдҳои ҷаҳон ба наҳрҳову уқёнусҳо нарезанд, обҳои онҳо бухор шуда, кам мешавад, ҳамин рудҳои мо, агар диққат дода бошед ба баҳри Арал мерехтанд, ҳозир то онҷо мерасанд ё не, номаълум, зиндагӣ ҳам чунин аст ва адабиёт низ ба ҳамин мисол монанд аст.

Адабиёти имрӯзае, ки мо дорем, ба андешаи Шумо классик шуда метавонад?

Дар шеър эҷодиёти Лоиқ классик буда метавонад. Аммо дар замони имрӯза, баъзеҳо адабиётро ҳам бозича ва ҳам як чизи даргузар медонанд.Оне, ки поя ё сутуни адабиёти мо шуда метавонанд, вуҷуд надорад, намебинам. Агар ягон чизи дуруст навишта бошанд, дар кулл ҳамин хел эҷодиёт надоранд.

Чи ангезае Шуморо водор кард, ки романи “Достони писари Худо”-ро эҷод намоед? Ҳамчунин гириди номи Искандари Зулқарнайн зиёд баҳсҳо миёни олимон вуҷуд дорад ва эшон то ҳол ба хулосае наомадаанд, ки Искандари Зулқарнайн, Куруши Бузург аст ё Искандари Мақдунӣ. Шумо дар ин хусус чи андеша доред?

Ман дар ҳамон асар маҳз, ҳамин чизро навиштам, ки Куруши Кабир ҳаст ё не, ӯ шохдор асту шоха аст ё не. Куруши Кабир дигар аст ё Искандар дигар аст. Куруши Кабир Зулқарнайниаш аз шохдориаш нест, аз ду миллат, модҳо ва порсҳо ба миён омадааст, лекин Искандар Мақдунӣ ҳеҷ гоҳ Зулқарнайн нест ва ӯ писари Филипи дуи юнонӣ ё ин ки мақдунӣ аст ва тарҷумаи ҳоли Искандар аллакай собит гаштааст, ки аз кадом оила аст ва падару модараш кист, чӣ гуна таваллуд шудааст ва ҳама чиз маълум аст. Мо ҳатто мегӯем, ки вай писари Доро аст ва мегуем, ки Алимпиада духтари Филип буд ва Доро гирифта омад ва аз ӯ искандар ба дунё омад, вақте ки мегӯянд, ки Алимпиада зани Филипи ду аст. Дар ин ҷо баъзе масъалаҳое ҳаст, ки ба мазҳаб ва динҳо вобастагӣ дорад ва ман ҷуръати гуфтан надорам, лекин дар худи китобе (афсӯс, номи китоб ёдам рафт) навишта шудааст, ки Зулқарнайн кист? Ҳамонҷо исбот мекунад, ки Искандар Зулқарнайн нест, Искандар дигар ва Зулқарнайн Куруши Кабир аст, ҳамин чизҳо маро водор кард, ки ҳамин китобро нависам. Боварии мардум, гуногун ва ба вай ҳар гуна баҳо медиҳанд ва баъзеҳо ҳатто собит кардаанд, Куруш дигар аст ва Искандар дигар одам аст.

Устод, чанд романи дигарро дар нақша доред, ки бинависед ва агар махфӣ бошад, гуфта метавонед кадом мавзӯъро дар бар мегиранд?

Арз кунам, ки ба шумо мегӯям ва ба касе то ин ҷониб нагуфтаам, асарҳои нашрнашуда ба монанди асарҳо ва ҳикояҳо дорам, аз ҷумла, як силсила мағзрезаҳо дорам, вале андак худдорӣ мекунам барои чопи онҳо. Ҳозир ду ҷилди дигари “Куллиёт”, яъне дувозда ва сензда дар дасти чоп аст ва нақша дорам, ки дар бораи Маздак роман нависам. Ин як мавзуи бисёр аҷиб аст, лекин аз рӯи тавсифи Фирдавсӣ навиштанаш бисёр хавфнок мегардад, яъне касе, ки ба ин мавзӯъ даст зад, рӯз намебинад, ман хеле кӯшиш кардам, ки ҳамин мавзуъро нависам, аммо нашуд, бемор шудам ва нимкола монд.

Боби III

Андешаҳо вобаста ба иҷтимоиёт ва сиёсат

Аз сиёсат набошадам боке,

Аз сиёсатмаоб метарсам.

Лоиқ

Адиб метавонад сиёсатмадор бошад?

Агар адиб сиёсат ва адабиётро як чиз донад, пас, ӯ метавонад сиёсатмадор бошад. Адабиёт аз сиёсат ҷудо нест, ҳар дуи ин мафҳумҳо бо ҳам сару кор доранд. Адабиёт зиндагист ва низ шохаҳо дорад, ҳамин чиз касро водор мекунад, ки ҳамаи инҳоро ба инобат гирифта нависад, лекин ман росташро гӯям, ба сиёсат сару кор надорам, яъне сиёсати адабиёт дигар аст ва сиёсати давлатдорӣ дигар аст ва аз сиёсат як чиз хостан дигар аст, вазифа хостан дигар ва тамаллуқӣ дигар аст. Ман барои худ рост ҳастам.

Ахлоқи имрӯзи ҷомеаи тоҷикро ҳамчун як адиб чи гуна баҳо медиҳед?

Ахлоқи имрӯза андаке коста шуд, дар давраи Шӯравӣ мо Ҷанги Бузурги Ватаниро сарзаниш мекардем, ки дунёро дигар кард, имрӯз тарзи зиндагие, ки ҳар кас ба ҳоли худ шуд, андак костагиҳо пайдо шуданд. Масалан, парокандашавии мардуми тоҷик аз пайи рӯзу рӯзӣ гузаронӣ, агар диққат дода бошед натанҳо падарҳо, ҳатто модарҳо ба муҳоҷират рӯ овардаанд. Дар инҷо фарзандон ба дасти кӣ меафтанд ва кӣ онҳоро нигоҳубин мекунад? Фарз кардем, дар бархе аз ҷойҳо кӯдаконро тарбият мекунанд, мисли Шӯравӣ ятимхонаҳо ҳастанд ва ҳам муассисаҳо ҳаст, лекин падаре, ки аз баҳри зану фарзанд барома ва аз пайи рӯзиву дигар корҳо тарки Ватан мекунад ва аз ин ҷониб фикр надорад, ҳоли фарзандаш чӣ мешавад?! Лекин бо вуҷуди ҳамаи ин норасоиҳо, мардуми тоҷик хушахлоқ ҳастанд, тарбиядидаанд.

Устод, дар адабиёти имрӯз мо таърифу тавсиф зиёд ба чашм мерасад, омили инро Шумо дар чӣ мебинед?

Тамаллуқ дар тамоми давру замон буд, лекин тамаллуқе, ки мо ба кӣ ва ё барои чӣ мекунем, ин чизҳо як навъи хушомад, барои дар ҷамъият мавқеъ ва ё вазифа гирифтан ва худро болонишин кардан мебошад ва гӯё бо ҳамин восита ном бароварда, адабиёт месозанд, лекин бо ин роҳ адабиёт сохтан намешавад.

Зиёиёни даврони Шӯравии тоҷик, ба вижа рӯшанфикрони пас аз солҳои 60-70-умро чи нерӯ ё қуввае буд, ки ба ҳам овард ва онҳо дар майдони илму фарҳанг корҳои бузурге анҷом доданд?

Ин қувва ва нерӯ аз якҷоя ба ҳам омадани шахсони бедор ба вуҷуд омад. Иттиҳоди Шӯравӣ хеле пешрафта буд ва нависандагон ва аҳли эҷодро, санъаткор ва ё олимро дастгирӣ мекард, он замон як навъ назари нек буд, лекин ҳамин шахсони бедор фурсатро истифода мебурданд, онҳо танҳо дар бораи макон, замон ва роҳи худ фикр намекарданд. Мо адабиёти классикӣ дорем, ки аз ягон адабиёти дунё кам нест, балки бартарӣ дорад, хеле афзуниҳо дорад ва инчунин таърихи форсу тоҷики мо низ ҳамин гуна аст. Яке аз сарварони бузурги мо Бобоҷон Ғафуров онро мураттаб сохта, як китоби “Тоҷикон”-ро сохтанд, Осимӣ дар мавзуи фалсафаю рӯзгор чи ҷонканиҳо карданд ва ин ҷавонҳои лаёқатманд мехостанд, ки як коре кунанд, то ба онҳо мувоффиқ бошанд, як бедорӣ буд, ки адабиёти классик заминаи он буд, ки мо чи кор мекунем , куҷо меравем, адабиёти дунё аст, тараққиёт ба кайҳон рафтанҳ ва дигар чизҳое ҳаст, ки боз ҳам як сухан аст “бедорӣ”, мо худамонро шиносем, моро шиносанд бо корҳое, ки мекунем шиносанд.Ба ҳар ҳол банда, Осимӣ, Воҳидов, Лоиқе, ки дар Эрони кабир шинохтанаш худ бас аст. Мо мехостем, ки як чизе пайдо кунем, ки лоақал дар баробари адабиёти ҷаҳон, рус ва адабиёти халқҳои бародар ҳампо шуда тавонад ва ин аз роҳбар ҳам вобаста аст, масалан, тамоми раисони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро пеши назар оваред ва ҳам устод Мирзо Турсунзодаро. Як ғамхор  ва шахсе, ки ҳамаро сомон карда метавонад ва медонад, ки мо дар кадом роҳ қарор дорем ва ба куҷо рафта истодаем, лозим аст. Агарчи Мирзо Турсунзода дасти як касро гирифта рост накарда бошанд,лекин бисёр ҳимояҳо кардаанд, ҷавононро аз як роҳи нодуруст ба роҳи рост равона мекарданд, ки ин хеле муҳим аст. Сардор, ки оқилу доно шуд, пас шогирди вай ҳам ба ҳамон роҳ меравад.  Аз касе, ки пурсед ҳамин гапро мегӯяд ва минатдорӣ аз устод мекунад. Ба Лоиқ ва ба банда низ таҳдидҳо бисёр шуда буд, зеро ҳастанд нотавонбиноне, ки бо як пули пӯчак метавонанд одамро аз миён бардоранд, аммо дар ин баробар устод Турсунзода пайваста моро аз ҳар қадару бало ҳимоят мекарданд.

Устод, намедонам то куҷо ҳақиқат дорад, аммо баъзеҳо мегӯянд, замоне, ки устод Лоиқ номзадии худро барои раиси Иттифоқи нависандагон пешбарӣ намуданд, Шумо дар вақти овоздиҳӣ овози рад додаед. Ин ҳадс то куҷо ҳақиқат дорад?

(Механдад) Ин хандаовар аст, ки ман ба Лоиқ овози рад дода, бошам. Як одаме, ки ҳамроҳи Лоиқ пешниҳод карданд, дар ҳамон замон, корҳои беҳуда, хариду фурушҳо, ки аз номи нависандагон мекард, ман баромада ҳамин гапро гуфтам, ки Лоиқ арзанда аст ва мо чи кор карда истодаему ба кӣ нигоҳ карда истодаем?! Баъд инро одамон дигаргуна қабул карданд, ки гӯё ман овози рад дода бошам.

Ба гӯши шумо ҳам ин овоза омада расида буд ё не?

Не, ман инро нашунидаам, лекин бигузор, ки ман рафиқу дӯст ва ҳамзодгоҳи Лоиқ набошам, аммо ҳамон шахсе, ки ҳамроҳи ин кас (Лоиқ) овозашро монда буд, ман ба ӯ ҳеҷ вақт овоз намедодам.

Илму фарҳанги имрӯза, ки ба хеле бемориҳову заъфиҳо гирифтор шудааст, чун як зиёӣ, дармонашро дар чӣ мебинед?

Парокандагӣ боис гардид, ки ин бемориҳо ба илму фарҳанги мо ворид гардад, зеро агар огоҳ бошед, солҳои аввали ҷунбишҳо ва бетартибиҳо натанҳо шогирдон, бекорон ва ҳатто баъзе олимони бузурги мо аз ин ҷо ба хотири иқтисодиёт ба ғарибиҳо рафтанд, ҳатто муаллим набуд, ки дар мактаб дарс диҳад. Лекин шукри Худо, ки ҳамааш боз сарҷамъ шуданд, мактаб, илм, фарҳанг, олимӣ ва шоириву нависандагӣ ва дигар пешравиҳо вусъат ёфтанд. Ҳозир, ки хеле корҳои бузург дар Тоҷикистон анҷом ёфта истодааст, мардум ба адабиёт ҳам рӯ оварданд. Ба муносибати 30-солагии истиқлолият 30 ҷилдаи нашршуда дар нашрияи “Маориф”, аз Айнӣ сар карда, то имрӯз 30 китоб чоп шудааст, ки 30 ҷилда мебошад. Лекин зиндагиамон бисёр хуб пешрафта истодааст, ободӣ, дар ҷобаҷо гузории кадрҳо низ як навъ пешравӣ ҳаст.

Устод дар боло қайд намудед, ки чанд роман ва қиссаву ҳикояҳои тайёр дорам, ки барои нашраш худдорӣ мекунам, сабаб дар чи бошад?

Худатон медонед, ки китобро ҳар як адиб худаш чоп мекунад ва барои он маблағи бисёр  зарур аст, бо шумораи зиёд чоп кунед, ба фурӯш намеравад, ҳатто 100-200 дона чоп мекунед ба фурӯш намеравад. Дар даврони Шӯравӣ агар як китоб чоп мекардед, ба бисёр чизҳо ноил мешудед, ҳам дар журналҳо, нашриётҳо чоп мекарданд ва ҳам ба русӣ тарҷума мекарданд ва боз инҳо ҳамааш ҳаққи қалам доштанд ва пул медоданд, барои ҳамин имрӯз нависанда агар асарашро чоп кунад, ман дорам маводҳое, ки чопкарда шуда, вале ба ягон ҷо бурдан наметавонам, медонам, ки ба фурӯш намеравад. Танҳо, барои худ ва тасаллои дилам чоп мекунам, аммо ҳозир рӯ ба беҳбудӣ аст, рӯ ба фарҳанг оварданҳо аст, Худо хоҳад нағз мешавад.

Шояд охирон суҳбати устод Лоиқ буд, соли 1999 дар барномаи “Суҳбати мардона”-и Телевизиони Тоҷикистон, ки онҷо мегӯянд зиёда аз ин теъдоди шеърҳо, ки дар китоби “Фарёди бефарёдрас”  ҷамъоврӣ шудааст, дар даст дорам, ки чоп накардам, оё Шумо аз қисмати он шеърҳо хабар доред?

Чопкунандаи китоб писарашон Ромиш ва ҷиянашон Баҳридин мебошанд, ки ҳама чиз дар дасти онҳо аст. Он кас ҳар чизе, ки меофариданд ҳамон рӯз ба дӯстон пешниҳод мекарданду мехонданд. Лекин шеърҳои кисагӣ доштанд, ки дар ҷайбашон ҷо буд, доштанд ва як навъ шеърҳо, шӯхиҳо ва ҳазлҳо ҳам дошт, ки баъзеашон гуфтану хондан мумкин набуд, барои мо мегуфтанд.Ман медонам, ки баъзе чизҳои рӯирост мегуфтагӣ доштанд, лекин шеърҳое, ки ба касе расад ё касеро таънаю шармсор кунад, ба ман дучор наомадааст. Марги Лоиқ ногаҳонӣ шуд, аксари шеърҳое, ки дар “Фарёди бефарёдрас” аст, дар бемористон вақти беморӣ навишта гардидаанд. Дар шеърҳояш ҳақиқат вуҷуд дорад ва албатта, чизҳои дурӯғу беҳуда нагуфтаанд.

Устод, шояд Шумо дар дил ҳарфе доред ва ё гуфтание доред, ки ягон ҳамсуҳбат дар вақти суҳбат аз Шумо суол накард, метавонед ҳозир бигӯед?

Гарчанде, ки зиндагиро хеле хуб медонам, таҷрибаи зиёд дорам ва тамоми гулу гиёҳро бо рангу бӯяш мешиносам, вале бо вуҷуди ин боз ҳам худро нависанди комил ҳисобидан наметавонам. Баъзе хонандаҳои мо дар ҳамин Душанбе ҳам ҳастанд, ки говро аз хар фарқ кардан наметавонанд, барои ҳамин, мо бояд мардумро дигар гуна таълим диҳем. Нависанда бояд галаро аз пода, подаро аз рама ва амсоли инҳо фарқ карда тавонад. Яъне, дар ҳамин мисол ман ҳама чизро гуфтан метавонам.

Суҳбаторо:
Зоҳири Сайфулло,

Дилои Бандаишо

Добавить комментарий