Сӯҳбати журналист Раҷаб Мирзо бо доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор  раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Қудратов

“Мо ба як ислоҳоти фарогир ниёз дорем”

Рустам Раҳматович, аввалан Шуморо барои интихоб шуданатон ба раисии ҳизб дар анҷумани ахир муборакбод мегӯем. Баъдан, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) аз ҷумлаи ҳизбҳои нав аст. Он соли 2005 ташкил ёфт ва бисёр зуд ба маъракаҳои сиёсӣ ворид шуд. Аммо Комиссияи марказии интихобот пас аз интихоботи президентии соли 2006 маълумоти ҷолиберо пешниҳод кард: ҲИИТ 6, 2% интихобкунандаҳоро соҳиб шудааст. Яъне ба ин иқрор, пас аз ҳизби ҳоким он дуввумин нерӯи сиёсии Тоҷикистон аст. Бовуҷуд, боз ҳам аз рӯи маълумоти КМИР дар интихоботи парлумонии соли 2010 натиҷаи дигар ҳосил шудааст ва акнун на ҳизби Шумо, балки Ҳизби аграрии Тоҷикистон мақоми рамзии ҳизби дуввум”ро соҳиб гашт. Дар интихоботи соли 2015 бошад, онҳо аллакай соҳиби фраксия шуданду ҲИИТ ҳамагӣ 3 нафарро ба Маҷлиси намояндагон ворид кард. Чунин як тағйирёбии рақамҳои эълоншуда аз чӣ гувоҳӣ медиҳанд?

-Ташаккури зиёд барои табрикот. Воқеан ҳам раис ва асосгузори ҳизб Олим Бобоев барои шаклгирии он ва пайдо кардани ҷойгоҳи муносиб дар ҷомеа саҳми муносиб гузоштаанд. Аммо дар анҷумани ахир гуфтанд, ки акнун мехоҳанд роҳро ба сӯи ҷавонон кушоянд ва аз раисӣ рафтанд. Вакилони анҷуман ин масъулиятро ба ӯҳдаи ман гузоштанд. Кӯшиш хоҳам кард, ки боварии онҳоро сазовор бошам. Аммо он чи ки ба қисмати дуввуми саволатон дахл дорад, омор дигархелтар аст. Соли 2010 мо танҳо як намоянда дар Маҷлиси намояндагон доштем. Ҳоло се нафар. Яъне динамика ҳаст ва ҳамасола 50-70 % аъзои ҳизб афзоиш меёбанд. Ин маънои онро надорад, ки маълумотҳои зикршуда моро қонеъ мегардонанд. Зарфиятҳои ҳизб бештар аз инанд. Тасаввур кунед, ки дар раёсати ҲИИТ беш аз 20 нафар докторҳои илм аз бахшҳои гуногун узвият доранд. Шумораи номзадҳои илм бамаротиб дар байни аъзо бештаранд. Ҳоло, тавре дар ибтидо гуфтам, тибқи тавсияи раиси пешини ҳизб мо такяи бештар ба қаноти ҷавонон дорем. Ҳамаи 7 номзади пешбаришуда аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ низ олимони ҷавонанд. 11 номзади дигарамон аз ҳавзаҳои якмандаста низ аксаран ҷавонон ва аз шахсиятҳои муваффақ иборатанд. Ҳадафи мо дар интихоботи пешорӯ ворид намудани 5 номзад ба Маҷлиси намояндагон ва ташкил намудани фраксияи парлумонист. Мо тамоми зарфиятҳои худро дар 41 ҳавзаи интихоботӣ таҳлил кардем ва танҳо дар он ҳавзаҳое номзад пешниҳод намудем, ки ба ғалабаашон бовар дорем. Масалан, муовини нави раиси ҳизб Сарвиноз Маҷидова аллакай рисолаи доктории худро омода дорад. Ӯ дар ноҳияи Бохтар дар оилаи олим ба дунё омадаву тарбия гирифтааст. Аз ин хотир, вақти муаррифии ин номзад мо эҳсос кардем, ки мардум аз ӯ ҷонибдорӣ мекунанд.  Мутмаинем, ки чунин шеваи кор ва интихоб барои нақшаи дар пешгузоштаи мо мусоидат хоҳад кард. Барномаи пешазинтихоботии мо хеле ҷиддист ва барои ба мардум дар шакли содда фаҳмонидани он мо барои номзадҳоямон машғулиятҳо анҷом дода истодаем…

Воқеан, Шумо дар суҳбати телефонӣ бо инҷониб гуфта будед, ки ҳоло сахт банд ҳастеду барномаи пешазинтихоботии худро таҳия доред. Одатан барномаи пешазинтихоботиро анҷуман тасдиқ менамояд

Нуктаҳои асосии барномаро мо низ дар анҷуман баррасӣ кардем, вале анҷуман тасмим гирифт барои ҳарчӣ ҷиддитар шудани он як гурӯҳи корӣ таъсис диҳад. Ҳоло он комилан омода шуд. Аз ҷониби дигар, барномаи пешазинтихоботии мо дар соли 2015 замоне таҳия гаштааст, ки барномаи Стратегияи миллии рушд тасдиқ нашуда буд. Инҷониб дар коркарди ин стратегия саҳмгузор будам ва яке аз масъулон аз Кумитаи тартиботи ҳуқуқи, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон низ ба ҳисоб мерафтам. Ин як ҳуҷҷати муҳим аст ва зиёда аз 200 маҳак (индикатор) дошта, тақрибан тамоми бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишварро фаро мегирад. Зимнан, барномаи мо такяи бештар дорад ба ҳамин нуктаҳо. Ҳадафи мо аз нигоҳи илмӣ асоснок намудани амалигардонии ин маҳакҳо дар Тоҷикистон хоҳад буд. Ин танҳо бо роҳи қабули қонунҳо ва дигар кардани муҳити интситутсионалӣ имконпазир аст. Яъне мутобиқ ба ин стратегия мо ба як ислоҳоти фарогир ниёз дорем. ҲИИТ нигоҳи хоси худро дошта, барои амалӣ гаштани ин барнома роҳу василаҳои мушаххасро пешниҳод менамояд.

“Тафаккури шӯравӣ ба мо халал мерасонад”

Аз замони таъсиси ҲИИТ ва ҳам Ҳизби аграрӣ гуфта мешуд, ки онҳо аҳзоби ғайриидеологиву ғайрисиёсӣ ҳастанд. Яъне даъвои ҷиддии сиёсӣ надоранд. Ҳарчанд, ба назари инҷониб, илм, ки ҳоло Шумо мегӯед такяи бештар ба он доред, дар сурате муваффақ буда метавонад, ки дар мухолифат бо назарияву амалияҳои мавҷуда қарор дорад. Дар айни замон, раисони аҳзоби ба истиллоҳ сиёсӣ низ мегӯянд ҳоло такяи бештар ба масоили иқтисодиву иҷтимоӣ мекунанд ва ба ин восита имкон доранд раъйи бештари мардумро соҳиб шаванд. Онҳо низ мегӯянд ислоҳот мехоҳем ва роҳҳои расидан ба ин ислоҳотро медонанд. Пас ҲИИТ аз онҳо бо чӣ фарқ хоҳад кард?

Шумо дар назар бигиред, ки танҳо ислоҳот дар бахши иқтисодӣ ба дигаргунии куллӣ оварда намерасонад. Ҳатман дигаргунии сиёсӣ зарур! Ҳоло сиёсати мо аз рӯи меъёри “дарҳои кушода” роҳандозӣ мешавад. Иқтисод ҳам аз рӯи ҳамин меъёр бояд шакл бигирад. Мо дар бораи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон нигоҳи хоси худро дорем. Аз ҷумла, дар масъалаи равандҳои интегратсионӣ. Ин ҳам сиёсат аст! Яъне даъвои онҳое, ки моро “ҳизби ғайрисиёсӣ” меноманд, комилан иштибоҳ аст. Шиори пеш аз интихоботии ҳизбии мо “Ислоҳоти иқтисодиёти миллӣ баҳри таъмини зиндагии шоиста” худ баёнгари он аст, ки мо талош барои азнавсозии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардумро дорем. Оё ин кор дар худ сиёсат надорад? Роҳандоии Стратегияи миллии рушд низ танҳо аз роҳи сиёсӣ имконпазир мегардад. Бубинед, агар соли 2015 теъдоди мардуми камбизоат 31, 5% ва қашшоқ 15, 8% -ро ташкил медод, ҳоло дар ин рақам дигаргунӣ ба миён омад. Тибқи маҳаку меъёр-ҳои қабулшуда, агар як оила 2 доллару 15 сент даромад надошта бошад, аллакай вай камбизоат аст. Ин нишондод барои оилаҳои камбизоаттарин 1 доллару 8 сент, яъне тақрибан 10 сомонист. Стратегияи миллии рушд дар назар гирифтааст, ки то соли 2030 сатҳи оилаҳои камбизоат 15% -ро ташкил диҳаду оилаҳои камбизоаттарин умуман аз байн раванд. Тибқи маълумоти оморӣ соли 2015 -ум, 20% мардуми Тоҷикистон ба синфи миёна дохил мешуд. Ҳадафи давлат ин аст, ки ин теъдодро то соли 2030 аз рӯйи сенарияи саноативу инноватсионӣ ба 50% расонад.

Воқеан, дар бораи вуҷуд доштани синфи миёна баҳсҳо гуногунанд. Ҳатто бархеҳо ба ин назаранд, ки Тоҷикистон аслан синфи миёна надорад ва танҳо ду табақа мардуми аз ҳад бой ва аз ҳад нодор дар он зиндагӣ мекунад

Онҳое, ки чунин назар доранд, намедонам чиро асос мекунанд, аммо арқоми гуфтаи ман баҳогузории Бонки ҷаҳонист. Мушкили аслӣ, ба фикри ман, дар дигар ҷост. Яъне аксари мардум ҳоло ҳам аз тафаккури замони шӯравӣ, яъне тайёрахӯрӣ берун нарафтаанд. Қазияи асосии давраи гузариш дар баланд бардоштани маҳсул-нокии меҳнат ва ташкили ҷои нави корӣ ана ҳамин менталитети мост. Ба шароити нав мутобиқ шудани одамон бисёр мушкил мебошад. Ҳукумат бояд тавонмандиҳои инфиродии одамонро дар ин замина рушд диҳад. Тафаккури навро бояд ба вуҷуд овард.

Шумо мегӯед, ки дар мо ҳанӯз тафаккури кӯҳнаи шӯравӣ боқӣ мондааст. Вале беш аз 70% аҳолии Тоҷикистон ҷавононе ҳастанд, ки дар бораи СССР ҳатто тасаввурот надоранд. Пас шояд айбу мушкил дар тафаккур не, дар низоми мавҷуда аст?

Мақсади ислоҳот низ ҳамин аст, ки низом шикаста шавад. Бо ҳузур пайдо карданамон дар парлумон мо мехоҳем муҳити институтсионалӣ ва қолабҳои мавҷударо дигар намоем. Барои ин заминаи қонуниву ҳуқуқӣ зарур аст ва мо барои ин талош хоҳем кард. Як муқоиса: ҳатто як наврас ва ҳатто кӯдаки Афғонистон метавонад мустақилона тиҷорати худро ба роҳ монад. Зеро ин ҳунарро аз падару модар ва бобову бобокалонаш омӯхтааст. Барои ҳамин як афғон тақрибан дар ҳеч куҷо кори сиёҳ намекунад, балки соҳиби ягон тарабхона, ё фурӯшгоҳ аст. Дар мо ҳам бояд тафаккуру бардоштҳоро дигаргуна кард. Ислоҳот ё дар шакли эволютсионӣ мешавад, ё револютсионӣ. Таҷриба нишон додааст, ки варианти дуввум корагартар аст. Аммо ин маъноеро надорад, ки дигаргунсозии эволютсионӣ аз ҳад тӯлонӣ сурат бигирад. Мӯҳлат бояд кӯтоҳтар бошад.

“Аврупо 2% рушди иқтисодӣ дорад, Тоҷикистон -7%

Зимнан, “давраи гузариш” дар Тоҷикистон ба як мафҳуми дилбазан ҳам табдил ёфтааст. Тақрибан 20 соли ахир аст, ки ин мафҳум дар сатҳи гуногун садо медиҳад. Мардум донистан мехоҳанд: “давраи гузариш кай мегузарад?

Шитобкории аз ҳад зиёд ҳам натиҷаи мусбат намедиҳад. Барои Амрико 300 сол зарур шуд, ки иқтисоди худро таҷдид намояд. Мо низ дар зарфи тақрибан 30 сол хеле тағйирот ба вуҷуд овардем…

Дар муқобил, масалан Гурҷистони ба мо ҳаммонанд дар зарфи хеле кӯтоҳи роҳбарии Саакашвилӣ ба натиҷаҳои аз мо бамаротиб  беҳтарро ба даст овард

Инро ҳам ба назар гиред, ки аҳолии Гурҷистон нисбати мо кам аст. Баъдан, тафаккури он мардумро ҳатто замони шӯравӣ натавонист то дараҷаи кишварҳои мо побанд намояд. Аз ин хотир, дараҷаи зиндагии гурҷиҳо дар он давра низ аз мо баландтар буд. Иқтидори ин кишвар аз ҳамаи меъёрҳо назар ба мо фарқ мекард. Бубинед, танҳо аз ҳисоби сайёҳӣ онҳо дар ҳамон давра чӣ қадар манфиат мегирифтанд. Дар мо ин бахш акнун шакл мегирад ва ман бовар дорам мо метавонем аз онҳо пештар равем. Зеро зарфиятҳоямон аз онҳо бештар аст. Танҳо бояд нигоҳ, тафаккур, сохтор, заминаҳои ҳуқуқиро тағйир дод.

Як омили бисёр аҷибро дар бораи Гурҷистон ёдовар шудед вобаста ба кам будани аҳолӣ дар ин кишвар. Яъне фикр мекунед, давлатҳое, ки аҳолии камтар доранд, зудтару бештар рушд хоҳанд ёфт? Ёд дорам сарвазири собиқи солҳои 90 —уми Тоҷикистон Самадов боре гуфт, ки танҳо кишварҳое метавонанд ба рушди бештар даст ёбанд, ки на камтар аз 15 миллион аҳолӣ доранд

Теъдоди аҳолӣ як масъалаи баҳснокест, ки дар байни иқтисодшиносон баҳои қотеона надорад. Бархе мегӯянд, ки барои рушди устувор давлат бояд на камтар аз 40 млн аҳолӣ дошта бошад, баъзеи дигар рақами аз  ин бештарро меоранд. Аммо формулаи ягона дар ин масъала нест. Масалан дар Аврупо иқтисоди кишварҳо танҳо 2-3% рушд дорад, аз Тоҷикистон дар 10 соли ахир ин меъёр аз 7% кам нест. Ин ҳама дар заминаи ислоҳотест, ки мо анҷом додем.

Аммо фикр намекунед, ки ин ҳама пешравиҳои иқтисодӣ, ки Шумо мегӯед, дар заминаи қарзу грантҳои созмону кишварҳои донор аст?

Бовуҷуд, дар назар гиред, ки ин созмону кишварҳо ҳар сенти додаи худро назорат мекунанд. Аввалин лоиҳаи қарзии мо дар солҳои пеш, ки инҷониб ҳам дар он фаъолият доштам, “Хусусигардонии хоҷагиҳо” ном дошта, ҳаҷми пулии 20 миллион долларро ташкил медод ва ҳамагӣ аз 2-3 маҳак (индикатор) иборат буд: зиёдшавии ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиши заминҳои кишт ва таъмини ҷои корӣ. Аммо лоиҳаҳои инвеститсионие, ки ҳоло амалӣ мешаванд, аз 60 маҳак кам нестанд ва онҳоро таҳлил мекунанд. Вақте донор мебинад, ки маблағҳо самаранок истифода шудаанд, ба мақсади ниҳоӣ расид, ҳамкориро идома медиҳад.

“Бо гову гӯсфанд инноватсия кардан имкон надорад!

Вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, ки Шумо сӯҳбатро сӯи он бурдед. Бо раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҳам суҳбат доштем. Ҷаноби Латифзода  гуфт, ки “феълан ҳар чизе, ки дорем, аз меҳнати деҳқон вобастагӣ мегирад, на тавсияи ягон созмони байналмилалӣ

Мушкили асосии хоҷагиҳои деҳқонии мо дар хурд будани онҳост. Самаранокии кори кишоварзон дар он вақт ба миён меояд, ки агар онҳо муттаҳид шаванд. Танҳо дар ин сурат инноватсия кардан имконпазир аст. 97% чорво ҳоло дар дасти мардум мебошад. Дар замони шӯравӣ баръакс буд. Дар хонае, ки як 2-3 гов дораду 20 бузу гӯсфанд аз куҷо инноватсия кардан имконпазир аст? Аз куҷо илмро рушд додан мумкин? Яъне, агар мо пешрафт мехоҳем, таносубро бояд дигар кунем. Бо ёрии ташкили класстерҳои соҳавӣ, яъне махсус гардонидан ба истеҳсоли гӯшт, шир ва маҳсулоти боғдорӣ ва дигарон. Ҳоло як бахш – ангурпарварии шаҳри Турсунзода дар мо ривоҷ ёфтааст. То ҷое медонам, аз аксари кишварҳои пасошӯравӣ аз ин хоҷагӣ ангур мебаранд. Манзур ин аст, ки мо бояд маҳсулоте парвариш намоем, ки манфиатнок ва содироткунанда бошад. Мо рейтинги даромаднокии 23 намуди маҳсулоти кишоварзиро таҳия намудем. Аз рӯи ду меъёр: даромаднокӣ ва меҳнатталабӣ. Аз рӯи технология барои кор дар як гектар пахта як коргар лозим. Барои сабзавот – 8 одам. Гандум, ки аз рӯи фаҳмиши мардуми мо камхарҷ асту меҳнатталаб нест, дар ҷои 23 меистад. Дар ҷои аввал боғҳои интенсивӣ – ангур ҷой дорад. Як гектар боғ имкон дорад то 80 ҳазор доллар даромад биёрад. Боғбони машҳурамон, шодравон Ҳоҷӣ Камол боре дар суҳбат бо инҷониб гуфтанд, ки аз як гектар замин ман 40 -45 тонна ангур ба даст меорад ва  2 долларӣ мефурӯшад. Яъне ҳудуди 80 -90 ҳазор доллар аз як гектар. Агар ними ин маблағ ба хароҷот сарф шавад, нисфи дигараш даромади соф хоҳад буд. Дар муқобил, агар аз як гектар пахта 30 сентнер ҳосил гирем, ҳол он ки ҳисоби миёна дар Тоҷикистон 22 сентнер аст, даромад аз 200 доллар боло намеравад. Муқоиса намоед, 200 доллар куҷову 40 ҳазор доллар куҷо?! Боз ҳам мегӯям, бояд дониши кишоварзиву ҳуқуқии кишоварзонро баланд бардошт ва ба онҳо фаҳмонд, ки аз хоҷагиҳои хурд онҳо манфиат дида наметавонанд. Давлат низ. Пас бояд роҳҳои нави муттаҳид-шавии онҳоро пайдо кард. Албатта на мисли колхозу совхозҳои замони шӯравӣ, балки ба намуди коорперативҳои истеҳсолӣ, ассосиатсияҳо, ҷамъитҳо ва ғайра.

Пас шояд ягон варианти пешниҳодӣ доред?

Дар вақти коркарди Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2012- 2020 ҳайати кории мо барои омӯзиш ба кишварҳои зиёде рафтем. Аз ҷумла ба Туркия. Тасаввур кунед, дар ин кишвар 123 ассотсиатсияи соҳавӣ вуҷуд дорад. Вазорати кишоварзиаш 23 000 корманд дорад. Албатта бо намояндагӣ дар ҳамаи ҷамоатҳо. Дар ин кишвар 3. 5 миллион фермер аст. Намояндаи вазорат бо ҳар фермер шартнома мебандад. Дар ин шартнома маҳсулотеро, ки кишоварз бояд парвариш намояд, зикр мекунанд ва намояндаи вазорат барояшон пешакӣ харидор ҳам пайдо мекунад. Усули банақшагирии индекативӣ, ки аз поён ба боло равона шудааст. Яъне вазорат қаблан ҳисобу банақшагирӣ кардааст, ки барои таъминоти дохилӣ ва имкони содиротии он кадом намуди маҳсулот ва бо кадом миқдор зарур аст. Як имтиёз ба он фермерҳое, ки бо вазорат ҳамкорӣ доранд, ин аст, ки 5% қарзҳои бонкиашро хазинадорӣ ба ӯҳдаи худ мегирад. Ҳол он ки фоизи бонкии онҳо аз 10 фоиз бештар нест. Барои ташкил намудани инфрасохторҳои зарурӣ ба фермерҳо низ нисфи хароҷотро давлат ба зимма мегирад. Ба онҳо сӯзишвориро ҳукумат ройгон таъмин мекунад. 60 дарсади тухмӣ ҳам аз ҷониби давлат дода мешавад. Дар натиҷа, ин кишвар ба ҷумлаи 20 давлати дунё ворид мешавад, ки амнияти озуқавории худро таъмин намудааст.  Агар мо ҳам мехоҳем амнияти озуқавории худро таъмин намоем, бояд вобаста аз имкон ба ин тартиб корро роҳандозӣ намоем. Қонун “Дар бораи бехатарии озуқаворӣ” дар мо соли 2004 қабул шуда буд.  Танҳо соли гузашта ба он тағйиру иловаҳо ворид намуда, бархе механизмҳои ба талаботи замон мувофиқро ҳамроҳ кардем.

Як масъалаи дигари ҳамеша баҳснок ин арзиши маҳсулоти кишоварзист, ки аз деҳқон то истеъмолкунанда 400 -500% фарқ мекунад. Имконоти маҳдуди хоҷагиҳои деҳқониро медонем. Фикр мекунед, бо ҳамин шароити маҳдуд ин масъаларо чӣ гуна ҳал кардан мумкин аст?

— Дар шаҳрҳои калоне чун Маскаву Киев ин масъаларо бо ташкил намудани бозорҳо яклухтфурӯшӣ ҳал кардаанд. Вақте савдогар аз бозорҳои яклухти минтақаҳо ба бозори шаҳрҳои калон ворид мешавад, ба онҳо нархгузории савдоро шаҳрдорҳо мушаххас мекунанд. Масалан, дар Екатеринбургу Маскав он 50 фоизро ташкил медиҳад. Яъне, агар маҳсулотеро харидорӣ кардед, ҳаққи аз 50% дар болои он зам карданро надоред.  Ин яке аз фишангҳои иқтисоди бозаргонӣ аст, ки мутаассифона онро истифода намебарем.  Ёдатон бошад, солҳои охири шӯравӣ кооперативи “Нури нав” ташкил шуда буд. Ҳоло бояд ба ҳамон монанд сохторҳое ташкил кард. Дар Киев барои сохтани инфрасохтори дар боло зикркардаа 2 миллиард доллар қарз гирифтаву хароҷот карданд.

Раиси пешини ҳизбатон Олим Бобоев низ мегуфтанд, ки мудирияти вазоратҳои давлатӣ бояд дигаргуна гашта, бархе вазифаҳои онҳо ба бозор дода шавад. Ин дар замони нав таъсис ёфтани ҲИИТ буд. Аз байн 15 сол гузашт. Чаро масъала ҳоло ҳам мисли пешин боқӣ мондааст?

Сабаби асли норасоии пулист. Танҳо, агар соҳаи кишоварзиро гирем, он ҳамагӣ 30 -40 дарсад бо техника таъмин асту халос. Заминаҳои ҳуқуқиро то ҷое фароҳам кардем, вале бояд ба назар гирифт, ки кишоварзӣ як соҳаи серхароҷот ва дар навбати худ таваккалаш зиёд аст. Аз ин хотир сармоягузорон камтар таваҷҷӯҳ мекунанд. Тибқи барномаи қабулшуда вазорати кишоварзӣ бояд ба тарзи идораи функсионалӣ мегузашт. Дар мо ҳанӯз ҳам шакли идораи соҳавист. Яъне вазир, муовини вазир оид ба кишоварзӣ, чорводорӣ, растанипарварӣ ва ғайра. Инро бояд функсионалӣ кард – муовини вазир оид ба истеҳсол, оид ба маркетинг, оид ба инноватсия ва ғайра.  Дар натиҷа самаранокии фаъолият чандин маротиба зиёд мешавад. Мақсади мо аз бештар намудани вакилони ҳизбиамон ва ташкили фраскияи ҳизбӣ дар парлумон ҳамин аст, ки ин идеяҳоро пешниҳод ва гузаронида тавонем.

Аммо барои ба даст овардани овози бештари интихобкунанда, дар баробари пешниҳодоти мантиқӣ ва илман исботшуда, ҳамчунин ҷуръату иродаи сиёсии намояндаҳои аҳзобу вакилон зарур аст. Албатта раиси пешини ҳизбатон Олим Бобоев баъзан суханрониҳое мекард ва дар бархе ҳолатҳо бо журналистон ҳам сӯҳбат менамуд. Бо вуҷуд, ҷуръати бештари он касро мо дар мусоҳибаи ахири худ бо хабарнигори радиои “Озодӣ дидем. Вақте дар бораи се омили рушд наёфтани иқтисоди Тоҷикистон: баланд будани сатҳи фасод дар кишвар, низоми баланди андозҳо ва ниҳоят мустақил набудани судҳои иқтисодӣ изҳори назар намудБа ин гуфтаҳо Шумо чизе илова карда метавонед, ё чизеро аз он кам?

Оре, ман фикрҳои Олим Бобоевичро дастгирӣ менамоям. Аммо бояд ба назар гирифт, ки фасод як ҳолати давраи гузариш аст. Ҳоло кодекси нави андоз таҳия мешавад ва бовар дорем воқеиятҳои Тоҷикистонро фаро мегирад.  Судҳо низ бояд акнун мустақилияти бештар дошта бошанд. Вазъият инро талаб мекунад. Олими шинохтаи иқтисодӣ Кондратев бӯҳрони иқтисодии соли 2008 -ро 90 сол пеш пешгӯӣ карда буд. Аз рӯи фарзияи ӯ шояд соли 2033 эҳтимолияти боз як бӯҳрони дигари молиявӣ ҷаҳонро дар пеш аст. Ба ҳамаи ин бояд омода шуданамон даркор.

Дар мавриди ду бӯҳрони сипаришуда мақомоти масъули Тоҷикистон мегуфтанд, ки онҳо бевосита ба мо таъсир накарданд, фақат ба воситаи созмону кишварҳои дигар мо ин таъсирро эҳсос кардем

Чӣ хел бе таъсир буд? Он замон мо дар Русия беш аз 1 миллион муҳоҷири корӣ доштем, ҳоло аз рӯи омори расмӣ 486 ҳазор. Он вақт то 4 миллиард доллар ба Тоҷикистон ворид мекарданд, ҳоло чӣ? Мутаассифона дар мо моделҳои ҳисоби иқтисодӣ низ шаклгирифта нест.  Шояд манзури мақомоти масъул аз гуфтани таъсири бавоситаву бевосита ин буда, ки мо дар бозори ҷаҳонии нафту газ ва дигар маҳсулоти ба иқтисоди ҷаҳонӣ  таъсиргузор мо нақши муҳим надорем. Индекси кушодии иқтисодиёт дар мо 70%- ро ташкил медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки 70% омилҳои беруна ба мо таъсир мекунанд. Барои ин бояд ҳамеша омода буд. Масалан мо пешниҳод дорем, ки дар буҷет фонди захиравии “болишти амниятӣ” таъсис диҳем ва ҳангоми пеш омадани таҳдидҳои берунаву буҳронҳои молиявӣ аз он истифода барем.

Онро аз кадом ҳисоб метавон ташкил кард?

Аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани буҷет.

Вале дар Тоҷикистон чанд соли ахир буҷет бо мушкилӣ пур мешаваду Шумо дар бораи барзиёд пур шуданаш мегӯед

Мо солҳоеро ҳам дар хотир дорем, ки буҷет барзиёд иҷро мешуд. Воқеан, ҳамасола касри буҷети мамлакат аз 5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба нақша гирифта мешуд, имсол онро 4 дарсад карданд. Вазорати молия низ ба ин назар аст, ки касри буҷетро бояд кам намуд. Дар натиҷа имкон дорад, ки барзиёд иҷрошавии буҷетро ҳосил кунем.

“Бонки Миллӣ бархе ваколатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба худ гирифтааст

Тибқи маълумоти ахири паҳншуда дар соли гузашта 1400 корхона ва тақрибан 25 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ фаъолияти худро қатъ карданд. Пас аз кадом ҳисоб қисми даромади буҷетро пур кардан имкон дорад?

Агар мушкилро танҳо ба баланд будани сатҳи андоз дар ин масъала, он тавре баҳогузорӣ карданӣ мешаванд, нисбат диҳем, нодуруст аст. Дар мо аллакай бархе пешрафтҳо дар масоили қаблан вуҷуддошта, мисли сатҳи фасод ва шаффофияти фаъолиятҳо ба вуҷуд омад. Яъне пахш шудани омори гуфташуда низ бештар ба он вобаста аст, ки акнун маълумотҳо дастрастар шудаанд. Вагарна солҳои пешин шояд омор бештар буд дар бораи қатъи фаъолияти соҳибкорӣ.

Кишварҳои гуногун роҳҳои мухталифи пур кардани буҷаро пайдо кардаанд. Масалан, гуфта мешавад, Хитой корхонаҳои навташкили худро то чанд соли қавӣ шуданашон аз пардохти андозҳо озод мекунад. Дар натиҷа, ин корхона андози бештареро ба буҷа ворид мекунад

Инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки давлат ӯҳдадориҳои иҷтимоӣ дорад ва онҳоро бояд иҷро кунад. Яъне пардохти нафақаву идрорпуливу маоши кормандони буҷавӣ. Инҳоро бошад, танҳо аз ҳисоби андоз мешавад ҷамъ кард. Бархеҳо мегӯянд ба соҳибкорон сабукии андозӣ дар Тоҷикистон дода намешавад. Дар якуним соли ахир ба арзиши беш аз 5 млрд сомонӣ сабукии андозиву гумрукӣ додем.

Вале розӣ шавед, ки ин гуна имтиёзҳо ба корхонаву ширкатҳои ба истиллоҳ “хос” дода мешавад, ки соҳибонашон ба афроди пуртаъсир иртибот доранд

Ин гуна масъалагузорӣ низ дуруст нест. Барои як корхона фарқ надорад, ки дар пушташ кӣ меистад. Муҳимаш мол истеҳсол мекунад, ҷои корӣ ташкил менамояд, маош медиҳад. Ҳамчунин бархе сармоягузорони хориҷие ҳастанд, ки пули зиёд ворид карданианд, аммо имтиёз мехоҳанд. Маблағ бошад барои мо чун обу ҳаво зарур. Танҳо барои амалӣ намудани Стратегияи миллии рушд ба Тоҷикистон 118 млрд доллар даркор. Пас ҳавасманд намудани сармоягузорон хеле муҳим аст. Аммо ба ҳама низ сабукӣ додан имкон надорад. Вагарна буҷетро бо кадом роҳ пур мекунем?

Саволи инҷониб ба мавзӯи монополия навъҳои маҳсулот аз сӯи афроди ҷудогонаи пуртаъсир ҳам дахл дошт ва ин нуктаро Олим Бобоев дар сӯҳбати охирашон зикр кардаанд….

Дар соҳаи истеҳсолӣ мо тамоман монополия надорем. Ман ин гуна мисолҳоро намедонам. Дар қисмати воридоти маҳсулот низ монополияи яклухт надорем.

Фикр намекунам, ки Олим Бобоев, ки олими маъруфанд, вакили парлумонанду раиси як ҳизби соҳавӣ буданд, сухани бе асос бигӯянд. Ҳоло баргардем сари мавзӯи фоизи баланди қарзҳои бонкӣ, ки Шумо низ чанд бор дар парлумон масъалагузорӣ кардед, аммо Бонки Миллӣ онро қабул накард.

Оре, ин масъала ҷиддист ва чандин бор сари он баргаштем. Солҳои пеш фоизи қарзӣ 27 -28% -ро ташкил медод. Соли гузашта он ба 22 фоиз коҳиш дода шуд. Сабаби асосии фоизҳои баланд дар сандуқи қарзӣ нуҳуфтааст. Яъне зиёда аз нисфи сандуқи қарзии мо аз пасандозҳои мардум аст, ки ба онҳо фоиз дода мешавад. Мо ба Бонки Миллӣ пешниҳод кардем, ки сарчашмаҳои арзони сандуқи қарзиро ташкил кунанд. Корпоратсияҳои молиявие ҳастанд, ки то 1% солона қарз медиҳанд.  Бояд онҳоро дарёфт кард.  Ба ин восита имкон дорад фоизи қарзиро паст намуд.

Дар масъалаи ворид шудани сармоя ба Тоҷикистон фикр намекунед, ки мақомот аз пули воридотӣ бо тарс нигоҳ мекунанд ва доим дар ташвишанд, ки ин пулро кӣ ворид кардаву чӣ мехоҳад? Ҳол он ки вазифаи як тоҷир ворид кардани пул аст ва бигзор мақомоти масъул назорат намоянд, ки ин пул бо ҳадафҳои худ масраф мешавад, ё дигар? Шумо як бор дар ин бора дар парлумон суханронӣ намудед ва гуфтед, ки Бонки Миллӣ бархе ваколатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба худ гирифтааст…

Оре, аз ворид шудани сармояҳои шаффоф воридшаванда набояд тарсид. Вазифаи Бонки Миллӣ аст, ки пул дарёфт намояд ва харитаи роҳ ташкил намоянд, ки ҳар сол чӣ қадар маблағ ворид мекунанду аз куҷо. Баъд ин маблағҳоро ба бозори қарзӣ ба гардиш дароранд.

Муҳоҷирони кории тоҷик, он тавре ишора кардед, як манбаи ворид намудани асъори хориҷист. Мавқеи ҲИИТ дар бораи мушкилоти онҳо дар кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон, ки кору зиндагӣ мекунанд, чӣ гуна аст?

Муҳоҷират, мехоҳем ё не, як мавзӯи муҳими равнди ҷаҳонишавист ва на танҳо барои Тоҷикистон. Туркия беш аз 10 миллион муҳоҷири корӣ дорад. Аммо дар ин бора намегӯянд.

Бубинед аз 100 миллион аҳолии Филиппин ҳам беш аз 10 миллионаш муҳоҷири меҳнатист. Аммо давлат онро танзим кардааст ва ҳукумат даҳҳо сохтори бо ҷои кор таъмин намудани шаҳрвандонашро таъсис дода, ҳуқуқи онҳоро ҳимоя мекунад.

Дар мо низ таҷдиди идоракунии бахши муҳоҷирати меҳнатӣ идома дорад ва ба наздикӣ сохтори дигаре ташкил меёбад. Бояд ба назар гирифт, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун категорияи иқтисодӣ ба давлат манфиат дорад. Ба гуфтаи Карл Маркс “меҳнат ҳам мол аст”. Яъне одам меҳнаташро мефурӯшад ва ба давлат сармоя ворид мекунад. Аз ҳама муҳимаш мушкилоти оилавии худро ҳал менамояд. Ҳам Хитой ва ҳам Туркияро метавонам мисол биёрам, ки шаҳрвандонаш ба хориҷа рафта, аз коргари оддӣ сар карда баъд соҳибтахассус шуданду ба ватани худ баргаштанд. Ҳам маблағ оварданд, ҳам технология ва низ ҷаҳонбинӣ. Аз ҳама муҳимаш дар ватани худ ҷои кори нав кушоданд. Барои ҳамин, фикр мекунам бо ташкил шудани сохтори нави вобаста ба муҳоҷират дар Тоҷикистон масъалаи ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо низ ҳалли худро меёбад.

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, ин мушкилот бо воридшавии Тоҷикистон ба ЕАЭС ҳалли худро пайдо мекунад. Ҳизби Шумо дар бораи ворид шудан ё нашудани мамлакат чӣ мавқеъ дорад?

Инро бояд ҷиддан омӯхт. Мушкилотеро, ки кишварҳои узви ин созмон доранд, бояд ҳамаҷониба таҳлил намуд. Тасаввур намоед, ки бо хуб шудани муносибатҳои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон чӣ қадар масъалаву муаммоҳои иқтисодӣ пеш омаданд. Хеле аз корхонаҳои мурғпарварии мо қариб муфлис мешуданд, ё дар Ӯзбекистон корхонаҳои истеҳсоли сементашон. Акнун тасаввур намоед, ки сарҳад бо чанд давлат кушода шавад, чӣ қадар муаммову қазияҳои дигар пеш омаданаш мумкин? Аз ин хотир, ҳамаро бояд бо усулҳои риёзӣ ҳисобу китоб кард, на бо даъвоҳои популистӣ.

Баҳси ахири пайдошуда, ки сару садои зиёд ба вуҷуд овард, аз рӯйхати корхонаҳои хусусинашаванда берун кардани ширкати “Талко” ва НОБи Роғун аст. Онро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Ба фикри мо ин як тасмими дурбинонаи ҳукумат буд, ки бори дигар нишон дод, ки ин ду корхона барои мо моҳияти стратегиву миллӣ дорад. Зеро талошҳое буданд, ки онҳоро саҳҳомӣ намоянд. Акнун ба ин масъала нуқтаи қотеъ гузошта шуд ва инро дар қонун ҷой кунонданд, ки ин ду объекти низомсози иқтисодиёти миллӣ давлатӣ боқӣ мемонанд.  Баъзе зерсохторҳояшон, ки қаблан ҳам ҷамъияти саҳҳомӣ буданд, имкони дарёфти сармояро пайдо намуданд.

Агар хулоса намоем, ҲИИТ дар муқобили ҲХДТ ҳизби оппозитсионӣ аст, ё чӣ? Зеро аз рӯзи таъсиси ҳизбатон онро ҳамчун ҳизби кисагӣ муаррифӣ мекунанд

Кӯтоҳ ҷавоб медиҳам. Ҳадафи ҳар як ҳизб, аз нигоҳи назариявӣ, ба сари қудрат омадан аст. Аз ҷумла мо ҳам чунин мақсад дорем. Барои ҳамин барномаву платформаи худро дорем ва биниши мо аз ҳизби ҳоким комилан фарқ мекунад. Амалишавии ин барномаҳоро низ. Яъне мо худро ҳизби оппозитсионӣ меҳисобем.

Имконоти молиявии ҳизб дар давраи интихобот чӣ гуна аст? Ё мушкил доред?

Ман назари бархеҳоро дар бораи хароҷоти барзиёд доштани интихобот қабул надорам. Албатта мо ҳам сарватманд нестем. Вале ҳизбе, ки чанд маъракаи сиёсиро баргузор карда натавонад, чӣ мақому мартабае дошта метавонад?

Дар эъломияи дороиатон, ки ҳамсола пешниҳод мекунед, чӣ нишон додаед?

На бӯстонсаро дорам, на ягон замину корхонаи истеҳсолӣ. Фаъолиятҳои ман аслан илмӣ буданд. Дар эломияам низ танҳо хона ва мошинам зикр шудаасту халос.

Добавить комментарий