Мувофиқи ҳамапурсӣ миёни хонандагони нашрияи “Фараж” ва сомонаи ҳамноми он дар соли 2018, вазире, ки аз ҳама беш перомуни ӯ гуфтанду навиштанд ва мавсуф бо фаъолияти назарраси худ аз дигар вазирон фарқ дошт, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода буд. Номбурдаро бо дарёфти унвони “Вазири сол” муборакбод намуда, ба эшон хонаободию некномӣ таманно дорем ва умедворем, дар соли нави 2019 вазъи сохтори тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба зинаҳои беҳтари рушд хоҳад расид. 

Вобаста ба ин ҳамапурсӣ мусоҳибаи ихтисосии роҳбари гуруҳи эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Саиди Ҳайдарро пешкаши муштариёни нашрия мегардонем.

 

— Вазири муҳтарам! Ҳукумати ҷумҳурӣ ислоҳоти соҳаи тандурустиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Лутфан шарҳ диҳед, ки дар ин маврид чӣ корҳо ба субут расонида шуданд ва сифати хизматрасонӣ дар соҳа дар кадом сатҳ қарор дорад?

— Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти он, ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Зикри ин нуктаро ниҳоят муҳим мешуморам, ки маҳз тавассути ибтикорот, ташаббусҳо ва ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар қатори дигар соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ба рушду пешравиҳои назаррас ноил гардид. То ҳанӯз дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳот бомаром идома ёфта, дар натиҷаи мунтазам афзудани маблағгузорӣ дар ду соли охир садҳо муассисаҳои нави тандурустӣ, ки дорои таҷҳизоти замонавии тиббӣ мебошанд, мавриди истифода қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда истодааст.

— Оё хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустии даврони Шӯравӣ дар сатҳи паст қарор дошт? 

— На. Ман намегӯям, ки овони салтанати Шӯравӣ хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустӣ бад буд. Ҳоло ҳам таркиби асосии олимону духтурони баландихтисосро кадрҳои замони Шӯравӣ ташкил медиҳанд. Вале батаъкид мегӯям, ки соҳаи тандурустӣ бо ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи афзалиятнок мубаддал гардид. Маҳз натиҷаи ҳамин дилсӯзии Президенти мамлакат ва раиси Ҳукумати кишвар буд, ки имрӯз табибони тоҷик дар дилхоҳ самти соҳа метавонанд дар сатҳи илму таҷрибаи ҷаҳонӣ бо истифода аз технологияҳои муосир рақобат кунанд. Аммо бо вуҷуди пешравиҳо, бояд гуфт, ки дар соҳа ҳоло ҳам як силсила мушкилоте боқӣ мондаанд, ки ислоҳи саривақтӣ мехоҳанд.

Ҳамасола дар Паёми хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самтҳои мухталифи масъалаҳои тандурустӣ дахл карда, ҷиҳати рушди соҳа дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Аз ҷумла, дар Паёми соли гузашта дар бораи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва сол аз сол афзудани маблағгузорӣ ба он бо мақсади тараққиёти ин соҳа ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, рушди истеҳсоли ватании маводи доруворӣ, аз ҷумла гиёҳшифоӣ, таъмини сифати доруворӣ ва воридоти технологияи нав ва муосири ташхису табобат ва истеҳсолӣ ба кишвар, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ва кӯмак ба маъюбону ятимон, оилаҳои бесаробонмонда ва камбизоат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои роҳи ҳалли онҳо дастуру супоришҳо дода буданд.   

— Воқеан, суҳбати мо дар арафаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Бигӯед, ки аз Паём то Паём вазорат ба кадом дастовардҳои тиббӣ ноил гардид?

— Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои амалӣ гаштани нуктаҳои дар Паём овардашуда чораҳои мушаххас андешида, дар давоми соли равон аз ҷумла дар назди худ вазифа гузошт, ки ҳарчи бештар усулҳои муосири ташхис ва табобатро дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ҷорӣ намояд. Ҳадаф аз ин кам кардани шумораи беморони барои табобат берун аз марзи ҷумҳурӣ фиристодашаванда мебошад. Амали мазкур ба иқтисодиёти мамлакат таъсири мусбати худро расонида, имрӯз кор дар ин самт натиҷа дода истодааст ва шумораи эҳтиёҷмандон барои ташхису табобат ба берун аз кишвар хеле коҳиш ёфтааст. 

Дар ҷумҳурӣ, бо дарназардошти муассисаҳои хусусии тиббӣ зиёда аз 30 адад дастгоҳҳои томографияи компютерӣ ва магнитию резонансӣ, 9 адад маммограф (дастгоҳи компютерии ташхиси ғадуди ширӣ), 7 адад ангиограф (дастгоҳи компютерии ташхиси рагҳо ва ҷарроҳии эндоваскулярӣ), зиёда аз 30 адад дастгоҳҳои поксозии хун (гемодиализ), зиёда аз 20 дастгоҳи ташхиси рентгении рақамӣ, ташхисҳои озмоишгоҳӣ тавассути анализаторҳои автоматикӣ, зиёда аз 40 адад дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ, 3 адад ЛОР-комбайн ва дигар таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ фаъолият доранд. Ҳол он ки, шумораи чунин дастгоҳу таҷҳизот дар солҳои аввали Истиқлолият дар ҷумҳурӣ 1-2 ададро ташкил медод. 

Тайи солҳои охир дар муассисаҳои тиббии мамлакат як қатор амалиётҳои муосири ҷарроҳӣ, аз ҷумла бартарафнамоии нуқсонҳои вазнини модарзодии дил, ҷарроҳиҳои мураккаби дилу рагҳо, аз ҷумла шунтикунонии аортокоронарӣ, стентгузорӣ ва ғайра роҳандозӣ карда шуданд. 

Инчунин, дар кишвар амалиётҳои пешқадами иваз намудани буғуми косу рон ва зону ба буғуми сунъӣ, усулҳои нави ҷарроҳӣ дар чашм, аз ҷумла тасҳеҳи лазерии биноӣ ва ҷарроҳиҳои чашмпарда (катаракта), пайвандсозии қарния, ҷарроҳиҳои ҷоғу рӯй, инчунин, истифодаи васеи дастгоҳи эндовидеоӣ ҳангоми ҷарроҳиҳои батнӣ ва ҷарроҳиҳои асаб, ҷарроҳиҳои нодир ҳангоми саратони сурхной мавриди истифода қарор гирифт. Дар пойтахти кишвар обистании экстракорпоралӣ (ЭКО) ба роҳ монда шудааст. Тавассути ҳуҷайраҳои бунёдӣ муолиҷаи беморони дилу рагҳо мавриди амал қарор гирифта, эндоурология ва сангшиканӣ (литотрипсия) дастраси аҳолӣ гардиданд. То 10-15 соли охир барои табобати ин гуна бемориҳо ва мушкилоти мазкур беморон ба хориҷи кишвар сафар менамуданд

То имрӯз дар кишвар ба зиёда аз 460 нафар амалиёти пайвандсозии гурда ва ба зиёда 32 нафар амалиёти пайвандсозии ҷигар анҷом дода шуд, ки аз ин шумора зиёда аз 77 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Аз ҷумла 27 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Озарбойҷон, 21 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, 16 нафар шаҳрванди Исроил, 3 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Туркманистон, 2 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Лубнон, 1 нафар шаҳрванди Федератсияи Россия, 1 нафар шаҳрванди Аморати Мутаҳидаи Араб, 1 нафар шаҳрванди Испания, 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Грузия, 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Украина, 1 нафар шаҳрванди Аргентина ва 1 нафар шаҳрванди ИМА  мебошанд.

Ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, аз ҷумла пайвандсозии узвҳо ва барқарорнамоии нуқсонҳои модарзодии дил, стентгузорӣ, амалиётҳои мазкур ва дигар амалиётҳои дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон ба роҳ монда шуд.

Ҳамзамон, дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои  инсон» то имрӯз ба 7 нафар амалиёти пайвандсозии мағзи устухон бо муваффақият анҷом дода шудааст.

— Албатта, дастовардҳое, ки номбар кардед, назаррасанд, вале ин як ҷиҳати масъала аст. Ҷиҳати дигар, ба роҳ мондани назорати дуруст перомуни фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолист. 

— Ман манзури масъалагузории шуморо хуб дарк намудам. Дуруст ва ҳадафнок ба роҳ намондани назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, албатта, хараҷу мараҷ ва бесарусомонӣ дар соҳаро ба миён меорад. Бо назардошти ҳамин ҷиҳати масъала дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар 757 адад муассисаҳои тандурустӣ санҷишҳо гузаронида шуданд, ки аз ин 374 адад санҷишҳои нақшавӣ, 252 адад санҷишҳои ғайринақшавӣ ва 131 адад санҷишҳои такрорӣ мебошанд.

Ҳамин тариқ, вобаста ба камбудиву норасоиҳои ошкоргардида ҳангоми гузаронидани санҷишҳои болозикр чораҳои мушаххас андешида шуданд. Аз ҷумла, нисбати 433 нафар кормандони тандурустӣ муҷозоти маъмурӣ ба маблағи умумии 307 250 сомонӣ тариқи ҷаримабандӣ татбиқ карда шуд ва инчунин, фаъолияти 37 адад муассиса то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан боздошта шуд.

Чуноне ки иттиллооти муқоисавии болозикр нишон медиҳад, миқдори санҷишҳо дар умум ду маротиба кам гардида, нишондодҳо рӯй ба беҳбудӣ овардаанд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки маҳз дар даврони истиқлолият Ҳукумат ба фаъолияти муассисаҳои хусусии тиббӣ роҳ кушод. Айни ҳол дар 661 адад муассисаҳои хусусии тиббӣ 1586 нафар табибон, 1492 нафар кормандони миёнаи тиб ва 855 нафар кормандони ёрирасон, дар маҷмуъ 3933 нафар фаъолият менамоянд.

— Вазъ дар самти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ чӣ гуна аст?

— Дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ мутахассисон фаъолияти 730 муассисаи фармасевтиро зери санҷиш қарор доданд, аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 132 муассисаи фармасевтӣ санҷида шудааст. Инчунин, 416 муассисаи табобатию профилактикӣ ва 712 нуқтаи савдои маводи ороишию гигиенӣ зери назорат қарор гирифт. Ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтӣ ва ду анбори ғайриқонунии ҷумҳурӣ 4791 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз муомилот гирифта шуданд, ки аз инҳо 845 номгӯй маводҳои дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта, 3888 номгӯй маводи дорувории бе сертификати мутобиқат, 54 номгӯй молҳои тиббии ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯй набуда ташкил медиҳанд.  

Аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ бошад, 779 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз муомилот гирифта шуданд. Аз нуқтаҳои савдо ва анборҳои маводҳои ороишию гигиенӣ бошад, 1084 номгӯй маҳсулоти ороишию гигиении муҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат дар асоси санад бозпас гирифта шуданд. 

Дар ин давра 126 858 кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талаботҳо ҷавобгӯй набуда бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2018 дар миқёси ҷумҳурӣ 509 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 1 111 100 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст. 

— Чанд сол қабл вазъи санитарию эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ нигаронкунанда арзёбӣ мегардид, ки боиси паҳншавии бемориҳои сироятӣ гардида буд. Ҳоло вазъ тағйир ёфтааст?

— Омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ дар 11 моҳи соли 2018 нишон медиҳад, ки сироятҳои ниҳоят хавфнок ба монанди вабо ва тоун ба қайд гирифта нашудаанд. Баҳри амалӣ гардидани Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” аз тарафи мутахассисон дар манбаъҳо ва шабакаҳои таъминоти оби нӯшокӣ 1231 адад санҷишҳои санитарию эпидемиологӣ бо истифода аз усулҳои лабораторӣ гузаронида шудааст. 

Мавриди зикр аст, ки дар иншооти зериназоратӣ оид ба риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ 35048 санҷишҳои нақшавӣ, ғайри нақшавӣ ва такрорӣ гузаронида шудааст, ки барои риоя нагардидани талаботи санитарию эпидемиологӣ ба 13352 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи умумии 1 824 228 сомонӣ ҷарима баста шудааст. 

— Аз нигоҳи Шумо, мушкилот дар кадом самт то ҳанӯз боқӣ мондааст?

— Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ — обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад. Вале истифода аз ин имконот ва ташкили инфрасохтори муосири табобативу солимгардонӣ ҳанӯз қонеъкунанда нест. Ҷаноби Олӣ низ дар Паёми соли гузашта доир ба масъалаи пастсифат будани маводи доруворӣ ва пеш нарафтани саноати дорусозӣ изҳори нигаронӣ карда буданд. Мутаассифона, вазъият дар ин самт то ба ҳол андаке тағйир ёфта бошад ҳам, ба таври дилхоҳ беҳтар нагардидааст.

Бояд гуфт, ки ҳарчанд ҳоло дар мамлакат 35 корхонаи хурди соҳа фаъолият дорад, вале онҳо ҳамагӣ беш аз 300 номгӯй маводи доруворӣ ва тиббиро истеҳсол мекунанд. Яъне нарасидани доруворӣ, пастсифат будани аксари онҳо ва рушд накардани саноати дорусозӣ дар мамлакат ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳол он ки, дар кишвари мо зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш ва садҳо сарчашмаи обҳои гарми табобатӣ мавҷуданд.

— Чӣ бояд кард, то истеҳсолоти ватанӣ дар соҳаи фармасевтӣ рушд намояд? 

— Масъалаи мазкур ба таври пайваста зери назари Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буду ҳаст. Бо мақсади иҷрои супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2017 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баён гардида буданд,  мутобиқи  моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон — иловаҳо, “Воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли маводи доруворӣ” аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд. Инчунин, фурӯши маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод гардиданд.

Ҳамзамон, дар соли ҷорӣ дар давраи аз Паём то Паёми навбатӣ дар дохили кишвар 3 муассисаи фарматсевтии истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббии ватанӣ ифтитоҳ ёфтанд. 5-уми ноябри соли 2018 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли маводи бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Текс”-ро ифтитоҳ бахшида, аз масъулону мутахассисони корхона истеҳсоли маҳсулоти тиббии баландсифат ва бандубасти мутобиқ ба стандартҳои байналмилалиро тақозо намуданд.

Корхонаи тозатаъсиси мазкур яке аз силсилаи коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулот аз пахтаи маҳаллӣ, аз ҷумла бандубасти пахтаи тиббӣ, маводи бастубанди тиббӣ, маводи косметологии аз пахта тайёршуда ва маводи истифодаи гигиенаи шахсӣ иборат мебошад. Корхонаи мазкур тибқи  технологияҳои муосир дар масоҳати 3600 метри мураббаъ сохта шуда, аз биноҳои маъмурӣ ва ёрирасон, сехи истеҳсоли пахтаи гигроскопии сафедкардашуда, сехи истеҳсоли маҳсулоти тайёри пахтагини тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ иборат мебошад.

Хатҳои технологии интихобшуда ба технологияи муосири истеҳсолии  саноати фарматсевтӣ мансуб буда, тавассути онҳо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба саломатии инсон безарар, бидуни моддаҳои хлордорӣ,  истеҳсол карда мешавад.

Дар корхонаи мазкур зиёда аз 70 нафар коргар дар як баст ба кор ҷалб гардида, иқтидори корхона коркарди 2 000 кг пахта дар як шабонарӯз ва дар як сол зиёда аз 600 тонна мебошад. Дар маҷмуъ, маҳсулоти тайёри бастубандкардашуда дар як сол зиёда аз 25 млн ададро ташкил менамояд. 

Инчунин, дар  мавзеи “Канаск”-и деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш дар назди Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии ёрирасони Канаск” баъди таъмири бино ва васли таҷҳизоти зарурии истеҳсолӣ барои коркард ва бастубанди гиёҳҳои шифобахш фаъолият намуда, 7 номгӯи гиёҳҳои шифобахше, ки аз мавзеи “Канаск”-и деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ҷамъоварӣ гардида буд, ба миқдори 5000 дона коркард ва бастубанд карда шуд. 

Ғайр аз ин, дар шаҳри Душанбе Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Райҳон фарма” дар якҷоягӣ бо ширкатҳои Ҷумҳурии Покистон сехи истеҳсоли 5 номгӯи маводи дорувориро дар шакли шарбат (сироп) ба роҳ мондааст.

— Новобаста ба он ки Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳаи тандурустиро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи хеш қарор додааст, вале ба ин нигоҳ накарда, иншооти тиббӣ ниёз ба таъмиру тармим ва ҷиҳозонидан бо таҷҳизоти муосирро доранд. Дар ин маврид кадом чораҳои мушаххас андешида шудаанд? 

— Бояд гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи “Беҳтаркунонии саҳти хизматрасонии тиббӣ” 20 маркази саломатии деҳот ба истифода дода шуд, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Деваштич, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Файзобод ва ғайра. Ҳамаи ин марказҳои саломатӣ пурра бо таҷҳизоти тиббӣ ва дастгоҳҳои ташхисӣ таъмин карда шудаанд. Дар соли 2019 дар назар аст, ки дар доираи ин лоиҳа боз 17 маркази саломатӣ ба истифода дода шавад.

Дар баробари ин, дар давоми соли 2018 дар ноҳияи Шаҳристон шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёи беморхонаи марказӣ, дар ноҳияи Роштқалъа Беморхонаи бемориҳои руҳӣ, дар шаҳри Душанбе Беморхонаи касалиҳои пӯст мавриди истифода қарор гирифтанд. 

Коллеҷи тиббии Данғара, Коллеҷи технологӣ-фармасевтии Ёвон низ дар соли 2018 ба истифода дода шуданд.

Соҳибкорони ватанӣ ва шахсони алоҳида низ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар маҳалли зисташон бунгоҳҳои тиббӣ сохта ба истифода доданд.

25 муассисаи тандурустӣ дар давоми сол аз таъмири капиталӣ бароварда шуд, умуман, ба маблағи 4 126 230 сомонӣ корҳои таъмир ба анҷом расонида шуданд.

— Вазири муҳтарам! Яке аз самтҳои фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ нигаронида шудааст. Дар ин самт чӣ корҳои назаррас ва чораҳои мушаххас андешида мешаванд?

— Ҳукумати кишвар дар ҳошияи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба ин тоифаи ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2008, №379 “Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат” аз 2-юми майи соли 2007, №244 “Дар бораи пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд” ва аз 3-юми июли соли 2014, № 437 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» чораҳои зарурӣ андешидааст.

Аз он ҷумла, тибқи дархостҳои Комиссияҳои шаҳрию ноҳиявӣ ба ҳолати 1-уми декабри соли 2018 дар 28 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки дар ҳудуди онҳо барои оилаҳои камбизоат таъйин ва пардохти ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ пешбинӣ гардидааст, ба 82174 оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 164 124 111  сомонӣ ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ пардохт гардида, ба 111 717 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 1 245 660 сомонӣ кӯмакпулӣ таъин ва пардохта шудааст.

Ба ҳолати 1-уми декабри соли 2018 дар 40 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ба 101 373 гирандагони кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба маблағи зиёда аз 30 174 600 сомонӣ кӯмакпулӣ таъин ва пардохт гардидааст.

— Дар ҳамин ҳол, бигӯед, ки фаъолияти муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар кадом сатҳ қарор доранд?

— Ба ҳолати 1-уми декабри соли сипаришаванда дар муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1387 нафар, аз ҷумла 606 нафар мард, 481 нафар зан ва аз инҳо 300 нафар кӯдакони маъюб дар будубоши доимӣ қарор доранд. Аз ин шумора маъюбони гуруҳи якум — 280 нафар, маъюбони гуруҳи дуюм — 559 нафар, маъюбони гуруҳи сеюм — 11 нафар, нафақхӯрони яккаву танҳо 233 нафар мебошанд. Ба бошандагони ин муассисаҳо 948 нафар кормандон хизмат мерасонанд.

Дар баробари ин, дар  6  адад Марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбон дар ин давра ба 974 нафар муштариён хизматҳои иҷтимоӣ-маишӣ, иҷтимоӣ-тиббӣ, маърифативу фарҳангӣ, миёнаравӣ-намояндагӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо ҳам алоқаманданд, расонида, ба эҳтиёҷмандон на танҳо хизмати иҷтимоӣ расонида мешавад, инчунин шахсоне,  ки ҷои зисти муайян надоранд, муваққатан ба муҳлати аз 3 то 6 моҳ бо ҷои зист ва се вақт хӯроки гарм таъмин карда шудаанд. Ҳоло дар марказҳои минтақавӣ 75 нафар эҳтиёҷмандон муваққатан умр ба сар мебаранд. Ба онҳо хизматҳои беҳдоштӣ ва тамизӣ  низ расонида мешавад. Дар назди қисме аз ин марказҳо бахшҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона амал карда истодааст, ки ба 795 нафар эҳтиёҷмандон бевосита дар хонаҳояшон хизмати иҷтимоӣ мерасонанд. Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки аз тарафи марказҳои минтақавӣ ба 340 нафар истифодабарандагони хизмат, ки ба хӯрок эҳтиёҷ доранд, ғизои гарм дода мешавад. 

Дар доираи амалишавии фармоиши иҷтимоии давлатӣ ва рушди ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ тибқи озмуни хариди давлатии хизматрасониҳои иҷтимоӣ зиёда аз 20 ташкилоти ҷамъиятӣ дар асоси бастани шартнома дар миқёси ҷумҳурӣ 37 адад марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ шакли будубоши рӯзона барои кӯдакони маъюб ва пиронсолону маъюбонро ташкил намуданд.

Дар миқёси ҷумҳурӣ 41 адад шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ки давоми 11 моҳи соли 2018 ба қариб 5022 нафар ниёзмандон ва оилаҳои эҳтиёҷманд хизматҳои иҷтимоӣ-маишӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ, маслиҳатӣ, намояндагӣ ва роҳбаладӣ расониданд.

Барои таъминоти ниёзмандон бо маҳсулоти протезию ортопедӣ ва воситаҳои тавонбахшӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 887 адад аробачаҳои гуногуни маъюбӣ, 1564 адад асо, 395 асо барои нобиноён, 713 ҷуфт асобағал, 271 адад асобағал то оринҷ, 40 дона дастгоҳи шунавоӣ, 76 ортез ва 147 адад роҳравак ба ниёзмандон дастрас карда шудааст.

Дар асоси талаботи шаҳру ноҳияҳо ба роҳхатҳои санаторию курортӣ дар 11 моҳи соли 2018 ба маблағи зиёда аз 240 ҳазор сомонӣ роҳхатҳо ба санаторияҳои ҷумҳуриявӣ харидорӣ гардида, роҳхатҳо тибқи ҷадвали тақсимот ба бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастрас гардиданд.

— Ҳар соҳа бе такмил додани ихтисоси мутахассисонаш наметавонад пешрав бошад ва кормандонаш аз навовариҳои илм бархӯрдор гарданд. Такмили ихтисоси табибон, баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисон дар кадом сатҳ қарор дорад?

— Дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии ҶТ ба ҷои 318 давраи нақшавӣ — 547 давра гузаронида шуда, дар онҳо ба ҷои 1729 нафар шунавандагони нақшавӣ — 2807 нафар шунаванда ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки ин 162,3%-ро ташкил намуд, ё 1078 нафар шунаванда зиёд таҳсил кардааст.

Аз тарафи кафедра ва курсҳои донишкада ва шуъбаҳои он дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва шаҳри Бохтари вилояти Хатлон буда 150 корҳои илмӣ-нашриётӣ, аз он ҷумла: 80 адад мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, 8 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои хориҷи кишвар, 52 тезис дар маҷмуи мақолаҳои ҷумҳуриявӣ ва 10 тезис дар хориҷи кишвар, 4 дастури таълимӣ-методӣ ва 2 монография ба нашр расидааст. Дар Шуъбаи фикрӣ ва хусусиятҳои зеҳнӣ 3 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 патенти Федератсияи Русия ва 13 пешниҳоди беҳсозӣ ба қайд гирифта шудааст.

Пойгоҳҳои клиникии кафедра ва курсҳои донишкада дар 36 муассисаи табобатию профилактикӣ ҷойгиранд, ки аз онҳо 14 муассисаи табобатии зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 15 муассисаи табобатии зертобеи Раёсати тандурустӣ, 2 муассисаи вилоятӣ ва 2 муассисаи хусусӣ ҷойгир мебошанд. 

— Барои чунин як суҳбати пурмуҳтаво ва ошкоро ба Шумо арзи сипоси худро баён медорам ва ба фаъолияти минбаъдаатон барор мехоҳам.

— Ташаккур! Шумо низ муваффақ бошед! 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here