Суҳбати ошкоро бо роҳбари Котиботи Шӯрои байниҳукуматии роҳдорони ИДМ, сармуҳаррири маҷаллаи «Роҳҳои ИДМ», профессор, доктори илмҳои техникӣ Бурӣ Каримов

 — Дар мусоҳибаатон ба журналистон чанде пеш минҷумла гуфтед, ки зарур ва ногузир аст, ки дар садри Вазорати нақлиёт мутахассиси роҳсоз қарор дошта бошад”. Бо кадом асос?

— Қабл аз ҳама бояд гӯям, ки нисбат ба роҳбарияти кунунии Вазорати нақлиёт ягон хусумат надоштаму надорам, баръакс, равобити мо дар сатҳи хубу сифати баланд қарор дошту дорад. Бори аввал аст, ки ҳама роҳбарони вазорат мутахассиси роҳу нақлиётанд ва ҳамин тавр ҳам бояд бошад. Сухани ман бо ин асос аст. Вале бояд мадди назар дошт, ки “ҳақиқат зодаи баҳс аст”. Рисолати вазорат 90 фисад дар шароити куҳсори мо ба бахши роҳ рабт дорад. Бинобар ин, дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Қирғизистон Вазорати роҳ ва нақлиёт номгузорӣ шудааст. Ё дар Эрон Вазорати роҳ ва боркашонӣ …

Роҳбарияти вазоратро мебояд моҳияти масъаларо дар партави ибтикороти Пешвои миллат дарк кунанд. Шоҳиди он будем, ки бар асари бенизомию нобасомониҳои солҳои 90-уми асри ХХ кори нақлиёт, ҳолати роҳҳо, пулҳо ва иншооти дигар фалаҷ шуда буд. Аксари инфрасохтори нақлиётӣ корношоям гардида, роҳҳои асосии мошингард ҳолати харобу ҳузнангез доштанд. Ба хотири расидан ба ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии иқтисоди кишвар пеш аз ҳама таъмини рафтуомад ва робита зарур буд. Ҳанӯз дар ҳамон вақт Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо завқу идроки хос ин вазъиятро эҳсос намуда, гуфтанд, ки «… яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш, бероҳӣ мебошад. Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст». Биноан, Пешвои миллат аҳли кишварро бо азми қатъӣ ба сохтмону созандагӣ, эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасохтори роҳдорӣ, ободониву бунёдкорӣ дар ҳама соҳаҳо, пеш аз ҳама дар соҳаи роҳу нақлиёт даъват карда, Ҳукумати кишварро муваззаф намуданд, то ҷиҳати бунёди инфрасохторе, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарорад, тадбирҳои зарурӣ андешад. Роҳбари давлат иброз доштанд, ки «ҳадафи асосии Ҳукумат бо бунёду сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, туннелу пулҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва аз тариқи онҳо дар байни тамоми минтақаҳои мамлакат фароҳам овардани робитаҳои нақлиётӣ, инчунин ба як қаламрави воҳид табдил додани Ватани азизамон мебошад». Маҳз дар заминаи ин иродаи Роҳбари мамлакат ҳолати роҳҳои мавҷуда хуб шуда, роҳҳои нав бунёд гардиданд.

Дар ин росто, бояд роҳбарияти Вазорати нақлиёт дар самти татбиқи ҳадафҳои Ҳукумат фаъолияти боз ҳам арзандатаре дошта бошад. Ба ибораи дигар, онҳо бояд беш аз пеш фаъолтар бошанд. Барои мисол, яке аз онҳое, ки ЩМА-ро ихтироъ карда буд, олими тоҷик Абдулҳай Ойев мебошад. Вале бо вуҷуди дар дигар кишварҳои ҷаҳон ва ҳатто минтақа васеъ мавриди истифода будани ин навгонӣ мо ба он камтаваҷҷуҳем. Мисоли дигар: Ҳамасола аз ҷониби сохтори мо ва даҳҳо ташкилоту созмонҳои дигар дар хориҷ аз кишвар курсҳои бозомӯзӣ ташкил мешавад, вале иштироки мутахассисони тоҷик мувофиқи мақсад нест. Барои беҳбуд бахшидани вазъи соҳа, дар бунёди роҳҳо истифода намудани технологияву маводи нав ба Президенти мамлакат муроҷиат карда будам.

— Кадом муроҷиатро дар назар доред?

— Соли гузашта, аниқтараш охири моҳи июн ман расман ба Пешвои миллат мактуб ирсол намуда, дар он пешниҳодҳоямро ироа карда будам. Дар муддати кӯтоҳ бо супориши бевоситаи Роҳбари давлат ва зери назорати Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби мазкур аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор мавриди омӯзиш ва вокуниш қарор гирифт.

— Агар махфӣ набошад, бигӯед, ки кадом пешниҳодҳо буданд?

— Дар навбати аввал таваҷҷуҳи Сардори давлатро ба беҳдошти шабакаи роҳҳои автомобилгард бо истифода аз асфалтубетони сангрезаю сирешимӣ (щебеночно-мастичный асфальтобетон) ва бунёди роҳҳои бетонӣ ҷалб намуда будам. Арз кардам, ки истифодаи асфалтубетони сангрезаю сирешимӣ аз нуқтаи назари техникӣ ва шароити иқлимии ҷумҳурӣ афзалиятнок буда, дар муқоиса бо асфалтубетон то ҳол истифода шуда, бартариҳои зиёд, аз қабили тобовар будан ба тағйирёбии ҳарорати ҳаво (хусусан ҳавои гарми тобистон), зиёд гардидани муҳлати истифодаи роҳҳо то 1,5 маротиба тобоварӣ 1,6 маротиба, кам гардидани садама ва ғайраро дорост. Дар идома шарҳ додам, ки истифодаи маводи сангрезаю сирешимӣ (ЩМА) ҳоло дар соҳаи роҳсозӣ маъмул буда, озмоиши он солҳои 1985-1990 оғоз гардида буд ва чанд сол пеш дар таҷрибаи бунёди роҳҳои кишвар озмуда шудааст.

Дар мавриди бунёди роҳҳои бетонӣ зикр кардам, ки дар замони шӯравӣ бунёди роҳ бо ин усул самти афзалиятнок буд ва роҳҳои бо ин тарз сохташуда 35-40 сол мавриди истифода қарор доштанд. Аз он ёдовар шудам, ки тибқи пешгӯиҳои олимон, дар давоми 50 соли оянда камбудии захираҳои нефтӣ ба вуҷуд меояд ва дар он сурат истеҳсоли ҳаҷми битум, ки бе ин ҳам солҳои охир сифаташ бад шуда истодааст, ба мушкил мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Зикр бояд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит барои истеҳсол ва истифодаи ЩМА, таҷҳизот ва мавод мавҷуд буда, танҳо иловаҳои танзимкунандаи он, дар ҳаҷми хеле кам аз дигар давлатҳо (Аврупо, Россия, Қазоқистон) дастрас мешаванд. Ҳарчанд, ки истеҳсоли ин мавод назар ба мумқири (асфалти) маъмулӣ 10-15 фоиз қиматтар аст, вале дар заминаи сифати хуб, тобоварӣ ва муҳлати истифода, нисбатан гаронарзиш буданашро дар муддати кӯтоҳ ҷуброн менамояд. Муҳим он аст, ки истеҳсоли он дар заводҳои асфалтобетонии маҳаллӣ имконпазир аст ва тамоми нозукиҳои ин масъала омӯхта шудааст.

Доир ба сохтмони ҷода аз бетон қайд бояд намуд, ки он бо дарназардошти фаъолияти пурмаҳсули корхонаҳои истеҳсоли семент дар мамлакат арзон ва дастрас хоҳад шуд. Ҳар корхонаи маҳаллие, ки ба бунёди роҳҳои бетонӣ оғоз мебахшад, дар оянда дастболо хоҳад шуд.

— Пешниҳодҳоятон то чӣ андоза аз ҷониби сохторҳои дахлдор пазируфта шуд?

— Хурсандиовар аст, ки вазорату идораҳои тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат муваззафшуда, аз ҷумла Вазорати нақлиёт, пажуҳишгоҳи лоиҳакашӣ ва илмии вазорат пешниҳодоти мазкурро қобили қабул донистанд. Мутаассифона, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то андозаи лозимӣ ин пешниҳодро дастгирӣ накард.

Бори аввал, соли 2015 дар роҳҳои дохилии шаҳраки Ҳисор ба дарозии 3 км ЩМА-5-15 ва ЩМА-5-20 хобонида шуд, ки нисбат ба асфалти маъмулӣ афзалият дошта, айни замон дар ҳолати хуб қарор дорад. Дар ин қитъаи таҷрибавӣ тадқиқот гузаронида шуда, нишондиҳандаҳои нақлиётӣ-истифодабарии (транспортно-эксплуатационные показатели) роҳ хуб арзёбӣ гардида, манфиатнокии он муайян шудааст.

Инчунин, соли гузашта дар эстакатаи сесатҳа дар маҳаллаи 82-юми пойтахти кишварамон ЩМА-5-15 хобонида шуд, ки албатта, муҳлати хизматаш давомноктар хоҳад шуд.

То ҷое иттилоъ дорам, ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои сохтмону азнавсозӣ ва таъмири асосии якчанд кӯчаҳову хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва лоиҳаи “Азнавсозии роҳи автомобилгарди Ваҳдат — Рашт — Лахш — сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон (72-158 км)” қабати болоии рӯйпӯши роҳ аз асфалтубетони сангрезаю сирешимӣ пешбинӣ шудааст.

Бунёди роҳ аз бетон низ ҷараён дошта, роҳи пештараи автомобилгарди Душанбе — Ваҳдат, роҳҳои дохилии шаҳри Душанбе — хиёбонҳои Ҳ. Шерозӣ, Н. Махсум, роҳҳои дохилии якчанд корхонаҳои саноатӣ, роҳи автомобилгарди партовгоҳи шаҳри Душанбе ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд.

— Дар ҳоле, ки Шумо бартариҳои ҷодаҳои бетониро дастгирӣ мекунед, як идда коршиносон бо дарназардошти пас аз бунёд (то иҷозати ҳаракати воситаҳои нақлиёт) ниёз ба нигоҳубин доштани он, ҳатмӣ будани дарзҳои ҳароратӣ-деформатсионӣ (температурные, деформационные швы), нороҳатӣ ва ноҳамворӣ ҳангоми ҳаракат аз қитъаҳои ҷойгиршавии дарзҳо ва ғайра онро қобили қабул намедонанд. Инчунин, мавҷуд набудани роҳҳои алтернативӣ барои муваққатан маҳкам кардани роҳҳои бо чунин усул сохташаванда, дар давраи мустаҳкамшавии бетон, гаронарзишӣ нисбат ба асфалти маъмулӣ монеаҳои истифодаи ин усули бунёди роҳ арзёбӣ мегарданд. Масъаларо чӣ гуна шарҳ медиҳед?

— Ин андеша билкул хато ва назари онҳое мебошад, ки ба вусъати бунёди роҳҳо бо асфалти маъмулӣ ҳавсманданд. Имрӯз дар олам технологияву техникаҳое мавриди истифода аст, ки тавассути он бунёди роҳҳои бетонӣ бо дарназардошти таъмини бехатариву бароҳатии ҳаракат дар роҳ имконпазир аст. Роҳҳои бетонӣ дар Аврупову Амрико, Осиёву Африқо маъмуланд. Биноан, дар давлатҳои ИДМ ҳам зиёд шуда истодаанд. Аз ҷумла, дар Белорус бунёди роҳ бо ин усул хеле зиёд гашта истодааст.

Бо дарки масъулият мегӯям, ки роҳи бетонӣ аз ҷиҳати устуворӣ, муҳлати истифода ва тағйирнопазирӣ аз иқлим, ҳарорат ва обу ҳаво нисбат ба асфалти маъмулӣ бартарии зиёд дорад. Масоили бехатарӣ, экологӣ ва дигар ҷиҳатҳои ин масъала низ ҳалли худро ёфтаанд. Дар ин самт технологияи GOMAGO (Амрико), Wirtren(Аврупо) дар Белорус мавриди истифода қарор доранд. На танҳо роҳҳои автомобилгард, майдонҳои қабули ҳавопаймоҳои ҳозиразамон дар шаҳри Минск ҳам аз бетон сохта шудааст.

— Шумо дар оғози фаъолият яке аз мунаққидони филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба нигоҳдории роҳи автомобилгарди ДушанбеЧанок машғул аст,  будед. Аммо баъдтар назаратон нисбат ба ширкати зикршуда мусбат гардид. Чаро?

— Бале, қаблан гузариш ба истифодаи пулакии роҳи Душанбе — Чанокро, бинобар набудани роҳи алтернативӣ, талаботи классикӣ ҳаст, арзёбӣ карда, матлаб навишта будам. Вале баъдан назари ман тағйир ёфт. Барои чӣ? Дар Ҷумҳурии Белорус, ки аввалин шуда, дар миёни давлатҳои ИДМ ин низомро ҷорӣ намуда буд, айнан ҳамон ҳолате ба миён омад, ки солҳои аввали фаъолият роҳбарият ва кормандони IRS бо он мувоҷеҳ буданд. Мардум норозӣ буданд. Агар амиқтар бингарем, маълум аст, ки марҳилаҳои аввали ислоҳот ва амалигардонии чунин лоиҳаҳо мушкилот, ба монанди истифодабарандагони роҳро ба миён меорад. Монеаҳои дигар аз тарафи баъзе намояндагони сохторҳои давлатӣ низ эҷод мегардад. Бо мурури вақт ин низом натиҷаҳои мусбат ба бор оварду мардум низ муътақид гардиданд, ки пули пардохтнамудаашон барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад.

Мунаққидон иддао доштанд, ки асоси ин роҳ пеш аз ҳисоби давлат сохта шудаасту чаро онҳо барои истифодааш маблағ пардохт намоянд? Вақт нишон дод, ки ин тадбир оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар рабт дорад.

— Мавҷуд набудани роҳи алтернативӣ бо вуҷуди зиёд шарҳу тавзеҳ ёфтанаш то кунун боиси “нигаронӣ”-и баъзе ба ном коршиносон аст. Бамаврид аст дар ин бобат андешаҳоятонро иброз намуда, ба ин васила ба ин баҳс нуқта гузорем

— Будани роҳи алетернативӣ яке аз талаботи классикии ҷоринамоии истифодаи пулакии роҳ аст, вале ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ҳатмӣ бошад. Зеро ҳар як кишвар махсусиятҳои худро дорад. Барои мисол, дар Белорус роҳи сарҳади Полша, Минск ва сарҳади Россияро бидуни мавҷудияти роҳи алтернативӣ пулакӣ карданд. Ҳол он ки, релефи Белорус дар қиёс бо кишвари куҳсори мо хеле беҳтар ва дар он имкони бунёди роҳи алтернатвӣ зиёдтар аст.

Бояд эътироф кунем, дар минтақае, ки роҳи автомобилгарди Душанбе — Чанок ҷойгир аст, бунёди роҳи алтернативӣ ба ақл рост намегирад. Онҳое, ки чунин иддао доранд, шояд аз махсусиятҳои ин минтақа бехабаранд. Бо дарки масъулият мегӯям, ки роҳи Душанбе — Чанок аз лиҳози куҳсор ва релефи ҷойгиршавӣ нозукиҳои худро дорад, ки мавҷудият ва истифодаи роҳи алтернативиро зери суол мебарад. Масалан, замони муваққатан қатъ гардидани ҳаракат тариқи нақби «Истиқлол» мо шоҳид будем, ки шаҳрвандон кӯшиш мекарданд бо ҳар роҳу васила тариқи нақби зикршуда гузаранд, на бо роҳи пешинаи ағбаи Анзоб.

Аз ҷониби дигар, тасмими мазкур замоне буд, ки муносибати мо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва онҳо бо мо хуб набуд. Лозим ба ёдоварист, ки дар замони шӯравӣ чунин роҳи алетернативӣ тариқи ҳамсоякишвар — Ҷумҳурии Ӯзбекистон вуҷуд дошту ҳамватанонамон зимистон онро самаранок истифода мебурданд.

Мисоли дигар, дар Федератсияи Россия роҳи Москва — Санкт Петербургро, ки роҳи алетернативӣ дошт, пулакӣ карданд. Гузашти вақт нишон дод, ки аз роҳи алтернативӣ, яъне бепул кам истифода мешавад.

Ба андешаи ман, дар сурати мавҷудияти роҳи алтернативӣ аз он нафарони ба қадри беҳтарин неъмат — вақт намерасида шояд истифода баранд. Аз ҷониби дигар, бо истифодаи роҳи алтернативӣ шаҳрвандон бо дарназардошти хароҷоти сӯзишворӣ, фарсудашвии автомобил ва ғайра бо мақоли халқии “хасис ду маротиба пардохт мекунад” мувоҷеҳ мешаванд.

Дар маҷмуъ, баъди 11 соли фаъолияти пурмаҳсули IRS ва бо дарназардошти махсусияти ҷуғрофиву иқлимӣ ва ғайра метавон гуфт, ки ҷоришавии истифодаи пулакии роҳи Душанбе — Чанок асоснок ва муҳим аст. Дар ин асно бояд хотиррасон намоям, ки мувофиқи мониторинги имсола роҳбарияти IRS бояд ба беҳбуд бахшидани ҳаракати бехатарии нақлиёт таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд.

— Дар яке аз суҳбатҳо гуфта будед, ки аслан ягон роҳ бепул нест

— Ҳоло низ назарам тағйир наёфтаааст. Шаҳрвандон — истифодабарандагон бо роҳу василаҳои гуногун дар нигоҳдории роҳ саҳм доранд. Масалан бо роҳи супоридани андоз дар самтҳои гуногун, ки охирон аз тарафи давлат барои бунёд ва истифодаи роҳҳо сарф мешаванд. Дар ин самт таҳким бахшидани ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, корхонаву шахсони алоҳида ба манфиати кор хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, бояд махсусиятҳои ҳар кишвар ва релефи ҷойгиршавии роҳ ба инобат гирифта шуда, дар ин замина барои истифодаи пулакии роҳ меъёрҳои ҳуқуқии қобили қабул ҷорӣ гарданд.

— Доир ба корҳои то ин замон аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомёфта чӣ андеша ва хулоса доред?

— IRS узви Шӯрои байниҳукуматии роҳдорони ИДМ аст ва мо аз дастоварду пешравиҳояш, аз ҷумла ғанӣ гардидани пойгоҳи техникии филиали Ширкат, бунёди корхонаҳои истеҳсоли мумқир ва дигар масолеҳи ба бахши роҳу нақлиёт рабтдошта, ҷалби мутахассисони болаёқат, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ огоҳӣ дорем. Итминони комил дорам, ки роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба дастовардҳои ноилгардида иктифо накарда, баҳри густариш бахшидани ин раванд, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияи навин беш аз пеш ҷаҳду талош хоҳанд кард. Фаъолияти хуби IRS ба ҳама ҳувайдост. Бинобар ин, теъдоди мунаққидон тамоюли камшавиро касб намудааст. Бе танқиду пешниҳод пешравӣ нест. Танқид бояд асос дошта бошад. Пешниҳод бояд конструктивӣ бошад ва рушдро тақозо намояд.

Дар охир ташаккур мегӯям ва мутахассисонро нисбат ба  ин се масъалаи дар суҳбат матраҳшуда даъват ба баҳс менамоям. Дар фарҷоми суҳбат овардани абёти зерро бамаврид медонам:

Ман ёри раҳам, ба раҳ сухан мегӯям,

То ҳол касе нагуфт, ман мегӯям.

Гар раҳ бувад обод, Ватан обод аст,

Раҳро ба Ватан чу дил ба тан мегӯям.

 Мусоҳиб: Далер МЕРГАНОВ

Добавить комментарий