Эмомалӣ Тоиров — собиқ наттоқи Телевизиони Тоҷикистон дар ду давра — ҳам дар давраи шӯравӣ ва ҳам дар давраи Истиқлолият фаъолият намудааст.

— Аввалан ташаккур, ки хоҳиши моро пазируфтед ва барои суҳбат розӣ шудед. Мехостем перомуни фаъолияти Шумо ҳарф занем. Перомуни кору зиндагӣ. 3-юми апрели соли 1959 оғози фаъолияти Телевизиони Тоҷикистон аст. Аз ҳамон рӯз то ин давра Рӯзи Телевизиони Тоҷикистон қайд карда мешавад. Каме дар ҳаминн бобат мегуфтед.

— 3-юми апрели соли 1959 аввалин бор аз забони наттоқи аввали телевизион Рафоат Абдусаломовна суханони “Инҷо Сталинобод!” садо дод ва ин аввалин кушодашавии Телевизиони Тоҷикистон буд. Аз он сол то ба имсол 60 сол пур мешавад. Дар давоми ин солҳо телевизион давра ба давра тайи даҳсолаҳо, гумон мекунам, ки рушду нумуъ кард. Дар ин давраҳо аҳли эҷодкорон заҳмати зиёд кашиданд. Дар давраи аввали фаъолияташ Телевизиони Тоҷикистон фаъолияти кам дошт, дар як шабонарӯз 1 ё 2 соат фаъолият мекард. Бо техникаи ҳамонвақта тавонистанд барнома пешниҳод кунанд. Дар хонаи ҳама телевизион дида намешуд. Баъдан оҳиста-оҳиста телевизион пеш рафт, тараққӣ кард, техникаҳои нав оварданд. Оҳиста-оҳиста сафи барномаҳо зиёд шудан мегирифт. Шумораи тамошобинон низ ба маротиб меафзуд. Дигар қариб дар хонаҳои ҳама телевизион дида мешуд. Мухлисони барномаҳо низ меафзуданд.

— Шумо ҳамчун наттоқ фаъолиятатонро аз кадом сол оғоз намудед?

— Ман аз соли 1976 ҳамчун таҷрибаомӯз корамро аз Кумитаи телевизион ва радио оғоз кардам. Пас аз ду соли фаъолият дар радио ба телевизион даъват шудам ва аз соли 1978 то соли 2001 ҳамчун наттоқи телевизион фаъолият намудам. Дар он солҳо дар телевизион наттоқҳо ба монанди Мунаввара Усмонова, Мусаллама Мухторовна, Гиёрдович кору фаъолият мекарданд. Ман ҳам бо ҳамроҳии онҳо фаъолият менамудам. Ман дар ду давра — ҳам давраи шӯравӣ ва ҳам дар давраи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар телевизион фаъолият намуда будам. Телевизиони Тоҷикистон хусусан дар айёми Истиқлолияти ҷумҳурӣ тараққӣ кард, ки ин самараи истиқлолият буд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 7 шабака фаъолият дорад, ки беҳтарин барномаҳоро мувофиқи таъбу завқи тамошобин пешниҳод менамоянд, ки ҳамаи ин бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

— Оё аз аввал мехостед наттоқи телевизион бошед ва ё ягон шуғли дигар низ доштед?

— Аз аввал мехостам сароянда бошам, на наттоқ, чун баъд аз адои хизмати ҳарбӣ дар риштаи таърих таҳсил кардам. Роҳ гирифтам сӯи Хонаи радио ва фаъолиятамро аз онҷо оғоз намудам. Устоди ман дар соҳаи наттоқӣ — ин китоби “Ҳазору як шаб” мебошад. Чун ман дар деҳае ба воя расидаам, ки онҷо на радио буд ва на телевизион ва ҳар зимистон ман ҳамон китобро гирифта баланд мехондам. Падари ман саводи хондан надоштанд. Ҳарчанд баланд мехондам, барои падарам ҳамон қадар беҳтар буд, ки зуд аз ёд мекард. Ва ҳамин хел дар ман завқи наттоқӣ низ бедор гашт. Агар ман наттоқ намешудам, ҳатман сароянда мешудам… Ғазалҳои Хаёму Бедилро гоҳо замзама менамоям.

— Чаро имрӯз мардум аз намоиш ва барномаҳои телевизионҳои кишвар норозиянд? Ба назари Шумо, ки солҳои зиёд дар телевизион кор кардед, сабабҳои тамошобини кишварро қонеъ накардани намоишҳои телевизионҳо кадомҳоянд?

— Тавре дар боло қайд намудем, замони нав таъсис ёфтанаш телевизион хело кам фаъолият дошт, дар як шабонарӯз 1 ё 2 соат фаъолият мекарданд наттоқон ва журналистон, интизори навбати худ буданд, ҳатто моҳҳо интизорӣ мекашиданд, то барномаашон пахш гардад. Барномаҳое буданд чун “Чойхонаи дилкушо”, “Беғараз панд”, “Клуби дугонаҳо” ва дигар барномаҳое, ки тамошобинон ин барномаҳоро интизорӣ мекашиданд, чун барномаҳои диданӣ буданд. Ҳоло бошад, телевизион 24 соат фаъолият мекунад, аммо барнома нест, ки пахш гардад. Ва аз ҳамин сабаб як барномаро чандин маротиба пахш менамоянд, ки ин завқи тамошобинонро қонеъ намегардонад.

— Ба назари Шумо, наттоқ либоси махсуси худро дорад ва ё наттоқон чи гунае либос хоҳанду ба бар кунанд, аҳамияте надорад?

— Бисёр наттоқони телевизион ҳамон либосҳоеро, ки духтарону занон дар кӯчаҳо ба бар менамоянд, мехоҳанд ба бар намоянду сабти барнома созанд, ки ин қонеъ намекунад талаботи телевизионро, балки бинанда ба лаҳни онҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Хусусан барномаи ахборӣ либоси махсусро талаб мекунад. Бисёр наттоқоне ҳастанд, ки (хусусан занҳо) дар вақти хондани матн ё суҳбат фикрашон на ба матн ё ҳамсуҳбат, балки ба он банд мешавад, ки тамошобинҳо ба либоси пӯшида ва зебоии онҳо чӣ баҳо медода бошанд. Барои ҳамин суҳбат ва барномаашон диданӣ намебарояд.

Чаро аз фарзандони Шумо нафаре касби падарро пеша накард? Истеъдоди падарро надоранд ва ё майл надоранд?

— Аз фарзандон писари хурдиам мехост наттоқ бошад. Симои телевизионӣ ва лаҳни зебо дорад, аммо аз имтиҳони ман нагузашт. Вақто ки чандин маротиба озмун эълон намуданд, рафтан хост. Ман гуфтам, ки “аввал аз имтиҳони ман гузар, баъд онҷо рав. Вақто ки баромад мекунӣ, гӯянд, ки дар ҳақиқат писари ҳамон шахс аст ва ҳалолаш бод”. Аз ҳамин сабаб ягон писарам касби маро пеша накард.

— Ба андешаи Шумо, чаро то ба имрӯз дар Тоҷикистон мактаби наттоқӣ фаъолият намекунад ва ё вуҷуд надорад?

— Чунки наттоқӣ мактаб надорад. Наттоқони беҳтарин дар ҷумҳурӣ хело зиёданд, аммо барои наттоқи хуб шудан, барои он ки мардум туро эътирофу қабул намоянд, зарур нест, ки аз мактаби наттоқи гузарӣ. Барои наттоқи беҳтарин шудан бояд истеъдод ва завқ дошт.

 

Мусоҳиб: Салима МУСОЕВА

Добавить комментарий