Пайдо кардани ҷойи кор яке аз мушкилоти ҷомеаи имрӯзаи кишвар ба шумор меравад, ки феълан роҳи ҳалли худро наёфтааст. Ҳар сол чандин нафар соҳиби диплому шаҳодатномаҳои хатм шуда, дар пайи ҷустуҷӯйи коранду рӯзе даҳҳо нафар аз ин хатмкардаҳо ба кордиҳандагони эҳтимолӣ дар бораи худ маълумотнома равон мекунанд. Дар ин миён боз як қишри ҷомеа мавҷуд аст, ки барояшон пайдо кардани ҷойи кор нисбати дигарон даҳчанд гаронтар аст. Ин гурӯҳ — собиқ маҳбусонанд.

Дар мавриди он ки барои чӣ кордиҳанда намехоҳад собиқ маҳкумшударо ба кор гирад, ё ин гурӯҳи одамон дар кадом вазифаҳо метавонанд кору фаъолият кунанд, ё онҳо ба кӯмаки кӣ метавонанд умед банданд, дар маҷмӯъ оид ба ҳуқуқҳои собиқ маҳбусон ҳангоми дарёфти кор, бо роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонуният”, Наргис Зокирова ҳамсӯҳбат шудем.

 

— Ҳамчун ҳуқуқшиносе, ки тайи чанд соли охир бо собиқ маҳбусон кор мекунед, лутфан мегуфтед, ки баъди ба озодӣ баромадан ин гурӯҳи ашхос бо кадом мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд?

Дар оғози соли 2019 ташкилоти мо мониторинги пешравии лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон”-ро анҷом дод, ки дар доираи он миёни собиқ маҳкумшудагон, нозирони минтақавӣ ва намояндагони Агентии кор ва шуғли аҳолии кишвар, дар маҷмӯъ миёни 385 нафар, назарпурсӣ анҷом додем.Тибқи натиҷаҳои он яке аз мушкилоти асосии ин қишри ҷомеа, масъалаи ба ҷойи кор таъмин шудани онҳост.Кордиҳанда намехоҳад, ки нафари доғи судидоштаро ба кор гирад, ё дар сурати ба кор гирифтан ҳам ба онҳо музди меҳнати хеле кам пешниҳод мешавад. Барои мисол, ба мо нафаре муроҷиат кард, ки ӯро ба кор қабул карданд, аммо баъди фаҳмидани он ки дар гузашта маҳбасшуда буд, аз кор озодаш карданд.

Ва боз як мушкили дигари ин гуруҳи осебпазири ҷомеа, саломатии онҳост. Баъди аз муассисаҳои ислоҳӣ озод шудан, таври маъмулӣ онҳо пул надоранд, то аз назорати тиббии ҳаматарафа гузаранд ва баъдан табобат гиранд. Ё ин ки бисёри онҳо дорои бемориҳои гуногун буда, бештар маврид ин бемориҳои якумра, ё ба қавле “хронический” мебошанд ва худи онҳо аз ин бемориҳояшон огоҳанд, аммо барои табобат маблағ надоранд.

Ҳамчунин, мушкилоти дигари собиқ маҳкумшудагон — набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти онҳо, муносибати аҳли оила, набудани ҷойи зисти доимӣ, бархурди ҷомеа бо онҳо ва набудани кӯмаки равонӣбаъди баромад ба озодӣ мебошад.

— Тавре шумо қайд кардед, буд ҳолате, ки кордиҳанда дар бораи доғи судӣ доштани коргари худ огоҳ шуда, ӯро аз кор озод кардааст. Оё кордиҳанда ҳуқуқ дорад, ки ҳангоми қабул ба кор аз корҷӯ ҳуҷҷате оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ талаб кунад?

—  Шахси аз маҳбас озодшуда вазифадор нест, ки ба кордиҳанда оид ба собиқ маҳбусӣ будани худ хабар диҳад ё ҳуҷҷате пешниҳод кунад. Далели бо ҷурми гуноҳе дар муассисаи ислоҳӣ будан, маънии поймол кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ягон нафар, на собиқ маҳкумшуда ва на наздикони ӯро надорад. Ин нуқта дар моддаи 210 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноӣ ҶТ таъкид карда шудааст.

Тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳнома оид ба доғи судӣ доштан ё надоштанро кордиҳанда танҳо дар сурати зарурӣ ва тибқи талаботи қонун аз корҷӯ дархост карда метавонад. Яъне, агар шахс мехоҳад, ки дар сохторҳои ҳуқуқии давлатӣ, вазифаи роҳбарикунандае дар идораҳои давлатӣ ва амсоли ин ки дар худи қонунҳои марбут зикршудаанд, кор кунад, дар ин сурат албатта чунин маълумот талаб карда мешавад. Дар дигар маврид зарурат надорад.

— Оё пинҳон кардани доғи судӣ дуруст аст? Ва агар корфармо оид ба ин маълумот пайдо кунад, оё метавонад бо ҳамин далел коргарро аз вазифааш озод кунад?

Табъиз дар муносибатҳои корӣ манъ аст. Нафароне, ки бо чунин мушкилот дучор мешаванд, метавонанд тибқи моддаҳои 4 ва 7 Кодекси меҳнати ҶТ ба суд муроҷиат кунанд. Агар шахсро бинобар доштани доғи судӣ аз кор озод кунанд, яъне аз коре, ки тибқи қонун доштани доғи судӣ ягон мушкиле надорад, пас ӯ метавонад ба Нозироти давлатии танзими иҷрои қонунгузорӣ оид ба шуғл, ки миёни омма бештар ҳамчун “Нозирот оид ба ҳифзи меҳнат” маъмул аст, муроҷиат кунад ё бевосида ба суд аризаи даъвогӣ нависад.

Аммо тавре таҷриба нишон медиҳад, ягон нафар ба суд бо чунин ариза ва чунин мушкилот муроҷиат накардааст. Сабаб ҳам, таври ба ҳама маълум – нобоварӣ ба адолати судӣ буда, худи собиқ маҳбусон ҳам намехоҳанд дигар бо системаи судӣ рӯ ба рӯ шаванд.

— Агар шахс қаблан доғи судӣ дошт ваин далел тибқи қонун дар муҳлати муайяне бардошта шуд, оё ин дар он маълумотномае, ки аз Вазорати корҳои дохила тибқи дархости афроди маниатдор дода мешавад, дарҷ мегардад?

— Оид ба ин суол ба қабулгоҳҳои мо якчанд нафар муроҷиат карданд, аммо ин суол то ҳол пурра омӯхта нашудааст. Ин як самтест, ки мо дар ояндаи наздик мавриди омӯзиш ва кори худ қарор хоҳем дод.

— Ҳангоми ба озодӣ баромадан, собиқ маҳкумшуда пеш аз ҳама бояд чиро донад ва кадом корҳоро анҷом диҳад?

— Аввалин коре, ки собиқ маҳкумшуда бояд иҷро кунад, ин ба қайд гузоштани худ ҳамчун нафари бекор дар Агентии кор ва шуғли аҳолӣ, ки сохтори давлатӣ аст, дар минтақаи зисташ мебошад. Дигар ин ки ҳангоми ба кор қабул шудан вазифадор нест, ки оид ба гузаштаи худ хабар диҳад. Агар доғи судӣ бардошта шуда бошад, пас шахс дигар доғи судӣ надошта ҳисобида мешавад. Дар сурати маълум шудани ин далел ҳам, ягон кас ҳақ надорад, ки ҳуқуқҳои собиқ маҳкумшударо поймол кунад, ҳарчанд мутаассифона дар таҷриба чунин далелҳо бисёранд.

Агар нафари ба озодӣ мебаромада шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надорад, бояд ба маъмурияти муассисаи ислоҳӣ инро дубора ёдрас кунад ва муассисаи ислоҳӣ дар навбати худ вазифадор аст, ки тибқи моддаи 206 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноӣ оид ба ин далел чораҳои зарурӣ андешад.

Барои дарёфти ҷойи кор, ё иваз кардани шуғли худ, шахси озодшуда бояд ба Агентии кор ва шуғли аҳолӣ дар ҷойи истиқомати худ муроҷиат кунад ва ҳатман бояд донад, ки кӯмаки ин сохтори давлатӣ дар ҳама марҳила бепул аст.

Барои гирифтани ёрии ҳуқуқии бепул, шахси озодшуда метавонад ба қабулгоҳи идораи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”, ки зерсохтори Вазорати адлияи ҶТ аст, муроҷиат кунад. Дарсомонаи ин Марказ (http://www.salac.tj/ru/about/state-legal-bureau.php)дидан мумкин, ки дар кадом минтақаҳои кишвар филиалҳои ин Марказ амал мекунанд. Инчунин, ёрии ҳуқуқии ройгонрро метавон ҳангоми занг задан ба рақами телефони – 30-40 гирифт.

Бояд ёдрас кунам, ки барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ, собиқ маҳкумшудагон метавонанд низ ба қабулгоҳҳои мо, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Бохтар ва Хуҷанд ҷойгиранд, муроҷиат кунанд. Барои мисол, дар ду соли амалигардонии лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон” мо ба 1121 нафар собиқ маҳбус, ки аз ин миён 786 мард ва 335 зан буданд, кӯмак кардем. Инчунин дар доираи ин лоиҳа Фонди иҷтимоӣ барои барқарор намудани ҳуҷҷатҳои собиқ маҳбусон таъсис дода шудааст, ки бо шарофати ин Фонд ба 87 нафар барои гирифтани шиноснома, ба 42 нафар барои гирифтани шаҳодатномаи таваллудёрдам кардем.

Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи зикршуда мо якчанд дастурамал ва роҳнамо оид ба ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон, аз қабили: “Ҳуқуқи шахсони аз маҳбас озодшуда ба меҳнат”, “Роҳнамо барои шахсони аз маҳбас озодшуда”ва “Хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва имтиёзҳо барои шахсони аз маҳбас озодшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ғайр аз машваратҳои ҳуқуқӣ, маълумотдар бораи қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо барои ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ ва қарзҳои имтиёзнок ба манзил манзур карда шудааст, омода кардаем, ки ҳар хоҳишманд метавонад онро аз идораҳои мо дар шакли чопӣ ё аз сомонаи мазкур www.bhr.tj/library дар шакли электронӣ дастрас кунад.

— Бармегардем сари мушкилоти собиқ маҳбусон баъди баромадан ба озодӣ. Кӣ ва чӣ тавр метавонад ба онҳо барои дубора баргаштан ба зиндагии дуруст кӯмак кунад?

— Ғайр аз он мушкилоте, ки дар боло зикр кардем, собиқ маҳбусон бо нофаҳмӣ дар ҷомеа рӯ ба рӯ мешаванд, ки маҳз ҳамин омил барояшон тамоми дигар проблемаҳоро пеш меорад. Яъне ҷомеаи имрӯзаи мо собиқ маҳбусонро ба таври автоматӣ ба як қишри доғдори ҷамъият дохил мекунанд ва дар бештар мавридҳо ҳатто имкон намедиҳанд, ки чунин ашхос худро аз ҷиҳати мусбӣ нишон диҳанд.  Маҳз аз барои ана ҳамин мушкилоти сохта ва табъиз, собиқ маҳкумшудагон дилшикаста мешаванд. Аммо аз таҷрибаи корӣ якчанд мисолро медонам, ки новобаста ба тамоми мушкилоти эҷодкарда дар роҳи оғози зиндагӣ аз саҳифаи тоза, собиқ маҳбус исбот намуд, ки ҳама кор вобаста аст аз иродаи инсон.

Соли 2017 ба яке аз қабулгоҳҳои идораи мо дар шаҳри Душанбе, собиқ маҳбус Б.М. муроҷиат кард. Ӯ муддати 17 сол паси панҷара буд ва баъди озод шудан мушкилоти зиёде дошт, аз қабили барқарор кардани шиноснома, пайдо кардани ҷойи кор, гирифтани диплом аз донишгоҳ ва ба роҳ мондани муносибати дуруст бо аҳли оила. Барои ҳалли ҳама проблемаҳои худ, номбурда воқеан хеле заҳмат кашид ва роҳи начандон осонеро паси сар кард, аммо мушкилоте, ки ӯ натавонист мустақилона ҳал кунад – барқарор намудани худ дар донишгоҳ ва гирифтани диплом буд. Чун барои идомаи таҳсил ба Б.М. маблағ лозим буд ва ӯ ҷое кор намекард, ин ҳам яке аз мушкилоти дигари ӯ буд. Ташкилоти мо барои ҷамъоварии маблағи таҳсили ӯ аксия эълон кард ва дар як муддати кӯтоҳ 3500 сомонӣ барои таҳсили Б.М. ҷамъ карда, ӯро дар курсаш барқарор кардем. Дар баробари ин, корманди иҷтимоӣ барояш ёрӣ расонд, то дар курсҳои ихтисосии Маркази таълими калонсолон ҳамчун таъмиргари мошин таҳсил карда, соҳиби шаҳодатнома шавад.

“Ман орзу дорам, ки донишгоҳҳро хатм карда, соҳиби маълумоти олӣ шавам ва кори арзандае пайдо кунам. Ман барои расидан ба ин орзуям хеле зиёд роҳро тай кардам ва акнун ками дигаре мондааст” –ҳамеша мегуфт ӯ.

— Ба андешаи шумо барои собиқ маҳбусон аз ҷониби давлат чӣ барномае бояд таҳия шавад, то онҳо дубора ба ҷомеа мутобиқ гарданд ва худи ҷомеа чӣ корҳоеро бояд дар ин самт анҷом диҳад?

— Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз 12 ноябри соли 2016 таҳти №776 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстримизм ба имзо расидааст. Тибқи нақшаи ин Стратегия, таҳияи ва татбиқи барномаи реабилитатсияи собиқ маҳбусон дар назар аст.

Сохторҳои давлатӣ вазифадоранд ба собиқ маҳбусон ёрӣ расонанд ва онҳо дар амал низ ин корро мекунанд, аз қабили кӯмакпулии якдафъаина, молҳои ниёзи аввалиндараҷа ва амсоли ин, аммо ин кифоя нест. Чун бештари собиқ маҳбусон баъди баромадан ба озодӣ аз манзил маҳрум мешаванду ниёз ба ёрии ҳуқуқӣ, равонӣ ва тиббӣ доранд. Бо ҷойи кор таъмин намудан, расонидани ёрии ҳуқуқиву равонӣ метавонад пеши роҳи ҳама гуна амалҳои террористӣ ва эстримистиро дар миёни ин гурӯҳи одам бигирад, чун онҳо имкон пайдо мекунанд, ки барои таъмини худу оилаашон кор карда бо роҳи ҳалол нон бихӯранд.

Ҷомеа низ бояд бо чунин нафарон таҳаммулпазир бошад, аз аҳли оилаи ин ашхос хоҳиш мекунам, ки нисбати онҳо меҳрубон бошанду барои дубора мутобиқ шудани онҳо дар ҷомеа саҳми худро гузоранд. Ин ҳама қадамҳо бояд ба таври систематикӣ сурат бигирад ва барои ин ба давлат лозим аст, ки Барномаи махсуси ресотсиализатсияи собиқ маҳбусонро таҳия ва татбиқ намояд.

 

Ба ҷойи хулоса: Соли 2018 Суди олӣ ва судҳои шаҳру навоҳии кишвар дар маҷмуъ 142859 парвандаро мавриди баррасӣ қарор додаанд, ки аз ин миён 15139 парвандаҳои шаҳрвандӣ, 41158 парвандаҳои оилавӣ, 10645 парвандаҳои ҷиноятӣ, 50576 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 16528 дархост ва пешниҳоди мақомоти дахлдор будаанд.

Нафароне, ки тибқи таъиноти судӣ гунаҳкор дониста шуданд, минбаъд дорои доғи судӣ ҳастанд. Агар ҷазо шартӣ аст, пас доғи судӣ ҳам баъди анҷоми мӯҳлати таъиншуда ба охир мерасад. Аммо онҳое, ки барои адои ҷазо ба муассисаҳои ислоҳӣ равона карда мешаванд, баъди ба охир расидани ин мӯҳлат боз чанд соли дигар, вобаста ба вазнинии ҷинояти содиркарда – аз се то даҳ сол пас, доғи судиашон бардошта мешавад.

Тибқи қонунгузории кишвар, нафарони дорои доғи судӣ наметавонанд номзадии худро дар интихобот ба курсии президентӣ ё вакилӣ пешниҳод намоянд, ё ин ки ба ҳайси адвокат, прокурор, судя, корманди давлатӣ ё ҳифзи ҳуқуқ кор кунанд. Вобаста ба моддае, ки инсон суд шудааст, дар баъзан маврид ӯ наметавонад дар системаи таълимӣ, тандурустӣ, амният ё тиҷоратӣ низ фаъолият кунад, аммо дар дигар маврид ин ашхос ҳам ниёз ба дастгирӣ доранд.

Таҳлилгарон бар онанд, ки кор ба собиқ маҳкумшуда имкон медиҳад, то ӯ дубора паси панҷара наравад ва барои ҳамин ба собиқ маҳкумшудагон исбот кардани коргари хуб ва арзанда будан, нисбат ба дигар шахсони қишри ҷомеа даҳҳо маротиба мушкилтар аст.

Ҳар яки шумо метавонед барои оғози зиндагии дубора аз саҳифаи тоза ба собиқ маҳбусон шанс диҳед!

 

М.Нозимӣ

 

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкории  иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, омода ва нашр шудааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.

Добавить комментарий