СЕ БАҲОНА

Мусоҳибаи хубу хондании рӯзноманигори ҷавон Хуршед Мавлонро бо ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик Абдулмумин Шарифӣ хондам. Суҳбат бисёр самимӣ ва ҷолиб баромадааст. Хонанда аз суҳбати рӯзноманигор ва ҳунарпеша ба шавқ омада, кӯшиши ҳал намудани камбудиҳову норасоиҳои дар мусоҳиба дарҷшударо мекунад. “Чаро бо ин нафар ман суҳбат надошта бошам?”,- яку якбора аз дилам гузашт…

Чашмам ба навиштае расид, ки чунин буд: “Пас аз тамошои ин намоишнома, ҳатман бояд ҳамроҳи “Бозор Собир” суҳбат кунам. Зеро дар чеҳрааш анбуҳи дардҳо, дар қалбаш гуфтаниҳои зиёд, дар сараш фикрҳои умедбахш, дар вуҷудаш меҳри бепоён, дар нигоҳаш умед ба фардои нек дорад”. Ин ҷумлаҳоро рӯзи ёдбуди шоири бузургамон Бозор Собир, ки дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагон баргузор гардида буд, навишта будам…

“Фараж” чоп шуд. Абдулмумин Шарифӣ наздики як саҳифаи газет дарди дил кардааст. Аз ногуфтаҳое гуфтааст, ки онҳоро бояд касе мегуфт. Шикоят аз баъзе даруни нохунакбудаҳо кардааст, ки аксарият ба шикояташ ҳамроҳу ҳамфикр мешаванд… Пас аз мутолиа пай бурдам, ки боз ногуфтаҳои зиёд дорад, боз дар назди касе дилашро холӣ кардан мехоҳад, боз аз ину он гуфтан мехоҳад…

Мо бо Абдулмумин Шарифӣ суҳбати телефонӣ доштем. Замону макони суҳбатро муайян кардем. Ман ба театри “Ҷавонон” омадам. Аз дарбон иҷозати вуруд ҳам гирифтам. Дарро кушода ба дуюм ошёна баромаданӣ будам, ки овозе шунидам.

— Омадӣ? Биё, ба боло биё…

—  Бале, ташаккур, ҳоло мебароям.

Мо ҳамроҳи ҳунарманди саршиноси кишвар Абдулмумин Шарифӣ ба утоқи хурде ворид шудем. Ва фикр мекунам он се баҳонае, ки дар боло овардем, барои суҳбат кардан кифоягӣ мекунанд.

 

ТАНАФФУСИ АВВАЛ

Дар ҷустуҷӯйи мавзуъ

— Ба гумонам ин ҳуҷраи рангубор аст?

— Бале, мо пеш аз ба саҳна баромадан худамонро аз “имтиҳон”-и ин ҳуҷра мегузаронем.

Ҳоло пайи кадом корҳоед?

— Мо ҳамарӯза дар театр ҳастем. Яъне корамон омадан ба театр, чизеро хондан, маслиҳату машварат кардан, машқ кардан ва боз ба хона баргаштан аст. Баъзан вақт ба ягон филм ё ба дубляжи филмҳо даъват мекунанд, ки он барои мо кори иловагӣ аст.

— Яъне ҳоло танҳо дар театр кор мекунед?

— Бале, дар ҳоли ҳозир танҳо дар театр кор мекунам.

— Бештар дар кадом мавзуҳо суҳбат карданро хуш доред?

— Ҳар мавзуе бошад, ки ба тану ҷони ман оромиш бахшад. Ҳар мавзуе бошад, ки дар он созандагӣ бошад. Ҳар мавзуе бошад, ки ману ақли маро такмил диҳад. Ҳар мавзуе бошад, ки ба ҷомеаву мардум фоидаовар бошад. Ҳар мавзуе бошад, ки оқибаташ кашфи ҳастии худ ва рӯ ба асли худ овардан бошад, ман бисёр дӯст медорам.

— Андешаи дирӯз Шуморо ҳамроҳ аст?

— Ҳамеша асли худро ба некӣ ёд мекунам. Фикри ман ин аст, ки бояд ҳар нафари худогоҳу Худоогоҳ фикри дирӯзашро ба сар дошта бошад…

Сукут лангар андохт. Фикри дирӯзу имрӯз ба сар омад. Дар маркази диққат дарҳам барҳамиҳои зиёд падид омаданд. Аз чизе бояд оғоз кунем, аммо пас аз танаффус

 

ТАНАФФУСИ ДУВВУМ

“Чаро”-и дирӯзу имрӯз

Аз бозиҳои зиндагӣ, ки хаста шудӣ, ба ҷустуҷӯи пайраҳаи кӯдакиат бирав. Дар пайраҳаҳое, ки тифлиат сипарӣ гардидаву ғалтидаву хеста ба камол расидаӣ, ёди ширинтарин даврони умр осоиш мебахшад.

(Муаллифаш номаълум)

— Кӯдакӣ

— Ин воқеият аст, ки ҳар инсон бачагиро ба ёд меорад. Хусусан нафароне, ки ба синну соли мо расидаанд, яъне аз 50 боло ҳастанд, зуд-зуд лаҳзаҳои ширину талхи кӯдакиашонро пеши назар оварда, қаҳрамонсозӣ мекунанд. Ҳар гоҳе ки ба истиқболи ман наберагонам мебароянд, шириниву эркагӣ мекунанд, маро ба ёдгунаҳои даврони кӯдакиам мебаранд. Онҳо қудрате доранд, ки маро метавонад лаҳзае кӯдак кунад. Аз ин сабаб вақт гузаронидану бозӣ кардан бо наберагонамро бисёр дӯст медорам. Ба ҷуз ин, ман зиёд хуш дорам бо аммаҳову амаку янгаҳоям суҳбатҳои дуру дароз дошта бошам, зеро онҳо аз тифлию наврасии ман хотироти аҷибе доранд. Нишастану суҳбат кардан бо онҳо ҳам маро ба чанд соли ақиб мебарад ва гуноҳу савобамро рушантар ба ёд меорам.

Падар…

— Падарам муаллим буданд. Рӯзу рӯзгори оддие доштанд. Ва ман шукр мекунам, ки Худованд чунин падарро насибам гардонд.

— Модар…

— Ман модарамро ёд надорам. Ҳанӯз дусола набудам, ки модарам аз дунё реҳлат карданд. Ман то ҳол сарамро болои зонуи ҳамсарам гузошта наметавонам. Зеро гузоштан замон маро эҳсоси маъюсие фаро мегирад ва дарҳол дур мешавам. То ҳол сарамро болои зонуи духтарам гузошта наметавонам, агарчи вай як рӯз модарам, рӯзи дигар бибиям ва рӯзи саввум холаам мешуд. Эҳсоси модар барои ман хос аст. Ман то ҳол сурудҳои хуберо, ки дар васфи модар суруда шудаанд, гӯш карда наметавонам. Шояд ҳамон шириниро ман надидаам ва сахт ташнааш ҳастам. Шояд оғӯшу суханҳои модарамро ёд надорам. Шояд меҳрубонӣ ва хандаҳои модарро интизорам… Ҳатто дар ин мавзуъ суҳбат кардан бароям душвор аст. Намедонам кадом эҳсосе маро намегузорад, ки оромона суҳбат кунам.

— Мактаби деҳ…

— Рости гап, даврони мактабиам он қадар ба хотирам намондааст, аммо фикр мекунам кофӣ аст, ки чизе бигӯям. Бо ҳама бурду бохт, шириниву талхӣ, омаду наомадҳояш даврони мактабиам хуб гузашт. Ёдам намеравад, дар синф аввалин нафаре, ки баҳои “ду” гирифта буд, ман будам. Он баҳои “аъло”-ро ба ман шодравон раҳматии падарам “туҳфа” карда буданд.

— Пайроҳа

— Дар кӯдакиам мехостам ронанда шавам, зеро амакам ронанда буданд. Як муддат бо ин фикр зиндагӣ мекардам. Пас аз чанде дар ман хоҳиши дуредгар шудан пайдо шуд, лекин намедонам барои чӣ. Шояд ҳавасе беш набуд. Баъдтар фикрҳоям дигар шуданд. Як чизро бояд бигӯям, ки дар мактаби мо маҳфилҳои фаннӣ хеле зиёд буданд. Вақте ки дар синфи 7 мехондам, Холов Ҳидоятулло, дӯсте, ки як сол аз ман боло мехонд, наздам омад ва гуфт, ки барои маҳфили оянда ягон коре кунем. Мо порчаеро гирифта, як саҳначаи танз-ҳаҷвӣ сохтем. Ёдам ҳаст, аввалин бор дар рӯйи саҳна ман суруди ҳаҷвии “Вой диламе, вой сарам, ой бибиҷон, мемурам”-ро хонда будам. Баъди ҳамон шуруъ шуд пайроҳаи мо. Пас аз он моро аҳли мактаб хуш пазируфтанд ва дигар ҳеҷ маҳфиле бе иштироки мо намегузашт.

— Донишгоҳ

— Бахти ман дар он буд, ки дар гуруҳи мо бачаҳои фаъол зиёд буданд. Баъзе ҳамкурсони ман то ҳадде доно буданд, ки баъзе муаллимонамон барои дурустии мавзуъ, ё фикру ақидаашон баъзе чизҳоро аз онҳо мепурсиданд. Буданд муаллимоне, ки мегуфтанд: “Шукр, ки шумо дар донишкада ҳастед. Бо будани шумо мо рисолати худамонро сарбаландона анҷом медиҳем”. Боз ман аз он хушбахт ҳастам, ки аз гуруҳи мо ҳафт нафар донишкадаро бо дипломи сурх хатм карданд. Ва бояд гуфт, ки монанди рӯз рӯшан аст фарқияти дипломи сурхи 35-40 сол пеш аз имрӯз.

— “Чаро”-и дирӯзу имрӯз

— Дар ҳама давру замон “чаро” ҳаст. Дар замони донишҷӯйии мо мегуфтанд, ки чаро ин ва ё он ҳунарманд кашф нашуд? Баъдтар рӯйи саҳнаи театру синамои тоҷик нафароне падид омаданд, ки арзандаи ҳунарманд гуфтанро доранд. Имрӯз ҳам ҳамин гуна аст. Яъне имрӯз ҳам дар мо мегӯянд, ки чаро ин ва ё он ҳунарманду шахсият кашф нашуд? Бовар кунед, бо гузашти вақт ҳамааш мешавад, танҳо умеду боварӣ ба худ дошт ва амал бояд кард…

 

ТАНАФФУСИ САВВУМ

Оина дар оина

— Тухм болои санг афтад ва ё санг болои тухм, дар ҳар ду маврид ҳам зарар ба тухм аст. Чӣ бояд кард, то ки дар зиндагӣ санг бошем?

— Аз як тараф ин номумкин аст, зеро мо хоҳему нахоҳем, тухмем. Дар дасти ин дунёи сангин моро мешикананд, пора-пора мекунанд, мепартоянд. Аммо бояд мубориза бурд ва зиндагиро давом дод. Чунки баъзан тухм мешиканад, вале боз онро метавон истифода кард. Мо ҳам ҳамонем, яъне агар ки мешикананд ва ё мешиканӣ, бояд зиндагӣ кард. Худо кунад, ки ирода ва бовариамон сангин бошад. Аз тарафи дигар, ин шикастанҳо ҳам шириниҳои зиёд дорад. Пухта мегардӣ, таҷриба мегирӣ, неку бадро мефаҳмӣ, худрову атрофиёнро мешиносӣ. Худо кунад, ки пурра нашиканем.

— Аз шикасту рехт Шумо чӣ мегиред?

— Ин ба дараҷаи дарку фаҳмиш ва тафаккури ҳар инсон вобаста аст. Ман ҳам кӯшиш мекунам, ки аз ҳаводиси ба сарам омада ба худам чизе бигирам. Ҳамон чизе, ки касро ба асли хеш мебарад. Ба сӯйи ободию созандагӣ маро роҳнамоӣ кунад. Кӯшиш мекунам, ки аввал барои худ ва пасон барои хонаводаву ҷомеа дарсе бигирам ва онро баҳри беҳбудию созандагӣ амалӣ намоям.

— Дар саҳифаҳои матбуот камкам навиштаҳои Шуморо мехонем. Лутфан, бигӯед, ки таъсиргузории матбуотро чи гуна арзёбӣ мекунед?

— Ташаккур. Сараввал бояд бигӯям, ки ман аз аҳли қалам нестам. Бовар кунед, агар нанависам, чизе маро гулӯгир мекунад ва маҷбур мешавам, ки кам-кам нависам. Вақте ки мушкилию камбудиеро мебинам ва имконияти дар саҳна гуфтанро надорам, онро менависам ва ҳеҷ гоҳ фикр намекунам, ки навиштаи маро кӣ мехонаду кӣ не. Ба кӣ таъсир мерасонаду ба кӣ не. Яъне фикр кардан — ин вазифаи ман нест, балки вазифаи ман мушкилиро нишон додан аст ва онро иҷро кардам. Ба он бовар ҳастам, ки сухан суханшунавро меёбад ва таъсирашро мерасонад.

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,

Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?

Модоме ки имрӯз ту омадӣ ва аз он масъалагузорӣ мекунӣ, пас беҳуда нанавиштаам. Ҳоло як нафар навиштаи маро хондаасту бо ман суҳбат мекунад. Ман бовар дорам, ки ҳадди ақал 10 дарсади ҷомеаи мо матбуотро мехонанд.

— Пӯшида нест, ки имрӯз ҷавононро ба ҷуз волидон боз тағову амак, холаву амма, устоду ҳамсоя тамбалу бедониш ҳисобида, шикоятномаҳои зиёд месароянд. Шумо ба чӣ назар ҳастед?

— Дуруст аст, ки ҷавонони мо дар муқоиса ба ҷавонони 30-40 сол қабл хеле кам мехонанд. Вале фикри ман ин аст, ки ба нахондану камдониш мондани ҷавонон мо — калонсолон гунаҳкорем. Аксар калонсолон ҳамин ки бекор монданд, ба шикояткунӣ мегузаранд. Масалан, шикоят мекунанд, ки мо нависанда надорем, дар ҳоле ки чанд соли охир китобро ба дасташон нагирифтаанд. Бисёриҳо мегӯянд, ки театрҳо намоишномаи хуб надоранд, аммо агар дақиқатар пурсуҷӯ кунем, баъзе аз ҳамон забондарозон ҳатто суроғаи театрро дуруст намедонанд. Ҷоҳилият ҳамин аст, ки гуноҳи худро надида, корамон соятарошии дигарон аст. Худро сафеду дигаронро сиёҳ мебинем. Бояд донист, ҳар чизе ки ҷавонон мекунанд, аз калонсолон меомӯзанд. Аминам, ки ҳарчи шумораи калонсолони китобхон ва театррав зиёд шавад, масъалаи китоб нахондан, ё театр наомадани ҷавонон ҳалли худро меёбад. Агар мо — калонсолон ҷилави худро дар дастамон гирем, яқинан ҷавонони мо дигар мешаванд. Мо пеш меравем. Имрӯз рисолати ягонаи калонсолон тарбияи дурусти насли ҷавон аст. Агар мо аз онҳо рӯ гардонида, ноқобилу тамбал гӯемашон, пас вой бар ҳоли мо. Зеро ин амали мо метавонад ҷомеаро ба нестӣ бубарад.

— Ба андешаи Шумо, сабаби ин нолиданҳову шикоятҳо дар чист?

— Бале, имрӯз ҳама меноланд. Ва аз ҳама зиёд аз ҳоли зори таълиму тадрис он нолишҳо шунида мешаванд. Аз худи мактаббачагону донишҷӯён сар карда, то волидону устодон ҳама меноланд. Аммо мо ба фардои нек умед дорем. Худо кунад, ки ин чиз тезтар бартараф шавад. Ман бовар дорам, шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки барои дур кардани ин беморӣ мусоидат мекунанд. Ва ҷомеа ҷои худро мегираду ҳамааш хуб мешавад.

— Чӣ тавр метавон қалби ҷомеаи маризро табобат кард?

— Хатари асосӣ, вақте ҷомеа маънаван мариз мешавад. Ҷомеа мисли бадани инсон аст. Шамол мехӯрад. Бемор мешавад. Бояд ҳамеша онро эҳтиёт кард, зеро Худо наорад он рӯзеро, ки маризии ҷомеаи мо хурӯҷ кунад. Худо накунад, ки табибон аз табобати ҷомеаи мо худдорӣ намоянд. Торих исбот кардааст, ки бисёр қавмҳову давлатҳо ҳамин гуна аз миён рафтанд. Ва имрӯз бояд аҳли фарҳанг, аҳли зиё, аҳли уламо ба табобати он машғул шаванд. Бояд донист, ки табиби ҷомеа зиёиву фарҳангӣ ва уламоянд. Агар онҳо сари ин масъалаҳо наандешанд, пас вой бар ҳоли он ҷомеа. Ё ин ки, агар ба дарку фаҳмиши ин беморӣ нараванд, воямон бод. Рисолаташон аст ва бояд ҷомеаро табобат кунанд.

— Бадтарин маризӣ барои як ҷомеа кадом аст?

— Бесаводӣ. Ин маризиест, ки дигар маризиҳоро метавонад тавлид кунад. Худо моро аз бесаводӣ ҳифз кунад. Худо моро аз бесаводӣ нигоҳ дорад. Худо кунад, ки ҳар тоҷику тоҷикистонӣ китобдору китобхону китобдӯст бошанд. Худо ҳидояту тавфиқ диҳад моро.

 

ТАНАФФУСИ ЧАҲОРУМ

Нақши Бозор Собир

— Шумо бо Бозор Собир чӣ пайвастагие доред?

— Ман Бозор Собирро ҳамчу шоири тавонои тоҷик мешиносам.

— Манзурам, сабаби нақши Бозор Собирро самимӣ бозиданатон чист?

— Аслан, намоишномаи “Шабе дур аз ватан”-и Нозим Меликов, ки бо такя ба ашъори Бозор Собир рӯйи саҳна омадааст, ҳадафи бештар дошт. Дар он намоишнома манзури мо нишон додани ҳолу аҳволи як нафар фарҳангӣ, аҳли адаби тоҷики муҳоҷир буд. Вақте мо дар кишварҳои Афғонистон, Малдова, Русияву Қазоқистон, Қирғизистон намоишномаро иҷро кардем, баъзе хориҷиён гуфтанд, ки ин намоишнома дарди онҳост ва  ҳамчунин барои аҳли башар аст. Дар он ҳар нафар намояндаи аҳли адабу фарҳанги муҳоҷирашро дид. Дар Тоҷикистон бошад, мардум Бозор Собирро диданд. Хуб, театр оинаи ҷомеа аст ва ҳар нафар худро мебинад. Мутаассифона, имрӯз кам нестанд фарҳангиёни мо, ки дар муҳоҷиратанд.

— Чаро фарҳангиёни мо муҳоҷир мешаванд?

— Аслан, аҳли эҷод бисёр нозуку эҳсосиянд. Эҷодкор бештар танҳоиву озодиро мехоҳад. Агар ки мераванд, чӣ сабабе доранд. Аҳли ҷомеа бояд нагузоранд, ки беҳтаринҳо аз ин ҷо раванд. Ман намегӯям, ки ҳама эҷодкорон хубанд, аммо вазифаи мо ин аст, ки бояд нагузорем беҳтаринҳо моро тарк кунанд. Ҷомеа ба гуноҳу савоби эҷодкорон бояд бо меҳр ва навозишу парвариши модарона ва падарона назару амал кунад. Ин як давраи гузариш аст. Дар бисёр давлатҳо ин таззод ҳоло ҳам ҳаст. Худо кунад, ки мо зудтар ислоҳ шавем. Собит шуда, ки ҳастии инсон ва ҷомеа нахуст маънавиёти ӯст. Эҷодкор замина ва маҳаки асосии  ғизои маънавии ҷомеа ва инсон аст.

— Мо Шуморо дар нақшҳои манфӣ бисёр кам мебинем. Набозидани нақши бад ба чеҳраатон созгор нест ё хоҳиши худи Шумост?

— Агар бинанда маро дар нақши манфӣ намебинад, фикр мекунам ин аз камҳунарии ман аст, ки коргардонҳо чунин нақшҳоро ба ман вогузор намекунанд. Вале бояд бигӯям, ки ман якчанд нақши манфиро ҳам дар синамо ва ҳам дар театр иҷро кардаам. Масалан, дар филми “Боз кӣ?” нақши як палид, рӯсиёҳро бозида будам, дар театр нақши хоинро. Ин вазифаю кори мост, муҳим нияти неку созанда дошта бошад. Ҳунарманд вақте ки дар нақши бад аст, ба бинандааш гуфтанист, ки аз ин амалҳо ҳазар кунад. Вақте ки дар нақши нек аст, бинандаро талқин мекунад, ки бо даст додани фурсат он амалҳоро такрор кунад.

— Боре шудааст, ки аз ин ҳама хаста шудаву фикри тарк кардани ин соҳаро карда бошед?

— Ҳоло ман коре накардаам, ки хаста шавам. Аммо ин одамӣ аст ва ба қавле, на тоби гармӣ дорем, на аз сардӣ. Баъзан мушкилӣ ва камбудиҳое пеш меоянд, ки мехоҳӣ ҳамаро тарк карда, ба дуриҳои дур сафар намоӣ. Ва мутаассифона, чанд маротиба ин гуна ҳолатҳо дар ман буд, аммо шукр, ки ҳоло камтар аст. Бо рафтани синну сол тарҷиба зиёд мешавад ва шояд пухта мешавӣ, ки дар сарат фикру андешаҳои дигар бештаранд…

 

АНҶОМ

Мо бо Абдулмумин Шарифӣ хайрухуш кардем. Аз ҳуҷра баромадем. Аз бинои театр берун шудам. Роҳораҳ қадам мепартоям. “Чунин фарҳангиёнро дар вақти зинда буданашон қадр кардан лозим, вагарна, дер хоҳад шуд”,- аз дилам мегузаронам ва ба даромадгоҳи “Шарқи Озод” медароям.

 

Мусоҳиб: Сино ТОҲИРӢ

Добавить комментарий