.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Мусоҳиба

Шумо дар Мусоҳиба

Гулҷаҳон Бобосодиқова: Вазифа ва дороӣ доимӣ нест!

Сен 16, 2017 Диданд: 1045
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

- Ҳар нафаре, ки номи Гулҷаҳон Бобосодиқова, Котиби Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро ба забон меовард, ҳатто мардон низ ба тарсу ҳарос меафтоданд,- ба ёд меорад яке аз зердастони Бобосодиқова.- Касе ҷуръат намекард наздаш дарояд, гарчанде аз касе чизе тамаъ намекард, ба ҷуз талаби иҷрои кор мувофиқи қонун. Ин зани қавиирода гарчанде факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии ба номи В. И. Ленинро бо ихтисоси математик хатм карда бошад ҳам, вале маъруф чун котиби Комитети марказии комсомол ва ҳимоятгари занҳо гардид. Фаъолияти ӯро дар корҳои ҳизбӣ, аз ҷумла котиби якуми Кумитаи марказии ҳизбии ноҳиявии шаҳри Душанбе, Кумитаи шаҳрии ҳизбии шаҳри Душанбе ва котиби Кумитаи марказии ҳизбӣ мусбат арзёбӣ мекунанд. Бобосодиқова бо таҷрибаи бойи корӣ, саъю талош баҳри ободии диёр ва зиндагии осудаи халқ, дар муқоиса бо дигар мансабдорон ҳоло як зиндагии хеле оддӣ ва хоксорона дорад. Хонааш бадвоҳимаву дабдабанок нест, ҳатто таъмир надидаву ба қавле, то наздикӣ болои мизи шикастаи боқимонда аз замони Шӯравӣ ба мутолиаву эҷод машғул буд. То ба имрӯз пироҳанҳоеро ба бар мекунад, ки мисли занҳои мансабдор “ҳазору як тангаву тилло”, ки дӯхташ маоши як рафиқ “раис” аст, начаспондаву аммо ба худаш хеле зебанда аст.

- Миёни шахсоне, ки баъд аз вазифаҳои роҳбарикунанда ба нафақа баромадаанд, нафаронеро ҳам дучор шудан мумкин аст, ки худро дар зиндагӣ ба қавле «гум» кардаанд. Сабаб дар чист?
- Вазифа ва дороӣ доимӣ нест. Ҳар кас бояд ба ин омода бошад, зеро он чӣ, ки Худованд дар ҷавонӣ лоиқ дониста буд, дар пирӣ мегирад. Ба вазифа дил бастан нашояд. Баромадан ба нафақа шахсан зиндагии маро тағйир надод. Зеро, ман аз шумори он нафароне ҳастам, ки дар зиндагӣ қарори нишастан надорам. Ҳарчанд ба нафақа баромада бошам ҳам, ба корҳои ҷамъиятӣ машғул будам. Дар ҷаласаву конфронсҳо ширкат меварзидам ва барои беҳбудии ҳаёти занҳо талош мекардам ва то ба имрӯз дар ин ҷода кор карда истодаам.
Соли 1991 пас аз фаъолияти сеюнимсолаам дар вазифаи муовини якуми раиси Ҷамъияти умумииттифоқии «Дониш» аз шаҳри Маскав ба шаҳри Душанбе баргаштам ва дар назди худ мақсад гузоштам, ки барои ҳалли масъалаи баробарии гендерӣ, паст кардани сатҳи хушунат ва зӯроварӣ нисбати зан чорае андешем. Бо чанд нафар занҳои фаъол маслиҳат карда, ба чунин хулоса омадем, ки Ташкилоти ҷамъиятии «Занони маълумоти олидор»-ро, ки аз соли 1919 дар ҷаҳон арзи ҳастӣ дорад, бунёд намоем. Хушбахтона, ин орзӯи мо амалӣ гашту Ташкилоти ҷамъиятии «Занони маълумоти олидор» аз ҳисоби занҳои дорои маълумоти олӣ ва касбу кори гуногун ташкил карда шуд. Ва ин ташкилот дар давоми 25 соли арзи ҳастиаш барои ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқи занону духтарон, тарғиби илму фарҳанг саҳми арзандаи худро гузошт.
Аз ҷумла, бо ташаббуси масъулини ташкилоти мазкур мо талош варзидем, ки синни никоҳии духтарон аз 17 ба 18-солагӣ муқаррар карда шавад. Ё ин, ки дар моддаи 17-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии зану мард дарҷ карда шавад. Барои бисёрзанӣ дар асоси Конститусия иҷозат дода нашавад ва ғайра.
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он барои таҳсили духтарон монеаҳо зиёд буд. Зеро хобгоҳ набуд, ба амнияти донишҷӯдухтарон кафолат дода намешуд. Бо пешниҳоди мо, хушбахтона аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои духтарони навоҳии дурдаст квотаҳои махсус ташкил карда шуд, ки ҳоло барои таъмини кадрҳо бо мутахассисони болаёқат аз ҳисоби занҳо душворӣ намекашем. Ва ба ин монанд мисолҳо, ки дархӯри дарди ҷомеа ҳастанд, хеле зиёданд.
Имрӯз ҳар нафаре, ки ташкилоту ҷамъият мекушояд, аввал манфиати худро андеша мекунад, ин бебаҳс аст ва ҳама дар фикри сарпарасту маблағгузор, канӣ кӣ чанд қадар пул медиҳад, кай пулро дар суратҳисобам мегузаронад ва чӣ хел мегузаронад.
- То ҷое маълумот дорем, Ташкилоти ҷамъиятии «Занҳои маълумоти олидор”, ки роҳбариаш ба зиммаи Шумо буд, дастгирии молиявӣ надошт. Корро бе маблағ ҳам пеш бурдан имкон дорад?
- Аз соли 1991 роҳбарии Ташкилоти ҷамъиятии “Занҳои маълумоти олидор”-ро, ки ҳадафи асосии фаъолияти ташкилоти мазкур боло бурдани маърифатнокии ҳуқуқии занҳо, ба таҳсил фаро гирифтани духтарону бонувон ва ширкат дар таҳияву қабули қонунҳо буд, ба зимма гирифтам. Ташкилоти ҷамъиятии «Занҳои маълумоти олидор» аз ягон ҳисоб грант ва ё дастгирии молиявӣ воқеан ҳам надошт. Ҳадафи аслии мо танҳо беҳбуд бахшидан ба ҳаёти занҳо буду халос. Ман ба маблағ кор надоштам, танҳо шавқу завқи бо мардум кор кардан доштам ва анҷоми ин гуна корҳо бароям илҳом мебахшид.
- Борҳо шоҳиди он гардидаем, ки шахсиятҳои маъруф ва мансабдор зимни мусоҳиба бо забони тоҷикӣ хуб ҳарф гуфта наметавонанд ва хоҳиш мекунанд, ки ба суоли мо бо забони русӣ посух бидиҳанд. Аҷиб он аст, ки забони модарии худро гӯё фаромӯш кардаанд, суҳбат бо забони хориҷӣ барояшон авлотару осонтар аст… Вале мебинем, ки суҳбати Шумо бо забони ноби тоҷикӣ, хеле гуворову адабист.
- Хирадманде дар ҷавоб ба суоли як мусоҳибаш чунин гуфтааст: «Агар росташро бигӯям, ту меранҷӣ, агар дурӯғ гӯям, Худованд хоҳад ранҷид… Чӣ бояд кард?». Агар мо аз ранҷиши хотири дигарон натарсем ва ҳақиқатро рӯирост бигӯем, ба манфиати кор хоҳад буд. Ба вайрону дағал, кӯчагиву фаҳш, нофаҳмою бегона гардидани забони модарии мо сараввал модарон, баъдан муҳити гирду атроф боис мегардад. Ин албатта хулосаи шахсии ман нест. Солҳо инҷониб забони модарону хоҳарони тоҷикро мушоҳида мекунам ва хато намекунем агар бигӯем, ки аз чанд нафар танҳо яке покиза ҳарф мезанаду бас. Мутаассифона, забони модарӣ фақат дар китобу рӯзномаҳо ҳусну таровати худро дорад. Дар ин маврид месазад як панди бузургонро фаромӯш накунем, ки ба мо бисёр дахл дорад: “Агар дар оила марде бефарҳанг бошад, бар зарари худи мард аст, вале дар оила зане фарҳанг надошта бошад, тамоми хонадон зарар мебинад”. Пас, оё имрӯз хонадони тоҷик зарар надидааст? Фикр мекунам вақти он расидааст, ки забони модариро ба забони модарии ҳақикӣ табдил диҳем!
- Шумо дар оилаи низомӣ ба воя расидаед. Падаратон корманди ҳифзи ҳуқуқ буданд. Модаратон низ то ҷойе маълумот дорем, рутбаи лейтенантро доштанд ва барои озодии занҳо аз хурофот муборизаи беамон мебурданд. Чи хотироти аҷибе аз онҳо доред?
- Баробари ба ёд овардани даврони кӯдакиву наврасӣ, симои падару модари азизу меҳрубонам Бобо Содиқов ва Фазилат Солиевна (равонашон шод бод!) пеши назарам ҷилвагар мешавад, ҳамоно қавииродаву мушкилнописанд. Падарам сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии вилояти Истаравшан буданд ва дар мубориза бар зидди босмачиён ва барҳам задани дастаҳои босмачигарӣ корнамоиҳои зиёде кардаанд. Мутаассифона, умр вафо накарду замоне, ки сарварии шуъбаи милитсияи шаҳри Ленинободро ба уҳда доштанд, баъди бемории сактаи дил бо ҳаёт падруд гуфтанд. Баъд аз вафоти падарам масъулияти таълиму тарбияи мо шаш нафар фарзанд ба дӯши модарам бор гашт. Ва новобаста аз мушкилоти зиндагӣ модарам, ки хатмкардаи курси кӯтоҳмуддати шуъбаи занонаи шаҳри Самарқанд ва факултаи коргарӣ дар назди Университети шаҳри Тошканд буданд, ба хонаи бачагони шаҳри Ленинобод ба кор даромада, дар баробари тарбияи бачаҳои баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ ятиммонда, кори падарамро идома бахшида, барои пешгирӣ намудани ҳар гуна ҷиноят ба ҳукумати маҳаллӣ ёрӣ мерасониданд. Ба як ҳисоб давомдиҳандаи кори падарам шуданду бо рутбаи лейтенантӣ сарфароз гаштанд.
Модарам яке аз занҳои фаъоли шаҳри Ӯротеппа буданд, ки барои озодии занҳо аз хурофот муборизаи беамон бурда, дар таҳким ва пешрафти Ҳукумати Шӯравӣ саҳми сазовори худро гузоштаанд. Бешубҳа, модарам зани зиёӣ, меҳнатдӯст, ростқавл, сабур ва босавод буданду дар баробари ҳарф задан бо забони русӣ, инчунин дӯстдори мусиқӣ ва кадбонуи хубу меҳмондӯстдор буданд. Ва ин гуна сифатхои неки инсонии модарам дар ҳаёт ва фаъолияти ман ҳамчун ходими давлатӣ нақши бориз дорад.
- Дар яке аз мусоҳибаҳоятон гуфта будед, ки «агар дар зиндагӣ ба ягон пояе расида бошам, инро аз заҳмати пурранҷи модарам медонам».
- Солҳои баъдиҷангӣ (баъди солҳои 1941-1945) душвориҳои зиёдеро пеш овард. Вазъи иқтисодии мардум дар сатҳи паст қарор дошт. Вале, новобаста аз вазъи душвори зиндагӣ модарам зиёд мехостанд, ки таҳсиламро дар ягон мактаби олии шаҳри Маскав идома бидиҳам. Аммо тақдир маро баъди хатми мактаби миёна ба шаҳри Душанбе овард ва донишҷӯи факултаи физикаву математикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин гардидам. Ҳанӯз аз даврони соли аввали донишҷӯӣ дар баробари бо баҳои хубу аъло хондан, дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ низ фаъолона ширкат меварзидам. Қобилияти ташкилотчигиамро ба инобат гирифта, роҳбарияти донишгоҳ маро ба ҳайси котиби комсомоли донишгоҳ пешбарӣ намуданд. Аз ин ба баъд, яъне муддати 30 соли фаъолияти корам ба комсомол ва партия, яъне тарғиби идеологӣ марбут буд.
Дар зиндагӣ ба он чӣ, ки шарафёб шудам, албатта бо шарофати модарам аст ва то зиндаам исми шарифашонро бо некӣ ба ёд меорам.
- Солҳои дароз Котиби Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон шуда кор кардаед. Дар ин давра бештар барои ҳалли кадом масоил ҷидду ҷаҳд менамудед?
- Аз давраҳои донишҷӯӣ ба масъалаҳое, ки бештар ба ҷавондухтарон ва занҳо марбут буданд, диққати ҷиддӣ медодам. Минбаъд низ тамоми фаъолиятам барои фаро гирифтан ба таҳсил ва ҳимоя аз ҳуқуҳои духтарон буд. Дар деҳот барои идомаи таҳсили духтарон дар макотиби олӣ монеа мешуданд ва ман то ҳадди имкон кӯшиш мекардам ба манотиқи дурдаст сафарҳо намуда, волидайнро тарғибу ташвиқ намоям, то барои идомаи таҳсили духтаронашон садд нагузоранд. Ва шукр, ки то дараҷае муваффақ ҳам мешудам. Ва кӯшиш мекардам, то мақоли «духтара худаш чӣ, ки хонданаш бошад?»-ро аз миён бардорам. Бо исботу далел фаҳмонам, ки духтар ҳам фарзанд аст ва намесазад бо ӯ ба мисли мол рафтор кард.
Бо тақозои давр ва вазифа дар тамоми масъалаҳои марбут ба зиндагии шоистаи халқ, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар кӯшиш мекардам то ҷои тавон расидагӣ дошта бошам.
- Зани сиёсатмадор аз нигоҳи Шумо?
- Барои зан сиёсатмадор будан мушкил аст. Зани сиёсатмадор дар баробари пешбурди зиндагӣ ва иҷрои вазифаи ба зимма доштаи худ бояд қобилияти зеҳниву ҷисмонӣ ва таҷрибаи ҳаётиро доро будаву миёни мардум шинохта шуда бошад. Тавонад мавқеи худро дар миёни ҷомеа устувор намуда, дар баробари мардон бо қадамҳои устувор пеш равад. Миёни халқ соҳиби номи нек, обрӯю эътибор гардад. Роҳи ҳалли масъалаҳоро ёфта тавонад.
- Зани тоҷик дар даврони Шӯравӣ бештар комёб шуд, ё баъди ба даст овардани Итиқлолияти давлатӣ?
- Яке аз боигариҳои даврони Шӯравӣ - ин маҳви бесаводӣ ва ба таҳсил фаро гирифтани занону духтарон ба ҳисоб мерафт. Устод Мирзо Турсунзода ҳолати он замонаро ба назм кашида, шеъри “Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд...”-ро эҷод намуданд, ки дар он давр шиор гардида буд. Ғамхорӣ нисбат ба зан ӯро ба қуллаҳои баланди илму дониш шарафёб намуд ва зани тоҷик тавонист то ба мансаби академикӣ бирасад. Инчунин, дар муҳлати начандон зиёд ба корҳои сиёсӣ ва давлатӣ ҳамроҳ гардад ва баробар бо мардон дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ саҳмгузор бошад.
Боиси хушнудист, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занон ҳамеша ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа - ин ғамхорӣ ба давлату миллат аст.
Имрӯз занону модарони мо имконияти фаровони кору таҳсил ва истифодаи технологияро доранд ва дар баробари ин тамоми заминаи ҳуқуқӣ дар бораи иҷроиши моддаи 17-и Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “баробарҳуқуқии зан ва мард” вуҷуд дорад.
Аммо, барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ заҳмат бояд кард. Бо дониши амиқ ва кӯшишу ғайрат исбот бояд намуд, ки дар баробари баробарҳуқуқӣ бо мардон баробаримкониятиро низ дошта бошем.
- Рақамҳои оморӣ собит менамоянд, ки аз ҳам пош хӯрдани оилаҳои ҷавон афзун мегардад. Сабаби зиёд шудани хонавайрониро дар чӣ мебинед, чун бевосита ба ин мавзуҳо алоқамандии бештар доштед?
- Дар масъалаи оиладорӣ бисёр боэҳтиёт бояд буд. Имрӯз талоқ нисбати никоҳ дар ҳақиқат ҳам назар ба солҳои каблӣ зиёд гардидааст. Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки агар дар як сол 3,5 ҳазор ақди никоҳ баста шавад, наздики 4,5 ҳазор хонавода ба вайронӣ мувоҷеҳ мегардад. Яке аз сабабҳои аз ҳам ҷудо шудани оилаҳо ҷавон хонадор кардани онҳо мебошад. Бигзор ҷавонон сараввал хонанд, соҳиби касбу ҳунар гарданд ва баъд оила бунёд намоянд. Пас, ба қадри ҳаёту зиндагӣ хоҳанд расид. Зиндагӣ худ аз пастиву баландихо иборат аст ва ҳар ҷавоне, ки шаммаи пастиро чашид, ҳатман барои ба баландӣ баромадан ӯро касе ва ё чизе монеа нахоҳад шуд.
Хушбахтиро ҳар кас худаш бунёд месозад. Ҳар нафар дар зиндагӣ ҳунарманд асту зиндагӣ саҳна. Аз ҷудошавии зану мард фарзанд зарар мебинад. Аз ин рӯ, бояд мо манфиатҳои шахсии худро аз манфиати фарзанд боло нагузорем.
Барои нигаҳдошти оила барномаи давлатие зарур аст, ки садди роҳи хонавайронӣ шуда тавонад. Зеро аз байн рафтани оила баъзе арзишҳои миллии моро низ аз байн мебарад, ки ин як тамоюли хатарнок аст.
- Мутаассифона, солҳои охир омори даст ба худкушӣ задани занон нигаронкунанда аст. Ба фикри Шумо, кадом омилҳо боис мегарданд, ки занҳо даст ба худкушӣ зананд?
- Воқеан худкушӣ дар кишвар зиёд шуда истодааст. Ба андешаи ман ин якум аз гумроҳ гаштани занҳо аст, ки роҳи халосиро дар худкушӣ мебинанд. То ҳол дар бархе аз манотиқи кишварамон тибқи қонунҳои нонавиштаи ҳаёт амал намуда, нисбат ба зан ҷабру ситамро раво мебинанд. Бархе бар онанд, ки вазифаи зан аз таваллуд кардан ва анҷом додани корҳои рӯзгор ва хизмат ба шавҳару хушдоман ва аҳли хонаводаи ӯ иборат асту бас. Бар замми ин, мушкилоти иқтисодӣ, равонӣ, хиёнати шавҳар, манъи таҳсили духтарон, ба муҳоҷират рафта наомадани сардорони оила, халос шудан аз масъулият, нодонӣ, камсаводӣ, бетафовутии атрофиён, наёфтани роҳи раҳоӣ аз ин варта ва ғайра боис мегардад, ки занҳо ҷабр ба ҷони худ кунанд.
Худкушӣ дар миёни занон, ки имрӯз ба як мушкилоти иҷтимоӣ табдил ёфтааст, то ҳол мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода нашудааст. Бояд иллатҳо ва омилҳои ин падидаи номатлуб аз назари илмӣ ва равоншиносӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирад.
- Зинадгиатон пур аз панду ҳикмат аст. Дар назар доред, ки хотираҳоятонро барои насли оянда дар маҷмуае гирд оваред?
- Як ёддоште бо дастгирии проффессор Иброҳим Усмонов омода карда истодаем, ки рӯзҳои наздик ба дасти хонанда хоҳад расид. Ҷузъиёташро шарҳ намедиҳам, пас аз нашр худатон мутоила хоҳед кард.
- Шумо дар вазифаи муовини якуми раиси Ҷамъияти умумииттифоқии “Дониш”-и шаҳри Маскав аз соли 1987 то соли 1991 низ фаъолият намудед ва шуъбаи робитаи муносибатҳои байналмилалӣ ва донишгоҳҳои халқиро сарпарастӣ менамудед. Дар Маскав ба Шумо хонаи истиқоматӣ ҳам доданд. Вале мебинем, ки ҳоло дар Душанбе зиндагонӣ мекунеду дар Маскав не. Чаро?
- Дуруст аст, он замон барои зани тоҷик дар байни мардуми рус кор кардан чандон осон ҳам набуд. Фақат дониши комил метавонад касро аз ҳар варта халос намояд.
Рӯзҳои аввали кориам ба ман чандон эътимод намекарданд, ки чи гуна як зани тоҷик омадаасту ин ҷо ба сифати роҳбар кор мекардааст ва аз нигоҳи онҳо гӯё ман аз уҳдаи кор намебаромада бошам. Вале бо гузашти вақт аз тарзи муошират ва муносибати ман нисбати кор дарк карданд, ки хулосаи баровардаашон нисбати ман хатост. Зеро чӣ дар гуфтор ва чӣ дар услуби навишт аз ҷониби ман хатое пеш намеомад. Ҳар матолибе, ки менавиштам, ҳам аз ҷиҳати мазмун ва ҳам аз аз нигоҳи грамматикӣ бехато буданд, ки ин ҳамкасбони руси маро хеле ба тааҷҷуб меовард. Бо гузашти вақт дӯстони зиёд ҳам пайдо кардам ва ҳамаи комёбиҳоямро аз ҳисоби донистани хуби забони русӣ ва донишам медонам.
Зимни адои вазифа дар Маскав ба ман хонаи истиқоматӣ доданд, ки он дар маркази шаҳри Маскав, кӯчаи Горкий ва дар бинои ҳамшафати президенти собиқи Русия Борис Елтсин воқеъ буд. Дар Душанбе хона надоштам, зеро мувофиқи қонун он замон мо хизматчиёни давлатӣ дар куҷое, ки кор мекардем, бо хонаи хизматӣ таъмин гардида, дар баробари ба охир расидани фаъолияти корӣ дар ин ё он соҳа онро ба давлат месупоридем. Он замон чун мехостам ба Душанбе баргардам, хонаи Маскавро фурӯхтаму дар ин ҷо хона харидам.
- Таҳлил ва мушоҳидаҳо собит месозанд, ки ҳоло як мансабдори оддӣ, соҳиби чандин хонаву бӯстонсаро ва мошинҳои гаронарзиш аст. Шумо бо вуҷуди он, ки дар мартабаҳои баланди давлатӣ кору фаъолият мекардед ва то Кремлу Душанбе Шуморо мешинохтанду қадрдонӣ мекарданд, вале натавонситед хонаи истиқоматӣ харед? Ё маошатон барои харидории хона намерасид?
- Албатта он замон маоши ману шавҳарам барои пешбурди зиндагии хоксорона басанда буд. Муҳтоҷи касеву чизе набудем. Он вақт на танҳо ман, балки ҳама роҳбарони сохторҳои давлатӣ дар манзили хизматӣ зиндагонӣ мекарданд ва бо анҷом ёфтани масъулият онро ба давлат месупоридем. Ба як ҳисоб мо афсарони қаторӣ будему Ватан ҳар чӣ амр мекард, онро иҷро мекардем.
- Ҳоло дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ҳатто ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки як раиси оддӣ, ки як ва ё ду ноҳияро дар муддати хеле кӯтоҳ роҳбарӣ кардааст, хонаҳои давлатиро ба таври мармуз аз худ кардааст. Ва дигар роҳбарҳое, ки дар он ҷо таъин мешаванд, ҷойи зист надоранд ва маҷбур мешаванд дар хонаи иҷора ё як-ду моҳ дар утоқи кориашон зиндагӣ кунанд. Нигоҳи Шумо дар ин маврид?
- Он ба виҷдону имони ҳар як шаҳрванд вобастагии зич дорад.

Мусоҳибон: Ҷамила МИРБОЗХОНОВА,
Шоҳонаи АҲМАДШОҲ

ШАРҲИ МО:

Гулҷаҳон Бобосодиқова ҳанӯз аз даврони донишҷӯӣ дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, котиби комитети комсомол интихоб мегардад. Минбаъд котиби аввали Кумитаи комсомоли шаҳри Душанбе, котиби Кумитаи марказии комсомол ва Котиби якуми кумитаи марказии комсомол интихоб мегардад. Дар давоми фаъолияти кориаш, солҳои 1961-1971 бештар ба масъалаҳое, ки бевосита ба духтарон ва ҷавонзанҳо марбут буданд, таваҷҷуҳ зоҳир менамуд. Аз соли 1980 то соли 1991 узви Президиуми Кумитаи шӯрои занҳои Шӯравӣ, солҳои 1962-1990 вакили Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз соли 1975 то соли 1990 ба сифати вакили Шӯрои олии Тоҷикистон барои ободии диёр саҳми босазои худро гузоштааст.
Бо нишон ва медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шудааст. Аз соли 1991 то соли 2000 ба ҳайси котиби масъули комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳор маротиба дар конфронсҳои бонуфузи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж ширкат варзидааст.
Иштирокчии бисёркаратаи (аз он ҷумла вакили конфронси 4-уми байналмилалӣ оид ба мақоми зан дар Пекин) конфронсҳои минтақавӣ, форумҳо ва семинарҳои байналмилалӣ мебошад. 

Тағйироти охир Шанбе, 16 Сентябр 2017 14:24
Хонданд 1045
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.