.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Мусоҳиба

Шумо дар Мусоҳиба

Холназар Муҳаббатов: Ҳадаф раёсати Академия буд...

Сен 16, 2017 Хонданд: 870
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Суҳбати ихтисосии “Фараж” бо доктори илми география, профессор Холназар Муҳаббатов

Академияи улуми Тоҷикистон бо қарори Ҳукумат ба омода кардани “Атласи миллӣ” шуруъ кардааст, ки сарредактории онро президенти Академияи улум Фарҳод Раҳимӣ ва раҳбарии гуруҳи кориро доктори илми география, профессор Холназар Муҳаббатов ба зимма доранд. Танҳо “Атласи Тоҷикистон” соли 1968 ба чоп расида буд. Ин хабар моро ба ҳузури профессор Муҳаббатов овард, аммо суҳбати мо аз ин фаротар рафт, ки ҳоло манзури хонандагони “Фараж” мекунем. Нахуст аз ин атлас пурсидем, ки чӣ ҳаст:
- Ин ташаббус аз ҷониби мо буд ва он чӣ моро таҳрик дод, ин буд, ки кишварҳои дигари собиқ Шӯравӣ чунин атлас доранд, аммо мо на. Як гуруҳи корӣ дар Академия ташкил шуд, ки ба он беҳтарин олимони Тоҷикистон шомиланд. Ҳоло тарҳрезии атлас ба анҷом расидаву кор рӯи самтҳо идома дорад...
- Атласи миллӣ чӣ аст? Як таъриф медодед...
- Атласи миллӣ маҷмуаи маълумотҳо дар бораи Тоҷикистон аст. Он тамоми соҳаҳо, шуруъ аз табиат то иқтисоду захираҳои моддиву маънавӣ ва санъату туризму фарҳангро дар бар мегирад. Як нафар, ки мехоҳад Тоҷикистонро омӯзад, метавонад тамоми иттилоъ аз ҳар соҳаи мавриди назарашро дар он пайдо кунад, бахусус сармоягузорон.
- Бубинед, дар гузашта Академияи улум як маркази воқеан илмӣ буд ва китобҳои зиёди арзишманде дар он таҳияву нашр мешуданд. Аммо ҳоло чунин нест. Ё ҳасту мо намедонем?
- Академияи улуми Тоҷикистон як маркази бонуфузи илмӣ ва як даргоҳи муқаддас буду ҳаст, ки шуруъ аз замони Шӯравӣ пеши ҷомеа ва ҳукумат эътибори баланд дошт. Дар он олимони бузурги сатҳи ҷаҳонӣ кор кардаанд. Соли 1951 таъсис ёфт ва аввалин президенташ Устод Садриддин Айнӣ буданд. Олимони забардасте, монанди Баҳоуддинов, Осимӣ, Нарзиқуловҳо, Адҳамов ва дигар академикҳо дар он фаъолият мекарданд, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доштанд. Тамоми идораҳои давлатӣ ба Академия бо як эҳтироми хос бархӯрд мекарданд. Замоне, ки академик Собит Неъматуллоев (1985 - 1995) президенти Академия интихоб шуданд, як давраи тиллоӣ буд...
- Худи Шумо кай ба Академия ба кор омада будед?
- 1966. Дар шуъбаи “СОПС” ё Совети таҳқиқотии қувваҳои истеҳсолӣ фаъолият доштам. Ин шуъбаро академик Ибодулло Нарзиқулов роҳбарӣ мекарданд. Яке аз корҳои фундаменталӣ ва бузурге, ки таҳти раҳбарии он кас дар замони Шӯравӣ анҷом шуд, аввалин “Атласи Тоҷикистон” буд, ки дар собиқ Шӯравӣ баҳои баланд гирифт. Китоби дигари фундаменталӣ “Захираҳои табиии Тоҷикистон” низ дар 60 ҷузъ чоп шуд. Пас аз он як таҳқиқоти дигар дар бораи Тоҷикистони Ҷанубӣ, ҳамчун як минтақа ё маҷмааи ҳудудию истеҳсолии Тоҷикистон шуруъ шуд. Пас аз вафоти Нарзиқулов шогирди он кас Ҳабибуллоҳ Саидмуродов ин таҳқиқотро идома доданд. Ҳамин тавр, дар ин давра “СОПС” дар бораи маҷмааи ҳудудию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ ҳафт ҷилд китоб чоп кард.
Ман ҳам дар ин таҳқиқот ширкат доштам. Аз ҳамин шуъба маро ба аспирантура фиристоданд ва дар Маскав рисолаи номзадиамро дифоъ кардам. Пас аз он ҳам кори ман ба ҳамин шуъба бастагӣ дошт.
- Даврони президентии Муҳаммад Осимӣ дар Академия чӣ гуна буд?
- Таҳқиқи маҷмааи ҳудудию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ дар замони он кас анҷом ёфт. Таҳти раҳбарии Осимӣ Академия боз ҳам эътибор ёфт. Баъд Собит Неъматуллоев, академик ва олими сатҳи ҷаҳонӣ президент шуданд. Дар Кубаву Амрико солҳо кор карда буданд. Як олими шинохтаи соҳаи зилзилашиносии ҷаҳон ҳастанд. Ҳукумати нав ҳам, ки омад, он кас то соли 1995 дар вазифа монданд. Он кас ҳам муқаддасот ва обрӯву эҳтироми Академияро пеши ҳукумат ва ҷомеа нигоҳ доштанд.
- Ба назар мерасад, ки пас аз ҷанги дохилӣ Академия мақому манзалати худро аз даст дод. Сабаб чӣ буд?
- Баръакс, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ Собит Неъматуллоев тавонист, ки Академияро нигоҳ дорад. Таназзули Академия дар замони Ӯлмас Мирсаидов шуруъ шуд. Тавре мегӯянд, ҳар кас як пои қадам дорад. Беҳтарин муассисаҳои Академияро барҳам дод.
- Масалан, кадом муассисаҳоро?
- Ҳамин Совети таҳқиқотии қувваҳои истеҳсолӣ ё “СОПС” ва ҳам муассисаи “Генетика”-ро барҳам дод. Дар онҳо 40 то 45 нафар кор мекарданд! Шуъбаи экологияву географияро барҳам дод, ки ман роҳбараш будам. Чор лаборатория дошт, ки ҳама аз байн рафт. Беҳтарин мутахассисоне, ки на фақат дар соҳаи токсикология, балки яхшиносӣ (пиряхҳо), иқлим ва дигар самтҳое, ки барои ҷумҳурӣ хеле муҳим ҳастанд, дар он кор мекарданд.
Пас аз Мирсаидов Маҳмадшоҳ Илолов президент шуд, ки ман ягон пешравӣ дар кори Академияро дар даврони ӯ надидам...
- Дар бораи президенти кунунии Академия - Фарҳод Раҳимӣ чӣ андеша доред?
- Президенти кунунӣ як ҷавони донишманд аст. Президенти кишвар ҳам фаҳмид, ки барои барқарор кардани зарфияту эътибори Академия як фарди донишманду коргар зарур аст ва Фарҳод Раҳимӣ воқеан чунин шахс аст.
- Аз рӯи кадом корҳояш ин суханҳоро мегӯед?
- Масалан, ҷавонони зиёдро аллакай ба кор ҷалб кард. Сохтмони лабораторияҳои навро рӯи даст гирифта, куҳнаҳояшро таъмир мекунад. Ман бо коргарони дигар институтҳо суҳбат мекунам, ки мегӯянд, дилашон нав ба кор гарм шудааст ва Академия акнун обод мешавад. Бо он вуҷуд, ки вазъи иқтисодии Академия вазнин ва пайдо кардани маболиғи бузург мушкил аст, президенти нав зиёд талош дорад, то беҳтарин ҷавонону донишмандонро ҷалб кунад ва барои онҳо шароит фароҳам оварад.
- Агар чунин аст, чаро дар интихоботи ахире, ки барои интихоби аъзои пайваставу вобастаи Академия баргузор шуд, номзадии Шумо нагузашт?
- Ин ҷо гап дигар аст. Аз рӯи қоида ҳар панҷ сол як маротиба интихоботи аъзои пайваста (академик)-ву вобаста (аъзо - корреспондент)-и Академияи улум баргузор мешавад. Аммо чӣ гапе шуд, ки дар замони Илолов (қариб 10 сол!) чунин интихобот доир нашуд. Аз ин хотир, 42 ҷой аз ҳисоби аз ҳаёт рафтани аъзои пешин холӣ шуд ва теъдоди довталабон ҳам беш аз 100 нафар буд...
- Тартиби пешниҳоду пазириш ба аъзогӣ чӣ гуна аст?
- Аввал эълон мекунанд, ки барои ҷойҳои холии аъзои пайваставу вобаста довталаб қабул менамоянд. Ҳар кас, ки довталаб аст, ба шуъбаи худ ҳуҷҷат месупорад. Се шуъба ҳаст: 1) илмҳои ҷамъиятӣ; 2) илмҳои физикаву математика, химия ва геология; 3) илми биология. Ҳар шуъба як комиссияи махсус дорад, ки номзадҳоро меомӯзад. Кадом китобҳоро навиштааст, оё ин китобҳо арзиш доранд, чӣ қадар шогирду чӣ қадар мақола дорад ва ғайра. Ҳамин тавр, аввал, дар шуъба интихобот мешавад. Академику аъзо - корреспондентҳо номзадҳоро ба таври пинҳонӣ интихоб мекунанд. Пас аз он, ки номзадҳо муайян шуданд, шуъба баррасии онҳоро ба маҷлиси умумии Академия пешниҳод мекунад. Дар он ҳамаи шуъбаҳо ширкат меварзанд.
- Хуб, дар бораи худатон гӯем. Номзадии Шумо чӣ гуна баррасӣ ва пешниҳод шуд?
- Номзадии ман дар шуъбаи ҷамъиятӣ аз соҳаи иқтисодиёт баррасӣ шуд. Аз 7 номзад ду кас интихоб шудем. Ман ва директори Пажуҳишгоҳи иқтисодиёт Лутфулло Саидмуродов. Хулоса, аз шуъба гузаштем, ҳама табрик карданд. Аммо дар маҷлиси умумӣ, ки низ аз тариқи овоздиҳии пинҳонӣ 45 нафар раъй доданд, номзадии ман - муаллифи 16 китобу монография, 7 китоби дарсӣ, ҳудуди 350 мақолаи илмӣ - нагузашт.
- Худи Шумо чӣ фикр доред? Чаро чунин шуд, ки Шумо - як олими намоён нагузаштед?
- Хуб, маълум аст, ки ба касоне ман хуш наомадаам. Аммо гумон дорам, ки ба ман аз шуъбаи физикаву математика, химия ва геология раъйи рад додаанд. Баъди интихобот баъзе кормандони шуъбаҳои мазкур ба ман он чиро, ки нисбати ман бо сарварии Мирсаидов шуд, нақл карданд.
Ба хаёлам, ки ин як навъ қасдгирӣ аз шахси ман буд. Ҷои ман он қадар муҳим набуд, ки барояш ба ин ҳад талош кунанд. Шуъба медонист, ки киро пешниҳод кунад ва киро на. Ману корҳои маро санҷида буданд. Ба ман овоз доданд. Масъала ҳал шуда, ҳеҷ ҷои баҳс намонда буд.
- Бубинед, ду ҷой барои аъзо - корреспондентӣ холӣ буд. Як нафар интихоб шуд, як ҷойро гирифт. Ҷойи Шумо чӣ шуд?
- Холӣ монд. Бале, боварнакарданист, аммо дар таърихи Академия чунин кор шуд.
- Метавонед батафсилтар суҳбат кунед, ки чаро номзадии Шуморо интихоб накарданд, бахусус, ки тамоми марҳалаҳоро гузашта, ба арзанда будани Шумо ҳеҷ шакке намонда буд?
- Хуб. Таҳлили ман ин аст, ки мухолифат ба ман реша дар хусуматҳои раҳбарияти собиқи Академия, бахусус Ӯлмас Мирсаидов дорад. Ӯ дар замонаш ба Академия наздикони худро ба аъзогии пайвастаю вобаста оварда буд. Вақте Мирсаидов инҳоро ба манзалат расонд, ҳатман гапи ӯро ба замин намегузоранд. Онҳо корро аз директори Институти химия Ф. Муҳиддинов, ки ҷавони донишманд аст ва сиёсати мустақил дорад, сар карданду дар шуъба ӯро “ғалтонданд”. Дар нисбати ман низ асли гап ҳамин буд. Мирсаидов хост, инҳо иҷро карданд. Дигар ин ки, ба фикри ман, ин як гуна нишон додани қувва ба президенти нави Академия аст.
- Чӣ тавр? Ин баръакс пайдо кардани як рақиби қавӣ нест?
- Гап ҳам дар ҳамин аст, ки ин як гуруҳи хеле қавӣ аст. Онҳо бо ин кори худ талош ба харҷ доданд, ки ба қавли мардум, оташи чашми раҳбарияти нави Академияро гиранд. Вагарна ягон асоси дигар набуд. Онҳо соҳаи маро намефаҳманд. Суолу ҷавоб ҳам мекардем, зӯрашон намерасид. Ин як амали ҷавонмардона набуд. Такрор мекунам, ки ҳадафи аслӣ рехтани обрӯи раҳбарияти Академия буд...
Гуруҳбозию тавтиабозии онҳо корро ба ҷое мерасонад, ки тарафи муқобил ҳам маҷбур аст чора бинад. Ин ба чӣ меоварад? Мо чанде пеш аз интихоботи Академия бо сарварии Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Иди Ваҳдатро дар шаҳри Ваҳдат қайд карда будем. Олими ҳақиқӣ набояд ба чунин корҳои зишт ва пасипардагӣ даст занад. Вай бояд ошкоро фикру андешаи худро баён кунад.
- Лутфан тавзеҳ медодед, ки тавре мегӯед, “хусумати Мирсаидов” ба Шумо аз кадом хотир аст?
- Ин аз соли 2003 сар мешавад. Моҳи марти ҳамон сол дар назди бинои Академия бо аъзо - корреспонденти АИ Тоҷикистон шодравон Маҳмуд Исмоилов вохӯрдам. Вай ба ман гуфт: “Хабар доред, ки ду сол пеш аз хориҷи кишвар як лоиҳаи калон бо маблағи бештар аз 300 ҳазор доллар оид ба проблемаҳои куҳистон омада буду онро худи Ӯ. Мирсаидов бо наздиконаш тайёр карданд? Онҳо барои ҳисобот китоберо бо номи “Проблемаҳои рушди устувори манотиқи куҳистон” ба чоп тайёр кардаанд, ки сар то по ғалату хандаовар аст ва номи Шумо ҳам чун муаллиф сабт шудааст”. Ман ҳайрон шудам. Мирсаидов медонист, ки мушкилоти куҳистон соҳаи ман аст ва рисолаи докториро низ дар ин мавзуъ ҳимоя кардаам. Ҳарчанд дар ин муддат ҳамеша вомехӯрдем, вай аз ин мавзуъ лаб во намекард. Аввали моҳи апрели соли 2003 онҳо китобро бо як тантана дар толори Академияи илмҳо ба муҳокима бароварданд. Дар ҳамон ҷо ба ман китобро доданд. Дар ҳақиқат, китоб сар то по саросемавор аз ҳар ҷо кӯчонида шуда буд. Дар толор ҷанҷол бархосту китобро сахт танқид карданд. Баъд фаҳмидам, ки нисфи онро аз китоби ман - “Зарфияти табиӣ - захиравии манотиқи куҳистонии Тоҷикистон” (“Природно - ресурсный потенциал горных регионов Таджикистана”), ки соли 1999 дар Маскав нашр шуда буд, кӯчонида, ҳатто ҷое ҳам ба номи ман ишора накарда буданд.
- Баъди ин бо ӯ вохӯрдед?
- Бале, ман ба ӯ гуфтам, ки бояд ҳатман мутахассисони соҳаро ҷамъ овард ва китобро аз нав навишт. Вай нахост. Аслан худи ман хабар надоштам, ки нисфи китоби маро “дуздида” буданд. Онҳое, ки аз корҳои ман огоҳ буданд, ба ман ин хабарро расонданд. Охир, химик куҷову мушкилоти куҳистон куҷо? Агар замони Шӯравӣ мебуд, барои ин кор Мирсаидовро хуб ҷазо медоданд. Аммо як замони бесарусомонӣ буд, ки одамони тасодуфӣ сари кор буданд. 300 ҳазор долларро харҷ карда, бинед, ки чӣ кор карданд?
Ҳамин баҳсҳо буд, ки Хушвақт Ғафуров, директори Пажуҳишгоҳи истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ ба назди ман омад. Ӯ, ки доктори илм ва мутахассиси кишоварзии куҳистон буд ва ҳам иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров пас аз хондани китоб тамоман нороҳат буданд. Гуфтанд, ин китоб илму Академияи тоҷикро шарманда мекунад. Хулоса, ҳар се як мақола таҳти унвони “Кори илмӣ ниёз ба бозбинӣ дорад” ва ин зерлавҳа, ки “зеро муаллифон дар сатҳи ҷаҳонӣ на фақат илм, балки дар кулл Тоҷикистонро беэътибор карданд”, навишта, дар “Вечерний Душанбе” (№17 (281), 25.04.2003) нашр кардем. Аз пайи он худи академик Собит Неъматуллоев, Георгий Кошлаков, Алим Бобоев, Ҷонон Икромӣ, Маҳмуд Исмоилов, А. Ишук, Р. Диловаров ва дигарон низ вокуниш нишон дода, китоби мазкурро сахт зери танқид гирифтанд. Он қадар танқид карданд, ки як инсони дигар мебуд, ба қавли мардум, тарки ин диёр мекард.
- Агар китоби Шуморо рӯбардор карда буданд, чаро ба суд муроҷиат накардед?
- Рафиқон ба ман пешниҳод карданд, ки бояд муаллифони китоб таҳти раҳбарии Мирсаидовро барои асардуздӣ ё плагиат ба суд диҳам. Аммо ман ин корро накардам. Аз ҳамон вақт то имрӯз ман алайҳи инҳо коре ҳам накардаам. Аммо инҳо фаромӯш накарда будаанд.
Ман дар ҳайратам, ки чӣ тавр бухлу кинаи кас баъди қариб 20 сол аз нав бедор мешудааст? Ҳол он ки як ман не, балки боз 8 донишманди намоён ӯро фош карда буданд. Ин рафтори як қабилаи африқоиро ба ёд меорад, ки то охири умр аз якдигар қасос мегирифтаанд. Дар тафаккури асримиёнагӣ ва қабилаҳои аз маърифат дур будан кори олимона нест. Беҳтар мебуд, ки ба ҷои ин қадар вақтро беҳуда сарф кардан ва ранҷонидани касон ягон кори хайре дар ҷодаи илми ҷумҳурӣ мекарданд. 

Тағйироти охир Шанбе, 16 Сентябр 2017 12:50
Хонданд 870
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.