.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Муроҷиати шаҳрвандон

Манзили моро бо фиреб гирифтанд!

Март 19, 2018 Хонданд: 2799
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён
Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмон Юсуф
Ба сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Султонзода Сулаймон

Ба маълумоти Шумо, Ҷаноби Олӣ, мерасонем, ки мо якчанд маротиба ба мақомоти марбута нисбати ҳаракатҳои ғайриқонунии сокинони шаҳри Хуҷанд Лимонов Алексей ва ҳамсараш Ховрина Татяна муроҷиат карда будем. Вале шикоятҳои ирсол кардаи мо аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита баррасӣ нагардида, ба истеҳсолоти мақомоти поён, ки мо аз болои онҳо шикоят мекардем, фиристода шуданд. Дертар ба мо маълум шуд, ки сабаби ҳал нашудани масъалаи ба миён омада дар он будааст, ки гӯё дар ин кор мансабдори воломақоме манфиатдор буда, солҳои тӯлонӣ тарафи Лимонов Алексей ва Ховрина Татянаро мегирифтааст ва маҳз аз ҳамин сабаб аризаю шикоятҳои мо яктарафа баррасӣ шудаанд. Аз ин рӯ, мо маҷбур шудем, ки шахсан ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, муроҷиат намоем ва хоҳиш дорем, ки комиссияи давлатӣ аз ҳисоби ҳуқуқшиносони таҷрибанок тартиб диҳед, то ки онҳо тамоми ҳалномаҳо ва ҳукмҳои баровардаи судҳои шаҳрӣ ва вилояти Суғдро нисбати ҳамин ҳодиса таҳти санҷиш қарор диҳанд.
Аз соли 2005 ин ҷониб ҳамаи аризаҳои даъвогии Лимонов Алексей ва Ховрина Татяна аз ҷониби судяҳои суди ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ танҳо ба манфиати онҳо беасос ва ғайриқонунӣ ҳал шуданд.
Айни ҳол моро мақомоти судӣ бесарпаноҳ монда истодаанд, яъне аз манзилҳои истиқоматӣ бо аъзои оилаамон, ки дар байни онҳо калонсолону кӯдакон ҳам ҳастанд, кӯчонида истодаанд. Дар давоми беш аз 30-40 сол инҷониб дар корхонаҳои давлатӣ фаъолият бурда, бо меҳнати ҳалол соҳиби манзили истиқоматии 1-2-3-ҳуҷрагӣ шудем ва зиёда аз 25-30 сол дар қайд истода, зиндагӣ мекунем. Доир ба ин ҳодиса қайд карданием, ки Суди шаҳри Хуҷанд парвандаи гражданӣ бо даъвои Ховрина Татянаро оид ба кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ бе додани дигар манзил бо ҳарфҳои «заррин» навишта, аризаи даъвогии моро нисбати Ховрина Т. оид ба беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ рад намуд. Судҳои болоӣ дар навбати худ ин ҳалномаҳои ғайриқонунӣ баровардаро дастгирӣ карда истодаанд.
Шаҳрвандон Ховрина, шавҳари марҳумаш Лимонов ва шахси сеюм, ронанда Мамедов Тимур солҳои 2005-2008 ҳамчун қарздиҳандагон «просентчиҳо» ба ҳисоб рафта, гуруҳи калони сокинони вилояти Суғдро фиреб дода, ба боварии онҳо даромада, маблағҳои калонро бо фоизи баланд қарз медоданд ва шарт мегузоштанд, ки ҳар шахси қарзгиранда тамоми ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиашро ба идораи нотариалӣ бурда, дар он бо қарздеҳ шартномаи хариду фурӯши манзилро рӯякӣ бандад, танҳо дар ҳамон ҳолат маблағро ба сифати қарз медиҳанд.
Солҳои 2005-2006 аз онҳо маблағҳои гуногуни пулӣ гирифтем ва ҳар моҳ фоизашро бармегардонидем. Бар ивази ин Лимонов аз мо талаб менамуд, ки манзили истиқоматиамон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бударо ба номи як зани рус ба расмият дароварда диҳем, аммо он занро тамоман надидаем ва бо ӯ ягон муносибати доду гирифти пулию молӣ надоштем.
Ҳамин тавр, мо тамоми маблағҳои қарз гирифтаамонро ба Лимонов медодем, баъдтар фоизҳои онро ба воситаи ронандаи Лимонов - Мамедов Тимур пардохт мекардем. Айни ҳол мо аз Ховрина ва марҳум Лимонов қарздор нестем.
Ховрина ва Лимонов солҳои тӯлонӣ аз мо бо фиреб маблағҳои калони пулиро бо фоизаш тамаъҷӯёна рӯёнида, намехоҳанд манзили истиқоматиамонро ба номи мо ба расмият дароранд. Айни ҳол ба мо маълум шуд, ки Ховрина ва Лимонов бо ҳамин роҳи ғайриқонунӣ на фақат мо, балки 60-70 нафар сокинони вилояти Суғдро фиреб дода, соҳиби фоизҳои калон шуданд ва аз ин даромади ба даст овардаашон ягон сомонӣ андоз насупоридаанд. Илова бар ин, Ховрина ва Лимонов чандин оилаҳоро бе хонаву дар карда, куҳансолону кӯдаконро сарсон намуданд, ки онҳо бо машаққати зиёд дар хонаҳои мардум иҷоранишинӣ мекунанд. Кайҳо вақти он расидааст, ки Ховрина ва Лимонов барои кирдорҳои ғайриқонуниашон дар назди қонун ҷавоб диҳанд. Болои мурда сад чӯб гуфтагӣ барин, онҳо бо ёрии адвокаташон Турсунов Наим ба суд аризаҳои бардурӯғи даъвогӣ пешниҳод намуда, кӯшиш мекунанд, ки моро аз манзиламон кӯчонанд. Кор ба ҷое расид, ки баъзе мурофиаҳои судиро онҳо ба манфиати худ ҳал намуданд, ҳол он ки дар аксари ин мурофиаҳо Ховрина иштирок накардааст.
Адвокати Ховрина дар асл манзили моро аз назар нагузаронида, фақат дар идораи нотариалӣ имзо гузоштааст. Вай бо ҳамин роҳ мехоҳад, ки асли воқеа ба суд маълум нагардад.
Тамоми шартномаҳо рӯякӣ буда, ҳамчун хариду фурӯш ба расмият дароварда шудаанд, дар асл манзилҳои истиқоматиамон ҳамчун гарав дар идораи нотариалӣ бояд ба расмият дароварда мешуданд. Мо айни замон бовар дорем, ки нотариусҳои давлатӣ ба ин амалҳои Ховрина ва Лимонов алоқамандӣ доранд ё манфиатдор ҳастанд. Мо беҳуда ба чунин хулоса наомадем, зеро агар аз бойгонии нотариуси давлатӣ нусхаҳои шартномаҳо бардошта шаванд, маълум мегардад, ки ба номи Ховрина на кам аз 60-70 манзили истиқоматӣ ба қайд гирифта шудаанд. Он вақт маълум мегардад, ки маҳз кадом нотариусҳои давлатӣ чунин амалиётҳоро ба расмият даровардаанд. Дар асоси аризаҳои мо Прокуратураи вилояти Суғд шартномаҳои хариду фурӯши ба расмият даровардаи Ховринаро талаб карда гирифт. Маълум шуд, ки танҳо дар вилояти Суғд ба номи Ховрина 58 адад шартномаи хариду фурӯш ба расмият дароварда шудааст. Ховрина бо ҳамин роҳ сокинони вилояти Суғдро фиреб дода, соҳиби маблағҳои калон шудааст, вале касе пишаки ӯро «пишт» намегӯяд. Сабаби инро мо фаҳмида натавонистем.
Ховрина аз ҳисоби маблағҳои ба даст даровардааш сарватманд шуда, дар мақомоти гуногун ҳаммаслакон пайдо кардааст ва бо мадади онҳо мурофиаҳои судиро ба манфиати худ ҳал менамояд.
Ҳоло Мамедов Тимур дар суд баёнот дода истодааст, ки қисми зиёди қарзгирандагонро шахсан ӯ бо Лимонов шинос намудааст ва маблағро гирифта додааст. Барои дар оянда тамоми маблағҳояшро бо фоизаш баргардонида гирифтанаш, ба қарзгирандагон шарт мегузошт, ки танҳо дар ҳолати ба гарав гузоштани тилловорӣ ё ба расмият даровардани манзилҳои истиқоматӣ бо бастани шартномаи хариду фурӯши манзил дар идораи нотариалии давлатӣ қарз медиҳад. Дар ҳолати дигар вай ба касе қарз намедиҳад. Аммо судҳо бо сабабҳои номаълум баёнотҳои шоҳид Мамедов Тимурро тамоман ба эътибор нагирифтанд. Ин амалҳои судяҳо тамоман ба қонун ҷавобгӯ нестанд.
Ховрина шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, метавонад дар дигар давлат паноҳгоҳ ёбад ва аз мақомоти қудратии Тоҷикистон пинҳон шавад. Аз гуфтаи ҳамсояҳо бармеояд, ки Ховрина аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадааст ва бо ҳамин сабаб дар маҷлисҳои судӣ иштирок намекардааст.
Мо ба раиси Суди вилояти Суғд ва прокурори вилоят бо ҳамроҳи 6 нафар шаҳрвандон муроҷиат карда будем, вале ягон чораи қонунӣ андешида нашуд ва дар охир маҷбур шудем, ки ба Шумо муроҷиат кунем.
Ҳамчунин, намояндаи Ховрина Т. - Турсунов Наим вақти вохӯрӣ бо мо якчанд маротиба талаб намуд, ки дар ҳолати ба миқдори 5000 доллари ИМА ба ӯ додан, вай барои аз сари нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиамон кӯмак мерасонад.
Азбаски мо тамоми маблағҳои қарз гирифтаамонро бо фоизаш ба Лимонов Алексей дода будем, бинобар ҳамин таклифи ӯро рад кардем.
Мо бовар надорем, ки ин гуфтаи Ховрина Т. бошад, зеро дар асл ягон маротиба бо Ховрина дар ин бора гуфтушунид накардаем.
Бо такя ба гуфтаҳои дар боло қайдшуда, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки аризаи дастҷамъонаи моро дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷед, зеро имрӯз мо танҳо ба Шумо бовар дорем ва медонем, ки Шумо ҳақиқатро рӯйи об бароварда, ҳақро ба ҳақдор мерасонед.

Олимҷонова Сапарҷон,
сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 32, бинои 58, ҳуҷраи 33,
Раупова Дилором,
сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 34, бинои 34, ҳуҷраи 34,
Рустамова Фотима, сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи Баҳор, хонаи 3, ҳуҷраи 48,
Турсунова Саломатҷон,
сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 8, бинои 100, ҳуҷраи 106

Тағйироти охир Душанбе, 19 Март 2018 16:55
Хонданд 2799
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.