.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Мусоҳиба

Апаи пешдарову дилбардор

Июл 30, 2018
Хонданд: 460
Апаи пешдарову дилбардор

РОЗИ АВВАЛ

Дар шинохти ӯ

Хонданд 460

Суҳбати Ҳафизуллоҳи Тоҳирӣ бо устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бахтиёри Қутбиддин

ПЕШ АЗ МУСОҲИБА

Як ҷумлаи ҳамкорон
Баҳриддин Камолиддинов:
- Шахси ниҳоят хоксор, нармгуфтор, меҳрубон, беғараз ва ба касби худ хеле меҳр монда аст.
Қироншоҳ Шарифзода:
- Бахтиёри Қутбиддин журналисти рангинхаёл, тасвиргаро ва чеҳраофар аст.
Сангин Гулов:
- Барои ман Абдулмуъмин Қутбиддинов ҳамчун як шахсияти масъулиятшинос ва посдори арзишҳои миллӣ муаррифӣ шудааст.
Саъдулло Ҳайдарӣ:
- Қутбиддинов муҳаққиқи жарфнигар аст.
Рустами Абдулло:
- Бахтиёр инсони некбин, нексиришт, ва фидоии кору пайкори худ аст.

Як ҷумлаи шогирдон
Дилмурод Юсуфӣ:
- Чароғест равшнкунандаи роҳи фардои мо - журналистони ҷавон.
Маҳина Дадабоева:
- Устоди сахтгир аст.
Баҳруллои Маҳмадшариф:
- Устоди ман беҳтарин шахсият дар рӯи замин аст.
Мафтунаи Ҳисорӣ:
- Устод Қутбиддиновро ба офтобе монанд кардан мумкин аст, ки нурҳояшро ба шогирдон мепошад.
Нуралӣ Карим:
- Устод Қутбиддинов Бахтиёр шахсе ҳастанд, ки барои ба шогирди худ чизе додан кӯшише мекунанд, ки дар бисёр устодон дида намешавад.

ДАР ОМАДИ ГАП
Шумо касеро, хусусан омӯзгореро дидаед, ки ҳама дӯсташ доранд? Шумо бо марде вохӯрдаед, ки қабл аз кори худ кори дигареро иҷро кунад? Шумо ҳамсуҳбат шудаед бо нафаре, ки вақти сухан кардан табассуми доимию чеҳраи кушод дошта бошад? Агар ҷавоби ин суолҳо “бале” бошад, хуб, агар “не” бошад, боке нест, зеро ҳозир мо пушти дари ҳуҷраи кории мудири кафедраи журналисикаи байналхалқӣ Қутбиддинов Бахтиёр ҳастем ва пас аз ҷанде ҷавоби шумо - хонандагони гиромӣ “бале” мешавад.

ТАЙЁРӢ БА МУСОҲИБА
Дарро оҳиста-оҳиста ду маротиба тақ-тақ мекунаму медароям. Устод чун ҳарвақта дар назди компютери худ нишаста. Саҳифаи ворд кушода. Дар болои миз китоб, дафтар, қалам, авроқ, рӯзнома… мехобиданд ва мисле, ки навбат мепоиданд барои ба дасти устод расидан.
- Биё Ҳафизуллоҳ,- садои устод бо табассуми ҳамешагӣ шунидаву дида шуд.
- Ассалому алейкум, устод!
- Салом, салом!
- Чӣ ҳол доред устод?
- Шукр. Ҳаминҷо нишастем.
- Вақт доред мусоҳибаро гирам?
- Вақт ҳаст, марҳамат!

ФАСЛИ АВВАЛ
Ӯ кист?
Муаллими зиндагӣ. Дӯсти арзанда. Шахсияти некбину некгуфтор. Публитсисти рангинхаёл. Журналисти воқеӣ.
- Дафтари хотирот аз даврони кӯдакӣ чӣ мегӯяд?
- Даврони кӯдакӣ гуфтед, ашъори Бозор Собир ба ёд омад. Бозор Собир шоирест, ки дар ашъораш аз замони кӯдакии худ ҳикояҳо, шикоятҳо ва ривоятҳо мекунад, ки ба ҳар яки мо наздику азиз ҳастанд. Кӯдакиҳову наврасиҳои мо дар деҳа гузаштааст. Бисёр пурҷӯшу хурӯш, фарозу осудагӣ буд. Ба зиндагӣ, ба фардои нек бо ҳавас менигаристам. Парвои чизе надоштем. Шавқи хондану навиштану гуфтан маро ба чизе ҳидоят мекард.
- Чӣ гуна ба суроғи кӯдакӣ меравед?
- Дар ду ҳафтаву се ҳафта як маротиба ба деҳа меравам ва суроғ мекунам кӯдакиҳои худро. Мактаби деҳа, кӯчаҳои деҳа, хонаҳои деҳа… Ин ҳама акси садо медиҳанд аз замони кӯдакии ман ва ман ба ин васила суроғ мекунам кӯдакии худро.
- Нақши волидон дар ба воя расидани Шумо чӣ гуна буд?
- Албатта волидайн ин рабби маҷозии мо ҳастанд, ки мо пас аз Худо онҳоро дӯст медорем ва ба гуфтаҳои онҳо амал мекунем. Дар оила нақши волидон аст, ки фарзанд ба кадом роҳ меравад ва дар кадом руҳия тарбият меёбад. Шукри Худо, ки падару модари ман қайди ҳаёт ва аҳли мутолиа ҳастанд. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, вақте ки падарам китоберо ба хона меоварданд, пас аз хондани худ ба сатҳи фаҳмиши мо нигоҳ карда, тавсия медонанд, ки мо ҳам китобҳои овардаашонро мутолиа кунем.
- Чӣ вижагиҳову дигаргуниҳо дошт донишҷӯйии Шумо аз донишҷӯйии мо?
- Муҳит, шавқу завқ ва нигоҳи мо дигар буд. Ҳар навиштаи нашршуда муҳокимаи маҳдуди худро дошт. Мо бо мақсаду ақидае, ки имрӯз аз донишгоҳ чӣ мегирам, меомадем, аммо имрӯз сарфи назар аз пешравиҳои техникаву технология, дастрас шудани ҳама гуна китоб ва лавозимоти дигар донишҷӯёни боҳавасу бомақсад ниҳоят кам ҳастанд. Аз 20-25 нафари гуруҳ 4-5 нафарашон бо мақсаду нақша омадаанд. Пешрафти техника ва технологияи навин ҷавони имрӯзаро аз мутолиа дур кард, танбалу коҳил кард. Ҷавони имрӯза донишҳое дорад, ки агар ҳамин лаҳза ба ӯ савол диҳем, даррав ба “гугл” муроҷиат мекунад. Ва гумони ман ин аст, ки омили фарқкунанда инҳо мебошанд.
- Дар замони донишҷӯйӣ ҳар инсон ба худ шахси розгӯву розшунав дорад. Аз Шумо кӣ буд дар он замон?
- Дуруст аст, ки ҳар нафар дар замони донишҷӯйӣ як нафар ҳамкурси ҳамрозу ҳамақидаи худро дорад, ки бе ибо сухани дилашро ба ӯ мегӯяд. Ман дӯсте доштам бо номи Муҳаммадмуслеҳ Муҳаммадзокир (руҳаш шод бод). Бисёр ҷавони бомаърифату босавод буд. Эҷодкору озодандеш ва озодгӯ буд. Ва ба қавле мо ҳарду камбағалони гуруҳамон будем. Ману Муҳаммадмуслеҳ аз нонвойхонаи донишгоҳ ду нон мегирифтему дар оби дарёи «Душанбенка» тар карда мехӯрдем ва бо ҳам аз мушкилию камбудиҳо ва розҳоямон суҳбат мекардем. Муҳаммадмуслеҳ аз ёди ман намеравад. Мутаассифона, ӯ дар ҷангҳои дохилӣ аз ин дунё рафт.

ФАСЛИ ДУЮМ
Омӯзгор + муаллим + публитсист + мудир = шахсият
Дунёи зиндагӣ қоидаву қонунҳои худро дорад, ки он бузургтару муҳимтару таъсирноктар аз ҳама дигар қонунҳост. Ин қонуну қавоид ба ивази ҳар навъ амалу заҳмату талош ба кас ҷазо, сазо ва подоши худро медиҳад. Инро бештари одамон чашмдор нестанд ва ҳамагӣ ғайричашмдоштанд, ки онро замзамаи оҳанги тақдир меноманд ва ба ҳар омадаву наомадаву каму беш шукрона аз даргоҳи Ҳақ менамоянд. Саодат шояд ҳамин бошад ва шояд он бошад, ки баъзеҳо дунболи тақдирсозӣ шабу рӯз метозанд.
(Аз “Руҳи Хиросима”)
- Бисёр одамон хастагиашонро бо хондани китоб, тамошои оинаи нилгун, истифодаи интернет, саёҳат дур мекунанд. Шумо чӣ гуна хастагиро рафъ мекунед?
- Баъди соатҳо паси компютер нишастан албатта хаста мешавам. Ба ҳавлӣ мебароям. Ба дарахтони шинондаам менигарам. Гирдашон чарх мезанам. Хастагии ман ҳамин минвол рафъ мешавад.
- Эйнштейнро сухани зебои модараш такон дод, Урун Куҳзодро худаш маҷбур кард, Ато Ҳамдамро амакаш дастгир шуд... Шуморо кӣ ва ё чӣ ба ин роҳ даровард ва муваффақ кард?
- Зиндагӣ ин худ такон аст. Ҳар рӯз мешунавем, мебинем, эҳсос мекунем.
- Чӣ қадар вақт лозим аст, ки одам шахс шавад ва чӣ қадар вақт лозим аст, ки шахс одам гардад?
- Ба таври хронологӣ ба ин баҳои мушаххас додан наметавон. Гоҳе мешунавем, ки ҷавоне ба мақоми баланд расидааст ва ё боз мешавад, ки нафаре ҳатто то охири умр шахсият намешавад. Ин аз худи инсонҳо вобаста аст.

ФАСЛИ ЧОРУМ
Омӯзишу тавлиди пораҳои дил
Ман илҳомро интизор намешавам. Ӯро худам садо мекунам.
(Сиёвуш Касроӣ)
Қисме худро беаҳамият вонамуд карда, дар интизории илҳом чанд рӯзу шабро сипарӣ мекунанд. Қисми дигар дар ҳақиқат мегӯянд, ки интизори илҳомем, ки ояду чизе нависем. Боз қисме ҳастанд, ки ба ҷустуҷӯйи илҳом мебароянд, яъне ба ҷойҳои камодам, боду ҳавои тоза, сокиту ором...
- Мегӯянд, ки истеъдод шармгин, танҳо ва ором аст. Шумо ба чӣ фикр ҳастед?
- Истеъдод неъмати Худост ва он на ба ҳар кас дода мешавад. Гоҳ пинҳон мемонад ва гоҳ равшан шуда, тантана мекунад. Истеъдодро бояд ба майдон овард, инкишоф дод ва тарбияту парвариш кард. Истеъдод бо шаклҳои гуногун ба инсонҳо насиб мешавад. Масалан аз ман танҳоиро мепарастад.
- Устод, аввалин китоби хондаатон ба истиснои “Алифбо” кадом буд?
- “Бузаки ҷингилапо”. Дар синфи якум мехондам.
- Аз «Бузаки ҷингилапо» чӣ ба ёд монда?
- Бибиям дар вақти дуодиҳиашон мегуфтанд, ки “Худованд ба мақсаду орзуҳоятон расонад” ва вақте ки «Бузаки ҷингилапо»-ро хондам, охирин ҷумлааш ҳамин буд, ки “Алулаку Булулак ва Хиштаки сари танӯрак ба мақсаду орзуҳояшон расиданд” ва ман дар ҳамон вақт гуфта будам, ки гапҳои бибиям дар афсона истифода шудаанд.
- Авалин навиштаатонро худатон сарлавҳа монда будед?
- Аввалин маротиба дар бораи як ҳодиса хабаре навишта будам. Редаксия сарлавҳа монда буд. Дар синфи 6-ум мехондам.
- Шумо ҳар рӯз менависед?
- Бале, ҳар рӯз менависам. Ман шарм медорам, вақте ки дар факултети журналистика дарс медиҳаму худам нанависам. Чӣ гуна виҷдон мебардорад, ки худ нанависаму ба донишҷӯён супориши навиштан диҳам? Ин якум. Дуюм ин ки, агар эҷодкор ҳар рӯз нанависад, дигар навишта наметавонад. Зеро ҳар рӯз навиштан ин далели бо оҳанги ҳаррӯза ҳамқадам будан аст ва ҳар кас, ки бо оҳанги замона ҳамқадам нест, бояд даъвои эҷодкориро аз сар дур кунад.
- Шумо чизе менависед, ки танҳо барои худатон бошад?
- Албатта. Пеш аз ҳама ман барои худам менависам.
- Пас аз нашр шудани навиштаҳоятон ба онҳо назар мекунед?
- Бале, фикр мекунам ҳама эҷодкорон ин корро мекунанд. Вақте ки навиштаатро дар ду ҷо, яъне дар почтаи электрониат ва рӯйи саҳифаи рӯзномае мебинӣ, таровати хосае дорад.
- Охирин навиштаи Шумо?
- Айни ҳол ба навиштани таронаҳое бо номи “Оҳангҳои зиндагӣ” машғулам.

ФАСЛИ ЧОРУМ
Чор нафас
Аз миёни рақамҳои арифметикӣ ҳар нафар рақами дӯстдоштаи худро дорад. Бисёр корҳояшро бо ҳамон рақам оғоз мекунаду анҷом медиҳад. Рақамҳои телефонашро бо ҳамон интихоб мекунад. Рақамҳои мошинашро барои рақами дӯстдоштааш иваз мекунад. Ҳатто рақами хонаашро ҳам кӯшиши иваз кардан менамояд, нашуд, хонаи дигар мехарад, зеро дил чунин талаб дорад.
- Устод, рақами дӯстдоштаи Шумо кадом аст?
- Ҳамаашро дӯст медорам.
- Медонам, аммо ҳаст рақаме, ки аз дигарҳояш фарқ дошта бошад ва Шумо ба он дигар хел назар кунед?
- Бале, ман бештар рақами чорро дӯст медорам.
- Чор калимаи дӯстдоштаатон...
- Худо, падар, модар, китоб.
- Чор шахси наздикатон...
- Падар, модар, оила, фарзандон.
- Чор китоби дӯстдоштаатон…
- “Восеъ” ва “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода, “Дохунда “ва “Ятим”-и Садриддин Айнӣ.
- Чор ҳамкасбе, ки наздиктар ҳастанд бароятон…
- Ҳама ҳамкасбҳо наздиканд. Мурод Муродӣ, Гулов Сангин, Саъдулло Ҳайдарӣ, Қироншоҳ Шарифзода.
- Чор шогирде, ки метавон вориси худ донист…
- Ман ба ҳар шогирде, ки бо ӯ кор мекунам, бовар дорам ва онҳо зиёданд. Ҷудояшон намекунам.
- Чор соли тиллоии умратон…
- Синфҳои 5-6 ва 9-10.
- Чор моҳи аз ҳама зиёд пурташвиш буданатон…
- Ҳар рӯз ташвишу валвалаю таҳдид аст.
- Чор ҳафтаи бекориатон…
- Бекор намемонам.
- Чор рӯзи якшанбеятон...
- Дар ташвишҳои рӯзгор сипарӣ мешаванд якшанбеҳои ман.
- Чор соате, ки эҷод карда будед…
- Чор соати шаб. Ва умуман шабҳо.
- Чор дақиқаи бефикриатон...
- Чор дақиқаи хоб буданам.
- Чор нафаси охиринатон чӣ фикр кардед?
- Ҳафизуллоҳ чӣ мехоста бошад бо ин саволҳои худ?
- Устод, узр, ки вақтатонро гирифтам.
- Ҳеҷ гап нест.

ОХИРСУХАН
Мо бо устод дар вақти мусоҳиба ниҳоят озод будем. Ҳар чизе, ки дар зеҳн буд, пурсидем. Аммо ба шумо як чизро гуфтаниам, хонандагони гиромӣ. Душвортарин амал бо нафарест, ки ҳамон корро аз ӯ омӯхтаед. Устод Қутбиддинов Бахтиёр устоди мо дар жанрҳои журналистика ҳастанд ва мо имрӯз аз эшон мусоҳиба гирифтем.

 

Хонданд 765

Ҳоҷӣ Ибодулло Калонзода, имомхатиби масҷиди ҷомеи «Нури Ислом», диншинос ва яке аз чеҳраҳои шинохта дар як суҳбати ихтисосӣ аз заминаи пайдоиши ҷараёнҳои ифротӣ, сабабу омилҳои асосии гароиши ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои террористиву экстремистӣ, роҳҳои пешгирии он ҳарф зад. Журналист Ҷамшед Маъруф зимни суҳбат ба ин ва чанд суоли дигар посух ҷуст.

Мардум қариб аз дини худ бехабар буданд!

- Қаблан сипос, ки таклифи моро барои суҳбати ихтисосӣ дар мавриди гароиши ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои террористиву ифротӣ қабул фармудед. Хуб, бигӯед, ки заминаи пайдоиш ва пайвастшавӣ ба ин гуна ҷараёнҳо аз кай сарчамшма мегирад?
- Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим ва биҳи настаъйин. Вақте ки мо дар бораи як воқеияти имрӯзаи ҳаёт сухан мегӯем, албатта, мо бояд донем, ки дар заминаи пайдоиши ин воқеаҳо, ҳаёти имрӯзаи мо, дар таърих оё омиле ҳаст ё не?! Ва албатта, заминаи ин шомилшавиҳо худи имрӯз пайдо нашудааст, қисми асосӣ ба таърих вобастагӣ дорад. Яъне, гузаштагон, падарону модарони мо замони шӯравӣ ба мисли имрӯз аз дин баҳраманд набуданд. Дин дар дохили оила буд. Урфу одатҳои динӣ ҳамчун як урфу одатҳои оилавӣ, урфӣ амал мекард. Дин дар ҷомеа анқариб вуҷуд надошт, яъне мисли имрӯзе, ки ҷомеаи озоди Тоҷикистон, мардум, халқ, миллати тоҷик аз динаш баҳраманд аст, дар замони шӯравӣ баҳраманд набуд ва ин як заминаи аз маърифати динӣ билкулл дур шудани ҷомеа гашта буд. Яъне, аксарияти мардум, алалхусус ҷавонҳо, дар охири замони шӯравӣ, дар тӯли 70-80 сол қариб, ки аз дини худ бехабар буданд! Аз дин фақат ба мисоли урфу одати хонагӣ, ки падару модари мо дар сари дастурхон масалан, дуо мекарданд, Қуръон мехонданд ё дар як маросими азодорӣ иштирок карда, Қуръон хонда, ба дуои фотиҳа мерафтанд, қисман рӯза медоштанд, бисёр як доираи маҳдуди маърифати динӣ буд. Сухан дар бораи нуктаҳои нозуки дин намеравад. Умуман, ҳамчун мусалмон, мардуми боимон, мусалмонзода будем, аммо маърифати динӣ қариб ба сифр наздик буд ва ин ҷомеаро баъд аз шӯравӣ, ба замони озодии истиқлолият Худованд насиб кард ва ҳама озод шуданд. Шукри Худованд, ки масҷидҳо ҳам пайдо гаштанд, китобҳо ҳам пайдо шуданд, аммо ба як ҷомеае, ки аз дин дар тӯли 70-80 сол дур буд, пешкаш карда шуд. Ҷомеа ташнаи дин, масҷиду мадраса, Қуръон ва ташнаи хондан буд. Аз ин ҳолати ҷомеаи нав ба озодӣ расида душманон сӯйистифода карданд, чун душман медонад, ки ба куҷо ҳамла кунад ва мардуми тамоми ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар ин масъала осебпазиртарин буданд, алалхусус мардуми Осиёи Миёна ва мардуми Қафқоз - Доғистон, Чеченистон. Бубинед, ҳар куҷое, ки мусалмонон буданд, душманони ин миллатҳо ба мардум ва хусусан ҷавонон чаро таваҷҷуҳ карданд?!
Калонсолон ба ҳар ҳол каме бошад ҳам, аз урфу одатҳои халқӣ-мардумии динии мо баҳраманд буданд. Яъне, фикри мустаҳкам доштанд, кам доштанд, аммо собитқадам дар ин масъала буданд. Аммо ҷавонҳои замони истиқлолият, барояшон тамоми арзишҳои исломӣ дастрас буд ва аз падару модар фақат як чизи урфӣ гирифтанд. Яъне, заминаи тафаккури онҳо дар масъалаи маърифати исломӣ ба як биёбоне, ки холӣ аст, кишт кунед. Як киштзори холӣ, ки ҳам об дораду ҳам ҳавои хуб ва дар ин вақт, он тарафдорони ҷараёнҳои ифротӣ, ки таҷрибаи бисёр бойи садсолаҳо доранд, механизми корӣ, система ва пул доранд, онҳо таҳлил карда мегарданд, ки дар куҷои дунё бояд онҳо кишт кунанд. Яъне, ин ҷараёнҳоро байни мардуми ин кишварҳо дохил кунанд.
Аз он солҳои охири асри XX ҷараёни экстремистӣ-террористии «Ҳизб-ут-таҳрир» корашонро дар Осиёи Миёна оғоз карданд. Агарчи ин заминаи Ҳизби наҳзати исломӣ (ҳизби мамнуъ дар Тоҷикистон) дар солҳои 70-уми асри гузашта буд. Аммо замони шӯравӣ, бо системаи шӯравӣ онҳо корашонро оғоз карда буданд. Солҳои 80-90-ум вақте ҷанги дохилӣ пайдо шуд, заминаи ин қувваҳо ва мақсадҳои ин ҳизб бо номҳои демократия, озодӣ, истиқлолият дар он замон пиёда мешуданд. Онҳо хилофати исломӣ месозем намегуфтанд, балки ба ин шакл пешниҳод карда буданд. Вақте ба истиқлолият расидем, ин қувваҳо диданд, ки мардуми шӯравии пешин дар ҳама кишварҳо мустақил шуданд, албатта, як давлати навбунёд, имкониятҳои имрӯза он вақт набуд, буҷа маълум буд, тамоми ниҳодҳо ва системаҳои маориф, тандурустӣ, иқтисод, ҳама қариб ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ вайрон шуданд, дар ин замон қувваҳои носолим ва тарафдорони ҷараёнҳои ифротӣ пинҳонӣ фаъолияти худро дар ҷомеаи мо оғоз карданд. Вале бубинед, ин ҷараёнҳо китобҳои худро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва чоп карданд. Баъдан, миёни мардум ва ҷавонони мо ин китобҳоро аз солҳои 90-ум оғоз карда, паҳн карданд. Яъне, таълимоти мо, мазҳаби Имоми Аъзам, ки урфию одатӣ буд, аммо маърифати динӣ надоштем ва ба ҷойи он ки китобҳои «Чаҳоркитоб»-ро хонем, ки мазҳаби Имоми Аъзам аст, душманон ҳаракат карданд китобҳои мазҳабӣ, сиёсии худро ба забони тоҷикӣ тарҷума кунанд ва ба ҷавонони мо расонанд. Шумо фикр кунед, ки китоб дар куҷо чоп мешавад, дар куҷо тарҷума мешавад ва бепул оварда, тақсим карда мешавад?!
Чаро онҳо Қуръонро ба тоҷикӣ тарҷума карда, тақсим накарданд? Чаро онҳо китоби Имоми Бухориро ба тоҷикӣ тарҷума накарданд? Чаро онҳо «Чаҳоркитоб»-ро чоп карда, тақсим накарданд? Онҳо китобҳои худ - китобҳои ҷараёниву мазҳабиашонро ба забони тоҷикӣ оварданд, ки барои ин маблағ лозим аст. Пас, мақсаде доштанд, ки ҷавонони моро дар асоси таълимоти худ, яъне гуруҳҳое ташкил кунанд ва ҷавонон Исломро аз китобҳои онҳо дида, оғоз кунанд, на аз китоби Имоми Аъзам. Ҷавоне, ки ин китобҳоро ба даст мегирифт, оят, ҳадис ба тоҷикӣ навишта шудааст, вале мақсад салафӣ, ваҳҳобӣ, Ҷамоати Таблиғ, Ҳизби Таҳрир ва тарғиби ҳизби худашон буд. Медонанд, ки мо мазҳаби Имоми Аъзам ҳастем ва агар ин қадар дӯст мешуданд, онҳо китобҳои дар боло зикршударо, китобҳои суннатии мазҳаби моро ба тоҷикӣ тарҷума карда, тақсим мекарданд ва мо мегуфтем, ки дар ҳақиқат дӯст буданд. Аммо аз китобҳои мазҳабии мо дараке набуд.
Шукри Худованд, ки Пешвои миллатамон чопи «Қуръон»-ро ба забони тоҷикӣ ба роҳ монданд. Китобҳои Имом Бухорӣ, Ҷашни солгарди Имоми Аъзам, яъне вақте ки ин чизҳо пайдо шуд, бисёр андешаи дур ва чуқури Ҷаноби Олӣ буд, ки он кас ин масъалаҳоро бар зидди ин чизҳо ҷойгир карданд.

Бояд падарону модарон ҳушёр бошанд

- Пас, имрӯз сабабу омилҳои асосии гароиши ҷавонон ба сафи равияҳои мухталифи террористиву ифротӣ дар чист?
- Яке аз омилҳое, ки дар ибтидо буд, ин адабиёти экстремистӣ, ки бо забони тоҷикӣ тарҷума шуда, байни ҷавонон тақсим карда шуд.
Омили дигаре, ки имрӯз пайдо шудааст, ин Интернет. Яке аз қисмати манфии Интернет дар он аст, ки тамоми маълумоти ифротӣ ё мақсадии ин ҷараёнҳоро пайдо кардан мумкин аст. Ва ҷавонон аз сабаби он ки маърифати динии ҳуқуқии паст доранд, ба доми суханҳои ин шабакаҳои иҷтимоӣ меафтанд. Албатта, вақте ки дар шабакаи иҷтимоӣ ин суханҳоро мешунаванд, дар он тарафи шабака шахсоне нишастаанд, ки бисёр ҳам таҷрибаи калони таблиғӣ доранд. Онҳо шахсони тасодуфӣ не, балки шахсонеанд, ки дар ин соҳаашон бисёр таҷрибаи калон доранд: «роҳу равиш, тарз, услуб, ба дом афтононидан, «мағзи сарҳоро шустан» ва ҷавононро бо як роҳи одие, ки онҳо таҷрибаи бисёр калон доранд, ба дом меафтонанд».
Бинобар ин, имрӯз ҷавононро зарур аст, ки одоби ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шуданро ҳам донанд ва вақте ки Тоҷикистон эълон мекунад, ки зиёда аз 15-16 ҷараёни ифротӣ дар кишвар аз ҷониби Суди Олӣ ғайриқонунӣ ва террористӣ қабул карда шудааст, ҷавонон бояд дарк кунанд, ки ин ҷараёнҳо ғайриқонунӣ ҳастанд ва ҳар чизе, ки ба онҳо пешкаш ё даъват карда мешавад, онҳо ба як чизи ғайриқонунӣ, ба Ислому мардуму Тоҷикистон зид, муомила мекунанд. Ва ҳатман ҳамаи ин, хоҳ китоб, хоҳ шабакаи иҷтимоӣ, хоҳ мубаллиғон ва хоҳ муаллими онҳо бошад, онҳо Исломро истифода мебаранд. Онҳо ба воситаи ояту ҳадис сухан мекунанд, аммо ба манфиати худ. Онҳо маънии аслии оятро баён намекунанд, балки он миқдор баён мекунанд, ки бар манфиати худи онҳо бошад ва мардуме, ки аз ин чиз бохабар нест, ҳамон қисмати оятро мешунаваду фикр мекунад, ки ин маъно дар «Қуръон» будааст. Аммо давоми оятро онҳо намегӯянду пинҳон мекунанд ва ин масъала мушкилӣ пайдо мекунад, ки як ҷавон ба фикри он ки Ислом ҳасту сухани Паёмбар (с) ҳаст, ба он тараф майл пайдо мекунад ва фикр мекунад, ки сухани онҳо ҳақ аст. Агар боз бардавом гӯш кунад, онҳо чизҳои дигарро пешниҳод мекунанд, ки боз чуқуртар меравад ва гумроҳ мешавад. Бинобар ҳамин, бояд ҳушёр бошанд.
Омили дигар, ин муҳоҷират аст. Дар муҳоҷират мо намедонем, ки ҷавонони мо ҳамроҳи киҳо ҳастанд ва бисёр ҷавононе, ки аз муҳоҷират меоянд, тарзи намозхонии мазҳаби Шофеъӣ доранд. Яъне, мазҳаби Шофеъӣ ин дар Маскав ҳам ҳаст, ки доғистониву чеченҳо ба он пайравӣ мекунанд. Вақте аз онҳо мепурсем, ки чаро ин тавр намоз мегузоред, онҳо мегӯянд, ки «мо дар Маскав намозро аз ҳамкорони доғистоние, ки дар сохтмон кор мекарданд, омӯхтем».
Агар дар ин ҷо, падару модар ё очаю бобоҳо таълим надода бошанд ва ё надида бошанд, фикр карданд, ки тарзи намозхонӣ ҳамин хел аст. Онҳо фарқи байни мазҳаби Ҳанафию Шофеъиро намедонанд ва вақте ки ба онҳо огаҳ мекунем, ки ин тарзи хондани намози шумо ба мазҳаби Шофеъӣ тааллуқ дорад, ин мазҳаб асли суннат-вал-ҷамоат аст, хилофи мазҳаби мо нест, лекин мо мазҳаби худро дорем ва бояд мо пайрави мазҳаби худ бошем, онҳо ислоҳ мешаванд. Аммо онҳое, ки ба ҷараёни «салафӣ» ё ба ҷараёни «ваҳҳобӣ» дохил мешаванду адабиёти онҳоро мехонанд, онҳо ақидаи «салафӣ» пайдо мекунанд. Онҳо тарзи намозхонии хешро аллакай тағйир намедиҳанд. Онҳо фикр мекунанд, ки суханашон ҳақ аст ва барои онҳо омили навбатие, ки ба ғайр аз муҳоҷират дар он ҷо ба ин ҷараёнҳо шомил мешаванд, на ба мазҳаби Шофеъӣ, балки ба ҷараёни «Салафия» ё «Ваҳҳобия», онҳо на танҳо тарзи намозхонӣ, инчунин ақидаи ин ҷавононро низ вайрон мекунанд. Онҳо аллакай аз нуқтаи назари тафсири Қуръон, нисбати маъноҳои муъмину мусалмон кист, мазмуни кофир будану шуданро мегӯянд. Яъне, зина ба зина онҳоро боз ба доми худ дурустар мекашанд ва ин омил имрӯз алайҳи бисёр ҷавонон хатар дорад. Дар ин масъала, бояд падарону модарон ҳушёр бошанд. Онҳо вақте аз Тоҷикистон занг мезананд, огаҳ кунанд, ки «бачам, ба ҳар ҳол мо дар ин ҷо шунида истодаем, ки мазҳаби Имоми Аъзам - мазҳаби мо, Пешвои мазҳаби мо, таълимоти мазҳабии мо. Баногоҳ, дар он ҷо ба касе ҳамроҳ нашав. Дар зери ниқоби дин ва Қуръону ҳадис боз ба ин ҷараёнҳои ифротӣ кашола накунад.
Омили навбатӣ ин маблағ аст, ки дар муҳоҷират ё дар хориҷ ё дар дохил. Куҷо набошад, системаи ин ҷараёнҳои ғайриқонунӣ маблағи зиёд доранд ва бо ҳар роҳ мехоҳанд мақсадҳои худро пиёда кунанд ва бо роҳи маблағгузорӣ - ба тиҷорат, бо пайдо кардани кор, таъмин кардани оила, кӯмакҳо ва оҳиста-оҳиста баъд китобу адабиёт. Яъне, ин ҳам яке аз роҳҳое, ки ҷавонони осебпазир, ки дар муҳоҷират мебошанду кор надоранд, онҳо медонанд, бо кӣ кор кунанд. Ҷавони 18-20-сола агар таҷрибаи ҳаёт надошта бошад ва ин масъалаҳоро дар мактабу хона нагуфта бошанд, барои ифротиҳо ин ҷавонон як «гӯшти лаҳм» ҳастанд. Албатта, ба тарафи худ онҳоро бо тарғибот ва китобу маблағҳо узви ҷараёнҳои худ карданашон мумкин аст.

Душманони ислом чӣ мехоҳанд?

- Барои пешгирӣ намудани ин омилҳо роҳи ҳалро дар чӣ мебинед?
- Дар масъалаи он ки мо дар бораи омилҳо сухан мегӯем, маърифати ҳуқуқии ҷавонони имрӯзаро аз имрӯз дар Тоҷикистон баланд кард. Дар оила вақте ки хавфи шомил шудани ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ ҳаст, падару модар ин қисмати тарбиявии оилавии худро бояд ҷоннок кунанд. Ба ҷавонҳо бояд дар синни мактабӣ, донишгоҳ, донишкада аз тарафи падару модар нуқтаи назари мазҳабии мо, бигзор бисёр соддаву одӣ бошад, лекин онҳо бояд фаҳмонанд, ки имрӯз дар дунё душманони Ислом мехоҳанд, ки мардуми моро аз мазҳаб берун кунанд ва шумо фарзандони азиз ҳушёр бошед, ки мазҳаби мо, мазҳаби Имоми Аъзам аст. Намоз мехонед, намехонед, тарзи намозхонии мо ин аст, ақидаи мо ин аст, мо даст ба дуо мебардорем, Қуръон мехонем, ба гузаштагон сураи «Таборак» мехонем, ба қабристон меравем ва дар он ҷо сураву оят мехонем. Яъне, чизҳое, ки маълум ҳаст ва ба ин як дарси иловагӣ зарур нест. Падару модар ин чизҳоро медонанд ва ҳар чизе, ки медонанд, ҳамон чизро таълим диҳанд, як заминаи мазҳабии бисёр содда бошад ҳам, бояд фарзандони онҳо дошта бошанд.
Изофа бар ин, ҳамеша вақте телефонӣ гап мезананд, огаҳ кунанд, ки «фарзандам, ба хотири пул ё чизе баногоҳ ба доми онҳо наафт». Чунки ҷавонон дар он ҷо аз падару модар озодтар ҳастанд. Инчунин, маърифати динии худи фарзандонро дар оила аз ҷониби падару модар баланд кардан зарур аст. Дар мактаб ва ҳам донишгоҳҳо таълим додани одоби дин, ин ҳам бисёр як пешгирии шомилшавии ҷавонон аст ва дар баробари ин, вохӯриҳои зиёде ба хотири бартараф шудани ин омилҳо мусоидат хоҳад кард.

Ақида, дин, мазҳаб чизи фурӯшӣ нест!

- Дар заминаи чанд омиле, ки қайд кардед, оё набудани адолати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ низ сабабгори гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротӣ шуда метавонад?
- Фикр мекунам, ки масъалаи ақида, дин, мазҳаб ин чизи фурӯшӣ нест. Вақте як ҷавон дар оила, ҷомеа мазҳаби худро, миллати худро, урфу одатҳои худро ба таври бояду шояд таълим мегирад, масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ин ҷавонро аз ин нуқта берун бароварда наметавонад. Шумо бубинед, имрӯз чанд фоизи ҷавонон мегараванд? Вақте ки мо чанд фоизи ҷавонон ба ин чиз гаравидан мегӯем, агар ин омили иқтисодию иҷтимоӣ бошад, ба ҳама як хел таъсир мекунад. Лекин аз байни ин ҷавонон, нафароне пайдо мешаванд, ки ба ҷараёнҳои ифротӣ ҳамроҳ мегарданд. Яъне, ба онҳо фақат як омили иқтисодӣ сабаб мешавад гуфта наметавонем, чунки ин омил ба ҳама таъсир дорад. Агар ин омил таъсир мекард, аксарият бо сабаби ин омил ба ин ҷараёнҳо ҳамроҳ мешуданд. Вале як гуруҳи муайян ҳастанд, ки агар инро таҳлил кунем, онҳо ҷавонони осебпазиранд ва ҳар яки инҳоро агар омӯзем, мо мебинем, ки вақте бархеи онҳо аъзои Ҳизби Таҳрир шудаанд, падару модари онҳо аз ин нуқтаи назаре, ки фарзандашон намоз мехонад, хурсанд шуданд. Вақте ки «Таҳрир» ҷавононро даъват кард, онҳо аз намоз шуруъ карданд. «Салафиҳо» ҳам аз намоз оғоз карданд. «Таҳрир» ба мазҳаб кор надошт, аммо «салафиҳо» ба мазҳаб кор доштанд. Бубинед, вақте ки дар баробари он ки шояд иқтисоди ин оила заиф буд, лекин падару модар аз он нуқтае, ки фарзандашон охири солҳои 80-90-уми асри гузашта намозхон шуд, онҳо хурсанд шуданд. Намозхонӣ яке аз омилҳое, ки ба Ҳизби Таҳрир қадами аввалин буд. Вақте як-ду-се қадам монданд, баъд ба мақсадҳои асосии худ оғоз каранд ва дар ҳамин зимн, имрӯз вақте «салафиҳо» ба намозхонӣ даъват мекунанд, онҳо шакли намозхонии худ, ки тағйир доранду бе мазҳаб ҳастанд, онҳо пойҳои худро васеъ карданд, шакли зоҳирии худро дигар карданд, ришҳои калон монданд, сари луч мегаштанд, изорҳои калта мепӯшиданд. Яъне, инҳо аллакай механизми худашонро кушоду равшан, боҷуръатона ва бидуни пинҳонӣ намоиш медоданд ва ин қисмати ҷавонҳо ба иқтисодиёт сару коре надоштанд, чун аксари онҳо тоҷир буданд, соҳиби дӯкону даромади хуб доштанд.
Бубинед, чӣ қадар омилҳо фарқ мекунад?! Омили иқтисодӣ ба ин «салафиҳо» ин қадар ба мисли «таҳририҳо» таъсир накардааст, чунки инҳо худашон аллакай заминаи иқтисодии хуб доштанд. Лекин ҷузъе аз ин омили иқтисодӣ албатта ҳаст, вале асосӣ не.

Ҳатман ба фарзандонамон таълим диҳем…

- Аз гуфтаи Шумо бармеояд, ки имрӯз волидон бояд маърифати ҳуқуқиву динии фарзандонашонро коркард кунанд. Дар сурати муваффақ шудан, оё мешавад, ки пеши роҳи гароиши ҷавононро гирифт?
- Бале, маърифати ҳуқуқӣ ин асл аст. Оё фарзанди мо медонад, ки Ҳизби наҳзати ислом ҳизби экстремистӣ-террористӣ эълон шудааст? Имрӯз мо бояд ин нуктаро донем, ки вақте ахбор ба забони тоҷикӣ дар бораи ДИИШ, харобӣ ва ҷанг қатлу кушторро нишон медиҳад, мо бояд фарзанду келинҳоямонро дар назди ТВ даъват кунем ва нишон диҳем, ки «бачам, бубин, ин ба ном Давлати Исломӣ, ин кирду кор бо номи Ислом чӣ кор карда истодааст». Яъне, нисбати ин падида, бар замми он ки дар газетаву журналу мактабҳо мегӯянд, таълими хонагӣ муассир аст, чунки падару модараш гуфта истодааст. Худамон тамошо кунем, афсӯс хӯрем, аммо ба фарзандон нагӯем, пагоҳ шояд ин фарзанд ба доми инҳо меафтаду ба ҳамон ҷанг меравад. Афсӯс, ки чӣ қадар рафтанд.
Бинобар ҳамин, маърифати ҳуқуқӣ аз нуқтаи назари он ки ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон он чизҳое, ки манъ аст, аз нуқтаи назари қонун ғайриқонунӣ эълон шудааст, ҳатман ба фарзандонашон таълим диҳанд. Маърифати динӣ ҳам ҳамчунин аст, он чизе, ки имрӯз мо меросӣ медонем. Илова бар ин, китобҳои мазҳабии мо ба забони кириллӣ чоп шудааст. Чаро мо ба фарзандонамон ин таълимотро ба хотири он ки осебпазир нагардад, нодон нашавад, ба амали дигар гаравида наравад ва ба доми онҳо наяфтад, чизи аслии худро намеомӯзонем?!
Аз ин рӯ, бояд мо зиракии худро гум накунем, ки ҳар як коре, ки душман омада, ба фарзандони мо таълим медиҳаду бар хилофи мазҳаб ва урфу одати мо ҳаст, мо онро роҳ диҳем, ҷомеа роҳ диҳад. Бубинед, имрӯз маърифати динии оилавӣ зарур аст. Бигзор он миқдоре, ки имрӯз падарону модарон медонанд ва онҳо зиёд медонанд, фақат мардуми мо намедонанд, ки ин аз мазҳаби мо аст. Сари дастархон нишастан, даст шустан, суннат аст ва ҳама медонад, таълим медиҳем. Нонро бо бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим шикастан, падару модарро эҳтиром карданро таълим медиҳем. Пас ин чизҳое, ки мо медонем, ҳамин чизро таълим диҳем. Ин маърифати динии фарзандонамон дар доираи маърифати динии худамон аст. Яъне, ҳамон маърифати оилавӣ, урфӣ, хонагие, ки аз бобо, аҷдодонамон имрӯз шунида истодаем ва ин чиз дар ҳақиқат як монеаи калон мешавад, нисбати таблиғоти ҷараёнҳои ифротӣ.
Умед мекунам, ки падару модарон дар ин масъала бояд таваҷҷуҳи худашонро ҷиддитар гиранд. Агар онҳо таълим надиҳанд, кӣ таълим медиҳад ва агар ин ҷараёнҳо бо роҳу равише ба фарзандашон таъсир расонда монад, фарзандашон аз даст меравад. Қотил мешавад, падару модаркуш мешавад, одамкуш ва бераҳм мешавад. Ҳамаи ҳамин бо номи Ислом! Кадом Ислом бераҳмиро гуфтааст, падару модарро қатл кун гуфтааст, кадом Ислом сари одамро бур гуфтааст?! Кӣ? Кадом оят? Кадом ҳадис? Бубинед, вақте ки ақида дигар шуду бо роҳи таблиғ, даъват онҳо фикри худашонро дар майнаи сари ҷавонон ҷой мекунанд, ин ҷавонон қатлу куштор карда истодаанд, бераҳм шудаанд. Онҳо дар майнаи сари худ фақат хилофати исломӣ, давлати исломӣ ва тамоми дунёро гӯиё онҳо табдил ба хилофат мекунанд. Ин як чизи афсонавию ношуданӣ аст, лекин ҳамин чизро таблиғ мекунанду ҷавононро аз роҳ бероҳа карда, ба Ватан хоин мекунанд, обрӯи ватанашон, миллаташон, обрӯи авлоду падару модарашонро мерезонанд. Пас, бояд ҳушёр бошем!

Ин мусоҳиба дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

 

Хонданд 758

Суҳбати хабарнигори “SugdNews” Қамари Аҳрор бо рӯзноманигор ва коршиноси масоили ифротгароӣ Неъматуллоҳ Мирсаидов

- Ахиран Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як матлаб шаҳру ноҳияҳои ба истилоҳ “ифротихез”-и кишварро шарҳ додааст. Дар ин “феҳрист” чанд шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, ноҳияи Ванҷи Бадахшон, шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳи вилояти Суғд низ шомил ҳастанд. Чаро чунин шаҳрҳо, ки бархе ҳатто саноатӣ ҳастанд, ҳоло осебпазир шуданд?
- Агар мо шумори шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар муҳорибаҳои бурунмарзӣ иштирок доранд, ба назар гирем, маҳз аз ҳамин ноҳияҳои номбаршуда, яъне он шаҳру ноҳияҳое, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар кардааст, ба ҳисоб мераванд. Аз ин шаҳру ноҳияҳо бештар иштирок карданд. Нафароне, ки дар солҳои 2013-2014 ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Яъне ҷалб шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои бурунмарзӣ ҳоло кам шудааст.
Вале бояд гуфт, ки ба ғайр аз иштирок дар муҳорибаҳои бурунмарзӣ, баъзе ноҳияҳо табиатан руҳонипараст ҳастанд. Дар баъзе ноҳияҳо мавқеи дин ниҳоятдараҷа мустаҳкам аст. Мутаассифона, дин аз нуқтаи назари расму оини исломи анъанавӣ нест ва ин аз рӯи таъсири он ҷараёнҳои бегонае, ки дар чунин шаҳру навоҳӣ ҷой дорад. Мо хеле хуб медонем, ки сатҳи диндорӣ ҳамеша дар шаҳрҳои Исфара, Истаравшан, ноҳияи Б. Ғафуров ниҳоятдараҷа мустаҳкам буд ва ходимони бисёри динӣ ҳам доштанд. Аммо дар натиҷаи пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷараёнҳои бегонаи динӣ таъсири худро аз ҷумла ба Тоҷикистон расониданд. Аз ҷумла бисёриҳо дар ин шаҳру ноҳияҳо зери таъсири ғояҳои бегона қарор гирифтанд.
- Хабарҳо аз суқути ДИИШ зиёд ба нашр мерасанд. Бахусус, маълумот аз кушта шудани теъдоди бузурги аъзои ин созмон ҳоло дар дастрасии расонаҳо қарор дорад. Ҳамчунин, мақомоти Русия аз он бонги хатар мезананд, ки ДИИШ аз Сурия ба Афғонистон фирор мекунад. Оё саркӯб шудани ДИИШ дар Сурияву Ироқ ба Тоҷикистон ва ё кишварҳои Осиёи Марказӣ хавф надорад?
- Хуб аст, ки онҳо саркӯб мешаванд. Хуб аст, ки шумораашон кам мешавад. Лекин онҳое, ки ҷон ба саломат бурдаанд, албатта кӯшиши ба дигар минтақа равон шуданро фикр мекунанд. Имрӯз як минтақаи ниҳоятдараҷа вазъаш ноустувор ин Афғонистон аст. Ин кишвар бо мо ҳаммарз мебошад. Агар дар назди марзи Тоҷикистон онҳо ҷамъ шаванд, албатта ин хавф ва хатаре барои Тоҷикистон дорад. Аз ҷониби дигар, мо гумон дорем, ки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ на ҳамаи иштирокунандаҳои муҳорибаҳои Сурияву Ироқ аз Тоҷикистонро медонанд. Онҳое шояд бошанд, ки номаълум рафтаанд ва ҳатто иштироки онҳо дар онҷо маълум нест. Агар онҳо гурехта ба Русия, ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ё ба худи Тоҷикистон баргарданд, аз ғояҳои худ бармегашта бошанд? Даст мекашида бошанд? Агар даст накашанду онҳо ифротгар бошанд, албатта хавф ба мо доранд. Дар дохили кишвар ҳам як рӯз ҷиноятҳо содир карданашон аз эҳтимол дур нест. Барои ҳамин ҳам онҳоро ҳеҷ вақт сарфи назар кардан лозим нест.
- Мегӯянд, “шиддат”-и ифротгароӣ дар Тоҷикистон бамаротиб поён омадааст. Оё чунин аст?
- Воқеаҳое, ки аз хусусаш сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳанд, бештар дар қаъри ҷамъият рух медиҳанд. Ғайр аз тартиби дигаршавии намозхониву ришмониву ҳиҷобпӯшӣ дигар чиз пеши назари мо наметобад ва дигар амалҳо одатан пинҳонӣ ҳастанд. Ҳар як муборизае, ки ғайриқонунӣ аст, одатан пинҳонӣ мегузарад. Шояд сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ далелҳои комил дошта бошанд. Вақте, ки онҳо мегӯянд вазъи ҷомеа дигар шудааст, яъне сатҳи ифротгароӣ паст шудааст ва коҳиш меёбад, шояд бовар кард. Аз рӯи маълумотҳое, ки барои мову шумо ҳам дар бисёр конфронсҳои матбуотӣ пешниҳод шудаанд, аз ҳамон нуқтаи назар баҳо гузорем, ҳамин тавр ҳам ҳаст. Чунки дар бисёр шаҳру навоҳӣ парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ифротгароӣ кам шудааст. Дар судҳо, дар сатҳи прокуратура. Амали пулис, ки албатта боздошт кардани гумонбаронро ҳамеша мадди назар нигоҳ медорад ва ҳамеша дар иртибот аст, дар ҳақиқат коҳиш ёфтааст. Аммо вақтҳои охир маро як чиз ба таассуф меорад, ин аст, ки дар сатҳи баланд дар ҷумҳурӣ муносибатро ба ифротгароӣ тағйир намедиҳанд. Ҳол он ки, дар ин ҷода бояд муносибат дигар шавад. Дар баробари амали ҷазодиҳӣ, кӯшиш кардан даркор аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар шаванд. Вале дар зинаҳои поёнӣ ин амали ҷазодиҳӣ ба ҳар ҳол имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки ин ба фикрам чандон дуруст нест.
- Ҳоло мавориди зиёди ҳодисаҳои боздошт ва ба маҳкама кашидани пайравони “салафия” ба назар мерасад. Раиси Суди вилояти Суғд ҳам дар нишасти матбуотӣ гуфт, парвандаҳое, ки тибқи моддаи 307, иловаи 3, 4 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)) ва (Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусмяти динии экстремистидошта)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бандубаст шуда, вориди судҳо шудаанд, зиёд шудаанд. Чаро пайравони “салафия” бо он, ки Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҷараёнро манъ кардааст, фаъоланд?
- “Салафия” яке аз равияҳои мамнуест, ки имрӯз бештар дар хусусаш сухан меравад. Ман ҳангоми як вохӯрӣ бо кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон як ақидае шунидам. Мегӯяд, ки ман худам намозхон ҳастам ва ба масҷид бисёр меравам. Лекин ҳоло ҳам дар масҷид номозхонони пайравони “салафия” намоишкорона аз тарзи намозхонии худашон даст накашидаанд. Онҳо озодона ва кушоду равшан бо ҳаракатҳои худ намоз мехонанд ва инро ҳам пинҳон карданӣ нестанд. Агар мо имрӯз салафиёнро ба ҳамон ҳаракатҳои номозхониашон баҳо диҳем, ба фикрам нисф зиёди намозхонҳоро ҳабс кардан даркор. Пас роҳи баргардонидан аз ҳамон ғояҳо лозим меояд, ки он чи тавр аст? Албатта ин корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад. Ба онҳо бояд фаҳмонида дод, ки салафия ин як ҷунбише аст, ки дар Тоҷикистон манъ шудааст. Шумо ғайриқонунӣ амал карда истодаед. Накунед ин корро. Яъне аз ҳамон роҳашон ба роҳи фаҳмондадиҳӣ баргардонидан лозим аст. Дуввум ин ки, ифротгароён бояд ҷазои худашонро гиранд. Онҳое, ки дар ҳақиқат дидаву дониста қонунро вайрон мекунанд, бояд ба ҷазо кашида шаванд. Вале як камбудии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи мо ҳамин аст, ки саривақт мардумро огоҳ намекунанд. Ба мардум эълон намедоранд. Намефаҳмонанд, ки паҳлуи вай ифротгаре ҳаст, ҳамсояи вай ифротгар аст. Мардум барои он, ки ҳушёриро аз даст надиҳанд, бояд ҳамеша огоҳ бошанд. Яъне мақомот ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба худашон матбуотро ҳамчун ёрдамчӣ то ҳол интихоб накардаанд. Аз конфронси матбуот то конфронси матбуот бояд интизор шуд, ки мо бояд аз он маводи нав пайдо кунем. Ба саволҳои мо махсусан дар мавзуи ифротгароӣ ҷавоб доданашон ниҳоятдараҷа душвор аст. Ман имрӯз танҳо аз Прокуратураи вилояти Суғд изҳори қаноатмандӣ мекунам. Онҳо дар ин самт бештар ҳамкорӣ мекунанд. Дигар сохторҳо қариб ки аз конфронс то конфронс ҳамкорӣ надоранд. Барои ҳамин ман мегӯям, ки қувваи ВАО бояд дар ин кор истифода шавад.
- Ҳарчанд мақомот боздошт ва ба маҳкама кашидани пайравони гуруҳҳои мамнуъ, аз ҷумла “салафия”-ро ҷилавгирии хавфи эҳтимолӣ медонанд, баъзе коршиносон таъкид меварзанд, ки ба маҳкама кашидани онҳое, ки бехабар ва ё ноогоҳона ба гуруҳҳҳои мамнуъ шомил шудаанд, чандон дурусту самараовар нест. Дар ин бора Шумо чӣ назар доред?
- Вақте дар ин хусус андеша ронданӣ мешавед, ҳамеша саволе ба миён меояд, ки то чӣ андоза онҳое, ки ҷонибдори ин ё он ҷараён ҳастанд, ба ҷомеа хавф доранд. Дар таълимоташон гуфта мешавад, ки гӯё онҳо ба ягон муборизаи сиёсӣ ҳамроҳ нестанд ва ҳамроҳ ҳам шуданӣ нестанд. Онҳо аз ҷангу зулм ҳазар мекунанд. Вале “салафия” ин як ҷунбише ҳаст, ки дар давлатҳое ба мисли Арабистони Саудӣ, Урдун ва Қатар, ки сохти давлатдорӣ ҳам баъзан аз ҳамин равия асос меёбад. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки онҳо оё ҷонибдори дар Тоҷикистон барпо кардани сохтори бегона нестанд? Агар мо чуқуртар андеша кунем, имрӯз онҳо мегӯянд, ки беозор ҳастанд, агар пагоҳ як вазъи сиёсӣ тағйир ёбад, чи тавр мешуда бошад? Чизи дигар амалҳои ҷазодиҳӣ аст. Ҷазодиҳӣ тавре таъин карда шавад, ки мардуми гумроҳшуда бояд ислоҳ шаванд. Агар ҳарчи қадар мо нисбати онҳо ҳукмҳои ғайриодилона андешем, ҳамон қадар ба фикрам шумораи шахсоне, ки аз кирдору рафтори кормандони ҳифзи ҳуқуқ норозӣ мешаванд, зиёд мегардад. Яъне вусъат ёфтани ифротгароӣ аз эҳтимол дур нест. Барои ҳамин ҳукм ҳамеша бояд одилона бошад.
- Дар намозҳои ҷумъа имомхатибон ҳамеша аз насби дурбинҳои назоратӣ дар масҷидҳо таъкид меварзанд, то намозгузорон ҳаракатҳои худро дар вақти адои намоз тибқи мазҳаби Имоми Аъзам Абуҳанифа ба ҷо оранд. Аммо боз ҳам хабари боздошти намозгузорон ба гумони “салафигароӣ” ҳаст. Чаро эълону ҳушдорҳои имомхатибон дар масҷидҳо ба қавле кор намедиҳанду камасаранд?
- Албатта, ин проблема аст. Проблемаи хеле муҳим. Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки шахсоне бояд баргузор шавад, ки онҳо ба қавле як сару гардан аз ҳамон ифротгаре, ки ба доми худаш кашиданӣ аст, баланд бошанд. Ҳам аз нуқтаи назари дониши дунявӣ ва ҳам динӣ. Онҳо бояд тавонанд, ки аз нуқтаи назари талаботи дин ҳамон мардумро эътимод бахшанд. Эътимод бахшанд, ки онҳо ҳақ ҳастанд ва ҳақ мегӯянд. Яъне суханҳои нафаре, ки аз ҳамон роҳ баргардонидан мехоҳад, бояд эътимодбахш бошад. Шахсоне бояд ба арсаи дин ба минбар бароянд, ки аз таҳти дил бо мардум гуфтугӯ кунанд. Ба саволҳои онҳо ҷавоб дода тавонанд. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем мардумро аз роҳҳои бад ва мамнуъ бозгардонем.
Ба қарибӣ ман бо як ҳуҷҷате шинос шудам, ки он бо имзои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур содир шудааст. Тибқи он фармон бояд шахсони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ дар маҳалҳо бевосита бо мардум вохӯранд ва мулоқот доир кунанд. Тамоми маълумоте, ки дар даст доранд, ошкорона ба мардум пешниҳод кунанд. Ин кор дар ҷумҳурӣ оғоз ёфтааст. Вале нафаре саводи хуб дорад, он вохӯриро чи тавре, ки талаб мешавад, мегузаронад. Аммо иддае дигар мисли расмиятчигӣ боз ҳамон мардумро ҷамъ мекунанд ва вохӯриро барои аз сарашон соқит кардан доир мекунанд. Яъне тарзи кор чандон тағйир наёфтааст ва на дар ҳама ҷой усули корро тағйир дода метавонанд.
- Шумо масъалаҳои терроризмро пайгирӣ мекунед ва дар ин мавзуъ мақолаву гузоришҳои таҳлилӣ ба нашр мерасонед. Матлабҳои Шумо дар зимн қиссаҳое доранд, ки касро таҳти таъсир мегузорад. Қаҳрамонони онҳо бештар падару модаронеанд, ки дар ҳасрати дидори фарзанди бехабар ба сафи ДИИШ пайваста ва ё ҳам онҳоеанд, ки азобу уқубатҳои зиёдро дар Сурияву Ироқ аз сар гузаронидаанд. Як - ду қиссаеро метавонед ҳоло мисол оваред, ки шунидани он ҳарчанд риққатбор аст, вале бисёриҳоро ҳушёр кунад?
- Соли 2014 буд. Бори аввал мо дар матбуот аз як деҳаи Тоҷикистон ба Сурия рафтани гуруҳи сокинони ҳамон деҳаро мунташир кардем. Ин деҳаи Чорқишлоқи ноҳияи Исфара аст. Аз ин ҷо беш аз 17 нафар якбора ба Сурия рафта буданд. Ман бо модаре вохӯрда будам, ки бо чашмони гиряолуд моро истиқбол кард ва вақте ҳамсуҳбат шудем, ҳамеша ба мо муроҷиат мекард, ки фарзандамро баргардонед. Фарзандам барои чӣ онҷо рафтааст?
Яъне падару модарон аксар вақт огоҳ нестанд, ки фарзандашон дар куҷо кор мекунад, зери таъсири кӣ аст. Бо кӣ менишинад, бо кӣ мехезад. Оё соҳиби кор аст ё не.
Ҳамон Масрури ҷавон, ки аз деҳаи Чорқишлоқ, фарзанди ҳамон модаре, ки моро бо чашмони гиряолуд ва ашкони шашқатор пешвоз гирифт, ман намедонам, ки ҳоло зинда бошад, ё на. Вақте ки дар Сурия чунин ҷанги шадид меравад, ман гумон дорам, ки эҳтимолияти зинда мондани бисёриҳо нест ва кам аст.
Ба қарибӣ шоҳиди боз як воқеаи дигар шудам. Яъне дар Прокуратураи вилояти Суғд ба ман тақдири як зани тоҷикро нақл карданд. Гуфтанд, ки зани тоҷик бо номи Шаҳло ду кӯдаки худашро гирифта, шавҳарашро огоҳ накарда, аз шаҳри Екатеринбурги Русия сӯи Туркия рафтааст. Сарҳади Туркияву Сурияро убур карда, ба назди бародараш рафтанӣ шудааст. Сабаб, бародараш даъват кардааст, ки биёяд. Хешу ақрабояш мегӯянд, ки бародараш одами солим буд. Дар Екатеринбург таҳсил кардааст. Донишкадаро хатм намудааст. Баъд ба аспирантура ҳам дохил шудааст. Олим шуданаш мумкин буд, мегӯянд. Вале аз чи сабаб бошад, ман дар Сурия бизнес пайдо кардам гуфта, ба Сурия рафтаасту дар он ҷо гӯё як нуқтаи таъмири мошинҳоро боз кардааст, вале бо чи сабаб бошад, ки хоҳарашро бо ду фарзандаш даъват кардааст, ин чиз то ҳол ноаён аст. Агар вай ифротгар намешуд, магар оилаи хоҳарашро вайрон карда, ӯро ба он ҷо даъват мекард? Тақдири Шаҳло ниҳоятдараҷа талх будааст. Вай то бародараш рафта нарасидааст. Дар Сурия сарсону саргардон шудааст. Зери ҷангу бӯи хун мондааст. Дар маҳалҳое, ки ҷанги шадид рафта истодааст, шояд дар ин ҷойҳо гуруснаву таншна монда бошад. Лекин роҳеро пайдо кардааст, ки баргардад. Ҳини бозгашт аз Сурия вайро дар шаҳри Бокуи Озорбойҷон боздошт карда, ба Тоҷикистон ва зодгоҳаш шаҳри Истаравшан интиқол додаанд. Имрӯз ин зан дар додгоҳ барои кирдорҳояш ҷавоб мегӯяд. Агар ӯро гунаҳгор донанд, тибқи қонун на кам аз 12 сол эҳтимол ҳукм гирад. Ин тақдир тақдири шикаста аст. Яъне оила вайрон, ду фарзанд як муддат бепарастор монд. Ин гуна тақдирҳои шикаста хеле бисёранд.
- Ин роҳе, ки иддае аз сокинони кишвари моро ба бадбахтиҳо бурд, муҳоҷирати корӣ аст. Бо поён ёфтани ҷанг дар Сурияву Ироқ муҳоҷирон метавонанд эмин бошанд ва ё онҳо ҳамеша осебпазир хоҳанд монд?
- Шумори пайравони ДИИШ ва ё ифротгароёни дигар дар Русия хеле зиёд аст. Онҳо ҳоло кори худашонро идома медиҳанд. Агар боз як маҳалли даргирӣ пайдо шавад, ба онҷо бурданашон аз эҳтимол дур нест.
Шахсе, ки беҳуқуқ аст, шахсе, ки бекор аст, хеле осебпазир аст. Мо бояд пеш аз ҳама имкон пайдо кунем, ки дар кишвари худамон ҷойҳои корӣ омода созем. Маоши арзанда пешниҳод карда тавонем. Ду сол пеш дар вилояти Суғд ислоҳоти соҳаи кишварзӣ аз нав сурат гирифт. Бисёриҳо соҳиби замин шуданд. Вале дар навоҳии дурдаст ҳамин ислоҳот то охир бурда расонида нашуд. Иддае аз мансабдорон, сарватмандон ва корчаллонҳову ба ном соҳибкорон, онҳое, ки замину молу мулки кишварро як замоне ба дасти худ гирифтаанд, намехоҳанд онро тақсим кунанд. Онҳо медонанд, ки замин одамро хӯронидаву мепӯшонад, барои ҳамин тақсим карданӣ нестанд. Агар ислоҳотро гузаронида бошанд ҳам, бо расмиятчигӣ гузаронидаанд ва бисёриҳо соҳиби замин нестанд. Ман дар чанде аз ноҳияҳо будам, ки соҳиби замин амлокдорон ҳастанд. Деҳқони оддӣ ҳамчун батрак дар замини онҳо кор мекунад. Деҳқон иҷоракор аст. Агар худи мардум соҳиби замин шаванд, 1 га замин як оиларо хӯрониданаш мумкин аст. Деҳқон сатҳи зиндагиашро баланд бардошта метавонад. Имрӯз умед аст, ки Роғун ба кор дарояд. Якчанд корхонаҳо бояд ба кор дароянд. Ва агар онҳо ба кор дароянд, ҷойҳои иловагии корӣ пайдо мешавад.
Ман мехостам, ки имрӯз имтиёзҳои андозӣ дар Тоҷикистон ҷорӣ шаванд, ки сармоягузорон озодона ба Тоҷикистон биёянду ҷойҳои корӣ ташкил кунанд. Чи фоида аст аз оне, ки шумораи корхонаҳои мо намеафзояду бештари корхонаҳоямон муфлис асту он корхонаҳо имконияти андоз ба давлат супориданро надоранд. Бигзор шумораашон бештар бошад, андозро камтар супоранд, лекин аз ҳисоби бештар будани шумори корхона ва рушд кардани истеҳсолот хазинаи давлат бояд пур шавад.
Агар Тоҷикистон ислоҳоти ҳақиқии иқтисодӣ гузаронад, ҷойҳои муносиби корӣ ҳам пайдо мешаванд. Ва ин як роҳи гирифтани пеши роҳи муҳоҷират буда метавонад. Мо бояд мардуми худро ба ватани худамон баргардонем. Ман фикр мекунам, ки ин роҳи дуруст ҳам ҳаст.

Ин мусоҳиба дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Хонданд 341

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.