.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Мусоҳиба

Бурӣ Каримов: Фаъолияти пурмаҳсули «IRS»  ба ҳама маълум аст»

Мусоҳибаи журналист Далери Абдулло бо роҳбари Котиботи Шӯрои байниҳукуматии роҳдорони ИДМ, сармуҳаррири маҷаллаи «Роҳҳои ИДМ», профессор Бурӣ Каримов

- Бо  дарназардошти таҷрибаи зиёд доштанатон дар соҳаи роҳу нақлиёт бигӯед, ки низоми толлингӣ чӣ бартарӣ дорад ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани он то чӣ андоза муҳим, зарур ва ногузир аст?

-Бо тақозои вазифа ман ба кишварҳои зиёди олам сафар доштам ва моҳияту зарурияти ҷоришавии низоми толлингӣ дар идораи роҳҳоро хуб медонам. Моҳиятан роҳи пулакӣ роҳест, ки ширкат барои нигоҳдориаш муваззаф буда, ҷиҳати ҷавобгӯи талабот будани он масъулият дошта, дар ин самт бояд аз имконоти дар ихтиёрдоштааш самаранок истифода намояд. Маъмулан ҳукумати кишварҳои рӯ ба рушд дар заминаи татбиқи чунин лоиҳаҳо, ки аксар маврид бо ҷалби сармояи хориҷӣ амалӣ мешавад, ҳолати роҳҳоро беҳтар менамоянд. Бояд дарк намуд, ки талабот ва усули истифодаи чунин тарзи кор (манзур ҷорӣ намудани низоми толлингии истифодаи роҳҳо аст) дар ҳар кишвар махсусиятҳои худро дорад. Дар маҷмӯъ, гузариш ба истифодаи пулакии роҳ дар шароити тавсеаи муносибатҳои иқтисоди бозорӣ падидаи маъмул ва амри муқаррарӣ буда, набояд боиси нигаронӣ шавад. 

   Агар тариқи мухтасар ба суоли гузоштаи Шумо посух диҳам, бояд гуфт, ки  ҷорӣ намудани низоми толлингии идоракунии роҳи Душанбе – Чанок муҳим ва саривақтӣ аст.  Одатан ҷоринамоии ин низом дар сурати мавҷудияти роҳи алтернативӣ сурат мегирад. Вале роҳи Душанбе – Чанок аз лиҳози релефи ҷойгиршавӣ махсусиятҳои худро дорад, ки  мавҷудият ва истифодаи роҳи алтернативиро зери суол мебарад. Масалан, замони муваққатан қатъ гардидани ҳаракат тариқи нақби «Истиқлол» мо шоҳид будем, ки шаҳрвандон кӯшиш мекарданд бо ҳар роҳу васила тариқи нақби зикршуда гузаранд, на ағбаи Анзоб. Аз ҷониби дигар, дар замони шӯравӣ чунин роҳи алтернативӣ тариқи ҳамсоякишвар – Ҷумҳурии Ӯзбекистон вуҷуд дошту ҳамватанонамон онро самаранок истифода мебурданд. Айни замон, баъди 10 соли фаъолияти пурмаҳсули «IRS» ва бо дарназардошти махсусияти ҷуғрофиву иқлимӣ ва ғайра метавон гуфт, ки ҷоришавии истифодаи пулакии роҳи Душанбе – Чаноқ асоснок ва муҳим аст.

-Мунаққидони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иддао мекунанд, ки бидуни мавҷудияти роҳи алтернативӣ ҷорӣ намудани низоми толлингӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи матлаб нест. Шумо оид ба ин масъала чӣ назар доред?

-Ба ин савол ман зимни посух ба суоли қаблӣ қисман ҷавоб додам.Бояд гуфт, ки  яке аз он мунаққидоне, ки Шумо ёдовар шудед, ман будам. Эътироф менамоям, ки қаблан  ман низ гузариш ба истифодаи пулакии роҳи Душанбе – Чаноқро, бинобар набудани роҳи алтернативӣ, иштибоҳ арзёбӣ карда, бо хоҳиши кормандони ҳафтаномаи «Азия плюс» дар ин маврид матлаб низ навишта будам.  Вале бо мурури вақт назари ман оид ба ин масъала тағйир ёфт. Барои чӣ?  Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Беларус, ки аввалин шуда, дар миёни давлатҳои Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил ин низомро ҷорӣ намуда  буд, айнан ҳамон ҳолате ба миён омад, ки солҳои аввали фаъолият роҳбарият ва кормандони «IRS»  бо он мувоҷеҳ буданд. Мардум то андозае норозӣ буданд. Агар масъаларо амиқтар мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, маълум мегардад, ки марҳилаҳои аввали ислоҳот ва амалигардонии чунин лоиҳаҳо мушкилот, ба монанди норозигии шахсони алоҳида, ки асосан манфиатҳои шахсиашонро аз манфиатҳои ҷомеа боло мегузоранд, ба миён меорад. Баъзан монеаҳои дигар аз тарафи намояндагони баъзе сохторҳои давлатӣ низ  эҷод мегардад. Бо мурури вақт ин низом натиҷаҳои мусбат ба бор оварду мардум низ муътақид гардиданд, ки қисмати аъзами пули пардохтменамудаашон барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ ва боқимонда барои ташкили инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои пуриқтидори замонавӣ харҷ мешавад.  

 Дар кишвари мо низ солҳои аввали ҷоришавӣ ин иқдом бо бархӯрд ва назарҳои интиқодӣ рӯ ба рӯ буд.  Аксарият ба ном мунаққидон иддао доштанд, ки ин роҳ бо аз ҳисоби давлат сохта шудаасту чаро онҳо барои истифодааш маблағ пардохт намоянд?  Вақт нишон дод, ки ин тадбир  оқилона буда, пеш аз ҳама, ба беҳдошти ҳолати ин роҳи аз лиҳози стратегӣ муҳим рабт дорад.  Ҳамватанони азиз бояд донанд, ки роҳи Душанбе – Чаноқ дар муқоиса бо дигар роҳҳои мамлакат аз офатҳои табиӣ, аз қабили тармафароӣ, лағжиши кӯҳпора, омадани сел, обхезӣ ва ғайра зиёдтар осебпазир аст. Бо дарназардошти ин ҳолат табиист, ки нигоҳдории роҳи мавриди назар кори саҳлу сода набуда, хароҷоти зиёди маблағро ба думбол дорад.

-Агар гӯем, ки 10 соли фаъолият барои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи рушду такомул маҳсуб мешавад, муболиға ва тамаллуқ нахоҳад буд. Далели бебаҳси ин гуфта мунтазам ғанӣ гардидани пойгоҳи техникии филиали Ширкат, бунёди корхонаҳои истеҳсоли мумқир ва дигар масолеҳи ба бахши роҳу нақлиёт рабтдошта, ҷалби мутахассисони болаёқат, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, ба фаъолият шурӯъ намудани плазаҳои нави толлингӣ ба ҷои плазаҳои амалкунанда мебошад.  Доир ба корҳои то ин замон аз ҷониби  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомёфта чӣ андеша ва хулоса доред?

-Андешаҳои ман дар суоли пешниҳодкардаи Шумо то ҷое иброз шуданд ва ман бо Шумо ҳамфикрам. Аз ҷониби дигар, «IRS» узви Шӯрои байниҳукуматии роҳдорон аст ва мо аз дастоварду пешравиҳояш, аз ҷумла ғанӣ гардидани пойгоҳи техникии филиали Ширкат, бунёди корхонаҳои истеҳсоли мумқир ва дигар масолеҳи ба бахши роҳу нақлиёт рабтдошта, ҷалби мутахассисони болаёқат, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ огоҳии комил дорем. Итминони комил дорам, ки роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба дастовардҳои ноилгардида иктифо накарда, баҳри густариш бахшидани ин раванд беш аз пеш ҷаҳду талош хоҳанд кард. Бо дарки масъалият мегӯям, ки фаъолияти хуби «IRS» ба ҳама ҳувайдост. Бинобар ин, мунтазам теъдоди мунаққидони  тамоюли камшавиро касб намудааст. 

-Дар давоми се  соли охир аз ҷониби баъзе соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, андешае садо дод, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ  рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд.  Ҳамрадиф бо ин, пешниҳод шуда буд, ки механизми пулакии истифодаи роҳ дар дигар роҳҳо низ мавриди истифода қарор гирад. Бароямон ҷолиб аст, ки Шумо  аз фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ бардошт доред ва оё зарурати ҷорӣ намудани низоми толлингӣ дар дигар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст?

- Аслан ягон роҳ бепул нест. Шаҳрвандон – истифодабарандагон бо роҳу василаҳои гуногун дар нигоҳдории роҳ саҳм доранд. Дар ин самт таҳким бахшидани ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ба манфиати кор хоҳад буд. Дар заминаи ин ҳамкорӣ баҳри беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоӣ – иқтисодии шаҳрвандон шароит фароҳам меояд. Дар робита ба қисмати охири суолатон бояд гӯям, ки таҳкимбахшии ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар самти ҷоринамоии низоми толлингии идоракунии роҳҳо яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда аст. Ҷоринамоии ин таҷриба дар дигар роҳҳои мамлакат ва дигар кишварҳои ИДМ  кори муҳим маҳсуб мешавад. Дар ҳамин ҳол, бояд махсусиятҳои ҳар кишвар ва релефи ҷойгиршавии он ба инобат гирифта, дар ин замина барои истифодаи пулакии роҳ меъёрҳои қобили қабул ҷорӣ гардад. 

- Шумо зимни сафарҳои хизматӣ  ҳамроҳ бо мутахассисони хориҷӣ зиёд аз роҳи Душанбе – Чаноқ гузар менамоед. Бигӯед, ки таассуроту хулосаи  онҳо оид ба вазъи роҳ ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?

- Вобаста ба сафарҳои хизматии ман дуруст зикр кардед. Яке аз гузариши тариқи роҳи зикршудаи  ман дар якҷоягӣ бо 100 мутахассиси варзида аз кишварҳои ИДМ соли 2016 сурат гирифта буд. То ин вақт мо чандин чорабиниҳои дигар низ баргузор карда будем, ки дар заминаи он меҳмонон тариқи роҳи мазкур гузар карда буданд. Эътироф мекунам, ки он замон аслан нигарониҳо ба ҳолати нақби «Истиқлол» ( бояд донист, ки нигоҳдори ин нақб ба зиммаи «IRS» нест Д.М.) дахл дошт.  Боқӣ таассурот ва пешниҳодоти мутахассисон хуб буда, моҳияти тавсиявӣ дошт. Онҳо назари хешро дар робита ба таъмини бехатарии ҳаракат, пеш аз ҳама, насби деворҳои ҳимоявӣ ва дигар иншооти таъминкунандаи бехатарӣ ироа карда буданд.  Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки «IRS» баҳри иҷрои вазифаи ба зиммааш вогузорбуда имконияту шароит ва мутахассисони арзандаро доро буда, онҳо қодиранд, ки ба дастовардҳои бештар ноил гарданд. 

Хонданд 768
Абдусаттор Нуралиев: Журналисти воқеӣ утоқнишин нест

ЛАҲЗАИ АВВАЛ

Саломи дастакӣ

Новобаста аз оне, ки мо дар Донишгоҳ аллакай парончак шудаему муаллими фанни "Таърихи журналистикаи кишварҳои хориҷӣ"-амон "худӣ" аст баробари танаффус тамом шудан бо ҳамкурсон, ҷониби аудитория равон шудем. Дар ин ҳолат чашмам ба роҳраве, ки берунро бо факулта пайваст мекард, афтид. Пирамарди солору ботамкин дар даст ҷувздони калони пур оҳиста-оҳиста ҷониби мо меомад.

-Ассалому алейкум! 

-Воалейкум бар салом! (бо табассум)

-Ба факултети журналистика хуш омадед! Кабинети декан ё аз ягон мудири кафедраро нишон диҳам?

-Раҳмат, писарам! Ман ин ҷо меҳмон нестам. Ана, ҳамон китобе, ки дар дастат ҳаст-ку, муаллифаш ман ҳастам.

 Ин замон ман шах шудам. Чанд сония дар ҳолати шок мондам, аммо хушбахтона, зуд ба худ омадам ва саволи навбатиамро додам:

-Абдусаттор Нуралиев?

-Худи худаш!

-Устод иҷозат диҳед ҷувздонатонро то аудиторияи дарс доштаатон барам...

-Не, ташвиш накаш, раҳмат

-Ҳадди ақал иҷозат дихед бо Шумо дастакӣ салом кунам...

-Барои саломи дастакӣ иҷозат лозим нест, биё, як бор не, чанд боре, ки хоҳӣ, салом мекунем.

Аз ин вохӯрии кутоҳ 11 моҳ гузашт. Вакте ки бо шарҳи ҳол ва кору пайкори устод Абдусаттор Нуралиев шинос шудам, ду чизи муҳимро фаҳмидам: 

Якум, аз навиштаи устодон Кироншоҳ Шарифзода ва Мурод Муродӣ  бароям маълум шуд, ки он ҷувздони пуре, ки ман дар дасташон дида будам, пури китобу рӯзномаву маҷалла будааст. Дувум чизе, ки фаҳмидам, рӯзи 22-юми август зодруз доштаанд. 

 

ЛАҲЗАИ ДУВУМ

Аз "Афсона" то "Ситора"

Фурсате, ки кайҳо боз интизораш будам фаро расид. Ин ҳамон фурсатест, ки барои ёфтанаш, хело даводав карда будам. Мо ҳамроҳи устод Абдусаттор Нуралиев вохӯриро дар тарабхонаи "Афсона" таин кардем. Ман бисёр кӯшиш кардам, ки аз вақти таиншуда дар макони суҳбат, барвақтар худамро ҳозир кунам, аммо бо ин масирҳои мусофирбари мо чӣ қадаре, ки кӯшиш кунӣ ҳам, бефоида аст.

Аз мошин берун шудам. Ба чанд тараф нигаристам. Устод дар истгоҳ  пушт тарафи "Афсона" карда нишаста буданд. Ростӣ, каме хиҷолат кашидам, зеро ман яке аз сутунҳои журналистикаи тоҷик, пирамарди 77 сола, устоди устоди устодам профессор Абдусаттор Нуралиевро даъват карда будам.

-Устод, дер кардам?- оҳиста савол додам

-Не, дар вақташ омадӣ.

Мо ҳамроҳи устод ба тарабхона наздик шудан замон, ноумед шудем, чунки дарҳояш баста буданд.

Мо оҳиста-оҳиста (бо пайи пойи пирамарди 77-сола) ба чойхонаи "Ситора" рафтем. Даромадем. Чойи кабуд фармудем. Инак, пиёлаҳои чойҳоямон  дар наздамон ба мо нигоҳ доранд. Аз ҳавли гармӣ бӯйи хуш доштани чойҳо ба машом расид. Як қулт нушидаму суҳбатро оғоз кардем.

 

ЛАҲЗАИ САВУМ

Хоксор + раҳмдил = элита 

-Устод, аз саломатиатон бигӯед, хуб ҳастед? 

-Акнун, саломатии моро бепурсиш ҳам шиносномаамонро назар карда, баҳо додан мумкин аст. Пир шудӣ, хоҳ нохоҳ узве аз узвҳоят дард мекунад, асаб монда мешавад, каму беш мушкилиҳо пайдо мешаванд, вале ман шукр мекунам, ки Шумо даъват кардан пас, худамро худам овардам. 

-Дар сафҳаи 76-солагиатон чиҳоро хондан мумкин аст?

-Шукр, ки 76-солагӣ бисёр соли бобарор ва хотирмон буд. Ман тавонистам дубора ҳамкориямро бо Донишгоҳи миллии Тоҷиистон оғоз кунам. Дар ДСРТ мактаби илмии худамро таъсис додам, яъне мувофиқи талабот бояд дар ҷое, ки докторантура бошад, ҳатман, ки бояд мактаби илмӣ бошад. Ва боз чанд китоби таълимӣ чоп кунам...

-Худо хоҳад дар саҳифаи холии 77-солагӣ чиҳо навиштаниед?

-Аслан нависандаи саҳифаи дар назар доштаатон Офаридгор аст, аммо ба ҳар ҳол ман мехоҳам, ки соле пас ба Шумо бигӯям, ки дар 77-солагиям китоби "Таърихи журналистикаи кишварҳои хориҷӣ"-ро бо шарҳу иловаҳои нав барои донишҷӯёни ДМТ ба нашр расонидам, чандин маводҳои таълимии дигарро барои шогирдон ва алоқамандони журналистика омода намудам... Ва муҳим аз ҳама бароям соли наку буданаш аст.

-Риштаи меҳр миёни Шумо ва ҳамсинфони қазокатон то ҳол пойбарҷост?

-Албатта, мо то ҳол дар алоқоаем. Дар байни мо ту тоҷик ту қазок гуфтанӣ гап набуд. 

-Яке аз қоидахои маъмулии замони пеш он буд, ки бояд ҳар нафар пас аз хатми мактаби миёна ду сол дар истеҳсолот кор кунад ва Шумо ба ҳайси мухбири рӯзномаи ноҳиявии "Мақташӣ" ("Пахтакор) фаъолият кардед. Чӣ тавр назарияро надониста, ба амалияи журналистика пайвастед?

-Дар бобати назарияро надонистанам, дуруст гуфтед. Аммо барои худамро сафед кардан бояд бигӯям, ки ман аз чӣ тавр навиштани хабар, репортаж, мақола... бохабар будам, зеро доимо дар дасти ман рӯзнома буд.

-Дар хизмати харбӣ ҳам  яке аз мухбирони фаъоли рӯзномаи "Суворовский натиск" будед. Мехостам дар бораи ҳаёти онҷо доштаатон қисса кунед...

-Шумо кариб, ки ҳама чизро медонистаед. Ман пас аз ду соли кор дар истеҳсолот, ба сафи Армияи Шӯравӣ даъват шудам. Хизматам дар  Хабаровск, Биробидҷонн, сарҳади СССР-у Чин гузашт. Ман ҳамчун командири шӯъба, котиби комсомоли рота ва мухбири рӯзнома адои хизмат кардам.

-Устод, барои як ҷавони тоҷик мушкил набуд ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи Давлатии Қазоқистон дохил шудан?

-Не, махсус барои ман умуман мушкилие надошт.

-Кадом имтиҳони кабулатонро дар хотир доред?

-Иншосупориамро. Мавзӯи озодро интихоб кардам, ки "Дӯстии халқҳои қазоқу тоҷик» буд.

-Ҳоло ҳам иртибот ҳаст бо устодону ҳамкурсон?

-Албатта, мо то имрӯз дар иртибот ҳастем. Бисёр мақолаҳое, ки барои маҷаллаҳои хориҷӣ менависам, аввал ҳамкурсонамро нишон медиҳам. Ва ногуфта намонад, ки  дар 80-солагии факултетамон ман даъватӣ будам ва ботантана, бо ҷамъи дӯстони онҷо доштаам, ҷашн гирифтем. Ва як чизи муҳим аз хотирам намеравад, ки бахшида ба 80-солагии факултетамон китобе нашр карданд, ки дар рӯйхати нафарони «бузургон» - и факултет маро ҳам шомил кардаанд.

 

ЛАҲЗАИ ЧАҲОРУМ

Роҳи беохир

-Устод, Шуморо пеш ва ҳам пас аз хатми донишгоҳ ба Академияи илмҳои Қазоқистон даъват карда буданд. Чӣ сабаб шуд, ки ба ДМТ омадед?

-Пас аз хатми донишгоҳ, декани факултаамон Таумон Амондасов ба ман гуфтанд, ки ту чӣ дар Академия ва чӣ дар дигар ҷо кор карда метавонӣ, аммо ман мехоҳам ту ба Ватанат баргардӣ ва хизмате дар онҷо бикунӣ. Ҳамин тавр, ман аз рӯйи тақсимот ба шуъбаи журналистикаи ДМТ ба ҳайси омӯзгор ба кор омадам. 

-Лаҳзаҳои аввали кориатон дар ДМТ чӣ гуна буданд?

-Вақте ман ба ба ДМТ омадам, шодравон муаллим Зулфиқоров танҳо мутахассиси соҳа буданд. Фикр мекунам то андозае кори шуъбаро тақсим кардем ва кор осонтар шуд.

-То ҷое медонем то соли 1973 кори Шумо хуб буд...

-Бале, аммо рафта-рафта мушкил шуд, зеро муаллим Зулфиқоров ба кори дигар гузаштанд, Иброҳим Усмоновро ба Маскав аспирантура равон кардем ва ман худам танҳо мондам. Ногуфта намонад, ки дар ДМТ аллакай соли 1971 шуъбаи журналистикаро баста буданд ва мо бо кӯшишҳои зиёди устоди равоншод Воҳид Асрорӣ шуъбаи журналистикаро соли 1987 дубора барқарор кардем.

-Дар вақти набудани шуъба чӣ гуна журналист тайёр мекардед?

-Аз ҳисоби донишҷӯёни факултаи филология гуруҳе таъсис дода будем. Яъне як ихтисос доштем. Илова бар ин Русия ба ҷуз як ҷо барои аспирант боз 10 ҷойи дигар барои донишҷуёни мо муқаррар карда буд. Мо хам равон мекардем, масалан, Акбари Саттор, Шариф Ҳамдампур ва дигарон дар Русия тамом кардаанд.

-Аз чӣ гуна таъсис додани шуъбаи журналистика дар ДСРТ мегуфтед…

-Аввалан, маро соли 2000 ба ҳайси раиси комиссияи хатм даъват карда буданд. То соли 2002 ин кор давом кард. Баъдан дар фикри таъсиси шуъба шудем ва дар муддати кутоҳ шуъба таъсис ёфт. Ҳозир дар ДСРТ се кафедраи журналистӣ дорем ва дар фикри таъсиси факултет ҳастем.

-Устод, тибқи қарордод бояд 50% донишҷӯён тоҷик ва 50% рус бошанд. Оё ҳозир ҳамин тавр ҳаст?

-Мутаассифона, ҳозир қариб 80% донишҷӯйи тоҷик ва 20% донишҷӯйи рус дорем.

 

ЛАҲЗАИ ПАНҶУМ

Фарқи 50-сола

-Аз фаъолияти педагогии 50-солаатон гуфтему шунидем. Бамаврид аст, ки доири донишҷӯйи имрӯзу 50 сол қабл ҳарф занед...

-Бисёр хуб мешавад. Дар ин бахш ҳам ҳар саволе, ки дар зеҳнатон бошад, пурсидан гиред.

-Гуруҳе ё дарсе, ки бо шунидани калимаҳои донишгоҳ, донишҷӯ, кор, дарс... аввалин шуда ба хотиратон меояд кадом аст?

-Ман соли 1968 ба ДМТ омада будам ва бори аввал ба курси саввум, ки онҷо Иброҳим Усмонов ҳам таҳсил мекард, даромада, дарс додам. Фикр мекунам хотирмонтарин дарс ва хотирмонтарин гуруҳ буд ва ҳаст бароям. Бисёр гуруҳи фаъол буданд ва фаъолияшон буд, ки аз 24 нафар 18 нафарашон донишгоҳоо бо дипломи аъло хатм карданд.

-Устод, бо кадом педагоге, ки ҳамсуҳбат мешавам аз  донишҷӯйи имрӯз норозигӣ мекунанд. Назари Шумо?

-Новобаста аз тараққиёти илму техника, бояд толибилм ҳамеша дар талош ва такопӯй бошад. Бисёриҳо шикояти беҳавсалагӣ, камхонӣ, кам будани кӯшишкунандаҳо ва ғайраҳоро мегӯянд. Аммо ман ба он фикр ҳастам, ки ҳоло замона дигар шудааст, илова бар ин системаи таълим иваз шудааст ва боз чанд сабаби дигар ҳаст, ки донишҷӯйи имрӯзро мавзӯи баҳс ва нигаронӣ кардааст.

 Ба донишҷӯйи имрӯз каме вақт лозим аст то ки худашро омода кунад ба ҳама паҳлӯҳои таҳсилу ҳаёти навин.

-Як хусусияти фарққунандаеро вобаста ба донишҷӯйи имрӯз аз дирӯз бигӯед, ки Шумо бо дидани он ҳайрон мешуда бошед...

-Миёни донишҷӯйи дирӯзу имрӯз зиёдан хусусиятҳои фарққунандае, ки маро ҳайрон мекунанд. Аммо чун якто гуфтед якто мегӯям. Мо корҳои хаттӣ, рефератҳо, корҳои курсӣ, корҳои дипломӣ ва умуман ҳама машғулиятҳои иловагиро дар натиҷаи хонишҳои пай дар пайи китобҳои тавсияшуда ба таври дастӣ навишта, ҳимоя мекардем. Вале ҳоло қариб, ки як адабиёт истифода мешавад, яъне интернет. Ҳама электронӣ шудаасту дигар хуш, завқ, шавқ ва масъулият ба таври бояду шояд дида намешавад. Ногуфта намонад, ки ин вазъ танҳо мушкили мо нест, балки дар тамоми дунё аст.

-Устод, барои ман то ҳол муаммо мондааст ба тариқи тест имтиҳон гирифтан аз фанни эчодӣ... 

-Шуморо хуб фаҳмидам. Дуруст, бисёр душвор аст ин кор, аммо системаи таълим ҳамин гуна аст. Ман дар ДСРТ дарсҳоро мисли системаи пешин 90 дакикагӣ ва имтиҳонҳои эчодиро шифоҳӣ мегирам ва ин ҳақро ба мо Русия додааст. Фикр мекунам дар 90 дақиқа донишҷӯ чизи лозимаашро гирифта метавонад. 

-Дар мавриди бе имтиҳои эчодӣ ва маҳорат шомил шудан ба факултаву шуъбаҳои журналистӣ чӣ мегӯед?

-Аслан бояд аз довталабони факултету бахшҳои журналистӣ мисли пештара дар баробари имтиҳоноти дохилшавӣ талаби маводи иштишор шуда ва суҳбати рӯ ба рӯ ҷорӣ шавад, аммо ҳоло бо чанд сабабе, ки дар боло гуфтем, мумкин аст, ки ҷойҳои холӣ зиёд монад.

-Шумо, ки ҳам дар ДСРТ ва ҳам дар ДМТ дарс гуфтаеду мегӯед, лутфан тафовути донишҷӯёни ин ду донишгоҳро мегуфтед...

-Фарки калон нест, зеро таҳкурсии мактабӣ як аст. Барои донишҷӯйи ДСРТ нисбатан маводҳои таълимӣ зиёдтар дастрас ҳастанд, чунки тавре ҳамагон медонанд мо зиёдтар аз журналистикаи Русия истифода мекунем.

-Фикри Шумо дар мавриди пас аз курси сеюм дилхунук шудани донишҷуён ба дарсу донишгоҳ чӣ гуна аст?

-Ин ҳолат ба ман ҳам ошност, аммо рости то ҳол сабабашро нафаҳмидаам…

 

ЛАҲЗАИ ШАШУМ

Журналист ва диплом

-Устод, то назди истгоҳ тахминан 300 метр роҳ аст…

-Туро фаҳмидам, марҳамат саволҳоятро деҳ.

-Агар мумкин бошад доири ихтисоси интихобкардаам ва дарсмедодаи Шумо-журналист як ду чиз пурсам…

-Марҳамат.

-Бо вуҷуди он ки журналистон барои худ не, барои дигарон зиндагӣ мекунанд, боз аксари мардум онҳоро дӯст намедоранд, Шумо сабабашро дар чӣ мебинед?

-Натанҳо дар мо, балки дар тамоми дунё журналистонро аксарият чашми дидан надоранд ва бояд мову Шумо инро қабул кунем. Сабабашро ман дар ҳақиқатгӯйӣ ва фош кардани камбудиҳо мебинам.

-Аз нигоҳи Шумо журналистӣ аз куҷо оғоз мешавад?

-Аз таҳсил, ҷаҳонбинӣ, маърифат, масъалагузорӣ кардан, ғами мардумро хӯрдан, барои дигарон зистан... Бояд гуфт, ки журналистӣ касбест, ки танаффус ва истироҳат надорад.

-Диплом ва журналист чӣ умумият доранд?

-Диплом ба журналист не, балки ба идораи кор мекардааш лозим аст. Умумияташон он аст, ки ба воситаи он компютер ва кабинете медиҳандаш, вагарна барои журналисти воқеӣ он умре лозим намешавад.

Мусоҳиб: Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хонданд 421
Завқибек Сайдаминӣ: Шеъри бе сиёсат, шеър нест

Завқибек замоне бо навиштаҳои хубу ҷолибаш ситораи матбуот буд. Баъдан тавонист бо барномаҳои рангину тамошобоб диққати ҳазоронро ҷалб кунад. Ҳоло бо навиштани андешаҳо ва коментхои фарқкунандааш ситораи Facebook аст. 

Умед бар он дорем, ки дар ояндаи наздик ситораи You Tube мешавад, зеро таклифҳо барои блогер шуданаш хеле зиёданд. 

 

ФАСЛИ АВВАЛ

Кӯдаки роҳ

-  Аз даврони кӯдакӣ чи хотироте доред? Чӣ чиз аз он рӯзҳо дар ёдатон боқӣ мондааст?

- Ман дар кӯдакӣ ба ду чиз бештар таваҷҷуҳи хос доштам. Яке шеърнависӣ, дигаре ҳунармандию коргардонӣ...

- Биёед аввал аз ҳунармандию коргардониятон бигӯед.

- Як рафиқ доштам, усто буд. Устои суратгир, наворбардор. Ҳар замоне, ки камераи наворбардорӣ ё суратгиракеро таъмир мекард, пинҳонӣ, то омадани соҳибаш ман аз онҳо истифода мебурдам. Хело мехостам, ки коргардон ва ё ҳунарманди синамо бошам. Фикр мекунам ҳамон наворбардорӣ ва коргардонӣ сабаб шуд, ки имрӯз ҳам дар ин ҷода шавқам пир нашудааст.

- Имрӯз Шумо на ҳунарманд ва на коргардон ҳастед, балки журналист ҳастед. Чаро кӯшиши амалӣ намудани орзуву хоҳиши кӯдакиро накардед?

- Ман кӯшиш кардам, аммо тақдир набудааст. Дар аввал мехостам бо ҳамон шавқу завқи дар дил будаам ба донишкадаи санъат дохил шавам, аммо бо сабаби он ки ман бисёр шармгин будам, аҳли оилаам зид баромаданд.

 Баъдан, соли 2007 ният кардам, ки филме ба навор мегирам, вале мутаассифона натавонистам, чунки декабри соли 2007 ва январи 2008 дар тарафҳои мо (шаҳри Роғун) чунон хунукию яхбандӣ омад, ки филмбардорӣ як тараф истад, ба берун баромадан мушкил буд. Ҳамин тавр орзӯи ман амалӣ нашуд.

- Филми орзуҳо дар бораи чӣ буд?

- Ҳаводиси ҷанги шаҳрвандиро инъикос мекард. Масалан, он солҳо агар дар хонае нафаре аз муҳоҷирати меҳнатӣ меомад, ҳатман, ки дузде, роҳзане, авбоше ба он хона ҳамла мекард. Ин филм умуман дар бораи ноадолатию беқадрии ҷони одамӣ бояд мебуд.

- Намехоҳед, ки дар бораи шеъру шоириатон ҳарф занед?

- Даъвои шоирӣ надорам, танҳо хоҳиш доштам, ки шеър эҷод кунам. Аввалҳо чапаву роста бисёр менавиштам, аммо вақте боақлтар шудам, фаҳмидам, ки он қадар кори муҳим нест ва ҳоло танҳо барои ҳамсарам менависам.

- Чаро ба ин фикр ҳастед?

-Шеъре, ки дар бораи зиндонӣ шудани чанд нафари бегуноҳ нест, шеъре, ки инъикоскунандаи қиматии бозорҳо нест, шеъре, ки беқурбии одамизодро намегӯяд, шеъре, ки аз ноадолатию вазъи ногуворе намегӯяд, пас вай шеър нест. Шеъри имрӯз аз шиками сер аст ва ҳар нафаре, ки шикамаш сер бошад, шеър менависад.  Масалан дар бораи зулфи ёр ва қомати дилрабои нозанинаш ва ғ.

- Пас чаро худи Шумо ҳамин мавзӯъро ба риштаи назм намекашед?

- Тавре дар боло гуфтам, ман даъвои шоирӣ надорам ва медонам, ки наметавонам он чизе, ки дар дилам аст дар қолаби назм дарорам. Шеъру шоири вазифаву кори ман нест.

 

ФАСЛИ ДУВУМ

Хоки Ватан

-Ба андешаи он ки «ҳарҷо ки шикам сер шуд, ватан аст» Шумо розиед?

-Не, асло розӣ шуда наметавонам. Дар ғарибӣ ман ҳатто шиғҳои хонаамонро ёд карда будам. Ватан зодгоҳ аст!

-Фикр мекунам, ки дар ғарибӣ азобу машаққати зиёд кашидаед...

-Пас аз хатми дониишгоҳ ба Русия рафтам. Барои тамошо не, балки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта будам. Ҳамагӣ сеюним моҳ кор кардам. Вале тӯли сеюним моҳ қариб,  ҳама дашному таҳқири русро шунидам. 

-Масалан...

-Ман дар дастам як хол дорам, Вақте бемор шудаму ба беморхона рафтам, духтурон пайи ҳам аз ман мепурсиданд, ки ту "укол" мекунӣ? Онҳо медонистанд, ки хол аст, аммо...

-Чаро ин қадар кам дар Русия мондед?

-Ман дар ҷое кору зиндагӣ мекардам, ки парвозкунии ҳавопаймоҳо ҳар лаҳза ба назар мерасид. Ҳар вақте, ки парвози ҳавопаймоеро медидам, дилам реш-реш мешуд ва ҳамон замон худамро дар дарунаш ҳис мекардам. Тӯли ин муддат чанд маротиб, хаёлан дар ин ҳавопаймоҳҳо ба Тоҷикистон меомадаму мерафтам.

-Ва билохира...

-Билохира, дигар сабрам намонд ва омадам. Баробари аз ҳавопаймо фаромадан, бар хилофи мардуме, ки сӯи автобус медавиданд, ман бо зону зада, хоки ватанро ба дидагонам молидам, хазорхо маротиба шукри Худоро кардам, ки боз ба ватан баргаштам.

 

ФАСЛИ САВВУМ

Чанд кадам дар роҳи дароз

-Шумо пас аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба журналистика пайвастед?

-Ман дар замони донишчӯйӣ ҳам менавиштам ва бо ВАО ҳамкорӣ доштам. Танҳо пас аз муҳоҷирати семоҳа пурра ба касбам пайвастам.

-Корро аз куҷо расман оғоз кардед?

-АзТелевизиони Симои Мустақили Тоҷикистон. 

- Кӣ ба Шумо ба ҳайси навкор дасти кӯмак дароз мекард?

-Ба ман бештар устодон Хилватшоҳ ва Зинатулло кӯмак мекарданд.

-То ҷое медонем, Шумо бо рӯзномаҳои "Пайкон" ва "Имрӯз-нюс" ҳам ҳамкорӣ доштед...

-Бале. Вақти кор карданам дар СМТ, барои таъсиси рӯзномаи ҳаррӯза яъне "Имрӯз-нюс" ба як гурӯҳ бачаҳо, ки ман ҳам дар миёнашон будам, устод Раҷаби Мирзо дарс гуфтанд. Моро ҳаматарафа ва пурра омода карданд барои кор дар рӯзномаи харрӯза. Ҳамон замон ман ҳамкорӣ кардам. 

-Кӣ ба журналист шудани Шумо мосоидат кард?

- Инҳо ба ман ҳаққи устодӣ доранд: Хилватшоҳи Маҳмуд, Раҷаби Мирзо, Саймуддин Дӯстов, Гулчеҳра, Зинатуллои Исмоил, Асадулло Раҳмон, Ҷумъаи Толиб, Зафари Сӯфӣ.

-Саҳифаи "Ҳарфи ҳодиса"-и Шумо матолиби пурсару садои “Имрӯз-нюс" ба шумор мерафт. Шикоятҳо аз болои журналистон ҳам буданд?

-Албатта, бе ин намешавад! Қариб ҳаррӯз шикоятҳои гуногун ба суроғи мо меомаданд, аммо ҷавоби мо якто буд: "Марҳамат 300-400 метр Суди олӣ аст, чӣ шикояте, ки доред онҷо рафта гӯед"

-Хонандаи аввалинатон дар навиштаҳои фейсбукиатон кист?

-Ҳамсарам. Ӯ аксар вақт ба навиштаҳои ман муқобил мебарояд ва то андозае кӯшиш мекунад, ки ман нармтар нависам.

-Сабаби зиёд «лайк»-у  «комент» гирифтани матолибатон чист?

-Ман барои "лайк" гирифтан наменависам. Вале бояд бигӯям, ки агар ба навиштаҳои журналист вокуниш нишон надиҳанд, пас вай танҳо барои худаш менависад. Журналистро бояд суроғ кунанд, кобанд, ёбанд. Бо журналист мардум бояд ҳамфикр шаванд ё зид бароянд. 

 

ФАСЛИ ЧАҲОРУМ

Тадқиқоти нотамом

-Дар Телевизиони Тоҷикистон корро аз чӣ оғоз кардед?

-Корро дар барномаи «Чарх» оғоз кардам. 

-«Чарх» ба бинанда чиро нишон додан мехост?

-Падару модаронеро мазаммат мекард, ки фарзандони худро дар ятимхонаҳо партофта буданд.

-Яъне гуфтанӣ ҳастед, ки телевизион ба мардум наздик буд?

-Бале наздики наздик буд. Масалан, чанд сол қабл, бо гурӯҳи эҷодии барномаи "Тадқиқоти журналист" ба ноҳияи Файзобод рафта будем. Вақте худамонро муаррифӣ кардему гуфтем, ки барои ҳалли мушкилии Шумо омадаем, мӯйсафеде, ки дар 8 сотих замин бо 4 писару келинҳояш зиндагӣ мекард аз хурсандӣ ашк рехт. Ҳарчанд кӯшиш кард, ба ҷуз як ҷумла дигар чизе гуфта натавонист: «Шумо аз телевизион омадед барои мушкилии мани камбағалро ҳал кардан?» Мо танҳо кӯшиши онро мекардем, ки бо халқ наздик шавем. 

-Бештар кадом масъалаҳоро пайгирӣ мекардед?

-«Тадқиқоти журналист» барномаи идоравӣ буд. Дастаҷамъона кӯлоҳашро истифода мекардем. Ман бошам зиёдтар баҳсҳои судиро пайгирӣ мекардам.

-Лаззати кори журналистӣ кадом вақт зоҳир мегардад?

-Вақте ки ба рӯйи мардуми оддӣ ҳама дарҳо пӯшида мешаванд ва ягона роҳи ҳалли мушкилияшонро дар кори журналистӣ мебинанду ба мо муроҷиат мекунанд. Мо, ки умеди охиринашон ҳастем, бо шавқу завқ аз пайи ҳалли масъала мешавем. 

-Оё тадқиқоти журналистӣ дар матбуот аз тадқиқоти журналистӣ дар телевизион дида  осонтар аст ё баракс?

-Аслан ҳеҷ тадқиқот осон нест, аммо метавон гуфт, ки усули тадқиқоти мо, ки дар барномаи «Тадқиқоти журналист» мегузаронидем, осонтар буд. Ду тарафи даъвогарро ҳамроҳи шоҳидҳояшон рӯ ба рӯ мешинондем ва равиши сӯҳбатро идора мекардем.

- Чаро «Тадқиқоти журналист» аз миён рафт?

-Баъзе масъалаҳое пеш омаданд, ки монеаи пахш ин барнома шуданд. 

-Ҳоло барномаи «Самт»-ро пеш бурда истодаед?

-Бале, ҳоло «Самт»-ро пеш бурда истодаам. Аслан, ин барнома дар якҷоягӣ бо кормандони БДА мегузарад. Кӯшиш мекунем, ки аз қонуну қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мардумро огоҳ созем. 

-Чанде пеш қароре қабул шуд, ки ҳар нафаре, ки дар ҳолати мастӣ сари чамбарак мешинад, 15 000 сомонӣ ҷарима ё 15 шабонарӯз ҳабс мешавад. Шумо чӣ назар доред?

-Ман 100% тарафдорам. Мардум ҷонашонро аз куча наёфтаанд. Фикри ман ин аст, ки ҳоло ҳам ҷаримаро бояд зиёдтар кунанд.

-Барномаи охиринатонро дидам, дар бораи терминалҳои мусофирбарӣ буд...

-Изҳори нигаронии ман дар ин маврид аз он аст, ки аксар шаҳру навоҳии мо ба маънии томаш терминали мусофирбарӣ надоранд. Масалан, шаҳри Роғун, ки 27 бинои 9 ошёна дорад умуман терминали мусофирбарӣ надорад. Ин мушкилии бисёр ҷиддист, махсусан дар соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ». Сайёҳи хориҷӣ мисли мо дар пӯшти дарахтону мағозаҳо нақлиёт интизор намешаванд. Барои онҳо терминали мусофирбарӣ сохтан лозим. Моро маҳз аз рӯи ҳамин баҳо медиҳанд. 

 

ФАСЛИ ПАНҶУМ

Шеърбатл бо падар

-Инсон бисёр вақт аз ҳақиқат мегурезад ва бовар намекунад, ки нафари наздик ва ё чизи муқаддасеро аз даст додааст. Шумо ба ин ҳолат афтода будед? 

-Дуруст гуфтед. Чанд рӯз пас 1 сол мешавад, ки падарам бо ман несту ба олами абадӣ рафтааст. Аммо ҳеҷ боварам  намеояд, ки  имрӯз ӯ дар барам нест. Вуҷудам месӯзаду бовар намекунам. Ин дард бовар нокарданист.

-Падаратон ба чӣ кор машғул буданд одатан?

-Падарам усто буданд. То охирин нафас бо меҳнати худ нони халол хӯрда буданд. 

-Дар ҷое гуфта будед, ки аз падарам пиртар ҳастам, инро чӣ гуна  шарҳ медиҳед?

-Падари раҳматии ман ҳамагӣ 58 сол доштанд, бисёр ҷавон буданд.  Ҳоло се дандони ман афтида аст, аммо ягон дандони падарам ҳатто нуқсон надоштанд. Худ қазоват кунед, кӣ пир аст? 

-Дар оила чӣ гуна шахсият буданд? 

-Хислати аҷибе доштанд. Аз омадан то рафтани меҳмонон рост меистоданд, ҳатто лаҳзае наменишастанд.

-Ба ғайр аз устогӣ боз ба чӣ корҳо шуғл доштанд?

-Кам-кам шеър менавиштанд. Ба шеърҳои ошиқонае, ки ман барои чанд духтар навишта будам, ҷавоб гардониданд. Ман ҳам дар навбати худ бо шеър посух мегардонидам. 

-Яъне шеърбатл? 

-Ҳамин тавр.

-Завқибек Сайдаминӣ чиро дид дар ин дунё?

-Ҳам алмосро ва ҳам меросро.

Мусоҳиб: Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Хонданд 798
Момагул Раҷабова:  Ҳафт ранги фасонаи умр...

НИГОҲИ АВВАЛ:

Чил сол фарёдшунави дард

Намедонам чандум сафарам ба ноҳияи Данғара аст, вале хуб медонам, ки дар ҳар сафар чанд нафаре пайдо мешавад ва мегӯяд: “Бачам, қати холаи Момагулат як саволу ҷавоб накардӣ?...”. Се нуқта маънои онро дорад, ки ҳар кадоме бо тарзи ба худ хос аз духтури оилавиашон Момагул Раҷабова васф мекарданд. Ин маротиба ҳам ҳолати пештара рух дод.

Момагул Раҷабова 4-уми апрели соли 1959 дар деҳаи Корези болои шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Имсол баробари ба охир расидани соли таҳсил қаҳрамони мо 40-солагии фаъолияти худро қайд кард. 40 сол бо мардум, 40 сол дар гӯш оҳу воҳ. 40 сол гӯш ба қимор, ки касе бо ҳоҷате дарашро мекӯбад. 40 сол дар бӯйи дору. 40 сол табиби қалбҳои мардуми дурдасттарин деҳаҳои шаҳру навоҳии Кӯлобу Хуросону Данғара.

Мо атрофи 59 соли зиндагӣ ва 40 соли ҳамрози мардум буданаш бо ин зани дилбохтаи касби худ суҳбате доштем.

НИГОҲИ ДУВВУМ:

Кӯчаи лойолуди хотираҳо

- Чӣ тавр ба суроғи даврони кӯдакӣ меравед?

- Сари  чанд вақт ба зодгоҳам меравам ва аз ҳар дарахту девор, сангу сафол, хонаву мактаб кӯдакиамро суроғ мекунам. Ҳама чизҳои деҳаи ман бӯй мекунанд, бӯйи кӯдакии ман.

- Кӯдакии Шумо чи гуна гузаштааст?

- Ман он даврони ширинро бо “хола-бозӣ” гузаронидаам. Дар кӯчаамон чанд духтаре буд, ки ҳамагӣ ҳар рӯз дар хонаи мо ҷамъ мешуданд ва мо афсонаҳое мебофтем, ки имрӯз худ қаҳрамонашон шудаем...

- Аз мактаб чӣ монда ба лавҳи хотир?

- Дар синфи дуюм мехондам. Як рӯз муаллим дар тахтаи синф рақами 22 навишт ва аз ман чанд будани рақами навиштаашро пурсид. Ман бошам, 2 ва 2 ҷавоб дода будам.

- Ёд доред, ки охирин бор кай бо ҳамсинфонатон якҷоя вохӯрда, суҳбат карда бошед?

- Соли 2016 мо 40-солагии хатми мактабамонро якҷоя қайд кардем. Ман ҳар вақте ки ба деҳаам равам, ҳатман хона ба хонаи ҳамсинфонам гашта, онҳоро алоҳида-алоҳида мебинам ва аз саломатию рӯзгордориашон бохабар мешавам.

НИГОҲИ САВВУМ:

Таҳсили пинҳонӣ

- Хору хас, сангу кулӯх дар роҳи ба омӯзишгоҳ дохил шудани як духтари деҳотӣ набуд магар?

- Буд-буд, бачам. Ғайр аз гуфтаҳои ту боз дар роҳи таҳсили ман дарёву кӯлҳо ҳам буданд, аммо Худо ба ман кӯмак кард. Аз синфи мо чанд нафар ба шаҳри Кӯлоб барои идомаи таҳсил камар бастанд ва мо нафарони аввалин аз деҳаамон будем. Зиддиятҳо зиёд буданд, хусусан бародарони модарам дар аввал муқобили таҳсили ман буданд ва кор то ҷое расид, ки як соли расои таҳсиламро пинҳонӣ ва бо роҳҳои дарозе, ки тағоҳоям маро набинанд, гузаронидам. Баъдан бо ёрии Худованд ва модарам каме ҳам бошад тағоҳоям аз аспи хашму бадгумонӣ фаромаданду ёрирасонам шуданд.

- Аз даврони таҳсили ним пинҳонию ним ошкороятон ягон лаҳзае ҳаст, ки барои мо қисса кунед?

- Таҳсилам дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб бисёр хуб буд. Моро бештар бачаҳои гуруҳамон фиреб медоданд. Дар роҳи хона-омӯзишгоҳ як дарахти тути калон буд ва барои дар паҳлуи мо қадам задан, бачаҳои гуруҳамон моро метарсонданд, ки зери он дарахт аҷина аст. Мо бошем, фақат дар сояи онҳо мерафтему меомадем.

НИГОҲИ ЧАҲОРУМ:

Ҷавоби мактубҳо

- Замони таҳсил дар мактабу омӯзишгоҳ ишқ дар ҷузвдони Шумо буд ё...?

- Вақти мактабхониам ақлам ба ишқу ошиқӣ намерасид. Замоне, ки дар омӯзишгоҳ таҳсил мекардам, ақлам басанда буд, аммо фикре, ки атрофи номам гапи баде пайдо нашавад, нагузоштам, ки касе наздик шавад ба ман. Дар ҳоле, ки чанд ҷавон ба ман таваҷҷуҳ доштанд.

- Хуб, Шумо чӣ тавр шавҳар кардед?

- Ман пас аз хатми омӯзишгоҳ бо роҳхат якуним сол дар Беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Кӯлоб ба ҳайси хоҳари шафқат кор кардам. Баъдан шавҳар кардам.

- Бо шавҳаратон чи гуна муносибат доштед пеш аз тӯй?

- Мо пеш аз тӯй ҳамагӣ як маротиба ҳамдигарро дидем. Қиссаи хонадоршавии мо каме аҷиб аст. Вақте ки мо якдигарамонро дидем, шуълаи меҳре фурӯзон шуд. Баъд тарафи мо, намедонам бо кадом сабабе, пайвастани моро нахостанд. Мо бо як вохӯрӣ ва як суҳбат одат кардем ба ҳам. Баъдан илоҷи ба ҳам расиданро бо тасаллӣ додани якдигар ба воситаи мактуб донистем...

- Узр, гапатонро мебурам. Яъне билохира нафаре пайдо шуд, ки Шумо мактуббозӣ кунед?

- Ҳамин тавр, аммо мактубҳои мо аз бекорӣ, бозӣ ва ё хурсандӣ набуданд, балки кӯшиш мекардем ба висоли ҳам бирасем.

- Чӣ, мактубҳо қудрати ба висоли ҳамдигар расонидани Шуморо доштанд? Дар он мактубҳои аввалу бароятон азиз, кадом ҷумлаҳо навишта шуда буданд?

- Ҳар мактуби дилдорро пас аз хонданам ба болои ҷевонамон мегузоштам, ки хонагиҳо ҳама бихонанд ва аз ҳолати мо бохабар шаванд. Масалан вай рӯзе навишта буд: “Ҳаракат кун ба висоли ҳам бирасем, ман туро дӯст медорам!”. Ҷавоби ман чунин буд: “Ман кӯшиш карда истодаам, ки мо якҷо шавем ва ба ин боварӣ дорам...”. Ба ҳамин монанд. Душвортарин кор дар ҳаётам ҷавоб гардонидан ба мактубҳо буд.

НИГОҲИ ПАНҶУМ:

Гиря дар сӯги падар

- Тавре медонем, Шумо оғӯши падарро ба хотир надоред. Ҳамин тавр?

- Бале, натанҳо оғӯш, балки дар ёдам нест навозишҳо, духтарамгӯиҳояш... Лекин...

- Се нуқтаи пас аз “лекин” чӣ маъно дорад?

- Аз падарам як хотира дорам. Ман хуб дар хотир дорам, ки падарам дар пушташ захме дошт ва аз дарди он азият мекашид. Вақте ки калон шудам, аз модарам ҳақиқат ё хоб будани онро пурсидам. Модарам гуфтанд, ки дар ҳақиқат дар пушти падарам захме буда ва он вақт ман якунимсола будаам.

- Дар сӯги падар гиря накардан чӣ маъно дорад?

- Мурдан хубтар аст, аммо фаҳмиши ман намерасид.

- Ҳоло ҳам барои падар  гиря мекунед?

- Бале, бе ин намешавад. Ҳар вақте ки ба мотамхонае равам, чанд дақиқае барои падарам мегирям.

НИГОҲИ ШАШУМ:

Табиби дилҳо

- Харитаи зиндагӣ давоми роҳи ҳаётатонро чӣ гуна нишон дод?

- Ман дар ноҳияи Хуросон 12 сол бо шавҳарам зиндагӣ кардам. Соҳиби 4 фарзанд шудем. Зиндагиамон бисёр хуб буд. Соли 1986 дар ноҳияи Данғара деҳае бо номи Чорсада бунёд шуд. Сокинони деҳа аз ноҳияи Комсомолобод муҳоҷир шуда буданд. Шавҳари ман, ки биносоз буд, дар ҳамон деҳа хонааш доданд. Мо аз Хуросон ба Данғара кӯч бастем. Рости гап, пас аз омаданам пушаймон шуда будам. Зеро дар макони нави зисти мо, ки навбунёд буд, ба ҷуз дашти хоктудае дигар чизеро дидан мумкин набуд. Пас аз андаке барои ман як вагон ҷудо карданд, то ба мардум хизмати тиббӣ расонам. Дар як вақт ба мардуми 6 деҳа хизмат мерасондам. Ҳамин тавр, дар ин ҷо мо боз соҳиби 3 фарзанди дигар шудем. Шавҳарам инсони хуб буд, боре гапи мо ду нашуда буд.

- Тавре медонем, ҳоло шавҳаратон дар қайди ҳаёт нестанд...

- Дуруст. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ зиндагӣ мушкил шуд. Нон пайдо кардан душвор шуд. Яку якбора 4 фарзанди мо дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ таҳсил мекарданд. Ноилоҷ шавҳарам ба Русия коркунӣ рафт. 23-юми феврали соли 2002 рафт ва 24-уми апрели ҳамон сол мурдаашро оварданд.

- Зиндагӣ вазнинтар, гиряҳо аёнтар, ғамҳо зиёдтар, нон камтар, кори саҳро зиёдтар...

- Зиндагиам мушкилтар шуд. Бо кори саҳро тавонистам, ки фарзандонамро хононам. Ҳоло охирин фарзандам дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҳсил дорад.

- Зиндагиатон кай ранги дигар гирифт?

- Вақте ки дуюмбора барои зери об мондани яке аз деҳаҳои ноҳияи Нуробод мардуми зиёде ба Данғара кӯчонида шуданду деҳаи Чорсада-2 бунёд шуд. Ман дар ин деҳа духтур интихоб шудам ва сокинонашро мисли сокинони деҳаи худам ҳар рӯз хабар мегирам. Ногуфта намонад, ки дар деҳаи навбунёд бунгоҳи тиббӣ бо тамоми шароитҳои замонавӣ сохта, калидашро ба дасти ман доданд.

- Одат, муҳаббат ва ё тақозои касб аст, ки Шумо хона ба хона мегардед?

- Ман ҳамаи вариантҳои пешниҳодкардаатонро қабул дорам ва ба фикрам, ба хотири ҳамааш аст рафтуомадам. Зеро, вақтҳое мешавад, ки ба хонаҳое меравам, ки бемор надоранд ва ин рафтанҳоро метавон аз муҳаббат ва аз рӯйи одат номид.

 

НИГОҲИ ҲАФТУМ:

Танҳоӣ, гул, суруд

 

- Аз мушкилиҳо ба куҷо мегурезед?

- Ба танҳоӣ.

- Дар танҳоӣ чӣ кор мекунед?

- Гул мекорам.

- Вақти гулкорӣ суруд мехонед ё фикр мекунед?

- Суруд мехонам.

- Садоятон хаста  мабод!

Суҳбати Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

Душанбе-Данғара-Душанбе

Хонданд 522

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.