.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Мусоҳиба

Ҳунарманди асил бо гузашти вақт низ мавқеи хешро нигоҳ медорад ва оҳангу суруди писандида аз хотир зудуда намешавад. Баҳодур Неъмат бо ҳамин махсусияти ҳунарӣ дар саҳна на танҳо устувор монд, балки тавонист насли ҷавонеро дар мисоли фарзандаш Муҳаммадҷони Неъмат ба олами ҳунар роҳнамун шавад. Ин суҳбат бо овозхон аз боби доди илоҳӣ, меҳри диёр, тавону тарбияи шогирдону фарзандон ва ҳикмати ҳунари асил аст.

- Ҳунармандон бо шеваҳои гуногун вориди саҳнаи ҳунар мешаванд ва таври маълум, танҳо истеъдоди асил ҷовид мемонад. Шояд маҳз истеъдоди азалӣ боис гашт, то Шумо дар ҷодаи санъат устувор бимонед?
- Аввалан, албатта шукр мегӯям, ки Худо ба ман ҳамин истеъдодро додааст. Дувум, табиист, ки кӯшишу ғайрат ва меҳнату ҷустуҷӯҳоям ба ин боис гашт. Ман шеърро бисёр дӯст медорам, шеърҳои шоирони классик ва ҳозираро пайваста хотирагардону мутолиа менамоям. Албатта, барои ҳунарманди асил шудан ва касби худро то охир бурдан ба ғайр аз истеъдод бисёр меҳнат кардан даркор аст, шабу рӯз ҷустуҷӯ намудан лозим, дар фикри эҷоди суруди нав бояд буд. Яъне, санъатро дӯст доштан даркор аст. Агар одам касбашро дӯст дорад, ӯ ҳеҷ вақт аз ҷустуҷӯ, машқ, эҷод кардан, навохтану суруд хондан монда ва дилгир намешавад. Пеш аз ҳама ба касби худ муҳаббат доштан лозим. Он вақт одам метавонад дар ин ҷода пеш равад ва ба касби худ то охири ҳаёт содиқ бошад.
- Шумо дар жанри эстрада суруд сароидаед, аммо бо сабку гунаи хос. Сабки ба мардум наздик, ки онро хеле хуш пазируфтанд. Асоси муваффақияти худро дар чӣ мебинед? Шояд асос ҳамин сабку услуби хос бошад?
- Асос ҳамин аст. Ҳар як овозхон бояд сабку услуби худро дошта бошад. Ҳунари овозхон бояд ба ҳеҷ кас монанд набошад, он гоҳ ӯ писанди мардум мегардад ва мухлисони худро пайдо менамояд. Бурдбории ман дар ҳамин аст, ки худ эҷод мекунам ва кадом шеъре бароям писанд аст, оҳанг мебандаму месароям. Ин барои ман кӯмаки калонест ва имкони хубе, ки худ созҳои мусиқиро навохта, эҷод карда метавонам. Ман бо сабку услуби худ ба саҳна омадам ва барои ҳамин ба зудӣ мухлисони зиёд пайдо кардам.
- Шумо дар аввали суҳбат қайд кардед, ки зиёд шеъру сухани баландмазмунро меписандед ва он чӣ аз эҷодатон пайдост, ҳама сурудҳои баландмазмун ҳастанд. То ҷойе огаҳӣ дорем, бо хонаводаи шоири маҳбуб Раҳмат Назрӣ пайвандӣ доред. Пайванди хонаводагӣ бо шоирон ё робитаи дӯстӣ то куҷо дар пешбурди фаъолияти эҷодиятон таъсир гузошт?
- Пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки модари мо шахси бисёр фарҳангӣ, китобдӯстдору китобхон буданд. Гарчанде маълумоти олӣ надоштанд, бисёр одами бомаърифат маҳсуб меёфтанд. Шеърҳои Бедилу Саъдиву Ҳофизро бо хати форсӣ бароямон мехонданду мо гӯш мекардем. Баъдан, апаи калонии ман Маҳбуба Неъматова, ки шуъбаи журналистикаи ДМТ-ро хатм намуда буданд, шоираи бачагона ҳастанд ва ҳам пешаи рӯзноманигорӣ ва ҳам шоирӣ доранд. Албатта, таъсири ин ҳам ҳаст. Бародари калонии ман меъмор ва дар ин баробар бисёр санъатдӯст буданд. Он кас ҳам сози тору рубоб менавохтанд ва ҳам суруд мехонданд. Баъд аз он мо бо шоир Раҳмат Назрӣ ва Ҳазрат Сабоҳӣ хешу табориву пайвандӣ пайдо кардем. Онҳо шавҳарони хоҳарони мананд. Баъдан, аз миёни шоирон дӯстони зиёд дорам. Назри Яздон, Муҳтарам Ҳотам, Камол Насрулло ва дигар адибон. Ман ҳамаи шоиронро ҳурмат мекунам ва китобҳояшонро варақ мезанам. Аз шеърҳои Турсунзода, Лоҳутӣ, аз Лоиқ Шералӣ бисёр суруд сароидаам. Аз эҷоди Камол Насрулло низ чанд шеър хондаам. Аз шеърҳои калассиконамон Ҳофизу Бедил, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Шайх Камол, Аттор ва Ҳаким Саноӣ сурудҳо эҷод кардаам. Давоми соли ҷорӣ чор барномаи зинда доир намудем. Як барномаи мо бо номи «Соҳил» бо Назри Яздон буд. Дар телевизиони «Сафина» мо зинда мусиқӣ навохта, суруд хондем ва ҳама таронаҳо бар ашъори Назри Яздон пешниҳод шуд. Баъд аз он бо Раҳмат Назрӣ дар Хонаи адибон маҳфили «Ширу шакар» доир кардем. Баъдан ба муносибати 75-солагии Лоиқ як барнома гузаронидем, ки ман танҳо шеърҳои Лоиқ Шералиро сароидам. Сипас, як барномаи шоми ғазал буд, ки ман танҳо ғазалҳои Носири Бухороиро хондам. Ҳоло мо бо Муҳтарам Ҳотам як барнома омода карда истодаем. Бар ашъори устод Муҳтарам Ҳотам 7-8 суруд омода кардаам ва тайёрӣ дида истодаему ният аст барномаи махсус ба монанди «Соҳил» ё «Ширу шакар» пешниҳод созем. Ин барнома қариб ки омода аст. Умуман, ман бо шоирон зиёд ҳамкорӣ дорам. Шеърҳои класссиконро шабу рӯз варақ мезанам, ҷустуҷӯ менамоям ва ғазалҳои беҳтарине, ки ба дилу табъи ман мувофиқ меояд, оҳанг мебандам ва мехонам.
- Бисёр сурудҳои писандидае доред, чун «Ай Худо», «Гули ноз», «Сабр», «Нигори Бухоро», «Шаб ба хайр»… Ҳамаи ин сурудҳо байни мардум маҳбубият доранд. Бовуҷуд, чун пешорӯ бо мардум қарор мегиред, бештар аз Шумо сароидани кадом суруд тақозо мешавад?
- Дар айни ҳол суруди «Осон шавад ба сабр ҳама кор, ғам махӯр…» ё:
Ғами олам махӯр, эй дил, ки олам ғам намеарзад,
Ба ғамгин гаштани як дил ҳама олам намеарзад.
Суруди дигар «Нигори Бухоро» бар шеъри Назри Яздон. «Ҷавониям, ҷавониям, ҷавонӣ», суруд бар шеъри Назри Яздон. Бар ашъори Раҳмат Назрӣ ман зиёд суруд хондаам: «Эй Ватан», «Тоҷикистон», «Диламе», «Хуш омадӣ», «Чашми сиёҳе дорӣ». Дар чандин сурудҳоям васфи Тоҷикистони азиз ва Ватани маҳбуб кардаам. Ҳозир, тавре гуфтам, бар ашъори Муҳтарам Ҳотам чанд оҳанги нав офаридам. Якеаш суруди «Нома»:
Ман нома кунам, нома ба ҷонон бифиристам…
Баъд аз он дар бораи рӯзи таваллуд як суруд омода кардем. Дар чандин мавзуҳо суруд эҷод намудаем. Дар бораи меҳан бо Муҳтарам Ҳотам як суруди дигар омода кардем. Умуман, тақозо вобаста ба шунавандест, ки суруди маро шунидааст ва дар бораи он маълумот дораду албатта онро талаб мекунад.
- Суруди «Аз зери чодарат», ки бисёр дилписанд аст, аз лаҳни дигар сарояндаҳо зиёд садо медиҳад. Шояд ин аз маҳбубияти зиёди суруд бошад? Мехостам дар бораи тавлиди ҳамин оҳангу суруд сухан бигӯед.
- Соли 1984 вақте ки мо дуюмбора сафари Афғонистон доштем, Зебо Аминзода сабти ҳамин сурудро оварданд. Ин суруди афғонӣ аст. Гуфтанд, ки ҳамин сурудро омода намоед, духтарони ансамбли «Зебо» рақс мекунанд ва вақти сафар дар Афғонистон ин сурудро бо рақсаш иҷро мекунем. Фармоишгар Зебо Аминзода буданд ва бо шарофати ӯ ман ҳамин сурудро омодаву сабт кардам. Он то ҳол дар телевизион гоҳ-гоҳ намоиш дода мешавад. Дар Афғонистон низ ин сурудро бо рақсаш хуш қабул карданд.
- Як суруди маҳбуби дигари Шумо «Шаб ба хайр» аст. Он махсус эҷод шуд?
- Ин сурудро ман соли 1975 ҳангоми донишҷӯиям иҷро кардам. Дар курси сеюм мехондам, ки ин суруд иҷро шуд. Ҳамон вақт мо ҳангоми пахтачинӣ бегоҳиҳо базм меоростем. Як бегоҳ навбати ман буд ва хеле суруд хондаму баъдан дар охир якумин бор ҳамин сурудро сароидам. Баъд аз он дар маҳфилҳои Донишкадаи санъат онро мехондам. Баъдан ба воситаи телевизион бо аккордеон ва дигар асбобҳои миллӣ ин сурудро иҷро кардам. Баъд аз хатми донишкада устод Орифшо Орипов маро даъват карданду вақте ки ба оркестри «Гулшан» омада, корро шуруъ кардам, суруди дуюми ман ҳамин «Шаб ба хайр» буд. Аввал суруди «Эй Ватан»-ро бар шеъри Раҳмат Назрӣ хондам, баъд «Шаб ба хайр».
- Ин сурудро бо Муқаддас Набиева низ сароидаед. Чаро маҳз бо ӯ?
- Варианти дуюми суруди «Шаб ба хайр»-ро бо Муқаддас Набиева хондам. Баъди ин боз худам сароидам. Боз варианте ҳаст, ки дар Афғонистон бо Хурмо Ширинова хондам. Баъди ин боз худам танҳо сурудро сабт кардам. Умуман, чандин вариантҳояш ҳаст. То ҳозир ман ин сурудро такрор ба такрор мехонам. Охирин бор дар барномае, ки барои Лоиқ Шералӣ карда будем, дар ҳамон «Лоиқнома» мо бо навозандагон ин сурудро зинда навохтаву хондем. Давраи ҷавонӣ ин сурудро бо аккордеон хондаам. Чаро маҳз бо Муқаддас Набиева он садо дод? Чунки, вақте аввалин бор онро танҳо хондам, баъдтараш шодравон Юрий Лядов оҳангро аз нав танзим карду шодравон Муқаддас Набиева ба ман муроҷиат кард, ки «Баҳодур, биё ҳамин сурудро якҷоя хонем». Мо боз якҷо онро сароидем. Баъд ман танҳо онро хондам. Баъдан, ки ба Афғонистон сафари ҳунарӣ доштем, онҷо ба мо тавсия доданд, то дар охир «Шаб ба хайр»-ро бихонем. Тамоми иштироккунандагони консерт дар саҳна меистоданд ва мо ду нафар «Шаб ба хайр»-ро мехондему ҳама ҳамовозӣ мекарданд. Ҳатто сабти телевизионии он дар ман ҳаст.
- Дар бораи замони фаъолияти худ дар «Гулшан» қисса мекардед. Чун он вақт «Гулшан» воқеан ҳам маҳбубияти хеле баланд дошт ва як ҳайати эҷодии фарогири ҳунармандони асил гирд омада буд. Ба мисли Шумо, Кароматулло Қурбонов, Хурмо Ширинова, Муқаддас Набиева, Махфират Ҳамроқулова, Умар Зиёев ва зиёд нафарони дигар… Чӣ махсусият буд, ки «Гулшан» яку якбора маҳбуб шавад ва ҳама ҳунармандони писандида он ҷо ҷамъ оянд?
- Ансамбли «Гулшан», ки дар назди Кумитаи радио ва телевизион буд, ба он ҷо ҳар кас шомил шуда наметавонист. Танҳо истеъдодҳои фавқулоддаро қабул дошанд. Яъне, он ҷо одамони тасодуфӣ набуданд ва шомил шуда наметавонистанд. Чунки талабот бисёр сахт буд. Он ҷо бисёр навозандаҳои хуб ҷамъ омада буданд. Овозхонҳо низ бояд касони тасодуфӣ намебуданд. Як системае буд, ки кор ҷӯш мезад. Бастакорон оҳанг меоварданд, оркестр ҳар ҳафта мусиқӣ сабт мекард, сарояндаҳо овоз менавиштанд. Ҳар ҳафта сурудҳои нав омода мешуданд. Ҳар ҳафта як-ду суруди нав дар оркестри «Гулшан» бо ин ё он овозхон тайёр шуда, ба хазинаи радио ва телевизион супорида мешуд. Ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа консерти ансамбли «Гулшан»-ро тариқи телевизион дар як вақт нишон медоданд. Мо дар ду ҳафта як консерт сабт мекардем, ду ҳафта онро такрор мекарданду ду ҳафта баъд консерти нав медодем. Дар ансабли «Гулшан» ин сабтҳо тариқи телевизион сурат мегирифт. Яъне мо доим дар пеши назари халқ будем ва кӯшиш мекардем, ки то ин барнома суруди нав тайёр намоем. Бисёр системаи хуб ба роҳ монда шуда буд. Шӯрои бадеӣ, шӯрои таҳририя кор мекарданд ва ҳар кас наметавонист ҳар гуна суруд хонад. Матни суруду оҳангро ҳайати Шӯро медиданд, гӯш мекарданд, ки оё ба оҳанг мувофиқ ҳаст ё талаффузаш нодурусту шояд дар ягон ҷо зада ноҷо омадааст. Яъне ҳама кор мекарданд, ҳам шӯроҳо, ҳам режиссёри овоз, муҳаррирон, бастакорон, навозандагону овозхонҳо. Умуман, як системаи бонизоме буд. Афсӯс, ки ҳоло чунин нест. Ман 28 сол дар ин даргоҳи ҳунарӣ фаъолияти пурсамар доштам. Баъдан ба нафақа баромадам. Ҳоло дар Консерваторияи миллӣ, дар шуъбаи эстрада дарс мегӯям.
- Тавре гуфтем, замони фаъолияти Шумо дар «Гулшан» авҷи шуҳрати он буд. Дар қиёс баҳои Шумо ба вазъи имрӯзаи он чӣ гуна аст?
- Ҳоло ҷавонон дар ин ансамбл кор карда истодаанд. Кори ансамблро роҳбари он то ҷойи тавон бо ҳайати эҷодӣ пеш мебаранд. Писари калонии ман Муҳамммадҷон Неъматов низ ҳоло дар ин ансамбл кор мекунад ва чун овозхон фаъолияти ҳунарӣ дорад. Айни ҳол гуруҳҳои ҳунарии зиёде ҳастанд. Ансамбли «Ориё»-и назди Кумитаи радио ва телевизион ҳаст. Гуруҳҳову санъаткорони ҷавон хеле зиёданд ва рақобат хеле пурзӯр асту танҳо беҳтаринҳо, зӯрҳо мебароянд. Касе, ки истеъдод дораду бисёртар кор ва ҷустуҷӯ менамояд, ҳамонҳо метавонанд дар ин рақобат муқовимат кунанд. Зиёд заҳмат лозим. Баъдан, ҳоло бе маблағ намешавад. Барои танзиму сабти ҳар як суруд маблағ лозим аст. Барои сабти овоз, клип кардан сарфу харҷу заҳмат лозим ва ҳамаи ин якбора ба вуҷуд намеояд.
- Суруди хуби дигаре доред, «Чарх бизан». Дар бораи тавлиди ҳамин суруд сухан мегуфтед…
- Ин суруд бар шеъри Раҳмат Назрӣ аст. Ҳатто аввали оҳангро Раҳмат Назрӣ як каме зам-зама карданд. Мо давомашро кор кардему идома додем ва як суруди нағз шуд. Ҳамзаи А. онро танзим кард ва оҳанги хубе баромад. Мо дар он асбоби миллии думбраро дохил кардем. Ба Зебо Аминзода онро нишон додем ва вақте гӯш кард, бисёр писандаш омаду зиёд нафарон шояд дар хотир дошта бошанд, ки духтарони ансамбли «Зебо» дар он рақс мекарданд.
- Дар аввал зиёд сурудҳое иҷро кардаед, ки оҳанги шӯх доштанд ва имрӯз оромкунандаи руҳия ҳастанд. Шояд талаботи мардуми мо имрӯз ҳаминро тақозо менамояд, ки барояшон суруди ором сароида шавад?
- Ин вобаста ба синну сол аст. Мо ки хеле баркамол шудем, мехоҳӣ, ки сурудҳои пурмазмуну ором бихонӣ. Сурудҳое, ки пандомез ҳастанд. Сурудҳое, ки ҳам худ ва ҳам дигаронро таскин диҳем. Аз ашъори классикон бештар мехонем, мувофиқи мазмуну вазни ҳамон шеърҳо оҳанг мебандем. Барои ҳамин, вақтҳои охир ба ман бештар сурудҳои ором писанд ҳастанд. Албатта, бар ғазалҳои классикон оҳангҳои шурангезу тарабнок ҳам ҳаст. Аммо меандешам, ки вобаста ба синну сол одам хеле орому вазнин мешавад.
- Аҳли фарҳангро тарбиятгар меноманд ва Шумо, ки баробари таълими шогирдон дар каноратон фарзанди хуби ҳунарманди хеш Муҳаммадҷонро қарор додаеду ӯ ҳамсадову ҳамнавои оҳангу сурудҳои нобатон аст ва метавонад давомдиҳандаи ҳунаратон бошад, баҳоятон ҳамчун овозхони асил ба ҳунари ӯ чӣ гуна аст? Чӣ корҳоеро мехоҳед барояш анҷом бидиҳед, чӣ роҳнамоиеро мадди назар доред, то бештар рушд ёбад? Дар симои ӯ аз насли ҷавон чӣ умедворӣ доред?
- Тавре гуфтам, фарзанди калонии ман Муҳаммадҷон дар ансамбли «Гулшан» фаъолият дорад. Ӯ хатмкардаи Консерваторияи миллӣ аст ва айни замон овозхони ансабли «Гулшан». Фарзанди хурдиам Баҳоваддин Донишкадаи санъати Санкт - Петербургро хатм кардааст. Ҳамчун танзимгар кор мебарад, вале суруд ҳам мехонаду боз оҳанг эҷод мекунад. Ман ҳам ба шогирдон, ҳам ба фарзандонам мегӯям, ки бояд санъатро дӯст дошт. Модоме, ки ҳамин роҳро интихоб кардед, меҳнату ҷустуҷӯ мебояд. Дар санъат бояд яке аз аввалинҳо бошӣ, ё умуман набошӣ. Асос ин ки, эҷодкор бошанд, сурудҳои тоза ба тоза эҷод намоянд, як навоварӣ бикунанд. Агар ҳунарманд талошу ҷустуҷӯ надошта бошад, мисли оҳан дар як ҷо занг мезанад. Барои ҳамин, бояд шабу рӯз дар фикри пешбурди санъаташон бошанд. Бештар ба навохтани созҳои мусиқӣ машғул шаванд ва пайи эҷоди суруд гарданд. Мутаассифона, дар ҷавонон ман ҳаминро камтар мебинам. Инро ба гуфтан ҳам намешавад, ба насиҳат ҳам. Бояд Худо дар дилашон ҷой диҳад. Ба ҳама шогирдону фарзандон таманно мекунам, ки доимо серғайрат бошанду фидоии касб. Он вақт санъаткор метавонад пеш равад ва то охири ҳаёт дар саҳна бошад.

Мусоҳиб: Зулолаи НУР

Хонданд 755

Таҳмина Ниёзова бо сабту нашри таронаи «Секинак», ки маҳсули эҷоди бобои ҳунармандаш Боймуҳаммад Ниёзов буда, ҳамакнун дар иҷрои ӯ бо сабку услуби хос иҷро мешавад, гоми устувори дигареро дар ҷодаи санъат гузошт. Ин суруд баробари пешниҳод гардидан аз ҷониби аҳли завқ хуш қабул гардид, вале боз ҳам Таҳмина ин бурди худро аз шарофати бобояш меҳисобад.

- Шумо дар хонаводаи фарҳангиву санъатпарвар ба дунё омадаву камол ёфтаед. Шояд маҳз муҳити хонавода ва набераи ҳунарманди маҳбуб Боймуҳаммад Ниёзов будан бароятон роҳкушоие ба шоҳроҳи санъат гашт?
- Ман худро хушбахттарин фард меҳисобам, ки дар хонаводаи чунин шахсияти бузург ба дунё омадаам. Худоро шукр мегӯям, ки мутаваллиди ин хонадони аҳли фарҳангу ҳунар ҳастам ва агар як зарра истеъдоди Худододӣ ҳам бошад, маҳз таваҷҷуҳ ба бобои ҳунармандам ва сурудҳои дилнишинаш маро дар ҷодаи санъат муваффақ гардонд. Дар баробари он, ки дастгирии мухлисони ин марди бузург маро комёб намуд, таваҷҷуҳи роҳбарияти ҳукумати кишвар роҳкушои мани ҷавону навэҷод шуд, зеро бобоямро бо ҳунари баландаш ҳамеша дӯст медоранду қадр мекунанд. Ман ки давомдиҳандаи санъату ҳунари он кас ҳастам, мекӯшам, то сурудҳоям дар сатҳи хеле баланд бошанд. Дар ин кор ба ман модари азизам мусоидат мекунад, то матнҳои баландмазмун интихоб намояму сурудҳои хуб офарам. Дар ин баробар аммаам Назираи Ниёз, ки шарқшинос ҳастанд, хеле ёрӣ мерасонанд. Мекӯшам бо тавсияи онҳо сурудҳои дилписанд эҷод созам. Албатта, ҳунари асили бобоям маро роҳнамост.
- Аз овони хурдӣ дар саҳнаи овозхонӣ ҳунарнамоӣ мекардед. Чаро аз рӯйи пеша санъат не, рӯзноманигориву иқтисодро интихоб кардед?
- Санъат хуб аст, аммо на ҳамеша мешавад бо он пеш рафт. Бахусус барои ҷавондухтар пеш рафтан дар соҳаи санъат хеле душвор аст. Ҳар як шахс новобаста аз ҳунараш бояд касби хубе дошта бошад. Ба он хотир журналистикаро интихоб кардам, ки рӯзноманигорӣ беҳтарин касб аст. Рӯзноманигорӣ баландтарин санъат аст, ки на ҳар кас аз уҳдаи он мебарояд. Интихоби пешаи иқтисодчӣ бошад, тавсияи падару модарам буд ва гумонам, донистани ин касб аз манфиат холӣ нест.
- Аввалин бурди Шумо соли 2003, дар 14-солагиатон буд, ки ҷавонтарин ғолиби озмуни «Ситораҳои асри нав» гардидед. Чӣ эҳсосе он замон фарогиратон буд?
- Ин озмун дар радиои Ватан гузаронида шуд. Дар ин озмун бояд довталабонро аз 16-солагӣ қабул мекарданд, ман бошам, 14-сола. Табиист, ки ҳама шавқу шӯр дар наврасиву ҷавонӣ аст ва ман зиёд мехостам дар ин озмун ширкат варзам. Ба ҳамин хотир, худро 16-сола гуфта, номнавис кардам. Ду даври аввалро гузаштаму ҳангоми дар даври ниҳоӣ ғолиб омадан касе ба ҳайати ҳакамон хабар додааст, ки «Таҳмина 14-сола асту хуро 16-сола гуфтааст». Вале, бо назардошти маҳорати нишондода ҳайати ҳакамон хулоса бароварданд, ки ба таври истисноӣ дар озмун ширкат варзам. Дар озмун ширкат карда, ғолиб омадам ва қадами аввали ман ба саҳнаи калони ҳунар аз ҳамин ҷо шуруъ шуд.
- Шояд бурд дар чандин озмунҳои дигар Шуморо таҳрик бахшид, то дар озмуни «Панҷ ситора-Интервидение» ширкат намоеду ғолиб оед?
- Шояд ҳамин тавр ҳам бошад. Зеро ҳар як бурд касро такони ҷиддӣ медиҳад, то бештар аз пештар талош варзаду ҳамеша комёб бошад. Аз сӯйи дигар, аслан тақдиру насиб ҳам ҳаст.
- Баъдан низ иштирокчиву ғолиби чандин озмунҳо будед ва ҳамчунин яке аз барандагони «Ҷило-2012». Дар ин гуна озмунҳо то куҷо дастгирии мухлисонатон барои бурд мусоидат мекунад?
- Ин озмун тариқи телевизион доир мешуд ва аслан ҳеҷ дарак намеёфтам, ки ба ман чӣ қадар ҷонибдорӣ мекунанду овоз медиҳанд. Аммо дар ҳама ҳолат табиист, ки нақши мухлисону алоқамандон низ ҳаст.
- Дар албоматон - «Нози ишқ» сурудҳои тоҷикӣ ва баъдан бо забонҳои помириву русиву англисӣ гирд оварда шудаанд. Ба худи Шумо дар баробари бо забони модарӣ таронахонӣ кардан сурудан зиёдтар бо кадом забон писанд аст?
- Тавре бобоям мегуфтанд, «санъат сарҳад надорад». Ҳаст ҳолатҳое, ки бо назардошти аудиторияву шунаванда тоҷикӣ месароям, баъзан англисӣ, гоҳи дигар русӣ. Ба андешаи ман, агар ҳунарманд бо 20 забони дунё суруд хонад, боз ҳам беҳтар аст. Муҳим он аст, ки сурудаш дар сатҳи баланду касбӣ бошад.
- «Гуфт, ки ҳарду» яке аз сурудҳои дилписанд аст. Он чӣ гуна тавлид шуд?
- Ин суруди бобоям аст, ки дар вақташ мухлисони зиёд дошт. Ман ба хотири он, ки ҳамсолонашон онро ба ёд оранд, ин сурудро дигарбора сароидам. Ҳамчунин, шояд на ҳама насли ҷавон ба сурудҳои он кас дастрасӣ доштаву онҳоро шунида бошанд. Бобоям хазинаи арзишмандеро бароям мерос гузоштанд, ки мехоҳам онро ба дигарон бирасонам. Далер Назаров ба ман тавсия доданд, ки аз миёни сурудҳои бобоям ҳаминро иҷро намуда, пешкаши мухлисон созаму гуфтанд, ки он ба ман хеле муносиб аст. Вақте чанд сурудашонро ном бурдам, устод гуфтанд, ки ҳамин суруд беҳтарин аст. Вақти омодасозии видеоклипи суруд ба режиссёр гуфтам, ки мехоҳам он бо сабку услуби миллӣ пешниҳод шавад ва ҳама анъаноти маруми моро фарогир бошад. Ин аст, ки дар он аз ҳама гуна либосҳои миллиямон истифода кардаам, чӣ чакан, чӣ адрас ва чӣ дигар намудҳои либосҳои мардумӣ. Режиссёр Фаррух Ёрматов ҳама арзишҳои фарҳанги мардумиямонро дар ин суруд бо ҳам пайванд додаанд.
- Суруди бобоятон Боймуҳаммад Ниёзов - «Секинак», ки бар матни Ҳофиз буда, хеле мазмуни олӣ дорад, дар иҷрои Шумо хуб баромадааст. Чун гуфтед, ки онро ба бобоятон бахшидаед, шояд беҳтарин туҳфаи Шумо дар солгардашон бошад?
- Воқеан ҳам мехостам онро чун беҳтарин туҳфа ба 90-солагии бобоям пешниҳод созам, ки хушо чунин бошад. Дар омодасозии ин суруд ва сабти видеоклипаш бисёриҳо ба ман хайрхоҳона мадад карданд. Аз оғоз директори телевизиони «Сафина» Носир Саидов як гуруҳи эҷодиро сафарбар намуданд, то ба ман дар эҷоди суруд ва сабти ведеоклип ёрӣ расонанд. Режиссёри кордида Усмон Юсупов хеле дастгириам карданд. Зебо Аминзода бо таъкиди он, ки «ин дастгирӣ махсус барои бобоят», барои сурудам рақси зебоеро ба саҳна гузоштанд. Суратгири моҳир Заур Дахте дар аксбардорӣ ва ороиш мусоидат намуданд. Бо андак танзим бе ягон дигаргунӣ суруди «Секинак», ки бар матни Ҳофиз буда, оҳанги бобоям Боймуҳммад Ниёзов асту дар иҷрояшон садо дода, мухлисони зиёд дошт, омодаву пешниҳоди аҳли завқ гашт. Дар таҳияи ведиоклипи суруд роҳбарияти шаҳрҳои Норак ва Ҳисор низ хеле ёрмандӣ намуданд, ки миннатдорам. Хушбахтам, ки санъати бобои ҳунармандамро мепарастанд ва ба ин шарофат истеъдоди маро ҷонибдориву дастгирӣ мекунанд.
- Хоса дар ин ду суруд пӯшиши либосҳои миллӣ хеле ҷолиб ба назар мерасад. Шумо андешаи онро, ки бояд ҳунармандони мо муаррифгари фарҳанги асил ва либоси миллӣ бошанд, чӣ гуна қабул доред?
- Албатта, либосҳои миллӣ ба халқ наздиканд. Аммо истифодаи ҳама гуна либос ба он вобаста аст, ки суруд дар кадом жанр пешниҳод мешавад. Табиист, ки ҳангоми сурудҳои классикиву халқӣ бештар либоси миллӣ истифода мешавад, дар сабти сурудҳои эстрада бошад, дигаргунатар. Аз сӯйи дигар, ин ба завқи сароянда ва шунавандаи ӯ низ марбут аст.
- Шумо дар эҷоди матну оҳангҳои хубатон пеш аз ҳама аз волидон миннатдор ҳастед. То куҷо нақши ҳайати оҳангсозону мусиқачиён дар ин ҷо чашмрас аст?
- Тавре қаблан ёдрас шудем, «санъат сарҳад надорад». Ман дар баробари кору эҷод бо композиторони тоҷик бо оҳангсозони бурунмарзӣ низ ҳамкорӣ дорам. Аз Озарбойҷон, Украина, Олмон, Македония оҳангсозон бароям оҳанг бастаанд. Дар озмунҳое, ки ширкат меварзем, бисёр оҳангсозон бо таваҷҷуҳ ба ҳунарам бароям оҳанг пешниҳод месозанд. Ҳол он ки, чунин оҳангҳоро баъзеҳо бо нархи гарон дастрас месозанд. Ба ман аз ҷониби оҳангсозони маъруфи хориҷӣ ду оҳанги хуб ҳамчун туҳфа пешниҳод шуд, ки иҷро кардам. Ба ғайр аз ин, аз Қирғизистон, Белоруссия, Ӯзбекистон, Русия чунин ҳамкориву пешниҳодҳо шудааст.
- Соҳиби ду маълумоти олӣ ҳастед - рӯзноманигор ва иқтисодчӣ. Дар айни ҳол бошад, аспиранти Донишгоҳи Волгогради Русия. Кадоме аз ин ихтисосҳоро барои худ ва зиёдтар аз ҳама барои ҷомеа манфиатбахштар медонед?
- Барои ман пешаи рӯзноманигорӣ хеле писанд аст ва меандешам, рӯзноманигор зиёдтар аз ҳама талош мекунад ба нафъи мардум кор кунад. Ман айни замон аз Донишгоҳи Волгогради Русия ба ДМТ тариқи гузариш гузаштам ва мехоҳам ҳамин ҷо кори илмиямро ҳимоя намоям. Сар карда аз роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, садорати ҳама сохторҳои фарҳангӣ ин тасмими маро хуш пазируфтаву ҷонибдорӣ намуданд ва умед дорам бо ҳидояти устодон кори илмиямро пеш мебарам.

Мусоҳиб: Зулолаи НУР 

Хонданд 770

Суҳбати Фахриддини Холбек бо Ориф Ҳасан Охундзода, муҳаққиқи покистонӣ муаллифи матлаби ҳангомавии “Тоҷикони гумшудаи Покистон”

“Тоҷикони гумшудаи Покистон” – и нашршуда дар як маҷаллаи инглисӣ (“The Friday times” (Лоҳур), №4, 3 августи соли 2017) аввалин матлабест, ки аз сарнавишти талхи мардуми бумии вилоятҳои шимолии ин кишвар – тоҷикон қисса мекунад. Дар асрҳои миёна тоҷикон дар ин сарзамин Салтанати Габрӣ (гирифташуда аз калимаи “габр”, ки арабҳо дар баробари зардуштиён истифода мекарданд) ё Салтанати Свотро ҳукмронӣ мекарданд, ки дар пайи як иттиҳоди Заҳириддин Бобури Темурӣ ва қабилаи юсуфзайҳои паштун дар асри 16 аз байн рафт. Муҳаққиқ Ориф Ҳасан Охундзода аввалин нафар (-и то ба ҳол ба мо маълум) аст, ки ин таърихро аз хоктӯдаҳои сиёсатҳои ҳукмрон дар минтақа берун кашид ва ба ҷомиаи ҷаҳонӣ пешкаш намуд. Сухан дар бораи тоҷикони бумии Покистон меравад, на онҳое, ки аз дигар кишварҳои тоҷикнишин ба Покистон ҳиҷрат кардаанд. Ҳоло суҳбати мо бо Ориф Ҳасан Охундзода пешкаши хонандагони “Самак” мешавад.

- Муҳтарам ҷаноби Охундзода! Дар оғоз аз Шумо барои таваҷҷуҳатон ба суҳбати мо изҳори ташаккур мекунам. Матлаби Шумо “Тоҷикони гумшудаи Покистон” воқеан як кашфиёти нодир аст, ки таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб кард. Мо тасмим гирифтем, рӯи бархе нукоте, ки аз нигоҳи мо, шарҳ мехоҳанд, бо Шумо суҳбате дошта бошем...
- Ба Шумо ҳам аз ман ташаккур! Мекӯшам ба суолҳои Шумо посух диҳам, то ҳадде, ки имкон дорам.
- Суоли нахустин ин аст, ки чӣ Шуморо ба навиштани ин матлаб таҳрик дод? Паёми Шумо чӣ аст?
- Ин як мақолаи бисёр кӯтоҳ ва маъмулӣ аст, ки бо он танҳо нӯки таҳқиқоти тӯлонии маро ламс мекунед. Авомили бисёре ба ман илҳом бахшиданд, то онро бинависам: 1) Иҷбор барои дарёфтани решаҳои воқеии қавмии ман; 2) Вазъияти феълии ҷомиа ва фарҳанги паштун - ҳамон тавр ки дар ҳоли ҳозир ва ҳамеша вуҷуд доштааст – ниёзеро ба як беҳбудӣ ё эҳтиром ба вуҷуд овардааст; 3) Ва ба ҳамин тартиб, бисёр мутаассифам, ки мегӯям, вазъи ғамангезу хандаовари таърихнигорӣ дар минтақаи мо, ки метавонам бигӯям... ҳатто аризиши як тақлиди мазҳакаро надорад. Ҳатто ҷомеаҳои бисёр ақибмонда эҳтирому суннатҳои торихнигориро эҷод кардаанд. Аммо на паштунҳо.
- Кадом асноду мадрак барои субути даъвоҳо дар ихтиёри Шумо қарор доранд?
- Таҳқиқи ман дар ин замина ҳамон қадар густарда ва виҷдонӣ аст, ки имкон дорад. Аммо ман, монанди ҳама муҳаққиқон, қарор гузоштаам, то айният (объективият) - ро болотар аз марз ҳифз кунам. Ба ҳамин тартиб, як мақолаи илмӣ (барои интишор) - и иборат аз 8 ҳазор калима ироа шуд, ки як бахши муфассали маълумот дар бораи китобу матолиби нашршудаи дастрас (пеш аз ҳама барои ман) дар ин мавзуъ ва ҳам сойири манобеъи интернетиро дарбар мегирад.
Ман ин ҳуҷҷатҳоро ба ҳар маҷаллаи муносиб ва муътабар барои нашр қаблан ҳам пешниҳод кардаам ва боз хоҳам кард. Аммо ман 12 китоби муътабарро дар мақолаи худ зикр кардаам, ки дар зимн иқтибосҳои муътамад дар бораи султонҳои Габрӣ - Свотӣ ва Салтанати Свотро доранд.
- Оё буданд нукоте, ки зарурати гуфтанашонро надонистед? Агар, ҳа, метавонед онҳоро баён кунед?
- Ман воқеан ҳеҷ маъниеро дар пеш омадани ин суол намебинам! Ин ҳақиқат, ки бархе ҳаводиси таърихӣ иттифоқ афтодаанд, аммо сипас бо ибҳом рӯпӯш шуданду таҳриф ёфтанд, барои ман кофист, ки ҷаҳонро ба таври густарда дар мавриди он иттилоъ диҳам. Ҷудо аз ин воқеият, онҳо шахсан ба ман, масоили марбут ба хуни хонавода ва мероси фарҳангии ман таъсир мегузоранд!
Ба ҳамин тартиб, ман ин корро шиори зиндагии имрӯзи худ кардаам, то ин ҷанбаи таърихи гумшуда, номуносиб ва маҳруми моро ошкор кунам.
- Чаро маҳз тоҷикон дар Покистон “гум шуданд”, на қавмҳои дигар? Ё ҳастанд қавмҳое, ки ба ин сарнавишт дучор омадаанд? Агар ҳа, вижагии тоҷикони Покистон дар чист?
- Ин тур шуд, ки он минтақае, ки имрӯз Покистон аст ва бо навъе ҳамла аз сӯи паштунҳо мувоҷеҳ буд, манотиқи қадимии тоҷикон ё форсҳо буд, он гуна ки ман дар мақолаам тавзеҳ додам. Ин вазъи нодир (мунҳасир ба фард), ҳамчунин маҷмуае аз авомил ва вижагиҳои қавмиии вобаставу марбут, ки ниёз ба баҳси амиқ доранд, анҷоми бади ин фоҷиаро таъйин карданд. Возеҳ аст, ки як омили бузург заъфи тоҷикӣ ва ҳам он буд, ки онҳо чӣ тавр ба роҳатӣ ҳукумат ва заминҳои худро ба қабоили ишғолгари паштун таслим карданд ва дар ниҳоят бо онҳо махлут шуданд.
Зоҳиран, тоҷикҳо танҳо дар манотиқе аз Покистон ёфт шуданд, ки ба тақсимоти феълии мансубияти қавмии “тоҷик – деҳқон” сар фаровардаанд. Ин як маркази ҳосилхез ва қадимии тамаддун (Гандҳара) аст, ки таври маълум, дар як ҳазораи мудаввом таҳти султаи императории Форси бостон буд.
- Кадом омилҳо буданд, ки водор сохтанд тоҷикон аз миллияти худ даст кашанд?
- Ҳамон тавр, ки дар ривоятҳои таърихии мавҷуд ишора шудааст, ин қиём тавассути паноҳандагони қабилаии паштуни саробонии шарқӣ, ки шуруъ аз соли 1480 аз дасти раҳбари темурии Кобул Мирзо Улуғбек овора шуда, пас аз он иҷозаи сукунат дар Свотро ба даст оварда буданд, ба вуҷуд омад ва онҳо ба таҳоҷуми шоҳзодаи бобурӣ – Бобур ҳамроҳ шуда, замин ва Салтанати Своти тоҷикҳоро гирифтанд. Ва ҳамзамон, ки дар посухи шумораи 4 - и боло зикр шуд, ҳама далоил нишон медиҳанд, ки ҳокимони Габрӣ ва деҳқонони шилмонии тоҷики онҳо дар ин замина муқовимати камтаринро ба намоиш гузоштаанд.
- Шумо мегӯед (агар ман дуруст фаҳмида бошам), нақши Заҳириддин Бобур дар “гум шудан” ё саркӯби тоҷикони Покистон калидӣ аст. Аз нигоҳи Шумо, Бобур таҳти таъсири кадом авомил ба ин хулоса расид, ки паштунҳоро ҷойгузини тоҷикон кунад? Ӯ ин корро қасдан кард, ё..?
- На ба маънои воқеӣ! Дар асл, Бобур маҷмуае аз корҳоеро анҷом дод, ки ба муҷиби он паноҳандагони қабоили паштун тайи қариб як аср заминҳои тоҷиконро забту мардуми шилмонӣ ва тироҳии тоҷикро саркӯб намуда, онҳоро ба ҳуввияти урда ё анбуҳи омадаи худ, ки эҳтимолан он қадар бузург набуданд, ҳазм карданд.
Бобур ба тоҷикон ба он хотир ҳамла кард, ки ҳампаймони салтанати Деҳлӣ буданд. Ҳадафи Бобур сарнагун кардани Деҳлӣ буд. Пас аз ин ки Бобур вилояти Баҷавури Свотро моҳи январи соли 1519 фатҳ кард, Султон Увайс, ҳокими Свот итоати худро ба Бобур эълон кард ва ахирӣ онро пазируфт. Аммо ба он хотир ки Бобур дар фатҳи Деҳлӣ ба мадади юсуфзайиҳои паштун ниёз дошт (ҳамзамон мехост кинаи қатли оми 693 бузурги қавмашон аз сӯи тағои Бобур - Улуғбек дар соли 1481 – ро аз дилҳояшон барорад), ӯ паноҳандагони юсуфзайро алайҳи давлати тоҷикон ба қиём даъват кард ва ба онҳо ваъдаи пуштибонии низомӣ дод. Баъдҳо дар соли 1519 юсуфзайиҳо артиши худро ташкил доданд ва бақияи Салтанати Свотро забт карданд.
Аз ин хотир, ширкати Бобур дар ин ҳаводис шароити хубе буд, ки мӯҷиби ба ҳам омадани манофеъи ӯ бо юсуфзайиҳо шуд ва ин ҳамкории онҳо дар амри сарнагунии Салтанати Своти тоҷиконро ба бор овард. Пас аз он, ҷазбу ҳазми тоҷикҳо то ҳадди зиёд кори паштунҳои саробонӣ таҳти раҳбарии юсуфзайиҳо буд.
- Кадом қавмҳои паштун дар Покистону Афғонистон, аз нигоҳи Шумо, дар асл тоҷиканд?
- Дар ҳоли ҳозир метавон гуфт, теъдоди зиёде аз тоҷикон ба қабоили шарқии саробонии паштун, амсоли юсуфзай, солорзай ва муҳманд, ки дар марзҳои салтанати собиқ Габр зиндагӣ мекарданд, ҷазбу ҳазм шудаанд. Дар ҳамин ҳол, ҳатто имрӯз ҷамъиятҳои бузурге дар манотиқи Дир, Свот, Баҷавур, Малаканд ва Мансеҳра ҳанӯз ҳам номи "тоҷик" - у "шилмонӣ" - ро истифода мекунанд ва хотираи аслу насаб ва таърихи худро дар нисбатҳои мухталиф гиромӣ медоранд. Ҳарчанд аксари ин ақвом кунун иддао мекунанд, ки паштун ҳастанд. “Остонадор” ё табақаҳои динии иҷтимоии зиёде вуҷуд доранд, ба монанди Пирҳо, Соҳибзодаҳо, Охунзодаҳо (мисли ман) ё Миёнҳои аз дастаи Папин Хел, ки ба таври густардае дар водии Пешовар ва вилоятҳои Кунару Нангарҳори Афғонистони имрӯз пароканда шудаанд.
Ҳамчунин бояд ба таври ҷудогона ба ин нукта таваҷҷуҳ дошта бошед, ки як кулл, аз лиҳози таърихӣ барҷастатарин гуруҳи қабилаии паштун, гуруҳҳои қабилаии Ғилҷойӣ ва Маттии конфедератсиюни Беттанӣ иддаои хешовандӣ бо шоҳзода Шоҳ Ҳусайн Шансабонии Ғурӣ доранд... Дар ҳоли ҳозир бисёрии қабоили "паштуншуда" – и тоҷики свотӣ дар ин "шаҷараи насаб" маҳз ба он далел, ки решаи мушобеҳи тоҷикӣ доранд, ворид карда шудаанд. Ин воқеият, ки ба таври суннатӣ ва илмӣ сабт шудааст..., тақрибан ҳеҷ гоҳ зикр намешавад. Агарчи ин мавзуъ марбут ба таърихи Габрӣ аст (чун габриён хироҷгузор ё протежеи Ғуриён буданд), бояд дар як заминаи ҷудогона, ҳатто робит бо он, дар назар гирифта шавад.
- Шумо чӣ нишонаҳоеро дар Покистон мебинед, ки аз Салтанати Габрӣ ё Свот шаҳодат медиҳанд? Оё ин нишонаҳоро ҷомиаи Покистон мешиносад ё онҳоро ба таври дигар, масалан, марбут ба фарҳанги ягон қавми дигар арзёбӣ мекунад?
- На. Барои ҳама гуна нияту аҳдоф ҳеҷ тафовуте миёни тоҷикҳои ин ҷо ва дигар покистониҳо вуҷуд надорад, ба шумули паштунҳо. Инро ҳам ба назар гиред, ки бархе аз онҳо ба нудрат мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки онҳо аз нажодҳои мухталиф ё "қавм" ҳастанд.
Аммо тоҷикони свотие, ки дар ноҳияи Мансеҳраи устони Хайбар Паштунхвои Покистон зиндагӣ мекунанд, кулли минтақаро ишғол мекунанд. Онҳо як ҷомиаи таҳсилкарда, сершумор, созмонёфта ва муваффақ ҳастанд, ки дар ҷомиаи покистонӣ таъсиргузор аст ва аъзои он комилан аз эътибороти тоҷикии худ огоҳанд. Гоҳе авқот онҳо саъй мекунанд худро паштун ба намоиш гузоранд, зеро мехоҳанд бо қабоили ҳамсояашон мухолифат накунанд. Аммо ин дар шароити кунунӣ қобили фаҳм аст.
Бо ин ҳол, дар ояндаи наздик бо вуруди омӯзиши бештару интернет вазъ метавонад ба хубӣ тағйир кунад, зеро мардум шуруъ аз гузаштаи худ хоҳанд пурсид, ки ба онҳо таърихнигории бекифояти имрӯз умуман посухи ризоиятбахш намедиҳад. Дар ҳақиқат, тағйирот аллакай дар роҳанд.
- Ба ин, ки чаро то ба имрӯз ба “тоҷикони гумшудаи Покистон” ва таърихи онҳо касе таваҷҷуҳ накард, чӣ мегӯед? Чӣ сабаб шуд, ки ҳеҷ як аз муаррихон дар Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ накарданд?
- Метавонам бигӯям, ки илова бар фишорҳои паштунҳо, бархӯрди аз ҳад зиёд заъифи таърихнигории маҳаллӣ ва миллии мо гунаҳкор аст. Бо ин ҳол, муаррихони барҷастаи афғонӣ монанди Аллома Абдулҳай Ҳабибӣ дар китобҳои худ ба аҳамияти салотини свотии тоҷик ишора кардаанд. Аммо он чӣ возеҳ аст, ин аст, ки натиҷаи мавриди назарро надорад!
Дар акси ҳол, теъдоди қобили таваҷҷуҳи манобеъи дастнохӯрдаву пароканда ва қобили эътимод дар бораи габрӣ-свотиҳо вуҷуд доранд, ки фақат онҳоро бояд бубинед! Ин мавзуъ ҳаргиз дар заминаи қавмӣ, таърихӣ ва миллӣ касеро ба ташвиш наовардааст. Ҳаминро метавон дар мавриди донишҳои қавмӣ ва таърихии паштун гуфт, ки дар як вазъи аз ҳад зиёд хому омиёна қарор доранд. Тоҷикҳо ҳамоно ақаллиятанд!
- Шумо мегӯед, ки қабл аз ҳама инглисҳо ё муаррихони бритониёӣ дар ошкор кардани ҳақиқат дар бораи тоҷикони Покистон манфиатдор набуданд. Чаро?
- На. Шумо он чиро, ки ман гуфтаам, иштибоҳ тафсир кардед. Дар асл ин муаррихони бритониёӣ буданд, ки онҳоро бештар ёдоварӣ мекарданд. Аммо муаррихоне, ки зиёд мутолиа мешаванд, монанди Сэр Олаф Каро, тавсифи муқаддамотӣ ё пасзаминаи лозимро надоданд, то султонҳои тоҷики Габрӣ дар қолаби муносибу кулли таърихӣ таҳқиқу арзёбӣ шаванд.
- Фикр мекунед, пас аз ошкор шудани ин ҳақиқат, ки дар Покистон тоҷикон зиндагӣ мекунанд, аммо ҳуввияташонро гум кардаанд ё онро аз онҳо рабудаанд, “тоҷикони гумшуда” аз худ дарак хоҳанд дод?
- Ҳамон тур ки дар боло гуфтам, на. На дар ҳоли ҳозир ва аз нигоҳи аввал... чизҳое, ки дар ҳоли ҳозир вуҷуд доранд, ман мутаассифам, ки мегӯям, тоҷикҳо ҳадди ақал аз ҳама... набояд аз рабти худ ба аксарияти паштунӣ суҳбат кунанд. Ҳадди ақали онҳо ба гузашта ё таърихи худ алоқа доранд, ба истиснои чанд фаъолу нависандае монанди ман. Аммо тақозои рӯзафзуне барои ба расмият шинохтани таърихи маҳаллии тоҷик ва ҳам паштун вуҷуд дорад... ва агар битавонем мабоҳиси кофӣ дар ин заминаро таҳрик диҳем, метавонем ба натиҷаҳое даст ёбем, ки ривояти таърихии комилан ҷадиду дақиқро дар ин ҷо эҷод кунад. Ман худам ин зарфиятро дар ин замина нишон медиҳам.
Ман ҳамчунин озмоишоти генетикӣ ва таҳқиқотеро бо гуруҳе аз генетикҳои русӣ анҷом медиҳам... Аммо мутолаот то ба ҳол ба далели маҳдудиятҳои молӣ ва тадорукотӣ бисёр муқаддамотӣ ҳастанд.
- Мешавад пешбинӣ кард, ки ҳамчунин як ҳаракат, дарку фаҳмишҳо ба вуҷуд омадаанд, то таърихро бозбинӣ кунанд ва даст ба ягон коре зананд, масалан, аз ҳукумат инро тақозо кунанд, ки шиносномаи эшонро иваз кунад, ё...? Шахсан барои ман ин маълум аст, ки ҳатто ҳамон паштунҳои Покистон рӯз ба рӯз паштунигарии худро аз даст медиҳанд ва кор то ҷое расида, ки забони онҳо бо урду махлут шудааст...
- На! Ман аз давлати Покистон як чунин тағйиреро тақозо накардаам, ҳамон тур ки дар ҳоли ҳозир ҳаст... Дар ин мақтаъи замонӣ анҷоми ин кор номуносиб аст. Мутаассифона, дар нигоҳи аввал, Шумо дар ин маврид дуруст мегӯед... Аммо замони дархости як чунин иқдомоте нест. Мо бояд масъаларо тавсиа диҳем ва сипас таҳрик кунем - қабл аз ҳама чиз! Ин вақти зиёд мехоҳад...
Ишораи Шумо ба тағйири ҳуввияти паштунҳои покистонӣ таҳти таъсири урду танҳо ба иллати ин варшикастагист, ки онҳо таъриху фарҳанги худро чӣ гуна мебинанд. Ин бо вазъияти мавриди баҳси мо кам муқоиса мешавад. Ин лаъни ман ба ин нодидагирӣ ва азму иродаи ман барои муқобила бо он аст. Илова бар ин, он чӣ маро ба кори мо ва ояндаи он умедвор мекунад, тағйири равандҳои геополитикиест, ки дар ҳоли ҳозир дар минтақа ба назар мерасад. То ба имрӯз дар Покистон ва ҷомеаи он танҳо торикӣ ҳукумат кардааст ва дар бораи ботлохҳое, назири минтақаи мо, нагӯем ҳам мешавад.
Дар ниҳоят, форсӣ, ҳарчанд нодида гирифта шудааст, забони бегона дар ин минтақа нест. Он фақат ба эҳёи расмӣ ниёз дорад.
- Оё афродеро мешиносед, ки медонанд, ки тоҷиканд, аз гум ё поймол шудани ҳуввияти худ азият мекашанд? Онҳо чӣ мехоҳанд кунанд?
- Бале, ман бо бисёрии ин афрод шиносоӣ дорам. Бо ин ҳол, ин такрори чизе аст, ки дар боло пурсидед. Инро баҳс карда будем. Бо ин вуҷуд, ҳузур ва таваҷҷуҳи ин афрод аз минтақа то минтақа мутафовит аст. Дар минтақаи Мансеҳра дар савоҳили Ҳинд - тоҷикҳо беш аз ҳама аз ҳуввияти худ огоҳанд, аммо ба як гӯиши панҷобии мавсум ба Ҳиндку ҳарф мезананд ва тарафдори сарсахти Покистонанд. Ба ҳар ҳол, онҳо ҳанӯз ба ин, ки онҳо тоҷик номида шаванд, на панҷобӣ ё паштун, манфиатдоранд. Ҳатто дар миёни онҳо як тамоили умумӣ ин аст, ки ба сабаби "эътибор" - и иҷтимоӣ ва аҳамияте, ки ба барчаспи қавмии паштун марбут мешавад, худро паштун меноманд, аммо паштунҳо инро ба расмият намешиносанд.
Бо вуруди нуфузи чиниҳо дар минтақа, зарфият ва аҳамияти истротежики минтақаи тоҷикӣ боло меравад ва акнун бодҳои тағйир бори дигар вазидан доранд. Мансеҳра дарвозаи тарҳи CPEC (Даҳлези иқтисодии Чину Покистон, тарҳе, ки беш аз 50 миллиард доллар арзиш дорад. Дар ин робита ба матлаби “Хонаи ман” (Фараж”, 22.03.2017, №12), муроҷиат кунед) – и чинӣ аст, ки бо қавонини қадимӣ амалӣ намешавад. Чин аз миллигароии паштун ва ҳамкории он бо ифротгароии ҷиҳодиву ҷаҳонбинии иҷтимоии иртиҷоии он хуш нест.
- Шумо ҳоло “паштун” ҳастед. Чаро гузаштаи тоҷикиатон Шуморо нороҳат кардааст?
- Як саволи аҷибу ғариб аст барои пурсидан, аммо дар айни ҳол, ман аз аҳамияти он қадрдонӣ мекунам! Инак, НА, ман як паштун нестам. Ман бо забони онҳо метавонам суҳбат кунам, аммо мисли онҳо рафтор намекунам. Ва онҳо низ маро дар як мақоми камтар аз худ мепазиранд. Ин барои ман қобили қабул нест. Ман як шаҷараномаи тоҷикӣ дорам, ки тавассути асноди хонаводагӣ ва таҳқиқоти генетикӣ таъйид шудааст. Пас чаро онро рад кунам ва нодида бигирам? Фақат барои он ки паштунҳо дар муҳити ман бартарӣ доранд? Ман ҳеҷ далеле барои хиҷолат кашидан аз асолати воқеии тоҷикии худам надорам.
Ҳоло мумкин аст мардуми зиёде ба ман бигӯянд: "Чаро нороҳат ҳастӣ?" Аммо онҳо ангезаҳои мухталифе барои гуфтани ин суханон доранд. Ва шароит метавонад тағйир кунад. Ман дида метавонам, ки онҳо чӣ тур дар атрофам тағйир мехӯранд. Фарҳанги паштун дар ҳоли шикаст аст ва шаҳрвандонаш дар буҳрони печидаи иҷтимоӣ - фарҳангӣ ва сиёсӣ ба сар мебаранд!
Дар ниҳоят, ҳақиқат ҷойгузин надорад!
- Лутфан дар бораи худ як маълумоти муфассал медодед. Дар куҷо таваллуд шудед? Дар куҷо таҳсил кардед? Риштаи кори Шумо чӣ аст? Навиштаҳои Шумо ва ҳар маълумотеро, ки дар бораи худ зарур ба гуфтан медонед, лутфан баён кунед.
- Ман 49 - солаам. Оила надорам. Дар шаҳри Пешовари музофоти Марзи Шимолу Ғарб (ҳоло Хайбар Паштунхво) 24 июни соли 1968 таваллуд шудаам. Деҳаи ман Шабқадар дар 17 - милии шимоли Пешовар, ноҳияи Чорсадда воқест. Мо ҳамчунин як рустои хонаводагии дигар ба номи Валибег дар Агентии Муҳманд дорем.
Ман таҳсилоти олӣ доштам дар коллеҷи Эдварлдзи Пешовар, ки 32 сол пеш ба он дохил шудам. Инчунин, ба ҷуз манфиати шахсии пажуҳишҳои илмӣ дар таъриху теъдоди зиёде аз дигар масоил, аз ҷумла ҷорӣ ва геополитика, кори дигар ҳам намекунам.
Заминҳои меросии хонаводагиам дар деҳаамон таҳти мудирияти ман ҳастанд ва даромади зиндагиам ҳам аз ҳамон ҳисоб аст. Ҳамзамон як пилот (халабон) – и хусусии ҳирфаӣ ҳастам.
Аъзои хонаводаи мо на танҳо дар минтақа, балки дар хадамоти ҳукумати Покистон ва Артиши Покистон низ шинохта шудаанд. Модари марҳуми ман инглис буд.
- Дар охир, ҳар чиро ки напурсидаму гуфтанашро зарур медонед, лутфан баён доред...
- Як китоб дар бораи тоҷикони Свот ҳаст, ки мехоҳам барои иттилои Шумо ирсол кунам. Ин танҳо кори комил дар бораи таърихи онҳо то кунун аст, ки аз сӯи як узви барҷастаи ҷомиаи мо навишта шудааст. Аммо он ба забони урду аст. Ин мумкин аст дар ҳадди стандартҳои байнулмилалӣ набошад, вале ман дар ҳоли ҳозир дар ҳоли беҳбуди тарҷумаи инглисии он ҳастам.
Шакли PDF - и онро ба Шумо мефиристам. Аксари манобеъи мавриди ниёз дар ин китоб мавҷуд аст, ки метавонад ба донишпажуҳони Тоҷикистон низ пешниҳод шавад.

***Ин мусоҳиба тариқи интернет, катбӣ ва бо забони инглисӣ анҷом шудааст. Умедворем, ки саҳве дар он нарафта бошад 

Хонданд 1484

Ҳакимшо Тиллоев баъди хатми факултаи ҳуқуқшиносӣ дар се мақомоти бонуфузи кишвар - Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумрук ва аз 30-юми январи соли 2006 ба сифати директори генералии Ширкати ҳавопаймоии ҶСК “Тоҷик Эйр” кору фаъолият карда, баъд аз ба нафақа баромадан рӯ ба соҳибкорӣ овардааст. Вале номи Тиллоев пас аз барканориаш аз ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” якбора барои муддати тӯлонӣ расонаӣ гардид. Айни ҳол нафақагири Хадамоти гумрук ба шумор меравад.

- Чӣ боис гашт, ки Шуморо роҳбари ҶСК “Тоҷик Эйр” таъйин намуданд?
- Он вақт мушкилоти молиявии ширкати “Тоҷик Эйр” афзуда буд ва намедонам барои чӣ бошад, ки интихоби Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ маҳз ба ман афтод. Он вақт ширкат КВД ширкати ҳавопаймоии ”Тоҷикистон” ном дошт ва барои фаҳмотар шудан ба хориҷиён, онро “Тоҷик Эйр” номидем.
Се соли фаъолият барои ман дар ширкати “Тоҷик Эйр” хеле заҳматталаб буд ва бо сабаби серкорӣ хеле ноаёну зуд гузашт. Дар назди ман масъулияти калон истода буд. Зеро ширкат ба ботлоқи муфлисшавӣ қариб ғарқ шуда ва фаъолияташ хеле зараровар буд. Ҷамъбасти соли 2005-ум нишон дод, ки ширкат 1,3 млн доллар зарар бардоштааст. Қарзи кредитории ширкат дар санаи якуми январи соли 2006-ум 66 млн сомонӣ ё муодили 19,5 млн долларро ташкил медод.
Тайёраҳо, ки фақат аз ТУ‐154 иборат буданд, кӯҳнаву фарсуда шуда ва ҳар сол як ё ду ададе корношоям мегардид. Ба замми он, арзиши сӯзишвории тайёраҳо бо сабаби қиматшавии нафт мунтазам боло мерафт. Аз сабаби камчинии сӯзишворӣ (керосин) ширкат нуқтаи таъмини сӯзушвории ҳавопаймоҳоро ба қадри 15‐20% анҷом медод ва маҷбур будем, ки дар фурудгоҳҳои ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Қазоқистон нишаста, миқдори зарурии сӯзишвориро гирифта, баъд сафари худро ба Русия давом диҳем, ки ин ҳолат боиси нороҳат шудани мусофирон ва зарар дидани ширкат мегардид.
Аэропорти Душанбе, ки он вақт дар ҳайати ширкати “Тоҷик Эйр” қарор дошт, ба ҳама маълум, ки ҳоли бисёр бад дошт. Толорҳояш фарсуда буд ва ҳолати техникиаш то ба андозае дар сатҳи паст қарор дошт, ки бо ягон ченак ба номи «аэропорти пойтахт» мувофиқат намекард. Супориши Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ чунин буд, ки бояд ширкатро аз бӯҳрони иқтисодӣ дар зудтарин фурсат барорам. Шукрона, ки таҷрибаи кориам ҳангоми кор дар мақомоти гумрук ба ман кӯмак расонд ва тавонистам аз иҷрои он саривақт ва бе ягон камбудӣ бароям.
Ба ғайр аз он, дар ширкат кадрҳои таҷрибадор, босалоҳият ва бомасъулият бисёр буданд ва аз қобилияту кордонии зеҳнии онҳо истифода бурдан ба манфиати кор шуд. Ширкат дар давоми 6 моҳи ҷонбозиҳои мо, гуфтан мумкин, рӯ ба тараққӣ ниҳод. Барои пешрафти иқтисодии ширкат мо хатсайрҳои зарароварро кам кардем, баъзеашро бастем, хатсайрҳои фоиданокро зиёд намудем, хатсайрҳои нав кушодем, таъмиру ҳолати техникии фурудгоҳро беҳтар намудем. Барои таъмиру азнавсозии сохторҳои хизматгузории фурудгоҳ дар давоми се сол зиёда аз 40 млн сомонӣ сарф намудем.
Даромади ширкат ба зиёд намудани хатсайрҳо ва самаранок истифода намудани он алоқамандии бевосита дошт. Талаботи парвози мусофирон он вақт хусусан ба Русия аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ, ки пештар бо қатора мерафтанд, ҳамарӯза зиёд мешуд. Вале мо набояд фаромӯш созем, ки то соли 2000-ум ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аз парвоз намудан ба Тоҷикистон худдорӣ мекарданд, дағал карда гӯем, метарсиданд ва ҶСК “Тоҷик Эйр” дар ин ҷода берақобат амал мекард. Баъди соли 2000-ум ширкатҳои Русия то ба андозае фаъол шуданд, ки ҳатто барои парвози тайёраҳои ширкати “Тоҷик Эйр” монеа эҷод мекарданд. Соли 2006-ум мо ба ин проблема мувоҷеҳ шудем ва дар назди худ мақсад гузоштем, ки ба ғайр аз Москва, Самара, Новосибирск ва Екатеринбург боз ба дигар шаҳрҳои Русия парвоз намоем, зеро аз як қатор шаҳрҳо ширкатҳои Русия парвоз намуданро ба Душанбе ва Хуҷанд яктарафа ҷоннок намуданд ва аз ин ҳисоб фоидаи хуб ба даст меоварданд. Мо ба ҷониби Русия арз намудем, ки дар қатори ин ширкатҳо ба Санкт-Петербург, Красноярск, Оренбург, Иркутск ва дигар шаҳрҳо парвоз кардан мехоҳем, лекин онҳо Созишномаи соли 1997-умро баҳона карда, аз ҷумлаи шаҳрҳои номбурда фақат ба Санкт-Петербург парвоз карданро иҷозат доданду халос.
Мулоқот бо вазири нақлиёти Русия дар ин бора низ натиҷа надод. Ин рафтори онҳо ноодилона буд. Чунин муносибати нописандонаи масъулини соҳаи ҳавонавардии Русия нисбати мо нав нест. Он вақт мо бо усули “Дарди бадро давои бад” амал намудем. Хушбахтона, Ҷаноби Олӣ пешниҳоди моро дастгирӣ намуд ва моҳи июни соли 2007 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯёнидани маблағи муайян аз ширкатҳое, ки бар хилофи риояи мувозинати парвоз (паритет) дар хатсайр амал мекунанд, қабул карда шуд. Мутобиқи ин қарор, ширкатҳое, ки яктарафа парвоз мекарданд, барои ҳар як мусофири меовардаашон 10 доллар ва мебурдаашон низ 10 доллар ҳамчун ҷуброни зарари ширкати “Тоҷик Эйр” месупориданд. Қарор одилона буд, зеро чунин эзоҳ дошт, ки агар ба ҶСК “Тоҷик Эйр” дар хатсайри нав иҷозати парвоз дода шавад, амали қарор дар ҳамон хатсайр қатъ мегардад. Бо вуҷуди он, роҳбарияти авиатсияи Русия аз раъяш нагашт, лекин ширкатҳои русиягӣ ин маблағро пардохт мекарданд. Аз ин ҳисоб “Тоҷик Эйр” ҳармоҳа зиёда аз 100 ҳазор доллар фоидаи соф мегирифт.
Ҳамкорӣ бо ширкатҳои Русия дар он давра мушкилӣ дошт. Ҳолати аҷиберо мехоҳам мисол орам. Он солҳо ширкати русиягии “Эйр Юнион” аз чанд шаҳри Русия ба Душанбе парвоз мекард. То ба кор омадани ман ин ширкат аз ҳисоби хизматрасонии фурудгоҳи Душанбе 500 000 доллар қарздор шуда буд ва додани ин маблағро қотеъона рад мекард. Бо баҳонаи он, ки «шумо нархи хизматрасониро зиёд намудеду маълумотро дар ин бора дар кадом як маҷаллае бояд ба нашр мерасонидед, аммо онро чоп накардед». Ман чанд маротиба бо роҳбари ин ширкат Абрамович А. дар Маскав вохӯрӣ намуда, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ беасос будани мавқеи ӯро фаҳмонидам ва дар бораи қатъ намудани хизматрасонӣ дар ҳолати напардохтани қарз огоҳ намудам, лекин бенатиҷа. Ӯ нисбати кор ва муроҷиати мо нописандӣ зоҳир намуд. Сипас, ба ҳавопаймои навбатии ӯ аз ҷониби мо хизмат расонида нашуд ва ин ҳавопаймо давоми се шабонарӯз дар фурудгоҳи Душанбе маҷбуран истод, ки ин ҳолат барои ширкати ҳавопаймоӣ ниҳоят зараровар аст. Он гоҳ Абрамович А. намояндагони худро барои ҳалли (ба қавли онҳо) ин муаммо фиристод. Онҳо ноҳақ будани худро эътироф намуданд ва Абрамович А. дар давоми се моҳ маблағи 500 000 долларро пурра пардохт намуд.
- Роҳбар шудан осону масъулият эҳсос кардан албатта душвор аст. Тавре Пешвои миллат низ дар баромадҳояшон пайваста таъкид мекунанд, «ба вазифа ман Шуморо таъин мекунем, вале обрӯ ба даст овардан дар байни мардум аз заҳмати Шумо вобастагӣ дорад. Мардум ба кори Шумо баҳо медиҳад». Дар ин росто мехостам бипурсам, ки сирри муваффақияти Шумо дар чӣ буд?
- Ба ақидаи ман, роҳбар ҳамон вақт муваффақ мегардад, ки нисбати корхонаи ба ӯ бовар кардашуда аз моликияти шахсии худ дида масъулиятноктар муносибат намояд. Ба исрофкорӣ роҳ надиҳад, сарфакорона амал намояд ва нагузорад, ки фаъолияти корхона ва заҳмати кормандон беманфиат бошад. Барои мисол, ҳолати зеринро дар ин бора меорам, ки ҷолиби диққат аст.
Дар ҳудуди фурудгоҳ қисми маҳдуди авиатсионии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Фаронса ҷой гирифта буд. Дар аввал ду ҳавопаймои “Мираж” оварданд ва ба Давлати исломии Афғонистон парвози ҳарбӣ мекарданд. Баъдан шумораи ин ҳавопаймоҳо ва ҳайати шахсии онҳо зиёд шуд. Ба ғайр аз иҷораи ҳудуд, боз таъмини об, кашонидани ахлот ва дигар хизматрасониҳо ба зиммаи фурудгоҳ буд. Бадтар аз он, баъди парвози «Мираж» сӯзишвории носӯхта ба болои хати парвоз мерехт ва барои таъмини бехатарии парвоз зарур буд, ки онро бо обу моддаҳои кимиёвӣ аз болои хати парвоз таъҷилан шуста тоза намоем. Кормандон аз ин хизматрасонии бепул менолиданд, ки онҳоро фаҳмидан мумкин буд. Тасаввур кунед, ки бо чӣ азоб дар зери офтоби сӯзон онҳо ҳар рӯз ин амалро иҷро менамуданд.
Дар асоси шартномаи ҷойгиршавии ин қисми ҳарбӣ дар фурудгоҳ бошад, хизматрасонии бепул пешбинӣ нашуда буд. Хушбахтона, Ҷаноби Олӣ таклифи маро дастгирӣ намуданд ва баъди вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои он кас бо сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Фаронса ба натиҷаи хуб ноил шудем. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Фаронса 11 млн евро ба сифати ёрдам ҷудо намуда, бо ин маблағ худашон тамоми гардишҳо ва истгоҳҳои ҳавопаймоҳоро дар ҳудуди зиёда аз 5 га замин мутобиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ мумфарш намуданд, ки пештар дар ин минтақа ҳамарӯза то 10 нафар корманд бо ҷорӯб сангмайда меғундоштанд.
Ба ғайр аз он, Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса барои сохтмони терминали нави фурудгоҳ 17 млн евро қарзи бефоиз ҷудо намуд ва ширкатҳои худи Ҷумҳурии Фаронса лоиҳаи ин терминалро тарҳрезӣ карда доданд.
Имрӯз мусофирон аз ин терминал ба роҳат истифода менамоянд. Ин муваффақият ба туфайли истодагарии танҳо Ҷаноби Олӣ муяссар шуд.
Ба қисми ҳавонавардии Вазорати мудофиаи Русия, ки зиёда аз 10 сол дар ҳудуди фурудгоҳ ҷойгир буду ҳар ҳафта як ё ду самолёти онҳо омаду рафт дошт, бепул хизматгузорӣ мекардем. Бо супориши Ҳукумат мо инро низ ҳисобу китоб карда, маблағи 5 млн доллар муқаррар намудем. Лекин рӯёнидани ин маблағ ба мо муяссар нашуд. Вазорати мудофиаи Русия бо ҳар баҳона аз пардохти ин маблағ саркашӣ намуд. Лекин самолётҳои ҳарбии худро аз фурудгоҳи Душанбе бароварда, минбаъд хизматрасонии ҳавопаймоҳои ба Душанбе парвоз мекардаи худро мепардохтагӣ шуданд.
- Як замон кормандони Шумо дар матбуот ва сомонаҳои интернетӣ аз фаъолиятатон интиқод карданду аз худи Шумо шикоят. Асоси ин норозигиҳо чӣ буд?
- Дар ҳақиқат, чунин шикоятҳо ҷой доштанд. Асос ин ки, ба хотири беҳбудии кор манфиати ғаразноки ҳавонавардон ва роҳбаладҳоро халалдор кардам. Он вақт хатсайри Душанбе‐Маскав ҳар рӯз як маротиба ба роҳ монда шуда буд ва эстафетаи ивази экипаж амал мекард. Яъне як экипаж, иборат аз 4 нафар ҳавонавард ва 6 нафар роҳбалад дар Маскав, дар меҳмонхона меистоданд. Баъди тайёраи дигар ба Маскав омадан, экипажи як шабонарӯз он ҷо истироҳаткарда тайёраро қабул намуда, ба Душанбе меомад. Экипажи нав як шабонарӯз он ҷо меистод. Ҳамин тавр, 10 нафар корманд гӯё соли дароз дар рухсатӣ буданд.
Дар натиҷаи пешрафти кор ва зиёд шудани шумораи парвозҳо, барои иҷро кардани парвозҳои нав экапиж намерасидагӣ шуд ва ман маҷбур шудам, ки ин эстафетаро барҳам диҳам. То ин замон ман роҳбари хуб будам. Баъди қабули чунин қарор, бо вуҷуди он, ки тарифи соати парвози ҳавонавардон ва роҳбаладҳоро баланд бардоштем, норозигӣ ва муноқишаи онҳо, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 60 нафар буданд, афзуд. Сабаб он, ки экипажи ба ном «эҳтиётӣ» аз имконияти як шабонарӯз дар Маскав будан истифода карда, ҳар кадоме то 30 кг ҳар гуна молро бепул меовардааст. Барои шикастани ин қолаб кормандони ҳавасманди ду сохтор таҳти роҳбарии Идрисов А. Б. хабарнигоронро истифода намуда, нисбати ман чӣ сафсатаҳое нанавиштанд. Гарчанде мутлақо ноҳақ буданд. Зеро, дар ҳамон хатсайр, аз Маскав ба Душанбе экипажи ширкатҳои Русия дар ҳамин намуди тайёра парвозро иҷро карда, ҳамон масофа ва соати парвозро сарф намуда, боз қафо мерафтанд ва дар Душанбе намеистоданд.
Имрӯз дар ин хатсайр ҳамарӯза 4 парвоз аз ҷониби ширкатҳои Тоҷикистон ва 4 парвоз аз Русия иҷро мешаваду дар бораи вайрон шудани меъёри парвоз ва нигоҳ доштани экипажи эҳтиётӣ дар Маскав фаромӯш кардаанд.
- Ширкат аз буҷаи давлат кӯмак мегирифт ё не?
- Албата не. Ширкати ”Тоҷик Эйр” ҳамчун иттиҳодия он вақт корхонаи воҳиди давлатӣ буд ва дар ҳолати худмаблағгузорӣ амал мекард. Ҳатто ягон намуд имтиёзи гумрукӣ ва ё андозӣ надошт. Барои ҳамин, давлат аз пешрафти иқтисодиёти ҳар як корхона манфиатдор аст, чунки ба туфайли афзудани даромаднокии корхона пардохтҳои андоз ва гумрук низ ба буҷа меафзояд. Барои мисол, бо сабаби афзудани гардиши мол дар ширкати “Тоҷик Эйр” пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ ба буҷа сол ба сол бамаротиб зиёд шуда буд. Мисол, агар соли 2005 ширкат ба қадри 1,3 млн доллар зарар бардошта бошад, пас дар соли 2006 бо вуҷуди мавҷудияти қарзи кредиторӣ ба қадри 19,5 млн доллар, ‐ 6,4 млн доллар, соли 2007 ‐ 13,6 млн доллар ва соли 2008 ‐ 20,9 млн доллар фоида гирифтааст. Мувофиқан аз воридоти пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо аз ширкат буҷаи давлат ғанӣ гардида буд. Чунончи, агар соли 2005 ин пардохтҳо баробар ба 10,4 млн доллар буд, пас соли 2006 ‐ 17,5 млн доллар, соли 2007 ‐ 27,4 млн доллар ва соли 2008 ‐ 38,5 млн долларро ташкил дод. Хоҳиш мекунам, ин комёбиҳоро худтаърифкунӣ не, балки баёни натиҷаи заҳмати аҳли ширкат дар давраи роҳбарии ман ҳисобед.
- Аз сӯҳбататон чунин бармеояд, ки Шумо барои коллектив ҳам кӯшиш мекардаед, ки ба кор дилгарм шаванд.
- Барои ҳавасмандии кормандон мо низоми мукофотпулии ҳармоҳаро ҷорӣ намудем. Яъне афзоиши моҳонаи кормандонро аз фоизи фоиданокии моҳонаи ширкат вобаста кардем. Барои мисол, агар ширкат дар моҳи ҷорӣ 40 фоиз фоида мебардошт, пас маоши моҳонаи корманд (оклад) ба миқдори 40 фоиз меафзуд. Ин низом натиҷаи мусбат овард. Кормандон фаъолияти якдигарро назорат мекардагӣ шуданд, самаранокӣ ва масъулиятнокии онҳо нисбати иҷрои вазифа боло рафт. Дар натиҷа маоши кормандон ба ҳисоби миёна аз ду маротиба зиёдтар, аз баъзе сохторҳо то чор маротиба афзуд.
- Овозаҳо ҳаст, ки аввалин “Бойинг”-ро Шумо ба Тоҷикистон овардед. Ин дуруст аст? Ва қиссаи овардани аввалин “Бойинг” ба кишвар чӣ гуна аст?
- Роҳандозии ҳар кори нав мушкилӣ дорад. Барои аз самолётҳои “Туполев” ба “Боинг” гузаштан бошад, бозомӯзӣ мушкилии зиёд дошт. Зеро ҳавонавард забони англисиро бояд ҳатман ба дараҷаи даркорӣ донад. То соли 2006 истгоҳи (парк) авиатсионии Тоҷикистон асосан аз самолётҳои навъҳои ТУ‐154 иборат буд, ки хароҷоти сӯзишвориаш дар як масофа ва бо як миқдор шумораи мусофирон нисбат ба “Боинг” ва “Аэробус” ду маротиба зиёд буд. Нархи сӯзишворӣ бошад, он вақт мунтазам боло мерафт. Ба замми он, ин самолётҳо кӯҳна ва фарсуда шуда буданд. Мо барои ба иҷора гирифтани самолётҳои каммасраф, яъне “Боинг” ё “Аэробус” зиёда аз 6 моҳ талош намудем. Ҳатто як ширкати консалтингии Маскавро истифода намудем, лекин бе натиҷа.
Аз сабаби надоштани таҷрибаи хизматрасонии фурудгоҳӣ ва истифодаи ин навъи самолётҳо касе ба иҷора додан ҷуръат намекард. Дар охири соли 2006 ба мо муяссар шуд, ки бо ширкати “Ист Эйр” ҳамкориро оғоз бахшем. Дар аввал ин ширкат бо ҳавонавардон ва техникаҳояш парвозҳоро иҷро карда истода, барои бозомӯзии ҳавонавардони мо кӯмаки назаррас намуд. Дар муддати зиёдтар аз як сол “Ист Эйр” 20 нафар ҳавонавардони моро ба муассисаҳои бозомӯзии Аврупо ва Амрико равон кард ва онҳо соҳиби иҷозатномаи идора намудани “Боинг” шуданд. Ҳамчунин, теъдоди аз ин ҳам зиёди роҳбаладҳоро ба Масква фиристода, барои хизматрасонӣ дар “Боинг” бозомузӣ намудем. Барои бозомӯзии ҳар як ҳавонавард то 25000 долларро дареғ надоштем ва натиҷа хуб шуд. Имрӯз ҳавонавардони ин навъи тайёра дар Тоҷикистон хушбахтона кифоя мебошанд ва ба туфайли ғанӣ гаштани таҷрибаи кории онҳо мушкилоти кадрӣ дар ин соҳа ҳал шудаву ба мутахассисони хориҷӣ эҳтиёҷ намонд.
- Овозаҳо низ ҳаст, ки замони сарвариатон ҳатто як “Боинг”-ро ба таври «асрорангез» соҳиб шудаед...
- Дар ҷомеаи мо барои овоза кардан касе заҳмат намекашад, мегӯяду халос. Соли 2008-ум мо аз ширкати москвагии ”ВИМ Авиа” як самолёти “Боинг‐757”-ро иҷора гирифта, чанд моҳ истифода кардем, лекин ширкат ғайричашмдошт тайёраашро бозпас гирифта, як тайёраи дигарро аз Амрико дарёфт намуда, пешниҳод кард, ки ба иҷора гирем. Мо ҳамаи хатсайрҳоямонро бо ин навъи тайёра побаст карда будем, бинобар ин, гирифтани ин тайёра барои ширкат манфиатнок буд. Ширкати амрикоӣ бошад, фақат бо шарти иҷораи молиявӣ, яъне бо шарти харид дар охири иҷора тайёраро медод. Барои ин зиёда аз 25%-и арзиши онро пардохт намудан лозим буд. ҶСК «Тоҷик Эйр» чунин маблағро якбора дода наметавонист. Бинобар ин, тайёраро ширкати лизингии “Нахуст лизинг” оварда ба “Тоҷик Эйр” ба иҷора дод. Он вақт мо мақсади хариди лизингии ин самолётро надоштем, зеро самолёт солхӯрда буд. Лекин баъдан ин самолётро “Тоҷик Эйр” тариқи лизинг харидорӣ намуд.
- Дар матбуот навишта буданд, ки нисбати Шумо парвандаи ҷиноятӣ бурда мешуд. Ҳоло мебинам, ки ҳолатон ба қавле беҳтар шудааст. Сарчашмаи парванда аз куҷо оғоз гардида буд?
- Парвандаи ҷиноятӣ нисбати ман сохтакорона ва фармоишӣ буда, фақат бо мақсади тамаъҷӯӣ оғоз карда шуда буд. Аризаро нисбати ман Толибов Бурҳониддин, писархонди (дар он вақт) прокурори генералӣ Бобохонов Б. К. бо роҳбарии писари он кас Бобохонов Файзулло ташкил карда навишта буданд, ки гӯё бародари ман аз бародари Толибов ду корхонаро гирифтаасту ман пули онҳоро надодаам. Ба ғайр аз он, гӯё моҳи январи соли 2008 ӯ ба ман 230 ҳазор доллар қарз додаасту ман барнагардонидаам. Нисбати ҳолати ба ман қарз додани 230 ҳазор доллар, Толибов барои далели ин суханҳояш ду нафарро шоҳид овардааст, ки онҳо гӯё то ба назди бинои ширкат овардани ин маблағ ҳамроҳӣ карда бошанд, ки ин ҳам сохтакории бофта буд. Зеро Толибов солҳои 2006-2007 мисли дигарон чиптаҳои “Тоҷик Эйр”-ро тавассути фирмаҳои “Зелёний билет” ва “Империя Содот” мефурӯхт ва моҳи январи соли 2008 дар давоми як ҳафта қариб 1,5 млн доллари ИМА қарзи фирмаҳои номбурда ҷамъ шударо тариқи нақдӣ оварда ба кассаи ширкат супорида буд. Нафаронеро, ки ӯро дар овардани ин маблағ ҳамроҳӣ карда буданд, барои тасдиқи ин тӯҳматаш ҳамчун шоҳид истифода намудааст.
Сабаби дигараш он буд, ки ҳангомӣ вохӯрӣ Толибов сабаби амали худро чунин баён кард, ки ӯ тирамоҳи соли 2007, вақте ки дар аэропорти Домодедовои Москва чиптаҳои “Тоҷик Эйр”-ро мефурӯхт, аз фурӯши ҳар як чипта 200 доллар фоида мегирифт. Лекин ман ҳатто илтимоси Бобохоновро ба инобат нагирифта, фаъолияти ӯро манъ кардам. Дар натиҷа ӯ ва шариконаш аз фоидаи як миллион доллар, ки дар ҳамон сезон бояд мегирифтанд, маҳрум шуданд. Барои ҳамин, ҳамон зарарро ман бояд ҷуброн намоям.
Савум, ӯ боз илова кард, ки охири соли 2008 ҳангоми интихоб ва ҷобаҷокунии кадрҳо ман дар қатори ӯ ба вазифаи директори аэропорти Хуҷанд Маҳмудовро пешниҳод намудам, ки дар соҳаи авиатсия таҷрибаи 25-сола дошт ва бо ин сабаб ҷои ӯро ишғол намуд. Ман бояд нафареро пешниҳод мекардам, ки шонси аз ӯ пеш гузаштанро намедошт. Ӯ чанд маротиба маблағи номбурдаашро талаб намуд ва ҳатто охирин маротиба таҳдид намуд, ки агар надиҳам, маро ҳабс мекунанд. Ман «номаъқул кардӣ!» гуфта, ҷавоб додам. Дар натиҷа парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд ва ҳатто маро 4 шабонарӯз боздошт намуда, ба мақсадашон ноил шуданд. Он замон аҳволи ман ба сайди дар иҳотаи шағолон монда шабоҳат дошт. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати ман қариб як сол идома ёфта, бо асоси набудани таркиби ҷиноят қатъ гардид. Лекин чоҳкан зери чоҳ шуду Толибовро суд барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ ба мӯҳлати як сол маҳкум намуд. Ба ғайр аз он, Агентии мубориза бо коррупсия нисбати Толибов парвандаи ҷиноятиро дар бораи ҳангоми и. в. директори аэропорти Хуҷанд кор карданаш тасарруф намудани 600 000 доллар идома медод, лекин аз маҳбас баромадан пас ӯ ҳиҷрат намуд. Баъди як-ду сол дар давлати Эквадор бо сабаби номаълум фавтид. Баъд аз вай Файзулло Бобохонов низ барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ ва сӯйистифода аз вазифаи хизматӣ, дар замони прокурори ноҳияи Ҳисор кор карданаш, ба мӯҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
- Пас аз фаъолияти тӯлонӣ дар вазифаҳои пурмасъул ва муҳими роҳбарикунанда соҳибкорӣ аз дигар намуди вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ чӣ тафовуте дорад?
- Албатта, кор дар вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ осон набуда, масъулиятро талаб мекунад ва дар баробари ин саҳлангориро намепарастад. Аммо, соҳибкорӣ низ нозукиҳои худро дорад ва агар хоҳед, ки коратон барор гираду аз он манфиате бардоред, бояд аз рӯи ақлу идрок корро ба роҳ монед. Коре кунед, ки нисбати он дар ҷомеа талабот мавҷуд бошад, то аз ҳосили дастранҷи хеш ҳам худи шумо баҳравар гардеду ҳам ҷомеа. Он вақт метавонед ба натиҷае муваффақ шавед.
- Фаъолияти соҳибкории худро аз кадом кор оғоз бахшидаед? Мегӯянд, ки ду-се корхона ҳам доред...
- Беш аз 8 сол аст, ки тавассути устохонаи таъмири мошинҳои сабукрав ба мизоҷон хизматрасонӣ мекунем ва зиёда аз 20 нафар ба ин кор машғуланд. Ба ғайр аз он, истеҳсоли зарфҳои пластикӣ барои ғунҷоиши маҳсулоти ширӣ, ҷурғот, кефир, сметана ва ғайраро ба роҳ мондаем. Қаблан талабот ба зарфҳои пластикии истифодаи якдафъаина афзун буд ва мо мувофиқи фармоиши муштариён истеҳсоли ин гуна зарфҳоро ба роҳ монда, даромади хеле калон мегирифтем. Лекин ду сол аст, ки дар натиҷаи бӯҳрони иқтисодӣ ва пайдоиши рақобат фурӯши онҳо коҳиш ёфтааст.
- Фарогирии фаъолияти соҳибкориатон фақат ҳамин гардида?
- Чаҳор сол мешавад, ки дар ҳудуди ноҳияи зебоманзари Варзоб ба истеҳсоли оби ташнашикани “Варзоб”, ки бевосита аз чашмаи кӯҳӣ гирифта мешавад, машғул ҳастем. “Варзоб” ба тамоми меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, баъд аз софкунии иловагӣ бастабандӣ карда мешавад ва аллакай фурӯшашро дар фурӯшгоҳҳо ба роҳ мондем. Пештар фақат дӯстонам аз ин об ташнагӣ мешикастанд, ҳамааш ройгон буд. Дар ҳамон минтақа барои истироҳати мизоҷон хизматрасонӣ низ менамоем.
- Чун давраҳои хуби ҳаёти худро сарфи кори давлат кардаву ҳамеша вазифаи масъулиятнокро ба зимма доштед, имрӯз ёди мансаб намекунед?
- Ҳар як кору амал замону макони худро дорад. Ман аз он, ки ба нафақа баромадаам, рӯҳафтода нестам. Бигзор акнун ҷавонон кор кунанд, Ватанро обод созанд ва ба насли минбаъда онро сарбаландона супоранд. Масъулияти соҳибкорӣ аз кори давлатӣ кам нест. Аз натиҷаи кори худ манфиат бардоштан ва барои беш аз 30 корманд шароити корӣ ва маош таъмин намудан фориғболиро намепарастад.
- Теъдоди дӯстонатон пас аз баромадан ба нафақа зиёд шуд ё кам?
- Барои дӯстони беғараз меҳру муҳаббат кам намешавад. Аммо, дӯстони ғаразнок шояд аз баҳри “дӯстӣ” даст кашанд. Зеро дигар болои вазифа нестиву барояшон кӯмаке карда наметавонӣ. Ин ҳама вобаста аст аз дараҷаи фарҳанги ҳар як нафар.
- Зимни адои вазифа коре кардаед, ки он бароятон пушаймонӣ оварда бошад?
- Дар ҳар вазифае, ки бароям бовар кардаанд, содиқона кор кардаам. Кор бе хатоӣ намешавад. Дар урфият дуруст мегӯянд: «Хатоиро касе намекунад, ки кор накунад». Ман аксар вақт аз сафедро сафед ва сиёҳро сиёҳ гуфтанам зарар дидаам. Чунки одам гӯш кардани ҳақиқатро дӯст намедорад. Сухани ҳақро ки гуфтӣ, маъқул намешавӣ ва баъзан душманат мешуморанд. Аммо, ин ҳама ба манфиату пешрафти кор буд. Мутмаинам, ки нисбати касе ноҳақӣ накардаам.
- Мусаллам аст, ки сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар тавассути тайёраҳои ҶСК “Тоҷик Эйр” амалӣ карда мешуд. Оё шудааст боре, ки аз ин сафарҳо норозигие ба миён омада бошад байни ҳайати баландпояи кишварамон? Манзурамон дар сатҳи зарурӣ хизмат нарасонидан, дучори ҳолатҳои техникӣ шудан ва ғайра аст.
- Мо дар соҳаи ҳавонавардӣ мутахассисони хубе дорем, ки кори худро дар дараҷаи аъло медонанд. Сабаби муваффақияти кор дар ҳар соҳа марбут ба мутахассиси соҳибкасб аст. Дар бораи хуб ё бад кор кардани ман дигарон бояд баҳо диҳанд. Вале бо дар чунин ҳолати ногувор афтидани аъзои баландпояи Ҳукумати кишвар ҳангоми сафарҳои расмӣ ҳеҷ гоҳ рӯ ба рӯ нашудем, хушбахтона.
- Барои беҳтар гардидани вазъи муҳоҷирони кишвар дар Русия чӣ пешниҳодҳои муфиде доред, то азоб накашанд?
- Баъди хатми мактаби миёна ҷавонон ва ҳатто духтарон мекӯшанд ба Русия раванд, дар ҳоле, ки ҳатто забони русиро намедонанд. Хуб мешуд, агар онҳо ақаллан ягон омӯзишгоҳро хатм намуда, ягон намуд ихтисосро ба монанди рангубор кардан, кафшергарӣ ва дигар нозукиҳои сохтмониро аз худ карда, баъд ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, то хор нашаванд.
- Афзалияти нафақа аз мансабдорӣ дар чист?
- Кас бояд шукр кунад, ки ба ин марраи зиндагӣ расид. Баъдан, ӯ худаш хӯҷаини вақти худаш аст. Агар шумо соҳибкори нафақагирро дар назар дошта бошед, ӯ метавонад дар дилхоҳ вақт ба кор ояд ва вақти хостааш аз кор равад. Аз тарафи дигар, рӯзи истироҳат надорад, агар зарур шавад, шаб, рӯз, шанбе, якшанбе ба кор машғул мешавад, зеро дар соҳибкорӣ бемасъулиятӣ зараровар аст. Мансабдорӣ бошад, ба ҳама маълум.

Мусоҳиб: Гурдофарид АСРОРАНГЕЗӢ

 

Хонданд 1476

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.