.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Мусоҳиба

Забон беҳтарин омили ҳастӣ ва нумуи миллат маҳсуб ёфта, тамаддун ва таърихи моро пойдор нигоҳ медорад. Рисолати аҳли ҷомеа, олимону донишмандон ва ҳар фарди тоҷик поку беолоиш нигоҳ доштани он аст. Суҳбати мо бо устоди ДМТ, доктори илмҳои филология, профессор Баҳриддин Камолиддинов вазъи забони модариро дар замони феълӣ бозгӯ мекунад.

- Ба андешаи Шумо, айни замон вазъи ҳифзи забони тоҷикӣ дар чӣ ҳолат аст ва меъёрҳои забони адабӣ аз тарафи аҳли ҷомеа то куҷо риоя мешаванд?

- Баъд аз қабули Қонуни забон мардум дудила буданд, ки «агар забони тоҷикӣ забони давлатӣ шавад, дар умури давлатдорӣ вазифаашро иҷро карда метавониста бошад ё не? Агар забони тоҷикӣ забони давлатӣ шавад, дар ҳамаи муасcисаҳо, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ вазифаи худро адо карда метавониста бошад ё не?». Ин фикру мулоҳизаҳо то рӯзи эълон шудани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт. Вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 мустақилияташро эълон кард, мардум гуфтанд, ки «бале, мешавад!». Чунки ба забони тоҷикӣ таъсири забони русӣ дар назар буд. Вақте таъсири забони русӣ ба забони тоҷикӣ мегӯем, сатҳи забондонии мардум ҳеҷ ҷойи бадӣ надорад. Мардуми мо дар баробари забони модарӣ забони русӣ омӯхт. Қисми зиёди аҳолии мо фикри худро ифода карда метавонистанд. Ин ҳеҷ ҷойи бадӣ надошт. Лекин, дар умури давлатдорӣ забони русӣ мавқеи забони миллӣ, ҷойи забони тоҷикиро андаке танг кард. Чунин вазъият таҳдид кард, ки забони тоҷикӣ забони давлатдорӣ намешавад. Баъд, дар соҳаи мактабу маориф. Албатта, дар баробари таълими забони модарӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии мо омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ мавқеи зиёд дошт. Ин барои омӯхтани забони русӣ аз аҳамият холӣ набуд ва ҷойи бадӣ надошт. Зеро мо эҳтиёҷ доштем, ки ба воситаи забони русӣ илми пешрафтаи ҷаҳониро омӯзем. Яъне, барои мо забони русӣ ҳамчун як равзанаи забономӯзӣ, як равзанаи муносибати иқтисодию фарҳангӣ бо мамлакатҳои дигари дунё хизмат кард. Лекин, вақте ки дар умури давлатдорӣ ҳама вазифаҳои забони тоҷикиро забони русӣ ба худ гирифт ва ҷои забони тоҷикӣ хеле танг шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиёҷ пайдо кард, ки Қонуни забони давлатӣ қабул карда шавад. Албатта, қонун қабул карда шуд, аммо амалӣ гардидани он дар як даҳсола, ҳатто дар ду даҳсола амри маҳол буд. Масалан, забони қазоқӣ муҳлати дар амал татбиқ кардани забони давлатиро 40 сол муқаррар карда буд. Дар мо чунин тасаввуроте буд, ки дар давоми як даҳсола, ҳеҷ набошад ду даҳсола забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мавқеи худро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ишғол мекунад. Ин ба осонӣ муяссар нашуд.

Яке аз сабабҳои ба Қонуни забони давлатӣ дигаргунӣ ворид кардан намояндагони забонҳои дигар буданд. Дар марҳалаи аввал миёни намояндагони забонҳои дигар, ки дар ҷумҳурии мо зиндагиву фаъолият мекарданд, чунин ақида ҷорӣ шуда буд, ки дар маҳаллаҳое, ки аксарияти аҳолии он бо забони ӯзбекӣ ҳарф мезананд, дар идораи давлатӣ ҳам забони ӯзбекӣ ба кор бурда шавад. Дар бобати забони русӣ, азбаски русзабонҳо дар ҷумҳурии мо зиёдтар буданд, бинобар ин, як банд дохил карда шуда буд, ки дар дохили ҷумҳурӣ забони русӣ вазифаи муоширати байни намояндагони забонҳои гуногунро ҳам адо мекунад. Як муддат гузашт. Дидем, ки забони давлатӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ мавқеи бештар пайдо кард. Маълум шуд, ки бояд ана ҳамин банди Қонуни забонро тағйир диҳем. Яъне, дар дохили ҷумҳурӣ ҳамчун воситаи муоширати байни қавму миллатҳое, ки забонашон ғайритоҷикӣ аст, дигар забони русӣ не, худи забони давлатӣ ин вазифаро адо карда метавонад. Лекин, забони русӣ ҳамчун воситаи муоширати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя, хусусан ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мемонад. Ҳамин тариқ, забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ мавқеи худро пурра ишғол кард.

Як далел: Баъзе мактабҳои олии мо пурра ба забони русӣ гузашта буданд. Масалан Донишгоҳи тиббӣ. Имрӯз дар Донишгоҳи тиббӣ таълим асосан бо забони давлатӣ сурат мегирад. Албатта забонҳои дигар ҳам ба кор мераванд. Ҳатто дар мактабҳо, дар коллеҷҳо, литсейҳо гуруҳҳое ҳастанд, ки пурра таълим бо забони русӣ ё бо забони англисӣ аст. Он мавқеи худашро дорад. Лекин, забони давлатӣ забони ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дигар ба ҷуз забони давлатӣ забони расмӣ надорем. Бинобар ин, мавқеи забони давлатӣ рӯз то рӯз рушд ёфта истодааст. Аз вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардуми минтақаҳои гуногуни кишварамон маълум мешавад, ки дар суханронӣ ҳам, дар нутқ ҳам аксарияти онҳое, ки дар назди Президент суханронӣ ё суҳбату саволу ҷавоб мекунанд, суҳбатҳояшон ба воситаи забони адабӣ сурат мегирад. Чунки то ин вақт таъсири лаҳҷаву шеваҳо дар гӯиши мо зиёд буд. Оҳиста-оҳиста забони адабӣ дар муоширати озоди аҳолӣ мавқеи худро мустаҳкам карда истодааст. Ин падидаи хуб аст. Зеро, дар ҳама забонҳои бонуфузи дунё аллакай таъсири шева мушоҳида карда намешавад. Забони адабии умумихалқӣ лаҳҷаву шеваҳоро фурӯ бурдааст. Дар мо ҳам умри шеваҳо кӯтоҳ аст. Чӣ қадар забони давлатии мо қудратманду тавоно шавад, ҳамон қадар мавқеи лаҳҷаву шеваҳо танг шудан мегирад. Бинобар ин, аз ин ҷиҳат ҳам пешравӣ дар татбиқи забони давлатӣ, дар рӯзгори имрӯзаи мо эҳсос мегардад.

Боз як чизи дигар, ки пештар ҳам буду имрӯз ҳам боқӣ мемонад, таъсири забонҳои бегона аст. Ҷаҳонишавӣ, нуфузи забонҳои дунё, ки аз он забон намояндагони на танҳо як мамлакат, мамлакатҳои дигар ҳам ҳамчун забони давлатӣ истифода мекунанд, водор менамояд, ки мо дар ҳаққи забони миллии худ андешем, онро нигоҳ дорем, аз таъсири забонҳои бегона ҳифз намоем. Ба забони мо аз забонҳои бегона чӣ таъсире мушоҳида карда мешавад? Пеш аз ҳама дар бобати истилоҳ ва истилоҳсозӣ. Дар дунё ҳамагӣ панҷ забонро забони илмии техникӣ мешуморанд. Забони англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, русӣ ва дар соҳаи санъату меъморӣ забони итолиёвиро. Бинобар ин, дар тадқиқоти илмӣ, дар таълими илм забони мо дар бобати истилоҳоти илмӣ-техникӣ мушкилот дорад. Ин мушкилот оҳиста-оҳиста паси сар мешаванд, чунки дар бисёр соҳаҳои илм намояндагони ҳамон соҳа аллакай истилоҳоти соҳавии ҳамон соҳаи худро таълиф карда истодаанд. Дар ин бобат хизмати Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ҳаст, ки онҳо ҳамеша ғамхорӣ мекунанд, то ҳамин гуна луғатномаҳо дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолот бошанд. Ба назари ман, солҳои наздик оҳиста-оҳиста ин норасоӣ низ бартараф хоҳад шуд.

- Омилҳои асосии таъсиргузор барои коҳиш ва ё рушди забони давлатиро боз ҳам дар чӣ мебинед?

- Омили асосӣ ҳамин аст, ки забони давлатӣ бояд пушту паноҳ дошта бошад. Пушту паноҳи забони давлатии имрӯзаи мо пеш аз ҳама Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонанд, ки дар ҳама ҷо бо забони тоҷикӣ суханронӣ мекунанд. Ба наздикӣ дар минбари СММ бо забони тоҷикӣ суханронӣ карданд. Худи ҳамин суханронии Президент аллакай эътимоди моро ба забони модарии худ, ба забони миллии худ қавитар мегардонад. Ҳар як роҳбари муассиса, чӣ истеҳсолӣ бошад, чӣ ғайриистеҳсолӣ, ҳар як роҳбари ташкилот, созмони чӣ давлатӣ ва чӣ ғайридавлатӣ дар ҳаққи забони модариамон - забони тоҷикӣ бояд ғамхорӣ кунад. Ин ҳам хуб аст. Чунки, кормандони ҳамон соҳа ба даҳони шахси аввал нигоҳ мекунанд. Аз ин бо забони тоҷикӣ суханронӣ кардан, бо забони модарӣ интишор намудан албатта зиёдтар мегардад. Сеюм ин ки, пушту паноҳи забони миллии тоҷикӣ худи соҳибони забон ҳастанд. Агар соҳибони забон ба забони модарии худ бо назари ғамхорӣ нигоҳ кунанд, барои рушду инкишофи ояндаи он ҳиссагузорӣ намоянд, албатта забони давлатӣ пуриқтидор мешаваду тавоно мегардад. Ҳамаи ин омилҳо ба рушди забони тоҷикӣ сабаб мегарданд.

Боз як чизи дигарро бояд зикр намуд. Мактаб. Фарзандони мо дар мактаб таҳсил мекунанд, ҳам забони модарии худро меомӯзанд, ҳам забонҳои дигарро. Аммо сифати таълими забони модарӣ дар мактабҳо чӣ гуна аст? Дар солҳое, ки ба мардуми тоҷик фалокати ҷанги шаҳрвандӣ таъсир кард, дар системаи маорифи мо, дар муассисаҳои таълимиямон андаке костагӣ ба миён омад. Имрӯз Вазорати маориф ва илми мо роҳҳои беҳтарини таълимро ҷустуҷӯ менамояд, ки дар тамоми мактабҳои дунё таҷриба шудаанд ва аз онҳо истифода мебаранд. Ҳамин масъулиятро муассисаҳое ҳам, ки муаллим тайёр мекунанд, бар дӯш доранд. Муаллимони мактабҳои таҳсилоти умумии мо бояд донише дошта бошанд, ки ҷавобгӯи илму замона бошад. Ба назари ман, ҳамаи ҳамин омилҳо дар оянда ба рушди забони миллии тоҷикӣ таъсири мусбат хоҳанд расонд.

- Замоне Шумо дар мавриди риоя нагаштани меъёрҳои забони адабӣ дар расонаҳо, хоса радио ва телевизион изҳори нигаронӣ карда будед. Ҳоло ба назаратон вазъ то куҷо беҳбуд ёфтааст? То куҷо ВАО метавонад тарғибгари рушди забони давлатӣ бошад?

- Вақте ки Қонуни забони давлатиро қабул мекардем, яке аз масъалаҳое, ки дар назари аввал ҳал шудани он мушкилӣ пеш меорад, фазои иттилоотӣ буд. Дар замони шӯравӣ дар забони иттилоотӣ забони русӣ мавқеи зиёдтар дошт. Дар замони мо ҳамин фазои иттилоотии пештара боқӣ мемонад ё оҳиста-оҳиста ин фазо тоҷикӣ мешавад? Хусусан академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар ҳар як суҳбаташон ҳамин масъаларо ба миён мегузоштанд, ки бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳибистиқлол шуд, фазои иттилоотиаш дар оянда забони миллии тоҷикӣ бошад.

Воқеан ҳам, имрӯз шумораи рӯзномаҳо, ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радио, шабакаҳои телевизион зиёд шудааст. Кай тасаввур мекардем, ки дар ноҳияҳои мо шабакаи радиоӣ ё телевизионӣ ба кор шуруъ мекунад?! Имрӯз аллакай дар ноҳияҳо шабакаҳои радиоӣ ва телевизионӣ фаъолият менамоянд. Ҳамаи ин барои рушди забони давлатӣ сабаб мегардад. Аммо андаке хавфнок он аст, ки забони матбуот вазъияти имрӯзаи забони моро инъикос мекунад. Ҳар дигаргуние, ки дар таркиби луғавӣ, дар бораи ҷумлабандӣ дар забони имрӯзаи мо ҳаст, фардо дар саҳифаҳои матбуот, дар барномаҳои радио ва телевизион садо медиҳанд. Яъне, инъикосгари вазъияти забони имрӯзаи мо матбуоту воситаҳои электронии ахбор аст. Албатта, баробари тағйир ёфтани шароити зиндагӣ дар забон ҳам дигаргунӣ ба миён меояд. Лекин ин дигаргуниҳо яку якбора ба меъёри забони адабӣ мутобиқ намешаванд. Аз ҳамин сабаб, доир ба забони матбуот ва воситаҳои электронии ахбор эрод бисёр аст. Намунаҳои гуногуни ифода. Барои мисол, ана ҳамин як асбобе, ки дар дасти ҳар кас мебинеду ҳамеша ба гӯш монда, бо касе суҳбат мекунад, чӣ ном дорад? Ҳаминро телефони мобилӣ гӯем? Телефони дастӣ гӯем? Телефони кисагӣ гӯем? Телефони ҳамроҳ гӯем? Ҳамин мушкилот на танҳо дар мо, балки дар ҳамзабонони мо, дар Эрону Афғонистон ҳам вуҷуд дорад. Ҳамзабонони мо дар Эрон «телефони ҳамроҳ гӯем» гуфтаанд. Шахсан ман ҳам ба ҳамин «телефони ҳамроҳ» розӣ ҳастам. Лекин аз забони мардум бисёр вақт «телефони мобилӣ» мешунавам. Чунки ин истилоҳи байналхалқӣ бо ҳамин номаш омадаву андаке нуфуз пайдо кардааст. Чуноне аз ҳамин ном пайдост, дар забони матбуот ҳамин гуна як мушкилот вуҷуд дорад. Ё номи маҳаллаҳо, кишварҳо, шаҳрҳо. Ана ҳамин калимаи Россия. Дар вақташ мо ҳамин калимаро бо ҳамин шакл қабул карда будем. Бо «о» навишта мешавад, Россия, бо ҳамсадои «с» бо ташдид. Лекин талаффузаш Рассия. Чуноне, ки дар забони русӣ буд. Ҳоло дар дуроҳа мондаем. Онро Рассия гуфтан гирем ё Русия? Ин ҳам як мушкилот. Дар матбуот ҳам ҳоло як мушкилот аст. Баъзеҳо ба мисли пештара Россия менависанд, баъзеҳо Русия. Дар барномаҳои телевизионӣ ҳам ҳамин хел ба гӯш мерасад. Мо дар бобати истилоҳоти нав ё чӣ тавр талаффуз кардани онҳо бо ҳамзабононамон андаке робита дорем. Нигоҳ мекунем, ки масалан дар Эрон бо забони форсӣ ҳамин Россияро чӣ хел мегӯянд ва чӣ хел менависанд? Дар Эрон инро аллакай интихоб кардаанд. Аз аввал ҳам ҳамин хел мегуфтанду менавиштанд: Руссие, ҳамин ташдиди ҳамсадои «с»-ро онҳо нигоҳ доштаанд. Ё як истилоҳи дигар. Дар замони шӯравӣ мо калимаи милицияро қабул кардем. Ҳамсадои «ц»-ро аз алифбои тоҷикӣ бароварда партофтем. Гуфтем, ки ҳамин калима дар шакли милитсия, яъне «тс» талаффуз ва ҳамин хел навишта шавад. Лекин, аз талаффузи мардум, ҳатто аз навиштаҷоти саҳифаҳои матбуот баъзан мехонем, ки милиса. Ҳамин гуна норасоиҳо, яъне, гуногуннависӣ, гуногунталаффузкунӣ мушоҳида карда мешавад. Ба назари ман, дар ҳамаи забонҳо ҳам матбуот ва ҳам воситаҳои электронии ахбор ҳамин гуна як вазифаи мушкилро ба зимма доранд. Оҳиста-оҳиста аз ҳамин намунаҳои гуногуни ифода яке қабул мешавад. Дигарон аз ёд мебароянд. Ана ҳамин меъёри забони адабӣ мешавад.

Дар бобати забони матбуот, норасоиҳои забони матбуот хизмати академик Муҳаммадҷон Шакуриро хотиррасон кардан лозим аст. Китобашон - «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» се маротиба нашр шуд. Агар журналистони мо эродҳои устодро ба назар гиранд, албатта дар саҳифаҳои рӯзнома ва барномаҳои радиову телевизион ғалатҳо камтар хоҳанд шуд. Яку якбора поку покиза намешавад. Ин фурсат мехоҳад.

- Дар макотиби мо вазъи забони адабӣ то куҷо беҳбуд ёфтааст?

- Ман беҳбудиро дар мактабҳо эҳсос мекунам. Чунки вазъи омӯзиши забони модарӣ рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст. Як замоне буд, ки дар мактаб китоби дарсӣ намерасид. Ҳозир Вазорати маориф ва илм ин мушкилотро ҳал кард. Боз, як намуди дигари замонавии китобҳои дарсиро барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ таҳия карданд. Ҳатто барои онҳое, ки забонашон забони давлатӣ нест, китобҳои забони давлатиро бо ғамхории вазорат ҳайати муаллифон тартиб доданд. Бештар муаллимони дараҷаҳои илмӣ доштаро ба он ҷалб карданд ва аз рӯйи талаботи имрӯза, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол аст, ин китобҳоро таълиф намуданд. Ҳамин сол ба назарам аллакай ин китобҳо дар таълифи нав ба мактабҳои таҳсилашон ба забонҳои ғайритоҷикӣ рафта мерасад. Ҳамаи ин ба кас эътимод мебахшад, ки натанҳо мо соҳибони забон бо забони адабӣ суҳбат мекунем, балки намояндагони миллатҳои дигар низ, ки дар Тоҷикистон зиндагонӣ менамоянд, забони давлатиро хуб аз худ карда, бо забони давлатӣ менависанду суханронӣ мекунанд.

- Талқини Шумо дар дарсҳои услубшиносӣ ба шогирдон ҳамин буду ҳаст, ки забони баён бояд беғалат, пурмаъно ва фаҳмо бошад. Бархе бар он назаранд, ки барои журналист забондонӣ чандон муҳим нест, муҳим расонидани иттилои саривақтист…

- Барои хабари таъҷилиро ба шунавандагон расонидан забони тавоно, забони ягонаи умумихалқӣ, забони миллӣ лозим аст. Ҳадафи забони давлатӣ ана ҳамин аст, ки забони ягонаи умумихалқии моро рушд диҳад. Бе ин ҳадафи журналистон амалӣ намегардад. Барои як фикрро возеҳу озод баён кардан забонро хуб донистан даркор аст. Агар захираи луғавиятон кам бошад, дар ҷумлабандӣ андаке нуқсон дошта бошед, ҳодисаҳои нав ба нави замонавиро ба тариқи таъҷилӣ аз радиову телевизион ё тавассути саҳифаҳои матбуот чӣ хел зуд мерасонед? Бинобар ин, забони модариро журналист чӣ қадар хубтар донад, фикрашро осон ва мувофиқи меъёри забони адабӣ баён карда метавонад.

- Дар мавриди риояи меъёрҳои забони адабӣ дар навиштори овезаҳои шаҳр назаратон чӣ гуна аст?

- Аввалан, дар бораи риояи забони матбуот бояд гуфт, ки забони матбуот бояд намунаи забони адабии имрӯзаи мо бошад. Аз забони матбуот мо ана ҳамин намунаи забонро омӯзем. Бинобар ин, кӯшиш мекунем, ки забони матбуоти мо ягон ғалат надошта бошад. Чунки, агар ғалат дошта бошад, ҳамин ғалат дар нутқу навиштори пеш аз ҳама мактабиён ва онҳое, ки ҳар рӯз дар дасташон рӯзномаву маҷалла аст, пайдо мешавад.

Эълону рекламаҳо дар ҳар гузар ба назар мерасанд. Агар ин эълону рекламаҳо бенуқсон бошанд, ҳамчун муаллим забонро меомӯзонанд. Аммо, агар нуқсон дошта бошанду ғалат, хусусан ғалатҳои имлоӣ, ғалати аломати китобатӣ, ғалати интихоби калима, ғалати ҷумлабандӣ, таъсири бад мерасонанд. Зеро, чун нафаре мебинад, ки дар он ҷо чунин навишта шудааст, вай ҳам кӯшиш мекунад ба он тақлид карда нависад. Ҳол он ки, ин чиз ғалат аст. Ҳозир Кумитаи забон ва истилоҳот ба ана ҳамин лавҳа, овеза, шиор, эълону рекламаҳо бештар эътибор дода истодааст, ки ин барҷост.

- Дар телевизиони «Баҳористон» тариқи барномаи махсус тарзи баёну навишти забони адабиро ба наврасон талқин менамоед. Ин тадбирҳо то куҷо барои забономӯзии насли навраси мо мусоидат мекунанд?

- Албатта, ин хизмати хуби радио ва телевизион аст, ки ҳамин гуна барномаҳо таъсис додааст. Нахуст дар шабакаи аввал бо унвони «Ганҷи сухан» ҳамроҳи Гавҳар Умарова барномаеро ҷорӣ кардем. Мо дар ин барнома бештар дар бораи ана ҳамин нуқсонҳо сухан мерондем, ки «истгоҳ» гӯй, аммо «астановка» нагӯй. «Пешиход» нагӯй, «гузаргоҳ» гӯй. Ба назари ман, азбаски шунавандагону бинандагони радиову телевизион хеле зиёданд, таъсири ин бештар аст. Ҳатто нисбат ба он мақолаҳои бисёре, ки аҳли забондон менависанд, таъсири барномаҳои радио ва телевизион доираи васеи бинандагону шунавандагонро фаро мегирад. Имсол соли чорум аст, ки ман як барномаро идома дода истодаам. Аввал он «Ҳусни сухан» буд. Ҳоло бо унвони «Ҳусни баён» идома меёбад. Ҳар ҳафта як барномаам дар «Баҳористон» пахш мешавад. Дар давоми ҳафтаи минбаъда ягон мавзуро ҷустуҷӯ мекунам, ки бештар дар забони мардум мушоҳида мешавад. Ҳамон нуқсони интихоби калима, мавқеи кор фармудан, талаффуз ё навишти онро интихоб мекунам ва дар давоми 12 ё 15 то 17 дақиқа сабт мегардад. Ин барномаро ду маротиба, як маротиба рӯзи шанбе, маротибаи дигар рӯзи сешанбе ба мавҷ пахш мекунанд. Албатта, агар назарашон афтодаву ба гӯшашон расида бошад, гумон мекунам, ки ман ҳам дар роҳи рушди забони ноби ҳазорсолаи тоҷикиям андаке хизмати нек кардаам.

- Барои тавсияву омӯзиш баҳри донишомӯзон дастуру китобҳои зиёде доред, ки аз он аҳли завқ баҳра мебаранд. Шояд самари пажуҳишҳои баъдӣ боз ҳам боиси эҷоди китоби нав гардад?

- Ман китоби «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд»-ро соли 2001 навишта, бо мадади ташкилотҳои байналмилалӣ ба табъ расонидам. Гӯё ба устод Муҳаммадҷон Шакурӣ тақлид кардам. Дар ин китоб баъзе нуқсонҳоеро, ки устод дар китобашон гуфта буданд, лекин дар матбуоти имрӯзаи мо, дар радио ва телевизион ҳеҷ ислоҳ намешаванд, бори дигар такрор кардам. Устод бештар ба интихоби калима, мавқеи кор фармудани он таваҷҷуҳ карданд. Ман дар ин китобам бештар ба ибораю ҷумлабандӣ, ба нуқсонҳои граматикии ҷумла эътибор додам. Мисолҳои бисёре аз матбуоти даврӣ гирд оварда будам. Онҳоро намуна интихоб намуда, таҳлил кардам. Баъд аз он як китоби дигар, ки ҳаҷман хурд аст, дар бораи меъёри забони адабӣ ва забони матбуот нашр шуд. Ҳадафи он ҳам ана ҳамин ғалатҳоро бартараф кардан аст. Ин китоб барои донишҷӯён тавсия шудааст. Донишҷӯёни имрӯзаи мо китоби ғафси бисёрсаҳифаро истифода намекунанд. Донишҷӯи имрӯзаи мо андаке аз китобхонӣ дур шуда истодааст. Бинобар ин, ман ин китобчаро дар ҳаҷми хурд ба табъ расонидам. Мутаассифона, бо теъдоди 1000 нусха. Мутаассифона, мушоҳида мекунам, ки ин китоби ман дар шаҳри Душанбе ба фурӯш рафт ва ба ноҳияҳо рафта нарасид. Аз ин сабаб баъзеҳо шиква мекунанд, ки ҳамин китоб ба мо дастрас нашуд. Албатта, ин ҳазор нусха ба дасти ҳар кас намерасад. Лозим меояд, ки ман ин китобро тез-тез, аз сари нав, бо баъзе тағйирот ва ворид кардани иловаҳо чоп намоям.

- Дар баробари китобҳои судманди устод Шакурӣ ва китобҳои хеш, ки ном бурдед, мутолиаи кадом китобҳои арзишмандро ба хонандагон тавсия медиҳед?

- Пеш аз ҳама мутолиаи асарҳои бадеӣ. Асарҳои беҳтарини нависандагони ҳам гузаштаву ҳам имрӯзаро мутолиа бояд кард. Аз адабиёти классикӣ «Гулистон»-и Саъдиро ҳамеша дар дарсҳоям ташвиқу тарғиб мекунам. Мегӯям, ки ҳар як ҳикояи «Гулистон» аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа мисли як повест, мисли як роман арзиш дорад. Хусусан журналистон ин китобро бояд мутолиа карда бошанд. Аз панду ҳикматҳое, ки дар он ҷо ҳаст, дар навиштаҳояшон, дар гуфторашон истифода кунанд. Ман аз адабиёти классикӣ тавсия мекунам ҳамон асари устод Айниро, ки «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддини Восифиро содда карда, барои хонандагони имрӯза мувофиқ карда, беҳтарин ҳикоятҳоро интихоб намуда, ду маротиба чоп кунониданд. Мутаассифона, ман ҳамин асари хулосаи китоби «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддини Восифиро, ки аз тарафи устод таҳрир шуда, ба забони имрӯза мувофиқ карда шудааст, дар фурӯш намебинам. Аммо ин ду нашри аввал ба фурӯш рафт. Устод Айнӣ ҳатто дар пайравии «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддини Восифӣ ёддошт навиштанд. Бояд бигӯям, ки дар тамоми дунё ёддоштхонӣ хеле маъруф шудааст, хеле густариш ёфтааст. Бинобар ин, китоби таълифкардаи устод Айнӣ хеле хуб аст. Умрашон вафо накард. Кош «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Донишро мисли «Бадоеъ-ул-вақоеъ» барои хонандаи имрӯзаи мо соддатар карда, дастрас мегардониданд. Баъдан, худи асарҳои устод Айнӣ. Дар интихобу мавқеи кор фармудани калима ягон адиби мо ба устод Айнӣ баробар шуда наметавонад. Онҳое, ки ин сухани маро мешунаванд ё мехонанд, шояд андаке малол шаванд. Ман бо далелҳои бисёре мегӯям, ки устод мактаби куҳна диданд, ҳаёти навро дар замони шӯравӣ диданд, рушду камолоти мардумро мушоҳида карданд. Хизмате, ки устод Айнӣ карданд, ман дар дигар адибон камтар мебинам. «Устод Айнӣ сарвари забони тоҷикӣ буданд» гӯям, меарзад. Чунки дар замони зиндагияшон асарҳои нависандагони миёнсол ё ҷавонро хонда, ғалатҳояшро нишон медоданд. Вақте ки бемор шуданду барои давоми «Ёддоштҳо»-ро навиштан аллакай қудрат надоштанд, асарҳои тарҷумавиро бо забони кирилӣ хонда, дар ҳошияи он ғалатҳояшро нишон доданд. Ана ҳамин хизматҳои устод Айнӣ хеле бузург буда, барои хонандагон хондани асарҳояш муфид аст. Аз ҳар як ганҷи суханашон баҳраи бисёре хоҳанд бардошт.

- Чун асарҳои мухталиф ба саҳна гузошта мешаванд, нақши театру марказҳои фарҳангиро дар тарғиби забони модарӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Олимони забоншиноси рус, онҳое, ки луғатҳо тартиб додаанд, гуфтаанд, ки забонҳо забонҳои миллӣ мешаванд, аммо дар байни ҳамин забонҳои миллӣ боз забони маданӣ ҳам ҳаст. Забони маданӣ чӣ гуна забон аст? Ин забонест, ки ба дараҷаи хеле баланд инкишоф ёфтааст. Забони мардуми мутамаддин. Яъне, мардумоне, ки сатҳи маданияташон баланд аст. Ин забонест, ки аллакай шеваҳоро фурӯ бурдааст. Таъсири шева нест. Ин забонест, ки аз забонҳои дигар баҳра бурдааст, аммо бо назари кордонӣ. На ин ки ҳар чизе кӯркӯрона пеш ояд, қабул намояд. Ҳамин гуна забонҳоро забони маданӣ гуфтаанд. Бинобар ин, малакаи забондонӣ барои баланд бардоштани фарҳанг аҳамият дорад. Малакаи забондонӣ сатҳи ҳам дониш, ҳам малака, ҳам маърифати одамонро баланд мебардорад. Бинобар ҳамин, ин ду чизро бо ҳамдигар алоқаманд донистан лозим аст. Ин гуфтаҳои ман маънои онро надорад, ки одами чаласавод бемаърифат аст. Лек, дар ҳар сурат, касе, ки маълумот дошта бошад, босаводу сатҳи маърифаташ баланд бошад, ӯро аҳли зиё метавон гуфт.

Ман умедворам, ки забони тоҷикӣ дигар ҳаққу ҳуқуқҳои худро ҳам ёфта ба даст мегираду фарҳанги мардуми мо баландтар хоҳад шуд.

Мусоҳиб: Зулолаи НУР

Хонданд 777

Чанде қабл китоби тахассусии филмноманависи амрикоӣ Сид Филд - “Чи гуна филмнома бинависем” аз ҷониби раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов аз хати форсӣ ба кириллӣ баргардон ва нашр гардид. Тасмим гирифтем ба ин муносибат бо эшон суҳбати ихтисосие анҷом диҳем. Инак, фишурдаи он суҳбат:

- Устод, нахуст мегуфтед, ки баргардонии ин китоб ба назари Шумо чи зарурияте дошт ва он танҳо барои филмноманависон тавсия шудааст ё барои ҷамъи ҳаводорони санъати кино?
- Муаллифи асао дар анататсияи он гуфтааст, ки ин китоб барои афроди хосе дар назар гирифта нашудааст; ин китоб барои касоне аст, ки дар нависандагӣ дорои таҷрибаи қаблӣ нестанд; барои онҳое, ки муваффақияти чандоне дар нависандагӣ надоштаанд. Ва бояд дар асоси равиши худ, дар нигориш таҷдиди назар кунанд. Романнависҳо, намоишноманависҳо, виросторони нашриёт, бозаргонон, пизишкон, бозигарон, тадвингарони филм, когардонҳои филмҳои таблиғотӣ, муншиҳо, мудирони таблиғотӣ ва устодони донишгоҳ, ҳама ба класси ман омадаанд ва аз он баҳра гирифтаанд.
Ҳадафи китоб ин аст, ки хонандаро қодир созад бо интихоб, итминон ва эътиқод аз назари дарунӣ, то худаш бидонад чӣ мекунад, то филмнома бинависад. Зеро душвортарин кори нависандагӣ ин аст, ки бидонӣ чӣ бояд навишт. Вақте китобро хондед, дақиқан хоҳед донист, ки барои навиштани филмнома чӣ бояд кард. Аммо ин ки ин корро бикунед ё не, ин ба худатон бастагӣ дорад. Нависандагӣ як машғулияти шахсӣ аст, ё анҷомаш медиҳед ё намедиҳед.
- Шуморо чӣ водор намуд, ки ба баргардонидани махсусан ҳамин китоб машғул шудед?
- Охири соли 2016 дар Киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” бо ташаббуси бевоситаи директори вақти он Носир Саидов “Мактаби кино” ба фаъолият шуруъ кард. Ба банда баргузории чанд дарс аз ҳунари филмноманависӣ вогузор шуд. Қаблан ба ҷуз навиштани чанд филмнома, сохтани чанд филми мустанаду достонии кӯтоҳ, ширкат дар коргоҳҳои ҳунарӣ ва ибрози андеша намудан дар бораи филму филмноманависӣ, ба ҳайси муаллим ҳеҷ таҷрибае надоштам. Дар вақти омода шудан ба ин кори пурифтихор ва хеле пурмасъулият дарёфтам, ки мутаассифона, ба забони тоҷикӣ дар ин соҳа ягон дастури таълимӣ ва китоби дарсие вуҷуд надорад. Баъди ҷустуҷӯву ковишҳо аз миёни даҳҳо асарҳову китобҳои муаллифони гуногун, ки аксарияташон ба забони русӣ, англисӣ ва форсӣ навиштаву тарҷума шудаанд, китоби филмноманависи амрикоӣ Сид Филд - “Чи гуна филмнома бинависем”, дар тарҷумаи форсӣ бо қалами А. Акбарӣ ва М. Маданӣ (интишороти “Нилуфар”, Теҳрон, 1386 ш. - 2007 м.) ба дастам расид ва тасмим гирифтам онро ба тоҷикӣ баргардонам.
- Ба андешаи Шумо, ин китоб то чи андоза бахусус барои донишҷӯён ва навқадамони роҳи синамо дастури таълимӣ ва ёрирасон буда метавонад?
- Ҳамеша як гап ҳаст дар сари забони роҳбарони соҳаи кинои мо, ки мо сенариянавис надорем, сенарияи хуб надорем ва то андозае, мутаассифона, ин даъво ҳақиқат ҳам дорад. Ин шахсияте, ки мо китобашро имрӯз барои хонандаи тоҷик вогузоштем, устоди тамоми филмноманависони дунё пазируфта шудааст. Аз рӯи китобе, ки ҳоло дар даст дорем, дар тамоми донишгоҳҳои Амрикову Аврупо дарс мегузаранд. Равиши филмноманависиро дар шакли китоб овардааст. Албатта, ин гуна тарҷумаҳо бисёр аст ва бисёре аз филмноманависони дигар низ чунин китоб навиштаанд. Вале ин шахсият дар назари ман ягона одаме аст, ки китоби дарсӣ навиштааст.
- Китоби мазкур айни ҳол то кадом андоза саривақтӣ аст барои хонандаи тоҷик ва ба вижа алоқамандони соҳаи синамои тоҷик?
- Дар муқаддимаи китоб худи муаллиф менависад, ки чаро ин китобро навишт? Ва дар идома мегӯяд, эҳсос кардам, ки имрӯз ниёз ба чунин китоби дарсӣ ҳаст ва лозим донистам ба ин унвон китоби таълимӣ бинависам. Кам андар кам филмноманависон андешаҳо ва таҷрибаҳои кории худро гуфтаанд, бештар коргардонҳои филм гуфтаанд андешаҳои таҷрибавии худро дар шакли мақолаҳои калонҳаҷм ва китобҳо, вале бештари онҳо маҳдуд мешаванд дар зовияву фаҳмиши фардии худ. Аммо Сид Филд кӯшиш кардааст, ки таҷрибаҳои умда ва қонунҳои умумиеро, ки хоси филмноманависӣ аст, то андозае сарҷамъ кунад ва дар як ришта бикашад. Китоби ин шахсият ба гунаи филмест, ки аввал, миён ва охир дорад. Тамоми протсесҳо, аз интихоби мавзуъ шуруъ карда то охир, зина ба зина онро баён кардааст. Вақте ман таҷрибаву андешаҳои чандин коргардонҳову филмноманависонро мутолиа кардаму шунидам, онҳо гуфтаҳои Сид Филдро такрор мекунанд, дониставу надониста ба тарзи худ. Ва эшон дар доираи донишу тафаккури худ, ки ҳосил кардаанд, дар вақти сохтани филмҳо аз он чизҳое мегӯянд, ки Сид Филд гуфтааст, вале Филд ҳунари филмноманависиро натанҳо гуфтааст, балки онро ба гунаи як хона ба тамоми санъаташ сохтааст. Мактаби филмноманависиро мисли як механизми комил, ки бо ҷузъиётҳо, винтикҳо, шрупҳо ва чархакҳое, ки дорад, хеле мантиқан ба ҳам васл карда, ба шакли як китоб овардааст. Барои ҳамин, вақте ки ман қиёс кардаму дидам он чизҳоро, боз ҳам мегӯям, хеле мақолаҳои инфиродии ҷолиб дар бораи филмноманависӣ ҳаст, вале он як бахши филмноманависиро дар бар мегирад. Бахшҳои дигараш, ки хеле муҳим аст, ба таври бояду шояд аз ҷониби эшон гуфта мешавад.
Сид Филд дар қисмати охири китобаш мегӯяд, ки ҳама тадқиқот гузаронида шуд, мавзуъ интихоб шуд, шумо фаҳмидед, ки чи гуна филмнома бинависед. Таъкид менамояд, ки филмноманавис бояд вақти дақиқи филмноманависиашро муқаррар намояд ва маконе, ки ихтиёр мекунад барои филмноманависӣ, бояд орому хомӯш бошад, яъне аз фишорҳои беруна ва кору масъалаҳои хонаводагӣ озод бошад. Албатта барои хонанда гапи одӣ менамояд, аммо ин таҷрибаи ин шахсият аст, ки ба мо зарурияташро таъкид менамояд. Воқеан ин китоб як китоби дастурӣ барои ҳамагон аст, ки метавонад ёрирасон бошад.
- Устод, Шумо чи гуна ин шахсиятро дарёфтеду кашф намудед ва ҳам бартарияшро аз дигар ходимони соҳаи кино дар чӣ мебинед?
- Онҳое, ки дар соҳаи филмноманависӣ эҷод намуданд, аксарият фикру андешаи инфиродӣ, таҷрибавӣ ва шахсии худро навиштаанд. Аммо Сид Филд ҳамагуна ҷабҳаҳои соҳаи филмноманависиро фаро мегирад ва метавон Сид Филдро бо Мавлавӣ қиёс намуд. Вақте Филд дар ширкати назди Голливуд кор мекард, ӯро масъули интихоби филмномаҳо интихоб намуданд. Дар он замон озмун эълон намуданд, ки фалон одам (продюсер) даҳ миллион долар пул ҷамъ овардааст ва мехоҳад филмномаи хуберо сарпарастӣ намояд. Дар як муддати кӯтоҳ ҳазорон филмнома бар сари он ширкат рехт ва Филд дар муддати хеле кӯтоҳ ду ҳазор филмномаро хонд. Аз байни ду ҳазор филмнома фақат чил филмномаро интихоб кард. Ҳазору нуҳсаду шаст филмнома, тасаввур мекунед?
Китоби Сид Филд бартарияташ аз дигар китобҳои дар ин соҳа эҷодшуда дар он аст, ки туро роҳ нишон медиҳад, ки чи гуна филмнома бинависӣ, вале маҷбуран ба сари ту бор намекунад, ки ту бояд чи гунае, ки ӯ мефармояд, ҳамон шакл омӯзиву эҷод кунӣ. Ҳамеша Филд дар китоби хеш таъкид менамояд, ки ҳар чӣ ӯ мегӯяд, мутлақ нест ва шумо метавонед аз он беҳтару хубтар таҷриба кардаву гуфта бошед. Ва он роҳи асосие, ки Филд нишон медиҳад, дар паҳлуяш даҳҳо роҳи дигар дорад, ки ҳар кас метавонад аз он таҷруба бикунад. Воқеан ин як китоби хеле фарох аст.
Сид Филд хеле одӣ таърифи филмноманависиро баён мекунад: филмнома мисли исм аст, дар бораи шахс ё шахсҳо, дар макон ё маконҳо, дар ҳоли анҷом додани кор ё корҳо.
- Аз рӯи ин китоб чанд донишгоҳи санъати филмсозии ҷаҳон омӯзиш мекунанд?
- Дар аксарияти донишгоҳҳои синамоии ҷаҳон аз рӯи ин китоб дарс мегузаранд. Масалан дар мактабҳои Эрон, Русия, Амрико ва Аврупо аз рӯи ин китоб дарс мегузаранд ва ин китоб ба гунаи алифбо аст барои навқадамони филмноманавис.
- Ин китобро аз кадом ҳисоб чоп намудед, агар махфӣ набошад?
- Бо ёрии ташкилотҳои байналмилалӣ ва Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон.
- Пеш аз чоп кардани китоб ба Вазорати маориф ва илм ё Вазорати фарҳанг муроҷиат намудед?
- На. Ин корро мо аз пеши худ кардем.
- Аз рӯи ҳамин китоб метавонанд донишҷӯёни риштаи синамо, коргардонӣ ва актёрӣ дарс бигиранд? Яъне пурсиданӣ ҳастам, ки аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурӣ иҷозатнома дода шудааст?
- Аслан ин китоб факултативӣ аст дар доираи мо. Масалан бевосита китоби дарсӣ, ки менависанд, он шаклаш дигар аст ва меъёрҳои махсуси худро дорад. Мо як таҷрибаи байналмилалиро гирифтем ва пешкаши ҳаводорон ва ошиқони синамо кардем.
Мо ба Вазорати фарҳанг, шахсан ба худи вазир пешниҳод кардем ва ба хотири он, ки гумон накунанд, ки ин як туҳфа аст, иловатан изҳор доштем, ки устод, ин китобро бихонед, хеле китоби муҳим аст. Ва агар вақт ёфта бихонанд, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат, ки зери итоати онҳо аст, метавонанд ректори донишкадаро даъват бикунанд ва бигӯянд ана китоби тайёр барои донишҷӯёнат, метавонӣ худи Ҳақдодов ё муаллимони дигарро даъват бикунӣ ва аз рӯи ин китоб дарс бигӯянд.
- Албатта, дар соҳаи синамо китобҳои дарсӣ гӯё ки нест...
- Бале, тамоман нест гӯем, хато намекунем, ба мисол, то ҳол дар соҳаи коргардонӣ китоби арзандаи таълимӣ вуҷуд надорад. Вақте ҳар касе мехоҳад дар ҷодаи синамо фаъолият кунад, бояд ӯ комил бошад ва пасон машғул бишавад. Дар таърихи синамои тоҷик ҳамагӣ 10-15 китоб мавҷуд аст, ҳамон ҳам аз мақолаву андешаҳои пароканда иборат аст, ба истиснои китоби Ато Аҳрорович.
Вақте мо дар Киностудия дарс мегузаштем, аз донишҷӯён пурсон мешудем, ки чанд китоб хондаӣ? Дар ҷавоб мегӯяд, ки “Дохунда”-ро хондам ва вақте аз ҳамон китоб суол медиҳӣ, маълум мешавад, ки ӯ ҳамон матни дар китобҳои дарсии мактаби миёнаро хондаасту тамом. Ҳол он ки, ӯ донишҷӯи курси чаҳоруми Донишкадаи фарҳанг ва санъат аст. Мегӯям, ки Фазлиддинов - нависандаи тоҷикро медонед? Бале, мегӯяд, ким - чизе дошт ва вақте гуфтам Фазлиддинов не, Муҳаммадиев аст, баъд ҳа, дуруст мегӯяд. На Самадовро мехонад, на Саттор Турсунро, на Муҳаммадиевро, на Сорбонро, на Лоиқро... Ин китобе, ки мо дар даст дорем, дар заминаи адабиёт ва таҷрибаи зиндагӣ иншо гардидааст ва такрор ҳам шавад, ошиқону дилбастагони синаморо раҳнамоӣ мекунад. Чи тавре ки дар боло гуфтем, ин китоб барои ҳамагон аст. Масалан қассобе ҳаст, ки ошиқи синамост ва мебахшед, аз донишҷӯёну баъзе профессорон китоб бисёр хондааст ва рӯзе ӯ дар дил ҳавои навиштани филмномаро меоварад, вале тарзу услуб ва қоидаи навишташро намедонад, ҳамон замон ин китоб барои ӯ кӯмак мекунад ва ӯро раҳнамо мешавад. Аз ин лиҳоз, бори дигар мегӯям, касоне, ки ошиқи аслии синамо ҳастанд, ин китоб барои онҳо тавсия шудааст.
- Филмҳоеро, ки тӯли ду даҳсола аз ҷониби “Тоҷикфилм” ва шахсони алоҳида гирифта шудааст, аз нигоҳи касбият чи гуна баҳогузорӣ менамоед?
- Филмноманависӣ раванд аст ва аз чанд марҳила иборат аст, ки бояд онҳоро гузашт ва баъд филмноманависи хуб шуд.
Чизи дигар ин ки, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам атрофи филмномаҳо баҳсу мунозира ва ҷанҷол мавҷуд буд, чун он замон шӯрои бадеӣ фаъолият мекард ва навиштаҳои филмноманависонро аз нигоҳи ҷолибият, мавзуъ ва касбият таҳлил мекарданд ва арзанда ё ноарзанда, барои сохтани филм тавсия ва ё рад мекарданд.
Сид Филд мегӯяд, ки як филмномаи хубро на камтар аз шаш моҳ навишта мешавад, вале пеш аз навиштан шояд пажуҳиши он ду-се сол вақтро тақозо бикунад.
- Вақте ин китобро баргардон менамудед, таҷрибаи қаблии худро дар он дидед?
- Бале, ман низоми филмноманависиро дар ин китоб дидам ва он чизҳоеро, ки аз таҷриба ва омӯхтаҳои хеш доштам, дар ин китоб возеҳтар дидам ва ба худ мегуфтам, ки шояд агар ман аз ин китоб пештар ошноӣ медоштам, он филмномаҳои навиштаам муваффақтар мешуданд. Хатоҳои хешро дар ин китоб дарёфтам, вале дар маҷмуъ каме монандие доштанд, зеро мо китобҳои зиёде хонда будем ва филмҳои зиёде дида будем, ки онҳо ба навиштаҳои ман асари худро гузошта буданд.
- Камбудии асосии филмҳои ватаниро дар чӣ мебинед ва бар илова, чаро ҳадди ақал ҳамон хароҷоти ками худро наметавонанд бароранд?
- Асосан, надоштани филмномаи хуб, мавзуҳои обшуста ва сифатан паст будан аз диди режиссёрӣ, рассомӣ, актёрӣ ва наворбардорӣ. Албатта, филмҳои хуб ҳам ҳастанд, вале кам андар кам ҳастанд ва ҳаминҳо ҳам дар бозори ҷаҳонӣ харидор надоранд. Дар ҳамин замони истиқлолият аз чанд филмҳое, ки рӯи навор омаданд, танҳо филми “Қиёми рӯз” тавонист бисёр ҷоизаҳои байналмилалиро ба даст орад ва ҳам қисме аз хароҷоти худро пӯшонад.
- Китоб чӣ хусусиятҳое дорад, ки ба хонанда таъсиргузор аст?
- Баъд аз хондани ҳамин китоб ман хулоса кардам, ки касе, ки агар ин китобро хонду барои худ чизе гирифта натавонист, беҳтар аст ӯ аз баҳри филмноманависӣ барояд. Зеро ин китоб, чи тавре дар фалсафа мегӯянд, маҳак аст ва ҳар касе, ки заррае шавқу завқ ва истеъдод дорад, аз ин китоб таҳрик мегирад.
Ин китобро ҳатто метавонед ба фарзандатон ҳам бихонед, чун қиссаву ҳодисаҳои пандомӯзи зиёд овардааст муаллиф.
Хусусияти дигари ин китоб дар он аст, ки муаллиф қонунҳои нонавиштаи синаморо тавонистааст рӯи қоғаз биёварад. Хонандаи китобро хеле эҳтиром мекунад ва ба сари мухотаби худ зулм намекунад. Аксарияти устодоне, ки дарс мегузаранд, кӯшиш мекунанд, ки андеша ва биниши фардии худро бар сари шогирдонашон бор кунанд, аммо Филд ин гуна нест, хеле хирадманд аст.
- Имрӯз дар синамои мо филмноманависи ҳирфавӣ ба назари Шумо ҳаст?
- Таваҷҷуҳ кунед, як мисол меоварам: Иттиҳоди Шӯравӣ - як давлати абарқудрат бе ягон зиддият шикаст ва дар ҷои он чанд давлати мустақил пайдо шуданд. Ку инъикоси ин дар синамои мо? Филмноманависони мо агар ҳирфавӣ бошанд, пас чаро наметавонанд фоҷеаҳоро нишон бидиҳанд? Дар ҳақиқат, вақте мо назар меафканем, баъд аз ин қадар таҳаввулот инқилобҳое ба вуҷуд омаданд, ки низоми зиндагӣ ва дунёро тағйир доданд, дар мисоли кишвари худамон, ки дар як муддати кӯтоҳ чи қадар хунрезиҳо шуд, ҳазорҳо нафар фарзандон кушта ва гуреза шуданд, кишвар миллионҳо хисороти моливу иқтисодӣ дид, вале ягонтои ин то имрӯз дар синамо нишон дода нашуданд ва ифода карда нашуд. Пас, мо филмноманависи ҳирфавӣ надорем!
- Устод, кадом гуфтаниҳоятон дар ин суҳбат ногуфта монд?
- Вазифаи авалиндараҷаи ҳунар панд гуфтан нест. Агар ҳунар ба панд гуфтан даромад, инсонро ба роҳи каҷ мебарад. Ғолибан, вазифаи ҳунар воқеиятро баён кардан аст, хоҳ нек бошад, хоҳ бад, зеро панд, ибрат аз даруни воқеият худ мебарояд, шарт нест, ки онро махсусан нишон диҳӣ. Яке аз роҳҳои хатои имрӯзаи умуман ҳунари санъати мо муҳтавояшро рӯирост ба пандгуӣ ва насиҳатгӯӣ бурдан аст. Хеле роҳи бад аст. Ақл нишон додан, ки ту бачаи хуб шав ва ҳамин гуна дигар тарзи равиши зиндагиро ба воситаи санъат ифода кунӣ, ин роҳи ғалат аст, роҳест, ки ба садсола ақиб мебарад. Ҳамеша мегӯянд, ки бояд филмҳои мо тарбият кунанд ва тамоми матнашон насиҳат аст, ки бадтарин филмҳо ҳастанд. Хусусияти тарбия доштан маънои онро надорад, ки бояд насиҳат кунад. Масалан бояд рассом ҳам тарбият кунад, вале намешавад рассомро бигӯӣ, ки биё расматро маъдидод бикун, вақте асари хуб аст, дидан баробар бинанда худ эҳсос мекунад ва агар таъсири он асари рассом амиқ аст, худ ба худ гиря ё хурсанди мекунӣ, вақте гиря ё хурсандӣ кардӣ, худ ин тарбият аст. Ҳамчунин, агар мусиқӣ олӣ аст, композитор намояду бигӯяд, ки ту бояд дилат ба ину он бисӯзад, шунаванда худ дарк мекунад ва ҳамин тур, бояд филмҳои мо низ дидан баробар таъсири худро бигзоранд ва шарт нест, ки аз забони қаҳрамонҳо гуфта шавад, ки “ту бояд бачаи хуб бишавӣ”, “мо адабиёти ҳазорсолаи олӣ дорем”, “мо дар гузашта бузургон доштем” ва ба ҳамин тартиб насиҳатҳои дигар. Вақте дар сужа, дар хати драматургӣ ҳамаи онро ба забон меоварӣ, он фачтарин чиз аст. Он ба ҷои тарбият кардан, боз ҳам такрор мекунам, ба садсолаҳо қафо мекашад. Мисоли рӯшан ин аст, ки ибораи машҳур аст, забонро дар экран кашол кардан намешавад, яъне экранро бояд бубинӣ, тоблуро бояд бубинӣ, мусиқиро бояд шунавӣ, табиатро бояд бубинӣ, ана баъд аз он чизҳо тарбият мегирӣ. Тарбият ин гуна мешавад ва маъниаш ҳам ҳамин аст.
- Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво!
- Саломат бошед!
Мусоҳиб: Зоҳири САЙФУЛЛО

Хонданд 707

Мусоҳибаи Шарифи Ҳамдампур бо судяе, ки фаъолияти ҲНИТ-ро манъ намуд

Қарори Суди Олии ҶТ дар бораи манъ кардани фаъолияти ҲНИТ ва ҳамчун ташкилоти террористӣ -экстремистӣ шинохтани он боиси ҳамоиши ҷонибдорони ин ҳизб дар шаҳрҳои Берлин ва Варшаваи Лаҳистон гардид. Дар ин ҳамоишҳо қонунӣ будани ин қарор зери шубҳа гузошта мешавад. Оё Суди Олии ҶТ барои чунин қарор баровардан асоси ҳуқуқӣ дошт ва ё ин амал дар доираи як иқдоми сиёсӣ сурат гирифт? Барои дарёфти посух ба ин савол ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо як номаи расмӣ ба Суди Олии ҶТ муроҷиат намуд. Азизов Шамс Одинаевич, судяи Суди Олӣ, ки ҳалномаи судиро дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ шинохтани ҲНИТ қабул кардааст, омодагӣ зоҳир намуд, ки ба саволҳои шореҳи «Тоҷикистон» посух гӯяд.

- Муҳтарам Шамс Одинаевич, тибқи қарори Суди Олӣ ҲНИТ ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гардид. Баъд аз гузашти вақт аъзо ва ҳаводорони ин ҳизб қонунӣ будани ин қарорро зери шубҳа гузоштанд ва ҳоло созмонҳои байналхалқиро мехоҳанд ба ин хулосаи худ мутмаин созанд. Шояд онҳо барои чунин хулоса баровардан асос доранд ва дар бастани фаъолияти ин ҳизб шитобкорӣ роҳ ёфт?

- Дар ин кор ҳеҷ шитобкорие роҳ наёфтааст. Вобаста ба ҳар масъалаи мавриди баҳс назарҳо гуногун мешаванд, аммо вақте сухан дар бораи тасмимҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ меравад, на ҳар кас ба онҳо баҳои дуруст дода метавонад. Хусусан, дар мавриде, ки таҳлилу баҳогузорӣ хусусияти сиёсӣ, манфиатҷӯёна ва иғвоангезона пайдо мекунад. Исботашро дар баромаду суханрониҳои пайвастае, ки аз минбарҳои гуногун садо медиҳанд, мебинему мешунавем. Ин афкору андешаҳо саропо аз шиору даъватҳои моҷароҷӯёна иборат буда, мақсади асосиашон таҳрифи воқеият мебошад. Даъвоҳо пуч, холӣ аз санаду далелҳо, ягон асоси ҳуқуқӣ надоранд. Ҳол он ки сари баррасии чунин мавзӯъҳо бояд танҳо ба ҷанбаҳои ҳуқуқии масъала такя карда шавад. Дар асоси моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

ҲНИТ 4-уми декабри соли 1991 дар хориҷи мамлакат таъсис ёфт ва дар ҷумҳурӣ фаъолияташро оғоз кард. Яъне, дар ҳамон давра, гурӯҳе бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш муттаҳид шуданд ва ҳизби сиёсӣ ташкил намуданд. Аммо раванди минбаъдаи иқдомоти сиёсии онҳо, дақиқтараш кирдору рафтори роҳбаронашон нишон дод, ки нияташон холисона, пок нест. Баррасии парванда собит сохт, ки онҳо бозичаи дасти дигаронанд ва аз берун идора мешаванд. Фаъолияти ҳизбии худро дар асоси дастуру супоришҳои бегонагон роҳандозӣ мекунанд.

Новобаста ба ин, дар ҳошияи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, тибқи қарори Раёсати Суди Олӣ аз 12 августи соли 1999 фаъолияти ҲНИТ дар ҷумҳурӣ аз нав иҷозат дода шуд ва 28 сентябри соли 1999 дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шуд. Ҳизб мебоист тибқи оинномааш-ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, якпорчагӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои Тоҷикистон амал мекард.

- Магар ҲНИТ дар доираи оинномааш фаъолият надошт?

- Албатта не. Сабаби асосии аз ҷониби Суди Олӣ бастани фаъолияти ҲНИТ низ дар ҳамин буд.

- Агар ин воқеият дорад, метавонед чанд далел пеш оред?

- Далелҳо зиёданд, ҳамаи онҳо дар парвандаҳои ҷиноӣ нисбати амалҳои террористию эктремистии аъзои ҲНИТ оварда шудаанд. Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон қарорҳои ниҳоии судӣ қабул карда шуданд. 17 нафари онҳо бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ оид ба куштори 25 нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ дар водии Рашт (соли 2010) аз ҷониби аъзои Иттиҳоди террористии “Ҷамъияти Ансоруллоҳ” таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси “Мулло Абдулло” муайян гардид, ки раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин шахсан ба иттиҳоди террористӣ шомил гардида, ҳангоми дастрас намудани моддаҳои кимиёвӣ барои гурӯҳи мазкур, баҳри омода сохтани воситаҳои тарканда, дастгир шудааст. Бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе ӯ аз 21 январи соли 2011 барои иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардид.

Бо далелҳои раднопазир исбот гардид, ки Давлатов Аловуддин фаъолтарин созмондиҳандаи ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дар водии Рашт буда, зери роҳбарии мулло Абдулло чандин амали дастҷамъонаи террористиро ба муқобили сохторҳои низомӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ анҷом додааст. Аъмоли ӯ ва ҳаммаслаконаш бо азназаргузаронии ҷои ҳодиса, далелҳои шайъӣ, нишондодҳои ҷабрдидагон ва хулосаҳои ташхисҳои судӣ тасдиқи худро ёфт.

Раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик Елчибекович ба иттиҳоди муташаккили ҷиноятӣ шомил шуда, моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он сурат гирифт, бо истифодаи силоҳи оташфишон - автомати тамғаи “Калашников” ва норинҷак ба намояндагони ҳокимият муқобилияти мусаллаҳона нишон дод. Номбурда барои содир намудани амалҳои ғайриқонуниаш, яъне ташкил ва иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ, иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон ва истифодаи зӯроварии ба ҳаёт хавфнок нисбат ба намояндагони ҳокимият ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми Суди Олӣ аз 10 майи соли 2013 ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ бошад, 24 июли соли 2012 ҳангоми ҳуҷуми мусаллаҳона ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ безарар гардонида шуда, автомати тамғаи “Калашников” ва таппончаи тамғаи “Макаров”-и ба ӯ тааллуқдошта мусодира шуданд. Иштироки фаъолонаи С. Мамадризоев дар амлаҳои террористӣ ҳамчунон бо нишондоди шоҳидон, наворҳои видеоӣ ва дигар далелҳои эътимоднок дар парвандаи ҷиноӣ тасдиқи худро ёфтаанд.

Аъзои фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Шарипов Мукаррамхӯҷа, Шарипов Муссаямхӯҷа ва Турсунов Абдумубин моҳи январи соли 2008 аъзои Ташкилоти террористии “Ҳизби исломии Туркистон” Қаюмов Абдуфаттоҳ ва Бобоев Абдухолиқро, ки барои содир намудани куштори афсари милитсия ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, дар манзили истиқоматии худ пинҳон карда, худашон низ ба ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил шуда буданд. 6 ноябри соли 2009 Шариповҳо ва А. Турсунов дастгир гардида, бо ҳукми Суди вилояти Суғд барои содир кардани амалҳои ҷиноятиашон маҳкум карда шуданд.

11-уми августи соли 2015 даҳ нафар сокини шаҳри Норак дар кӯпруки деҳаи Чашма-1-и ш.Норак парчами ташкилоти террористию экстремистии "Давлати исломӣ"-ро овехтанд. Тафтишот муайян намуд, ки аз ин гурӯҳ 5 нафарашон, яъне Саидов Д. Фозилов Д. Пиров Қ. Хоҷамуродов Т. ва Ҷ. Абдуллоев аъзои ҲНИТ буда, ин амалҳоро барои барангехтани кинаю адовати сиёсӣ ва динӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ содир кардаанд. Дар ин амалҳои ғайриқонунӣ Манонов Қурбон роҳбари ҲНИТ дар шаҳри Норак алоқаи бевосита дошт. Номбурдагон бо ҳукми Суди вилояти Хатлон гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

- Шумо ҷиноят ва ҷинояткоронеро зикр намудед, ки фаъолияти онҳо метавонад ба ҲНИТ иртиботе надошта бошад.

- Рафти баррасии парванда собит намуд, ки аз ин роҳбарияти ҲНИТ на танҳо огоҳ буд, балки онро раҳномоӣ мекард. Агар чунин нест, пас чаро амали онҳоро маҳкум накард? Ман метавонам аз ин бештарро гӯям.

- Аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ, дигар аъзои Раёсати Олии ҲНИТ дар ҳамдастӣ бо собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва ҷавонони фиребхӯрда зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноӣ, ки ҳар кадомаш иборат аз 15-30 нафар буданд, таъсис дода шуд. Ин гурӯҳҳо тибқи нақшаи тарҳрезишуда вазифадор гардида буданд, ки ба иншооти махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд.Ҳангоми баррасии ин парвандаи ҷиноӣ нақшаҳои тарҳрезишудаи ҳуҷуми ин гурӯҳҳои ҷинояткор ба иншоотҳои махсусан муҳими давлатӣ, аз утоқҳои кории муовинони раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович ва Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад 1 дарёфт шуданд.Тибқи нақшаи мазкур, бояд як гурӯҳи 40 - нафараи мусаллаҳ аз ду тарафи бинои Қасри миллат, як гурӯҳи 25 - нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурӯҳи 30 - нафара аз се тарафи бинои Вазорати корҳои дохилӣ, як гурӯҳи 25 - нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гурӯҳи 40 - нафара ба Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гурӯҳҳои ҷиноятӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташакили ВКД ҶТ, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом медоданд. Ин магар наметавонад асос барои бастани фаъолияти ҲНИТ гардад?

- Кабирӣ зимни суханрониаш дар нишаст дар Варшава сабти садоеро пахш кард, ки ба собиқ ҷонишини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулазиз Ҷалов тааллуқ дошт. Айнан хабари сомонаи “Payom net”- ро, ки тааллуқ ба ҳизби мамнуъ-ҲНИТ дорад, меорам: “Дар ин сабт, ки байни Абдуқаҳҳори Давлат, узви Раёсати олии ҲНИТ ва Абдулазиз Ҷалов сурат гирифтааст, Абдуқаҳҳори Давлат аз муовини раиси КДАМ мепурсад, оё ӯ ба ин ки ҲНИТ дар кудато (табадуллот ред.) даст дорад бовар мекунад? Муовини Ятимов дар ҷавоб мегӯяд, ки ӯ чун як шаҳрванд посух мегӯяд, ки ҲНИТ дар “кудато” даст надорад”.

- Ин суханро як шахси одӣ не, соҳибмансаби рутбаи баланд мегӯяд. Шояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар овардани далелҳо ба сохтакорие роҳ доданд?

- Аз як ҷониб нишондоди Ҷалов наметавонад асос барои баровардани ҳукми суд гардад. Вале чун наҳзатиҳо ба ин сабт таваҷҷуҳи ҳамаро ҷалб кардан мехоҳанд, мехостам ба он каме равшанӣ андозам. Бубинед, ки онҳо ҳатто муҳтавои сабтро низ таҳриф намуда мехоҳанд ба хостаҳои худ мувофиқ гардонанд. А. Ҷалов дар ҳеҷ куҷо нагуфтааст, ки “ҲНИТ дар “кудато” даст надорад”. Балки дар посух ба саволи Абдуқаҳҳори Давлат айнан чунин ҷавоб медиҳад: “ҳамчун муовини Раиси КДАМ ҶТ наметавонам посух гӯям, ман ҳоло баробари шумо шаҳрвандам ва ҳамчун шаҳрванд мегӯям, ки “намедонам”” (https://www.youtube.com/watch?v=2NZE_NwGulU). Байни “намедонам” ва “ҲНИТ дар табаддулот даст надорад” тафовут аз замин то осмон аст. Ҳарчанд худи А.Ҷалов низ, ҳамчун собиқ корманди мақомоти амният ва собиқ муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ҳуқуқи додани чунин ҷавобро надошт. Ҷалов худаш дар мурофиаи судӣ иштирок намуда буд ва ҳалномаи судӣ баъди аз кор рафтани ӯ, пас аз чанд моҳ, қабул шуда буд. Илова бар ин, худи ӯ аз ҷониби Назарзода А. гаравгон гирифта шуда буд. Пас чи гуна ӯ “намедонистааст”. Ба чунин ҳодисаҳо аз ҳама ҷиҳат: сиёсӣ, илмӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра танҳо қонун баҳо медиҳад. Дар хулосаҳои судя ҳатто санаду нишондоди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ наметавонад ягон нақше дошта бошад. Такяи мо дар додани баҳои ҳуқуқӣ танҳо ба далелҳост. Қонунгузори дақиқан муайян кардааст, ки “Далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ маълумоти воқеие ба шумор мераванд, ки дар асоси онҳо суд, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бо тартиби муайяннамудаи КМҶ ҶТ мавҷуд будан ё набудани кирдори барои ҷамъият хавфнок, исбот гардидан ё нагардидани ҳолатро оид ба парвандаи ҷиноятӣ ва ҳолати дигари барои ҳалли дурусти парванда аҳамиятдоштаро муқаррар мекунанд (моддаи 72 КМҶ ҶТ)». Мана чист далел? Боз чӣ гуна далелу исбот лозим.

Асосҳо барои шинохтани ҲНИТ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ бешуморанд. Такрор ба такрор “Шумо далел надоред”- гуфтани Кабирӣ ҳарфҳоест, ки дар мағзаш дигарон ҷой кардаанд. Ба ӯ ва пуштибонони хориҷиаш боз чӣ далел лозим аст? Мисоли мустақими дигаре меорам: дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ доир ба ҳодисаҳои 4-уми сентябри соли 2015, тавассути сабтҳои аудио-видеоӣ ва нишондодҳои шоҳидон исбот карда шуд, ки 1-уми сентябри соли 2015 писари Кабирӣ Тиллозода Руҳулло Муҳиддин, ронандаи Кабирӣ Сайфов Ҳикматулло Тешаевич шавҳари хоҳари ҳамсари М.Кабириро ба хонаи худашон, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Хайрулло Мирзоев, гузаргоҳи 3-юм, хонаи 69 даъват намуда, супориши падарашро мерасонад, ки ба бинои ҶСП “Бинокорсервис” (ширкати худи М.Кабирӣ) рафта, ба шаҳрвандон Нарзуллоев Ҷамшед Исматуллоевич, зодаи ноҳияи Файзобод, писари аммаи М.Кабирӣ, директори ҶСП “Бинокорсервис” ва Раҳматуллоев Маҳмадалӣ Тешаевич, бародари ҳамсари М.Кабирӣ, сардори шуъбаи кадрҳои ширкати номбурда расонад, тамоми маблағҳои дар ихтиёрашон қарордоштаро ҷамъоварӣ намоянд. 2-юми сентябри соли 2015, худи Р.М. Тиллозода бо ҳамроҳии Сайфов Ҳ.Т. ба ҶСП “Бинокорсервис” меравад. Маблағи 400 ҳазор доллари ИМА ва 200 ҳазор сомониро аз Ҷ.И. Нарзуллоев ва М.Т. Раҳматуллоев гирифта, дар шоҳидии се нафар сейфи ба худаш тааллуқдоштаро кушода, маблағи 1 миллиону 180 ҳазор сомониро аз он ҷо берун меорад. Сипас, ба Назарзода А.М. занг зада мегӯяд, ки тибқи дастури падараш маблағи баробар ба 1 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА-ро ҷамъоварӣ намудааст ва бояд ба ӯ диҳад. Баъди гуфтугӯи телефонӣ, Р.М. Тиллозода ва Ҳ.Т. Сайфов бо автомашинаи тамғаи “Тойота Королла”, рақами давлатиаш 7288 СА01, маблағи зикршударо ба хонаи А.М. Назарзода бурда, ба ӯ медиҳанд.

Маҳз баъди гирифтани маблағи мазкур, шаби 3 ба 4-уми сентябри соли 2015 дастаи ҷинояткори А.М. Назарзода тибқи нақшаи ҷиноятии таҳияшуда, даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, кӯшиши табаддулоти давлатӣ заданд.

Акнун худатон қазоват кунед. Магар аз ин далели муътамадтар пайдо кардан мумкин аст? Барои давлатҳое, ки ҷон канда ҲНИТ-ро ҷонибдорӣ мекунанд, боз кадом далелҳо лозиманд? Хусусан, барои кишваре мисли Ҷумҳурии Исломии Эрон ва хадамоти махсуси он, ки дастдориашон дар ташкилу анчом додани чандин амалҳои террористӣ аз ҷониби ҲНИТ тасдиқи қонунии худро ёфт.

А.М. Назарзода бо гурӯҳи ҳаммаслакони ҷиноятии худ, ба бинои маъмурии Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии №17651 ғайриқонунӣ ворид шуда, аз иншоотҳои зикршуда силоҳҳои оташфишон, сару либоси ҳарбӣ ва лавозимотҳои ҷангиро барои мусаллаҳ гардонидани аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ тасарруф намуданд. Муовини вазири мудофиа ва командири қисми ҳарбии № 08050-и вазоратро гаравгон гирифтанд. Зиёда аз 150 нафар аъзоёни иттиҳодияи ҷиноятиро дар маҳаллаи собиқ “Хлебзавод” бо силоҳҳои оташфишони автомати тамғаи АК, пулемёт, гранатомёт, автомати тамғаи СВД ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусаллаҳ гардониданд.Ҳамзамон, ғайриқонунӣ ба қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651-и Вазорати мудофиа ворид гашта, бо роҳи зӯроварӣ 180 адад силоҳи оташфишони АК, 9 адад гранатомёт, 5 адад СВД ва 8 адад силоҳи оташфишони РПК-ро гирифтанд.

Баъдан, аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ, таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон машғул буданд, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳонаро амалӣ намуданд. Дар натиҷа, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Д.Х. Саъдуллоев, Р.Х. Орипов, Д.Г. Буриев, А. Ҷобиров, И. Пиров, Н.А. Каримов, Ш.М. Шарипов, Д.Г. Ёров, М.Ш. Ҳасанов ва М.С. Саидов (10 нафар) ба ҳалокат расида, 7 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

Дар маҷмӯъ, дар ин амалиёте, ки аз ҷониби назарзода сурат гирифт, қариб 50 нафар нобуд гашт. Ин ҷо ҳама талафоти ҷонӣ, фарзандони мардуми тоҷик ҳастанд.

- Шумо парвандаҳои ҷиноиро зикр кардед, ки замина барои парвандаи шаҳрвандӣ - манъи фаъолияти ҲНИТ фароҳам оварданд. Ҳастанд далелҳои мушаххас, ки шаҳодат аз тасмими табаддулоти давлатӣ медиҳанд?

- Магар мисоли дар боло овардаам шаҳодат аз ин намедиҳад? Мисоли мустақими дигар меорам: ҳангоми кофтукови утоқҳои кории бинои марказии ҲНИТ зиёда аз 30 варақаи ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро барои ба амал баровардани фаъолияти экстримистӣ ва террористӣ, табадуллоти давлатӣ доштанд, мусодира гашт. Матни яке аз онҳо чунин буд: “Сабур бошеду мунтазир! Он рӯз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шуълаҳои ҷонбахши Худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон неруи тоза мебахшанд. Се-чор рӯзи дигар монд. Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурӯъ шуд, ба мо бипайвандед. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғӯшта месозем. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. Иншооллоҳ пирӯзӣ бо мост...”.

Санадҳои дигаре, ки ҳокӣ аз амали ғайриқонунии ҲНИТ аст, зиёд мебошанд. Ҳатто мисоли одитарин хилофи қонун дар бораи танзим, ки нақши бузург дар ҳаёти иҷтимоии кишвари мо дорад, амал карда, дар масҷидҳо хӯрок додан, таблиғоти зидди давлатӣ бурдан. Вазорати адлия борҳо дар ин хусус ҲНИТ-ро огоҳ кардааст. Аммо чуни ҳадафҳо дигар буданд, эътибор намедоданд, худро нодида мегирифтанд, афкори ҷомиаро алайҳи давлат сафарбар менамуданд, кӯшиш ба харҷ медоданд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ барҳам зананд.

- Агар шумо чунин далелҳо доред, ҳамаи онҳо дар парвандаҳо сабт шуда бошанд, сабаб чист, ки қарори Суди Олӣ дар бораи ҳизби террористӣ – экстремистӣ шинохтани ҲНИТ аз ҷониби дигар кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ эътироф нагардид?

- Чӣ хел эътироф нагардид? Баъд аз қабули ҳалномаи Суди Олӣ (29 сентябри соли 2015 ред. ), дар таърихи 29-уми январи соли 2016 Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай, дар мувофиқат бо Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, ҲНИТ-ро таҳти рақами 79 ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид намуд. Яъне, 8 кишвари бузурги ҷаҳон бо қаламрави умумии 3,4 млн. км2 ва беш аз 4,4 млрд. аҳолӣ, ташкилоти террористӣ будани ҲНИТ-ро эътироф карданд.

8-уми июни соли 2016 ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Арманистон дар шаҳри Ереван баргузор гардид, рӯйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, мувофиқа намуда, ҲНИТ-ро дар қатори чунин созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ» ва ғайра, таҳти №65 ба он ворид намуд.

Ҳамчунин, Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ ба махзани муштараки иттилоот дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккил дохил кард.

- Боз ҳам созмон ва кишварҳое ҳастанд, ки онро эътироф намекунанд.

- Аз лиҳози талаботи моддаи 1-и Декларатсия «Дар бораи андешидани чораҳо оид ба барҳам додани терроризми байналмилалӣ», ки бо Қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ №49/60 аз 9-уми декабри соли 1994 қабул карда шудааст, моддаи 5-уми Конвенсияи Шӯрои Аврупо «Дар бораи пешгирии терроризм» аз 16 майи соли 2005, қонунҳои қариб ҳамаи кишварҳои Аврупо дар мубориза бар муқобили терроризм ва эктремизм ҳаракатҳо ва амали ҲНИТ мутобиқ ба он аст, ки ҳамчун ташкилоти террористӣ- экстремистӣ шинохта шавад. Аммо баъзе кишварҳо ва созмонҳо аз рӯи масали як бому ду ҳаво муносибат мекунанд. Ман сиёсатмадор нестам, вале як нуктаро мехоҳам зикр кунам: бозиҳои геополитикӣ, ҳимояи манфиатҳо аз ҷониби аксари ин кишварҳо муносибатҳои духӯраро ба миён овардааст. Агар чунин ҷинояте ҳамсони амалкардҳои наҳзатиҳо дар кишварҳои аврупоӣ содир гардад, ҳамоно бо вокуниши сахти мақомоти салоҳиятдор рӯ ба рӯ мегардад ва ҷазои сахттарин нисбат ба унсурҳои ҷинояткор татбиқ мешавад. Аммо тавре мебинем, дар доираи манфиатҳои худ ин кишварҳо ҳатто аз дастгирию пуштибонии омилони террористӣ рӯй намегардонанд. Маҳз муносиботи духӯра бо терроризм мардуми Афғонистон, Сурия, Ироқро бо мудҳиштарин бадбахтиҳо гирифтор кардааст. Дар ин ҷо бо тақдири халқҳо бозӣ мекунанд. Филми ҳуҷҷатии Вазорати корҳои дохилиро ба хотир оред. Дар он ҷо факту далелҳои раднопазир оид ба даст доштани хадамоти махсуси кишвари хориҷӣ дар амалҳои террористии аз тарафи аъзоёни ҲНИТ анҷомёфта намоиш дода шуданд. Лекин чун муносибатҳо тавре дар боло зикр шуд, дугона ҳастанд ва онҳо манфиатҳои худро аз муносибатҳои судманди муштарак болотар мегузоранд, ҳозир нестанд гуноҳи кардаашонро бипазиранд ва роҳҳои нави беҳбудии робитаҳоро ҷустуҷӯ кунанд. Айнан чунин ҳолатро мо дар ҳамоишҳое мебинем, ки бо иштироки ҲНИТ дар кишварҳои аврупоӣ баргузор мегарданд.

- Аслан нишасти онҳо ҷои нигаронӣ нест. Омаданду нишастанду гуфтанду рафтанд. Бюроҳои алоҳида низ ҳанӯз САҲА нестанд, онҳо танҳо минбар медиҳанд. Бигзор муроҷиаткунанда ҳатто муҳоҷири меҳнатӣ бошад. Минбар додан ҳанӯз маънии эътироф карданро надорад.

Мехостам дар як масъалаи дигар назаратонро фаҳмам. Шумо дар оғози суҳбат изҳор кардед, ки қарори Суди Олӣ бар манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон аст. Аммо ақидаи дигаре низ вуҷуд дорад. Мегӯянд, ки ҲНИТ бояд баста намешуд.

- Ин ҳаводорони ҲНИТ бояд бо парвандаҳои ҷиноӣ шинос шаванд. Онҳо бо думи мор бозӣ доранд, вале ҳанӯз заҳри неши морро начашидаанд. Инро ман ҳамчун судяе мегӯям, ки парвандаи ҲНИТ- ро баррасӣ кардааст. Будани ҲНИТ фоҷиа барои миллат ва давлати тоҷикон аст.

- Мегӯянд, ки шумо таҳти фишор чунин қарор баровардед.

- Магар далелҳое, ки ман дар боло зикр кардам шаҳодат аз қарори зери фишор медиҳанд? Бо ин далелҳо ва боз даҳҳо далели дигар ҲНИТ-ро агар сад бор ҳам бандед, кам аст.

- Бисёриҳо аз гуфтани ҳақиқат метарсанд, аммо шумо боҷуръатона сухан мегуед.

- Вақте ки далел ҳаст, куҷо ҷои тарс аст. Санаде, ки мо қабул кардем, ба ҳукми қонун даромад. Агар нодуруст аст, чаро эътироз намекунанд. Созмонҳои байналхалқӣ ҳам ба мо муроҷиат карданд, мо посух додем ва онҳо лаб ба хомӯшӣ бастанд.

- Шояд як камбудӣ он буд, ки мурофиа паси дарҳои баста сурат гирифт?

- Мурофиа озод, паси дарҳои боз сурат гирифт. Дар он беш аз 70 рӯзноманигор иштирок доштанд. Ҷои таассуф аст, ки на ҳама рӯзноманигорон воқеиятро объективона рӯи қалам оварданд. Имрӯз ҳам ин талошҳо ҷой доранд. Ҳама иқдомоти террористони наҳзатӣ ва пуштибононашон тавассути паҳн намудани иттилооти муғризона ва бардурӯғ ба ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба худашон, паст задани нуфузи давлатдории миллии мо нигаронида шудааст.

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон», №39 (1237), аз 27-уми сентябри соли 2017 

Хонданд 552

Суҳбати ихтисосӣ бо Давлат Усмон, яке аз собиқ раҳбарони Иттиҳоди неруҳои мухолифин, собиқ муовини сарвазир ва вазири иқтисоди Тоҷикистон дар робита ба 16-умин солгарди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон

Давлат Усмон ҳоло бознишаста ва ба таълифи китоби хотироташ машғул аст. Аз соли 1992 то 1996-и милодӣ - 4 сол дар қатори мухолифин ва муҳоҷирини тоҷик дар Афғонистон буд ва тамосҳои мустақим бо шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, он замон вазири дифоъи Афғонистон дошт.

- Ҷаноби Давлат Усмон, вақте Масъуд ба як шахсияти маъруф табдил ёфта буд, Шумо шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравии собиқ будед. Пирӯзиҳои ӯ бар Шӯравӣ Шуморо озурда мекард ё хуш?
- Мо он замон дар як ҳаракати сиёсии динӣ шомил будем. Масъудро як шахси мубориз тасаввур мекардем, ки дар муқобили як артиши бегона ва ба ҳимоят аз истиқлолияти кишвару озодии мардумаш муқовимат мекунад.
- Мулоқоти аввалини Шумо бо Масъуд кай итифоқ афтода буд?
- Вақте минҳайси муовини сарвазири Тоҷикистон дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҷиҳати ширкат дар созмони Конфронси кишварҳои исломӣ қарор доштам ва муяссар шуд, ки 2-юми декабри соли 1992 Тоҷикистон узви ин созмон гардад, дар ахбори расонаҳо ин хабар доғ шуда буд, ки ҷанг дар ҷануби Тоҷикистон шиддат гирифта, мардуми оддӣ аз он ҷо ба Афғонистон фирор мекунанд. Дар худи Саудӣ тасмим гирифтам, ки тариқи Эрону Покистон ба Афғонистон ва аз он ҷо ба Бадахшони Тоҷикистон биравам. Вақте Кобул омадам, аввал бо раисҷумҳури Афғонистон марҳум Устод Раббонӣ мулоқот кардам. Он кас маслиҳат доданд, ки шумо бояд инжинер Масъудро бубинед. Азбаски номашро нагирифт, ман фикр кардам, шояд ягон наздики раисҷумҳур аст, ки ба қазияи мо вобастааш кардааст. Тақрибан соати 10-и ҳамон шаб буд, ки маро ба виллаҳои Вазир Акбархон бурданд ва ягон соат пас марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд омад. Аввалин бор он ҷо мулоқот кардем. Аввал ӯ аз ман хоҳиш кард, ки буҳронеро, ки он рӯзҳо дар Тоҷикистон ба вуҷуд омада буд, аз оғоз то охир барояш тавзеҳ кунам. Ман тақрибан 2 соат тамоми қазияро барояш шарҳ додам. Аввалин бор медидам, ки инсон чӣ қадар бодиққат гӯш мекунад. Тӯли ду соате, ки ман сухан кардам, Масъуд ягон бор маро манъ накард, ё гапамро набурид! Соат 3-и субҳ шуда буд. Баъд гуфт, ки суҳбатро ҳамин ҷо қатъ мекунем, давомашро фардо шаб соати 11 давом медиҳем. Хайрухуш карду рафт...
- Ҳадафи муроҷиати Шумо ба Масъуд чӣ буд? Аз ӯ чӣ мехостед?
- Мо ду масъала доштем, ки ҳалли онро аз Масъуд мехостем. Аввал, мехостем барои интиқоли муҳоҷиронамон аз сарҳад ба дохили Афғонистон кӯмак кунад. Ман ба Масъуд гуфтам, ки дар Имом Соҳиб тақрибан 45 ҳазор муҳоҷири мо бисёр дар вазъи вахим қарор доранд. Зимистон буд ва ба Омир Соҳиб гуфтам, аввалин кори мо бояд ҳамин бошад. Масъалаи дуюм, рафтан ба марзи Бадахшон ва аз он ҷо овардани раҳбарону шахсиятҳои бонуфузи оппозитсион буд. Масъуд ду чархбол доду як ҳавопаймои “Антонов - 26”. Ҳамин тавр, мо ба ҳамкорӣ шуруъ кардем.
- Ҳамчун як инсон ва раҳбар Масъудро чӣ гуна дарёфтед?
- Масъуд аз аввал як шахси қотеъ, дар қавл устувору дар аҳд вафодор буд. То корро ба анҷом намерасонд, ором намегирифт. Ҳар кореро, ки гуфту ваъда кард, дар ҳамон вақту соат иҷро шуд. Дар масъалаи мо, аввал, тамоми қазияро пурра омӯхт ва дар давоми суҳбат ҳар чӣ ваъда дод, иҷро кард.
- Шумо бо Гулбуддин Ҳикматёр ҳам ҳамсуҳбат шуда будед. Назари ӯ ба Масъуд чӣ буд? Решаи хусумат ё мухолифатҳои ӯву Масъуд дар чӣ буданд?
- Мухолифати онҳо бештар ҷанбаи қавмӣ ва ҳам шахсӣ дошт. Масалан, Ҳикматёр, чун чанд сол гузашт, ки ӯро надидаам, намедонам, оё тағйир ёфтааст, ё хайр, аммо то охирин мулоқоте, ки бо ӯ доштам, ҳамчун як шахсияте дар назарам ҷилва намуд, ки касеро аз худ боло дида наметавонад. Яъне ӯ мехост, ки дар миёни раҳбарони ҷараёнҳои исломиву сиёсии Афғонистон нафари якум бошад. Ин хислат дар табиати ӯ ҳаст. Аз ин хотир, Масъудро, ки як шахсияти бисёр қавӣ буд ва шояд аз бисёр ҷиҳат аз Ҳикматёр бартарӣ дошт, як монеаи ҷиддӣ дар амри расидан ба аҳдофаш медонист.
Як воқеаи ҷолиби дигаре ҳаст, ки чун пурсидед, бароятон мегӯям. Вақте бори дуюм бо Ҳикматёр дар Чаҳоросиёб мулоқот доштам, ӯ аз ман хост, ки байни ӯву Омир Соҳиб Масъуд миёнҷигарӣ кунам. Хандидам. Гуфтам, ки инҷинер соҳиб, ман як шахсияти ҷавонам. Роҳбарони давлатҳо миёни шумо миёнҷигарӣ карданд, Каъба рафтед, шартнома имзо кардед, қасам хӯрдед, аммо чизе ҳосил нашуду аз дасти ман чӣ меояд. Ин пешниҳоди шумо шӯхӣ аст ё масхара? Ман чӣ хел байни Шумо ва Аҳмадшоҳ Масъуд миёнҷигарӣ мекунам? Гуфт, ба ҳар ҳол, ман аз шумо инро хоҳиш мекунам...
- Яъне Шумо барои миёнҷигарӣ розӣ нашудед?
- Ҳоло хоҳам гуфт... Рӯзи дигар назди Масъуд омадам. Шаб буд. Моро дар Чоряккор ба як қалъаи қадима ба меҳмонӣ бурданд. Масъуд як одат дошт, ки ҳар куҷое мерафтем, мулоқот буд, ё меҳмонӣ, маҷбур маро пеш мегузаронд ва худаш аз пайи ман меомад. Вақте дохили қалъа шудем ва ба ҷои мулоқот расидем, мехостам рӯи тӯшак (кӯрпача) нишинам, ки Масъуд ба як бор сахт аз дастам қапиду фарёд зад: “Бош! Шӯр нахӯр!”. Ба яке аз ҳозирбошҳояш амр дод, ки гӯгирд (кибрид) биёрад. Дар ҳайрат мондам. Ба худ гуфтам, гӯгирдро чӣ кор мекарда бошад? Гӯгирдро гирифту мисли уқобе, ки сайдашро мезанад, дасташро ба шиддат сӯи тӯшак бурд. Дидам, ки дар дасташ каждум аст. Чӣ хел онро дар он торикӣ дид, нафаҳмидам. Ман надида будам.
Меҳмонӣ тамом шуду хостам пешниҳоди Ҳикматёрро ба ӯ расонам. Дар ҷавоб гуфт, саҳарӣ суҳбат мекунем. Субҳ як тоҷири машҳури Чоряккор моро ба хонааш даъват кард. Як шахси хушсалиқае будааст, ки дар миёни ҳавлиаш як гулбоғ дошт. Он ҷо субҳона хӯрдему ба Масъуд гуфтам, ки як гапи хусусӣ дорам. Чун танҳо мондем, ман ҳанӯз матлабамро нагуфта, гуфт: “Пеши Ҳикматёр рафтӣ, ҳатман гуфт, ки байни ману Масъуд миёнҷигарӣ кун. Ҳамин тур не?”. Дар ҷавоб гуфтам, тақрибан ҳамин аст. Шӯхиомез гуфт, ё сари ман, ё сари Ҳикматёр ба гӯр равад, Афғонистон ором мешавад. Хандид. Пурсид, хуб, Ҳикматёр чӣ мегӯяд? Гуфтам, ӯ мехоҳад бо Шумо ба тавофуқ бирасад. Гуфтам, аслан ин мушкили ман нест, мушкили шумост, вале чун хоҳиш кард, рад накардам, омадам. Масъуд гуфт, бошад, ба назди Ҳикматёр бирав ва бигӯ, ки ду пешниҳод дорам. Якум, муоҳадаи Ҷалолобод, яке аз муоҳадаҳои машҳур аст, ки ҳамаамон ҷамъ шудем, имзо кардем, ман онро қабул дорам. Дуюм, раҳбарони Ҳизби Исломӣ, Иттиҳоди Исломӣ ва Ҷамъяти Исломӣ - Ҳикматёр, Сайёф, Раббонӣ, ҳамин се раҳбар нишинанд ва чӣ тавофуқе карданд, ман бечунучаро иҷро мекунам. Як ҳаракат будем, як ҳадаф доштем, тақсим шудем. Агар се роҳбар ба хулосае оянд, ки Масъуд силоҳашро гузорад ва тарки Афғонистон кунад, ман ин корро мекунам.
- Ва Шумо дубора назди Ҳикматёр рафтед?
- Бале, рафтам ва ин пешниҳодҳоро ба ӯ расондам. Ӯ гуфт, ки мо се нафар ҳатман мешинем, ба тавоқуф мерасем, вале аввал мо бояд маълум кунем, ки кадом ҳизб қавӣ аст ва миёни мардум нуфуз дорад. Бояд интихобот баргузор кард. Ман ба Ҳикматёр гуфтам, ки Афғонистон байни гуруҳҳо порча - порча тақсим шудааст. Ҷанг аст. Даҳ километр равӣ, се километр аз Ҳизби исломӣ, сеи дигар аз Ҷамъияти Исломӣ, се километр аз Иттиҳоди исломиву Ҳизби ваҳдату Муҳози милливу даҳҳо ҳизбу қумондони дигар. Чӣ тур интихобот мегузаронед? Ин имконнопазир аст. Ман аз аввал гуфта будам, ки миёнҷигарии ман маъно надорад, ки чунин шуд. Акнун рисолати ман хатмшуда аст. Бо ҳамин миёнҷигарии ман байни Масъуд ва Ҳикматёр ба анҷом расид.
- Шумо бо Усома ибни Лодан, раҳбари собиқи “Ал - қоида” ва Мулло Умар, роҳбари собиқи “Толибон” ҳам мулоқот доштед. Ҳатман, ки онҳо дар бораи Масъуд изҳори назар карда буданд. Чӣ мегуфтанд?
- Инҳо баъд омаданд. “Толибон” соли 1994 дар атрофи Кобул пайдо шуда буданд. Усома ибни Лодан Масъудро чӣ гуна медид, чизе гуфта наметавонам, чун дар ин бора аз ӯ напурсидам, аммо бо Мулло Умар як суҳбат доштем. Боре Толибон тайёраи моро, ки аз Теҳрон меомадем, дар Ҳирот ба замин фароварданд. Ҳайати моро ба Қандаҳор бурданд. Аммо Мулло Умар дар фурудгоҳ танҳо ману марҳум устод Нурӣ, раҳбари мухолифини тоҷикро қабул кард. Дар дохили мошини Мулло Умар суҳбат кардем. Марҳум устод Нурӣ ба Мулло Умар гуфт, биёед, бо Масъуд сулҳ кунед. Масъуду Раббонӣ, Сайёф ку раҳбарони ҷиҳодиянд, кофир нестанд. Шумо ҳам дар мавқеияти қавӣ қарор доред. Мулло Умар, ки дар даст “Калашников” дошт, бо ишора ба он гуфт, мулло соҳиб, дар Афғонистон ана ин ҳамаро ҳал мекунад. Хулосаи шахсии ман ин аст, ки ҳарчанд Мулло Умар бо Масъуд меҷангид, рақобат дошт, аммо Масъудро ҳамчун шахсият эҳтиром мекард.
- Масъуд дар бораи Ҳикматёр, Мулло Умар ва Усома чӣ мегуфт?
- Масъуд як вижагии хосе дошт, ки агар дар бораи касе, ки ба ӯ боре кӯмак карда бошад, ё бо ӯ дустӣ дошт ва ё касеро писандида буд, мепурсидед, ҳатман, аммо кӯтоҳ мегуфт, одами хубе аст. Аз ин беш не. Аммо агар дар бораи шахсияте, ки ба ӯ эҳтиром надошт, мепурсидед, ҳеҷ вақт нуқтаи назарашро намегуфт. Ҳаргиз намегуфт, ки Ҳикматёр ё раҳбари Толибон шахси бад ё шуҳратталабанд. Боре ҳам аз забони Масъуд нашунидаам, ки нафареро паст зада ё дар борааш бад гуфта бошад. Яке аз хусусиятҳои хоси Омир Соҳиб ин буд, ки ҳеҷ вақт мушкилотеро, ки дар дохили Афғонистон дошт, бо мо матраҳ намекард. Дар бораи шахсиятҳои Афғонистон ҳам суҳбат намекард. Фақат гоҳ-гоҳ мегуфт, ки Дӯстум як шахсияте ҳаст, ки қавлаш эътибор надорад. Танҳо ҳамин суханро аз забони Масъуд шунидааму халос.
- Иттиҳоди мухолифини Тоҷикистон қарор карда буд, ки бо тамоми танзимҳои муҷоҳидини Афғонистон муносибати яксон дошта бошад, аз ҷумла бо Ҳикматёру Толибону ғайраву ҳоказо. Масъуд инро чӣ гуна қабул кард?
- Хело хуш пазируфт. Шахсан худи ман ин тасмимро ба ӯ расондам. Гуфт, бисёр оқилона аст, шумо бояд ба ин чирку чаканоти мо ҳамроҳ нашавед.
- Мухолифони Масъуд ӯро як шахси миллатгаро муаррифӣ мекунанд, ки мехост ҳукуматро дар Афғонистон ба намояндагӣ аз як қавм - тоҷикҳо ба даст бигирад. Бардошти Шумо чӣ аст?
- Масъуд дар баробари як шахси ҷиҳодӣ будан одами сахт ақидаманд буд. Пойбанд ба ҳамон ақида ва арзишҳои динӣ ё мазҳабиаш буд. Аз нуқтаи назари дин медонем, ки қавм матраҳ нест. Дидгоҳи Масъуд ҳамин буд, ки бояд дар сари қудрат шахсе бошад, ки новобаста аз қавм тафаккури миллӣ, умумиафғонистонӣ дошта ва ботақво бошад. Фикри Масъуд ҳамин буд, ки дар Афғонистон як ҳукумате рӯи кор ояд, ки қобили қабули мардум бошад ва зери нуфузи Покистон ва ё кишварҳои хориҷӣ набошад.
- Мухолифон Масъудро “агенти КГБ” ё “дастнишондаи Эрон” мехонданд. Ин даъвоҳоро Шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- На. Ман шоҳиди зинда ҳастам. Аз моҳи январ то апрели соли 1993 тақрибан дар се-чор ҷаласаи дохилии Масъуд, ки ба масъалаҳои сиёсати дохилӣ ихтисос ёфта буд, ман ҳамчун нозир иштирок кардам. Дидгоҳи ӯро хуб медонистам. Масъуд маҷбур шуд, ки бо Русия дубора алоқа барқарор кунад, зеро Покистон ӯро қабул надошт ва ин сабаб шуд, ки ӯ бо Эрон низ муносибатҳояшро хуб кунад. Масъуд кӯшиш ба харҷ дод саудиҳоро миёнарав кунад, то ба Покистон таъсир расонанд. Дар ёд дорам, соли 1995 вақте ки Кобул дар дасти Масъуд буд, вазири амнияти Арабистони Саудӣ Туркӣ Файсал омад. Пас аз мулоқот Масъуд нақл кард, ки ба Арабистони Саудӣ шарт гузошт, ки тамоми ҷараёнҳои сиёсӣ, аз ҷумла Ҳикматёрро қабул мекунад, ба шарте аз дахолати Покистон дар умури Афғонистон ҷилавгирӣ шавад. Ҳамаашро хуб дар ёд дорам. Масъуд хеле кӯшиш кард, то бо Покистон муносибатҳояшро хуб кунад, вале онҳо ӯро қабул накарданд.
- Масъуд ба чӣ далоил мехост, ки ҳукумат ва мухолифони Тоҷикистон сулҳ кунанд?
- Соли 1996 Масъуд дарёфт, ки Толибон хеле қавӣ шудаанд ва бидуни кӯмаки хориҷӣ бо онҳо муқовимат карда наметавонад. Аз сӯи дигар, Толибон дар марзҳои ҷанубии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулфанофеъ тақвият меёфтанд. Он вақт Масъуд ва Русияву Тоҷикистон наздик шуданд. Барои он ки ҳамкории миёни онҳо тақвият ёбад, бояд кори мухолифини тоҷик яксара мешуд. Ёдам ҳаст, барои машварат дар ҳудуди фирқаи 18 дар Кобул дар як зеризаминӣ ҷамъ омадем. Масъуд бо Фаҳимхону Раббонӣ ва ман бо марҳум устод Нурӣ будем. Суханро аввал устод Раббонӣ сар кард. Ӯ матлабро кушоду равшан намегуфт. Бисёр далел меовард ва кӯшиш мекард фаҳмонад, ки мо бояд бо ҳукумати Тоҷикистон сулҳ кунем. Суханро тоб медоду тоб медод, аммо мушаххас намегуфт.
Баъд марҳум Масъуд иҷозаи сухан пурсид. Гуфт, хулосаи гап ин аст, ки Шумо ду роҳ доред: ё бо ҳукумати Тоҷикистон сулҳ мекунед, ё неруҳоятонро ба ягон ҳудуди дигар мебаред. Сухан дар бораи бақои мо ва ҳам шумо меравад. Агар мо барбод шавем, шумо ҳам барбод мешавед. Бе мо шумо дар Афғонистон рӯз нахоҳед дошт. Мо роҳи дигар надорем. Бояд бо Тоҷикистону Русия наздик шавем. Бояд онҳо ба мо бовар кунанд. Ба ҳамин хотир, роҳбарони сиёсӣ ва неруҳоятонро берун баред, муҳоҷирони шуморо мо нигоҳубин мекунем. Ё Тоҷикистон равед, ё ягон кишвари дигар. Дигар роҳ надоред. Пурсидам, Омир Соҳиб, мо чӣ қадар вақт дорем? Гуфт, то тирамоҳ. Ин маҷлис баҳори соли 1996 иттифоқ афтода буд. Ман гуфтам, бошад, мо то тирамоҳ тасмими худро мегирем.
- Метавонистед, ки шарти ӯро қабул накунед?
- Бале, агар мо шарти ӯро қабул намекардем, метавонистем маркази сиёсӣ ва неруҳоямонро аз Тахор ба Ҷалолобод ва ё қаламрави Ҳизби Исломӣ барем. Ҷой бисёр буд. Афғонистон танҳо дар дасти Раббонӣ ва Масъуд набуд. Лекин қазияи Афғонистон барои мо дарс шуда буд ва аз ҳамон ибтидо муборизаи мо танҳо барои сулҳ кардан ва баргаштан ба Тоҷикистон буд. Мо дарк кардем, ки агар қудратро дар Тоҷикистон ҳам ба даст гирем, тақдири Афғонистон ба сари мо меояд. Қазия мушкили Масъуду Ҳикматёр набуд. Як қазияи калони ҷаҳонӣ буд. Ҷаҳон намегузошт, ки як ҷараёни динӣ сари қудрат ояд. Масъуд ин гапҳои нозукро хеле хуб мефаҳмид. Боре ба мо гуфта буд, ки шумо барвақт сар кардед. Ин ба он маъно буд, ки ҷаҳон барои пазириши як ҳукумати исломӣ омода нест.
- Назари Масъуд ба сиёсатҳои Амрико дар Афғонистон чӣ гуна буд?
- Боре дар Қасри Истолиф шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд аз мулоқоташ бо ёрдамчии вазири корҳои хориҷии Амрико (Робин Рафаэл) нақл кард, ки дар он қаср иттифоқ афтода буд. Вай гуфт, амрикоиҳо бисёр беҳаё будаанд. Рафаэл ба ман (Масъуд) гуфт, ки шумо бояд аз қудрат канор равед, мо дар Афғонистон як ҳукумати технократҳоро месозем. Ва ман гуфтам, магар мо миллат нестем, ин қадар сол барои чӣ мубориза бурдем? Шумо мегӯед, демократия. Хуб, мо демократияро қабул дорем. Шумо ҳама ҷараёнҳои сиёсиро озод гузоред. Бигзор, мардуми Афғонистон интихоб кунад. Моро қабул накард, тамом! Шумо номзадатонро биёред, монед. Аммо фақат интихобот шавад. Шумо обрӯву иззату шавкати моро паст назанед. Пул партоед, ки номзади шумо гузарад, раиси ҷумҳури Афғонистон шавад, лекин агар мардум интихоб кунад, мо ӯро қабул дорем. Гуфт, вақте ёрдамчии вазири корҳои хориҷии Амрико ба ман аз мавқеи зӯриву таҳдид суҳбат кард, ғурурам баланд рафт ва гуфтам, ки шумо дар Афғонистон ягон кор карда наметавонед. Агар тамоми артиши Амрикоро биёред, ман муқобилатон меҷангам. Баъд Масъуд ҳамон кӯлоҳашро аз сар мегираду пешаш партофта мегӯяд, ки агар ба андозаи ҳамин кӯлоҳ хоки Афғонистон монад, як поямро он ҷо гузошта, ба як пой муқобили шумо меҷангам.
- Ёрдамчии вазири корҳои хориҷии Амрико аз Масъуд хоста буд, ки ҳукуматро ба Толибон таслим кунанд?
- На. Ӯ гуфта буд, ки ҳукуматро на ба Толибон, балки ба худи амрикоиҳо супоранд. Гуфта буданд, мо ҳукумати худро месозем. Баъд ман ба Масъуд гуфтам, ки Омир Соҳиб, ин амрикоиҳо, он тавр ки кушоду равшан гуфтед, ба Шумо зарари ҷисмонӣ мерасонанд, бояд рӯйрост намегуфтед. Хандид. Ва ҳамин амалиёти террористӣ, таркише ҳам, ки сурат гирифту Омир Соҳиб шаҳид шуд, пушти он созмонҳои истихборотии Амрикову Покистон буданд. Бе онҳо ин кор сурат намегирифт.
- Шумо соли 1996 ба Тоҷикистон баргаштед. Пас аз он оё бо Масъуд боз мулоқот доштед?
- Албатта. Ман чанд бори дигар бо ӯ дар Душанбе мулоқот доштам. Як бор хонаи ман омада, меҳмон шуда буд. Як бори дигар ман ба хонааш, ки дар кӯчаи Карамов буд ва фарзандонаш он ҷо истиқомат мекарданд, рафта будам. Ҳоло мехоҳанд дар ин хона намояндагии Бунёди Аҳмадшоҳи Масъудро ташкил кунанд. Баъд, ки дар ҳукумат будам, бо ӯ боре ҳам вонахӯрдам. Солҳои 2000 - 2001 ду-се бори дигар вохӯрда будем. Охирин бор се-чор моҳ пеш аз шаҳодаташ ӯро дида будам...
- Хабари марги ӯро чӣ гуна қабул кардед?
- Ростӣ, сахт мутаассир шудам. Ҳамон рӯз гӯё осмон ба сарам чаппа шуд. Охир, як дӯсту бародарам буд. Дӯсту бародари ҳамаи мо буд. Дилам сиёҳ шуд. Бо он вуҷуд, ки дар Афғонистон тағйиротҳо шуданд, ин сиёҳӣ то ба ҳол аз дилам нарафтааст. Набудани ӯ шояд то солҳои зиёд дар Афғонистону минтақа эҳсос хоҳад шуд.
- Оё дар маросими ҷанозаи ӯ ширкат доштед?
- На, рафта натавонистам. Вазъи Афғонистон ҳам хуб набуд. Моҳи декабри ҳамон сол як хоб дидам. Хоб дидам, ки як утоқ асту чанд нафар хобидаанд ва дар миёнашон Масъуд ҳам ҳаст. Ҳама болишт ё таксарӣ доштанд, аммо Масъуд надошт. Ба худ гуфтам, ба Омир Соҳиб болишт нарасидаасту равам як болишт биёрам. То ин ки болиштро ҷустуҷӯ кардам, бедор шудам. Ба худ таъбир кардам, ки шояд ба фотиҳаву ҷанозааш нарафтам, руҳи Омир Соҳиб умедворӣ мекашад. Январи соли 2002 хестаму Панҷшер рафтам. Сари манзилаш рафтаму дуову фотиҳа кардам. Ҳамон ҷо вақте хобамро ба хоҳарзодааш Вадудхон гуфтам, дар ҳайрат афтод. Вай гуфт, ки камари Омир Соҳиб дард мекард, ҳеҷ гоҳ дар таги сараш болишт намемонд. Ман ҳам ҳайрон шудам. Инро намедонистам.
- Аз нигоҳи Шумо, Афғонистони ормонии Масъуд чӣ гуна буд?
- Масъуд Афғонистонро як кишвари воҳиду ягона медид. Ҳеҷ гоҳ аз таҷзияи он фикр намекард. Ҳама ақвомро эҳтиром мекард. Ба ҷуз тоҷикон, фармондеҳони паштуну ӯзбек низ таҳти фармони ӯ буданд. Аз онҳо сирри пинҳонӣ надошт. Намегуфт, ки як гапро мегӯяду ӯзбек онро ба Дӯстуму паштун ба Ҳикматёр хабар мебарад. Сари ҳамаи онҳо эътимод мекард. Ман дар ҷаласаҳои ӯ намояндагони ҳамаи ақвомро медидам. Миллатгаро набуд. Худро афғон медонист. Озодиву рушди Афғонистонро дар мадди аввал мегузошт.
- Афғонистоне, ки ҳоло мебинед, то куҷо ба Афғонистони ормонҳои Масъуд монанд аст?
- Афғонистон таҳаввулоти зиёдеро аз сар гузаронд ва таҳаввулоти зиёди дигар дар роҳанд. Ба он хотир, ки истиқрори сиёсӣ ҳоло пайдо накардааст ва бозингарони абарқудрати дунё намегузоранд, ки Афғонистон нафаси озод кашад. Афғонистон ба як майдони футбол, балки тӯби футбол табдил ёфтааст. Ин тӯбро як бор Амрико мезанад, як бор Чин, ба ҳамин минвол, бори дигар Русияву Эрону Покистон. Кишварҳое, ки тӯб дар ихтиёри онҳо аст. Танише, ки имрӯз миёни Русияву Ғарб пайдо шудааст, гиреҳи буҳрони Афғонистонро чигилтар ва ояндаашро ториктар кардааст. Аз дигар тараф, рақобати Ғарб бо Чин. Бубинед, Покистон миёни Ғарбу Чин чӣ тавр хуб бозӣ дорад ва аз ин вазъ сарвату сармояи зиёд меандӯзад. Афғонистоне, ки Масъуд ва амсоли ӯ орзу доштанд, рӯзе хоҳад шуд. Нооромӣ беинтиҳо нест, як рӯз оромӣ меояд. Вазъи Афғонистони имрӯза тақрибан ба вазъи Афғонистони соли 1992 баргаштааст. Тавре дар он солҳо буд, хатари ноамниҳои Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёдтар шудаасту камтар на. Ба ҳамин хотир, он чӣ Масъуд орзу мекард, имрӯз дар Афғонистон нест. Умедворем, ки Афғонистон як рӯз ором мешавад, аммо на имрӯз.

Суҳбати Фарид АҲМАДӢ

Хонданд 1810

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.