.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Мусоҳиба

Бобои Ҳоҷӣ: Замин модари мост!

Нояб 11, 2017
Хонданд: 470

Дар дунё одамони хуб, заҳматкаш ва меҳнатқарин кам нестанд. Суҳбати мо бо марди меҳнатдӯсту деҳқони хоксор аз ноҳияи Деваштич - Бобои Ҳоҷӣ, ки солҳои охир ба кишоварзӣ машғул асту заминро яке аз муқаддасот медонад, самимиву гуворо буд.

- Бобои Ҳоҷӣ, чанд сол аст, ки ба кишоварзӣ машғулед?
- Ман дар Беморхонаи ёрии таъҷилии рақами №1-и ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) 18 сол ба ҳайси ронанда кор кардам. Баъдан, бо сабаби хира шудани чашмам, бо хоҳиши худ аз кор рафтам. Сипас, ба кишоварзӣ машғул шудам. Раиси Ассосиатсияи кишоварзони ноҳияи Зафаробод Назаров Меҳроҷ ва ҳокими ноҳияи Зафаробод Нурзода Сулаймон маро даъват карда, бароям замин ҷудо карда доданд. Маҳз бо дастгирии Назаров Меҳроҷ ва Нурзода Сулаймон қариб 5 сол мешавад, ки кишоварзӣ мекунам.
- Чанд нафар коргар доред ва музди меҳнати онҳо чӣ қадар аст?
- Ҳамагӣ 10 нафарро бо кор таьмин менамоям. Музди меҳнати онҳо аз 350 то 400 сомониро ташкил медиҳад. Илова бар ин, гандум, ҷав, равған ва маҳсулоти хӯрока низ медиҳам. Яъне, ба ғайр аз музди моҳонаашон, боз бо маҳсулоти хӯрока низ таъмин менамоям. Дар баробари онҳо ман ва фарзандону наберагонам кор мекунем. Ҳамаи онҳо оилаи ман ҳастанд. Кӯшиш мекунам, ки ба ҳар яки онҳо дасти ёрӣ дароз намоям.
- Солҳои охир буҳрони молиявӣ дар Тоҷикистон низ ҳукмфармо шудааст. Оё он ба фаъолияти кишоварзии Шумо низ таъсири худро расонидааст?
- Мутаассифона, буҳрони молиявӣ ба бисёр корхонаҳо ва бонкҳои кишвар таъсири худро расонидааст. Аммо ба фаъолияти кишоварзии ман, Худоро шукр, не. Ман худ бо чунин мушкилӣ рӯ ба рӯ нашудаам. Ҳар сол ҳосили хуб ба даст меорам, аз ҷумла пиёз, гандум, ҷав ва пахта.
- Хоҷагии деҳқониатон бештар ба парвариши кадом намуди зироатҳо машғул аст ва оё ҳосили мегирифтаатон Шуморо қонеъ мекунад?
- Дар соли ҷорӣ пахта кишт кардем, 30-35-сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намудем. Инчунин, гандум ва ҷав низ кишт намуда, ҳосили хубе ба даст овардем. Ҳамагӣ 10 гектар замин дорам. Тухмиро ҳокими ноҳияи Зафаробод таъмин менамояд.
- Барои нафаре, ки бо замин сарукор дорад, яъне кишоварз аст, вазифаҳои аввалиндараҷа кадомҳоянд?
- Замин модари мост. Як бурда нони мо кишоварзон аз пушти замин аст.
Ҳамчун кишоварз ман чунин ақида дорам, ки пеш аз ҳама меҳнатдӯст будан лозим. Заминро бояд нағз нигоҳубин карда тавонӣ. Ҳар сол онро бояд як маротиба аз ҳашаротҳои зараррасон пок созӣ. Заминро гардонда, ба аввали баҳор омода намудан зарур аст. Вақте ки зироатҳоро кишт менамоӣ, аз таҳти дил нигоҳубин намуда, бояд алафҳои бегонаашро чинда, ба қадри лозимӣ об доданро фаромӯш насозӣ. Албатта, вақте ки деҳқони меҳнатдӯст ин корҳоро анҷом медиҳад, ҳатман ҳосили хуб ба даст меорад.
- Чун Шумо якчанд маротиба Хонаи Худоро зиёрат карда омадаед, кадом корҳои хайриявиро дар навбати худ анҷом додаед?
- Ман ба ҳамаи ниёзмандон дасти ёрӣ дароз мекунам. Ба мактаби миёнаи рақами №12-и ноҳияи Деваштич маводҳои конселярӣ медиҳам. Боз, дар ҳар як ид дар маҳфилҳои идонаи мактаббачагон саҳм мегузорам. Ба беморхонаи ноҳияи Деваштич якчанд компютери ҳозиразамон харида тақдим кардам.
- Ҳамчун соҳибкори инфиродӣ аз андоз қарздор нестед?
- Ман ягон маротиба қонуншиканӣ накардаам. Аз супоридани андоз саркашӣ намекунам. Ҳамеша кӯшиш менамоям, ки тоза кор кунам. Ҳама қонуну қоидаҳоро риоя менамоям. Худоро шукр, ягон мушкилӣ надорам аз ҳисоби супоридани андоз, қарздор нестам. Ҳамааш қонунӣ аст ва бо меҳнати ҳалол зиндагиамро пеш мебарам.
- Агар махфӣ набошад, солона ба буҷаи давлат чӣ қадар фоида меоред?
- Ҳар сол аз пахта ба буҷаи давлат аз 3 то 4 ҳазор сомонӣ пардохт мекунам. Худо хоҳад, дар оянда бисёр нақшаҳо дорам. Агар ҳамаи онҳоро амалӣ карда тавонам, боз даромад зиёд мешавад ва бе ягон мушкилӣ андозҳоро месупорам.
- Ба назари Шумо, айни замон дар Тоҷикистон бо соҳибкорон чи гуна бояд муносибат кард?
- Фикри шахсии ман чунин аст, ки агар ҳамин андоз 3-4 муассисаро ташкил накардаву як идора шавад, барои соҳибкор хеле хуб мешуд. Худоро шукр, Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати мо хеле ғамхоранд. Ҳар як баромадашонро ман тариқи оинаи нилгун тамошо мекунам. Дар баромадҳои худ ҳамеша қайд менамоянд, ки «соҳибкоронро дастгирӣ намоед, заминҳои бекорхобидаро обёрӣ карда, коркард намоед». Хушбахтона, мо дар давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ зиндагӣ менамоем, ки дар ҳамаи ин хизматҳои шоёни Сарвари хирадманди тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дида мешавад. Ман ҳамчун як фарди тоҷик ҳамаи ин арзишҳои миллии худамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, баҳри шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳам.
- Барои бунёди ягон корхонаи саноатӣ ба хотири коргарди маҳсулоти кишоварзӣ ягон нақша надоред?
- Албатта, чунин нақшаҳо ҳастанд. Бисёр кор кардан лозим аст, то ин ки ба мақсади худ расем. Аммо айни замон чунин имконият нест. Вале дар оянда умедвор ҳастам, ки ҳамаи умеду орзуҳоям амалӣ мегардад. Зеро таъсис додани чунин корхонаҳои саноатӣ камтар душвор аст. Сармоягузорӣ кардан даркор ва барои ин даромади хуб, яъне маблағҳои калон лозим аст.
Мутаассифона, аксарияти кишоварзон фаъолияти худро қатъ менамоянд, ки яке аз сабабҳо камобӣ ва вазъи ҳавост. Ба ҳамин хотир, агар деҳқон ҳосили хуб ба даст наорад, хароҷотҳои худро рӯйпӯш карда наметавонад.
- Оё нафаре аз фарзандон касби пешакардаи Шуморо интихоб намудаанд?
- Албатта, фарзандон ва наберагонам низ кори маро идома дода истодаанд. Ду нафар фарзандам дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия мебошанд. Соли 2011 ҳамроҳи ҳамсарам Усмонова Ҳабибахон Хонаи Худоро зиёрат карда омадем. Худро одами бадавлат ҳис мекунам. Чун ман соҳиби набера мебошам. Худоро шукр, ҳамсарам ва ҳамаи фарзандону наберагон ҳамроҳам ҳастанд. Мо як оилаи калони намунавии бамуросо мебошем. Баъди кори замин ба хона бармегардам, келинҳо дар хизмат, хӯрокҳои бомазза пухтагӣ, хонаҳо рӯфтагӣ. Роҳати ман ҳамин аст.

Мусоҳиб: Нигора САИДБЕКОВА

Хонданд 470

(Мусоҳиба бо раиси АМВАОМТ (НАНСМИТ) Нуриддин Қаршибоев дар мавзуи ифротгароӣ)

- Пайвастшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ аз мавзуҳои асосии расонаҳои тоҷик шудааст. Ин баёнгари чист? Мавзуъ бозоргир аст, ё…?
- Бинобар ҳодисаҳои Шарқи наздик, вазъ дар Афғонистон, мавзуи пайвастани ҷавонон аз манотиқи пасошӯравӣ, махсусан Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон ба гуруҳҳои ифротӣ ба яке аз мавзуҳои рӯзмарра табдил ёфтааст, зеро асос барои пайдо шудани мақолаю гузоришҳост. Намояндагони Осиёи Марказӣ дар фаъолияти созмони ДИИШ дар амалиётҳои ҷангӣ ширкат меварзанд ва хабарҳо аз Шарқи наздик мерасанд, ки баъзе аз онҳо дар ин ҷангҳо ба ҳалокат мерасанд. Албатта баъзе аз хешовандон, ҳамсар, бародар ё падари онҳое, ки ба ин гуруҳҳо гаравидаанд, шикоят мебаранд. Аз ин рӯ, зуҳуроти тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм ҳамеша мавзуи муҳим ва доғ барои расонаҳо буд. Дар ҳеҷ як давлат ё кишвар, ё миёни гуруҳи солимақл ифротгароёну тундгароён боиси дастгирӣ ва ҳамовозӣ нашуда буданд. Албатта, дар ҷаҳони имрӯза ба ин зуҳурот яксон назар намекунанд. Ҳастанд давлатҳо ва созмонҳое, ки ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою тундгаро ва террористонро дастгирӣ мекунанд. Мубориза миёни онҳое, ки ҷонибдор ва зидди ин созмонҳо ҳастанд, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо ва дар ҷараёни ҷанги иттилоотӣ қарор доранд. Хоҳу нохоҳ ин мавзуъ хеле бозоргир ҳам ҳаст.
- Инъикоси мавзуи мазкур чӣ хатарҳоро барои журналистон эҷод мекунад?
- Бинобар муборизаи густарда алайҳи тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм дар баъзе ҳолатҳо сабабҳое пайдо мешаванд, ки фаъолияти журналистонро андаке маҳдуд мекунанд. Дар бештари давлатҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ба қонунгузориҳо тағйироту иловаҳое ворид шуданд, вале шарҳи он ба ҳама маълум нест. Ҳама дарк карда наметавонанд, ки ҳамон хати қирмизӣ аз куҷо мегузарад. Ҳангоми инъикоси мавзуи марбут ба тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм журналист донистаю надониста метавонад он меъёрҳоеро, ки нав ҳастанд, риоя накунад, ё аз ҷониби дигар, мутаассифона, он чаҳорчӯбаи меъёрҳо ва шарҳи он меъёрҳое, ки мушаххас нест аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои маҳдудиятҳо эҷод кардан ба фаъолияти журналист, метавонад сӯйистифода шавад. Аз ин лиҳоз, хатари ба иттиҳоми дастгирии ифротгаро ё тундгаро ба масъулият кашидани расона ё журналист вуҷуд дорад. Барои эмин будан аз ин хатарҳо бояд пеш аз ҳама журналистон меъёрҳои қонунро хуб донанд ва онро истифода карда тавонанд.
- АМВАОМТ яке аз созмонҳои кӯмакрасони журналистони тоҷик аст. Бигӯед, ки махсусан як-ду соли охир инъикоси мавзуи ифротгароӣ дар ВАО чӣ гуна аст?
- Агар дар муқоиса ба 5 соли гузашта назар кунем, дар 3 соли охир инъикоси ин мавзуъ ҳам дар расонаҳои Тоҷикистон ва ҳам дар расонаҳои тоҷикзабони байналмилалие, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон иттилоъ пахш мекунанд, беҳтар шудааст. Албатта яке аз сабабҳои беҳтар шудани инъикоси ин мавзуъ баргузор намудани тренингҳо, давраҳои омӯзишӣ ва фароҳам овардани шароит барои журналистонест, ки ба ин мавзуъ машғуланд. Аз ҷумла, на фақат созмони мо, балки Пажуҳишгоҳи ҷангу сулҳ дар Тоҷикистон ва баъзе дигар созмонҳо низ барои беҳтару хубтар инъикос кардани мавзуҳои зикргардида озмунҳо эълон карданд, ба журналистон кӯмак расониданд ва ин боис гардид, ки инъикоси мавзуъ дар расонаҳо андаке беҳтар шудааст. Вале ҳамзамон барои беҳтару хубтар таҳия кардани гузоришу мақола, сужету дигар маводи журналистӣ ҳоло ҳам имконот барои журналистон андаке маҳдуд аст, чунки онҳо барои ҷиддан машғул шудан ба инъикоси мавзуи ифротгароӣ ниёз ба омӯзиш ва кӯмак доранд.
- Оё созмони шумо то имрӯз ягон мониторинги махсуси инъикоси мавзуи вобаста ба ифротгароиро роҳандозӣ кардааст ё не?
- Мо ба мониторинги ин мавзуъ машғул ҳастем ва дар конфронсҳои байналмилалӣ гузоришҳо омода мекунем. Мо медонем, ки шамол аз кадом сӯ мевазад ва кадом хатарҳо мавҷуданд. Дар фазои интернетӣ чунин чолишҳо хеле зиёд ҳастанд. Бинобар ин, яке аз самтҳои фаъолияти созмони мо - ин баланд бардоштани малакаи журналистон дар самти амнияти рақамӣ мебошад. Шумо хуб медонед, ки бинобар ворид кардани меъёрҳои нав ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҷустуҷӯ ва омӯзиши мавзуъ бештар аз интернет истифода мебарем ва чӣ гуна худро эмин нигоҳ доштан ҳангоми кор бо сарчашмаҳо яке аз мавзуҳои мубрам дар давраҳои омӯзишии мост. Мо тадқиқотҳои дигар ҳам анҷом дода будем, ки чӣ гуна ин мавзуҳо инъикос мешаванд ва тавсияҳо низ омода кардем, ҳам барои журналистон ва ҳам барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, то ҳангоми инъикос ба фаъолияти журналистон маҳдудиятҳо эҷод карда нашавад.
- Чун бештар созмони шумо ба масъалаҳои ҳуқуқи журналистон сарукор дорад, агар рӯзноманигоре баъди инъикоси мавзуи ифротгароӣ ба ягон мушкил ё фишор дучор шавад, барои дастгириаш созмони шумо чӣ чора андешида метавонад?
- Мо пеш аз ҳама барои пешгирӣ ё ҷилавгирӣ кардани қазияҳо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки журналистонро огоҳ намоем, то ҳангоми омода намудани гузориш ё мақола аввал аз кадом мавқеъ бояд ин мавзуро инъикос кунанд. Бояд риояи тавозуни назарҳо таъмин гардад ва сарчашмаҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд, зери таҳдид ё фишор қарор нагиранд. Дар сурати пайдо шудани ягон сӯйитафоҳум нисбати ин ё он рӯзноманигор мо омода ҳастем, ки кӯмаки коршиносиро пешниҳод кунем, ки то кадом дараҷа журналист фаъолияти касбиашро иҷро кардааст ва оё омода кардани ин мақола ё гузориш ба ҳуқуқу манфиатҳои дигар нақзе ворид мекунад ё не. Ҳамзамон, дар доираи касбӣ фаъолият кардани онҳо агар ба мушкилие дучор оянд, мо метавонем кӯмаки ҳуқуқӣ расонем ва дар сурати то суд расидани қазия аз ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ҳимоя кунем.
- Ба назари Шумо, журналистон ба мавзуҳои вобаста ба ифротгароӣ нахуст бояд аз кадом паҳлу ворид шаванд?
- Пеш аз ҳама бояд манфиати ҷомеаро ба назар гиранд. Яъне оё ҳамин қазияе, ки мавриду таҳқиқу омӯзиш қарор медиҳанд, аҳамияти ҷамъиятӣ дорад ё не? Баъдан, бояд тавозуни назарҳоро ба назар гиранд ва ҳангоми инъикоси ин мавзуъ ба ҳуқуқу манфиатҳои ашхоси дигаре, ки ба қазия ворид нестанд, набояд дастдарозӣ кард. Чизи аз ҳама муҳим худи омӯзиши ҳамон мавзуъ аст. Яъне мавзуро бояд хеле хуб омӯхт, аз хизматҳои коршиносон истифода бурд ва боз ҳам муҳимтар аз ин риоя кардани меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон аст. Вақте ки шумо дар доираи қонун, дар фазои ҳуқуқӣ фаъолиятатонро пеш мебаред, дар ин сурат метавонед ба натиҷаи дилхоҳи худ муваффақ шавед. Фарз кардем, журналист дар мавзуи ифротгароӣ ё тундгароӣ мавод омода мекунад. Мо маслиҳат медиҳем, ки дар аввали мақола, дар муҳтавои мақола ва дар охири мақола бояд як нуктае зикр гардад, ки инъикоси ин мавзуъ маънои дастгирӣ кардани ашхосе, ки ба ин қазия ворид ҳастанд, нест. Шумо ҳамчун журналист метавонед бо сарчашмаҳое, ки марбут ба фаъолияти созмонҳои ифротгарою тундгароянд, ошноӣ пайдо кунед, вале ҳаққи паҳн кардани иттилоъро надоред. Яъне дар шабакаи иҷтимоӣ низ шумо як маводи марбут ба терроризмро хондед, ин ягон ҳуқуқвайронкунӣ нест, вале вақте шумо ба он мавод лайк (мақбул) гузоштед, ин аллакай як қадаме ба сӯи вайрон кардани меъёри қонунгузорӣ аст. Журналист бояд аз ҳамин нозукиҳо огоҳ бошад.

Мусоҳиб: Рухшона ҲАКИМОВА

Ин мусоҳиба дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Хонданд 607

Мусоҳиба бо генерал-майори мустаъфии мақомоти амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Давлат Бобоевич

- Рафиқ генерал-майор, тавре аз рӯи маълумотҳо бармеояд, ихтисосатон омӯзгорист, аммо дар мақомоти амният фаъолият намудаед. Сабаби ба мақомоти амният омаданатон дар чист? Забондонӣ ё ягон хислати дигар Шуморо ба ин даргоҳ овард?
- Пешаам омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус буда, дастпарвари Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб мебошам. Аз сабаби он, ки соҳибимаълумот ва забони русиро хуб балад будам, соли 1975 маро Котиби Кумитаи комсомоли шаҳри Кӯлоб таъйин намуданд. Ба дӯш гирифтани вазифаи мазкур, агар аз як тараф масъулиятро тақозо мекард, аз ҷониби дигар малакаи кор кардан бо ҷомеаро бароям омӯхт. Фикр мекунам, сарсупурдагӣ ва масъулиятшиносиам маро ба мақомоти амният раҳнамо гашта бошад. Зеро, дар бахши бехатарӣ ба шахсони тасодуфӣ роҳ дода намешавад.
- Сараввал корманди комсомол, баъдан афсари мақомоти бехатарӣ. Шумо ҳамчун корманди ҷавон миёни ин ду пеша чӣ тафовутеро эҳсос намудед? Малакаи касбиатон мерасид ё Худо гуфта омадед?
- Дар вазифаи Котиби Кумитаи комсомоли шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ як сол фаъолият намудам ва замоне ба мақомоти бехатарӣ ба кор омадам, дар ин росто маълумот ва малакаи касбӣ надоштам. Аммо, новобаста аз ин, маро ба сифати ваколатдори фаврӣ ба ноҳияи куҳистони Ғарм (Рашти имрӯза) ба кор фиристоданд.
Он замон сарварии шуъбаи ин ноҳияро инсони некройу некбин, марди оқилу ботаҷриба А. Одинаев (равонаш шод бод) ба зимма дошт ва ман тавонистам нозукиҳои ин касбро аз ӯ биомӯзам, ки умре миннатдорам.
Агар азм қавӣ бошаду пешаи интихобкардаатро дӯст дорӣ, ба комёбиҳо ноил хоҳӣ шуд. Туфайли заҳмат ва азму талошҳо тавонистам дар мақомоти бехатарӣ ба мартабаҳои баланд комёб гардам.
Минбаъд дар вазифаҳои ваколатдори калони фаврии шуъбаи амнияти ноҳияи Шаҳринав, сардори шуъбаи бехатарии давлатии ноҳияи Куйбишев (имрӯза Абдураҳмони Ҷомӣ), сардори шуъбаҳои бехатарии давлатии навоҳии сарҳадии Қубодиён ва Шаҳритус таъйин намуданд.
Вазъияти сиёсиву ҳарбӣ дар кишвари бо мо ҳамсоя - Афғонистон маҳз дар он шабу рӯ хело ногувор ва муташанниҷ буд. Таҷрибаи ғанӣ ва маҳорати корбариам шояд сабаб шуд, ки барои пурзӯр намудани корҳои амниятӣ маро ба навоҳии наздисарҳадӣ фиристоданд. Новобаста аз вазъ ва таҳдиду хавфҳо, дар иҷрои ин вазифаҳои пурмасъул маҳорати баланди тахассусӣ нишон дода, ба комёбиҳои назаррас ноил шудам.
Соли 1994 маро сардори Раёсати таъмини амнияти роҳбарияти давлати Тоҷикистон таъйин намуданд. Дар ин вазифаи фавқулодда ва масъулиятнок то ба нафақа баромадан содиқонаву софдилона адои вазифа намудам.
Маҳз дар ин давра бо Фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рутбаи баланди ҳарбии генерал-майор ва ордени “Спитамен” шарафёб гардидам.
- Яъне бе дастгирии нафаре тавонистед соҳиби мансаб ва рутбаҳои олӣ гардед? Ё ягон нафаре, “криша” дар боло доштед?
- Бале. Барои мансаб ва вазифа назди касе нарафтаам, воситабозӣ, ба қавле “тағо”-бозиро дӯст намедорам. Дар муҳлатҳои муайяншуда рутбаҳои навбатии худро гирифтаам. Даъвои вазифа надоштам ва аз касе, ҳатто аз фарзандонам низ чизе талаб накардаам ва талабгор ҳам нестам. Корат ҳалол бошад, ба вазифаат сазовор бошӣ, ба давлат хиёнат накарда бошӣ, албатта хизматҳоят беподош нахоҳанд монд.
- Муҳтарам Давлат Бобоевич! То ҷое медонем, соли 1997 зимни сафари хизматӣ дар шаҳри Хуҷанд ба ҷони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон душманон сӯиқасд намуданд ва қатори ашхоси зиёд Шумо ҳам захмӣ шудед...
- Ба ёд овардани он рӯзи даҳшатбор, яъне 30-юми апрели соли 1997 бароям хушоянд набуда, мисли намакобест болои захм. Душманони давлату миллати тоҷик барои ноором сохтани вазъи сиёсиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш мекарданд аз тамоми имконот истифода баранд. Ин бор онҳо ба ҷони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сӯиқасд намуданд. Зимни содир шудани ин амали террористӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва беш аз 80 нафар шаҳрвандон захмҳои вазнин бардоштанд, ки дар он қатор ман низ будам...
- Тақдири ҷиноятпешагон чӣ шуд?
- Шахсони ҷиноятпеша дастгир ва мувофиқи қонун нисбати аъмоли бадашон ҷазои сазовор гирифтанд.
- Солҳои гирумони ҷанги шаҳрвандӣ дар кадом манотиқи кишвар фаъолият доштед?
- Дар он солҳои пурдаҳшат сардори шуъбаи бехатарии ноҳияи Шаҳритус будам. Ба қавле “театр”-и ҷанг асосан дар вилояти Қӯрғонтеппа ба “саҳна” гузошта шуда, маҳалбозӣ дар авҷи аъло расида буд, ки хеле душвориҳоро ба миён овард. Хушбахтона, ҳамаи ин мушкилиҳо ва нобасомониҳо пушти сар шуданд. Халқ иштибоҳи худро фаҳмид. Мо набояд бозичаи дасти дасисабозон ва душманони давлату миллати худ гардем. Ватани худро барои манфиати шахси ғайр ба туъмаи бод надиҳем. Ҳеҷ чиз ба мисли ободиву озодӣ ва сулҳу осоиштагӣ муқаддасу баробар шуда наметавонад. Неъмати беҳтарин - ин ободии Ватан ва ваҳдату ҳамдилист.
- Гуфтед, ки фаъолият кардан дар замони ҷанги шаҳрвандӣ душвор буд. Махсусан дар манотиқи ҷануби кишвар, ки Шумо он ҷо фаъолият менамудед. Пас, шудааст боре, ки фикри тарки Ватан дар хаёлатон пайдо шуда бошад? Ё “бемор” намешудед он вақт?
- Ман афсар будам ва ҳар ҷо Ватан раҳнамоям мекард, он ҷо хизмат мекардам. Бо майли том ва аз сидқи дил вазифаамро ба ҷой меовардам. Нашудааст боре, ки ёди тарки Ватан карда бошам. Буданд пешниҳодҳо, ки тарки Ватан намояму ба ҷои амн равам, аммо ҳамеша рад мекардам. Мегуфтам, ки аз Душанбе ба ҷои дигар, ҳатто зодгоҳам намеравам. Агар мурдан дар тақдирам бошад, бигзор, аммо дар Ватан мемирам.
- Сабаб чӣ буд, ки солҳои 2002-2004-ум Шуморо сарвари фурудгоҳ таъйин намуданд? Аз соҳаи бехатарӣ ба авиатсия гузаштан душвор набуд?
- Ҷанги таҳмилии бародакуш ба кишвари мо душвориҳои зиёде овард. Болои ин, дар бархе аз сохторҳо бенизомии зиёд дида мешуд. Он шабу рӯз аз фаъолияти кормандони бахшҳои гуногуни фурудгоҳ, ки он ҷо чандин сохторҳо, аз қабили милитсия, гумрук, сарҳадбонҳо, бехатарӣ ва ғайра фаъолият доранд, шикоят зиёд гашт. Ба хотири ба низом даровардани фаъолияти фурудгоҳ, ки дарвозаи шаҳр аст, маро роҳбари он таъйин намуданд.
Ҳамчун роҳбар солиёни дароз дар соҳаи бехатарӣ кор карда будам ва метавонистам бо ҳар гуна қавму миллатҳо забон як карда тавонам. Шукри Худо, ки дар давоми ду соли фаъолиятам дар ин даргоҳ тавонистам корро бомаром ба роҳ монам. Дар баробари дастовардҳо, инчунин интизом ва назму тартиб дар фурудгоҳ пойбарҷо гашт. Ба як ҳисоб, аз фаъолияти дусолаи худ дар фурудгоҳ қаноатбахш ҳастам.
- Шуморо ба ҳайси чекисти забондон мешиносанд. Кадом забонҳоро медонед?
- Тавре дар боло ишора кардам, ихтисосам омӯзгори забон ва адабиёти рус мебошад. Ба ғайр аз ин, бо забонҳои форсӣ ва ӯзбекӣ озодона ҳарф мезанам ва лаҳҷаи ҳамаи маҳалҳои Тоҷикистонро мефаҳмам. Шояд як сирри муваффақиятҳоям низ марбут ба забондониам буд.
- То ҷое медонем, дар Бозиҳои олимпии соли 1980 низ ширкат варзидаед.
- Бале, дар таъмини амнияти Бозиҳои олимпии соли 1980, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид, ширкат варзидам. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамар, бо фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС маро бо нишони “Барои меҳнати шоиста” қадрдонӣ намуданд.
- Дар мусоҳибаҳоятон бо ифтихор дар бораи шаҳри Кӯлоб ҳарф мезанед. Магар зодаи ин диёри бостонӣ ҳастед?
- На. Аслан зодаи ноҳияи хушобу ҳаво, сарзамини зебоманзари Шӯрообод ҳастам, аммо дар шаҳри Кӯлоб ба воя расидаам. Аз ин лиҳоз, бештар ин диёрро дӯст медорам. Ва сарбаландона мегӯям: «Ман Кӯлобиям».
- Дар утоқи кориатон китобҳои зиёдеро мебинем. Вақти китобхонӣ ҳам доред? Ё дар корхонаатон кор кам аст?
- Албатта, китоб дӯстест беҳамто. Ҳангоми яъсу навмедӣ ҳамеша ба ашъори зиндаёд Лоиқ Шералӣ рӯ меоварам ва пас аз мутолиаи ашъори ин абармарди сухан руҳу равонам оромиш меёбад. Баъдан, ашъори Ҳофиз, Лоҳутӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Муҳаммад Ғоиб, Хайрандеш ва шеърҳои ватандӯстонаи Давлат Сафарро мутолиа менамоям. Дар маҷмуъ, ҳама маводи нашрӣ, аз қабили рӯзнома, ҳафтанома ва маҷаллаҳои давриро мутолиа менамоям, ба ибораи дигар, ба қавли чекистҳо “читаем что попало”.
- Шуморо чӣ водор намуд, ки баъд аз нафақа истироҳатро ихтиёр накарда, боз ба кор бароед? Танқисии иқтисодӣ ва ё вақтгузаронӣ?
- Шукри Худо зиндагии хубу осоишта дорам. Дар ҳаёт ба чизе ниёз надорам. Танҳо аз субҳ то шом нишастан дар миёни чаҳор девор маро дилгир мекунад. Аз ин рӯ, чун одат субҳ ба кор меоям ва тавре худи Шумо шоҳид ҳастед, дар ин утоқи корӣ менишинаму вазифаи мудири хоҷагии маъмурияти КВД “Обу корез”-и мақомоти иҷроияи шаҳри Душанберо ба зимма дорам.
- Узвияти ягон ҳизбро доред?
- Қаблан коммунист будам. Ҳоло ба ягон ҳизб шомил нестам.
- Шаҳрванди кадом кишвар ҳастед?
- Чун қисми зиёди фаъолияти кориам, яъне беш аз 20 сол дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ рост омадааст, аз ин рӯ шаҳрвандии Русияро интихоб кардаам, то ҳаққи хизмати худро биситонам. Оилаам шаҳрвандии Тоҷикистонро дорад ва фарзандонам низ. Онҳо бигзор хизмати Ватанро ба ҷой оваранд.
- Дар воқеъ, ҳамсаратон чикора буданд?
- Оилаам Рӯзигул Алихонова, маҷруҳи гуруҳи дуюм аст ва то ба нафақа баромадан ба сифати ҳамшираи шафқат кор кард ва дар баробари ин, фарзандонамонро бомаърифату солеҳ тарбия намудаву ба камол расонд.
- Намоз мехонед?
- Аз илмҳои диниву дунявӣ пурра бохабар ҳастам ва рукнҳои исломро ба ҷой меоварам. Инчунин, дар давраи кориам ҳам, ба касе, ки намоз мехонд, кор надоштам. Танҳо ба муқобили нафароне, ки ба муқобили сохти давлатдорӣ мебаромаданд, муборизаи номардона мебурданд, ман ҳам мубориза мебурдам.
- Мегӯянд, ки қисмате аз коммунистҳо ба Худо бовар надоштанд… Шумо чӣ?
- Албатта, ба Худо бовар дорам. Агар инсон ба касе ва ё чизе бовар надошта бошад, пас аз фарқияти миёни ӯ ва ҳайвон чизе боқӣ намемонад.
- Дар куҷо истироҳат карданро дӯст медоред? Чун ба ҳар ҳамкасбонатон барои мусоҳиба занг мезанем, ё дар Дубай ҳастанд ё Париж...
- Аслан зуд-зуд ба истироҳат рафтанро дӯст намедорам. Дар муҳити хона ва бо фарзандону наберагон будан бароям истироҳат аст. Аммо, агар имкон даст дод, баъзан ба осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” ва ё чашмаи “Авҷ”-и Бадахшон рафта истироҳат ва табобат менамоям. Зеро, табиати Тоҷикистон нотакрор аст ва шарт ҳам нест барои истироҳат ба хориҷ аз кишвар равем.

Мусоҳибон:
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА,
Шоҳонаи АҲМАДШОҲ

 

Хонданд 1044

- Ошкорбаёнии Соҳибов: Назорат аз болои муллоҳои замони шӯравӣ сахт буд. Маблағгузоронашон он замон ҳам кам набуданд!
- Полковники тоҷик: аз шаҳрвандии СССР то шаҳрвандии Русия;
- Раиси Шӯрои собиқадорони амният: Дар шодиву андуҳи ҳамкорон шарикем!
- Полковник Соҳибов: Амнияти корхонаҳои саноатиро ман назорат мекардам;
- Замоне полковники амният, ҳоло соҳибкору Директори генералии ҶДММ “Тоҷ-силк”;
- Кӣ аз пешрафту муваффақияти полковник Соҳибов ҳасад мебурд?
- Зеҳну хотираи қавии М. Соҳибов: 10 ҳазор рақами мобилӣ ва 2 ҳазор рақамҳои кориро аз ёд медонад;
- Чаро Муродилло Соҳибовро “Энсиклопедияи тоҷик” мегӯянд?
- Чекисти намозхон!
- Шунавандаи курсҳои Олии Кумитаи бехатарии давлатии Шӯравӣ дар шаҳри Минск ва ҳоҷии Хонаи Худо;
- Истироҳати Соҳибов аз ҳисоби ФСБ-и Русия дар Сочи. Бо кӣ?
- Насиҳати полковник ба ҷавонон: Аз гунҷишк тарсӣ, гандум накор!
- Нигаронии полковники мустаъфӣ аз фаъолияти Вазорати маориф ва илм: Ба барномаҳои таълимӣ бетаваҷҷуҳанд ва серталаб нестанд!
Ин ва дигар далелҳои таърихӣ дар ҳафтаномаи “Фараж” зери гӯшаи “Бидуни сиёсат ва пас аз нафақа”.

- Рафиқ полковник, сабаб чист, ки ихтисоси геологияро касб намудед?
- Дар деҳае умр ба сар мебурдам, ки гирду атрофашро куҳҳои сарбаафлок иҳота намуда, домони пур аз ганҷ доштанд. Дар давраи мактабхонӣ орзу мекардам, то кашшофи ин ҳама ганҷ бошам. Зеро хуб медонистам, ки кошифи ин ҳама неъмати пурганҷ танҳо геолог буда метавонаду бас. Аз ин рӯ, соли 1958 баъд аз хатми мактаби миёна орзуҳо думболагир гардида, маро ба факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) роҳнамун сохтанд. Давоми панҷ соли донишҷӯӣ кӯшиш кардам донишу малакаи худро дар самти пешаи интихобкардаам сайқал дода, нозукиҳои онро аз устодонам омӯзам ва шукри Худо, заҳматҳоям беподош намонданду соли 1964 донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намудам.
Солҳои аввал вақте кор мекардам, ихтисоси геологӣ барои водии Зарафшон ниҳоят зарур буд.
- Ихтисосатон геолог, аммо корманди бехатарӣ шуда кор кардаед. Иртиботи ин ду мафҳум дар чист?
- Қаъри замини водии зархези Зарафшон аз навъҳои гуногуни маъдан, хусусан металҳои ранга бой буда, он шабу рӯз корҳои ҷустуҷӯӣ - иктишофӣ аз ҷониби экспедитсияҳои геологӣ ба таври васеъ домон густурда буд. Пас аз адои хизмати аскарӣ мақомоти амният нисбат ба пешаи интихобкардаи ман таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо назардошти муҳимияти пешбурди корҳои ҷустуҷӯӣ - геологӣ маро сараввал ба ҳайси ваколатдор, баъдан сарваколатдори шуъбаи бехатарии давлатии ноҳияи Панҷакент таъин намуданд.
- Дар як мусоҳибаатон қайд намуда будед, ки дар амалиёти боздошти 37 кг тилло ширкат варзидаед. Қазияро шарҳ медодед.
- Соли 1972 буд. Ба мо иттилоъ расид, ки як гуруҳ ҷиноятпешагон азм доранд 37 кг тиллоро ғайриқонунӣ ба муомилот бароварда, маблағи аз ҳисоби фурӯш ба даст овардаашонро ба эҳтиёҷоти шахсиашон истифода баранд. «Бори каҷ ба манзил намерасад» гуфтаанд бузургонамон. Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои оперативӣ ин гуруҳи ҷинояткорро дар ноҳияи Ургути Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастгир намудем ва нагузоштем ба нияти нопоки худ ноил гарданд.
Шукр мегӯям аз он, ки донишу маҳорати аз устодон омӯхтаам ба ман имкон дод, то дар таъмини амнияти як зумра корхонаҳои саноатӣ, аз нуқтаи назари экологиву тахрибкорӣ, аз ҷумла комбинати маъдантозакунии Анзоб корҳои назаррасеро анҷом дода бошам.
- Барои пешбурди фаъолият дар самти бехатарӣ дониши андӯхтаатон дар факултаи гелогияи ДМТ басанда буд?
- Хизмат дар мақомоти бехатарӣ бас нозук ва дар баробари ин хеле масъулиятталаб аст. Инсон бояд аз дониши андӯхтааш қаноат накарда, пайи такмили он гардад.
Бо тавсияи мақомоти амнияти миллӣ солҳои 1967-1968 шунавандаи курсҳои олии Кумитаи бехатарии давлатии Шӯравӣ дар шаҳри Минскро ба итмом расонидаам. Таҳсил дар ин донишкадаи бонуфуз барои анҷом додани фаъолияти минбаъдаам дар бахши бехатарӣ заминаи воқеӣ гузошт.
- То ҷое дарак дорем, пешравиву муваффақиятҳоятон бархеро ба шигифт меоварду як гуруҳ ба Шумо ҳасад мебурданд…
- Соли 1977 маро сардори шуъбаи бехатарии давлатии ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин), ки дар миқёси кишвар яке аз калонтарин ноҳияҳо маҳсуб меёфт, таъин намуданд. Таъмини амният дар ноҳияи мазкур нозукиҳои худро дорад ва аз кас масъулияти зиёдро талаб менамояд.
Зимни дар ин вазифа кор карданам, тавонистам садди роҳи чандин қонунвайронкуниҳо гардида, нақшаҳои матраҳнамудаи гуруҳҳои ҷинояткорро ботил намоям.
Муваффақиятҳои ба даст овардаи ман албатта на ҳамаро хуш меомад. Аз ин рӯ, нисбат ба ман бо чашми ҳасуд менигаристанд, аммо тавре мегӯянд, аз гунҷишк тарсӣ, гандум накор. Ман ба вазифа, Ватан ва халқи азизам содиқ будам ва иродаи мустаҳкаму азми қавиам маро ба вазифаҳои баландтар лоиқ гардонд.
- Чанд муддат сардори шуъбаи бехатарии давлатии ноҳияи Ҷилликӯл (ҳозира Дӯстӣ) низ будед. Чӣ хотироте доред аз ин ноҳияи наздисарҳадӣ?
- Фаъолият дар навоҳии наздисарҳадӣ ва ҳифзи амният дар он ҷиддиятро талаб мекунад. Зеро охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта аллакай дар ҳудуди вилояти Қӯрғонтеппа гуруҳҳои пинҳонкори ифротӣ амал мекарданд, ки бо ҳар роҳу восита мехостанд хати сарҳади давлатиро рахна сохта, бо ҳаммаслакони худ дар он сӯи марз иртибот ва додугирифт намоянд. Болои ин, артиши Громовро аз хоки Афғонистон бароварданд ва вазъият дар сарҳад вазнин шуд.
Бо дарки муҳимияти ин паҳлуи масъала ва ҷамъоварии маълумоти мукаммали фаврӣ ва таҳлилӣ дар ҳамбастагӣ бо аҳли кормандон сатҳу сифати таъмини чораҳои амниятӣ ва пешгириро хуб ба роҳ монда, тавонистем дар роҳи ҷилавгирӣ аз рӯй додани талошҳои тахрибкориву даҳшатфиканӣ ва ифротгаройии динӣ садди муътамаде гузорем.
- Яъне, дар давраи Шӯравӣ ҳам буданд нафарони ифротӣ, ки ба осудагии халқ халал ворид менамуданд?
- Дар ҳама давру замон ёфт мешаванд ашхос ва ё гуруҳҳое, ки бар зарари ҷомеа кор мекунанд. Масалан, дар даврони Шӯравӣ низ муллоҳо зиёд буданд, аммо назорат, ки аз болои онҳо сахт буд, амалеро иҷро карда наметавонистанд.
Ба мо иттилоъ расид, ки дар Панҷакент муллое дар байни ҷомеа китоб паҳн карда, ташвиқоти нодуруст мебарад. Баъд аз таҳқиқ ва тафтиш ӯро мувофиқи кирдораш ба муддати чаҳор сол ҳабс намуданд.
- Бо тақозои вазифа чандин нафарҳоро паси панҷараи маҳбас равона намудаед. Нафаре аз онҳо қасди ҷонатон накардааст?
- Ҳар коре кардаам, мувофиқи қонун амалӣ гардидааст. Бинобар ин, аз касе ҳарос надорам ва касе ҳам таҳдиди куштор накардааст. Зиндаам ва ана, ба 79 расидам.
- Дар давоми фаъолияти худ дар соҳаи амният шудааст боре, ки аз кори кардаи худ ангушти пушаймонӣ газида бошед?
- На. Коре накардаам, ки оқибат ба пушаймонӣ оварда расонида бошад. Ҳамеша ҳалол кор кардам, ба луқмаи даҳони касе соҳибӣ накардаам ва фарзандонамро низ дар ин росто тарбият намудаам. Аз касби пешакардаам розиям ва агар дубора ба дунё меомадам, боз ҳам чекист мешудам.
- Шуморо чун нафари дорои лаёқати фавқулодда ва зеҳну хотираи қавӣ мешиносанд. Метавонед бигӯед, ки то чанд адад рақамҳои телефон дар хотиратон нақш баста?
- Шукрона, ки синнам аз 79 гузашта, вале хотираам ҳамоно дар ҷояш аст. Ному насаб, ҷойи кор, макони таваллуд, рутба ва наздики 2 ҳазор рақами телефони ҳамкорон ва дӯстонамро аз ёд медонам. Бо касе 1 маротиба корафтода шуда бошам, фаромӯш накардаам.
- Пӯшида нест, ки феълан ҷавонписарон аз хизмати Модар-Ватан сарпечӣ намуда, ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил мешаванд ва ё роҳи гурезро дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебинанд. Аз нигоҳи Шумо ҳамчун полковники мустаъфӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҷавонписарон шарт аст ё фарз? Оё Шумо худ хизмати Модар-Ватан кардаед?
- Ватан ба мисли модар муқаддас аст ва мо вазифадорем дар ҳимояти он ҳар сонияву дақиқа дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем. Нагузорем, ки нохалафе қудуми номуборакашро ба марзи Ватани азизамон гузораду бо ғаразҳои нопокаш ба ҳаёти орому осудаи халқамон халал ворид созад.
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ шараф буда, дар баробари ин қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди баору номус мебошад. Ҳар нафаре, ки аз ин мактаби шуҷоату мардонагӣ сабақ мегирад, дар пастиву баландиҳои зиндагӣ метавонад тобовар бошад. Баъдан, агар худи мо марзу буми аҷдодиамонро аз хавфу хатар эмин нигоҳ надорем, кӣ омада онро муҳофизат мекунад?
Дар даврони Шӯравӣ ҳар як ҷавонмард вазифадор буд, қабл аз ҳама хизмати ҳарбиро ба ҷой оварад ва шукр, ки қисмат бароям насиб гардонд, хизмати низомиро дар шаҳрҳои Марв, Байрамалии Ҷумҳурии Туркманистон ва Чкаловски Тоҷикистон ба сифати харитасоз (топограф)-и ҳарбӣ бо сари баланду рӯи сурх ба итмом расонам.
- Мебинем, ки баъд аз ба нафақа баромадан истироҳатро ихтиёр накардаед, пуркор менамоед...
- Пас аз собиқаи кории сиюшашсолаам дар мақомоти амнияти кишвар, як муддат ба ҳайси сардори Идораи кормандони Комбинати гӯшти шаҳри Душанбе фаъолият намудам. Аз соли 1997 то соли 2006-ум раиси Шӯрои ветеранҳои соҳаи амният будам, ки зиёда аз 2 ҳазор нафарро муттаҳид менамуд. Аз ҳисоби пулҳои дар суратҳисоби бонкӣ ҷамъшаванда, бо маслиҳати 11 нафар аъзои Шӯро ба ҷашну маъракаҳо, тӯю сур ва маросими мотами нафақахӯрон кӯмак менамудем. Ба як ҳисоб, ба шодию нишот ва мотами ҳамкорон шарик будем.
- Феълан чӣ кор мекунед?
- Директори генералии ҶДММ “Тоҷик-силк” ҳастам, ки ба коркард ва хариду фурӯши пилла машғул аст. Ашёи хомро харидорӣ ва дар коргоҳи махсус, ки дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бунёд намудаем, ки иқтидори коркарди он дар як моҳ беш аз 2 тонна мебошад, коркард намуда, ба кишварҳои хориҷ, аз қабили Чин ва Афғонистон ба фурӯш мебарорем.
Ман бе кор буда наметавонам. Одам то зинда ва қобилияти зеҳниву ҷисмонӣ дорад, бояд кор кунад.
- Китобҳои бадеии дар мизи кориатон бударо мебинему суоле ба миён меояд. Магар имрӯз ҳастанд нафроне, ки китоб хонанд? То ҷое мушоҳида мегардад, имрӯз ҳама шикоят аз он доранд, ки ҷавонон ба интернет рӯ овардаву аз китобхонӣ дур шудаанд. Аз нигоҳи Шумо, мутолиаи китоб чӣ аҳамияте дорад?
- Новобаста аз он, ки асри феълиро асри технология ном мебаранд, аммо ҳастанд нафароне, ки ба мутолиаи китоб ҳавас доранд. Масалан худи ман айни замон китоби Владимир Карпов - “Генералисимус”-ро мутолиа дорам.
Барои он, ки майлу рағбати ҷавонон ба китобу китобхонӣ зиёд гардад, мо волидайн бояд дар ҳамбастагӣ бо Вазорати маориф ва илм кор кунем. Шавқу рағбати онҳоро нисбати китобхонӣ бедор намоем. Масалан, солҳое, ки мо дар мактаби миёна мехондем, устодон моро вазифадор мекарданд, ки китоби бадеӣ хондаву дар дарсҳои алоҳида мазмуни онро дар назди тахтаи синф баромада, нақл кунем. Ҳоло чӣ? Кадом муаллим бо истодагарӣ аз хонананда талаб менамояд, ки китоб хонаду назди ҳамсинфонаш мазмуни онро ҳикоят намояд? Дар ин маврид Вазорати маориф ва илм бояд дастур диҳад. Барномаҳои таълимӣ бояд содда ва аз нав коркард карда шаванд. Ва ҳадди ақал талаба донад, ки Фирдавсиву Саъдӣ кистанду Носири Хисраву Бедилу Рӯдакӣ ва Лоиқ кистанд?
Масалан, ба хотири дидани ватани А. И. Сино ман ба Бухоро рафтам ва суроғ ба суроғ деҳаи Афшонаи ноҳияи Рометанро, ки зодгоҳи ӯст, ёфтам. Зеро ба мутолиаи китоб шавқ дораму ба ин бузургони сухан эътиқод.
- Дар вазифаҳои баландмақом кору фаъолият кардаед. Шояд давоми ин қадар солҳо маблағи зиёд ҷамъ ва пасандоз намуда бошед? Чун бо бархе аз нафақагирон барои мусоҳиба тамос мегирем, ё дар фурудгоҳи Париж ҳастанду ё дар Берлин истироҳат ва ё азми сафар ба Аврупо доранд ба ким-кадом минтақаи истироҳатии хориҷ аз кишвар, мисли Қриму лаби Дон. Хуллас, нафақагирон ҳеҷ вақти холигӣ надоранд. Дар баробари шунидани он ба худ суол медиҳем, ки ин қадар пул аз куҷо бошад?
- Агар аз қафои пул мерафтам, феълан миллиардер мешудам. Бо он маоше, ки мувофиқи қонун бароям ҷудо шуда буд, қаноат ва фарзандонамро бо нони ҳалол тарбия кардаам.
Шукри Худо, 6 фарзанду 25 набера ва 3 абера дорам. Фарзандонам маълумоти олӣ дошта, ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла як писарам дар шаҳри Дубай ба соҳибкорӣ машғул аст, дигаре корманди ширкати мобилии “Вавилон”, сеюми дар ҶСК “Соҳибкорбонк” ва духтаронам муаллима ва менеҷер шуда кор мекунанд. Наберагонам бо дониши худ дар донишгоҳҳои бонуфузи шаҳри Маскав таҳсили илм доранд.
- Бархе аз мансабдорон зимни ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Тоҷикистонро тарк намуда буданд. Шумо ҳам ба ягон ҷо гурехта будед?
- На. Лаҳзае Тоҷикистонро тарк накардаам. Ва дар хаёлам ҳам фикри тарки Ватан набуд.
- Пас аз баромадан ба нафақа дигар нахостед ба кори давлатӣ баргардед, ё пешниҳоди кор нашуд?
- Пас аз фаъолияти пурсамар бо сари баланд ба нафақа баромадам ва дигар нахостам кор кунам. Кореро, ки мо дар давраи Шӯравӣ ба анҷом мерасонидем, ҳоло ин хел корҳо нест. Масалан, барои боздошти қочоқчиён, ки сарҳадро ғайриқонунӣ убур карда, ба савдои маводи нашъаовар машғул буданду бар ивази фурӯши он аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон маводи ғизоӣ мебурданд, лозим меомад соатҳои дароз дар даруни қамишзор бишинем.
Лаҳзае аз хотирам намеравад. Соли 1987 буд. Ҳангоми гузаронидани амалиёти навбатии боздошти ҷиноятпешагон задухӯрде ба амал омад ва сардори қисми сарҳадбононро парронда, дасташро захмӣ намуданд...
Ва ё ҳодисаи дигаре, ки маро ба шигифт андохта буд, зимни боздиди як гуруҳи кории 16-нафара таҳти сарварии Котиби Кумитаи Марказӣ Эргашев Султон Бобоевич ва Зубрев Генадий Василевич аз корхонаи коркарди симоби Қавноқ, вертолёт дар дараи Моғиён ба садама дучор гардида, 159 метр дар замин тоб хӯрда, бо сабаҳои техникӣ дар 60 метр ними вертолёт ҷудо шуд, ки дар натиҷа 9 кас ба ҳалокат расида, 7 кас зинда монданд. Дидани ин манзараи ҳузнангез як даҳшат буд...
- Солҳои зиёд дар мақомоти бехатарӣ фаъолият доштед. Баъд аз баромадан ба нафақа Шуморо ҳамчун корманди собиқадор аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ суроғ мекунанд?
- Бале. Саймуъмин Ятимов - раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳам роҳбари хуб асту ҳам шахси оқил ва дар арафаи иду ҷашнҳо мо собиқадоронро даъват намуда, меҳнатамонро ҳамеша қадр менамояд.
- Замони “чекист” буданатон намоз мехондед?
- Ростӣ не. Аммо феълан панҷ вақт намозамро тарк накарда мехонам. Соли 2004-ум бо ризоияти холиқи давр ба зиёрати хонаи Худо шарафманд гардидам, ки шукрона мекунам. Ҳамсарам се маротиба ҳоҷӣ шудааст.
- Чекистон ба корашон бисёр содиқ мемонанд. Мехостам бифаҳмам, ки ба ҳамсаронашон чӣ?
- Дар давраи ҷавонӣ борҳо думболи орзуҳо рафтаам, аммо чи тавре, ки ҳамсари худро дӯст медоштам, каси дигарро мисли ӯ дӯст надоштаам. Ва коре ҳам накардаам, ки аз ман хафа шуда бошад. Зеро дар тарбияи шаш нафар фарзандонамон нақши ӯ бештар аст. Зеро ман ҳамеша пайи кор будаму ӯ дар хона ба тарбия ва нигоҳубини фарзандон банд. Туфайли тарбияи неки додааш, шукрона, ки фарзандонамон бомаърифат ба камол расиданду имрӯз ҳар кадоме роҳи худро дар зиндагӣ ёфтаанд.
- Шаҳрвандии дигар давлатро ҳам доред ба назарамон?
- Бо собиқаи 36-солаи корӣ, ки он ҳам дар даврони Шӯравӣ рост омада буд, соли 2007-ум шаҳрванди Русия шудам. Ҳамсарам низ шаҳрвандии Русияро дорад ва феълан нафақаи ҳардуи мо аз ҳисоби ин кишвар аст.
- Дар кадом минтақаҳои фароғатӣ истироҳат карданро дӯст медоред?
- Соле як маротиба аз ҳисоби ФСБ-и Русия барои истироҳату табобат ба шаҳрҳои Москва ва Сочи меравам. Барои мо собиқадорон он ҷо шароити хуби табобату истироҳат фароҳам оварда шудааст.

Мусоҳибон:
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА,
Шоҳонаи АҲМАДШОҲ

Хонданд 1517

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.