.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Мусоҳиба

Ҳикмати ҳаёт бо инъикоси воқеоти иҷтимоӣ ва рӯзгори мардум осори нависандаро ба дилу дида наздик мегардонад. Хосса барои нависандае, ки хотири завқи кӯдакон қаламкашӣ мекунад, масъулияти беше қабл аз ҳар нигошта пешорӯст. Азизи Азиз бо ҳикояву афсона ва қиссаҳои ҷозиби кӯдакона дар ҷомеа маҳбубият дораду китобҳои рангинаш рӯи мизу рафи хонадони мову шумо маърифтанамои насли наврасамон аст. Суҳбати мо бо адиби маҳбуб атрофи эҷодкориҳои ҷолиби ӯст.
- Устод, мегӯянд табъу завқи кӯдакон хеле нозук аст ва аз ҳама душвор эҷод барои онҳост.
- Ташаккур! Воқеан мардум ва адибон ҳам мегӯянд, ки барои кӯдакон навиштан бисёр душвор аст. Кадом як донишманд ҳам фармудааст, ки барои кӯдакон ҳамон гуна нависед, ки барои калонсолон, фақат беҳтар...
Барои кӯдакон асар эҷод карданро фақат дар Тоҷикистон не, дар дигар кишварҳои олам ҳам душвор мегӯянд, дар чаҳор ҷумҳурии Осиёи Миёна низ ин масъала ҳалталабу, ба қавле, кундаланг истодааст. Лекин баъзе кишварҳо муваффақ шудаанд, масалан, адибони Эрону Испониёву Россияву Куриёи Ҷанубӣ, лекин хотирҷамъ нестанд...
- Ба Шумо барои онҳо соддаву фаҳмо ва дилнишин эҷод намудан чӣ гуна даст медиҳад?
- Ихтисосам аслан омӯзгорист, барои шогирдони синфҳои ибтидоӣ дарс гуфтаам. Бо табиату хислату одат ва чанд чизи дигар, ки донистани адиб зарур аст, то андозае ошно ҳастам. Албатта, зиёд мутолиа кардаам, хато низ зиёд буд, пурсидам, машқ кардам. На ҳар чӣ навиштам, сазовори чоп буд, вале навиштаму навиштам…
- Ба фикри Шумо, дар Тоҷикистон мо - калонсолон бо кӯдакон муносибати оқилона дорем?
- Ҳаргиз! Муносибати дуруст бо кӯдак ҷо-ҷо ва гоҳ-гоҳ ба назар мерасад. Мо аз табиати кӯдак чандон огоҳ нестем. Инро бо як мисоли оддӣ исбот кардан мумкин аст. Вақте кӯдак аз падар, модар ё бобову бибияш чизе мепурсад, одатан мегӯянд, ки «Рав! Хап шин! Бозӣ бикун! Даматро гир! Ин кори ту нест!...». Аз ҳамин сабаб, мо кӯдаконро намешиносем, зеро намеомӯзем. Вале кӯдакон медонанд, ки мо чигунаем. Онҳо медонанд, ки мо чандон дӯсташон намедорем. Фақат вақте бекор ҳастему ягон машғулият нест, ба онҳо муроҷиат мекунем.
Ҳатто ИМА, ки ҳамасола барои тифлон китобчаҳои хуби бешумор чоп мекунад, баъди панҷоҳ сол дарк кард, ки жанри афсона барои таълиму тарбияи кӯдак басо муҳим аст. Олимонаш гӯё нав аз хоби ғафлат бедор шуданд. Он ҷо ҳоло муассисаву идораҳое таъсис медиҳанд, ки омӯзгори афсонагӯ тайёр мекунанд, ҳатто падару модарон пул дода, афсонагӯӣ меомӯзанд.
- Вазъи адабиёти кӯдакон дар олам чӣ гуна аст?
- Ба ин савол ҷавоб гуфтан душвор аст, вале ман насрнависам ва метавонам гӯям, ки бадбахтона, вазъи адабиёти кӯдакони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна хуб нест. Адибе баробари Спиридон Вангели, ё Николай Носов надорему надоранд, то барои кӯдак чизи хуб нависад. Таъкид мекунам: пеш аз ҳама насри кӯдаконро дар назар дорам, вагарна шоирони хуб буданду ҳастанд.
Носирон кӯдакшиносу кӯдакомӯз нестанд ва асарҳояшон барои кӯдакон шавқовар нест.
- Дар миёни мардуми мо ҳикмате чун «Нахли умед» ё «Меваи умр» маъмул аст, ки мӯйсафед ниҳолшинонӣ мекунад, бо таъкид бар он, ки ба ояндагон аз гузаштагони худ ин кори хайрро бояд бирасонем. Ё барои бачаҳо хотирнишин ҳаст ҳамон шеъри маҳбуби Гулчеҳра Сулаймонӣ, ки «Бибиҷонам меояд, Дилу ҷонам меояд…». Сар аз мавзуи об баста ба табиату ҳаёт хеле афсонаву ҳикояҳои таъсиргузор доред. Эҷоди Шумо бештар аз ҳикмати зиндагӣ маншаъ мегирад ва ё маҳсули андеша аст?
- Ташаккур! Асари кӯдакона дароз нест, гоҳо 7-10 ҷумларо ташкил медиҳад. Аммо бояд як ҳикмати хуб дошта бошад. «Давронҷон гурусна монду модараш ғизо оварду писарак нӯши ҷон карду ташаккур гуфт» навиштан ҳикоя намешавад. Адиб барои асараш бояд ҳикмате ёбад. Бигирем, ин ҳикояро: «Синою Фараҳноз ширбиринҷ мехӯрданд. «Чӣ хел ширин!»,- гуфт Фараҳноз чумчаро лесида. «Бисёр бомазза!»,- розӣ шуд Сино. Фараҳноз пурсид: «Медонӣ, чаро ширбиринҷ бомазза аст?». «Барои он ки шакар дорад!»,- ҷавоб дод Сино. «Наёфтӣ!»,- розӣ нашуд Фараҳноз. Сино лаҳзае ба хаёл рафту гуфт: «Барои он ки шир дорад!». «Наёфтӣ! Наёфтӣ!»,- боз ҳам розӣ нашуд Фараҳноз ва худаш ҷавоб гуфт: «Барои он ки модарам пӯхтаанд!...».
Аз ин ҳикоя ҷумлаи охиринашро сарфи назар кунем, кор беҳудаю бемаънӣ мешавад.
Такроран мегӯям, ки агар дар асари бадеӣ ҳикмат набошад, ба зеҳни кӯдак намешинад, ба кӯдак хуш намеояд. Барои ҳамин ҳарчи адиб эҷод мекунад, бояд ҳатман як ё якчанд ҳикмат дошта бошад. Баъзан ҳамин ҳикматро аз аввал то охири ҳикоя мушоҳида кардан мумкин аст, баъзан бо як ҷумла ифода меёбад. Масалан дар ҳикояи «Лолачинӣ» Пӯлод Толис асоси мақсадро аз забони як бача ифода кардааст: «Аз ин сафари худ бисёр чиз фаҳмидам, лекин аз ҳама асосаш ин аст, ки дар зиндагӣ бо одами хуб вохӯрдан хушбахтии бузург будааст». Ин ҷумларо агар аз ҳикоя бигирем, мазмуни он мекоҳад. Ҳикоя бояд ба ин монанд як ҳикмате дошта бошад. Баъзан худи кӯдакон бо рафтору гуфторашон ягон ҳикмат эҷод мекунанд. Адиби хуб онро ба мадди назар гирифта, дар атрофи ҳамин ҳикмат воқеа мебофад.
- Вобаста ба асари хуб боз чӣ мегӯед?
- Асари хуб бештар тахайюлӣ мешавад. Вақте ки одам аз худ мебофад, чизи беҳтар эҷод мекунад. Аз ҳаёт як ҷузъи ҳикоя ё афсонаро гирифтан мумкин аст. Баъд адиб онро тағйиру такмил медиҳад. Ҳикоя, афсона, ё қиссаи мукаммалу тайёру яклухт дар зиндагӣ вуҷуд надорад.
- Китобҳои Шумо бо фарогирии афсонаҳои ҷолибе чун «Афсонаи об», «6 ва 9», «Чилпо» ва амсоли инҳо барои маърифатандӯзӣ ва завқи баланду тарбияи наврасон хеле судманд ҳастанд. Дар афсона ва ҳикояҳои Шумо як чизро мушоҳида кардан мумкин аст, ки бештар кори неку амали хайр боло мегирад. Шояд ин аз табиати худи Шумо бошад?
- Адабиёт некиву накукориро тарғиб мекунад, махсусан адабиёти кӯдакон. Ин чиз табиати инсон аст. Инсон барои он офарида нашудааст, ки дағаливу дуруштӣ кунад. Фарз кардем дар ҳамон ҳикояи «6 ва 9» ду писарак рӯ ба рӯ мешаванд ва яке менависад «6», дигарӣ мегӯяд, ки «9» навиштӣ. Дар зиндагӣ агар ҳамин ҳодиса рӯй диҳад, одами калонсол бачаҳоро коҳиш карданаш мумкин аст. Бузургсоле омада агар онҳоро ҷанг кунад, танбеҳ диҳад ва онҳоро аз сари миз дур ронад, чӣ қадар бад аст. Кӯдак аз ҳар лаҳзаи зиндагӣ бояд як чиз омӯзад. Вай ҳанӯз варақи холиву тоза аст. Барои ҳамин, ҳар чиз дар дилу хотираш зуд нақш мегузорад. Аз ҳамин сабаб ман ҳикояро тавре анҷом додам, ки як муаллима меояд ва ҷойи бачаҳоро иваз мекунад. Дар чунин ҳолат оне, ки «6»-ро «9» гуфта буд, аз тарафи муқобил мебинад, ки «9»-и вай ба «6» табдил ёфт. Моҷарои бачаҳо ҳаст, вале танбеҳу дашному дур раву дафъ шави мардумӣ нест. Инаш завқовартар аст, бача хатояшро фаҳмида, завқ мебараду механдад. Ҳикоя оҳанги ҳаҷв ҳам дорад. Аслан асаре, ки барои бачаҳо эҷод мешавад, бояд шӯхиҳо дошта бошад. Бачаҳо қариб ҳамеша хурсанду хандонанд. Ин мо, калонсолон, аз ҳад ҷиддием ва ҳама чизро ҷиддӣ гирифта, худро азоб медиҳем. Кӯдакон тамоман одиянд. Онҳо шӯханд, беқароранд, пур аз нерӯ ва хеле хушҳоланд, зеро ҳанӯз ба олами калонсолон ворид нашудаанд. Кӯдакро як гунҷишк метавонад шод гардонад, барои хурсанд кардани бузургсолон баъзан ҳар ду олам камӣ мекунад.
- Хонандагон зиёд тавассути рӯзномаву маҷаллаҳои «Чашма», «Истиқбол», «Зангӯла», «Анбоз» ва дигар бо эҷоди Шумо ошнову дастрасӣ доштанду доранд. То куҷо ин рӯзномаҳоро дар боло бурдани маърифати кӯдакону наврасон муҳим мешуморед ва то кадом андоза онҳо барои то ба хонанда расидани эҷоди адиб мусоидат менамоянд?
- Воқеан дар Тоҷикистон тақрибан 20 ё 30 нашрияи бачагона таъсис дода шудааст, ки ин хуб аст ва дар аксарияти онҳо ҳикояву афсонаву чистонҳои банда чоп шудаанд ва чоп мешаванд. Рӯзномаву маҷаллаҳои бачагонаи моро ба тамоми мактабҳо, ба тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ, ҳатто ба Мурғоб ҳам мебаранд. Танҳо бадии кор дар ин аст, ки ин рӯзномаҳо нахуст рассом надоранд. Аз ҳамин сабаб, он мавод, ки онҳо ба хонандаҳо пешкаш мекунанд, бо расму суратҳои интернетӣ оро дода шудааст. Ороишгар ё дизайнер ба уқёнуси интернет ғӯтта мезанад ва як расмеро мегирад, ки ба мазмуни ҳамин ҳикоя ё афсона каму беш наздик аст ва онро чоп мекунанд. Дар акси ҳол рӯзномаву маҷаллаҳои мо чандон бад нестанд. Дуруст, ки баъзан маводи хом ба назар мерасад. Гоҳо шеъре чоп мешавад, ки бачагона нест. Ё баъзан мақолаҳои обшӯста мехонем. Ягон ҳикояи беҳикмат ҳам чоп мешавад. Дар маҷмуъ, ягон рӯзнома барои ман нохонданӣ нест.
- То оне эҷоди тозаатон тариқи рӯзнома дастраси ҳамагон мегардад, хонандаи аввалин афсонаҳои кӯдаконаи Шумо кӣ буду ҳаст ва метавонад нишоти кӯдаке аз шунидани қиссаи нобатон боиси илҳом ва эҷоди навиштаи дигаре гардад?
- Адиб вақте асар эҷод мекунад, бояд бехато донад, ки ба хурдтаракон хуш меояд ё не. Дар аввал фаҳмидану дарк кардан душвор аст, вале вақте таҷриба зиёдтар мешавад, кам хато мекунӣ. Албатта, вақте адиб мебинад, ки кӯдакон афсонаашро қабул карданду хонданду фаҳмиданд, ҳатто дар асоси он саҳначаҳо сохта, нақш офариданд, бисёр хурсанд мешавад. Лекин табиати эҷод чунин аст, ки барои шумо фарқ надорад, сахт танқид мекунанд ё зиёдтар таъриф мешунавед. Вақте эҷод табиати адиб мешавад, ба касб табдил меёбад ва он гоҳ шумо наметавонед, ки нанависед. Гапи мардум хоҳ маъқул аст, хоҳ номаъқул, хоҳ таъриф мекунанд, хоҳ не, эҷод мекунеду халос. Фақат ба ин сатҳ бояд расем, яъне бехато донем, ки чизи, ба қавле, бачахӯрак навиштем…
- Табист, ки эҷоди хубро хонанда ҳатман пайдо кардаву мехонад…
- Ҳатман, навиштаи хуб ҳаргиз гум намешавад. Шояд чанд сол ё муддате аз хотираҳо фаромӯш гардад, аммо як рӯз боз ба дасти хонанда мерасад.
- Ҳам барои тарғиби эҷоди нигоранда ва ҳам барои то ба хонандаи наврас расонидани эҷоди адибон рӯзнома василаи беҳтар аст ё китоб?
- Китоб гоҳ-гоҳ чоп мешавад, рӯзнома ҳар замон. Рӯзнома ҳафтае, ё дар моҳ як ё ду маротиба ва зуд ба хонандагон мерасад. Лекин китоб чизи дигар аст. Дар ҳамин маврид як чизи дигарро ба хотир оварданӣ ҳастам, ки дар ҳар соҳа, дар ҳар як қисмати зиндагӣ ҳар замон як табаддулоти бисёр бузург ба амал меояд. Лекин, як чизе ҳаст, ки ҳатман тағйир намеёбад, яъне гум намешавад, барҳам намехӯрад, агарчӣ ба назари мо чунин ҳам менамояд, ки нақши он хира шуд ё аз байн рафта истодааст. Бигирем, ин қадар ғизову таоми нав ба нав ба қавле эҷоду пешкаш кардем: гамбургеру питсаю бифштексу лағмону ва ғ. Лекин нон боқӣ монд! Ё ин қадар техника пеш рафту компютеру Интернет ихтироъ шуданд, акнун дар як оҳанаки компютер шумо метавонед даҳҳо ва ҳазорон китоб ҷой диҳед. Ин ҳама боз такмил ёфта истодааст, лекин китоб боз боқӣ монд, аз байн нарафт. Дар компютер наметавонед аз даҳ-бист саҳифа зиёдтар китоб хонед. Зуд хаста мешавед. Ҷойи китобро ягон чизи дигар гирифта натавонисту наметавонад. Барои ҳамин имконияти китоб хеле фарох аст.
- Таври маълум, барои кӯдак баробари равонӣ ва муҳтавои қиссаву шеъру афсона ороиши китоб хеле таъсиргузор аст. Шояд як сабаби ҳамкориятон бо ташкилоти «Истиқбол» ва нашри китобҳоятон тариқи идораи он маҳз ороиши хуб бошад?
- Нахуст, бо ягон ташкилоту нашриёт махсус ҳамкорӣ надоштам… «Истиқбол», албатта, ташкилотест, ки барои бачаҳо зиёд чоп кард ва ҳиссааш дар тарғибу ташвиқи китоби бачагона кам нест, вале он чанд китоби маро аз дигар ташкилот, тавассути шартнома гирифта, чоп карда буд, вагарна мо худ қарордоде ба имзо нарасонидаем…
Воқеан, он китобҳоро Сайёра Имоддиноваю Бахтиёр Қаҳҳоров ва Ҳусейн Чиллаеву Абдусалом Абдуллоев хуб оро додаанд. Ороиш бисёр муҳим аст. Барои хонандагони синфҳои якуму дуюм ҳафтод фоизи китоб бояд расм дошта бошад. Барои хонандаҳои синфи сеюм тақрибан нисфи китоб бояд аз расмҳои ранга иборат бошад. Барои хонандаи синфи чорум камтар. Расми сиёҳу сафед барои хонандаҳои синфҳои болоӣ пешбинӣ шудаанд. Агар барои хонандаи хурдсол китоб ранга набошад, ҷолиб намешавад.
Умуман, барои бачаҳо китоби берасм ё бо расми сиёҳу сафед чоп кардан гуноҳ, хато аст.
- Мехостам назари Шуморо ба вазъи кунунии аниматсияи тоҷик бидонам. Чун шоҳид гаштам, ки насли ҷавон ба хотири мазмунан баландғоя будани ҳикояву афсонаҳоятон имрӯз мехоҳанд бо Шумо ҳамкорӣ дошта бошанду бо роҳу усулҳои нав филмҳои тасвириро таваҷҷуҳбарангез созанд. Магар беҳтар нест, ки кӯдакони мо ҷойи филмҳои тасвирии хориҷӣ эҷодкориҳои мазмунан тоҷиконаро тамошо намоянд?
- Баҳои аниматсияи тоҷик алҳол қаноатбахш нест. Ин тавр нест, ки пул надорем. Мо пул дорем. Директори киностудияи «Тоҷикфилм» боре ба Иттифоқи нависандагон омада, бори дигар нависандагон худ меҳмон карда, гуфтанд, ки агар асарҳои хуб эҷод кунем, ҳатман маблағ пайдо мешавад...
Гап дар сари он ки мо мутахассис надорем. Ҳамагӣ чанд сол пеш аз ин бори аввал Бахтиёр Қаҳҳоров, яке аз офарандаҳои филмҳои тасвирӣ дар Тоҷикистон, ки мутахассиси хеле варзида аст, маводи чанд китоби бачагонаро филми тасвирӣ кард. Ба ҷуз Бахтиёр ягон каси дигарро ном гирифтан душвор аст, ки ба офаридани филмҳои тасвирӣ эътибори ҷиддӣ диҳаду аз сидқи дил машғул бошад. Ростӣ, тайи ду-се соли охир як ҷунбиш дар майдони аниматсияи тоҷик мушоҳида мешавад ва бовар дорам, ки ба зудӣ кӯдакони мо филмҳои тасвирии ҷолиб тамошо хоҳанд кард, зеро ҳам рассомон ва ҳам коргардону кормандони дигари соҳа хеле фаъол шудаанд. Имрӯз ду ҷавонмард - Фирдавс ва Акмал низ ба ин кор машғуланд. Ҳозир аз ин зиёдтар сухан наметавон гуфт.
- Айни замон рӯйи кадом маҳсули эҷодиятон кор мебаред ва хонанда кадом афсонаи наверо аз Шумо шунида метавонад?
- Мехоҳам як силсила повест барои бачаҳо нависам, зеро ба ғайр аз «Тобистон»-и Пӯлод Толис ва ду-се асар бачаҳо китоби дигари калонҳаҷм надоранд. Шаш-ҳафт асари тайёр ҳаст, яке дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шуд ва иншоаллоҳ, то баҳор дар шакли китоб ба дасти хонандагон мерасад. Дигар повестҳои бачагона «Ду рӯз дар яхдон», «Шаш рӯзи як сафар», «Дурӯғ», «Ҷузвдон», «Таътил», «Пирамард ва саркардаи муғул»-анд.
Як чизи муҳими дигар. Барои хонандагони хурдсол асари саҳнавӣ эҷод намешавад. Бачаҳои моро китобҳое низ даркоранд, ки асарҳои саҳнавӣ ҷой дода шуда бошанд. Чун ба мактабҳо меравед, ба ягон муносибат (Иди Наврӯз, Иди Модарон, Рӯзи Парчами Миллӣ…) бачаҳо ҳамроҳи муаллимонашон саҳначаҳо мегузоранд, ки баъзе бисёр ҷолиб аст, вале аксарият каммаъниву сустанд. Аз ин сабаб мо бояд адибоне ҳам тарбия намоем, ки барои бачаҳо вобаста ба идҳо ва ҳам аз ҳаёти худи бачаҳо асарҳои саҳнавӣ нависанд.
- Воқеан, дар ин баробар масъулони Театри давлатии лӯхтак низ дар як суҳбат зикр карданд, ки агар чанд тан адибони шинохта барояшон асар менавиштанд, ҳоло ин гуна адибон ангуштшуморанду онҳо ба ҳамкории адибони барояшон асарҳои саҳнавии кӯдакона эҷоднамоянда зарурат доранд…
- Театри лӯхтаки мо воқеан ҳам зори асарҳои бачагона аст. Театри Ҷавонон низ чунин саҳнаҳо бояд зиёд дошта бошад. Шояд ягон вақт ба мисли телевизиони бачагонаи «Баҳористон» Театри бачагона ҳам дар Тоҷикистон пайдо шавад. Агар пайдо шавад, бояд боз ҷиддитар эҷод кард. Вале ман солҳои охир ёд надорам, ки ягон нафар барои тифлон ягон асари саҳнавии хотирмон офарида бошад.
Дар ин баробар, барои бачаҳо танҳо асарҳои саҳнавӣ не, асарҳои иттилоотӣ низ эҷод кардан лозим аст. Асари иттилоотӣ асарест, ки дар бораи ин ё он ашё ва ё набототу паранда, одамон, табиат ба хурдсолон кӯтоҳ, пуробуранг, бо далелу рақам ва расму сурат, дар шакли ҳикоя, ҳатто афсона, гоҳо оҳанги илмӣ гирифта, маълумот медиҳад. Мо ба ҷуз як китоби Энсиклопедия барои бачаҳо, ки чоп шуд, асари дигари хуби иттилоотӣ надорем.
Мисоли оддӣ: ман баъзан аз бачаҳо мепурсам, ки чаро парасту дар моҳи октябр, вақте тирамоҳ меояд, ба кишварҳои гарм меравад? Мегӯянд, ки ҳаво хунук мешавад. Пас, чаро гунҷишк намеравад? Гунҷишк ҳам баробари парасту аст, лекин намеравад… Гап дар сари ин, ки парасту ғизо пайдо намекунад, вай донахора нест, ғизояш танҳо магасу хомӯшак аст. Яъне, ба бачаҳо мо бояд бисёр чизҳоро фаҳмонем. Инро тавассути асари бадеӣ фаҳмонидан андак душвортар аст. Лекин тавассути асарҳои иттилоотӣ, асарҳои маърифатӣ фаҳмондан хеле осон мешавад. Бачаҳои мо бояд донанд, ки кадом дарахт кадом моҳ гул мекунад ва чаро ранги гулаш нилобӣ ё сафедтоб аст. Дар ҳақиқат гули баъзе дарахтон сурх, баъзе нилобӣ, сафед, ё зард аст. Сабаб ин аст, ки дар ҳамон фасл ҳашароте пайдо мешавад, ки ҳамин хел рангро дӯст медорад, диққати ҳамон ҳашаротро ҳамин ранг бештар ба худ ҷалб мекунад ва ҳамон гулу гиёҳ ҳам рангашонро ба ҳамон фасл мувофиқ мекунанд. Чаро офтобпараст мегӯем?... Ин қадар савол бисёр аст. Гумон аст бачаи навомӯз дар мактаб танҳо аз китоби дарсӣ ҷавоб ёфта тавонад.
Дар баъзе давлатҳо барои кӯдак соле чор, панҷ, шаш ҳазор номгӯй китоб чоп мекунанд. Ин танҳо номи китоб аст. Теъдодашон ба миллион мерасад! Аз нашриётҳои давлативу хусусии мо бипурсед, ки дар як сол барои кӯдак чӣ қадар китоб чоп кардаанд? Шояд сад нусха. Аммо се миллион кӯдак дорем. Дар Тоҷикистон барои китоб чоп кардан ҳоло шароиту имконият дорем. Аммо нависанда нест… Бовар мекунед, як ташкилоти хориҷӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ ният дорад, ки 120 асари бадеӣ, саҳнавӣ, иттилоотӣ чоп кунад. Шаш моҳ аст, ки давутоз мекунем, вале…
- Адиби бачагон тарбия кардан душвор аст?
- Душвор, вале кадом кор осон аст?!
- Имрӯз ба адибон ҳаққи қалам намедиҳанд, ё кам медиҳанд…
- Дуруст, ин чиз ба тарбияи адибони ҷавон бад таъсир мерасонад. Аммо дар ҳама замон адиби асил сарватманд ҳам буду қашшоқ ҳам. Бо вуҷуди ин эҷод мекард, чунонки дар авали суҳбат қайд кардам, чун эҷод табиат шуд, адиб ҳама чизро фаромӯш мекунад, аз ҷумла, пулро. Ба камтар адиб муяссар шудааст, ки аз ҳисоби ҳаққи қалам рӯз гузаронад. Ин як шуғл аст, машғулият, хоббӣ. Эҷод мекунеду нахуст худ лаззат мебаред. Асаратон бо ягон роҳу восита ба дасти дигарон расид, ихтиёрашон… Овозхонҳоро бинед: садояш хуш ояд, дар толор мешинед, хуш наояд, тарки толор мекунед. Зафар Нозиму Ҷӯрабек Муродов боре шикоят кардаанд, ки шунавандагонашон кафкӯбӣ намекунанд?! Аблаҳӣ мешуд. Ё Абдураҳмони Ҷомиву Саъдии Шерозӣ куҷостанд, ки омада ғазалҳои худро ба гӯши мо хонанд, китобашонро ба дасти мо зӯран супоранд, ки хонем?! Навиштед, эҷод кардед, давом диҳед. Агар машҳур нашудед, мардумро гунаҳкор накунед…
- Охир, имрӯз кам мехонанд?!
- Пас замони кам хондан расидаст. Бо вуҷуди ин муваққатист. Лекин барои нависандаи бачаҳо ҳамеша хонанда ҳаст: дар олам кӯдакон то синфи чорум мудом китобхонанд!
- Аммо китоби хуби бачагона кам аст, адиб низ…
- Бале, аммо айб дар бачаҳо, хонандаҳо нест. Волидонашон хонанда нестанд, хӯрҷин гирифта, ба фурӯшгоҳи китоб намераванд. Шояд онҳо гумон мекунанд, ки хонанда будани фарзандашон ин замон шарту зарур нест. Баъзан мегӯянд-ку: «Хондагиҳо чӣ шуданд, ки!...».
Агар чунин бошад, онҳо сахт хато мекунанд: донишманди асилу ҳунарманди асил хор намешавад, ҳатто имрӯз! Даҳ-бист сол пештар чунин ҳам буд, лекин алҳол чунин нест ва ягон ҳол ҳамешагӣ нест. Хондан аз мактаб не, аз оила сар мешавад ва мактаб танҳо ин корро давом медиҳад, такмил медиҳад. Агар падару модарон корро сахт гиранд, ба майдони маориф чунон омӯзгорон меоянд, ки аҳли олам аз кору натиҷаи кори эшон ангушти ҳайрат хоҳанд газид. Волидонамон кунду карахтанд. Ду маротиба ба мактаб рафта, дар дарси омӯзгори фарзандатон шинед, омӯзгор минбаъд ба фарзанди шумо беҳтару хубтар эътибор медиҳад. Аз ин сабаб мо китоб нагирем, нашриёт чаро чоп кунад? Китобро кӯдак не, калонсолон бояд харидорӣ кунанд ва ба дасти ӯ супоранд. Мефаҳмед? Калонсолон!... Шояд мисли қонуни танзими расму оинҳо ва масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, қабули ягон қонуни дигар зарур бошад? Охир, таълиму тарбия хусусияти иҷборӣ доранд. Фаромӯш накунед: ягон кӯдак ба сари худ, ихтиёран китобхон намешавад. Дар тарҷумаи ҳоли бузургони адабиёт одатан мехонем, ки «шавқу завқи ӯро падараш дида, ба назди фалон устод бурд» навиштаанд…
Баъзан «пул надорем» мегӯянд. Аммо барои маърака оростан пул дорем, пайдо мекунем. Як тоифа аз қабули қонуни танзими расму оинҳо чунон норозианд, ки гӯё қиёмат фаро мерасида бошад. Чун ба хонаашон меравед, аҳволи зори фарзандонашонро дида, раҳми зоратон меояд. Мо тайёрем ҳар сол даҳ-бист ҳазор сомонӣ сарф карда, ягон маърака ороему обрӯ гирем, вале барои фарзандамон соле 10 китобча харидорӣ намекунем, ки маблағаш эҳтимол 100 сомониро ташкил диҳад. Маърифатнок нестем, худро зиёд таъриф мекунем ва мисли дурӯғгӯён ба зудӣ ба дурӯғи худ имон меоварем, бовар мекунем. Оё медонед, як дурӯғро ҳафт маротиба такрор кунед, оқибат бовар мекунед: Афандӣ ҳам ба кӯдакон гуфтааст, ки дар фалон кӯча як ҷувол чормағз рехта мондаанд, чун бачаҳо ба он тараф медаванд, Афандӣ низ «яке рост бошад!?» гуфта, аз паси бачаҳо медавад…
- Ба Иттифоқи нависандагон адибони навқалам зиёд меоянд?
- Қариб ҳар рӯз меоянд, аз шашсола то шастсола меоянд. Як моҳ пештар 170 асари навқаламонро муҳокима кардем... Он рӯз дур нест, ки ба майдони адабиёти кӯдакон чанд адиби хушистеъдод ворид мешаванд, боҷуръату қатъӣ!
- Як замон Иттифоқи нависандагони худмухтор, ё алтернативӣ таъсис додан мехостанд. Дар ёд доред?
- Ёд дорам. Дирӯз ва имрӯз ҳам Иттифоқи дигар не, адиби дигар лозим аст, адибе, ки ҳатто узви Иттифоқ буданашро низ фаромӯш карда, асар менависад, асаре, ки дар олам, дар дигар кишварҳо, дар Мадагаскар ҳам хонда тавонанд, хонда хурсанду қаноатманд гарданд ва харитаро кушода, Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайдо кунанд…

Мусоҳиб: Зулолаи НУР

Хонданд 649

Умарҷони Абдусаттор 9-уми марти соли 1988 дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар деҳа хатм намуда, пас аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи мусиқии шаҳри Исфара супоридааст. Дар он ҷо бо дӯсташ Фаррух, ки ҳоло якҷоя фаъолияти гурӯҳи “Сорбон”-ро пеш мебаранд, шинос мешавад. Фаррухи Абдуманнон 14-уми октябри соли 1987 дар деҳаи Устомуллои шаҳри Исфара чашм ба олам кушодааст. Ҳарду сароянда ҳамроҳ пас аз хатми коллеҷ ҳуҷҷатҳои худро ба Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи М. Турсунзода супорида, то ҳол якҷоя дар ин гурӯҳ фаъолият мекунанд. Сӯҳбати мо атрофи баъзе нозукиҳои санъати тоҷик бо Умарҷони Абдусаттор пешкаши хонандагон мегардад.

- Имсол, ки камтар аз як моҳ мондаасту моро тарк мекунад, Шумо чӣ муваффақиятҳои ҳунариву эҷодӣ доштед?
- Дар моҳи марти соли 2017 консерте бо унвони «Фарёди хомӯшӣ» пешкаши мухлисон гардондем. Ҳамчунин, барои филми кӯтоҳмуддати «Коса» савти садоӣ эҷод кардаву иҷро намудем. Хушбахтона, филми мазкур дар чанд кинофестивали байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷоизаҳои баланд гардид. Инчунин консерт дар Боғи Сайфиддини исфарагӣ хушу дилнишин буд. Дар умум, гурӯҳи мо дар соли сипаригардидаистода ба дастовардҳои назаррас ноил шуд, яъне сол барои аҳли гурӯҳ соли бобарор буд.
- Шумо бештар матнҳои оҳангҳои хешро аз кадом шоирон интихоб менамоед ва ҳамчунин, бо кадом шоирон ҳамкорӣ мекунед?
- Мо матнҳоро аз ашъори шоирони классик ва муосир интихоб мекунем ва албатта, пеш аз интихоби матн завқу идроки мухлисони азизро ба назар мегирем. Яъне, мувофиқи завқи эшон матнҳоро интихоб менамоем. То имрӯз кулли эҷодиёти мо аз ҷиҳати матну оҳанг ба мухлисони шеъру наво писанд омадааст. Кӯшиш мекунем аз ин ба баъд низ хубтару писандтар эҷод намоем. Имрӯзҳо мо бо шоираи ширинкалом Сурайё Ҳакимова ҳамкориҳо дорем.
- То ҷое дарк мекунем, ҳунармандон кӯшиш мекунанд бо бисёр оҳангсозон ҳамкорӣ дошта бошанд. Шумо имрӯзҳо бо чанд бастакору оҳангсоз сарукор доред?
- Бо оҳангсозон Манижаи Давлат, Зайниддин Каримов, Шералӣ Шокиров, Баҳоуддин Негматов ва дигарон ҳамкориҳои эҷодӣ ба роҳ мондаем, ки албатта, ин ба сатҳу сифати эҷодиёти мо таъсири мусбати хешро гузоштаасту мегузорад.
- Дар умум, то имрӯз чанд албоми сурудҳои хешро пешкаши мухлисон гардондаед ва эшон чӣ гуна қабул намудаанд?
- То имрӯз мо чор албоми хешро пешкаши мухлисон гардондем, ки ҳар кадом албом аз чордаҳ суруд иборат аст. Пазироии мардум аз албомҳои пешкашнамудаамон хуб буд. Дар оянда низ талош мекунем, ки ҳама малакаву истеъдоди хешро ба кор бурда, барои мухлисон суруду оҳангҳои тару тоза эҷод намуда, пешкаши онҳо гардонем.
- Агар махфӣ набошад, гурӯҳи шуморо кӣ сарпарастӣ мекунад?
- «Хушбахтона», мо сарпараст надорем (механдад).
- Гурӯҳатон барои соли оянда чӣ нақшаҳо ва барномаҳо рӯи даст дорад, ки мехоҳад пешкаши мухлисон намояд?
- Дар соли 2018 нақша дорем, ки дар маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд аввалин консерти хешро баргузор намоем. Ва ҳам агар сарпарасте пайдо гардад, дар шаҳри Душанбе низ консерт баргузор хоҳем кард.
- Дар ҷодаи санъату ҳунар, умуман эҷодиёт, кас бе устод наметавонад роҳ паймояд ва ҳам муваффақ шавад. Мо медонем, ки Шумо на якто, балки зиёд устодон доред. Лутф карда, ба хонанда ва мухлисонатон бигӯед, ки он устодони шариф киҳо ҳастанд?
- Устодоне, ки маро дар ҷодаи санъат раҳнамоӣ ва кӯмакҳо кардаанду мекунанд, аз ҷумла Исроилхон Сайфиддинов, Абдураҳим Шерматов, Хурсандмурод Зарипов мебошанд. Инҳо устодони асосии камина маҳсуб меёбанд, ки пайваста бо эшон ҳамкорӣ кардаву маслиҳатҳо мегирам ва аз ҳамаашон миннатдорам.
- Дар роҳи эҷод бештар ба кадом сарояндагон мехоҳед монанд бошед ва ҳамчунин, кадом сабкро зиёдтар меписандед?
- Ман аслан он равияи санъатеро дӯст медорам, ки он бо санъат ва ҳунари воло ва асил шакл гирифтааст. Ғолибан, аз сарояндагон эҷодиёти Аҳмад Зоҳир, Кароматуллои Қурбон ва Фарҳоди Дарёро меписандам ва тарзу услуби хонишам ба онҳо монандиҳо дорад. Кӯшиш мекунам, ки мисли онҳо санъати асилро равнақ диҳам, зеро муроди ман дар роҳи эҷод ҳамин аст.
- Андешаи Шумо нисбати санъати Аврупо ва худӣ чист?
- Ман аз эҷодиёти онҳо танҳо як чизро дӯст медорам, он ҳам «оранжировка» аст. Дар ҳақиқат, аз ин ҷиҳат онҳо пешрафт кардаанд. Вале бояд бигӯям, ки мусиқии мо бо ҳамин шаклаш ҳам аз мусиқии онҳо хубтару аълотар аст. Агар он шароите, ки имрӯз дар онҳо ҳаст, дар мо бошад, бовар дорам, мусиқии мо дунёро тасхир мекунад. Зеро, ман аз санъати «Шашмақом», «Фалак» ва дигар сурудҳои мардумии миллати хеш ба дараҷаи кофӣ бархӯрдор ҳастаму арзишу мақомашонро дар олами ҳунар медонам. Аз ин лиҳоз, мо - сарояндагон бояд барои ташвиқ ва тарғиби онҳо кӯшиш кунем.
- Ба мухлисони худ чӣ таманниёт доред?
- Таманнои ман ба мухлисонам сараввал ин аст, ки хонаобод ва саломат бошанд, дар хонаҳояшон ҷашну маросимҳои хурсандӣ бошад ва гурӯҳи «Сорбон» дар хидмат бошад. Орзуи ниҳоии ман ин аст, ки ҳама ба қадри санъати асил бирасанд, ҳар эҷодиётро дар тарозуи ақлу завқ баркашанд ва сараро аз носара ҷудо намуда, қадр кунанд.

Сӯҳбати РОМИШ

Хонданд 329

Сӯҳбат бо директори Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб, номзади илмҳои биологӣ, дотсент, раиси Маркази илмии хатлонии АИ ҶТ, Корманди шоистаи Тоҷикистон Тилло Бобоев

- Устод Тилло Бобоев, Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб кай ташкил ёфтааст?
- Соли 1985 нахустин маротиба дар шаҳри Кӯлоб муассисаи аввалини илмии академӣ бо номи Боғи ботаникӣ ташкил шуд. Соли гузашта мо 30-солагии боғро ҷашн гирифтем. Аз рӯзҳои аввали ташкилшавии боғ ташаббускораш ман будам. Ростӣ, ман ташкилкунандаи он собиқ президенти АИ ҶТ шодравон Муҳаммад Осимиро медонам.
- Инро чӣ тавр фаҳмидан мумкин?
- Он кас он замон вақте ба шаҳри Кӯлоб омада буд, дар ДПК як ҷаласа ташкил шуд ва дар он ҷо нақши АИ ишора шуд. Ман баромад карда, гуфтам, ки «маро мебахшеду ҳамин АИ дар водии Кӯлоб нақш надорад. Ба ғайр аз ман дар ин ҷо ягон кас нақш бозӣ намекунад. Ман ягона одаме ҳастам, ки бо институти ботаникаи АИ ҶТ дар ин ҷо як маромнома, як чӣ дорем, ки аз ҳамон ҷо олимонро оварда, дар ин ҷо як конференсияи илмӣ оид ба кабудизоркунӣ гузаронидаму ба ғайр аз ин як боғчаи ботаникӣ ташкил кардаем. Лекин, ман дар баробари ҳамин гуфтаҳоям савол дорам, ки чаро дар Хуҷанду Душанбеву Хоруғ боғи ботаникӣ ҳасту дар Кӯлоб нест?». Он кас ба ман муроҷиат карда гуфт, ки «чӣ кор кардан даркор, Тилло?». (Устод маро нағз медидан, бо ҳамин сабаб номамро мегирифтанд). Ҳамон вақт дар шаҳри Кӯлоб Поносов гуфтанӣ як нафар рус котиби горком буд. Ӯ дар паҳлуи устод Осимӣ нишаста буд. Устод гуфт, ки «мо сад дар сад тарафдор ҳастем, ин котиби горком ҳам розӣ аст». «Мо ташкил мекунем» гуфтани устод сабаб шуду моҳи феврали соли 1985 ҳамин муассиса таъсис ёфт.
- Ҳамон вақт Боғи ботаникиро заминаш ҳам дарҳол ҷудо шуд?
- Не, замини боғро ҷудо карданаш низ заҳматҳои зиёдеро ба бор овард. Дар мадди аввал, мо 5 га замин гирифтем. Ин замин лалмӣ буд, на об буду на ободонӣ ва на ягон бутта ва ниҳоли сабзшуда. Ҳамчунин, на барқ буду на роҳ, ҳеҷ чиз набуд. Ростӣ, бо умеди он, ки дар ҳамсоягиамон идораи кабудизоркунии шаҳр буд, гумон кардем ин идора об дораду кори мо осон мешавад. Баъдтар фаҳмидем, ки ин идора ҳам на ягон нуқтаи об доштаасту на шароити дурусти кабудизоркунӣ. Он вақт ман дар донишгоҳ кор мекардам ва ёру рафиқонам ҳам зиёд буданд. Ба онҳо бисёр кӯмак карда будам, ки шояд онҳо ҳамаашон подоши ҳамон кӯмакҳои кардаамро гардонданд. Ман ба воситаи онҳо ин ҷоро бунёд кардам, набошад ҳеҷ вақт чунин обод карда наметавонистам.
- Замони ташкилшавӣ Боғи ботаникии Кӯлоб чанд воҳиди корӣ дошт?
- Ба ғайр аз ду корманд як корманди илмӣ, як мудири сектор, яъне ду нафар воҳиди корӣ дигар ҳеҷ касе надошт. Магар бо ду кас боғ карда мешавад? Ман бештар аз кӯмаки донишҷӯён дар ин ҷо истифода бурдам. Ҳарчанд бахилону ҳасудон буданд дар байни омӯзгорони донишгоҳ ва қисме дар ғайбам мегуфтанд, ки «Тилло Бобоев донишҷӯёнро кор мефармояд». Аз он шогирдони ман, ки вақти дар ДПК таҳсил кардан дарсҳои амалиро дар Боғи ботаникӣ аз худ менамуданд ва обод мекарданд, ман бисёр сипосгузорам. Гоҳо қисме аз онҳо омада ба ман миннатдорӣ карда мегӯянд, ки «устод, мо аз Шумо бисёр хурсандем, ки дар вақти донишҷӯӣ дарсҳои назариявиро бо амалӣ якҷоя карда, аз худ кардем. Маҳз бо заҳмати Шумо имрӯз биологҳои хуб шудем. Мо аз ҳар як бели зада ва ҳар як алафи тозакардаамон барои худ чизе гирифтем». Ҳамаи он нафарони кӯмаккарда рафтанд ва имрӯз боғи онҳо побарҷост.
Аввал 5 га замин гирифтем ва баъдан 11 га замин барои боғ. Имрӯз майдони умумии Боғи ботаникӣ 16 гектарро ташкил мекунад. Дар он зиёда аз 2700 намуд растаниву бутта ва дарахтро овардаву аз таҷриба гузаронидем.
- Аз 2700 навъ растаниву бутта ва дарахтон чандтояш имрӯз дар Боғи ботаникӣ нашъунамо доранд?
- Аз ҳамин шумора 470 намудаш дар боғ ҳаст ва нашъунамо доранд. Инҳо аз минтақаҳои гуногун, аз ҷумла аз Америкаи Шимолӣ, аз Қриму Қафқоз, аз Аврупаи ҷанубӣ ва дигару дигар ҷойҳо ҳастанд.
- Ин растаниву буттаҳо аз ҳар гӯшаву канори дунё ба шакли ниҳол оварда шуданд, ё тухми онҳо оварда парвариш карда шуд?
- Аҳён-аҳён ниҳол овардаем, дигар ҳамааш тухмӣ оварда шуда, пошида шудааст. Баъдан ниҳоли баромадаро парвариш кардаем. Таҷриба гузаронидаем, то тавонем бигӯем, ки ана, ин растанӣ дар водии Кӯлоб мешавад, инаш намешавад.
- Бо кадом ҳадафҳо Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб ташкил ёфт?
- Ҳадафҳои асосии ташкилкунии боғ 3-то буд. 1-ум, аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон овардану аз таҷриба гузаронидани дарахтону буттаҳову гулҳое, ки дар ин ҷо намерӯянд. 2-юм, кабудизор кардани шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб (он вақт вилояти Кӯлоб буд), 3-юм, дар замири донишҷӯён, кӯдакон, сокинони шаҳру ноҳияҳои собиқ вилояти Кӯлоб парваридани ҳифзи табиат ва табиатдӯстдорӣ.
- Дар сарзамини Тоҷикистони офтобии мо чанд намуд растаниҳо мерӯянд ва чӣ хусусиятҳои фарқкунанда доранд?
- Кишвари мо нисбат ба Қазоқистон 19-уним маротиба хурд аст, вале дар замини Тоҷикистон 4500 намуд растаниҳо мерӯянд. Дар Қазоқистон бошад, 4000 намуд. Аз 4500 намуд растании дар Тоҷикистон мерӯида 800 намудаш эндемикӣ (таҳҷоӣ) аст. Инҳо ба ғайр аз Тоҷикистон дар дигар ҷой намерӯянд. Аксари кулли ҳамин растаниҳо дар арафаи нобудшавианд.
- Чаро?
- Маҳз аз бенизом истифода бурдани сарватҳои табиии Тоҷикистон ин ҳолат рух дода ва дода истодааст.
- Аз 800 намуд растанӣ чандтояш дар Китоби сурхи Тоҷикистон ва Китоби сурхи байналмилалӣ шомил ҳастанд?
- Инҳо ҳама дар Китоби сурхи Тоҷикистон ва Китоби сурхи байналмилалӣ шомиланд. Мисол, яке аз онҳо, ки хеле зиёд буд, пиёзи анзур буд. Инчунин, зираи форсӣ. Ҳозир 337 намуди дарахтону буттаҳои Тоҷикистон ба Китоби сурхи байналмилалӣ ва Китоби сурхи Тоҷикистон шомиланд.
- Ҳастанд растаниҳое, ки дар ягон мавзеи минтақаи Кӯлоб мерӯянду дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон намерӯянд?
- Бале, ҳастанд. Масалан, 10 намуд растание, ки дар кӯҳи Эмомаскараи мо ҳаст, дар дигар минтақаи Тоҷикистон намерӯянд. Инҳо ҳам, ки минтақаашон хурд аст, дигар зиёд нашуда истодаанд. Ҳамин ки суми гову гӯсола ба болояшон рафт, ин бечораҳо тамом шуданд.
- Дар масъалаи кампос ва ҷамъоварии баргҳои хазонрези шаҳр ва манъ кардани сӯзондани онҳо чӣ гуфта метавонед? Ин идеяи кӣ буд ва чӣ тавр амалӣ шуд?
- Ин идеяро, ки бори аввал садо доду амалӣ шуд, ҳамроҳи шахсияти шинохтаи кишвар Зафар Мирзоён нишаста маслиҳат кардем. Чӣ кор кардан даркор, ки баргҳои хазонрезшуда кӯчаҳоро пур накунанд ва ё онҳоро сӯзонанду ҳавои шаҳрро ифлос накунанду ҷамъ кунанд ва мо рафта онҳоро биёрем? Вақте хазонрезро ҷамъ карданд, масофаи дурро тай накарда, ба партовгоҳи шаҳр, ки дар масофаи 6-7 километр дур аст, сӯзишворӣ хароҷот накарда бурда напартоянду дар масофаи 1-2 километр, ки боғи мо қарор дорад, бо хароҷоти кам (ва ҳаво ифлос нашуда) оранд, шаҳр тоза мешавад ва ҳам поруи минералӣ ҳосил мешавад. Маърифати тозагӣ ва экологӣ ва табиатдӯстии мардуми деҳоти мо аслан коста аст. Айб аст, ки мардуми деҳот хазонрези дарахтони ҳавливу ҳотаҳояшонро бурда ба як гӯшаи партовгоҳи деҳа партоянд. Ҳол он ки, онро метавонанд дар як гӯшаи ҳавлиашон (ҳотаашон) рехта, онро ба пору табдил диҳанду боз дар заминашон истифода баранд. Ин беҳтар аст, аз он, ки бо арзиши 500-600 сомонӣ як мошин поруро харидорӣ карда, аз дигар ҷо меоранд.
- Шумо бо идораи коммуналии шаҳр маслиҳат кардед ва тӯли се соли охир хазонрези кӯчаҳоро онро ҷамъ кардаву ба пору табдил медиҳед. То ин вақт поруро барои боғ аз куҷо меовардед?
- Масалан, ба совхози Панҷи ноҳияи Панҷ ва дигар колхозҳои минтақаи Кӯлоб ниҳоли гул бурда медодем ва онҳо бар ивазаш ба мо ягон мошин пору медоданд. Мо мошин ё телеҷкаамонро мефиристодем ва аз он ҷо ба мо пору равон мекарданд.
- Кадом ноҳияҳо бо шумо бештар дар ҳамкорӣ ҳастанд?
- Аз ҳама бештар раисони ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Мӯъминобод бо мо дар ҳамкорӣ ҳастанд. Ноҳияи Мӯъминобод имконияти ташкил кардану ба фурӯш баровардани ниҳол дар тамоми минтақаро дорад. Вале ноҳия мутахассисони соҳаи коммуналии хуб надорад.
- Масъалаи тозагии атроф яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб меравад. Оё шумо бо ягон ташкилоти байналхалқӣ ягон лоиҳаеро амалӣ кардаед ё на?
- Дар масъалаи кампос Урбанинститут шлангу сетка (симтур) барои бехтани поруи аз баргҳои пӯсида тайёршуда дод. 3 сол шуд дар ҳамин масъала кори мо пеш рафта истодааст. Ҳамчунин, бо дастгирии Урбанинститут як дастуруламал дар масъалаи тайёр кардани кампос навиштем ва чоп шуд барои мардум.
Шумо худатон шоҳид будед, дирӯз дар меҳмонии боғи мо раиси Кумитаи ҳифзи табиати ҶТ буд. Мо ҳамроҳи он кас кор карда истодаем. Он кас аз рӯи маслиҳатҳо як маблағи муайянро бояд ҷудо кунанд ва мо дар ҳамин масъала дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ бубарем. Он кас омада диданд ва гуфтанд, ки «бо шумо дар масъалаи баргҳои хазонрез ҳамкории зич кардан даркор, то мардумро фаҳмонда тавонем, корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ бубарем».
- Дарахтони палмаро, ки ман дар Тоҷикистон надидаам, Шумо чи тавр дар Боғи батаникии Кӯлоб парвариш карда тавонистед?
- Соли 1987 дар Ялта, дар Қрим, дар Боғи ботаникии Никитики ба хотири 175-солагии ҳамин боғ конференсия шуд. Дар он мо иштирок кардем. Мо бо роҳҳои мушкил палмаро дастрас намудем. Тарихакарпус форчуна - номи илмии палма ҳамин тавр аст. Боз дигар намудҳояш ҳам ҳаст, масалан, палма вашингтония. Ҳамааш палма аст. Тухмашро оварда шинондам. Боварӣ надоштам баромадану то ба ин сатҳ шуданашро. Лекин баромад. Дар як ҷои дигар дар пал корида будем, ки гум шуд ва дар ким - куҷои он пал 10-12 донааш монд. Аз ҳамон ҷо гирифта оварда ин ҷо шинондем. Худ шоҳиди ҳол ҳастед, дидед, ки чи қадар шудаанд инҳо.
- Нақшаи бунёди ягон гулгашт бо палмаро дар Кӯлоб доред?
- Дар муддати 20 сол метавонем дар Кӯлоб як алеяи калонро бунёд кунем ва одамон бубинанд, ки дар Кӯлоб гулгашти палма ҳаст.
- Чӣ сабаб гашт, ки Шумо гӯшаи зиндаи растаниҳои эндемикии Китоби сурхро дар Боғи ботаникии Кӯлоб ташкил кардед?
- Дар мо гӯшаи зиндаи растаниҳои эндемикии Китоби сурх аст, ки баҳорон ҳамаи инҳо зиндаанд. Яъне моҳҳои феврал - март зебоии ин гӯшаро бубинед, роҳат мекунед. Аз Англия як экспедитсияи 5-нафара омаданд ва маълум шуд, ки аз Боғи ботаникии Еденбург будаанд. Боз аз Боғи ботаникии Кю. Инҳо машҳуртарин боғҳои дунёянд. Омаданд онҳо ва ба боғҳои ботаникии Хоруғ, Душанбе, Хуҷанд рафтанд. Назди ман омаданд, ин ҷо истоданд ва гуфтанд, ки «ҳамин қадар ҷо будааст дар Тоҷикистон, мо дидем ва ҳамроҳи Шумо кор мекунем». Ду маротиба сафири Англия ба ҳамин ҷо омад, ҳам барои дидани боғ ва ҳам шиносшавӣ бо нафарони ҳамватанаш. Онҳо омаданд ва нақша кашида гуфтанд, ки «мо пул ҷудо мекунем барои ташкил кардани гӯшаи намудҳои растаниҳои эндемикии Тоҷикистон, ки дар Китоби сурх қайд шудаанд». Онҳо пул ҷудо карданду мо дар як ҳафта ин гӯшаро пурра тайёр кардем. Омада диданду гуфтанд, ки «мо аз кори шумо қаноатманд ҳастем».

Мусоҳиб:
С. ХАЛИЛИЁН,
аз шаҳри Кӯлоб

Хонданд 432

Нақши созгор метавонад симои ҳунарманди касбиро бармало намояд. Далер Мирхонов аз ҷавонони навэҷодест, ки бо офаридани нақшҳои ҷолиб тавонистааст мақоми воло касб намояд. Ӯро натанҳо ҳамсолон ба ҳунармандони касбӣ шабеҳ медонанд, балки беҳтарин ҳунарпешаҳои соҳибтаҷриба ба маҳорати касбияш қоиланд

- Дар сӯҳбат бо ҳунармандони собиқадор, бо зикри саҳми ҷавонони ҳунарвар, онҳо аксаран аз ҳунари хубу касбияти Шумо ёдрас мешаванд. Мехостам аз чӣ гуна вориди саҳнаи ҳунар шуданатон сухан бигӯед ва ҳамзамон, андешаи Шуморо дар мавриди баҳои ҳунармандон ба маҳорататон донистанӣ будам.
- Аслан, чун падарам аз санъату фарҳанг огоҳ буданд, зиёд мехостанд, ки яке аз фарзандон ҳунарманд шавад. Баъдан, завқи худи ман ба ин пеша ва ҳам амри қисмат буд, ки ҷодаи актёриро ихтиёр кардам. Маҳз бо дидани он, ки ман ба ҳунар рағбат дорам, падар ба қароре омад, то ҳунарманд бошам. Ҳамин рағбат ва ҳавас буд, ки таҳсилро дар Донишкадаи санъат ва фарҳанг муваффақона сипарӣ намоям ва содиқ ба касб дар саҳнаи театр бимонам. Баробари фаъолият дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов имкон даст дод, то бо коргардонҳои муваффақ низ ҳамкорӣ карда, дар чанд филми диданӣ нақш офарам. Саҳнаи театр мактаби таҷриба аст, ки аз ин қадар устодони ин ҷо фаъолманд дарси амалӣ мегирӣ.
Як лаҳзаеро аз рафти тамрини намоишноме хуб дар ёд дорам. Ман онқадар ба нақш ворид шуда, табиӣ нақш бозидам, ки гарчӣ мо заррае ба гарди домони Ато Муҳаммадҷон намерасем, бачаҳо бо ҳазл гуфтанд: “Ана ҳамин лаҳзаро мисли Ато Муҳаммадҷон бозидӣ”. Ман ҳам аз шавқ интизор мешудам, ки ҳамон лаҳза боз ояду онро аз нав бибозам. Бароям бисёр хушоянд буд, ки ҳунарамро ҳамсони истеъдоди волои Ато Муҳаммадҷон баҳо доданд. Шояд муҳаббат ба касб ва бархӯрдорӣ аз ҳунари баланди чеҳраҳои ҳунарӣ ва актёрони касбӣ маро таҳрик бахшид, то дар касби хеш зина ба зина пеш равам. Баҳои ҳунармандони собиқадори театру синамо ба ҳунари ман пеш аз ҳама арҷ гузоштан ба маҳорати баланди ҳунармандонест, ки шинохти онҳо маро ба театру синамо овард.
- Аз нақшҳое, ки дар театр бозидаед, кадоме бештар аз ҷониби тамошогарон ҳамовозӣ пайдо кардааст?
- Аксари намоишномаҳои мо аз ҷониби тамошогарон баҳои баланд мегиранд ва бинадагони зиёде, ки меоянд, бо назари некбинона дар мавриди ҳусну қубҳи саҳнаҳои пешниҳодгардида изҳори андеша мекунанд. Баробари чандин намоишномаи диданӣ ман нақши Фирдавсро дар намоиши “Пайраҳаи зиндагӣ” (коргардон Қамариддин Мирзоев) иҷро кардам, ки аз ҷониби тамошогарон хуш қабул гардид. Ҳамчунин, дар намоишномаи “Гирдбод”, ки ба қалами Нур Табаров мансуб аст, баробари устодони ҳунару ҷавонони ҳампеша ҳунарнамоӣ кардам ва он ҳам пазироии хуш ёфт. Фикр мекунам, ки баробари чӣ гуна нақш офаридани мо ҳунармандон мавзӯи намоишнома ва мӯҳтавои сенарияи он хеле муҳим аст. Яъне, кори коргардон ва муаллифи асар метавонад ба муввафақияти ҳунарманд замина гузорад.
- Яке аз нақшҳои таъсирбахши офаридаи Шумо дар филми “Қиёми рӯз” аст, ки маҳбубияти зиёд касб кард. Назари худи Шумо ба ин филм ва нақши офаридаатон чӣ гуна аст?
- Бояд зикр кард, ки мӯҳтавои филми “Қиёми рӯз” мазмунан баланд буда, ҳамзамон коргардонии онро Носир Саидов бар ӯҳда дошт, ки хеле касбӣ кор мебарад. Чун филм мазмунан хеле баландғоя аст, сенарияи хуб, коргардони ҳирфаӣ ва кор бо ҳунармандони беҳтарину касбӣ асос шуд, ки “Қиёми рӯз” олӣ барояд. Шахсан барои ман хеле хушоянд буд, ки бо ҳунармандони касбие чун Шодӣ Солеҳ, Насриддини Нуриддин ва дигарон дар он нақш дошта бошам. Бо ҳамон таҷрибаи андак ман кӯшидам такя ба коргардон ва ҳунармандони касбӣ нақшро хуб бибозам. Бурди ҳайати эҷодӣ буд, ки ин филм дар зиёд озмунҳои байналмилалӣ ширкат варзидаву ҷойгоҳи намоён касб намояд. Ҳоло меандешам, ки айни замон метавонистам бо сайқали касбу кор нақшро дар “Қиёми рӯз” боз ҳам беҳтар офарам. Хушҳолам, ки маро бо чунин ҳайати эҷодии олӣ ҳамкорӣ насиб гардид.
- Паҳлу ба паҳлуи ҳунармандони пуртаҷриба кор бурдан то куҷо метавонад ба пешрафти ҳунармандони ҷавон нақш гузорад?
- Имрӯз мо зиёд ҳунармандони касбиву собиқадоре дорем, ки ному пайкорашон ифтихори мост. Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон, ки ман ин ҷо қатори зиёд ҳунармандони маҳбуб фаъолият мебарам, номи шахсияти номвари театру синамо Маҳмудҷон Воҳидовро доштанаш худ гувоҳи шинохти ҳунари асил аст. Пайкори ин шахсият, Ато Муҳаммадҷон, Аслӣ Бурҳонов, Туҳфа Фозилова ва дигар ҳунармандони бомаҳоати олами ҳунар барои мо омӯзанда аст. Нақшҳои Мушаррафа Қосимова, Ҳошим Гадо, Савринисо Сабзаалиева, Марат Орифов, Марям Исоева, Баҳодур Миралибеков, Қиёмиддин Чақал, Шодӣ Солеҳ ва дигар ҳунармандони маҳбуб ҳамеша дилписанд аст ва фаъолияти ҷавонон дар паҳлуи ин ҳунармандони дилписанд ҳунарашонро сайқал медиҳаду пеш мебарад. Ҷавонон бо пешниҳоди мавзӯҳои нав ба нав метавонанд бинандаи театру синаморо ба ин санъати баланд боз ҳам ҷалб созанд ва нагузоранд, ки ҳунари театру синамо коҳиш ёбад. Танҳо ҳунари асил тамошогарро дар толор нигоҳ медорад.
- Шумо то куҷо ба ирода ва қувваи насли ҷавон бовармандед ва чӣ метавонад онҳоро нерӯ бахшад?
- Асосан нерӯ ва иродаи ҳунармандони асил аст, ки ба мо насли ҷавон қувваву тавон мебахшад. Танҳо бовар, эътимод ва умеди онҳо метавонад ба насли ҷавон иродат бахшад, ки тавони амали созгоре доранд ва метавонанд нақши хубу хотирмон офаранд. Танҳову танҳо боварӣ ба худ метавонад моро дар ҷодаи пешгирифтаи хеш комгор гардонад. Бигирем, аз теъдоди зиёди донишомӯзони гурӯҳи мо танҳо ман дар касби хеш устувор дар театр мондам. Боқӣ бошанд, ба роҳҳои дигари зиндагӣ раҳсипор шуданд. Дар замони пургирудор кор дар саҳнаву театру синамо як андоза душвор буд. Ҳоло мебинем, ки бо мурури замон имконот зиёд гашта, вазъ хеле беҳбуд ёфтааст ва ҷавонони зиёд майли театру синамо доранд. Чӣ дар Теари давлатии ҷавонон ва чӣ дар театрҳои дигар зиёд ҷавонони бомаҳорат шомил гардидаанд, ки қатори устодони варзида фаъолияти чашмрас доранд. Меандешам, ки ин ҳолат боз ҳам беҳтар мегардад ва бовар ба ҷавонон онҳоро боз ҳам далеру шуҷоъ мегардонад.
- Чун аз насли ҷавон ҳастед, шояд аз ин лиҳоз мавзӯҳои пайгирифтаатон бештар марбут ба ҳаёти онҳост?
- Ҳам “Пайраҳаи зиндагӣ” ва ҳам дигар намоишномаву филмҳои дар онҳо нақшдоштаам образи ҷавонеро бозгӯ менамоянд. Дар бештари онҳо баробари нишондоди вазъи иҷтимоӣ авзои замон ва рӯзгори ҷавонон инъикос меёбад.
Ҳамакнун бо дарёфти таҷрибаи андак ба навиштани пйесае рӯй овардам, ки ба ҳаёти имрӯзи ҷавонон дахл мекунад. Баробари бурду пешравии ҷавонон ҳастанд иддае аз ноогоҳон, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун гаравида, ҳаёти худ ва наздиконашонро зоеъ мегардонанд. Ин пйеса бардошт аз мушоҳидаҳо ва ҳикмати пандомӯзи зиндагӣ аст барои насли ҷавон.
- Нақши адабиёти бадеиро дар такомули санъати тоҷик ва рушди тафаккури насли ҷавон то куҷо назаррас меҳисобед?
- Ҳар як намоишу филмномае, ки таҳия мегардад, дар асоси осори бадеӣ рӯйи кор меояд. Аз ин хотир, адабиёти мо дар ҳама давру замон муҳиму дархӯри завқ аст. Насли имрӯзи мо дар баробари адабиёти ғание, ки аз классиконамон мерос мондаву пушт ба пуштамон мерасад, имконоти техникиву табиии зиёде дорем, ки бояд ҳифзу истифода намоем. Дар табиати рангини Тоҷикистон мешавад садҳо филм навор гирифту танҳо андешаҳои солим моро пешбар мешавад. Барои ҳамин, ба оянда бо умед нигариста, бояд донишу маҳорати беш андӯхта, самари нек ба даст овард.

Мусоҳиб: Зулолаи НУР

Хонданд 468

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.